Нашри монографияи "Назаре ба асрори ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон"-и Холиқзода А.Ғ., Шоев З.Ҷ., Шосаидзода Ш.Ш.

       Нашри монографияи "Назаре ба асрори ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон"-и Холиқзода А.Ғ., Шоев З.Ҷ., Шосаидзода Ш.Ш. яке аз дастовардҳои бузурги илмӣ-таълимӣ ба ҳисоб меравад. Ин монография ба яке аз масъалаҳои муҳими ҳуқуқшиносӣ – асрори ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон бахшида шудааст. Дар он масъалаҳои пайдоиш, инкишоф ва ташаккулёбии ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон, механизмҳои эътироф, кафолат ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар таърихи тамаддунҳои шарқӣ ва ғарбӣ мавриди омӯзишу тадқиқ қарор гирифтааст. Муаллифон бо дастрасии маводи зиёди илмӣ ва сарчашмаҳои ҳуқуқии таърихӣ, раванди ташаккулёбии ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсонро дар таърихи башарият мухтасар пешниҳод намудаанд.

 

    Дар монография бештар масъалаҳои фалсафаи ҳуқуқ, дарки асрори ҳуқуқ, мушкилии фаҳми ҳуқуқ ва детерминизими ҳуқуқӣ баррасӣ шудаанд. Дар он ҷабҳаҳои эътироф ва ҳимояи ҳуқуқи инсон аз нигоҳи тамаддунҳои мухталиф ва афкори мутафаккирони соҳибназар мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст.

 

    Монография ба олимону муҳаққиқони илмҳои ҳуқуқшиносӣ, устодон ва донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиносии муассисаҳои олӣ, онҳое, ки ба омӯзиши асрори ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон майлу рағбат доранд ва ба оммаи васеи хонандагон пешниҳод мешавад.

  

 

Абдуллоҳи Қодирӣ - масъули сомонаи Маркази исломшиносӣ 

Яндекс.Метрика