Имя автора: pressa

Хабарҳо

Суханронии намояндаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, равобити адабӣ ва тарҷума дар замони муосир».

27-уми ноябри соли 2025 бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ, АДАБИЁТШИНОСӢ, РАВОБИТИ АДАБӢ ВА ТАРҶУМА ДАР ЗАМОНИ МУОСИР» баргузор гардид. Дар кори конференсия муҳаққиқону донишмандон ва мутахассисони соҳа аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва институтҳои илмию таҳқиқотии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни баргузории конференсия Шарифамо Одинаева – сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Забони тоҷикӣ – забони сулҳу арзишҳои волои инсонӣ” суханронӣ намуданд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

Иштирок ва суханронии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим дар семинари илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Таҷрибаи муқовимат бо экстремизм: заминаҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодӣ”.

Санаи 27-уми ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғаффуров дар асоси нақшаи муштараки Прокуратураи генералӣ, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун, сархатибони масҷиди ҷомеъи шаҳри Хуҷанд, семинари илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Таҷрибаи муқовимат бо экстремизм:заминаҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодӣ” бо раисони маҳалла, масъули кор бо занон, ҷавонон, нозирони минтақавӣ, сархатибон, омӯзгорону донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Семинарро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Набизода Ҷамшед ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки барои ҳар як сокини шаҳри Хуҷанд барои мубориза бурдан бо амалҳои номатлуб аз ҷумла бо ифротгароӣ ва терроризм, ки таҳдиди воқеӣ ба осоиштагӣ ва бехатарии миллӣ аст ҳарруза саҳми худро мегузоранд ва дар якҷоягӣ барои решакан намудани ин амалҳои номатлуб чораҳои зарурӣ меандешанд. Дар идомаи семинар директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим зимни суханронии худ моҳияти шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”, пешгирии ҳаҷи умраи такрорӣ, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ, андешаронӣ намуданд. Мавсуф иброз доштанд, ки яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад. Ин падидаҳо боиси гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли онҳо ба арзишҳои бегона гаштааст. Аз сабаби он, ки ифротгароӣ ва терроризм барои амнияти миллии ҳар як кишвар таҳдиди воқеӣ ба ҳисоб меравад, зарурати назорат ва пешгирии паҳншавии рӯҳияи ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ ва сохторҳои қудратӣ, балки вазифаи тамоми ташкилоту муассисаҳои соҳаи иҷтимоию фарҳангӣ (маориф, муассисаҳои хусусӣ, санъат, варзиш, сиёсати ҷавонон ва ғ.), тамоми аҳли ҷамъият ва ҳар як шаҳрванд аст. Дар идома ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Назарзода Парвиз иброз намуд, ки ҷомеаи муосир равандҳои геополитикӣ ва бо шиддат тағйир ёфтани авзои ҷаҳон, ба амал омадани даргириҳо ва таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои террористиву радикалӣ ҳар яки моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро ҳифз намоем ва баҳри дифои марзу буми Ватани азизамон омодаи хизмат бошем! Ҳамзамон, муовини Раиси Шулои уламои Тоҷикистон Ҳоҷи Ҳусейн Мӯсозода баромад намуда, ба ҳозирин дар мавриди тарзи либоспӯшӣ аз нигоҳи шариат, намуди зоҳирии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз паҳншавии фарҳанги бегона ҳарф зада, иштирокдорони мулоқотро барои таҳкими ваҳдати мазҳабӣ ва таҳаммулпазирии динӣ даъват намуданд. Дар охир Ҷалолзода Хайёмиддин мудири шуъбаи тарбияи ДДХ ба номи Бобоҷон Ғаффуров ба иштирокдорон ва барои ташкили чунин чорабинии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуд. ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Президент

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон

26 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар истиқбол гирифтанд. Ҳамчунин, ба хотири пазироии самимии меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳли ҳунари кишвари дӯст барномаи дилнишини фарҳангӣ пешкаш карда шуд. 26.11.2025 Қирғизистон

Президент

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон

26 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Вазири мудофиа, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд. 26.11.2025 шаҳри Душанбе

Хабарҳо

Вохӯрии судманд дар ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт

Нимаи дуюми рӯзи 26 ноябри соли равон вохӯрии намояндагони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи ноҳия ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бо кормандони бахши идеологии ноҳия, баргузор гардида, дар он роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ҳудуди ҷамоат, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, ҷавонони фаъол, ходимони тиббу маориф ва дигар шахсони дахлдор баргузор гардид. Қабл аз вохӯрӣ намояндагон доир ба рафти корҳои ободониву созандагии ноҳия шинос гардида, барои ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ва иқдомҳои неки Раиси ноҳия ободонии як гушаи диёрамонро бо сарҷамъии тамоми сокинон ва фаъолон муттаҳид гашта, дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ, бунёди корхонаҳои хурду бузург, ободу зебо намудани кӯчаву қабристонҳо ва дигар корҳои хайр саҳмгузор буданд дидан карданд. Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси ноҳияи Ҷалилӣ низ ширкат варзида, иброз дошт, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки баҳри амнияту пойдории сулҳу субот, пешгирӣ аз ҳодисаҳои ҷиноӣ, бахусус шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро тадбирҳои мушаххас андешем. Намояндаи Прокуратураи ноҳия, ҷиҳати пешигирии шомилшавии ҷавонон аз оқибатҳои терроризму экстремизм, мазмуну муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак»-ро ба иштирокдорон маънидод намуд. Намояндагони Маркази исломшиносӣ ба сухан баромада ба саҳми мардум расонидани моҳияти асосии шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”, «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҳаҷи умраи такрорӣ, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон бар ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ суҳбат карданд. Дар рафти вохӯрӣ раисони ҷамоатҳо, имомхатибон, омӯзгорон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкории аҳли ҷомеа бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомотҳои дахлдорро дар пешгирии ҷинояткорӣ, зиёдаравӣ хурофот ва дигар масъалаҳои ҷойдошта ба роҳ монда, барои нигоҳ доштани оромиву осоиштагӣ ва рушди суботи кишвар саъйю талош хоҳанд кард. Вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирӣ аз омилҳои номатлуб дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва хештаншиносӣ, ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, баҳри пешгирии зуҳуротҳои номатлуб мусоидаткунанда мебошад ва нақши марказӣ доштани саҳми ҳар як шаҳрвандро дар пешравӣ ва ободии диёри азизамон мебошад. Чорабинӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам: Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 16 декабри соли 2025 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 26 ноябри соли 2025 №1095

Хабарҳо

Ноҳияи Ашт: вохӯрии гурӯҳи корӣ бо имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, фаъолон ва зиёиёни шаҳраки Шайдон

Санаи 26 ноябри соли 2025 мувофиқи ҷадвали Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша чорабиниҳои муштарак бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи ноҳияи Ашт бо шаҳрвандон, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, фаъолон ва зиёиёни шаҳраки Шайдон зери шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”, фаҳмонидани мақсаду ҳадафи ҚҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҚҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин дар мавзуҳои пешгирии ҳаҷи умраи такрорӣ, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон бар ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ вохурии судманд баргузор гардид. Нахуст, муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса меҳмононро ба ноҳияи Ашт хайра мақда гуфата, онҳоро муаррифӣ намуд. Одинашоҳ Вализода ва Мирзозода Азизулло кормандони масъули Марказ баромад намуда, ҷиҳати ба саҳми мардум расонидани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва фаҳмонида додани муҳтавои шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”-ро ба самъи ҳозирин расониданд. Дар идома, намояндаи Прокуратураи ноҳия Усмонзода Исмоил дар бораи пешгирии ҷавонон аз шомилшавии гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ҳамзамон “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” суҳбат карданд. Ҳамзамон, Сафарзода Диловар намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёдаравии баъзе шаҳрвандон ҷиҳати ташкили тӯю маъракаҳо, ҳаҷҷи такрорӣ ва дигар масъалаҳо ҷиҳати ислоҳи ҳалли камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт баромад намуданд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Без рубрики

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис, нахуст, гузориши вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар бораи Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030 шунида шуд. Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори мазкур бо мақсади “Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ”, ки яке аз ҳадафҳои калидии Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, таҳия ва пешниҳод гардидааст. Зикр гардид, ки дар натиҷаи амалӣ намудани Барнома ба даст овардани натиҷаҳои зерин дар назар аст, аз қабили 2680 МВт иқтидори нави истеҳсолии энергияи барқ аз ҳисоби неругоҳҳои  барқи обии нав, 253 МВт иқтидори иловагии истеҳсоли энергияи барқ аз ҳисоби азнавсозии неругоҳҳои амалкунанда ва барқарор гардидани 440 МВт иқтидорҳои аздастрафта бинобар фарсуда будани таҷҳизот, 1500 МВт аз ҳисоби энергияи офтоб, то ба 3 дарсад расондани сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ, то 9 дарсад расондани сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ ва ба 5 млрд.киловат соат расонидани содироти энергияи барқ. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки барои амалигардонии Барномаи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои он чораҳои дахлдор андешида, аз натиҷааш ҳар сол маълумот манзур намоянд. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки мавзуи мондани панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳанг намудани онҳо бо шабакаҳои барқии кишвар омӯхта шавад. Ғайр аз ин, таъкид гардид, ки фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб карда шавад. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба хотири бартараф кардани камбудиҳои дар соҳаи энергетика ҷойдошта таҳия шудааст, дар маҷлиси навбатӣ баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки дар Қонуни мазкур барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, аз ҷумла барои истеҳсоли криптовалюта пурзур намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Баъди муҳокима лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Дар идомаи маҷлис, ҳамчунин, Барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Барнома оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва гепатитҳои парентералии вирусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, муҳокима гардида, хулосаҳои даркорӣ бароварда шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба иҷрои масъалаҳои дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳгардида ба масъулини сохторҳои давлатӣ дастуру супоришҳо доданд. Дастурҳои дигар оид ба масъалаҳои мубрам, аз ҷумла захираи кофии маводи хӯрока, дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани зимистон, омода ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ кишт кардани заминҳои кишоварзӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи солгарди 35-уми ҷашни истиқлоли давлатӣ ва ғайра дода шуд. 25.11.2025 шаҳри Душанбе

Хабарҳо

КОНИБОДОМ: МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН ВА ХОДИМОНИ ДИН

Санаи 25 ноябри соли 2025 дар асоси нақшаи муштараки Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори МИҲД- и шаҳри Конибодом мулоқоти навбатӣ баргузор гардид. Дар ҳайати гурӯҳи корӣ Одинашоҳ Вализода ва Мирзозода Азизулло кормандони масъули Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Прокуратураи ноҳия, Сафарзода Диловар – намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Баромадкунандагон дар суханрониҳои худ атрофи қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва дар ҳошияи суханони Пешвои миллат, ки “Аввал ман тоҷикам, баъд мусулмон” – шарҳу тавзеҳ дода, нақши онҳоро дар таҳкими ваҳдат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, зӯроварӣ дар оила, никоҳи бармаҳал ва тақлид ба фарҳангҳои бегона ва боло бурдани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа муҳим арзёбӣ мешаванд, зикр карда шуд. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки чунин мулоқоту вохӯриҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳамкории мардум бо мақомоти давлатӣ ва тарғиби сиёсати давлатӣ мусоидат менамоянд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг

24 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам муҳтарам Лионг Кионг барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам ҷаноби Президент, Хабари талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти сангин бар асари боришот ва обхезиҳои шадид дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, боиси андуҳи амиқи мо гардид. Вобаста ба пайомадҳои ин ҳодисаи харобиовар ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комилу оҷил хоҳонем». 24.11.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх