Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ ҷаноби Мартин Чунгонг

25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” хайра мақдам гуфта, аз робитаҳои фаъоли Иттиҳоди байнипарлумонӣ бо Тоҷикистон дар масъалаҳои захираҳои об ва тағйирёбии иқлим изҳори қадрдонӣ намуданд. Тавре зикр гардид, Иттиҳоди байнипарлумонӣ имрӯз ҳамчун як василаи муассир барои пешбурди ташаббусҳои сулҳомез ва ҳалли мушкилоти глобалӣ дар саросари ҷаҳон хизмат мекунад. Зимнан нақши дипломатияи парлумонӣ ҳамчун василаи муҳим барои тақвияти муносибатҳои миёни кишварҳо дар масъалаҳои шаффофият, устувории усулҳои демократия, таъмини рушди устувор ва дигар меъёрҳо таъкид гардид. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба роҳҳои осоиштаи ҳалли низоъҳои ҷаҳони имрӯза сурат гирифт.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гуруҳи  муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ки барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи ЭСКАТО хонум Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбана, Фиристодаи махсуси Дабири кулл оид ба захираҳои об хонум Ретно Марсудӣ ва Ректори Донишгоҳи СММ – Муовини Дабири кулли СММ Тшилидзи Марваларо истиқбол гирифта, ба толори мулоқот даъват намуданд. Дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмонони олимақом барои ташриф ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар конфронси мазкур ва  дастгирии доимиашон аз “Раванди оби Душанбе” изҳори сипосу қадрдонӣ намуданд. Дар идомаи гуфтугӯ ба ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид бо Тоҷикистон, аз ҷумла ҷиҳати дастгирӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо, ба хусус дар самтҳои обу иқлим, нақлиёту логистика, нерӯи устувор, рушди кишоварзӣ, рақамикунонӣ ва технологияҳои “сабз” баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки танҳо дар соҳаи об бо ибтикори Тоҷикистон 14 қатъномаи СММ қабул шудааст. Изҳори бовар карда шуд, ки конфронси кунунӣ минбари муҳими ҷаҳонӣ барои муттаҳидсозии талошҳо дар ин самт ва рушди дипломатияи об гардида,  дар доираи  “Раванди оби Душанбе” ба ҳалли масъалаҳои умдаи вобаста ба об ва иқлим мусоидат хоҳад кард. Гуфтугӯи судманд доир ба идомаи пайгирии натиҷаҳои конфронсҳои қаблӣ, босамар доир намудани ҳамоиши кунунӣ ва омодагӣ ба чунин чорабиниҳои дигар дар солҳои 2026 ва 2028 сурат гирифт. Зимни баррасии масоили ҳамкорӣ бо Донишгоҳи СММ, аз ҷумла изҳори бовар карда шуд, ки  густариши робитаҳои илмию амалии олимону муҳаққиқон ва коршиносони тоҷик бо ин ниҳоди бонуфуз самараҳои арзишманд хоҳад дошт.

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол

Ҳамватанони гиромӣ! Дӯстдорони варзиш ва ҳаводорони футбол! Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ибтикори роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон шуда, ҳамасола 25-уми май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, табрик мегӯям. Бо дарназардошти маҳбубият ва оммавияти худ, футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳимми таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст. Боиси ифтихори мост, ки Рӯзи футбол маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Ин иқдоми муҳим на танҳо нуфузи кишвари моро дар арсаи варзиши байналмилалӣ тақвияти бештар бахшид, балки саҳми Тоҷикистонро дар рушди арзишҳои умумибашарӣ, аз қабили сулҳ, ҳамбастагӣ ва ҳамкории созанда боз ҳам намоён сохт. Зеро моҳияти бозии футбол низ дар он зоҳир мегардад, ки инсонҳоро, сарфи назар аз миллат, нажод ва синну сол муттаҳид мекунад ва иродаи пирӯзиро афзун мегардонад. Яъне футбол ҳоло ба як неруи муттаҳидкунандае табдил ёфтааст, ки наслҳо, фарҳангҳо ва миллатҳоро ба ҳам мепайвандад. Ҳамзамон бо ин, футбол воситаи муассири тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди неруи ҷисмонию маънавии ҷомеа мебошад. Бесабаб нест, ки футболро ба сифати варзиши рақами як дар ҷаҳон эътироф мекунанд. Баъди ба даст овардани истиқлол давраи нави рушди футбол дар Тоҷикистон оғоз гардид. Ҳанӯз соли 1992 Федератсияи футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, кишвари мо ба узвияти Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё қабул карда шуд. Аз он вақт инҷониб дастаи мунтахаби миллӣ ва дастаҳои синну соли гуногун дар мусобиқаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок карда, борҳо парчами кишварро баланд бардоштанд. Бояд гуфт, ки рушди инфрасохтори варзиш, бунёди варзишгоҳҳои муосир, таъсиси мактабҳои махсуси футбол ва ҷалби насли наврас ба ин намуди варзиш гувоҳи сиёсати пайгиронаи давлат дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш мебошад. Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе Варзишгоҳи миллӣ барои 30 ҳазор нафар тамошобин ҳамчун туҳфаи ҷашнии Ҳукумат ба варзишгарон ва дӯстдорони футбол ба истифода дода мешавад. Имрӯз футбол дар Тоҷикистон на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳимми тарбияи ҷисмонӣ ва маънавии ҷомеа, махсусан, наврасону ҷавонон ба ҳисоб меравад. Таъсиси мактабҳо ва академияҳои футбол, ҷорӣ намудани барномаҳои омӯзишӣ ва татбиқи низоми литсензиякунонии клубҳо дар доираи талаботи Конфедератсияи футболи Осиё ба баланд гардидани сифати омодагии варзишгарон мусоидат мекунад. Имрӯз футболи тоҷик дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад. Бовар дорам, ки мураббиён, мутахассисон ва футболбозони кишвар бо ҳисси баланди масъулият, иродаи қавӣ ва маҳорати касбӣ минбаъд низ бо пирӯзиву дастовардҳои худ парчами давлатамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, барои тарғиби варзиш ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим саҳми босазо мегузоранд. Бигзор, футбол дар Тоҷикистон ҳамеша ҳамчун рамзи ваҳдат, саломатӣ ва ифтихори миллӣ рушд ёбад ва наслҳои ояндаро ба сӯйи муваффақиятҳои нав ба нав раҳнамоӣ намояд. Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак, дӯстдорони варзиш ва ҳаводорони футбол!

МАҚОЛАҲО

ҲИКМАТИ ЭЪТИҚОДИИ ҚУРБОНӢ КАРДАН

Гузаштаи дур ва таърихи куҳан аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ташаккули ойину суннатҳои гуногуни умуминсонӣ таъсиргузории арзишҳои асотирӣ решаи устуворе доштааст. Яке аз чунин падидаҳо ойини қурбонӣ кардан аст, ки аз оғози офариниш ва падид омадани рӯзгор дар рӯйи замин ҳамрадифи зиндагӣ ва кору пайкори инсонҳо будааст. Ҳаҷ кардан ҳамчун як маросими динӣ дар шариати ислом қабул гардидааст. Дар заминаи таҷлили Иди Қурбон маносики ҳаҷ ва зиёрати хонаи Каъба дар шаҳри Макка танзим шудааст. Аммо анҷом додани фаризаи ҳаҷ ба шарте тавсия мешавад, ки саломатӣ, тавону қудратмандӣ ва имкониятҳои молии адо намудани чунин сафарро дошта бошад. Инчунин, шахс метавонад ба ҷойи анҷом додани маносики ҳаҷ дар макони зисти худ бо сохтану иншоотҳои ниёзи мардум, хусусан бунгоҳи тиббӣ, мактаб, боғчаи кудакона ва дастигии ятимону барҷомондагон амали хайр анҷом диҳад. Ҳикмати Иди Қурбон дар доираи муқаррароти Иди Азҳо қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имкониятҳои молӣ воҷиб аст. Шахсоне, ки имконияти фарох надоранд ва дар пешбурди зиндагӣ мушкилоту тангдастӣ доранд, аз тариқи дуруду фотеҳа хондан ба рӯҳи гузаштагон, аёдати қабри наздикон ва риояи одобу ахлоқи ид иктифо мекунанд. Зимни баргузории Иди Қурбон куштани чорвои қурбонӣ баъди адои намози ид ба шахсони доро ва тавоноӣ дошта савоб буда, ҳамчун хайру садақа расонидани он ба ниёзмандон аз анъанаҳои писандидаи ин ид аст. Дар ояти 36 сураи Ҳаҷ баён гардидааст, ки аз гӯшти чаҳорпои қурбонӣ “бихӯред ва ба дарвеши тангдаст ва бенаво бихӯронед”. Ҳадисҳои Пайғамбар (с) ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ низ аҳкоми иҷро ва анҷом додани қурбонӣ карданро танзим намудааст. Ҳикмати маъмул аз забҳи чорвои қурбонӣ дар анъанаи исломӣ ва мардумии мо чунин аст: шахси қурбоникунанда баъди куштани чорвои қурбонӣ нахуст ҳаққи қассобро дода, ӯро розӣ мекунад ва бо ёрии ӯ гӯштро ба се ҳиссаи баробар тақсим мекунонад. Аз ин се ҳисса якеашро барои истеъмоли хонаводаи худ нигоҳ медорад ва дигарашро ба ниёзмандону бенавоён (фуқаро ва мискинон) тақсим карда медиҳад. Инчунин, рафтан ба аёдати беморон ва пиронсолону барҷомондагон, табрики волидайн ва хешони наздик, ба оромгоҳи гузаштагон ҳозир шудан ва дар сари қабрашон тиловати Қуръон кардан, изҳори ҳамдардӣ ба шахсони азодор ва кумаки холисонаи моддӣ расонидан ба ниёзман¬дон маъмул гардидааст, ки ҳамчун рафтори писандидаи идона пазируфта мешавад. Риояи фарҳанги дастархонороӣ дар рӯзҳои ид аз нигоҳи созгор бо шариат ва одоби рӯзгордорӣ ҷузъи устувори фарҳанги миллӣ мебошад. Дастархондорӣ аз ду қисмат таркиб меёбад – яке, дастархони маънавӣ ва дигаре, дастархони моддӣ. Дастархони маънавӣ аз нигоҳи рӯҳонияти шаръӣ дуову дуруд, фотеҳахонӣ дар ҳаққи гузаштагон, тасаллият бахшидан ба шахси азодор ва дар назди хонаи ӯ тиловат кардани оятҳои қуръониро дар мадди аввал мегузорад. Дастархондории моддӣ дар ягон кишвари мусулмонннишин дида намешавад. Тибқи далолати аҳодиси набавӣ ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ аслан доир ба оростани дастархони идона ҳеҷ дастуру таъкиди махсусе мавҷуд нест. Вале мардуми мо то ҳанӯз дар оростани дастархони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ ва зиён ворид намудан ба буҷети оилавӣ роҳ медиҳанд. Дар натиҷа ҷанбаҳои маънавӣ ва ахлоқию тарбиявии ин иди динӣ фаромӯш мешавад, фурӯтанию фармонбардорӣ ҳамчун хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарғиб намегардад, балки ҳама чиз дар атрофи тановул кардани хӯроки аз андоза зиёд, яъне арзишҳои истеъмолӣ фаҳмида мешавад. Доир ба масъалаи кулфат раво надидан барои худ ҷиҳати оростани ҳама гуна дастархон – ҳам идона ва ҳам меҳмонӣ дар ҳадисе Имом Абӯҳанифа аз тобеии машҳур Муҳориб ибни Дисор нақл мекунад, ки ӯ дар хонаи саҳобии киром Ҷобир ибни Абдуллоҳ меҳмон шуд. Ва Ҷобир болои дастархон нон ва сабзавоти туршишуда (хубз ва халл) гузошт ва узр пеш оварду гуфт: “Ҳамоно пайғамбари Худо (с) моро аз “такаллуфа”, яъне таҳаммули сарфу хароҷот ва машаққати аз тавоноӣ беш¬тар манъ карда буд”. Аз ин рӯ, ҳангоми пазироию омодагӣ ва густурдани дастархон ба хотири ид исрофкорӣ, худнамоӣ, манманию зоҳирпарастӣ нишон доданро ба фарҳанги куҳани миллати тоҷик ва омӯзаҳои имонию эътиқодии он вобаста кардан камоли беэҳтиромӣ ва носипосӣ аст. Солҳои охир дар кишвари мо хариди зиёди анвои хӯрданию нӯшиданию пӯшиданиҳо аз раставу бозорҳо ҳангоми фарорасии идҳои динӣ ба ҳукми анъана даромадааст, ки ин ҳама бо арзишҳои волои фарҳангию ахлоқии миллати мо ҳеҷ созгорие надоранд. Рафтори нодуруст дар хариди аз меъёр бештари маводи хӯрока омили гарон шудани нарх мегардад. Ҳеҷ тоҷиру соҳибкор ва фурӯшандаи қаторӣ набояд умедвор бошад, ки ба сабаби дар арафаи иди динию эътиқодӣ гарон фурӯхтани маҳсулоти худ манфиату даромад мебинад. Дар Иди Қурбон дастгирии ятимону бепарастон ва муҳтоҷон амали хайру савод буда, аз ҷониби Худованд подоши бузурге дода хоҳад шуд. Дар ин маврид Расули Худо (с) фармудаанд: «Саховат дарахте аст андар биҳишт, ҳар ки сахӣ бошад, даст андар шохи вай зада бошад, ҳаме барад вайро то биҳишт. Ва бухл дарахте аст андар дӯзах ва ҳар ки бахил бувад, даст андар шохи он зада дорад, ҳамебарад вайро то ба дӯзах». Ва гуфт: «Ду хулқ аст, ки Ҳаққ Таъоло онро дӯст дорад: саховат ва хӯи некӯ. Ва ду хулқ аст, ки Ҳаққ Таъоло онро душман дорад: бахилӣ ва хӯи бад». Ва гуфт: «Худой Таъоло ҳеҷ валӣ наофарид, илло сахӣ ва некӯхӯй». Ва гуфт: «Гуноҳи сахӣ фаро гузоранд, ки ҳар гоҳ, ки вайро асрате афтад, дастгири вай Ҳаққ Таъоло бошад»…..Ва гуфт: «Абдоли уммати ман андар биҳишт расиданд на ба намозу ба рӯза, валокин ба саховату покии дил аз ғишш ва насиҳату шафқат бар халқ». Бо мақсади дастгирии ятимон бузургон фармудаанд: Чун шавад гирён ятиме ногаҳон, Арши Ҳақ дар ҷунбиш ояд он замон. Ҳар ки хандонад ятими хастаро, Боз ёбад ҷаннати дарбастаро. Вақтҳои охир чандин бидъатҳои хурофотӣ ҳамрадифи идҳои динӣ гаштааст. Яке аз онҳо идгардаки кӯдакони хурдсол ва дар ба дари хонаи мардум беназорати падару модар гаштани онҳо аст. Вақтҳои охир мушоҳида мегардад, ки беназорат мондани кӯдакон сабаби ба ҳар гуна фалокатҳо гирифтор шудани онҳо мегардад. Аз руи маълумотҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиситон мушоҳида мегардад, ки аз беназоратии падару модарон зимни идгардаи кӯдакон ба садамаи нақлиётӣ ва ё ба об ғарқ шуданд. Албатта, харидани либоси нав ва ҳадя додани аҳли хонавода ба ҳамдигар рафтори мақбул аст. Сулҳу салоҳ, амну субот барои инсон неъмати бузургест, ки бидуни он ҳаёти хешро бо тариқи саодатмандӣ ва самарабахш наметавон гузаронид. Бинобар ин, мо бояд ба қадри сулҳу салоҳ, тинҷиву оромии кишвари азизамон расем. Ҳар шаҳрванд бояд худаш масъулиятро ҳис кунад, зеро ҳаёти

Президент, Хабарҳо

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров доир гардид. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо  масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд. Дар ин замина  ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои ду кишвар таъкид гардид.  Ҳамчунин, ба аҳаммияти идомаи татбиқи фаъолонаи мувофиқаҳои байнидавлатии қаблан ҳосилшуда таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар идомаи суҳбат сарони ду давлат ҷадвали мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистодаро дар қолабҳои бисёрҷониба баррасӣ карда, аз ҷумла масоили омодагӣ ба ҳамоиши ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхайро, ки 31 август – 1 сентябри соли равон дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад, муҳокима намуданд. Президентҳо, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои алоҳидаи  рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

МАҚОЛАҲО

Ҷавонон дар мизони ислом

Ҷавонӣ яке аз марҳилаҳои муҳимтарини ҳаёти инсон ба шумор меравад. Дар ин давра инсон соҳиби неру, фикри тоза, орзу ва имкониятҳои зиёд мегардад. Дар ҷомеа ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи миллат ва давлат шинохта мешаванд. Аз нигоҳи ислом ҷавонӣ танҳо замони хушгузаронӣ нест, балки айёми омӯзиш, худсозӣ, ва масъулият мебошад. Дини ислом ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дода, онҳоро ба донишомӯзӣ, ахлоқи нек, меҳнат, ватандӯстӣ ва хизмати ҷомеа даъват мекунад. Дар Қуръони карим ва ҳадисҳои паёмбари ислом бисёр масъалаҳое зикр шудаанд, ки ба тарбияи ҷавонон ва вазифаҳои онҳо вобаста мебошанд. Дини ислом ҷавони солимфикр ва боахлоқро сарвати бузурги ҷомеа медонад. Дар таърихи ислом аксари ёрони паёмбар ҷавонон буданд. Онҳо дар паҳн кардани илм, ҳифзи адолат ва пешрафти ҷомеа нақши калон бозидаанд. Паёмбари ислом ҷавононро дӯст медошт ва ба онҳо боварӣ мекард. Ӯ ба ҷавонон вазифаҳои муҳим медод ва онҳоро ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб менамуд. Ин нишон медиҳад, ки дар ислом ҷавонон бояд фаъол, масъулиятшинос ва соҳибахлоқ бошанд. Дар Қуръон ҷавононе, ки роҳи ростӣ ва некукориро интихоб карданд, бо эҳтиром ёд мешаванд. Масалан, қиссаи Асҳоби Каҳф (сураи Каҳф, ояти 13) намунаи сабр ва устуворӣ мебошад. Дар ислом инсон баъди ба синни балоғат расидан барои амалҳои худ масъул мегардад. Ҷавон бояд илм омӯзад, некукорӣ кунад ва аз корҳои нодуруст дурӣ ҷӯяд. Ҷавонӣ давраи эҳсосот ва хоҳишҳои зиёд аст. Аз ҳамин сабаб ислом ҷавононро ба поквиҷдонӣ ва дурӣ аз корҳои бад, ба монанди дурӯғ, дуздӣ, зино ва ғ., ки барои ояндаи ҷавонон хатари бузург доранд, даъват мекунад. Шахсе, ки худро аз корҳои нодуруст нигоҳ медорад, дар ҷомеа соҳиби эҳтиром мегардад. Шариати ислом баъд аз ибодати Худо ба эҳтироми падару модар ҷойгоҳи баланд додааст. Ҷавонон бояд нисбат ба волидон меҳрубон, итоаткор ва ғамхор бошанд, зеро Қуръон таъкид мекунад, ки инсон бояд бо падару модар сухани нек гӯяд ва онҳоро наранҷонад. Дар сураи Исро, ояти 23 омадааст: “Ва Парвардигорат ҳукм кардааст, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Агар яке аз онҳо ё ҳар дуяшон назди ту ба пирӣ расанд, пас ҳатто “уф” ба онҳо магӯ ва бар онҳо фарёд мазан, балки бо онҳо сухани неку ва гиромӣ бигӯ”. Аз беҳтарин амалҳои инсон хизмат ба волидон дониста мешавад. Ҷавононе, ки волидони худро эҳтиром мекунанд, дар зиндагӣ баракат ва муваффақият меёбанд. Албатта, ҷавонон ояндаи миллату давлат мебошанд. Пешрафти ҳар давлат ба дониш, ахлоқ ва фаъолияти ҷавонон вобаста аст. Ислом донишомӯзиро барои ҳар марду зан фарз мешуморад. Дар ҳадиси шариф омадааст: “Талаб кардани илм барои ҳар фарди мусулмон фарз аст (Сунани Ибни Моҷа, ҷилди 1, саҳ. 81)”. Ҷавонон вазифадоранд, ки илму дониш омӯзанд, зеро дониш инсонро аз ҷаҳолат наҷот медиҳад ва барои ободии ҷомеа раҳсипор месозад. Табибон, омӯзгорон, муҳандисон, олимон ва дигар касбу кори дар ҷомеа хизматкунанда маҳз аз байни ҷавонони донишманд ба воя мерасанд. Ислом ҷавононро ба меҳнати ҳалол ташвиқ мекунад. Инсон бояд бо заҳмати худ зиндагӣ кунад ва барои ҷомеа фоидаовар бошад. Сухани паёмбари ислом аст, ки “Ҳеҷ кас таоме беҳтар аз он нахӯрдааст, ки аз меҳнати дасти худ ба даст оварда бошад… (Саҳеҳи Бухорӣ, китоби байъ (савдо), боби касб кардан бо дасти худ, ҳадиси рақами 1966)”. Танбалӣ ва бекорӣ дар ислом амали писандида нест. Ҷавони меҳнатдӯст метавонад ҳам оилаи худро таъмин намояд ва ҳам дар рушди кишвар саҳм гузорад. Ҷавонон бояд барои дӯстӣ, сулҳ ва ваҳдати ҷомеа кӯшиш намоянд. Бадбинӣ, ифротгароӣ ва зӯроварӣ ба ҷомеа зарар мерасонад ва дини ислом низ ин кирдорҳоро қитъиян маҳкум менамояд. Инчунин, ислом ҷавононро ба таҳаммулпазирӣ, адолатпарварӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунад. Дар ислом ахлоқи нек яке аз муҳимтарин хусусиятҳои инсон дониста мешавад. Ин аст, ки ҳам дар Қуръон ва ҳам дар ҳадисҳои паёмбари ислом ростгӯӣ, амонатдорӣ, хоксорӣ, эҳтироми дигарон, сабру таҳаммул, кӯмак ба ниёзмандон таъкид мегарданд. Зеро маҳз, ҷавонони дорандаи ингуна хусусиятҳо метавонанд дар оила, дар ҷомеа ва дар рушди давлат нақши муҳиму мусбат бозанд. Паёмбари ислом беҳтарин инсонҳоро соҳибони ахлоқи нек донистаанд. Дар ҳадисе омадааст: “Ҳар кори неке садақа аст (Мухтасари Саҳеҳи Бухорӣ, китоби 71, боби 14, саҳ. 571)” Ҷавоне, ки ахлоқи хуб дорад, ҳам дар назди Худо ва ҳам дар назди мардум азиз мегардад. Имрӯзҳо ҷавонон бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешаванд, аз ҷумла, таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ, бекорӣ, нашъамандӣ, бегонапарастӣ, ки ҳамагӣ ба дур шудан аз ахлоқи нек сабаб мегардад. Барои ҳалли ин мушкилот ҷавонон бояд ба дониш, тарбияи дуруст, дӯстони хуб такя намоянд. Оила, мактаб ва ҷомеа низ вазифадоранд, ки дар ҳамбастагӣ ҷавононро дуруст тарбия кунанд ва ба омӯзиши илм фаро гиранд. Айёми ҷавонӣ дар ислом давраи бисёр муҳим ва пурмасъулият дониста шудааст. Ислом ҷавононро ба донишомӯзӣ, меҳнати ҳалол, ахлоқи нек ва хизмат ба ҷомеа даъват мекунад. Ҷавонони имрӯз бояд дарк намоянд, ки ояндаи миллат аз фаъолияти онҳо вобаста аст. Агар ҷавонон донишманд ва ватандӯст бошанд, албатта, ҷомеа пешрафт мекунад. Пас, ҳар ҷавон бояд кӯшиш кунад, ки шахси боахлоқ, донишманд ва масъулиятшинос бошад, то ҳам дар оила ва ҳам дар ҷомеа комёб гардад. Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон фархунда бод! Одинаева Ш. – сардори шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ

Президент, Хабарҳо

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб   Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади эътирофи дастовардҳои бузург дар соҳаи тиб, фармон медиҳам: 1. Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шавад. 2. Фонди Ҷоизаи байналмилалии мазкур ташкил карда шавад. 3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ва Фонди онро таҳия ва тасдиқ намояд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 23 майи соли 2026 №1180

Президент, Хабарҳо

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин

23 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам ҷаноби Раис, дӯсти гиромӣ, Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони кишвари дӯст бар асари садамаи шадид дар яке аз конҳои ангишти музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси ғояти андӯҳи инҷониб гардид. Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба пайвандону наздикони фавтидагон   ҳамдардӣ ва таслияти самимии хешро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтару комил мехоҳам».

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони саодатманди кишвар! Фарзандони азиз! Ба ҳамаи шумо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям. Ин ҷашнро, ҳамчунин, ба ҳамаи ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил ва кор мекунанд, табрик менамоям. Имсол мо Рӯзи ҷавононро дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон таърихӣ, яъне 35-солагии истиқлоли давлатии кишварамон ҷашн мегирем. Воқеан, истиқлолу озодӣ арзишҳои муқаддастарину муҳимтарин ва неъмати беҳтарин барои ҳар як фарди ватандӯсти кишвар, махсусан барои наврасону ҷавонон мебошад. Дар таърихи 35 соли соҳибистиқлолӣ ва давлатдории навини тоҷикон ҷавонон ҳамчун неруи ташаббускору пешбарандаи ҷомеа нақши басо муассир бозиданд. Бо ифтихор иброз менамоям, ки ҷавонони кишвар ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлат, рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти илму маориф, фарҳанг ва технологияҳои муосир иштироки фаъол доранд. Онҳо дар афзун гардонидани дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими сулҳу субот ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми арзишманд гузошта истодаанд. Яъне имрӯз дар мамлакат соҳае нест, ки ҷавонони мо дар он иштироки фаъол надошта бошанд. Давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, касбомӯзӣ, варзиш, соҳибкорӣ, яъне ба хотири мавқеи шоиста пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа тадбирҳои зиёдро амалӣ намуда истодааст. Дар навбати аввал, барои пешбурди муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон заминаи зарурӣ ва муосири меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла барои наврасону ҷавонон зина ба зина тамоми шароити донишомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар муҳайё карда шуд ва ин раванд бомаром идома дорад. Зеро яке аз роҳҳои пешрафту тараққиёти кишвар тарбияи насли ҷавони босаводу соҳибкасб мебошад. Қобили зикр аст, ки дар 35 соли соҳибистиқлолӣ қариб як миллион нафар ҷавонони мо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва 140 ҳазор нафар мактабҳои олии хориҷиро хатм карда, соҳиби касбу ҳунар гардидаанд. Вале таъкид менамоям, ки бо дарназардошти суръати рушди илму техника ва талаботи замона ин ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Дар чунин шароит омӯзиши илму донишҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ, хизматрасониҳои электронӣ, барномасозӣ, энергетикаи нав ва соҳибкории инноватсионӣ барои ҷавонон аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ҷавонон бояд донанд, ки рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз сатҳи пешрафти илму техника ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта вобастагии мустақим дорад. Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки дар ин марҳала бо иродаи мустаҳкам ба фаъолияти самарабахши илмиву таҳқиқотӣ ва эҷодкориву навоварӣ машғул шаванд. Ҳамзамон бо ин, дар хотир бояд дошт, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ барои ҷавонон имкониятҳои васеи таҳсил, кор ва ҳамкориро дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам месозад. Касбомӯзӣ ва соҳиб шудан ба ҳунарҳои замонавӣ омили муҳимми таъмин намудани зиндагии шоиста ва расидан ба сатҳи рақобатнокии иқтисодӣ мебошад, ки ҷавонони мо дар ин самт низ бояд ҳарчи бештар талош намоянд. Ҷавонон, ҳамчунин, бояд бо тафаккури солим ва ҳисси баланди масъулият ба зуҳуроти харобиовар ва таъсири андешаҳои ифротӣ муқовимат намоянд. Зеро дар ҷаҳони пурҳаводиси кунунӣ танҳо давлатҳое пойдор ва дар муқобили таҳдиду хатарҳои имрӯз устувор мемонанд, ки мардумашон ва махсусан ҷавонони онҳо ватандӯсту огоҳ, босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, ихтироъкору навовар ва сарҷамъу муттаҳид бошанд. Фарзандони азиз! Мехоҳам як нуктаи бисёр муҳимро таъкид намоям, ки шумо онро бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед. Мо – тоҷикон миллати ориёинажод, соҳиби таърихи беш аз 6000-сола ва фарҳангиву тамаддунсоз ҳастем. Мо шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсиро маҳз бо ҳамин мақсад чоп ва ройгон тақсим кардем, ки мардум ва махсусан наврасону ҷавонон аз таърихи гузаштаи худ, яъне аз решаи хеш, аз анъанаҳои ватандӯстиву ватандории худ огоҳ бошанд, аз онҳо ифтихор намоянд ва ба хотири ҳифз кардану таҳким бахшидани онҳо талош намоянд. Хусусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири манфии фарҳангу суннатҳои бегона шумо бояд арзишҳои бунёдии миллӣ – таърих, забон фарҳанг, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллати бостонии тоҷикро омӯзед, донед ва барои ҳифз кардану густариш додани онҳо талош намоед. Муҳимтар аз ҳама, ба қадри неъмати бебаҳои миллату    давлат – истиқлолу озодӣ расед ва тамоми неруи худро барои ҳимояву таҳкими он равона созед. Чунки маҳз ҳамин неъмати бебаҳо аст, ки моро дар арсаи ҷаҳон мешиносанду эҳтиром менамоянд ва ба тамаддуни қадимаамон арҷ мегузоранд. Мо наврасону ҷавонони имрӯзаро беҳуда манбаи ташаббусҳои азим, созандагони фардои ободи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва қувваи пешбарандаи ҷомеа нагуфтаем. Зеро ояндаи дурахшони давлат ва миллат танҳо дар дасти шумо – наврасону ҷавонони бонангу номус, худогоҳу худшинос ва дорои тафаккури муосир аст. Мо ба ҷавонони худ, яъне насли замони истиқлол, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо эътимоди комил дорем ва дар пешрафти Тоҷикистон аз ҳама бештар ба онҳо такя мекунем. Бовар дорем, ки ҷавонони мо барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – 35-солагии истиқлоли давлатӣ саҳми арзишманду назарраси худро мегузоранд. Ҷавонони азиз! Ман ба шумо муроҷиат карда, бори дигар таъкид менамоям, ки истиқлолу озодиро ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат барои миллати озодихоҳу сулҳпарвари тоҷик ҳимоя кунед. Ин Ватани биҳиштосоро сидқан дӯст доред, онро чун сарзамини аҷдодамон барои наслҳои ояндаи миллати куҳанбунёди тоҷик ҳифз намоед. Дар ҳеҷ ҳолат ба Ватан – модар ва миллати худ хиёнат накунед. Дар шароити бисёр ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза симои маънавии миллати бостонии тоҷикро ҳимоя кунед. Намунаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, одоби муошират, ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ бошед. Эҳтироми падару модар ва калонсолонро ба ҷо оваред ва одобу расму ойинҳои неки миллиро риоя намоед. Забони модариро покиза нигоҳ доред, зеро забони мо яке аз қадимтарин ва зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад ва ин забони ширину шево ҳастии миллати бостонии тоҷик аст. Шумо, ки дар фазои ваҳдату субот ва рушди кишвари озодамон камол ёфта истодаед, уҳдадоред, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳифз намуда, бо кору амали созандаи худ онро боз ҳам ободу пешрафта гардонед. Ҳар як наврасу ҷавон бояд амиқан дарк намояд, ки Тоҷикистон Ватани ӯ, хонаи муқаддаси ӯст ва ободии он аз заҳмат, садоқат ва масъулияти ӯ вобаста мебошад. Бори дигар ҳамаи шумо – давомдиҳандагони таъриху фарҳанги қадимаи миллати ориёинажоди тоҷикро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, саодати рӯзгор, хушбахтӣ ва дар кору фаъолияти ободгаронаатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон барору комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоям. Бигзор, ҷавонони Тоҷикистон ҳамеша пешсафи илму маърифат, ҳомии сулҳу субот ва созандаи имрӯзу фардои дурахшони Ватани азизамон бошанд! Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак, фарзандони азиз!

Хабарҳо

Идомаи мулоқотҳо дар доираи иҷроиши нақшаи Кории Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 майи соли 2026 дар ноҳияи Тоҷикобод ҷаласаи сайёр вобаста татбиқи Нақшаи кори Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мулоқот фаъолони ноҳия иштироки фаъолона доштанд. Ҳамзамон дар кори ҷаласа Ҳомидиён Орзу Зубайдулло мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, намояндаи минтақавии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, Вализода Илҳомиддин Сироҷҷидин муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кабутов Тоҷиддин Абдуллоевич муовини якуми Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдураҳмон Ваҳобзода муовини директори Маркази исломшиноси дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуҳои муҳими ҷомеа аз ҷумла, “Маърифати динӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирии ифротгароӣ ва ҳамгироии ҷомеа”, ”Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам баъд мусулмон”, “Риояи қатъии қонунҳои миллӣ” ва “Тарғиби либоси миллӣ”, чакан, атлас, адрас ва дигар либосҳои миллӣ”, “Пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ” , “Мақсад, ҳадаф ва мазмуни эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, баромад карданд. Баргузории чунин суҳбту мулоқот дар ноҳияҳо идома дорад.

Прокрутить вверх