(Дар ҳошияи ҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъд мусулмон») Имрӯзҳо дар фазои маънавии ҷомеа перомуни ҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъд мусулмон» андешаҳои гуногун сурат гирифта истодаанд. Бояд эътироф намуд, ки ҳикмати баённамудаи Пешвои миллат воқеан ҳам маънои амиқ ва васеъ дошта, шарҳталаб мебошад, зеро мардуми кишвар аксаран тоҷик буда, ҳамзамон мусулмон мебошанд. Аз ин рӯ, муайян намудани мавқеи дақиқ зимни арҷгузорӣ ба ду навъи умумияти иҷтимоӣ – миллӣ ва динӣ ва вобаста ба ин, роҳ надодан ба бегонапарастию бемавқеӣ дар шоҳроҳи интихоби арзишҳои муқаддамтар, авлотар, муқаддастар, тақдирсозтар барои ҳар фарди ҷомеа хеле муҳим мебошад. Бояд таъкид намуд, ки дар шароити муборизаҳои геосиёсии абарқудратҳо барои тавсеа бахшидан ба нуфузи минтақавию ҷаҳонии худ ва зимни ин сиёсат истифода шудани дин ва қишри дингарои ҷомеа, ва ҳамзамон нерӯ гирифтани раванди дингароӣ дар кишвари тоза истиқлоли мо муҳимияти мавзӯи мазкур даҳчанд меафзояд. Чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар фаҳмиши дурусту шарҳи дақиқи ҳикмати баённамудаи Пешвои фарҳангдӯсти миллат фикру андешаҳои гуногун садо медиҳанд. Баъзе шахсиятҳо дар зери таъсири ҷаҳонбинии ирратсионалии худ зимни маънидод намудани ҳикмати зикршуда аз хати росту равшан баромада, ба таҳрифи маъно роҳ медиҳанд. Масъулияти касбӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди тақдири ояндаи миллат моро водор намуд, ки дар ҳудуди дониш ва қудрати худ бо изҳори узр барои иштибоҳ андешаҳои худро перомуни ҳикмати хеле муфид ва саривақтии Пешвои миллат иброз намоем. Аз нигоҳи ин ҷониб барои фаҳмиши дурусти маънои нуҳуфта ҳикмати баёншударо мо бояд мавриди таҳлили луғавӣ қарор диҳем. Дар ҷумлаи «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон» маънои мавриди таваҷҷуҳ тавассути вожаи «аввал» оғоз мегардад. Вожаи мазкур арабӣ буда, ба муқаддам, яъне нахустин будани будани чизе, ҳодисае, ҳолате ва ё раванде ишора менамояд. Ин маънои онро дорад, ки ҳодисаю равандҳое дар муқоиса бо чизи дигар, ҳодисаи дигар, раванди дигар, ҳолати дигар бидуни он, ки дар ҳастии онҳо шак оварда шавад ё ҳастии онҳо инкор карда шавад, бартарият доранд, мақоми нисбатан болотарро соҳибанд, дар ҳолати интихоб онҳо соҳибимтиёзанд, гузароянд. Вожаи «аввал» зимни ифода бо рақам бо шумораи «як» ифода карда мешавад, ки он аз шумораҳои «ду», «се», «чор» ва амсоли онҳо муқаддамтар буда, зимни ҳисоб ва тартиб нахустгом аст. Муродифи вожаи «аввал» дар забони тоҷикӣ вожаи «нахуст», «нахустин» аст, ки маънои «муқаддам будан, дар оғоз ё ибтидои чизе, ҳолате, раванде қарор доштан»-ро ифода менамояд. Аз ин нигоҳ, ҷумлаи «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон» бидуни инкори мансубияти динӣ бартарият, афзалияти мансубияти этникиро ифода менамояд. Ба қавли дигар, аз ҷумлаи мазкур бояд чунин бардошт намуд, ки агар барои ман арзишҳои динӣ муҳим ва муқаддас мебошанд, пас арзишҳои миллӣ муҳимтар ва муқаддастар мебошанд. Агар матлабро соддатар баён намоем, пас, зимни муайян намудани таносуб байни ду навъи арзишҳои баёнгардида ақрабаки тарозу ба сӯйи арзишҳои миллӣ майл менамоянд. Бояд эътироф намуд, ки ҳикмати баённамудаи Пешвои миллат дар муқаддам доштани арзишҳои миллӣ бар арзишҳои динӣ асоси таърихӣ дошта бо зарурат ва ногузирияш дар воқеияти иҷтимоии имрӯза собит мегардад. Асоси таърихии ҳикмати баёнгардида дар он ифода меёбад, ки соҳибони аслии дин муқаддам будани арзишҳои миллиро дар муқоиса бо арзишҳои динӣ дар тули таърих борҳо ба маъраз гузоштаанд ва имрӯз низ гузошта истодаанд. Ба таври мисол, Қуръон борҳо бо навъҳои гуногун маҳз дар заминаи дин ва фармудаҳои Қуръон муттаҳид гардидани мусулмонон ва дар заминаи мансубияти динӣ бародар ва баробарҳуқуқ будани мусулмононро таъкид намудааст. Аз ҷумла: «Ҷуз ин нест, ки муъминон бародари якдигаранд…» (Ҳуҷурот, 49:10); «Ҳароина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст» (Ҳуҷурот, 49:13); «Ва шумо ҳама ба расани Худо чанг занед ва пароканда машавед» (Оли Имрон, 3:103) ва ғайра. Аз мундариҷаи оятҳои овардашуда баробарию бародарии мусулмонон дар заминаи умумияти динӣ бараъло таъкид мегардад. Аммо чун ба таърихи рушди ислом таваҷҷуҳ менамоем, ба осонӣ пайхас менамоем, ки барои соҳибони аслии дин ҳамеша арзишҳои миллӣ бар арзишҳои динӣ муқаддам буданд ва дар бисёр ҳолатҳо фармудаҳои динӣ аз ҷониби соҳибони аслии дин ба хотири пайгирии ҳадаф дунявӣ дар ҳошия қарор мегирифтанд. Суханро дароз накарда, ин ҷо чанд иқтибосро аз ду китоби муътабар доир ба таърихи ислом пешкаши хонанда намуда, мехоҳем, ки хонанда худ ҳам ба мазмуну талаботи оятҳо ва ҳам ба аъмоли пешвоёни ҷомеаи исломӣ тааммул намояд: 1. «Симои дигаре аз низоми уммавӣ ихтисос додани мазоё (имтиёз) ба аъроб буд, ба истиноди ин амр, ки аъроб қавӣ ҳастанд, ки Худой ононро интихоб карда, ва пайғамбарӣ аз миёни эшон баргузида аст то авомири ӯро ба забони арабӣ ба ҳамагон таблиғ кунад» (Таърихи ислом, Пажӯҳиши донишгоҳи Кембриҷ. Тарҷимаи Аҳмади Ором, Теҳрон, 1382, саҳ. 125). 2.«Нахустин фотеҳон парвои он надоштанд, ки мардуми сарзаминҳои мусаххаршударо ба дини ислом дароваранд» (Таърихи ислом, ҳамон ҷо, саҳ. 140-141). 3.«Абдулмалик дар таърихи тамаддуни ислом номи неке дорад, чи ки то замони ӯ дафотири исломӣ ба хат ва забони мардумони маҳаллӣ навишта мешуд, масалан мисриҳо ба қибтӣ, шомиҳо ба юнонӣ ва ироқиҳо ба форсӣ дафтарҳои давлатиро менигоштанд ва табъан мутасаддиёни дафотир ҳам мардумони маҳалӣ, яъне масеҳиёни Шом, ва қибтиёни Миср ва ирониёни Ироқ буданд. Абдулмалик ин расмро барандохт ва дафотири давлатиро аз забонҳои мухталиф ба арабӣ баргардонид ва онро ба дасти аъроб супурд ва бо ин иқдом забони арабиро забони расмии давлатӣ қарор дод ва табъан аҳолии кишварҳои исломӣ забони худро фаромӯш карда арабӣ омӯхтанд ва забони арабӣ, ки забони дин буд, забони давлат ҳам шуд ва рафта-рафта мусулмонон арабмаоб шуда нажод ва миллати худро аз даст доданд ва ҷузъи гурӯҳи аъроб даромаданд» ( Ҷ.Зайдон, Таърихи тамаддуни ислом, Теҳрон, 1382, саҳ. 66). 4.«Ҳамон тавр, ки қурайш бар соири қабилаҳо муқаддам буд, араб бар тамоми милали мусулмон ва ғайримусулмон, ки дар кишварҳои исломӣ мезистанд, бартарӣ дошт…Ва паямбар фармудааст, ки ҳар кӣ арабро душман бидорад, Худо душмани ӯст» (Ҷурҷӣ Зайдон, саҳ. 696). 5.«Арабҳо ин ҳарфҳоро (ҳарфҳои Ибни Муқаффаъро, ки арабҳоро бузург меҳисобид ва хирадмандтарин мардуми рӯйи замин мешуморид – А.К.), мешуниданд ва худро болотар аз дигарон мепиндоштанд ва ба хусус бар миллатҳои мусулмон (ғайриараб) мубоҳот мекарданд ва ононро маволӣ мехонданд… Арабҳо аз иқтидо (дар намоз) ба маволӣ икроҳ доштанд ва агар ҳам пушти сари онон намоз мехонданд, мегуфтанд барои фурутанӣ нисбат ба Худо чунин мекунем.