Имя автора: pressa

Хабарҳо

Баргузории мулоқот дар Рашт ҷиҳати иҷрои нақшаи кории Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20-уми майи соли 2026 дар ноҳияи Рашт ҷаласаи сайёр вобаста татбиқи Нақшаи кори Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раисони ноҳияҳои шаҳри Роғун, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор, аъзоёни шуроҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, комиссариятҳои ҳарбӣ, бахшҳои кор бо ҷавонон, занон ва оила, маориф, тандурустӣ, танзими ҷашну маросим, фаъолони ҷомеа, хабарнигорони шабакаҳои телевизионӣ ва радиои минтақавӣ, сармуҳаррирони рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявӣ, ходимони дин ва раисони кӯчаю маҳаллаҳо иштирок доштанд. Кори ҷаласа тибқи барнома бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо оғоз гардида итирокдоронро ҷиҳати иштироки фаъолона дар кори он изҳори сипос намуданд. Дар ҷаласа ҳамзамон, Ҳомидиён Орзу Зубайдулло мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, намояндаи минтақавии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, Вализода Илҳомиддин Сироҷҷидин муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кабутов Тоҷиддин Абдуллоевич муовини якуми Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдураҳмон Ваҳобзода муовини директори Маркази исломшиноси дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуҳои муҳими ҷомеа аз ҷумла, “Маърифати динӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирии ифротгароӣ ва ҳамгироии ҷомеа”, ”Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам баъд мусулмон”, “Риояи қатъии қонунҳои миллӣ” ва “Тарғиби либоси миллӣ”, чакан, атлас, адрас ва дигар либосҳои миллӣ”, “Пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ” , “Мақсад, ҳадаф ва мазмуни эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, баромад карданд. Баргузории чунин суҳбту мулоқот дар ноҳияҳо идома дорад.

Хабарҳо

Форуми шаҳрӣ таҳти унвони «Муқовимат ба ифротгароӣ — омили рушди босуботи ҷомеа» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

20-уми майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Одилзода Дилбар Раҳим — муовини Раиси шаҳри Душанбе Форуми шаҳрӣ таҳти унвони «Муқовимат ба ифротгароӣ — омили рушди босуботи ҷомеа», бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Одилзода Дилбар Раҳим — муовини Раиси шаҳри Душанбе, Ерёмин Денис Андреевич — директори Муассисаи давлатии буҷетии «Маркази шаҳрии барномаҳои иҷтимоӣ ва пешгирии зуҳуроти ғайриахлоқӣ миёни ҷавонон «КОНТАКТ»-и шаҳри Санкт-Петербург, Бобохонзода Раҷабалӣ Хайрулло — сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Нурзода Маҳмаднабӣ — прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умарчони Эмомалӣ — муовини аввали сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашуров Алиназар Ҳоҷибоевич — намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуллоҳи Қодирӣ — сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, суханронӣ карданд. Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Абдуллоҳи Қодирӣ дар мавзуи “Ифротгароӣ ҳамчун падидаи манфӣ дар ҷомеа: вазъ ва паёмадҳо” маърӯза намуд. Ҳамзамон зикр гардид, ки мақсади асосии баргузории форум баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин мусоидат ба ҳифзи суботу амнияти ҷомеа мебошад. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлу

20 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалӣ баррасӣ шуд. “Мо рушди минбаъдаи шарикии худро бо САҲА муҳим мешуморем”, – таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат. Дар ин замина, таваҷҷуҳ ба ҳамкории дуҷониба дар ҳар се самти асосии кори Созмон – ҷанбаҳои низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ равона карда шуд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки “мо кӯшиш мекунем то барномаҳо ва лоиҳаҳои дар Тоҷикистон амалишаванда ба ниёзҳои воқеии мардуми мо ҷавобгӯ бошанд”. Фаъолияти Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадот хуб арзёбӣ гардид. Дар ченаки низомӣ-сиёсӣ идомаи татбиқи лоиҳаҳо оид ба пешгирӣ аз ҷиноятҳои киберӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, такмили расмиёти гумрукӣ ва мубодилаи иттилоот ҳамчун аз авлавиятҳо номида шуданд. Ҳамчунин ба шумора ва сифати барномаҳо ва лоиҳаҳои Созмон дар соҳаҳои иқтисодӣ ва экологӣ, аз ҷумла обу иқлим, иқтисоди “сабз”, бахусус энергияи “сабз” ва технологияҳои рақамӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Ба омодагӣ ба ду конфронси байналмилалӣ – оид ба масъалаҳои ҷаҳонии об ва мубориза бо терроризм ва маблағгузории он – ки мутаносибан дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ дар Душанбе ва Ню Йорк баргузор мешаванд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Густариши ҳамкорӣ дар ченаки инсонӣ бо назардошти афзалиятҳои миллии Тоҷикистон низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. Дар ин замина, доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, такмили низоми интихоботӣ, таъмини баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, мубориза бо савдои инсон, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳкими иқтидори воситаҳои ахбори омма гуфтугӯ сурат гирифт. Мубодилаи муфассали афкор, инчунин доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷараён гирифт. Дар ин робита, сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи устувори Тоҷикистонро дар бораи аҳамияти истифодаи воситаҳои осоишта барои ҳалли ҳама гуна низоъҳо таъкид намуда, аз ҷумла изҳор доштанд: «Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо музокирот ва дипломатияро ягона воситаи муассири таҳкими фазои эътимод дар муносибатҳои байналмилалӣ медонем». Дар хотима, ҳарду ҷониб алоқамандии худро ба идома ва тақвияти ҳамкории созанда таъкид намуданд.

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ

19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд. Иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар ин маросими таърихиву маънавӣ нишонаи равшани арҷгузории олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва албатта, ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан мебошад. Ба поси гиромидошт аз истиқболи хоки оромгоҳи фарзандони баруманди миллат, саҳни фурудгоҳ оро дода шуда, сарбозони Қаровули фахрӣ дар ду ҷониби роҳрави бо қолини сурх густурда саф оростанд. Дар фазои мутантани эҳтиром ва шоистагӣ, пас аз гузориши шахсони масъул ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарбозони Қаровули фахрӣ қуттиҳои дорои хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистонро, ки бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида шуда буданд, бо эҳтироми хос аз ҳавопаймо поин оварда, бо қадамзании мутантани маросимӣ ба майдони фурудгоҳ интиқол доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳои таърихии Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад дар назди қуттиҳои дорои хоки оромгоҳи онҳо бо самимияти амиқ арзи арҷу эҳтиром намуданд. Дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷоновари таърихӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд. Воқеъан, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз хизматҳои таърихии фарзандони фарзонаи Ватан мавриди омӯзиш ва қадршиносии шоиста қарор гирифта, ном ва корномаи онҳо ҳамчун намунаи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқату фидокорӣ ба давлату миллат гиромӣ дошта мешавад. Ин иқдоми наҷибона ҳамчун идомаи сиёсати фарҳангпарварона, таърихсоз ва инсондӯстонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ шуда, бори дигар собит менамояд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони барӯманди миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Сипас, ҳайати ин маросими таърихӣ бо ҳамроҳии дастаи роҳнамои мотосиклронҳо ба сӯи Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ҳаракат намуданд. Пас аз маросими ҷаноза, дар оромгоҳи Лучоб маросими ба замин супоридани хоки қаҳрамонони Тоҷикистон бо риояи суннатҳои дини мубини ислом ва эҳтироми хос анҷом дода мешавад. Ин рӯйдоди таърихӣ ҳамчун рамзи пирӯзии ҳақиқат, эҳёи адолати таърихӣ ва гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид. Кунун ин қаҳрамонони миллӣ, фарзандони сарсупурдаи миллати бостонии тоҷик дар Ватани бобоии худ, Тоҷикистони азиз – кишваре, ки барояш ҷони ширини хеш нисор кардаанд, соҳиби оромгоҳи худ мешаванд. Ин иқдом, бешак, боиси оромиши руҳу равони ин шаҳидони роҳи озодӣ гардида, барои насли имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз собит менамояд, ки Ватан хизматҳои арзишманди фарзандони фидокору сарсупардаи худро ҳаргиз фаромуш намекунад, дер ҳам бошад, арҷ гузошта мешавад. Бешубҳа, ин арҷгузорӣ ва ин қадршиносӣ аз фарзандони сарсупурдаи тоҷикони сарфароз ба номи Пешвои маҳбуб, Сарвару Раҳнамои пурҳикмати миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих ҷовидон сабт мегардад.  

Хабарҳо

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

Субҳи имрӯз, 17 майи соли 2026 дар саросари ҷумҳурӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони касбу кори гуногун, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон баргузор гардид. Дар ин чорабинии оммавии варзишӣ роҳбарият ва кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд. Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир гардида, ҳадафи он таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва баланд бардоштани оммавияти варзиш миёни аҳолӣ мебошад. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

Машғулияти сиёсӣ дар Қӯшунҳои сарҳадӣ

Имрӯз дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти сиёсӣ оид ба қонунҳои миллӣ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», бо ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ баргузор гардид. Дар машғулияти сиёсӣ сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

Таҷлили идҳои динӣ дар партави сиёсати давлат

35 сол пеш дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати ҷавон ва соҳибихтиёри мо — Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард. Имрӯз мо бо ифтихор ин ҷашни муқаддасро истиқбол мегирем. Ин санаи муборак рамзи озодӣ, худогоҳӣ ва эҳёи давлатдории миллии мост. Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки тақдири худро дар даст дошта бошем ва Ватани аҷдодиамонро обод созем. Ин 35 сол барои мо мактаби бузурги давлатсозӣ, ваҳдати миллӣ ва созандагӣ буд. Бигзор хуршеди истиқлол ҳамеша бар сари миллати мо нурафшонӣ кунад ва парчами давлати мо дар фазои озоди Ватан ҳамеша парафшон бошад. Айни ҳол кишвари мо марҳилаи ташаккул ва такомули давлати миллиро тай карда истодааст ва ин низомро бидуни арзишҳои волои исломӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Расму оин ва анъанаҳои неку писандидаи тӯли ҳазорсолаҳо рушднамудаи аҷдодонамон, имрӯз ба як ҷузъи ҷудонопизири фарҳанги миллии мо табдил ёфтааст. Қонунияти бунёди давлати миллии муосир тақозои он дорад, ки ҳам арзишҳои исломӣ ва ҳам расму оини аҷдодӣ бояд дар хизмати саодатмандии мардуми Тоҷикистон қарор дошта бошанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ манфиати мардуми Тоҷикистонро аз мадди назар дур намонем. Махсусан, дуруст ба роҳ мондани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимон, бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ, танзими хирадмандонаи маъракаю маросимҳо, тарбияи насли наврас, тарғиби омӯзиши илм ва омода кардани мутахассисони созанда ва эҷодкор дар паҳнои бунёди давлати миллии соҳибистиқоли мо пайванди ногусастании арзишҳои миллӣ, динӣ ва фарҳангии мо хоҳад буд. Чанд рӯз пас иди сайиди Азҳо фаро мерасад. Дар истилоҳи мо тоҷикон ин идро иди Қурбон мегӯянд, зеро дар ин рӯз тибқи суннати Иброҳим (а) ва фармудаи Худову Расул бандагони доро ва сарватманд қурбонӣ карда, онро ба камбизоатон садақа мекунанд. Ҳамон тавре, ки иди саиди фитр, ба ифтор ва додани садақаи фитр мансуб дониста шудааст, Иди Азҳо ҳам ба ҳамон суннати қадимаи қурбон нисбат дода шудааст, ки маънояш қариб, яъне наздик шудан ба Худост. Дар дини мубини Ислом рӯзҳои хурсандиовару кӯмак ба якдигар ва зиёрати ҳамдигар хеле зиёд аст, аммо рӯзи иди сайиди Азҳо дар байни мусулмонон хеле машҳуру маъруф аст. Дар рӯзи ид чандин корҳое аст, ки ба сабаби анҷом додани онҳо мо метавонем розигии Парвардигору бандагонашро ба даст биёрем, зеро ин рӯз иборат аз рӯзи хурсандӣ, дӯстиву бародарӣ, бахшидани якдигар, дур кардани кинаву адоват аз дилҳо ва хусусан кӯмак кардан ба оилаҳои камбизоат ва ятимон мебошад. Иди Қурбон рӯзи меҳмонии фақирону камбизоатон ва ятимон тавассути дорандагон мебошад, бинобар ин онҳое, ки қудрати куштани як моли ҳалолро доранд, бояд аз ҳоли фақирону ятимон ва камбизоатону нодорон бохабар шаванд, зеро ин рӯз, рӯзи дӯстиву муҳаббату бародарӣ аст. Қурбонӣ кардан савоби бисёре дорад. Паёмбари акрам (с) фармуда: «Дар рӯзи иди Қурбон ҳеҷ ибодате ба даргоҳи илоҳӣ ба андозаи қурбонӣ кардан мақбулу писандида нест…». Қурбонӣ ба шахсони сарватманд воҷиб мебошад, ки меъёри он дар мазҳаби мо муқаррар шудааст. Гӯшти қурбонӣ се тақсим карда шуда, қисме барои соҳиби қурбонӣ, қисме барои хешу табору ҳамсоягон ва қисми дигар ба ашхоси камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд дода мешавад. Шахсони қурбоникунанда бояд саъй кунанд, ки қурбониашонро аввал ба бародару хоҳари камбизоат, хешу табори наздик ва ҳамсоягон диҳанд. Шахсоне, ки имконияти молӣ надоранд, барои савоб аз дигарон қарз гирифта, қурбонӣ карданашон дуруст нест. Беҳтар аст, ки онҳо ба воситаи дуову дуруд, зиёрати қабри наздикон ва риояи одобу ахлоқи ид рӯҳи гузаштагонро шод кунанд. Қурбонӣ кардан одоби хос дорад. Забҳ кардани чорво дар назди хонаҳо ва ба ин сабаб ифлос намудани гирду атроф ва муҳити шаҳр ҷоиз нест. Барои қурбонӣ кардан дар шаҳри Душанбе ҷойҳои махсус муқаррар карда шудааст, ки дар онҳо шароит барои қурбонӣ муҳайё карда шуда, қоидаҳои беҳдошт риоя гардидаанд. Дар рӯзҳои ид дар урфу одати мардуми мо барои изҳори таъзия ба хонаҳои азодорон рафтан ва ҳамчунин ба сари манзили гузаштагон рафтан расм аст. Чанд рӯз пеш аз ид ба оромгоҳҳо рафта, онро тоза кардан амали хайр маҳсуб меёбад. Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро лозим аст, ки на танҳо оромгоҳҳо, балки кӯчаву маҳалла, деҳаву зодгоҳ, дар маҷмуъ тамоми диёри азизро обод кунем, заҳмат кашем, меҳнат кунем, зеро ин Ватани мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол аст! Солҳои охир дар баъзе минтақаҳои кишвар оростани дастурхони пурдабдаба ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳангоми оростани дастурхони идона мардум ба исрофкорӣ роҳ дода, ин амал ба як навъ мусобиқа табдил ёфтааст, ки боиси хароҷоти зиёдатӣ шуда, гоҳо сабаби қарздор шудан ва мушкилии молии хонаводаҳо мегардад. Ба ҷои ин, оростани дастурхони хоксорона, ки дар он ҳалвову шириниҳо, кулчаву чаппотӣ, ки занҳои тоҷик мепазанд ва зеби дастурхони моро доранд, беҳтар аст. Яке аз аркони иди Қурбон анҷом додани фаризаи ҳаҷ мебошад. Имрӯзҳо ҳамватанони мо дар сарзамини ваҳй қарор дошта, тавофи Байтуллоҳро анҷом дода истодаанд. Бовар дорам, ки ҳоҷиёни мо дар он сарзамини муқаддас ба умеди иҷобат дасти инобат бардошта, дар ҳаққи Ватани азиз дуоҳои нек мекунанд. Ба ҳамаи онҳо омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳояшонро орзу менамоем. Бояд қард кард, ки ба ҷои ҳаҷу умраи такрорӣ метавон корҳоеро анҷом дод, ки садақаи ҷория маҳсуб ёфта, дар савоб аз амали нофила афзалтар аст. Садақаи ҷория корест, ки барои осоиши мардум ва ободии ҷомеа равона мебошад, аммо агар дуруст бингарем барои бисёриҳо сабаби наҷот аст, зеро ниёзҳои мардум ва ҷомеа барои сарватмандони саховатманд, ки тавони бартараф намудани ин камбудиҳову ниёзҳоро доранд фурсати бисёр муносиб ва хубест, то ҳам дунё ва ҳам охирати худро обод кунанд ва наҷоту оқибати некӯи охиратро ба даст оваранд. Одамони савобҷӯйи зиёданд, ки ба ҷои ҳаҷи нофила, даст ба корҳои ободонӣ зада, бунгоҳи тиббӣ, роҳу пул ва дигар иншоотҳои муҳимро бунёд карда, ба хизмати халқ вогузор мекунанд. Чунин иқдом барои ҳар як муъмини савобҷӯй намунаи ибрат буда, ба ин васила мо метавонем дилеро ба даст орем, ба ризогӣ ва хушнудии Парвардигор ноил шавем. Бинобар ин, ба ҷои якчанд маротиба ба ҳаҷу умра рафтан, моро зарур аст, ки диёри худро обод созем, дасти бечораеро бигирем, сари ятимеро сила намоем! Ин аст фалсафаи ислом! Ба ҳамаи шумо, бахту иқболи баланд, хушбахтиву некрӯзӣ, барору пешравиҳо дар кору зиндагӣ ва муҳимтар аз ҳама – неъмати бузурги тинҷиву осоиштагиро таманно дорам. Абдурҳмон Ваҳобзода Муовини директори Маркази

Президент, Хабарҳо

Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

​Аз 11 то 14 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд. ​Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар дар шаҳрҳои Пекин ва Чонгчин бо роҳбарияти олии кишвари ҳамсоя, як гуруҳ намояндагони воломақоми Чин мулоқот карда, вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чинро муҳокима намуданд. ​Аз руи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва вохӯрии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Чин беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид. ​Руйдодҳои муҳими сафари давлатӣ – имзои санадҳои муҳим – Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ ва аз тарафи Шурои илмии Донишгоҳи Пекин бо унвони Профессори фахрӣ сарфароз гардонидани Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. ​14 май Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари давлатӣ аз шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ватан баргаштанд. ​Дар фурудгоҳи байналмилалии Чонгчин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Чин самимона гусел намуданд.

МАҚОЛАҲО

Ҳаводиси охири Ховари Миёна ва масъалаи «Падидаи иҷтимоӣ будани дин”

Бовар нокарданист, ки дар ин рӯзҳои сахти пурмоҷарои ҷомеаи имрӯза касе ба ҳаводиси охири Ховари Миёна таваҷҷуҳ накарда бошад. Ҳар фарде ба сабабе аз сабабҳо – ба сабаби нороҳатӣ аз душвориҳои сиёсию иқтисодии мардуми ҳамфарҳанги худ, эҳтимол ба хотири шабоҳати эътиқодии динӣ, ҳадди ақалл ба хотири қонеъ гардонидани ҳисси кунҷковии худ ба он ҳаводис таваҷҷуҳе кардааст. Аммо, эҳтимол, кам шахсоне ёфт шаванд, ки ба таъсири ин ҳаводис ба масоили дину диндорӣ ва имону имондорӣ аҳамияте дода бошанд. Суханро ба дарозо накашида, агар ба сари масъала биёем, мебинем, ки ҳаводиси мазкур пардаро аз болои розҳои нокушодаи зиёде бардоштааст. Ҷанбаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбии ҳаводисро ба канор монда, агар, ҳамчун диншинос ба масоили марбут ба дину диндорӣ таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки ҳаводиси зикршуда падидаи иҷтимоӣ будани динро равшан ва бо далоили муътамади раднашаванда ба маъраз мегузорад. Муҳтавои суханронии баъзе донишмандони маъруфи дин, нигоҳи қориҳои сатҳи ҷаҳонии Қуръон, махсусан муносибату мавқеъгирии иддае аз кишварҳои мусулмоннишин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дин кайҳо боз бозичаи сиёсат гардидааст. Сиёсатмадорон абзори хуби ҳалли масоили геосиёсӣ будани динро дарк намуда, онро ба ҳар тарзе хоҳанд, ба рақс медароранд. Ҳамчунин, ҳангоме аз ҷониби донишманди маъруфи дин ё қории сатҳи ҷаҳонии Қуръон андешае садо медиҳад, ки он ба фармудаи Қуръон мухолиф аст, беихтиёр саволе пайдо мешавад, ки чунин ашхос, магар, хилофи Қуръон мавқеъ нагирифтаанд? Агар аз онҳо сабаби чунин нигоҳи пуртаноқуз ва мавқеи зиддидиниро пурсон шавед, онҳо ҳатман посухе меёбанд ва онро бо андеша ё назарияи динии дигаре асоснок мекунанд. Пас, меъёри қабули қарор дар ҳалли масоили динӣ на ҳамеша фармудаи Қуръону аҳодис аст, балки баъзан бевосита манофеи дунявии шахс ба сифати меъёр қабул мегардад. Агар чунин бардошт ё хулосае, ки зидди фармудаи Қуръону аҳодис аст, аз ҷониби ашхоси оддӣ пешниҳод гардад, он бардошту хулоса ширк, куфр, бидъат ва амсоли инҳо арзёбӣ мегардад. Вақте чунин бардошту хулоса аз ҷониби донишманди маъруфи дин ё шахсияти сиёсии муассир ва машҳур сурат мегирад, аксаран он чун ҳақиқат қабул мегардад. Дар чунин ҳолатҳо одатан мардуми ноогоҳ пайравии кӯр-кӯронаи худро ба чунин сиёсатмадорон ё донишмандони дин бо он асоснок мекунанд, ки донишманди мазкури дин олим асту ӯ аз дин хубтар огоҳӣ дорад. Ҳамин тариқ, дар зеҳни мардуми аз муҳтавои таълимоти асили динӣ ноогоҳ тадриҷан андеша ва тасаввуроти динии нави дар заминаи тасаввуроти динии пешин шаклгирифта ташаккул меёбад ва бо ин усул барои пайдоиши шохачае аз дин поягузорӣ карда мешавад. Агар ба таърихи таҳаввули динии ҷомеаи башарӣ назар андозем, ба зоҳир расидани қонунияти мазкурро равшан дарк менамоем. Яъне, дар ҳар як марҳилаи таърихӣ бо дарназардошти талаботи ҷомеа, пеш аз ҳама, манофеи дунявии соҳибони дин шаклу сурати худро тағйир медодааст. Пас, ин тағйирдиҳандаи дин ҳеҷ як неруи фавқуттабиӣ набуда, балки худи соҳибони боломақоми дин тағйирдиҳанда ё мубаддили дин маҳсуб меёбад. Тадриҷан ҳамин соҳибони боломақоми дин вобаста ба зарурат ва ниёзмандиҳои худ андеша ва тасаввуроти динии кӯҳанро ботил гардонида, андеша ва тасаввуроти нави диниро меофаранд ва чун аҳли ҷомеа сарчашмаи ҳаёти маишии онҳо маҳсуб меёбад, зеҳни динии аҳли ҷомаро дар зери назорат нигоҳ медоранд. Қобили зикр аст, ки ҳолати мазкур, масоили дигари муҳими диншиносӣ – масоили имондорию худотарсии шахси имондор ва барои ӯ муқаддас будани объекти парастишро ба маркази таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Воқеан ҳам, ҳангоме соҳибони боломақоми дин маҳз манофеи дунявии худро меъёри дурустии андеша ва тасаввуроти динӣ қарор медиҳад, мо, магар, метавонем дар бораи худотарсии онҳою муқаддас будани объекти парастиш барои онҳо сухан ронем? Албатта, не! Пас, вожаҳои зикршуда, чун имондорию худотарсӣ ва муқаддас будани объекти парастиш танҳо барои мардуми қаторӣ – объекти таъсири соҳиби боломақоми дин маъно доранд. Қобили зикр аст, ки соҳибони боломақоми дин вазифаи иҷтимоии худро низ маҳз дар шакл додани тасаввуроти динӣ дар зеҳни мардуми қаторӣ дида, тамоми меҳнату заҳмати худро ба самти мазкур равона мекунанд, зеро онҳо сарчашмаи воқеии зиндагии пурфараҳи онҳо маҳсуб меёбанд. Сирри талоши онҳо баҳри ҳифзи дин низ дар ҳамин нуктаи баёншуда ниҳон аст. Хулоса, тафсиру шарҳҳои гуногунмуҳтавое, ки баъзан аз тарафи соҳибони боломақоми дин пешниҳод мегарданд, моҳиятан як динофарии навбатӣ маҳсуб ёфта, аз як тараф, зидди таълимоти Қуръон аз сураи “Анъом, ояти 115 (Ҳеҷ кас тағйиркунандаи суханҳои Ӯ нест)буда, аз тарафи дигар, барои падидаи иҷтимоӣ будани дин далели навбатӣ маҳсуб меёбанд. Бинобар ин, агар хонандаи хушзавқ андешаи баёншударо қабул дорад, бояд дар хусуси пайравӣ кардан ё накардан ба чунин соҳибони боломақоми дин андеша намояд. Муовини директори Маркази исломшиносӣ Абдухалилзода К.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии шаҳри Чонгчин Юан Ҷияҷюн

13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин  аз шаҳри Чонгчин боздид намуда, бо Котиби Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунистии Чин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳандозии робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои Тоҷикистон бо ин шаҳр, ки яке аз қутбҳои муҳимтарини   саноативу инноватсионии Чин ба шумор меравад, баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, Чонгчин бо 34 миллион аҳолӣ яке аз бузургтарин шаҳрҳо ва марказҳои логистикӣ дар роҳи пайванди Чин бо Осиёи Марказӣ аз аҳаммияти стратегӣ бархурдор буда, дар татбиқи ташаббуси глобалии «Як камарбанд, як роҳ» нақши калидӣ мебозад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори роҳандозии ҳамкории босамар бо ин шаҳр дар соҳаҳои саноат, технологияҳои нав, энергетикаи “сабз”, илм, маориф, алоқа, бунёди “шаҳрҳои ҳушманд”, буда, сохторҳои давлатию хусусии ҳарду ҷонибро ба роҳандозии робитаҳои ҳамкории судманд ташвиқ менамояд. Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин, ба омодасозии кадрҳои ҷавони бахшҳои инноватсия ва технологияҳои муосир аз тариқи табодули донишҷӯёну устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ҷудо намудани бурсияҳои иловагӣ барои ҷавонони тоҷик, зоҳир гардид. Тавре зикр гардид, ҳоло 118 донишҷӯи тоҷик дар ин шаҳр таҳсили илм доранд. 3 омӯзгори тоҷик ҳам дар ин ҷо кор мекунанд. Зимни мулоқот тасмим гирифта шуд, ки ҳар сол 50 квотаи иловагӣ барои ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии ин шаҳр ҷудо карда шавад. Пас аз мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунистии Чин Юан Ҷияҷюн аз Намоишгоҳи нақшаи рушди шаҳрсозии Чонгчин боздид намуданд. Ба ифтихори сафари давлатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин шоу-намоиши рангини дронҳо баргузор гардид. 5 ҳазор дрон аксҳои манзараҳои зебо ва таърихии Тоҷикистону Чин, роҳи Абрешим, меросҳои ғайримоддии ду кишварро тасвир намуданд, ки бисёр хотирнишин буд.

Прокрутить вверх