ТАҲАВВУЛИ ҲУҚУҚ ВА ШАХСИЯТИ ЗАН ДАР ИСЛОМ
Масъалаи дигаре, ки ба он таваҷҷуҳ намудан лозим аст, ин аст, ки оё мактаби ислом мақоми зан ва мардро баробар медонад? Аз дидгоҳи ислом манзалати зан ва мард ба унвони як «инсон» дар пешгоҳи Худованд баробар аст. Барои тасдиқи ин фикр ба нахустин ояти сураи «Нисо» ишора мекунем: «Эй мардум! Аз Парвардигоратон бипарҳезед! Ҳамоне ки шуморо аз як нафси воҳида (яъне, аз як ҷон) офарид ва ҷуфти онро аз ҳамон (нафси воҳида) халқ кард. Ва аз он ду мардон ва занони фаровоне мунташир сохт…» [4, 4:1]. Тавре ки аз мазмуни ояти зикршуда ҳувайдост, маншаи пайдоиши инсон, ҳам мард ва ҳам зан, ҳақиқате ба унвони «нафси воҳида», ки ҳамон «рӯҳи қудсӣ» мебошад, дониста шуда, ҳеҷ тафовут ё фарқияте миёни мард ва зан ба унвони як инсон вуҷуд надорад. Бинобар ин, рӯҳи мард ва зан дар пешгоҳи Худованд аз манзалати яксон ё баробар бархурдор ҳастанд ва баробарии онҳо дар мақоми хилқат ё ин ки аз ҷиҳати маншаи пайдоиш мавриди таъкиди Қуръон қарор дорад. Нуқтаи муҳиме, ки ин ҷо тавзеҳ додани онро ҷоиз мешуморем, ин аст, ки тафовутҳои ҷисмонии зан ва мард танҳо ба хотири ин аст, ки занҳо ва мардҳо мукаммали якдигар ҳастанд ва бар ин асос ҳар як аз онон дорои камолоти хоси худ мебошанд, вале дар инсоният ва камолоти инсонӣ бо ҳам баробаранд. Бинобар ин тафовутҳои ҷисмонии миёни мард ва зан далеле барои бартарии якеи онҳо бар дигаре аз онҳо нест. Масъалаи дигари мавриди таваҷҷуҳ дар таълимоти ислом мавзуи баробарии ҳамаи инсонҳо дар пешгоҳи Худо мебошад. Худованд дар Қуръон ҳамаи мардон ва занонро ба унвони «инсон» мухотаб қарор дода, мефармояд: “Эй мардум, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед! Ҳаройина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст; Худо Донои Хабардор аст” [4, 49:13]. Бар асоси ин ояти шарифа, ҳамаи инсонҳо, чӣ мард бошанд ва чӣ зан, чӣ сиёҳ бошанд ва чӣ сафед, дар назди Худованд баробар ҳастанд. Танҳо меъёре, ки муҷиби бартарӣ ва афзалии мақоми як инсон нисбат бар дигар инсон дар пешгоҳи Худованд мегардад, порсоӣ ва парҳезкорӣ мебошад. Ин ҷо саволе бармеояд: чаро Қуръон мардонро ба унвони «қаввомун» номидааст? Оё ин унвони мардон далели бартарии онҳо бар занон нест? Ба манзури посух ба ин пурсишҳо, матни оятеро меорем, ки дар он мардон «қаввомун» тавсиф шудаанд ва тарҷумаю шарҳи он оятро аз назари таҳлил гузаронидан мумкин аст. Худованд мефармояд: “Мардон – ба сабаби он ки Худо баъзе одамиёнро бар баъзе бартарӣ додааст; ва ба сабаби он ки аз амволашон харҷ карданд, бар занон корсози тасаллутёфта шудаанд. Пас, занони некӯкор фармонбардоранд ва дар ғайбат (-и шавҳар) нигоҳдорандаи чизеанд, ки Худо онро нигоҳ доштааст” [4, 4:33]. Барои тавзеҳи мафҳуми воқии ин оят, ба маънои луғавии калимаи «қаввомун» таваҷҷӯҳ намуданро лозим медонем. Маънои калимаи арабии «қаввом» чунин аст: касе, ки татбиқ ё пойдории амре бар ӯ эътимод карда мешавад. Дар луғатҳои тафсирии забони арабӣ маънои калимаи «қаввом»-ро «ал-мутакаффил би-л-амр» (дар коре тасаллутдошта) навиштаанд. Яъне, ал-мутакаффил би-л-амр – касест, ки масъул ё ӯҳдарои коре мебошад. Аз сабаби он, ки вазифаи таъмини маош ва пуштибонии моддиву молии хонавода, аз назари ислом, бар уҳдаи мардон мебошад, Худованд дар ин ояти шарифа аз Қуръон мардонро ба унвони пуштибонҳои занон, ки масъулияти таъмини хазинаи зиндагии аъзои хонаводаро ба уҳда доранд, муаррифӣ кардааст. Бинобар ин, ояти мазкур ба маънои фазилат ва бартарӣ додан ба мардон дар муқобили занон нест, балки баёни як вазифаро барои мардон дар баробари хонавода дар бар дорад. Пас аз исботи баробарии мақом ва манзалати мард ва зан дар пешгоҳи Худованд аз дидгоҳи дини мубини ислом, зарур аст, ба саволҳои дигаре, ки дар ин замина матраҳ мешаванд, монанди масъалати мероси зан ва мард, муқаррароти издивоҷ, теъдоди ҳамсарон, ҳаққи талоқ ва амсоли он аз дидгоҳҳои таълимоти Қуръон ва аҳодиси набавӣ посух дода шавад. Ниҳоят, барои дарки дурусти назари мунсифона ва эҳтиромонаи ислом ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои занон, саҳми зан ва мард аз меросро ба ҳайси намуна дар асоси баъзе санадҳои ҳуқуқи исломӣ муқоиса кардан бамаврид мебошад. Ҳуқуқи мерос дар ислом маҷмӯае аз қонунҳо ва муқарраротеро дар бар мегирад, ки муҳаққиқ бидуни шиносоии амиқ бо онҳо, дар бораи моҳият ва мазмуни ҳуқуқи мероси исломӣ ба таври саҳеҳ қазоват карда наметавонад. Таҳлили амиқи масъалаи ирс дар санадҳои гуногуни ҳуқуқи исломӣ нишон медиҳад, ки воқеан ҳам, дар бархе санадҳои ҳуқуқи исломӣ саҳми мард ду баробари зан мебошад, вале дар баъзе санадҳои дигар саҳми зан чанд баробари мард будааст. Инчунин санадҳое низ вуҷуд доранд, ки дар онҳо саҳми баробари мард ва зан дар мерос эълом шудааст. Паёмбари ислом замоне ба танзими масъалаи мерос ва таъмини шароити ҳуқуқӣ ҷиҳати ноил шудани занон ба ҳуқуқи мерос камари ҳиммат баст, ки мардуми нимҷазираи Арабистон ҳуқуқи занон ба меросро ба расмият намешинохтанд. Ҳатто занон дар бисёр сарзаминҳои дигар, ба монанди Эрон дар замони ҳукмронии Сосониён, аз мерос маҳрум буданд. Олими маъруфи эронӣ Саид Нафисӣ дар китоби «Таърихи иҷтимоии Эрон» дар ин хусус менависад: «Духтаре ки шавҳар мекард, дигар аз падар ё кафили худ ирс намебурд ва дар интихоби шавҳар ҳеҷ гуна ҳаққе барои ӯ қоил набуданд» [5, 65]. Акнун барои тавзеҳи бештари низоми мерос дар ҳуқуқи исломӣ, баъзе ҷанбаҳои ин низомро аз назари таҳлил мегузаронем. Бояд эътироф намуд, ки низоми мероси исломӣ низоми табақотии «хешовандмеҳвар» мебошад. Бар асоси қонунҳо ва муқаррароти меросӣ дар шариати исломӣ касоне, ки ба воситаи хешовандӣ мерос мебаранд, ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд. Гурӯҳи якум – падар, модар ва фарзандони майит мебошанд ва дар сурати набудани фарзандон – наберагон, дар сурати надоштани фарзанд ё набера – аберагон ва бо ҳамин усул ҳарчи шаҷараи хешовандии майит дарозтар бошад, ҳамон аз авлодаш ҳуқуқи меросро ноил мешавад, ки бо ӯ наздиктар аст. Баъд аз падару модар ва авлоди майит, ягона шахсе, ки ҳуқуқи меросро соҳиб мешавад, ҳамсари майит мебошад, он ҳам агар шарту талаботи дар санадҳои шаръӣ таъйиншударо риоя карда бошад. Гурӯҳи дуюм – падаркалонҳо (бобою момои падарӣ) ва модарбузургҳо (бобою момои модарӣ) ва бародарону хоҳарони майит, дар сурати набудани хоҳару бародар – авлоди онҳо – мебошанд. Гурӯҳи сеюм – аммаю амак ва тағою холаи майит, дар сурати набудани онҳо – авлоди онҳо мебошанд. Мероси гурӯҳи якум. Барои дарки





