МАҚОЛАҲО

МАҚОЛАҲО, Президент

БА ИМЗО РАСИДАНИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ДАР СОҲАИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМИИ МАҶМААИ ҶАҲОНИИ ТАҚРИБИ МАЗОҲИБИ ИСЛОМӢ

Имрӯз, 16-уми январи соли равон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён имзо гузоштанд. Ҳамин тавр, дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон, байни Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таҳқиқоти илмии Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳум оид ба таҳқиқоти илмӣ ба имзо расид. АБДУЛЛОҲИ ҚОДИРӢ – САРДОРИ ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

МАҚОЛАҲО

МАВЛОНО – ШОИРИ ОЗОДАНДЕШ

Мо барои васл кардан омадем, На барои фасл кардан омадем. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ соли 1207 дар водии Вахши Тоҷикистон, дар хонаводаи Баҳоуддин Валад чашм ба дунё кушодааст. Падараш марди соҳибилму огоҳ ва дар байни мардум аз маъруфияти зиёд бархурдор буд. Мардумон ба ӯ эътиқод ва иродати зиёд доштанд. Бояд гуфт, ки муносибати ӯ бо ҳокими вақт – Хоразмшоҳ дар аввал хуб буд, аммо баъдан сардие дар миёни онҳо падид меояд ва ин сабаб мешавад, ки Баҳоуддин Валад бо тамоми аҳли оилааш Балхро тарк кунанд. Қиссаи дар роҳи Нишопур ба Аттор вохӯрдани онҳо ва ба Ҷалолиддин Муҳаммади хурдсол тақдим шудани «Асрорнома» аз ҷониби ӯ барои ҳамагон маълум аст. Баҳоуддин Валад баъд аз зиёрати Макка рӯ ба Осиёи Хурд овард, зеро дар ин айём Хуросону Мовароуннаҳр ба дасти муғулон афтода, Хоразмшоҳ дар гурезагӣ ба сар мебурд. Бинобар ин, аҳли оилаи Мавлоно ба Қуния, ки ҷои нисбатан амну осоишта маҳсуб мешуд, рафтанд. Мавлоно баъд аз фавти падар ба маснади ӯ нишаста, ба таълиму тадрису ваъз машғул мегардад. Вай дар сояи тарбияти Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ, ки аз шогирдону муридони падараш буд, ба илму маориф рағбат пайдо карда, муддате дар Шом низ касби дониш менамояд. Ӯ дар ҳамин давра бо Шамси Табрезӣ шинос мешавад ва ин ошноӣ тарзи зиндагии ӯро батамом тағйир медиҳад: Шамси Табрезӣ, аз он рӯзе, ки дидам рӯи ту, Дини ман шуд ишқи рӯят, мафхари дил ёд дор. Бояд гуфт, ки пас аз ғоиб гардидани Шамси Табрезӣ, Мавлоно ба Салоҳиддини Зарринкӯб ва Ҳисомиддини Чалабӣ рӯ меорад ва бо онҳо ҳамчун пиру мурид иродат меварзад. Мавлоно соли 1273 дар Қуния вафот менамояд. Қабраш дар он ҷост ва зиёратгоҳи арбоби шавқу завқ ва илму адабу ирфони олам мебошад. Мавлоно аз адибону андешамандони пуркору пуросор ба шумор меравад. «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир» («Девони Шамс»), «Фиҳӣ-мо-фиҳӣ», «Мактубот» ва «Маҷолиси сабъа» аз осори машҳури Мавлоно мебошанд. «Маснавии маънавӣ» аз шаш дафтар иборат аст, ки дар он мавзуот ва мазмунҳои мухталиф баён ёфтаанд. Бинобар ин, бисёре аз абёти китоб ба ҳадде ба зиндагию воқеият гиреҳ мехӯрад ва аз фасоҳату равонию маънии воло бархурдор аст, ки ба сифати такбайт ё масалҳои мардумӣ даромадаанд ва асрҳо боз вирди забони мардуманд. Назири ин байт: Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Мавлоно мисли соири адибони пешқадам, дар пардаи афкори пӯшидаву рамзомез андешаҳои пешқадам ва иҷтимоии худро ба намоиш мегузорад. Воқеан, Мавлоно табъан гӯяндае озодандеш, воқеъгаро буда, дар маркази осори ӯ ҳаёти пурзиддияти инсон меистад. Аммо дарку фаҳми он барои ҳар кас муяссар нест. Хусусан афкори пешқадамонаи шоирро, ки тавассути рамзу киноёт, афсонаву тамсилу ҳикоёт баён ёфтаанд, берун кашидан кори чандон сода нест, аммо ин кор зарурат дорад, зеро, мутаассифона, то имрӯз ағлаб осори ӯ аз дидгоҳи тасаввуф ва дин мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷанбаҳои дигари осори вай, аз ҷумла инсонӣ, миллӣ, хусусан, озодандешии шоир, хеле кам тадқиқ шудаанд. Аз ин рӯ, Мавлоно наҷотдиҳандаи фикри башар аз гирифторӣ ба ғаму андуҳ, аз ғуломӣ, сарояндаи озодӣ, ифшогари таассубу хурофот, намояндагони фирқаҳои мазҳабӣ, воизони риёкор ва амсоли он мебошад. Дар ҳақиқат, Мавлоно, на танҳо ба дину шариати расмӣ пайванд ва пойбанд нест, балки бисёре расму ривоҷи маъмулро нозарур мешуморад ва риоя намекунад. Ӯ дар ин бора гоҳе ошкоро ва гоҳе пӯшида сухан мегӯяд. Чунончи: Соқӣ, биёр он ҷомро, бистон зи ман оромро, Бигзор ин исломро, рав каъбаро бутхона кун. *** Безорам аз он лаъл, ки пирӯза бувад, Безорам аз он ишқ, ки серӯза бувад. Безорам аз он мулк, ки дарюза бувад, Безорам аз он ид, ки дар рӯза бувад. Мавлоно, ки донишманде сутургу равшанфикр аст, ба намозу рӯза, ки риёкорон баҳри ғаразҳои шахсӣ ба ҷо меоранд, беэътино аст. Ӯ рӯи маъшуқаро намоз ва чашмонашро рӯза медонад ва мегӯяд: Рӯи ту намоз омаду чашмат рӯза В-ин ҳар ду кунанд аз лабат дарюза. Ҷурме кардам, магар, ки ман маст будам, Оби ту бихӯрдаму шикастам кӯза! Мавлоно дар ин замина то дараҷае пеш меравад ва ба шинохтани оламу одаму ҳастӣ, хусусан динҳо мерасад, ки дигар эътимодро билкул аз динҳо аз даст медиҳад. Бинобар ин, бо сароҳат мегӯяд, ки ӯ аз миллати ишқ аст, зеро динҳо байни башар нифоқ ва душманӣ меварзанду одам мекушанд: Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост, Ошиқонро миллату мазҳаб Худост. Бунёди фалсафаи Мавлоно бар камолоти инсонӣ асос ёфтааст. Ӯ онҳоеро, ки дар чорчӯби дину шариат худро маҳдуд мекунанд, сарзанишу накӯҳиш намудааст. Чунончи, мефармояд: Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусулмонӣ, Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ. Яъне дар андешаи Мавлоно инсон будан болотар аз мақоми мусулмон будан аст. Мусулмонӣ аввали роҳ аст ва ниҳояти онро камолоти инсонӣ ташкил медиҳад. Ҳамин фалсафаи инсонгароёнаи ӯ буд, ки пайравони тамоми динҳо дар суҳбату маҳфилҳои Мавлоно ҷамъ мешуданд ва баҳра мебурданд. Кору кӯшишро, ки мояи ҳастӣ ва саодату зинда мондани инсон аст, адибони мо аз сапедадами шеъри тоҷикӣ дар осорашон сутудаанд ва талқин кардаанд. Аммо дар тасаввуф, ки бар пояи тақдир ва таваккал поярезӣ шудааст, ризқу рӯзиро аз ҷониби Худо медонанд, ки пешакӣ таъйин шудааст ва ӯ расонандаи он аст. Яъне бе дасту по задан, ҳаракат кардан, кор кардан ҳам метавон зиндагӣ кард. Албатта, ин фикри ғалат аст, ки дар зеҳни мардум, бавижа мусулмонон нишаста ва эшонро танбалу коҳилу коргурезу ақибмонда кардааст, зеро эшон маънии таваккал ва мавқеи коргирӣ аз онро дуруст нафаҳмидаанд. Саросари осори адибони сӯфӣ оганда аз ин андешаи ботил аст. Аммо Мавлоно, баръакс, саъю кӯшиш, дасту по задан, ҳаракат, фикр карданро ба башар талқин мекунад: Чу по дорӣ, бирав, дасте биҷунбон, Туро бедаступоӣ маслиҳат нест! Худшиносӣ аз аркони муҳимми зиндагӣ, сарбаландӣ ва сарфарозии банӣ башар аст. Бидуни худшиносӣ инсон наметавонад аз мақом ва ҷойгоҳи худ бархурдор бошад. Ба назари Мавлоно ҳақиқат яке аст ва ба он чун аз дидгоҳи мухталиф нигариста мешавад, садрангу гуногун менамояд. Ба ақидаи вай душманиҳои мазҳабӣ ва таассубҳои вайронгаре, ки ба номи дин барангехта мешаванд, пайомади ҷаҳлу ғафлат аст: Аз назаргоҳ аст, ай мағзи вуҷуд, Ихтилофи муъмину габру ҷуҳуд. Тибқи фармудаи Мавлоно, аз он ҷо, ки ақлу идроки башарӣ нисбат ба ҳақиқати мутлақ маҳдуд аст, одамӣ наметавонад ҳақиқатро он сон, ки ҳаст, бишносад, ба ин сабаб ихтилоф дар таъбир ва тафсири ҳақиқат амре табиӣ ва гурезнопазир аст: Аз назаргаҳ гуфташон шуд мухталиф, Он яке долаш лақаб

МАҚОЛАҲО

ОЗОДАНДЕШӢ ВА ДУНЁМАДОРӢ ДАР РУБОИЁТИ АБУСАИДИ АБУЛХАЙР

То мадрасаву манора вайрон нашавад, Ин кори қаландарӣ ба сомон нашавад. То имон куфру куфр имон нашавад, Як банда ҳақиқатан мусулмон нашавад. Абусаид Фазлуллоҳ ибни Абулхайр соли 966 дар мавзеи Меҳанаи ноҳияи Ховарони Хуросон (наздикии Ашқободи ҳозира) таваллуд шуда, дар соли 1049 дар он ҷо даргузаштааст. Абусаид аз хурдӣ фаҳму ҳуши ҳайратовар дошт. Дар шаҳрҳои Марв, Нишопур ва Сарахс дониш омӯхтааст. Ӯ баъди омӯхтани илм ба Меҳана баргашт. Гоҳ-гоҳе ба Нишопур мерафт. Аз лаҳзаҳои зиндагии Абусаид яке он аст, ки бо Ибни Сино вохӯрда буд. Абуалӣ Сино устоди мантиқ ва ҳикмат буд ва аз тариқи таълимоти машшоъ ё фалсафае, ки қабл аз ислом ва таълимоти Арасту илҳом мегирифт ва пояаш далели ақлӣ аст, бо Абусаид баҳс орост. Вижагиҳои мулоқоти Абусаид бо Ибни Сино дар китоби «Асрор-ут-тавҳид» ин гуна тасвир шудааст: «Хоҷа Буалӣ бо шайх дар хона шуд ва се шабонарӯз бо якдигар буданд ва ба хилват сухан мегуфтанд, ки кас надонист ва низ ба наздики эшон дарнаёмад. Баъд аз се шабонарӯз Хоҷа Буалӣ бирафт. Шогирдон аз Хоҷа Буалӣ пурсиданд, ки Шайхро чӣ гуна ёфтӣ? Гуфт: Ҳар чӣ ман медонам, ӯ мебинад. Ва мутасаввифа ва муридони шайх чун ба наздики Шайх даромаданд, аз Шайх [Абусаиди Абулхайр] суол карданд, ки эй Шайх, Буалиро чун ёфтӣ? Гуфт: Ҳар чӣ мо мебинем, ӯ медонад». Қолаби фикрии ин ду донишманд аз ҳам фарқ мекард: яке (Ибни Сино) ба ақлу мантиқу далел ва дигаре (Абусаид) ба ваҷду ҳол (қалбу эҳсос) такя менамуданд. Миёни Абусаид ва Ибни Сино мукотибаҳо низ сурат гирифтааст, ки номанигории онҳо ба табъ расидааст. Яке аз лаҳзаҳои хотирмон ва ҷолиби ҳаёти Абусаид ин буда, ки фақеҳони Нишопур боре ба Султон Маҳмуд нома навишта, шикоят кардаанд, ки ин ҷо марде пайдо шуда, бо шеъру тарона сухан мегӯяд, на бо ояту ҳадис. Ҳалли муамморо ба зиммаи халифаи Бағдод вогузор карданд ва ӯ билохира иҷозат дод, ки Абусаид кори худро идома диҳад. Дар бораи аҳволи Абусаид дар асри ХII наберагонаш ду китоб навиштанд: китоби аввал «Ҳолот ва суханони шайх Абусаиди Абулхайр» буда, ҳаҷман хурд аст; китоби дуюм «Асрор-ут-тавҳид фӣ мақомоти шайх Абусаид» ном дошта, бузургтар аст. Аз он чӣ ба ӯ нисбат медиҳанд, муҳаққиқи варзида Саид Нафисӣ як маҷмуае мураттаб намудааст, ки фарогири ҳафтсаду бист рубоӣ ва ҳафтоду ҳашт қитъа мебошад. Абусаид марди хушзабон, ширинбаён, шикастанафс ва меҳрубон буд. Нақлу ривоятҳое дар заминаи зиндагиномаи Абусаид ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, ривоят мекунанд, ки шайх рӯзе бо муридонаш дар калисои насрониҳо ҳузур ёфт ва ин кори ӯ дар он рӯзгор боиси иттиҳоду улфат гардид. Дар панду роҳнамоӣ ҳам тариқи лутфу муҳаббатро пеш мегирифт, чунонки ҳикояти зайл далели ин гуфтаҳост: «Ҳам дар он вақт, ки Шайхи мо ба Нишобур буд, рӯз ба гӯристон хира мешуд, бар турбати машоих расид, ҷамъеро дид, ки дар он мавзеъ хамр мехӯрданд ва даф мезаданд. Суфиён дар изтироб омаданд ва хостанд, ки эҳтисоб кунанд [онҳоро ҷазо бидиҳанд] ва эшонро биранҷонанду бизананд. Шайх иҷозат надод». Абусаид аз шикастанафсӣ ва хоксории вижа бархурдор буд ва такаббурро написандида, худро аз касе боло намегирифт. Ин қисса низ маъруф аст, ки ҳангоми беморӣ аз Абусаид пурсиданд, ки дар пеши тобутат аз «Қуръон» чӣ бихонанд? Гуфт: Ҳеҷ, байт кофӣ хоҳад буд: Хубтар андар ҷаҳон аз ин чӣ бувад кор, Дӯст бари дӯст рафту ёр бари ёр. Он ҳама андуҳ буду ин ҳама шодӣ, Он ҳама гуфтор буду ин ҳама кирдор. Абусаид таассубро дар ҳеҷ шакле қабул надошт ва як умр бо ҷаҳолату бехабарӣ мубориза бурд. Ӯ дар рубоии машҳураш («То мадрасаву манора вайрон нашавад»), ки дар оғози матлаб оварда шуд, кори қаландариро дар ба ҳам омезиш додани куфру имон, ки сабаби таҳаммулпазирӣ, гуногунандешӣ ва баҳамоии инсонҳо мегардад, зарур шумурдааст. Ба таври шоиста зиндагӣ кардан, аз худ номи наку гузоштан ва баъди даргузашт боиси ангушт газидани мардум гардиданро Абусаид муҳтаво ва мазмуни зиндагии инсонӣ донистааст: Ин умр ба абри навбаҳорон монад, Ин дида ба сели кӯҳсорон монад. Эй дӯст, чунон бизӣ, ки баъд аз мурдан, Ангушт газидане ба ёрон монад. Мусаллам аст, ки рубоӣ аз навъҳои хеле маъмули назми форсии дарии тоҷикӣ дар асрҳои даҳум ва ёздаҳум ба шумор рафта, тамоми шоирони давраҳои гуногун аз он барои расонидани ҳадаф ва матлабу мазмунҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, адабӣ, маърифатӣ ва фалсафӣ васеъ истифода бурдаанд. Дар баробари ин ки ҳамаи шоирони бузург рубоӣ ва дубайтӣ эҷод кардаанд, барои як иддаи донишмандони суханвар рубоӣ василаи изҳори завқу маром будааст. Рубоиёти Абусаиди Абулхайрро, аз рӯйи мазмун ва муҳтаво метавон ба рубоиёти иҷтимоӣ, ишқӣ ва дунявӣ тақсим кард. Албатта, вақте ки масоили иҷтимоӣ дар шеър инъикос меёбад, мазмунҳои ишқӣ ва дунявию маданӣ ба дунболи он мавқеъ ва ҷойгоҳ касб менамоянд. Муҳим аз ҳама ин аст, Абусаиди Абулхайр ҳаргиз аз масири зиндагии индунёӣ канор нарафт ва то охири умр барои бозгӯ кардани мушкилот ва масъалаҳои иҷтимоӣ ва дунявӣ ҳиммат гумошт. Аз тарафи дигар, ӯ инсони заминӣ буд ва бо мушкилоту печидагиҳои зиндагӣ ҳамарӯза дасту панҷа нарм мекард. Табиист, ки зиндагӣ ва умри инсониро муқаддас ва гиромӣ медонист ва ба манзараҳои рӯзгор воқеъбинона менигарист. Дар ҳоле ки суфиён ва орифон ба зиндагии инҷаҳонӣ чандон аҳамият қоил набуданд ва гӯшанишиниро ба унвони меъёри зиндагии суфиёна пазируфта, ин тарзи зиндагиро шараф медонистанд, Абусаид лаҳазоти умр ва зиндагиро қадр мекард ва инсонвор зистанро асоси умрфарсоӣ медонист. Чун ҳадафи мо баррасии дидгоҳи дунявии Абусаиди Абулхайр аст, ба силсилаи рубоиёте, ки мазмунҳои иҷтимоӣ ва дунявӣ доранд, таваҷҷуҳ мекунем. Абусаиди Абулхайр дар рубоиёти худ ҳамчун як озодандеш, зиндагипараст ва дунёмадор ҷилва мекунад. Гоҳ аз фалак гилаву озор мекунад, гаҳ ишқу муҳаббати безавол ва маъшуқро меситояд, гоҳ воқеияти зиндагиро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад, гаҳ дуди фарёдаш ба осмон мепечад, гоҳ ҷуръату ҷасорат ба зиндагиаш маъно мебахшад. Абусаид дар ҳар ҳолат ва вазъи зиндагӣ аз ҳасту буди хеш дарак медиҳад ва дар муқобили руҳафтодагӣ ва яъсу ноумедӣ бурдборона меистад. Муҳимтар аз ҳама, афкори Абусаид бо озодандешӣ ва инсонсолорӣ ҳамроҳ аст ва шоир тавассути рубоиёт эътирозоти иҷтимоӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва мадании худро изҳор медорад. Ӯ аз ҷумлаи шоирони аввалине буд, ки дар шароити зулму истибдоди гӯшношуниди динӣ тавассути шеъру тарона, махсусан, рубоӣ ба масири озодандешӣ роҳ ёфт ва аз ин тариқ бо ҷаҳлу таассуб ва хурофот мубориза кард. Абусаид мисли Хайём [мисраъҳои Хайём «Сад каъбаи обу

МАҚОЛАҲО

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлол аст

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият исбот намуд, ки тамоми афкору маънавиёташ аз қаъри дили мардум реша гирифта, фаъолияташ ба манфиати халқ равона шудааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлолияти мамлакат буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад». Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалигардонии ормонҳои мардум тавонист нақши мондагор гузорад. Нақши ин ҳизби сиёсӣ дар рушди иқтисодиёти навини Тоҷикистон беназир буда, талошҳои барномавии он ба зиндагии шоистаи мардум равона гардидаанд. Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО

ТОҶИКИСТОН СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ШУД

6 – уми сентябри соли равон дар шаҳри Москва шоҳкитоби Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино “Қонуни тиб” дар Озмуни XXI байналмилалии “Санъати китоб”-и кишварҳои узви ИДМ барандаи Шоҳҷоиза шуд. Дар маросими тантанавии эътои ҷоизаҳо, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Москва” баргузор шуд, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода иштирок ва дипломи Озмунро қабул намуд. Китоби «Қонуни тиб»-и Ибни Сино дар як муҷаллади бузурги хушрангу тарҳ ба забони модарии шайхурраис ва хатти сириллик тавассути Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик” ба чоп расидааст. Нашри наву мукаммали «Қонуни тиб» бо тарҷумаи донишманди маъруфи тоҷик шодравон Саййиднуруддин Шиҳобуддинов дар камоли зебоӣ аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ бо риояи низоми волои илмии замони муосир анҷом шудааст. Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи 21-уми Озмуни байналмилалии “Санъати китоб” рӯзҳои 7-8 августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд ва натиҷаи он имрӯз дар шаҳри Москва эълон гардид.

МАҚОЛАҲО

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ

Истиқлол бузургтарин дастовардест, ки марҳалаи нави давлатдории миллӣ аз он оғоз мешавад. Ин паёмади таърихӣ омили иттиҳоду сарҷамъии мардум, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувият ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи шаъну шараф ва ҳастии миллат гардид. Муҳимтарин вазифаи халқи тоҷик имрӯз ҳифзу таҳкими истиқлолият мебошад. Зеро, ин вазифаест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба сифати ғояи миллӣ муайян намуда буд. Истиқлоли давлатӣ беҳтарин ҷавҳарест, ки фаъолияти ҳокимиятро таъмин карда, роҳбарии сиёсию ҳуқуқии як давлатро мукаммал менамояд. Қисми асосӣ ва муайянкунандаи моҳияти истиқлоли давлатӣ ин муносибати сиёсию ҳуқуқӣ байни субъектҳои он – шахс, халқ, ҷомеа, ҷамъияти иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва давлат мебошад. Албатта, масъалаи истиқлоли сиёсӣ ва таҳлилу тадқиқи ҳамаҷонибаи он дар шароити муосир ба муҳимтарин мавзуи пажӯҳиши илмию академӣ табдил ёфтааст. Бисёр падидаҳо ва равандҳои ҷомеа аз инкишофи мутассили истиқлоли кишвар бар меоянд. Истиқлоли сиёсӣ, ки сатҳи олии истиқлол аст, бо масъалаҳои дигари тақдирсози давлатдорӣ робитаи ногусастанӣ дошта, яке дигареро комил мегардонанд [1, c. 7]. Мустақилият ин ҳокимияти худмухтори берунии ҳокимият буда, қобилияти фаъолиятро инъикос мекунад ва принсипи ҳал ва иҷрои онҳоро бе таъсири беруна иҷро менамояд. Яъне, истиқлоли давлатӣ ҳолатест, ки ҳамеша ба амният ва тартиботи сиёсӣ ниёз дорад, мустақилияти том бошад, дар сурати иҷрои амнияту озодии мардум имконпазир мегардад. Назарияи истиқлоли сиёсӣ ва таҳаввулоти он дар замони муосир бо масъалаҳое рӯбарӯ гардида истодааст, ки бештар ба идеология ва муносибатҳои нави ҷаҳонӣ вобастагӣ доранд. Инчунин, назарияи истиқлоли давлатӣ бо дарназардошти манфиатҳои стратегии кишварҳои абарқудрат ва соҳибистиқлоли пешин ба амал омада, татбиқи он маҳз дар вазъи гуногун имконпазир мебошад. Ҳамзамон, назария ва амалияи истиқлол истисно набуда, рушду нумӯъ ва озодию мустақилияти мардумро ба вуҷуд оварда метавонад. Истиқлоли комил доштан пеш аз ҳама, дар бунёди давлати миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад ва ба нишондиҳандаи обрӯи миллату давлати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, ки дар муаррифии он нақши Пешвои миллат бузургу мондагор аст. Дар умум, истиқлоли давлатӣ барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва рушди давлатдории миллӣ дар дурнамои миёнамуҳлату дарозмуддати кору имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, метавонад боиси таҳаввулоти нави ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ гардад. Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарафу эътибори ҷаҳонии миллат аст [2, c. 28]. Нақш ва фаъолияти сиёсию бунёдкорони Пешвои миллат дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пойдории истиқлоли давлатӣ бузургу ибратомӯз аст. Бинобар ин, имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки тамоми халқи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон фаъолияти созандаи ӯро ба пуррагӣ дарк намудаанд, ки маҳаки сиёсати онро созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва нигоҳ доштани ваҳдати сартосарӣ, бедор намудани худшиносии миллӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар ташкил медиҳад. Ҳамзамон, фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ҷомеаи демократӣ шаҳодати он аст, ки он ҳамчун шахси оқилу дурандеш ғамхори мардум дар амалӣ шудани орзуву ормони ҳар фарди Ватан саҳмгузор мебошад. Ҳамин тавр, вазифаи ҳар яки мо дар чунин шароити бархуди манфиатҳо бо андешаи созандаю амалкардҳои оқилона ҳифзи якпорчагии Ватан, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва ободкориву созандагӣ мебошад. Бинобар ин, ҳар нафаре, ки назари хайр ба ояндаи неки фарзандонаш дорад, барои пойдории истиқлоли давлатӣ талош мекунад. Адабиёт: 1. Зокиров Г.Н. Истиқлолияти сиёсӣ. – Душанбе.2006. – 156 с. 2. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Ҷилди 3. – Душанбе, 2006. – С. 28. Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шоев Фируз Маҳмадаминович – сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Прокрутить вверх