Чанд сухане дар фазилати моҳи шарифи Рамазон

Рамазон моҳи бузургест, ки савоби аъмол дар он зиёдтар ва дарвозаҳои хайр барои хоҳишмандону дӯстдорони он кушода мешавад. Рамазон моҳи хайру баракат, саховатмандию ҳимматбаландӣ мебошад. Дар Қуръон аз ин моҳ ба номи ҳидояткунандаи мардум ёд шуда, даҳ рӯзи аввали он раҳмат , даҳ рӯзи миёнаи он омӯрзиш, ва даҳ рӯзи охири он озодӣ аз оташи ҷаҳаннам аст.

Ҳадисҳои зиёде дар бораи фазилат ва бузургии ин моҳ ворид шудааст. Дар китобҳои Саҳеҳ Бухорию Муслим омадааст, ки Паёмбар (с) фармуд: Чун рамазон фаро расад дарвозаҳои биҳишт боз шуда ва дарвозаҳои дӯзах баста мешавад ва шайтонҳо ба занҷир кашида мешаванд.

Ва чун аъмоли хайр дар ин моҳ зиёд мешавад. Ҳамчунин барои ташвиқ ба анҷоми амалҳои солиҳ дарвозаҳои биҳишт боз мегардад. Ва бар акс чун аҳли имон камтар муртакиби гуноҳ мешаванд. Шайтонҳо ба занҷир кашида мешаванд ва наметавонанд ҳамчун дигар моҳҳо ба аҳдофи худ даст ёбанд.

Худованд панҷ чизро дар моҳи Рамазон аз хусусиёти мардуми мусулмон қарор додааст, ки иборатанд:

Якум, хушбӯ будани даҳони рӯзадор назди Худованд, ки дар асари холӣ будани меъда ба вуҷуд меояд ва мардум онро нописанд медонанд, ки ин назди Худо аз бӯи мушк низ беҳтар аст зеро, ки дар асари ибодати Худо падид омада, ҳар чи пайдошаванда аз тоату ибодоти Худо бошад назди парвардигор маҳбуб аст. Худованд хубтару беҳтар аз онро ба ибодаткунанда медиҳад. 

Дуввум, истиғфори Малоик барои рӯзадорон то ҳангоми ифторашон, ки маъсуму мукарраманд. Ба ростӣ, малоикаҳое, ки маъсуму мукарраманд қобилияти онро доранд, ки дуояшон дар ҳаққи рӯзадорон қабул шавад. Ин худ далолат бар баландқадр будани рӯзадорон менамояд.

Саввум, Худованд ҳар рӯз биҳишти худро зиннат медиҳад ва мефармояд: “Чизе намонда, ки бандагони некӯкорам машаққатро аз дӯш барафкананд ва ба сӯйи ту оянд. Машаққат, яъне машаққати дунё Худованд ҳар рӯз биҳиштро зиннат медиҳад то бандагонашро барои расидан бад-он ташвиқ намояд.

Чаҳорум, дар ин моҳи муборак шайтонҳо ба занҷир кашида мешаванд ва монанди дигар моҳҳо наметавонанд ба ҳадафҳоӣ худ бирасанд. Ин аз фазли Худо бар бандагони солеҳ мебошад, ки душманашонро зиндонӣ мекунад. Аз ин хотир мо мушоҳида мекунем, ки парҳезкорон дар ин моҳ нисбат ба моҳҳои дигар бештар рағбат ба анҷоми амалҳои хайр ва дурӣ аз гуноҳро аз худ нишон медиҳанд.

Панҷум, Худованд дар охирин шаби ин моҳи муборак гуноҳони уммати Муҳаммад (с)- ро меомӯрзад, ба шарте, ки ҳаққи ин моҳи муборак монанди намоз, рӯзаро ба ҷо оварда бошанд. Пас, моҳи мубораки Рамазон барои касе, ки аз гуноҳон дурӣ намояд ва машғули тоату ибодат шавад неъматест бас бузург, ки бояд онро ғанимат шуморем.

 

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ                                     Исоев Н.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Яндекс.Метрика