МАҚОЛАҲО

МАҚОЛАҲО

ГУРӮҲБАНДИИ ДИНӢ ВА ҲИЗБҲОИ БА НОМ ИСЛОМӢ

Ҳанӯз аз оғози густариши дини ислом истифодаи ғаразноки дин баҳри амалӣ намудани мақсадҳои сиёсӣ мушоҳида мешавад. Ашхоси алоҳида, гурӯҳҳо ва ҳатто баъзе давлатҳо низ динро ҳамчун василаи таъсиррасонӣ ба мардум ва пиёда намудани ҳадафҳои худ истифода мебурданд. Аввалин гурӯҳе, ки ин амалро анҷом дод, аҳли хавориҷ дар муҳорибаи Сиффин буданд. Аҳли хавориҷ варақҳои Қуръонро ба нӯги найзаҳояшон насб карда, ба ҳамин васила аз кушта шудан эмин монданд. Дар замони хилофати умавиён, аббосиён, фотимиён ва дигар сулолаҳо минбари масҷид моҳирона ба манфиати гурӯҳҳои мухталиф хизмат мекард. Масалан, барои барканор намудан ё баръакс, сари қудрат овардани ягон ҳоким, рӯҳониён дар хутбаҳои худ ба он шахсият ё сано мехонданд ё лаънат мефиристоданд. Чунин истифодабариҳо аз ислом бисёр таъсирбахш ва натиҷанок буд. Дар оянда гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба таъсиси ҳар гуна равия ва ҳизбҳои ба ном исломӣ пардохтанд. Масалан, гурӯҳи «Ихвону-л-муслимин» – «Бародарони мусулмон» аслан барои ба сари қудрат омадани як иддаи муайян таъсис дода шуд. Яке аз саркардагони ин тоифа Саид Қутб тафсири «Зилол» навишта, дар он оятҳои Қуръонро ба фоидаи худ тафсир намуда, ба Қуръони карим характери сиёсӣ дод. То ҳол китоби мазкур боиси ихтилофи мусулмонон буда, дар аксар давлатҳо интишори он мамнуъ гаштааст. Натиҷаи фаъолияти «Ихвону-л-муслимин» таркишҳо ва кушторҳои садҳо нафар бегуноҳон, ташкили гирдиҳамоиҳо ва бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии давлати Миср ва нооромиҳо дар дигар минтақаҳои ҷаҳон мебошад. Номи ташкилоти «Ихвону-л-муслимин» дар воқеаҳои хунини солҳои навадум дар Тоҷикистон низ садо медод, ки аз мудохилаи онҳо баҳри куштори мардум дарак медиҳад. Ташкилотҳои экстремистӣ-террористии “Ҳизби Таҳрир”, “Ҳаракати исломии Туркистон”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Салафияи ҷиҳодӣ”, “Давлати исломӣ” ва садҳо созмону ташкилотҳое вуҷуд доранд, ки дини исломро ҳамчун василаи фиреби мардум истифода мебаранд. Бешак хатарноктарини онҳо Салафияи ҷиҳодӣ ба шумор меравад, зеро ҷараёни салафия дорои идеологияи хос мебошад, ки ҳамаи ташкилотҳои террористии муосир аз таълимоти салафияи тундгаро сарчашма мегиранд. Дар натиҷаи таҳрифи таълимоти динӣ, ҳазорон мусулмонон фирефта шуда, бо шиорҳои давлати исломӣ, ҷиҳод дар роҳи Худо, шаҳид, савоб, адолат ва амсоли инҳо ба сафи ташкилотҳои ифротӣ ва террористӣ шомил шуда, садҳо ҳазор мусулмононро ба қатл мерасонанд ва давлатҳои ободро хароб мекунанд. Баъди соҳибистиқлол шудан дар Тоҷикистон низ чанд гурӯҳу фирқаҳои ба ном исломӣ таъсис дода шуда, дини ислом барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ истифода карда шуд. Солҳои навадум – айёме, ки мо тоҷикон аз тобеияти шӯравӣ баромада қадамҳои аввалини мустақил мегузоштем. Мардум баъд аз муҳосираи 70 сола боз ба асли хеш бармегашт, дини исломро муқаддас ва ходимони дин – муллову эшонҳоро поку биҳиштӣ мепиндошт. Бинобар ин, ҳар сухани диндорон мисли ояти Қуръон барои бархе аз ҳамватанони мо муқаддас ва иҷрои он фарзу суннат маҳсуб меёфт. Аз чунин вазъ истифода намуда, баъзе эшонҳои номдору муллоҳои шинохта мардумро ба майдонҳо бароварда, муқобили ҳамдигар барангехтанд. Чунин гурӯҳбозӣ ва тафриқа қариб 150 ҳазор кушатаро ба бор овард. Куштани фарзандони тоҷик, хонаҳои сӯхтаву доду фиғони модари зор, нолишҳои ятимони бегуноҳ ва дуои бади ҷабрдидагон… Ҳамаи ин баҳри ба сари қудрат омадан, ба даст овардани моли дунё, сохтани хонаҳои пурҳашамат, харидани мошинҳои гаронарзиш. Аммо моли мардум ба касе насиб намекунад! Агар имрӯз боре тааммул кунем, мебинем ки ягон нафар золим, қотил, дузд ё роҳзан, ки хонаи мардумро сӯхта, молашро талаву тороҷ кард, ба мақсад нарасид. Ҳамаи онҳо хору залил шуданд. Ибтидо аз саркардагон, интиҳо то роҳзану қотили қаторӣ ё ба азобу шиканҷа мурданд ё дар маҳбас рӯзҳои охирони ҳаёташонро сипарӣ мекунанд. Ҳақ ба ҷониби Рӯдакии бузург аст, ки фармуд: Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт, Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт! Дар дини ислом гурӯҳбандиву ҳизббозӣ нест! Худованд ба ҳеҷ як ҳизбу гурӯҳи ба ном исломӣ ниёз надорад, зеро дар Қуръони карим мефармояд: Ал-явма акмалту лакум динакум … Имрӯз дини шуморо мукамал сохтам … Аз ояти мазкура бармеояд, ки дини ислом дини мукаммал буда, дар он ягон нуқсону камбуд нест. Агар ислом ба гурӯҳбандиву ҳизб эҳтиёҷ медошт, Расули акрам (с) аввалин ҳизбро таъсис медоданд. Аммо он Ҳазрат баръакас мусулмононро ҳушдор доданд, ки баъд аз ман ислом ба 73 фирқа тақсим меёбад ва ҳамаи онҳо ба ҷуз аҳли суннат ва ҷамоат вориди дӯзах мегарданд. Зеро ҳизбу гурӯҳҳои гуногуни ба ном исломӣ ба мусулмонон бадбахтӣ оварда, онҳоро муқобили ҳамдигар бармеангезанд. Мутаассифона, гурӯҳбандиҳои динӣ ва корҳои тарғиботии онҳо имрӯз ҳам идома дошта, боиси бадбахтии мардуми мусулмон мегарданд. Ҷавонони ноогоҳ ва ҷоҳил ба даъватҳои баъзе исломгароён бовар карда, ба ташкилотҳои террористӣ шомил мешаванд. Чунин ҷавонон доғи падару модар, ватану миллат буда, баҳри баргардонидани онҳо аз ин роҳи зишт ва фаҳмонидани асли таълимоти исломӣ мо бояд масъулият ҳис кунем. Саволе ба миён меояд, ки падару модарон фарзандони худро чӣ гуна тарбия мекунанд, ки онҳо муқобили ватану миллати худ қиём мекунанд? Ходимони дин, масъулон, муаллимон, хешу табору ҳамсоягон дар куҷо буданд? Чаро мо роҳ додем, ки фарзандони мо террорист шаванд? Ин айби кист? Айби ҳамаи мо, айби ҷомеа аст, ки бетарафиро ихтиёр намудаем! Агар ҳамин хел муносибат идома ёбад, аз беэътиноии худи мо миллатамон дар арсаи ҷаҳонӣ бадном мешавад. Пас чӣ бояд кард? Дар ҷомеаи навини Тоҷикистон байни ҷавонон бояд ақидаи солимро тарғиб кард, маърифати онҳоро боло бардошт, то ки таблиғоти ифротгароёнро бидуни таҳқиқ қабул накунанд, онҳо тавонанд ҳамсолони гумроҳи хешро аз роҳи пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷаҳолати динӣ боз доранд. Аз тарафи дигар, ҷомеаро зарур аст, ки ноогоҳии сиёсӣ ва дараҷаи пасти ҷаҳонбинии ҷавононро бартараф созад. Пайваста корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар бораи сабабҳои зуҳури фундаментализм ва экстремизми динӣ, мақсадҳо ва ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротгаро, дарки моҳияти таҳдидҳои мафкуравии замони муосир, таҳдидҳо ба амнияти миллат ва давлат ба роҳ монда шавад. Дар ниҳоди ҷавонон масъалаҳои ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ расидан тарбия карда шавад. Мо бояд ҳушёр бошем ва аз оқибати ҳалокатбори тафриқаандозию фирқагароӣ амиқ биандешем. Феълан моро мебояд, ки бедорию зиракиро аз даст надиҳем ва набояд фирефтаи шиорҳои дурӯғини ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ба зоҳир исломию дар асл экстремистию террористӣ шавем. Ҷавонони мо бояд ҳушёру зирак бошанд, то ба доми ин шахсони фитнагар наафтанд ва ҳаёти ширини худро аз даст надиҳанд. Насиҳати зебо ва пурмазмуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки «ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд», ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунанд. Мо бояд садди роҳи нияти ғаразноки гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ гардем,

МАҚОЛАҲО

Саҳми мутафаккирони тоҷику форси ҳавзаи Хуросони Бузург дар ташаккули тамадуни исломӣ: Робиаи Балхӣ. Бахшида ба 1050-солагии Робияи Балхӣ

Асрҳои миёна барои тоҷикон, барҳақ, давраи тиллоии таърихи миллӣ маҳсуб мешавад. Пас аз суқути империяҳои бостонии аҷдодии худ – Каёниён, Ҳахоманишиниён, Кушониён, Ҳайтолиён бори дигар дар аввалҳои асрҳои миёна фарзандони фарзонаи ин миллати куҳан эҳёгарии нави миллиро оғоз ниҳоданд. Дар ибтидо, ҳамчун меросбарони давлатҳои бузурги минтақа, таҷрибаи давлатдории аҷдодиро барои ҷомеаи нави таърихӣ дар доираи васеътари халқҳову мардумони гуногун дар иҷтимои ягонаи навзуҳури густардатаре бо номи – мусулмонон пешниҳод ва амалӣ карда, хилофати исломиро дар ҷомаи фарҳанги бузурги аҷдодии хеш бо падидаҳои нав печиданд ва бад-ин восита тавонистанд аз фарҳангу тамаддуни ҷаҳонгири гузаштаи худ ҳимоят кунанд ва ҷойгоҳи арҷмандонаи онро дар сохтори ҷомеаи навини он замон пайдо намоянд (Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ. Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои 7-15). Душанбе: «Эр-граф», 2022, саҳ.3). Яке аз чеҳраҳои нодир ва шоистаи таърихи адабиёти тоҷик, яке аз намояндагони давраи тиллоии ташаккули таърихи тоҷикон аввалин шоираи тоҷикзабон Робиаи Балхӣ мебошад. Вай нахустин зани шоираи тоҷикзабон ба шумор меравад, ки дар тазкираҳои адабӣ аз ӯ бо эҳтиром ёд кардаанд. Робиа дар ҳусну ҷамол, фазлу камол, зеҳни тез ва қудрати шоирӣ ба форсӣ, дарию арабӣ машҳур буд. Робиа дар муҳите ба воя расид, ки илму адаб қадр дошт. Бо таваҷҷуҳи падари хирадмандаш, ӯ таълими хуб гирифт ва дар забони форсӣ-дарӣ ва санъати шеър ба дараҷаи баланди камол расид. Табъи шоирона, ҳисси зебоӣ ва ҷаҳонбинии фарохи ӯ боиси он гардид, ки ашъораш аз садоқат, эҳсос ва покдилии занона пур бошад. Робиаи Қуздории Балхӣ (ар. رابعة بنت کعب القزداري‎), маъруф ба Робиаи Балхӣ, нахустин шоираи тоҷикзабони ҳамдавра бо аҳди Сомониён ва Абуабдуллои Рўдакӣ мебошад. Робиа бинти Каъб Қуздорӣ дар нимаи аввали асри чаҳоруми ҳиҷрӣ / 10-и мелодӣ, яъне тақрибан ҳазор сол пеш, дар шаҳри куҳанбунёди Балх ба дунё омадааст. Балх он замон маркази бузурги илму фарҳанг, дину мазоҳиб ва мактабу андешаҳои гуногун буд. Падари Робиа Каъб Қуздорӣ марди донишманд ва обрӯманд буда, дар давраи салтанати Сомониён дар Систон, Қандаҳор ва Балх ҳукумдорӣ мекард. Бино бар фарзанди чаҳоруми оила буданаш, ўро Робиа (رابعة – Робиъа – чаҳоруми ҷинси занона) ном ниҳодаанд. Робиа бо забонҳои тоҷикию арабӣ шеър сурудааст. Таърихи дақиқи соли таваллуд ва вафоташ маълум нест, аммо бино ба маълумоти баъзе сарчашмаҳо ў дар асри 10, дар оилаи бонуфузи замони хеш ба дунё омадааст. Падараш араб буда, ба қисмати шарқии сарзамини Порс (Хуросон) муҳоҷират карда, дар ин ҷо бо яке аз бонувони маҳаллии тоҷик издивоҷ намудааст (Sinha M. K. The Persian World: Understanding People, Polity, and Life in Iran, Afghanistan, and Tajikistan. — Hope India, 2005. — P. 118- 151 p.). Маълумоти араб будани падари ў дар «Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои 7-15)» зикр шудааст (Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ. Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои 7-15). Душанбе: «Эр-граф», 2022, саҳ.5). Падараш мансабдори ҳарбии Шоҳ Насри 2-и Сомонӣ буда, дар наздикии шаҳрҳои Балх ва Қуздор ифои вазифа мекард. Аз ҳамин сабаб Робия тахаллусҳои Балхӣ ва Қуздориро истифода бурдааст. Инчунин, Робия тахаллуси Зайну-л-араб (زين العرب‎” – Соҳибҷамоли Араб»)-ро низ доро буд (Оқобузурги Теҳронӣ. Аз-зориъа ила тасанифи аш-шиъа. Нашриёти «Дору-л-ъадва», 1986, ҷилди 9, қисми 2, саҳ. 294). Ва шояд дар ашъори арабии худ Зайнулараб тахаллус мекардааст, ки баъдтар Фаридуддини Аттор дар «Илоҳинома» ва Ризоқулихони Ҳидоят дар «Маҷмаъул фусаҳо» бо ин унвон аз ў ёд мекунанд. Ба гумони мо бо чунин тахаллус шеъри арабӣ гуфтани Робиа шояд сабаб гардида бошад, ки дар бархе аз сарчашмаҳои адабӣ ўро шоираи арабизабон ва барғалат мансуб ба миллати араб донистаанд (Анзурати Маликзод. Робиаи Балхӣ ва ашъори ў. ҶДММ «Меҳроҷ Граф», – Душанбе, 2025, саҳ.3). Робияи Балхӣ дар шаҳри Балхи Афғонистон аз дунё даргузашта, оромгаҳи ў дар қисмати марказии шаҳри Балх, дар наздикии масҷиди Хоҷа Абунасри Порсо ҷойгир аст (Рейснер М. Л., Ардашникова А. А. Персидская литература IX–XVIII веков. Том 1. Персидская литература домонгольского времени (IX – начало XIII в.). Период формирования канона: ранняя классика. — 2019. — С. 67). Оид ба ҳаёти Робияи Балхӣ то ба замони мо маълумоти хело каме (ба ҷуз ҷузъиёти вафоти ў) расидааст. Ин маълумот низ бо мурури замон ба қиссаи аҷибе табдил ёфтааст. Дар «Илоҳинома»-и Шайх Фаридуддин Муҳаммад бин Иброҳим Аттор (1145-1221) қиссаи ошиқии ў оварда шуда, дар «Тазкирату-л-авлиё» оиди ў навиштааст: «Хосса Робиа, ки дар муъомалот ва маърифат мисл надошт ва муътабари ҷумла бузургони аҳди хеш буд ва бар аҳли рўзгор ҳуҷҷате қотеъ буд» (Шайх Абуҳомид Муҳаммад бин Абубакр Иброҳим Фаридуддин Аттори Нишопурӣ. «Тазкирату-л-авлиё».Теҳрон, нашриёти «Беҳзод», 1377 ҳ.қ., саҳ.70) . Зиндагии Робиа, саршор аз муҳаббат ва фоҷиа буд. Вақте падари Робия фавтид, мансаби ўро писараш Собит соҳиб шуд. Тибқи қисса, дар оилаи онҳо ғуломи зебое бо номи Бектош хидмат мекард ва Робия ба ин ғулом дил баста буд. Ин ишқ дар он замон бо урфу одатҳои ҷомеа мувофиқат надошт, зеро ғулом мақоми поин дошт ва чунин муносибат ғайриқобили қабул шумурда мешуд. Аммо Робиа ишқи худро пинҳон карда натавонист. Ӯ ба воситаи шеър дили пурдардашро холӣ мекард ва эҳсосоти поку сӯхтаи худро ба варақ месупурд. Ин қисса ба дарбори Сомониён расида, дар байни ашроф, ҳангоме Собит низ дар он ҷо ҳузур дошт, муҳокима мешавад. Аз ин қисса бародараш огаҳӣ ёфта, асабонӣ мешавад ва Робиаро бо вуҷуди бегуноҳияш ба қатл маҳкум мекунад. Ӯро ба ҳаммом бурда, рагҳои дасташро буриданд. Дар он лаҳзаҳои дардноки охир Робиа бо хуни худ охирин дубайтаи хешро дар девори ҳаммом менависад, ки нишонаи садоқати ӯ ба муҳаббат мебошад: Азизам, алвидоъ дар оташу хун, Бирафтам аз ҷаҳон пурдард берун. Маро бе ту ҳаромаст зиндагонӣ, Ман-ат рафтам, ту ҷовидон бимонӣ. Пас аз марги Робия Биктош аз зиндон фирор менамояд вале аз марги Робия фаҳмида, бармегардад ва Ҳорисро ба қатл мерасонад. Пас аз ин худкушӣ намуда, ресмони зиндагии худро мебурад. Аз ин қиссаи ошиқонаи Робия бо Биктош шоири форсу тоҷики асри 19 Мирзо Ризоқулихони Ҳидоят (1802-1879) илҳом гирифта, дар ин мавзӯъ манзумае ба номи «Гулистони Ирам» навиштааст. Моҳи ноябри соли 2025 дар ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робияи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд. Мояи ифтихори ворисони аввалин зани суханвар дар таърихи адабиёти форсу тоҷик, нахустин шоираи порсигўй – тоҷикони тамоми дунё аст, ки ҷашни солгарди шоири шинохтаи форсу тоҷик Робияи Балхӣ – ҳамзамони Рӯдакӣ ва дар даврони Сомониён умрбасарбурда, дар арсаи байналмилалӣ аз таърих ва фарҳанги бойи миллати тоҷик, шинохти

МАҚОЛАҲО

Тавонгарии хирад аз тавонгарии мол болотар аст.

Дар ҳошияи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Мо бояд фарзандонамонро, чи писару чи духтар, хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омӯзонем, забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем. Эмомалӣ Раҳмон Замони муосирро рушди босуръати илму технология меҳисобанд, бинобар ин, аз худ кардан ва дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ ҷорӣ намудани навигариҳои илму техника ва технологияҳои замонавӣ барои ташаккули неруи солиму созандаи ҷомеа шарти асосии баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад. Бо таъкиди Пешвои миллат «ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад». Маҳз илму дониш пояи устувори ҷомеа мегардад. Маърифатдӯстии ниёгон буд, ки дар ҷаҳон то имрӯз ёд мешаванду илмашон рӯи кор гирифта мешавад. Рушди инкишофи ниёгонамон маҳз аз дарёи илму маърифат об хӯрдааст. Ба қавли шоир Анварии Абевардӣ: Дидаи ҷони Бӯалӣ Сино, Шуда аз нури маърифат бино. Ё Абдулқодири Бедил таъкид менамояд, ки: Чашм бар нусхаҳои куҳна бидӯз, Маърифат тоза дафтар аст пирӯз. Маҳз ин таъкиду роҳнамоиҳои ниёгонамонро имрӯз роҳбарияти олии кишвар сармашқи кори худ қарор додаанд ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд. Мо худ шоҳиди онем, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ пайванди илм бо истеҳсолот ба роҳ монда шуда, шумораи муассисаҳои таълимӣ афзуда, онҳо бо таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ таъмин карда шуданд, ки барои омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва муҳандисӣ: риёзиёт, физика ва химия ҷавобгӯ мебошанд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб мерафт, ки раванди бомароми таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ба он робитаи бевосита дорад. Масалан, соли хониши 2001-2002 дар мактабҳои ҷумҳурӣ беш аз 20700 мутахассис намерасид, қариб 5000 нафар омӯзгор бо таҳсили олии нопурра, беш аз 29000 нафар омӯзгор бо таҳсили миёнаи махсус ва зиёда аз 17700 нафар бо таҳсили миёнаи умумӣ омӯзгорӣ мекарданд (Ин рақамҳо аз як мушовараи Вазорати маорифи давр гирифта шуда, дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» 7-уми июни соли 2002 чоп гардида буд). Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ соли хониши 2025 – 2026 эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ба зиёда аз 3 ҳазор нафар омӯзгор расидааст. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сифати таҳсилотро яке аз масъалаҳои асосӣ дар самти таълиму тарбия мешуморад, чунки танҳо саводу маърифат ва илму дониш инсонро аз ҳама бадбахтиву нокомиҳо наҷот мебахшад ва омӯхтани илму соҳибмаърифат кардани ҷомеа ҳам қарз асту ҳам фарз. Ин пайгириҳо дар зиндагии ҳаррўзаи мардум, дар урфу одат, ахлоқу одоб тағйироти ҷиддӣ ворид намуд ва аҳли илму маърифат ҷиҳати омўзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гардидани насли наврас пайваста кўшиш ба харҷ медиҳанд ва ҷавонон низ дарк намуданд, ки «тавонгарии хирад аз тавонгарии мол болотар аст». Сарвари давлат дар мулоқот ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (30-юми августи соли 2025) аҳли илм, аз ҷумла олимони соҳаи педагогикаро вазифадор намуданд, ки «Имрӯз замоне фаро расидааст, ки мо педагогикаи миллии худро бо истифода аз дастоварду навгониҳои замони муосир ташаккул диҳем». Ҳақ ба ҷониби Пешвои ғамхори миллат аст, чунки тарбияи инсон басо душвор, ҷараёни дуру дароз буда, аз гаҳвора оғоз меёбад. Яъне, инсон тамоми умр эҳтиёҷманди ҳидоят ва роҳнамоии бузургон, қабл аз ҳама, шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва муосир мебошад. Ба қавли Абдулқодири Бедил: Тарбия чист? Хок зар кардан, Қатраи обро гуҳар кардан. Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар асари худ «Ахлоқи муҳсинӣ» фармудааст, ки беҳтарин сармоя ва хуштарин перояи мурод одамро таҳсили адаб аст. Адаб муҳофизати нафс буда, аз қавли нописандида ва феъли носутуда худро ва мардумро дар пояи ҳурмат нигоҳ доштан аст. Олимону донишмандон методу тарзу воситаҳои гуногунро дар тарбияи башар истифода бурда, таъкиди онро доранд, ки инсони боақлу ҳушманд тамоми умр меомӯзад ва дар тарбияи худ аз ҳама воситаҳо истифода мебарад. Боиси хушбахтист, ки омӯзгорон дар ҷавоб ба ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат низоми таълиму тарбияро дар заминаи сарватҳои таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои тарбиявии миллат ва бо дарназардошти талаботи замони муосир пеш мебаранд. Вализода Одинашоҳ, сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

МАҚОЛАҲО

Барои ҳар фарди соҳибақлу равшанзамир шукргузорӣ аз Ватан фарз аст! (Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ)

Пешвои муаззами миллат имсол низ дар интиҳои Паёми хеш ба Маҷлиси олӣ ба яке аз сифатҳои хеле муҳим ва зарурии аҳли ҷомеа, бахусус пешвоёни дин – шукргузорӣ аз Ватан таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сароҳатан иброз доштанд: «…Ҳар фарди тоҷике, ки аз ҳамин Ватан менолад, аз ҳамин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ менолад, ношукру носипос ва нотавонбину кӯрнамак аст!» Воқеан ҳам дар нисбати чунин андешаҳои ҳақбинона ва шахсиятсоз бетараф будан ғайриимкон аст. Шахсе, ки аз вожаи «шукр» бехабар аст, аз неъмати Худованд, ки ба мо чунин сарзаминро арзонӣ доштааст, аз меҳнати мардуми ин сарзамин, ки пайваста баҳри ободии Ватан сарф мегардад, аз сиёсати хирадмандона ва сулҳовари Пешвои муаззами миллат, ки барои тантанаи сулҳу осоиш ва гул-гуншукӯфоии кишвар шабу рӯз заҳмат кашида истодааст, ношукрӣ мекунад, чунин шахсро соҳибақлу равшанзамир гуфтан нашояд. Гузашта аз ин, мардуми мо қариб ҳама мусулмонанд. Барои мардуми мусулмон Қуръон, ки сарчашмаи асосии таълимоти динияш маҳсуб меёбад, мефармояд, ки агар шукргузорӣ намояд, пас, Худо неъматашро бар вай меафзояд ва агар носипосӣ кунад, вайро ҷазои сахт интизор аст. (Ниг. Сураи «Оли Имрон», ояти 145; сураи «Ибороҳим», ояти 7). Аз ин нуқтаи назар, шахсе, ки шукргузорӣ намекунад, пас, нисбати дастури Қуръон беэътиноӣ намудааст. Қобили зикр аст, ки шоир низ мазмуни баёнгардидаи Қуръонро хеле зебо ба риштаи назм кашидааст: Шукри неъмат, неъматат афзун кунад, Куфри неъмат, аз кафат берун кунад. Аз ин нуқтаи назар, шукргузорӣ намудану ба қадри неъмат расидан яке аз сифатҳои муҳим ва зарурии ҳар шахси соҳибақлу равшанзамир маҳсуб меёбад. Пурсида мешавад, ки чаро мо шукргузориро танҳо барои шахси соҳибақлу равшанзамир фарз ҳисобидем? Ба хотири он, ки танҳо маҳз ақли биною дили равшан инсонро ба шукргузорӣ ҳидоят мекунад. Зеро маҳз ақли биною замири равшан ва қалби пок ба дидани неъмату сипосгузорӣ аз он имкон медиҳанд. Шахси аз чунин сифатҳои хеле муҳим ва зарурӣ маҳрум тадриҷан мусулмонии худро низ аз даст медиҳад. Зеро шахсе, ки аз неъмати Худо носипосӣ мекунад, пас, дар ҳаёти чунин шахс на танҳо фармудаи Худо, балки худи Худо мавқею манзалае надорад. Шахси носипос, чуноне, ки Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, курнамак аст. Бешак дар чунин шахс ҳам чашми биологияш ва ҳам чашми ақлаш кур аст. Чунин шахсро чашми биологияш нобиност, зеро вай он дигаргуниҳои азимеро, ки дар кишвари мо солҳои охир рух додаасту имрӯз беист сурат гирифта истодааст, имкони дидан надорад. Бе муболиға бояд эътироф намуд, ки шахсе, ки дар давоми 10-15 соли охир ба пойтахт наомада бошад, дар он ба сабаби дигаргуниҳои ҷиддӣ роҳгум мезанад. Тағйироти зикршуда танҳо ҳолати зоҳирии пойтахту навоҳии кишварро фаро мегиранд. Дар дигар самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ низ тағйиротҳо хеле назаррас мебошанд, ки зикр намудани онҳоро инҷо мо зарур намешуморем, зеро онҳо худ равшан айёнанд. Дар хусуси вазъи иҷтимоии мардум танҳо бо чунин далели аҷиб ва таваҷҷуҳангез иктифо мекунем, ки давлат «Қонуни танзим..»ро баровард то мардум зимни барподории тӯю маросими хеш аз исрофкории беҳуда худдорӣ намояд. Барои таъмини риояи Қонуни мазкур ба он ислоҳот низ дароварда шуд. Аммо, мутаассифона, мутобиқи маълумоту мушоҳидаҳои зиёд мардум кӯшиш менамояд, ки ба хотири расидан ба орзую ҳадафҳои деринаи хеш бандҳои алоҳидаи Қонунро нодида гирад. Яъне, новобаста аз қабули Қонуну такмили он иддае аз мардуми ҷомеа зимни барподории тую маросими худ ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Пурсида мешавад: аз куҷо? Аввалан, дар мардум чунин орзуҳои баланд ва кӯшиши амалисозии онҳо аз куҷо пайдо мешавад? Агар ҳолати моддии шахс паст бошад, магар дар вай чунин орзу пайдо мешавад? Сониян, бо вуҷуди қатъӣ будани талаботи Қонуни танзим мардуми кишвар кӯшиш менамоянд, ки тӯю маросими худро ҳамон тавре гузаронанд, ки тарҳрезӣ менамоянд. Бидуни заминаи моддӣ чунин кӯшишҳо аз куҷо пайдо мешаванд? Бешак, ҳамаи ин нишонаи серию пурӣ маҳсуб меёбад. Дар хусуси фаровонии бозору сифати хӯрок ва пӯшиши мардум ҳоҷати гап ҳам нест.Дар робита ба пешрафтҳо дар дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла миқдори нақлиёту сифати хидмати нақлиётӣ чизе намегӯем, зеро ҳатто кӯр ҳам зимни сафар аз як минтақа ба минтақаи дигар инро эҳсос менамояд. Ба андешаи мо, шахси носипосу кӯрнамакро ақлаш низ кур аст. Худованд ақли чунин шахсро аз қобилияти муқоиса намудани ҳолати имрӯзаю дирӯзаи кишвар, қобилияти қиёс намудани тарзи зиндагии худу падару бобои худ, муайян намудани талаботу ҳавасҳои худу падару бобои худ маҳрум намудааст. Агар дар ақли шахс чунин қобилият мешуд, вай ин тафовути ҷиддиро дарёфта, ҳатман шукргузорӣ менамуд. Дуруст аст, ки талаботи аҳли ҷомеа имрӯз пурра қонеъ гардонида нашудаанд. Аммо мунсифона бояд ҷавоб дод, ки талаботи инсон ягон вақт пурра қонеъ мегардад? Чуноне, ки таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, бо қонеъ гардонидани қисме аз талаботҳо талаботҳои нав пайдо мешаванд ва ҳамин тавр, силсилаи талаботҳо беохир идома меёбанд. Таҳқиқу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки талаботи нафси саркашро танҳо ақли биною огоҳ қонеъ гардонда метавонаду халос. Бинобар ин, беҳтарин роҳ барои таскини руҳу оромии хотир боз ҳам шукргузорӣ аз Ватану аз неъматҳои он, аз сарвару сулҳу салоҳи он боқӣ мемонад. Хадиси паёмбар дар робита ба мавзуи матраҳшаванда хеле ба маврид мефармояд: «Шахсе, ки ба одамон ношукрӣ мекунад, ба Аллоҳ низ ношукрӣ мекунад» (Ло яшкуруллоҳа ман ло яшкурунноса). Яъне, ношукрӣ, носипосӣ, чун дар шахс ташаккул ёфт, вай дар ҳама ҳолат рӯ задан мегирад, новобаста аз он, ки объект кадом аст. Шахсе, ки дар нисбати одамон ва ё сарвар ношукрӣ намуд, вай ҳатман, тибқи ҳадиси баёншуда, дар нисбати Худо ва неъматҳои ӯ низ ношукрӣ мекунад. Аз ин рӯ, дар худ ташаккул додани сифати шукргузорию сипос беҳтарин сифати инсонӣ маҳсуб меёбад. Ба андешаи мо яке аз шартҳои шукргузорӣ равшандилию равшанзамирист, зеро барои шукргузору сипосгузор будан сифати рашанзамирӣ низ зарур мебошад. Вобаста ба робитаи мантиқии сипосгузорию равшанзамирӣ ҳатто метавон гуфт, ки равшанзамирӣ худ маҳсули ақли биною огоҳ мебошад. Гумон мекунем, ки агар гӯем, ки ҳастии яке шарти ҳастии дигаре мебошад, муболиға нахоҳем кард, зеро имкон надорад, ки равшанзамирро ақл кур бошад, ё ақли биною огоҳро замираш сиёҳу торик. Аз ин нуқтаи назар, ҳар соҳибақл равшанзамир аст, ва ҳар равшанзамир соҳибақл. Ҳамин тавр, чун ақли биною огоҳ дилро равшан кард, пас, дар дил барои кинаю адоват ва бадбинӣ дигар ҷой намемонад. Охируамр, ақли биною дили равшан ва аз бадбинӣ орӣ накуию бурдбориҳоро зуд дарёфта, ҳатман шукргузор хоҳад гашт. Бинобар ин, сипосгузорию шукргузорӣ барои он фарз хоҳад буд, ки он аз сиришти шахси соҳибақлу равшанзамир чун гармӣ аз оташ ё хунукӣ аз

МАҚОЛАҲО

ФИҚҲИ ҲАНАФӢ ВА ТАТБИҚИ АРЗИШҲОИ УМУМИБАШАРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУСУЛМОНӢ

Идомаи мақола… Аз ибтидои зуҳури мазҳаби ҳанафӣ се мактаби бузург – ироқӣ, мовароуннаҳрӣ ва мисрӣ ташаккул ёфтанд. Минбаъд суннатҳои мактаби мовароуннаҳрии ҳанафӣ дар Ҳинд ва қаламрави империяи Усмонӣ густариш ёфтанд. Ин густариш ба фаъолияти фақеҳони донишманде, чун Абумутеи Балхӣ, Абулайси Самарқандӣ, Абумуқотили Самарқандӣ, Абуҳафси Кабири Бухорӣ, Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ ва садҳо уламову фақеҳони дигар марбут мебошад. Ба андешаи аксарияти муҳаққиқон, фақеҳони пайрави мазҳаби ҳанафӣ, махсусан дар тадвин ва тарвиҷи усулҳо ва қоидаҳои фиқҳӣ, ки барои ҳалли масоили ҳаётии мусулмонон ҳамчун меъёр хизмат мекарданд, нақши барҷаста доранд. Аз ҷумлаи нахустин муаллифони усулҳо ва меъёрҳои фиқҳӣ метавон Абутоҳири Даббос, Абулҳасани Кархӣ, Абуалӣ Аҳмад ибни Муҳаммади Шошӣ, Убайдуллоҳ ибни Умар ибни Исо, Абузайди Дабусӣ ва Наҷмиддин Умари Кархиро номбар намуд. Абутоҳири Даббос аввалин фақеҳе мебошад, ки зарурати коркард ва танзими усулҳои фиқҳиро дарк намуда, шахсан 17 усули фиқҳи ҳанафиро таълиф ва ироа кардааст. Минбаъд шумораи усулҳо ва қоидаҳои фиқҳи ҳанафӣ тадриҷан афзоиш ёфтааст. Масалан, якчанд аср пас аз Даббос, фақеҳи дигари ҳанафимазҳаб Наҷмиддин Умари Кархӣ дар яке аз асарҳояш 99 усул ва қоидаи фиқҳиро баён намудааст, ки ин далели равшани рушди муттасили низоми фиқҳи исломӣ ва саҳми фақеҳони ҳанафӣ дар шаклгирии он мебошад. Дар давраи Сомониён мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун мазҳаби расмии давлатӣ пазируфта шуд. Дар ин бора дар китоби «Савод-ул-аъзам»-и Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ чунин омадааст: «Бидон, ки сабаби таснифи ин китоб он буд, ки бероҳону мубтадеону (бидъаткорон) ҳаводорон ба Самарқанду Бухорову Мовароуннаҳр бисёр шуданд. Пас аиммаву (имомон), фуқаҳову (фақеҳон) уламои Самарқанду Бухорову Мовароуннаҳр гирд омаданд ва гуфтанд: падарон ва аҷдод то буданд, бар тариқи суннат ва ҷамоат буданд. Акнун ҳавоҳои мухталиф пайдо шуд ва моро ҷойи тарс аст». Ин андеша ба амири Хуросон расонида шуд. Амири одил Исмоил ба Абдуллоҳ ибни Абуҷаъфар ва дигар фақеҳон фармуд, ки «мазҳаби рост ва тариқи суннату ҷамоат, он ки падарони мо бар он буданд, баён кунед». Аимма ба Хоҷа Абулқосими Самарқандӣ ишора карданд ва фармуданд: «Пайдо кун моро роҳи рости суннату ҷамоат, он ки Пайғамбар, алайҳи-с-салом, бар он буд». Хоҷа Абулқосим китобро ба забони арабӣ тасниф намуд ва онро ба амири Хуросон пешниҳод кард, ҳамаро писанд омад ва гуфтанд: «Роҳи рости суннату ҷамоат ҳамин аст». Баъдан амир фармуд: «Китоб ба забони порсӣ низ гардонида шавад, то ҳам мардум фаҳманд ва ҳам манфиат бубаранд ва мазҳаб шинохта шавад ва аз ҳаво ва бидъат дур бошанд». Чунончи аз ин порча бармеояд амирони сомонӣ барои густариш ва интишори мазҳаби ҳанафӣ, ки ба сабаби таҳаммулпазирӣ ва васеии андешаи худ бо фарҳанг ва олами маънавии мардумони минтақа созгор буд ва барои таъмини манфиат ва амнияти кишвар мусоидат мекард, тадбирҳои мушаххас андешиданд. Ин равандро минбаъд сулолаҳои ҳоким дар Мовароуннаҳр, Ҳинд ва империяи Усмонӣ идома доданд, ки мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун унсури тавонои пайванди ҳувияти миллӣ ва динии мардумони гуногун ҷойгоҳи муҳим пайдо кард. Сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти миллат ва диёнат намунаи беҳтарини эҳёи муносибатҳои байни давлати миллии тоҷикон ва мазҳаби суннатии ҳанафӣ мебошад, ки ҳамчун рукни меҳварии ташаккули худшиносӣ бо таърихи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дар замони Сомониён пайвастагии ҷиддӣ дорад. Мазҳаби ҳанафӣ на танҳо маъмултарин мазҳаби исломӣ мебошад, балки ҷузъи хотираи таърихӣ ва хамирмояи худшиносии миллӣ ва худошиносии тоҷикон ва дигар халқҳои мусулмон ҳам ба шумор меравад. Ин мазҳаб дар миёни дигар мазоҳиби исломӣ бо гароишҳои ақлонии худ маъруф аст ва аз ин сабаб онро «мазҳаби аҳли раъй» низ меноманд. Дар асри Имом Абуҳанифа мактаби ироқии фиқҳ ё «мазҳаби ироқии ақл», ки маркази он шаҳри Кӯфа буд, шуҳрати азиме ба даст овард. Решаи ин мактаб то замони Алӣ ибни Абутолиб ва Ибни Масъуд мерасид. Устоди Имом Абуҳанифа, Имом Ҳаммод ибни Сулаймон (ваф. 120 ҳ./737 м.), шогирди барҷастаи худ Нуъмон ибни Собитро дар давоми ҳаждаҳ сол, то дами маргаш, дар ҳавзаи бобаракати ҳамин мактаб бо нозукиҳои илми фиқҳ ошно сохт. Ба ғайр аз ҳавзаи фиқҳии Кӯфа, дар он давр дар сарзаминҳои исломӣ чанд мактаби дигар бо гароишҳои хос вуҷуд доштанд, ки онҳоро метавон чунин тақсимбандӣ кард: – Мактаби аҳли тафсир дар Макка бо роҳбарии саҳобии донишманд Абдуллоҳ ибни Аббос; – Мактаби аҳли ҳадис дар Мадина, ки поягузори он ҳазрати Оиша, Умар ибни Хаттоб, Абдуллоҳ ибни Умар ва Зайд ибни Собит буданд; – Мактаби аҳли раъй (ақлгароён) дар маркази шаҳри Кӯфаи Ироқ, роҳбарии онро Абдуллоҳ ибни Масъуд ва Алӣ ибни Абутолиб ба уҳда доштанд. Мактаби Ироқ ва махсусан бахши он дар Кӯфа, тартибу низоми хоси худро дошт ва байни олимон бо номи мактаби аҳли раъй (ақлгароён) машҳур буд. Аввалин поягузори мактаби фиқҳии Кӯфа Абдуллоҳ ибни Масъуд, саҳобии паёмбари Ислом (с), эътироф мешавад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, теъдоди шогирдони ба мартабаи устодӣ расидаи ин мактаб тақрибан 4000 нафарро ташкил медод. Абдуллоҳ ибни Масъуд шахсияте буд дорои донишу фазилат ва андешаи озод, ки дар ҳалли масъалаҳои фиқҳӣ дидгоҳи барҷастаи динӣ ва мазҳабӣ дошт. Вай дар мактаби худ шогирдони бузургеро тарбия намуд, ки машҳуртарини онҳо Алқама ибни Қайси Нахаӣ мебошад. Дар мактаби Алқама Иброҳим ибни Язиди Нахаӣ таълим гирифт, сипас Ҳаммод ибни Сулаймон ва ниҳоят Имом Абуҳанифа дар он ҷо таҳсил намуда, ба камоли илмӣ ва мартабаҳои баланди маърифатӣ ноил шуданд. Ҳар кадом аз ин нобиғагон дар ташаккул, танзим ва шукуфоии мактаби Ироқ заҳмат ва талоши зиёдеро ба харҷ доданд ва аз нигоҳи нақлӣ ва ақлӣ ин мактабро пурзӯр карданд. Устоди Имом Абуҳанифа, Имом Ҳаммод, ки вориси ҳақиқии мактаби мазкур маҳсуб мешуд, тамоми таҷриба, андеша ва дониши пешиниёнро гирд оварда, ба ихтиёри шогирди бузургаш, Имом Абуҳанифа, гузошт. Имом Абуҳанифа низ дар навбати худ ҳамаи ин илму таҷрибаро дар қолаби мазҳаби алоҳидаи худ устодона рехта тавонист, ки бо шиносномаи мустақил ва гароиши барҷаста дар ҷаҳон машҳур гардид. Ба андешаи Имом Абуҳанифа, қонунгузор бояд дар он масъалаҳое аз қиёс ва раъй истифода кунад, ки дар дигар сарчашмаҳо дастур ё ҳукм баён нагашта бошад. Имом Абуҳанифа қавли саҳобаро дар қиёс авлавият медод, зеро саҳобагон аз ҳукми Паёмбари Ислом (с) оид ба мавзуи мавриди баҳс огоҳ ва шоҳиди ҳол буданд. Имом Абуҳанифа ҳамеша таъкид мекард, ки «дар ҳолати пайдо кардани ҳадисе аз Паёмбар (с), ҳарчанд он ҳадис заиф бошад ҳам, қиёсро тарк карда, бо он ҳадиси заиф амал мекунад ва аз зиддият кардан бар муқобили суннат, ҳатто саҳвона ҳам бошад, худро дур медорад. Дар ниҳояти

МАҚОЛАҲО

Аҳамияти ҷаҳонии ибтикороти ҷониби Тоҷикистон (Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар таърихи 16.12.2025)

Дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 16.12.2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аллакай дар оғози суханронии хеш ба сиёсати хориҷии кишвар баҳогузорӣ намуда, онро муваффақ номиданд. Президенти кишвар, аз ҷумла, таъкид намуданд, ки дар соли сипаришуда доир ба ду ташаббуси ҷониби ҶумҳурииТоҷикистон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, ба хусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» дар таърихи 12.12.2-25 ва дигаре дар санаи 25.07.2025 зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қатъномаҳо қабул гардиданд. Пазируфта шудани ташаббусҳо ва қабул гардидани қатъномаҳо дар робита ба ташаббусҳои мазкур нишони боз ҳам боло рафтани обрую эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Агар ба моҳияти қатъномаҳои мазкур ҷиддӣ таваҷҷуҳ намоем, ба зудӣ дармеёбем, ки ҳар дуи онҳо на танҳо аз аҳамияти минтақавӣ, балки аз аҳамияти бузурги ҷаҳонӣ низ бархурдор мебошанд. Пеш аз ҳама, дар робита ба ташаббуси Пешвои муаззами миллат доир ба ҳифзи пиряхҳо бояд таъкид намуд, ки ҳам ҷомеаи башарӣ ва ҳам мардуми минтақа зарурати ҳифзи пиряхҳоро дар соли 2025 амалан дарк намуданд. Маҳз дар натиҷаи гармшавии иқлим дар саросари дунё дар манотиқи мухталифи олам обхезиҳои зиёди фалокатбор сурат гирифтанд, ки дар натиҷа онҳо барои мардуми навоҳии баҳрӣ хисороти зиёди молию ҷонӣ ба бор оварданд. Чуноне, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар сурати дида нашудани чораҳои таъҷилӣ барои ҳифзи пиряхҳо ва ҳамзамон, идома ёфтани раванди гармшавии иқлим чунин имконияти воқеие метавонад пайдо шавад, ки иддае аз кишварҳои калони назди соҳилӣ пурра зери об монанд. Аз ин нуқтаи назар, ташаббуси ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии миллионҳо мардуми сайёра нигаронида шудааст. Ҳамзамон, бояд эътироф намуд, ки ташаббуси аз ҷониби Пешвои муззами миллат зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи манофеи мардуми минтақаи Осиёи Марказиро дар назар дорад. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки минтақаи мазкур асосан табиати кишоварзӣ дорад ва барои пешрафти соҳаи аграрӣ ниёзмандӣ ба об ва захираҳои обӣ сахт эҳсос карда мешавад. Дар робита ба мавзуи матраҳшаванда бояд ёдрас намуд, ки тамоми минтақа аксаран аз ду дарёи бузурги Амударё ва Сирдарё, ки аз кӯҳсорҳои Тоҷикистон бо об таъмин мешаванд, ва қисман аз дарёҳое, ки аз кӯҳсорҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ҷорӣ мешаванд, обёрӣ мегардад. Дар натиҷаи гармшавии иқлиму обшавии бенизом ва номуътадили пиряхҳо имкон дорад, ки на танҳо хоҷагии аграрии минтақа пурра аз фаъолият монад, балки худи мардуми тамоми минтақа дар таъмин бо оби ошомиданӣ ба танқисӣ дучор оянд. Зеро дар наздикии кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳру уқёнусе вуҷуд надорад, ки мардумро дар ҳолати зарурӣ ҳадди ақал бо оби софкардашуда таъмин намояд. Аз ин нуқтаи назар низ, ташаббуси Пешвои миллат ҷанбаи башардӯстона дошта, аз аҳамияти ҳаётан муҳим бархӯрдор мебошад. Илова ба ҳамаи ниёзмандиҳои зикршуда ба обу захираҳои обӣ, зиёд шудани шумораи аҳолии минтақа, босамар истифода шудани замин, бунёди обанборҳои сунъӣ, аллакай оби мавҷударо нокифоя сохтааст. Дар заминаи маҳз омилҳои фавқуззикр тадриҷан хушк шудани баҳри Арал нишони равшани зарурати ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ маҳсуб меёбад. Аз ин нуқтаи назар, ҳифзи пиряхҳо ҳамчун кафили қавӣ ва боэътимоди таъмини аҳолии минтақа ҳам бо оби нӯшиданию ҳам барои обчакорӣ муҳим аз масоили умдаи ҳам экологию ҳам иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Омили дигаре, ки ҳифзи пиряхҳоро барои минтақа ҳаётан муҳим мешуморад, дар поёноби кӯҳсорҳои ҳам Тоҷикистону ҳам Қирғизистон ҷойгир шудани нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обии иловагист. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳеҷ як неругоҳи барқии обӣ обро талаф намесозад. Баъд аз гардиш додани агрегат об маҷрои худро идома дода, боз дар хидмати мардум хоҳад буд. Аммо маҳз мавҷуд будани оби зарурӣ ва гардиш додани агрегат имрӯз аҳамияти фавқулодда касб намудааст. Зеро тавлиди неруи барқ на танҳо хонадони мардумро равшану гарм нигоҳ медорад, балки кафили асосии бунёди коргоҳҳои саноатӣ ва бо кор таъмин намудани мардум мебошад. Дар сурати нокифоя будани неруи барқ на саноат пешрафт мекунад, на хонаи мардум равшан мегардад ва на мардум бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Яъне, беҳии вазъи иҷтимоии мардум аз бунёди нерӯгоҳҳои барқию тавлиди неруи барқ, ки бо ду чашми чор пайваста ба сӯйи пиряхҳо нигаронида шудаанд, сахт вобастагӣ дорад. Ҳамин тариқ, ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар хусуси «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» аҳамияти ҳам минтақавию ҳам ҷаҳонӣ дошта, ба хотири ифодаи манфиатҳои мардуми ҳам минтақа ва ҳам сайёра пешниҳод гардидааст ва аз дурандешии Пешвои муаззами миллат, ки зарурат ва ногузирии ҳифзи пиряхҳоро бо дарназардошти тағйироти иқлим дарк намудааст, дарак медиҳад. Ибтикори дигари ҷониби Тоҷикистон, ки дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба он қатънома қабул гардид, «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ном дорад. Ташаббуси мазкур низ хеле саривақтӣ буда, аҳамияти зеҳни сунъиро барои пешрафти кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид менамояд. Имрӯз ба касе пӯшида нест, ки рушди илм ба сатҳе расидааст, ки дастгоҳи сунъие дар заминаи маълумоти ҷамъовардашуда хулоса мебарорад, маълумотҳоро таҳлил менамояд, муқоиса менамояд ва нигоҳи худро пеш меронад. Яъне, ҳамон вазоиферо, ки ақли инсонӣ иҷро мекард, зеҳни сунъӣ пайгирӣ карда истодааст. Чуноне, ки мебинем, чунин дастгоҳҳо на танҳо дар саноат, балки дар ҳаёти иҷтимоии одамону идораи корхонаю муассисаҳо низ васеъ мавриди истифода қарор гирифта истодаанд. Ҳолати мазкур дар пеши ҳар ҷомеа вазифа мегузорад, ки илми худро ба чунин сатҳ рушд бахшад, яъне бо истифода аз зеҳни сунъӣ ба фаъолияти хоҷагидорӣ, рушди саноат, идораи корхонаю муассиса, кашфи асрори нокушудаи табиату ҷамъият, боз намудани асрори равонию анатомӣ-физиологии инсон, табобати нисбатан дақиқу безарар сифати нав бахшида шавад. Ташаббуси пешниҳоднамудаи Пешвои миллат, ки дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси таъкиди нақши зеҳни сунъӣ барои фароҳам овардани имконият ба рушди Осиёи Марказӣ садо дод, аз ногузирии истифодаи васеъ ва ҳадафмандонаи зеҳни сунъӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дарак медиҳад ва ёдрас менамояд, ки ба сабаби чунин роҳро пеш гирифтани ҷомеаи ҷаҳонӣ моро низ чунин зарурат пеш омадааст. Аслан тавсеа ёфтану истифодаи ҳамаҷонибаи зеҳни сунъиро набояд чун иқдоми субъективӣ, яъне марбут ба хоҳишу ирода ё нақшаи тарҳрезишудаи ниҳоде ё кишваре арзёбӣ намуд. Раванди мазкур, аз нигоҳи ин ҷониб, ҳолати объективиест, ки худ ба худ ҳамчун маҳсули пешрафту дастовардҳои илмӣ пайдо шуд ва маҳз ба сабаби

МАҚОЛАҲО

САРФАКОРИИ ЗАНОН – ВАСИЛАИ БЕҲТАР КАРДАНИ ШАРОИТИ ОИЛА (Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 16.12.2025)

Зан ҳамчун пояи хонадону тарбиятгари наслҳо на танҳо масъули корҳои хона, балки тарғибгари зиндагии сарфакорона ва оқилона мебошад. Ҳар вақте, ки ӯ тарзи истифодаи дурусти маблағ, танзими буҷети хона ва эҳтиёт кардани сарфу хароҷотро меомӯзад, на танҳо оилаи худро аз ранҷи камбудӣ раҳо мебахшад, балки атрофашро низ бо чунин ҷаҳонбинӣ ва ахлоқ тарбия менамояд. Фарҳанги мардуми тоҷик аз азал бар пояи қаноат, одӣ зистан ва эҳтиёткор будан устувор аст. Зани сариштакор ҳеҷ гоҳ ба зоҳирпарастӣ, ифтихори беҳуда ва намоиши барзиёд роҳ намедиҳад. Ӯ бо ҳунар, бо фаҳм ва бо ҳисси масъулият мебояд хонаводаро дар муҳити орому солим нигоҳ дорад [2]. Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон мақому манзалати зан ҳамчун тарбиятгари насли наврас мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ 16.12.2025 қайд намудаанд, ки «Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кушиши бештар ба харҷ медиҳанд. Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд». Ҳамчуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мулоқоту суҳбат бо сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат, хусусан дар вохорӯриҳо бо занони фаъоли ҷумҳурӣ ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, роҳ надодан ба зоҳирпарастӣ ва зиёдаравӣ дар мавриди гузаронидани ҷашну маъракаҳо ва оростани дастархони идона, хусусан занонро ба сарфаю сариштакорӣ дар рӯзгор ва самаранок истифода намудани буҷети оилавӣ ҳидоят менамоянд. Аз ҷумла, дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи модар, Президенти кишвар таъкид карданд, ки: «Аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва маъракаҳои пурдабдаба худдорӣ кунед, талаботи қонунро риоя намоед ва маблағҳоро барои шароити беҳтари хонадон, оилаҳои ҷавон ва ободии хонаву кошонаи худ сарф намоед». Ин суханони Президенти мамлакат нишон медиҳад, ки сарфаю сариштакорӣ на танҳо як амал, балки як фалсафаи зиндагист, ки барои беҳтар кардани шароити оила ва ҷомеа зарур аст. Ҳамчунин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии худ ба муносибати Рӯзӣ модар зикр карданд: «Занону духтарони мо метавонанд маблағҳои сарфакардаи худро барои корҳои ободонӣ, беҳтар кардани шароити зист ва тарбияи фарзандон равона кунанд». Ҳамзамон, Пешвои миллат бо овардани мақоли халқии «ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд», изҳор доштанд, ки «соҳиби дастархону маъракаҳо ва сарфакори беҳтарини зиндагӣ, Шумо, занону модарон ҳастед». Занони сарфакору сариштакор сутуни асосии ҷомеаи устувору пешрафта мебошанд. Дар шароити муосир, ки идоракунии дурусти молиявӣ ва ҳифзи муҳити зист муҳим аст, иқдоми занон метавонад як заминаи муҳими рушди устувор гардад. Аз ин рӯ, ин хислатҳоро бояд ҳифз намуд ва тақвият бахшид, то ки наслҳои оянда низ дар рӯҳияи сарфакорӣ ва сариштакорӣ тарбия ёбанд. Дар фарҳанги тоҷикӣ зан пеш аз ҳама модар ва тарбиятгари насл шуморида мешавад. Нақши ӯ дар нигоҳдории арзишҳои миллӣ, ахлоқ ва суботи оила хеле муҳим аст [3]. Дар масири дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми зан-модар дар тарбияи насли наврас, мо зарур мешуморем, ки корро дар ин самт ривоҷу равнақ диҳем, то ки тарбияи насли ояндаи кишварро дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монем. Мавзуи сарфакорӣ ва қадри неъматшиносӣ дар фарҳанги рӯзгордории мо тоҷикон ҷойгоҳи хос дорад. Гузаштагонамон дар асоси таҷрибаҳои худу афкори ҳакимон моро ба хештандорӣ ва сарфакорӣ даъват кардаанд. Масалан, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст: Заробат зулол асту нуклат шакар, Ба андоза нӯшу ба андоза бар. Шайх Саъдӣ ҳам оқибати исрофкориро хорию нодорӣ ҳисоб карда гуфтааст: Бар он кадхудо зор бояд гирист, Ки дахлаш бувад нуздаҳу харҷ бист. Сарфакорӣ фарҳанг аст. Барои ба ин дараҷаи тафаккур расидан, дастурамал ва пандномаҳои зиёдеро бояд хонд. Падару модарон ва омӯзгорон бояд аз китобҳои «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Ахлоқи Муҳсинӣ» ва «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ истифода баранд. Зеро кӯдакон худ аз худ бе ҳидояти бузургон сарфакору оқибатандеш намешаванд. Агар онҳо аз хурдӣ ба қадри сарулибос, ашёи хониш ва асбобу анҷоми рӯзгор расанд, ин сифат ва ҳусни ахлоқи онҳо бо мурури замон комилтар хоҳад шуд [1]. Дар татбиқи муваффақонаи ин Қонун занон нақши калидӣ доранд. Бо ҳидояти модари доно, ҳамсари кушо ва хоҳари меҳрубон тӯю маъракаҳо имрӯз дар доираи қонунгузорӣ, мутобиқ ба меъёрҳои сарфаю сариштакорӣ ва одобу ахлоқи миллӣ баргузор мегарданд. Давлат дар солҳои охир таваҷҷуҳи хосса ба рушди фарҳанги иқтисодии занон зоҳир намудааст. Барномаҳои давлатӣ дар самти таълими касбу ҳунар, баланд бардоштани савияи маърифатӣ ва фароҳамсозии ҷойи кор барои занон як ҷанбаи муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба шумор меравад. Дар раванди татбиқи ин барномаҳо, таъмини шароит барои рушди тафаккури сариштакорӣ дар байни занон, бахусус дар минтақаҳои дурдаст, муҳим арзёбӣ мегардад. Маҳз зани тоҷик соҳибмаърифат ва ҳунарманд аст, ки метавонад худ сариштакор бошад ва дигаронро низ ба зиндагии босаводонаи иқтисодӣ раҳнамоӣ намояд. Зани тоҷик аз қадим ҳамчун сариштакор, ҳунарманд ва тарбиятгари ахлоқи баланд шинохта шудааст. Имрӯз низ дар рушду ободии ҷомеа ва таҳкими пояҳои иқтисоди миллӣ нақши ӯ беандоза арзишманд аст. Тарғиби сарфаю сариштакорӣ дар байни занон, на танҳо ба манфиати хонавода, балки ба манфиати ҷомеаи тоҷик аст. Пойдории хонавода аз донишу фарҳанги зан вобаста аст ва агар ин зани сариштакор, оқил ва ботадбир бошад, бешак ҷомеа ба сӯи шукуфоӣ қадам хоҳад ниҳод. Руйхати сарчашмаҳо: 1.Акрамзода Убайдулло. Сарфаи сари оташдон. Маҷаллаи Фирӯза, моҳи июл-августи соли 2025. 2.Абдуллоева Парвина. Сарфаю сариштакории занон – Кафили ободии оила ва ҷомеа. Сомонаи интернетии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон https://apa.tj/ 3. Ғаюрӣ Раъно. Мавқеи зан дар Паёми Пешвои миллат. Сомонаи интернетии Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон https://tguk.tj Садуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО, Хабарҳо

Бознигарии таърихи ниёгон ва масъалаҳои худшиносии сиёсӣ ва ҳуқуқии тоҷикон: таҳлили методологӣ-ҳуқуқӣ (дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025)

                                                                                              «Миллат ва халқияте, ки  таърихи худро намеомўзад, аз он сабақ намегирад,  парандаи нобиноеро мемонад, ки аз ошёни худ парвоз кардааст; касе гуфта наметавонад, ки фурудгоҳи ў куҷост: болои об, шўълаи оташ ва ё дарахти сарсабз»            Муқаддимаи мавзуъ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ дар қатори дигар вазифаҳои муҳимму рўзмарраи иқтисодиву иҷтимоӣ тайи чанд соли охир ба масъалаҳои муносибати дуруст намудан ба таърих, таҳкими худшиносии сиёсӣ, миллӣ ва ҳуқуқии халқи Тоҷикистон пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Дар Паёми соли 2025 низ масъалаи мазкур  ҳадафмандона,  ҳам дар самти тавсеаи ёдгориҳои таърихии миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳам миллӣ  масъалагузорӣ гашт. Бо ташаббусу дастуроти бевоситаи Президенти мамлакат, ки аксарашон дар паёмҳои солҳои қаблӣ садо дод, то ба имрўз ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим ворид шуда, қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 ва «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) ва даҳҳо дигар ёдгориҳои таърихии миллати мо дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул шуданд. Дар паёми имсола Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: “мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Аз ҷумла бо дарназардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд”. Тандеми бознигарӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ  ҳамоҳанг бо омўзиш ва таҳлили мантиқии таърихи воқеии халқ дар дигар самту ҷанбаъҳои фаъолгардонии тафаккури миллат низ пайваста идома дорад. Иқдомҳои дигари Пешвои миллат ҷиҳати нашр ва дастрас намудани ду шоҳасари безаволи таърихии миллат – яке «Тоҷикон» – и Бобоҷон Ғафуров ва дигаре «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ бо теъдоди беш аз 3 миллиону 200 ҳазор нусха ва тақсими онҳо ба ҳар оилаи Тоҷикистон, инчунин даҳҳо ташаббусҳои дигари эҳёнамоии хотираи таърихӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ҳамагӣ ба устувории  сипари маънавии соҳибихтиёрии миллии давлат равона шудаанд.         Мубрамияти мавзуи баррасишаванда. Саволе, масъалае, ки фаҳму тавсеаи аниқи худро дар сатҳи тафаккури оммаи мардум ва зиёиёни муҳтарами миллат бояд пайдо намояд, ин аст, ки чаро Пешвои миллат дар қатори дигар аз рисолатҳои давлатсозӣ маҳз ба масъалаи ҷанбаи таърихӣ, таърихомўзӣ ва бознигарии хотираи таърихӣ  ҳамчун рисолати азими давлатдорӣ дар шароити муосир бештар таваҷҷуҳ менамояд. Дар ин ҷо чанд масъалаи ҷиддии ҳалталаби илмӣ ва мафкуравӣ пешорўи мо истодааст. Аз зумраи масоили муҳимми илмӣ, ин нахуст коркарди консепсияи муайяни илмии муносибати мувозана бо хотироти таърихӣ ва  методологияи илмии муносибат ба таърих дар сатҳи улуми академӣ ва муассисаҳои илмӣ шарт ва зарур аст. Сониян, дар баробари фаҳму дарки дурусти муносибат ба хотираи таърихӣ дар паҳнои манфиатҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ роҳҳо ва механизмҳои мувофиқи ҳамоҳангсози онро дар сатҳи тафаккури мардум ҷойгир намудан ногузир аст. Яъне бо ин мақсад дуруст ва ҳадафмандона роҳандозӣ кардани сиёсати мафкуравии ҷомеа ва таълими дурусту мақсадноки ҳақиқати таърихӣ дар низоми таҳсилоти ҳамагонӣ. Дар назари аввал бояд дар сатҳи тафаккури миллат фаҳм шавад, ки таваҷҷуҳ ба таърих, ба эҳёи хотираи таърихӣ ва арҷгузории сатҳи миллию байналмилалии дастовардҳои ниёгон  ин танҳо масъалаи зинда ва барқарор кардани хотираи таърихии миллат барои бузургманишию барқарории ҳақиқати таърихӣ ба танҳоӣ набуда ва ҳадафи он бартарият додани як қишри тамаддуни миллат ба қисмати дигари он низ нест. Ҳарчанд, ки масоили мазкур низ дар шароитҳои муайяни таърихӣ, зери фишори таҳдидҳои мухталифи мафкуравӣ аз аҳамият дар умум холӣ нестанд. Муҳимтар аз ин ҳама, вазифаи маърифатии омўзишу ҳифзи хотираи таърихӣ ин шинос кардани халқ бо таърихаш, бо урфу одатҳояш, анъанаи нек ва дастоварду музаффариятҳояш аст, ки дар сатҳи тафаккури омма ҳувияти худшиносиро ташаккул дода, ба такмили масъулияту рисолати давлатсозии халқ мусоидат менамояд; мақсади функсионалиаш шароити илмӣ фароҳам овардан ҷиҳати сабақ бардоштан аз дастоварду таназзулҳои  рўзгори гузаштаи миллат, дарку ҳазм кардани омилҳои рушду шикасти халқ дар шоҳроҳи давлатдорӣ,  таҳлили сарчашмаҳои рушду манбаъҳои бемориҳои фарҳангӣ ба хотири истифодаи дурусти таҷрибаи таърихист; ва ниҳоят таъиноти ташкилии он соҳибӣ кардани фарҳанги моддӣ ва маънавии ниёгон аст, ки дар заминаи он миллати сиёсӣ унсурҳои шинохти маънавӣ ва модиашро пурра карда, барои худ сипари маънавии ҳифзи манфиатҳои соҳибихтиёрии миллатро таъмин мекунад. Ҳувият ва худшиносии миллӣ гарави соҳибихтиёрии миллӣ ва давлатӣ. Бе соҳибихтиёрии миллӣ соҳибихтиёрии давлатии халқ номумкин аст. Яъне бе дарки худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ ва тамаркузи халқ атрофи арзишҳои умдавӣ, ҳокимияти халқӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ худро ҳифз карда наметавонад. Лағзиши равшани он ин дар муборизаҳои сиёсии ташкили қудрати сиёсӣ ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамчун унсури муҳимми сиёсии соҳибихтиёрии давлатӣ, нодурст рў овардани неруҳои сиёсӣ ба арзишҳои ғайримиллӣ ва ғайрианъанавист, ки ба парокандагию шикасти ваҳдат ва якпорчагии давлат мусоидат мекунад. Намунаи манфии онро мо дар раванди ба сиёсат кашидани эътиқод, имкониятҳои молӣ, сарват ва дигар арзишҳои фарҳангию моддӣ ё нодуруст берун аз одоби сиёсат ширкат варзидани баъзе аз номзадҳо дар рақобатҳои сиёсии сатҳи давлатҳои демократии рў ба рушд ва ҳатто тараққикарда мушоҳида менамоем. Ин ҳолат, на танҳо ба сари қудратҳои олам шахсони тасодуфиро дар низомҳои демократӣ меорад, инчунин соҳибихтиёрии халқиро низ осебпазиру соҳибихтиёрии давлатиро дар умум ба номуназзамӣ мекашад. Воқеияти сиёсӣ ва табиати низоми ҳуқуқии давлатҳои демократӣ  нишон дода истодааст, ки халқу миллатҳое, ки соҳибихтиёрии халқӣ ва  соҳибихтиёрии давлатиро дороанд, вале соҳибихтиёрии миллиашон ҳамчун унсури муттаҳидкунандаи ғоявӣ ва мафкуравии дар заминаи анъанаҳои нек ташаккулёфтаи халқ, устувору решабатаърих нест, пояи давлатдориашон чун патакрешаи маънавӣ бо нахустин шамолҳои ғаразноки сиёсӣ аз бехаш канда мешаванд. Дарахти давлатдории миллии демократии мо дар масири таърих бо вуҷуди решаҳои амиқи фарҳангӣ ва эътиқодӣ доштанаш чаҳор маротиба табдилу таҳаввули пайвандҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, эътиқодӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқиро зери фишори вазнини истисмору забткориҳо аз сар гузаронидааст. Дар мисоли табиӣ организми зиндаи олами ҳастӣ ба чунин теъдоди бурришу васлшавиҳо ба гумон аст, ки ҳувият ва рушди худро комилан ва якмаром дифоъ карда тавонад. Аммо бо вуҷуди истилои юнониёну арабҳо ва ғасби ғоратгаронаи  чодарнишинону ҳамроҳшавиҳои иҷборӣ бо тамаддуни аврупоӣ фарҳанги миллию сиёсии мо на танҳо маҳв нашуд, балки ба таври ғайричашмдошт  худро бо забони ноби тоҷикӣ ва оинҳои умедбахши зиндагиофарӣ дар масири роҳи тафаккури афзалиятбахш ба

МАҚОЛАҲО

Пешгирӣ аз даъвати гурӯҳҳои ифротгаро (дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16.12.2025)

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуданд: “Асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад…”. Дар ҷойи дигар қайд намуданд, ки “Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад”. Ҳамчунин Призиденти мамлакат дар паёми қаблии худ санаи 23-юми декабри соли 2022 чунин таъкид кардабудаанд, ки “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстримистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд”. Инчунин бояд ёдовар шуд, ки санаи 9-уми марти соли 2024 дар Кохи Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ба таъкид баён доштанд, ки “Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, “сиёсати дугона” нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва даъвати мо ибрози андеша намоям. Баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мо бояд имрӯз доир ба онҳо кушоду равшан назари худро гӯем, равандҳои номатлубро баррасӣ намоем ва пеши роҳи онҳоро гирем, ки мисли ҳодисаҳои солҳои 90-уми боз ягон фоҷиаи дигар сар назанад.” Оре, воқеан ҳам чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Призиденти мамлакат зимни ироаи Паёми солҳои гузашта ва имсола баён доштанд имрӯзҳо идеологҳои ифротгароён ва мутахассисони созмонҳои ифротӣ дар ҷодаи талошҳои иттилоотӣ дастовардҳои охирини назариявӣ ва амалии муборизаи иттилоотиро самаранок аз худ менамоянд. Онҳо воситаҳои бештар муассир, роҳҳо ва усулҳои таъсиррасониро ба тафаккури фардӣ ва ҷамъиятӣ, махсусан ҷавонони гумроҳ истифода мебаранд. Ташкилот ва дастгоҳҳои ифротгарои динӣ- мазҳабӣ барои расидан ба мақсадҳои ғаразнок ва нопоки хеш дар муборизаҳои шадиди иттилоотӣ аз технологияҳои муосири иттилоотӣ, махсусан интернет фаровон ва самаранок истифода мебаранд. Онҳо ба воситаи тарғибу ташвиқ ва паҳн намудани иттилооти бардурӯғ ҷавонони ноогоҳ ва гумроҳро дар рӯҳияи ақидаҳои барғалати таасубӣ, ифротӣ, такфирӣ ва амалҳои марбут ба қатлу куштор, гаравгонгирӣ ва терроризм ҷалб менамоянд. Яке аз ҷараёнҳои хатарзо ва ифротие, ки дар замони муосир фаъолияти густурдаро дар самти гумроҳ намудани ҷавонони ноогоҳ амалӣ намуда истодааст, ин ҷараёни тундрави салафӣ ба шумор меравад. Чун ин ҷараёнҳо дар фазои мавҷудаи фарҳангии кишварҳои гуногун ба василаи гурӯҳҳои радикалӣ ва ифротгаро мавқеъ ва ҷаҳонбинии тундгароёнаи ваҳҳобияро дар либоси навин тарғиб намуда, ҳадафҳои шуми фитнаангезро дар ботини ҷавонони ноогоҳ мепарваранд. Барои амалӣ сохтани ин ҳадафҳо ташкилотҳои хосе аз ҳисоби донишҷуён, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ашхоси бетаҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Урдун, Афғонистон, Покистон, Туркия, Ироқ, Сурия, Қафқоз тариқи иттилоот фаъолона истифода мебаранд…. Бояд гуфт, ки раванди ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла рушди технологияи иттилоотӣ, ҷанбаҳои мусбату манфӣ дорад ва интернет низ аз ин истисно нест. Шабакаи байналмилалии интернет айни замон як махзани бузургест, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷавононро дар бар гирифтааст. Дар асри гузашта ҳар шахсе, ки мехост маълумотеро пайдо намояд, муддати дуру дароз дар китобхонаҳо барои дарёфти ин ё он маълумот ранҷ мекашид, ҳоло бошад дар фосилаи ками вақт аз интернет дарёфт менамояд. Дар ин замина бояд қайд намуд, ки экстремизми иттилоотӣ ин шакли таъсиррасонии номатлуб ба шахсият, ҷомеа ва давлат тавассути тамоми намудҳои иттилоот мебошад. Ҳадафи асосии он тағйир додани мафкураи инсонҳо ва талқини андешаҳои барангезандаи бадбинӣ байни инсонҳо ва бо ин васила халалдор намудани сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат мебошад. Ба ин мақсад он нерӯҳо тавассути воситаҳои гуногун- аз агентҳои хадамоти махсуси хориҷӣ то ВАО – и ватанӣ ва хориҷиро ҷалб мекунанд. Таҷрибаи мутахассисони соҳа солҳои охир нишон медиҳад, ки ташкилотҳои ифротгароии динӣ- мазҳабӣ ва террористӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо ҷавононро ба ин гурӯҳҳо моил месозанд, балки онҳо аз хориҷи кишвар нишаста, ҷавонони камтаҷриба ва ноогоҳро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоии интернет пайдо менамоянд, ба онҳо барои амалҳои экстремистӣ- террористӣ дар дохили кишвар ва содир кардани ҷиноят маблағ равон карда, нақшаҳои мушаххас (ҷой содир кардани ҷиноят, тарзи он ва ғ.) равон месозанд ва барои дастрас намудани воситаҳои тарканда (компонентҳои омода сохтани воситаҳои таркиш) ба онҳо маслиҳат медиҳанд. Маълумоти заруриро вобаста ба омода сохтани воситаи таркиш ба онҳо равон месозанд ё сайтҳои экстремистӣ- террористӣ, ки тарзи омода сохтани чунин мавод дар он ҷо маҳфуз аст, ба моилшудагон ошно месозанд. Имрӯз проблемаи экстремизми иттилоотӣ ба арзишҳои ҷомеа ҳассос аст. Ин ба он хотир аст, ки марҳилаи кунунии рушди муносибатҳои иттилоотӣ бо имкониятҳои таъсироти иттилоотӣ, ки ҳам ба шуури инфиродӣ ва ҳам ба тафаккури иҷтимоию иқтисодӣ муайян карда мешавад, ки метавонад таҳдиди барангехтани ҷанги иттилоотиро ба вуҷуд оварад. Бояд зикр намуд, ки олами маҷозӣ сарҳади беинтиҳо дошта, рӯз то рӯз бо тавлиди зуҳуроти нав ба нав ва ба вуҷуд овардани проблемаҳои маргбор ва харобиовараш дар муқобили олами воқеӣ ва насли башарият қарор гирифтааст. Айни замон дар ҷомеаи муосир амнияти иттилоотӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта, пешбиниҳои гуногуниҳам мусбат ва ҳам манфиро дар байни олимон ба вуҷуд овардааст. Аз ин хотир, бинобар бо суръати хеле баланд паҳн гардидани афкори экстремистӣ дар олами маҷозӣ ба воситаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет ва имконнопазир будани бо таври пурра маҳдуд кардани дастрасии шаҳрвандон ба сомонаҳои экстремистӣ, ягона роҳи манфиатпазир бо ҷалби олимони соҳаи ҷомеашиносиву ҳуқуқшиносӣ, фақеҳону олимони соҳаи дин, равоншиносону блогерҳо, рӯзноманигорону ровиёни варзида ва дигар намояндагони аҳли зиё мунтазам омода сохтан ва пахш намудани филмҳои мустанад, тасвирӣ, видеороликҳо, аудиороликҳо, барномаҳои таҳлилӣ сиёсӣ, маданӣ ва ғайра дар васоити ахбори омма ва Интернет маҳсуб меёбад. Ҳамин тариқ, фарҳанги истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ барои мардум дар ҷомеаи демократӣ бояд омӯзонида шавад. Инчунин таҳдидҳои он бояд муайян карда шаванд. Ин ҳолат боиси он мегардад, ки таъмини амнияти иттилоотӣ самаранок гардад. Ҳама гуна ахбор дар ҷомеаи иттилоотӣ амиқ мавриди таҳлил қарор дода

МАҚОЛАҲО

ФИҚҲИ ҲАНАФӢ ВА ТАТБИҚИ АРЗИШҲОИ УМУМИБАШАРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУСУЛМОНӢ

Аҳаммияти таҳқиқи мавзуи мазкур дар он зоҳир мегардад, ки то имрӯз мазмун ва моҳияти башардӯстонаи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, бахусус назарияи ҳуқуқии таҳаммулгарои он, ки аксарияти шаҳрвандони кишвари мо ва зиёда аз нисфи мусулмонони ҷаҳон ба он пайравӣ мекунанд, ба таври кофӣ мавриди таҳқиқу таҳлили амиқи илмӣ қарор нагирифтааст. Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳуқуқи исломӣ дар давоми беш аз сездаҳ аср ҳамчун як низоми мустақил ва мукаммали ҳуқуқӣ ба таври пайваста фаъолият намуда, имрӯз низ дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқии аксари кишварҳои мусулмонӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Мутаассифона, дар адабиёти илмии марбут ба таърихи ҳуқуқ бисёр паҳлуҳои вобаста ба таърих, моҳият ва мундариҷаи фиқҳи исломӣ, бахусус низоми ҳуқуқии мазҳаби ҳанафӣ, то ҳол аз мадди назари муаррихон ва муҳаққиқони таърих ва назарияи ҳуқуқ берун мондаанд. Гузориши мазкур бо ҳадафи равшан сохтани бархе аз ҳамин гуна ҷанбаҳои камомӯхташудаи масъала таҳия гардида, дар он ба таври мухтасар таърихи ташаккули фиқҳи исломӣ, нақши фақеҳони ҳанафӣ дар густариши арзишҳои умумибашарӣ, хусусан дар миёни тоҷикон ва дигар халқҳои маскуни минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар шароити муосир, ҳамзамон бо густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ, аз як ҷониб, ва таҳкими муколамаи байни фарҳангҳо, динҳо ва мазоҳиб, аз ҷониби дигар, хатари бархӯрд ва ихтилоф миёни онҳо низ тадриҷан афзоиш меёбад. Ин вазъият аз муҳаққиқони соҳаи таърихи ҳуқуқ ва ҳуқуқи исломӣ тақозо мекунад, ки ба масъалаи таҳқиқ ва ошкор намудани воситаҳои ҳуқуқии имконпазири ҳамзистии мусолиматомези пайравони динҳо ва мазоҳиби гуногун таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Барои рафъи ин мушкилот, на танҳо таҳқиқи фарогир ва умумии ҳуқуқи исломӣ, балки омӯзиши амиқи низом ва таълимоти ҳуқуқии ҳар як мазҳаб ё ҷараёни алоҳидаи исломӣ низ аҳаммияти хоса дорад. Чунин таҳқиқот метавонад ҳамчун омили муҳими таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳ миёни фарҳангҳо, динҳо ва мазоҳиби мухталиф хизмат намояд. Аз ҷониби дигар, анҷом додани чунин пажӯҳишҳо ба пешгирии низоъҳо миёни пайравони динҳо ва мазоҳиби гуногун вобаста ба масоили ҳуқуқӣ мусоидат намуда, дар ташаккули руҳияи таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми мутақобил нақши муассир хоҳад бозид. Таъкид кардан зарур аст, ки дар ҷомеаҳои мусулмонӣ равандҳои иҷтимоию сиёсӣ дар тамоми давраҳои таърихӣ бо низоъҳои шадиди ғоявию динӣ миёни пайравони мазҳабҳо ва фирқаҳои гуногун ҳамроҳ будаанд. Дар байни намояндагони ҷараёнҳо ва мазҳабҳои мухталифи исломӣ оид ба масоили динӣ, фиқҳӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию ахлоқӣ ихтилофҳои ҷиддии назар вуҷуд доштааст. Дар чунин шароит, ҳанафия яке аз он мазҳабҳои фиқҳӣ маҳсуб меёбад, ки дар доираи аҳли суннат ва ҷамоат ташаккул ёфта, дар тӯли таърих ҳамчун мазҳаби воқеан таҳаммулпазир, адолатпарвар ва ваҳдатгаро баромад карда, тавонистааст халқҳо ва миллатҳои гуногунро дар асоси арзишҳои муштарак муттаҳид созад. Бо таваҷҷуҳ ба омилҳои ғоявии пайдоиш ва ташаккули ин мазҳаб, метавон таъкид намуд, ки аз ибтидои фаъолияти он дар дохили ҳанафия анъанаи устувори ақлгароӣ, тафаккури интиқодӣ ва тамоюл ба таҷдиди дониш ва эътиқодоти динӣ-ҳуқуқӣ шакл гирифтааст. Мутафаккирон, фақеҳон ва мутакаллимони пайрави ин мазҳаб ҳангоми баррасӣ ва шарҳи масоили динӣ, фиқҳӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию ахлоқӣ на танҳо ба таълимоти Қуръон ва ҳадис такя менамуданд, балки онҳоро бо дарназардошти шароити мушаххаси давру замон тафсир ва татбиқ мекарданд. Ба ибораи дигар, барои мазҳаби фиқҳии ҳанафӣ қобилияти мутобиқшавии фаъолона ба воқеиятҳои ҷаҳоне, ки пайваста дар ҳоли тағйир ва такомул қарор дорад, хос мебошад. Мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун яке аз мазҳабҳои асосии исломӣ ва бо такя ба таълимоти фалсафӣ ва илоҳиётшиносии худ, на танҳо маҷмуи назария ва амалияи гуногуни динӣ, балки низоми мукаммали принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқию ахлоқиро низ фаро мегирад. Ғояҳои бунёдӣ ва ҷавҳарии ин мазҳаб ба тамоми соҳаҳои фаъолияти пайравонаш ва муносибатҳои ҳуқуқии онҳо таъсири амиқ расонида, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, афкору аъмол ва тарзи зиндагии онҳо нақши муҳим мебозанд. Қобили зикр аст, ки аксари сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон пайрави ҳамин мазҳаби таҳаммулгаро мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони мазҳаби ҳанафӣ дар шароити давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, дар паҳлуи пайравони мазҳаби исмоилия ва дигар ақаллиятҳои этникию динӣ, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта умр ба сар мебаранд. Муносибатҳои таърихӣ миёни пайравони динҳо ва мазҳабҳои гуногун дар кишвар, хусусан байни пайравони мазҳабҳои ҳанафӣ ва исмоилия, инчунин муносибати мусулмонон бо пайравони масеҳият, яҳудият, буддоият ва дигар ақаллиятҳои динӣ, бар пояи эҳтироми мутақобили арзишҳои динӣ шакл гирифта, намунаи равшани ҳамзистии мусолиматомези ҷараёнҳои гуногуни динию этникӣ маҳсуб меёбанд. Зарурати баррасии ин масъалаҳо, пеш аз ҳама, ниёз ба ошкор намудани қонунмандиҳо ва хусусиятҳои раванди ташаккул ва рушди мактаби фиқҳи ҳанафӣ дар раванди ҳаллу фасли масоили гуногуни динию ҳуқуқӣ вобаста аст. Ҳамзамон, дар илми муосири таърихи ҳуқуқ як қатор масъалаҳои мубрам оид ба мутобиқати фиқҳи исломӣ ва усулҳои он бо арзишҳои умумибашарӣ, талаботи замони муосир, инчунин ҳуқуқу озодиҳои асосии ҷомеаи имрӯзаи мусулмонон матраҳ мегарданд. Ин омилҳо зарурати таҳқиқи ҳамаҷониба ва пайгиронаи мавзуи мазкурро боз ҳам тақвият мебахшанд. Дар ин замина, барои дарёфти посух ба саволҳои мавҷуда, омӯзиши нақш ва мақоми фиқҳи исломӣ дар қонунгузории таърихӣ ва муосири кишварҳои мусулмонӣ аҳаммияти хос дорад. Дар ин замина, таҳқиқи принсипҳо ва меъёрҳои фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ аҳаммияти хос касб менамояд, зеро ин мактаби ҳуқуқӣ дар тӯли асрҳо дар раванди ҳалли масоили сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию маишии қавму миллатҳои гуногуни мусулмон, аз ҷумла тоҷикон ва дигар халқҳои муқими Осиёи Миёна, нақши барҷаста ва муассир бозидааст. Аз ин рӯ, омӯзиши фиқҳи ҳанафӣ ва ба таври умум, фиқҳи исломӣ бо дарназардошти таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи муосир ба низоми ҳуқуқи исломӣ, барои рушди назарияи муосири диншиносӣ ва исломшиносӣ аҳаммияти илмӣ дошта, метавонад онро бо ғояҳо, бардоштҳо ва равишҳои нави таҳқиқотӣ ғанӣ гардонад. Омӯзиши илмии таърих ва назарияи фиқҳи исломӣ, аз ҷумла фиқҳи ҳанафӣ, барои таҳлили мафҳумҳо ва усулҳои асосии он, роҳҳои таълифу танзим ва татбиқи амалӣ дар қонунгузории кишварҳои мусулмонӣ ва масоили илмӣ ва амалии марбут ба мавзуъ аҳаммияти зиёд дорад. Чанд масъалаи асосӣ, аз ҷумла мафҳуми принсипҳои ҳуқуқӣ, таснифи намудҳои принсипҳо ва таносуби онҳо, раванди таърихии таълифу танзими принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ, манобеи ҳуқуқи исломӣ ва принсипҳои ҳуқуқи исломӣ, то як сатҳи муайян аз ҷониби олимону муҳаққиқони ватанию хориҷӣ таҳқиқ ва баррасӣ шудаанд. Аз ҷумлаи ин таҳқиқотҳо метавон ба асарҳои олимону муҳаққиқони тоҷик – Ф. Тоҳиров, А. Холиқзода, И. Бӯриев, М. Ҳайдарова, Д. Обидов ва дигарон ишора намуд. Ин олимон саҳми назаррас дар омӯзиши таърихи ҳуқуқи исломӣ ва таҳлили нақши фиқҳ дар танзими ҳаёти иҷтимоӣ ва қонунгузории кишварҳои мусулмонӣ доштаанд. Таъкид кардан зарур аст, ки мазмун ва

Прокрутить вверх