МАҚОЛАҲО

МАҚОЛАҲО

ФИҚҲИ ҲАНАФӢ ВА ТАТБИҚИ АРЗИШҲОИ УМУМИБАШАРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУСУЛМОНӢ

Аҳаммияти таҳқиқи мавзуи мазкур дар он зоҳир мегардад, ки то имрӯз мазмун ва моҳияти башардӯстонаи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, бахусус назарияи ҳуқуқии таҳаммулгарои он, ки аксарияти шаҳрвандони кишвари мо ва зиёда аз нисфи мусулмонони ҷаҳон ба он пайравӣ мекунанд, ба таври кофӣ мавриди таҳқиқу таҳлили амиқи илмӣ қарор нагирифтааст. Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳуқуқи исломӣ дар давоми беш аз сездаҳ аср ҳамчун як низоми мустақил ва мукаммали ҳуқуқӣ ба таври пайваста фаъолият намуда, имрӯз низ дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқии аксари кишварҳои мусулмонӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Мутаассифона, дар адабиёти илмии марбут ба таърихи ҳуқуқ бисёр паҳлуҳои вобаста ба таърих, моҳият ва мундариҷаи фиқҳи исломӣ, бахусус низоми ҳуқуқии мазҳаби ҳанафӣ, то ҳол аз мадди назари муаррихон ва муҳаққиқони таърих ва назарияи ҳуқуқ берун мондаанд. Гузориши мазкур бо ҳадафи равшан сохтани бархе аз ҳамин гуна ҷанбаҳои камомӯхташудаи масъала таҳия гардида, дар он ба таври мухтасар таърихи ташаккули фиқҳи исломӣ, нақши фақеҳони ҳанафӣ дар густариши арзишҳои умумибашарӣ, хусусан дар миёни тоҷикон ва дигар халқҳои маскуни минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар шароити муосир, ҳамзамон бо густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ, аз як ҷониб, ва таҳкими муколамаи байни фарҳангҳо, динҳо ва мазоҳиб, аз ҷониби дигар, хатари бархӯрд ва ихтилоф миёни онҳо низ тадриҷан афзоиш меёбад. Ин вазъият аз муҳаққиқони соҳаи таърихи ҳуқуқ ва ҳуқуқи исломӣ тақозо мекунад, ки ба масъалаи таҳқиқ ва ошкор намудани воситаҳои ҳуқуқии имконпазири ҳамзистии мусолиматомези пайравони динҳо ва мазоҳиби гуногун таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Барои рафъи ин мушкилот, на танҳо таҳқиқи фарогир ва умумии ҳуқуқи исломӣ, балки омӯзиши амиқи низом ва таълимоти ҳуқуқии ҳар як мазҳаб ё ҷараёни алоҳидаи исломӣ низ аҳаммияти хоса дорад. Чунин таҳқиқот метавонад ҳамчун омили муҳими таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳ миёни фарҳангҳо, динҳо ва мазоҳиби мухталиф хизмат намояд. Аз ҷониби дигар, анҷом додани чунин пажӯҳишҳо ба пешгирии низоъҳо миёни пайравони динҳо ва мазоҳиби гуногун вобаста ба масоили ҳуқуқӣ мусоидат намуда, дар ташаккули руҳияи таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми мутақобил нақши муассир хоҳад бозид. Таъкид кардан зарур аст, ки дар ҷомеаҳои мусулмонӣ равандҳои иҷтимоию сиёсӣ дар тамоми давраҳои таърихӣ бо низоъҳои шадиди ғоявию динӣ миёни пайравони мазҳабҳо ва фирқаҳои гуногун ҳамроҳ будаанд. Дар байни намояндагони ҷараёнҳо ва мазҳабҳои мухталифи исломӣ оид ба масоили динӣ, фиқҳӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию ахлоқӣ ихтилофҳои ҷиддии назар вуҷуд доштааст. Дар чунин шароит, ҳанафия яке аз он мазҳабҳои фиқҳӣ маҳсуб меёбад, ки дар доираи аҳли суннат ва ҷамоат ташаккул ёфта, дар тӯли таърих ҳамчун мазҳаби воқеан таҳаммулпазир, адолатпарвар ва ваҳдатгаро баромад карда, тавонистааст халқҳо ва миллатҳои гуногунро дар асоси арзишҳои муштарак муттаҳид созад. Бо таваҷҷуҳ ба омилҳои ғоявии пайдоиш ва ташаккули ин мазҳаб, метавон таъкид намуд, ки аз ибтидои фаъолияти он дар дохили ҳанафия анъанаи устувори ақлгароӣ, тафаккури интиқодӣ ва тамоюл ба таҷдиди дониш ва эътиқодоти динӣ-ҳуқуқӣ шакл гирифтааст. Мутафаккирон, фақеҳон ва мутакаллимони пайрави ин мазҳаб ҳангоми баррасӣ ва шарҳи масоили динӣ, фиқҳӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию ахлоқӣ на танҳо ба таълимоти Қуръон ва ҳадис такя менамуданд, балки онҳоро бо дарназардошти шароити мушаххаси давру замон тафсир ва татбиқ мекарданд. Ба ибораи дигар, барои мазҳаби фиқҳии ҳанафӣ қобилияти мутобиқшавии фаъолона ба воқеиятҳои ҷаҳоне, ки пайваста дар ҳоли тағйир ва такомул қарор дорад, хос мебошад. Мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун яке аз мазҳабҳои асосии исломӣ ва бо такя ба таълимоти фалсафӣ ва илоҳиётшиносии худ, на танҳо маҷмуи назария ва амалияи гуногуни динӣ, балки низоми мукаммали принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқию ахлоқиро низ фаро мегирад. Ғояҳои бунёдӣ ва ҷавҳарии ин мазҳаб ба тамоми соҳаҳои фаъолияти пайравонаш ва муносибатҳои ҳуқуқии онҳо таъсири амиқ расонида, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, афкору аъмол ва тарзи зиндагии онҳо нақши муҳим мебозанд. Қобили зикр аст, ки аксари сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон пайрави ҳамин мазҳаби таҳаммулгаро мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони мазҳаби ҳанафӣ дар шароити давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, дар паҳлуи пайравони мазҳаби исмоилия ва дигар ақаллиятҳои этникию динӣ, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта умр ба сар мебаранд. Муносибатҳои таърихӣ миёни пайравони динҳо ва мазҳабҳои гуногун дар кишвар, хусусан байни пайравони мазҳабҳои ҳанафӣ ва исмоилия, инчунин муносибати мусулмонон бо пайравони масеҳият, яҳудият, буддоият ва дигар ақаллиятҳои динӣ, бар пояи эҳтироми мутақобили арзишҳои динӣ шакл гирифта, намунаи равшани ҳамзистии мусолиматомези ҷараёнҳои гуногуни динию этникӣ маҳсуб меёбанд. Зарурати баррасии ин масъалаҳо, пеш аз ҳама, ниёз ба ошкор намудани қонунмандиҳо ва хусусиятҳои раванди ташаккул ва рушди мактаби фиқҳи ҳанафӣ дар раванди ҳаллу фасли масоили гуногуни динию ҳуқуқӣ вобаста аст. Ҳамзамон, дар илми муосири таърихи ҳуқуқ як қатор масъалаҳои мубрам оид ба мутобиқати фиқҳи исломӣ ва усулҳои он бо арзишҳои умумибашарӣ, талаботи замони муосир, инчунин ҳуқуқу озодиҳои асосии ҷомеаи имрӯзаи мусулмонон матраҳ мегарданд. Ин омилҳо зарурати таҳқиқи ҳамаҷониба ва пайгиронаи мавзуи мазкурро боз ҳам тақвият мебахшанд. Дар ин замина, барои дарёфти посух ба саволҳои мавҷуда, омӯзиши нақш ва мақоми фиқҳи исломӣ дар қонунгузории таърихӣ ва муосири кишварҳои мусулмонӣ аҳаммияти хос дорад. Дар ин замина, таҳқиқи принсипҳо ва меъёрҳои фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ аҳаммияти хос касб менамояд, зеро ин мактаби ҳуқуқӣ дар тӯли асрҳо дар раванди ҳалли масоили сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию маишии қавму миллатҳои гуногуни мусулмон, аз ҷумла тоҷикон ва дигар халқҳои муқими Осиёи Миёна, нақши барҷаста ва муассир бозидааст. Аз ин рӯ, омӯзиши фиқҳи ҳанафӣ ва ба таври умум, фиқҳи исломӣ бо дарназардошти таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи муосир ба низоми ҳуқуқи исломӣ, барои рушди назарияи муосири диншиносӣ ва исломшиносӣ аҳаммияти илмӣ дошта, метавонад онро бо ғояҳо, бардоштҳо ва равишҳои нави таҳқиқотӣ ғанӣ гардонад. Омӯзиши илмии таърих ва назарияи фиқҳи исломӣ, аз ҷумла фиқҳи ҳанафӣ, барои таҳлили мафҳумҳо ва усулҳои асосии он, роҳҳои таълифу танзим ва татбиқи амалӣ дар қонунгузории кишварҳои мусулмонӣ ва масоили илмӣ ва амалии марбут ба мавзуъ аҳаммияти зиёд дорад. Чанд масъалаи асосӣ, аз ҷумла мафҳуми принсипҳои ҳуқуқӣ, таснифи намудҳои принсипҳо ва таносуби онҳо, раванди таърихии таълифу танзими принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ, манобеи ҳуқуқи исломӣ ва принсипҳои ҳуқуқи исломӣ, то як сатҳи муайян аз ҷониби олимону муҳаққиқони ватанию хориҷӣ таҳқиқ ва баррасӣ шудаанд. Аз ҷумлаи ин таҳқиқотҳо метавон ба асарҳои олимону муҳаққиқони тоҷик – Ф. Тоҳиров, А. Холиқзода, И. Бӯриев, М. Ҳайдарова, Д. Обидов ва дигарон ишора намуд. Ин олимон саҳми назаррас дар омӯзиши таърихи ҳуқуқи исломӣ ва таҳлили нақши фиқҳ дар танзими ҳаёти иҷтимоӣ ва қонунгузории кишварҳои мусулмонӣ доштаанд. Таъкид кардан зарур аст, ки мазмун ва

МАҚОЛАҲО

Риояи одобу русуми неки миллӣ – вазифаи ҷонии ҳар як сокини мамлакат (дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ)

«Расму ойинҳоро дар сурате ба як низоми муайян оварда метавонем, ки аслро аз бадал фарқ намоем ва ба арзишу моҳияти воқеии онҳо дуруст сарфаҳм равем». Эмомалӣ Раҳмон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар асоси моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури мардуми кишвар гардид, ки давоми мантиқии паёмҳои пешини Сарвари давлат ба мақоми олии қонунбарор ва тамоми шаҳрвандони кишвар мебошад. Тавре мушоҳида мешавад, танзими ҷашну маросим ва бо ин роҳ беҳбуд бахшидан ба зиндагиву рӯзгори мардуми кишвар ҳамоно аз мавзуҳое, ки пайваста дар Паём ба он ишора мешавад, боқӣ мемонад. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи талаботи он ҳангоми гузаронидани ҷашну маросим дар паёмҳои Сарвари давлат зиёда аз ҳашт маротиба таъкид гардидааст, ки худ далели гуфтаҳои болост. Аз ҷумла, дар Паёми соли 2002 (22-юми апрел) чунин дарҷ гардида буд:«Аз нашри фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-уми июли соли 1999) дар бораи танзими ҷашну маъракаҳои мардумӣ қариб се сол мегузарад. Вале то ҳанӯз вазъи татбиқи фармон ва чорабиниҳои дар асоси он таҳияшуда ғайриқаноатбахш аст. Шахсоне, ки маъракаҳои пурдабдаба ва серхароҷот барпо мекунанд, чаро наметавонанд ба мактабҳо кӯмак кунанд ва барои рушди зеҳнии фарзандони худ дар мактабҳо синфҳои компютерӣ ташкил намоянд? Чунин шахсон бояд хуб донанд, ки фарзандони мо аз олам бехабар ва аз пешрафти ҷомеаи башарӣ монда истодаанд». Президенти мамлакат дар Паёми соли 2016 хотиррасон карданд: «Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия намоем». Дар Паёми соли 2016 ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки «Омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад». Пешвои миллат 26-уми декабри соли 2018 аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварданд, ки «Дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагонии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд». Роҳбари давлат бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир 26-уми декабри соли 2019 сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни мамлакатро уҳдадор намуданд, ки «Дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд». Инчунин, 28-уми декабри соли 2023 бори дигар аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварданд: «Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд». Президенти муҳтарами мамлакат дар Паёми навбатӣ, 28-уми декабри соли 2024, хотиррасон намуданд, ки «Соли ҷорӣ ман бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9-уми марти соли 2024) мулоқоти махсус доир карда, вобаста ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа муфассал ва кушоду равшан ибрози назар намудам. Дар мулоқоти зикршуда бори дигар андешаҳои худро оид ба мазмуну моҳият ва зарурату манфиати қабули қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» муфассал баён кардам. Пешвои муаззами миллат 16-уми декабри соли 2025 низ эҳтироми худро нисбати бонувону занон ва модарону духтарон изҳор намуда, ёдовар шуданд, ки бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд. Ҳақ ба ҷониби Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад». Бинобар ин, вазифаи ҷонии ҳар як сокини бонангу номуси мамлакат аст, ки ба қадри истиқлолияти давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ расад, риояи одобу русуми неки миллӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳои миллиро дар амал татбиқ намоем. Додарзода Илхом сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО, Хабарҳо

«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст.

Дар шароити мураккаби равандҳои ҷаҳонӣ, афзоиши таҳдидҳои мафкуравӣ ва густариши ифротгароии динӣ, масъалаи таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллат аҳамияти хосса касб менамояд. Дар ин маврид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳо таъкид намудаанд, ки дар зиндагӣ зираку худогоҳ бошед, фирефтаи ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои манфиатҷӯ нашавед. Дар хотир дошта бошед, ки касе дар фикри обод кардани Ватани мову шумо, хонаву дару кошонаи мову шумо нест. Сарвари давлат 9 марти соли 2024 зимни вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз доштанд, ки «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон». Ин суханон ҳамчун рукни асосии давлатсозӣ ва кафили сулҳу суботи ҷомеа аҳамияти бузург доранд. Дар ин замина хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода мусоҳиба анҷом дод. АМИТ «Ховар»: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!». Ба назари Шумо, моҳияти аслии ин сухан дар чист? Абдураҳим Холиқзода: Бо дарки таҳдиду хатарҳои замони муосир Пешвои миллати мо илман асоснок, таърихан мантиқӣ, аз лиҳози сиёсӣ мусбат ва аз назари эътиқод боинсофона таъкид намуданд, ки «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!». Зери ин шиор бори вазнини масъулияти худшиносӣ, давлатсозӣ, эҳтиром ба боварҳои мардумӣ ва тинҷию амонии мафкуравӣ ниҳода шудааст. Худошиносӣ аз худшиносӣ оғоз меёбад. Дар ҳадиси Паёмбари ислом омадааст: «Касе, худро шинохт, Худоро мешиносад». Миллати мо ҳастии мост, шинохти мо аз худамон, аз таърихамон, аз забонамон, аз фароҳангамон, аз давлату аз миллатамон, аз расму оинамон, аз суннату анъанаҳои деринаи миллиамон оғоз меёбад ва баъд то ба даргоҳи муъминию мусулмонӣ ва худошиносии мо рафта мерасад. Аз лиҳози шаклӣ ва мазмунӣ низ тавре, ки муҳаққиқон иброз доштаанд, миллат ва арзишҳои миллӣ шакл ё қолаби нахустини ташаккули маънавии инсон мебошанд, ки ба ҳаёти моддии ӯ мазмун мебахшанд. Эътиқод ва боварӣ танҳо баъд аз забон ва мансубияти миллӣ шакл мегиранд. Инсон нахуст бо забонаш ба иҷтимоишавӣ оғоз мекунад ва мазмуни зиндагии худро меҷӯяд. Сипас ба синни муайян расидан думболи ҷустан ба саволҳое мешавад, ки дин ба ӯ ҷавоб медиҳад. Дигар ин ки ҳар инсон ба ҳар бовару эътиқод маҳз тавассути вожаю мафҳумҳои забонӣ ворид мешавад. Забон аст, ки роҳи динро ба тафаккури инсон боз мекунад. Гузашта аз он арзишҳои миллӣ ва иҷтимоӣ инсонро ба иттиҳоди сиёсӣ меорад, вале боварҳои динӣ онҳоро дар сатҳи эътиқод ва боварҳо нигоҳ медоранд. Аз лиҳози маънӣ низ касе, ки ба қадри бародару хоҳар ва ҳамватани худ намерасад, касе, ки шукронаи ватани худро ба ҷо намеорад, касе ки неъмати тинҷию амонии давлаташро намешиносад, нафаре, ки Ватанашро дарк намекунад, ҳифз намекунад, касе, ки забонро намедонад, қоидаю имлояшро намефаҳмад, ӯ аз куҷо динро медонаду ба қадри дигар муъминон расида, Худоро мешиносад?! Ба ёд оред лаҳзаеро, ки Паёмбари гиромиро аз шаҳри Макка ронданд, он кас аз ғори Савр берун шуда, дар минтақаи «Ҷуҳфа», байни Маккаву Мадина қарор гирифтанд, роҳи Маккаро нигоҳ карда, маҳзун шуданд, дил ба ватан майл намуд, зодгоҳ ва манзили аҷдодонашонро ба ёд оварданд. Бо оҳи сарду чашмони пуроб ба сӯи Макка – ба ватани худ нигоҳе карданду гуфтанд: «Чӣ қадар шаҳри поку хушбӯе ҳастӣ ва дар қалби ман чӣ аҷаб маҳбубӣ. Туро ман дӯст медорам!!! Агар қавмат маро аз ту намеронд, ҳаргиз ба ҷуз аз ту маконеро маскан намекардам». Ин буд, ки Ҷабраил нозил шуд ва пурсид: Муштоқи ватан ва зодгоҳат шудӣ? Паёмбар (с) посух доданд: Бале! Ва дар ҳамин вақт нисбат ба меҳри Паёмбар бар ватанаш ояте нозил мешавад, ки бозгашти ӯро ба зодгоҳаш муқаррар месозад: «Ба дурустӣ Он, ки Қуръонро бар ту фарз кард, албатта, туро ба зодгоҳат бармегардонад! (Сураи «Қасас», ояти 85). Ё ба ёд орем, ки чӣ тавр аз эҳсоси меҳри Паёмбари ислом ба ватанаш Худованди бузург қиблаи муъминонро табдил дод. Пас аз ҳиҷрат ба Мадинаи мунаввара Паёмбари ислом пайваста бо меҳр ва иштиёқи хос ба сӯи ватани худ дида медӯхт. Ва эҳсоси ҳамин меҳру муҳаббати Паёмбар бар ватанаш буд, ки Худованди азза ва ҷалла қиблаи муъминонро ба сӯи ватани ӯ гардонд: «Ба дурустӣ ки мо гаштани рӯи туро дар ҷониби осмон мебинем. Пас, албатта, туро ба он қиблае мегардонем, ки ба вай хушнуд шавӣ (ишора ба зодгоҳи Паёмбар аст). Пас рӯи худро ба тарафи Масҷиду-л-ҳаром бигардон; ва ҳар ҷо, ки бошед, рӯйҳои худро ба тарафи вай бигардонед» (сураи «Бақара», ояти 144). Худованд ба хотири меҳри ватани расулаш қиблаи муъминонро тағйир дод. Магар ин ҳама гувоҳӣ аз мақому мартаба ва афзалияти ватану миллат бар дигар арзишҳо нест? Ин аломати муҳимми миллатдӯстӣ ва ватандӯстист. Тарзе Амир-ал-муъминин Алӣ ибни Абутолиб гуфтааст: «Дӯст доштани ватан аз гӯшаи имон аст». Мусулмонии мо вақте комил мешавад, замоне дуруст аст, ки мо ба қадри падару модари худ расем, ҳурмати эҳтироми бародару хоҳарро ба ҷо оварем, худро ҳамчун миллат шиносем, Ватан ва сарзаминамонро мисли гавҳараки чашм ҳимоя кунем. Ин ҳамон арзишҳое ҳастанд, ки ҳам қонуни башарӣ, ҳам таҷрибаи ҷаҳонӣ, ҳам ахлоқи инсонӣ ва ҳам Худованди бузург афзалияту бартариашонро барои мо муқаррар кардаанд. Маҳз бо дарки ҳамин масъулиятҳо ва ҳамин арзишҳо мо «нахуст тоҷикем, баъд мусалмон»! АМИТ «Ховар»: Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо то кадом андоза ҳифзи решаҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳангии миллати сиёсӣ метавонад омили асосии таҳкими худшиносии миллӣ, пойдории соҳибихтиёрии давлат ва муқовимат бо таҳдидҳои мафкуравии муосир бошад? Абдураҳим Холиқзода: Афзалияти мансубияти миллӣ ба унсурҳои муайяни фарҳангӣ ва таърихӣ такя мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз сӣ сол мешавад, ки дар ин самт моро ҳушдору бедор менамоянд. Чунки медонанд, ки иллати набудани унсурҳои хотираи таърихӣ ва фарҳанги миллӣ заъфи соҳибихтиёрии миллат аст. Дар назари аввал бояд дарк кард, ки таваҷҷуҳ ба таърих, ба эҳёи хотираи таърихӣ ва арҷгузории сатҳи миллию байналмилалии дастовардҳои ниёгон, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид мекунанд, ин кӯшиш дар масъалаи зинда ва барқарор кардани хотираи таърихии миллат барои бузургманишии халқу барқарории ҳақиқати таърихӣ ба танҳоӣ нест. Ҳарчанд, ки ин ҷанбаҳо низ зарурат дошта, аз аҳамият дар умум холӣ нестанд. Муҳимтар аз ҳама, вазифаи ҳифзу омӯзиши хотираи таърихӣ бедор кардани масъулияту рисолати давлатсозии халқ; сабақ бардоштан аз дастоварду таназзулҳои миллат дар масири таърих, дарку ҳазм кардани омилҳои рушду шикасти халқ дар шоҳроҳи давлатдорӣ, таҳлили сарчашмаҳои рушду манбаъҳои фарҳангӣ, соҳибӣ кардани фарҳанги моддӣ

МАҚОЛАҲО

Гузаштаро бояд омӯхт, то ояндаро сохт! (дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ)

“Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем” (Иқтибос аз Паём, 16.12.2025). Дар тӯли таърихи инсоният, намунаи қонунҳо, эъломияҳо, меъёру барномаҳои ахлоқӣ эҷод шудаанд ва ин раванд вобаста ба талаботи ҷомеа бо фаро гирифтани масъалаҳои нави ҳаётӣ идома дорад. Мазмуну моҳияти онҳо таъмини вазъи иҷтимоест, ки як фард тавонад бо риояи онҳо аз неъматҳои ҳаёти инсонӣ бархӯрдор шавад. Барои бунёди як давлати идеалӣ, дар ҷомеа ғояҳо ва идеологияҳои гуногуни устуравӣ, динӣ, тахаюлӣ, фалсафӣ ва сиёсӣ тарҳрезӣ шуданд. Аммо дар амал, танҳо чанде аз онҳо маънои бунёдӣ доштанд, ба пешрафт ва беҳдошти ҳаётии афрод, ҷомеа ва давлат мувофиқат мекарданд. Албатта, бояд таъкид намуд, ки инсони муосир, аз арзишҳои иҷтимоӣ ва категорияҳои ҳуқуқӣ, меъёрҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, ки ҳазорсолаи пеш эълон шуда буданд, хеле дур рафтааст, зеро пешрафти ҷомеа зарурати таҳавулоти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиро пеш меорад, ки метавонад ҷанбаҳои мусбат ва манфӣ дошта бошанд. Чаро баъзе тамаддунҳои пешрафта натавонистанд дар муқобили гардишҳои таърихӣ истодагарӣ кунанд? Зеро бақои тамаддун ба муносибати мардум бо арзишҳои миллӣ, ки худ барандаи онҳо ҳастанд ва вазъи сиёсие, ки дар фароянди таърихӣ ба он рӯ ба рӯ шуданд, вобастагӣ дорад. Масалан, фарҳанги қибтиҳо фарогири тамоми кишварҳои Африқои шимолӣ буд, вале дар натиҷаи чанд бархӯрдҳои таърихӣ аз байн рафт. Чаро?!!! Пас аз забти сарзамини атрофи Нил аз ҷониби юнониҳо ва баъдан забт шудани ҳудуди Миср аз ҷониби арабҳо, ва ба таври иҷборӣ, бо фармони халифа Абдулмалик ибни Марвон, ки “забони арабӣ забони расмии Миср ва манотиқи гирду атрофи он хоҳад шуд”, (1) дар тӯли 400 соли оянда, барои ҷорӣ кардани забони арабӣ ва аз байн бурдани фарҳанги ин мардум дар ҳаёти ҳаррӯза фишори иҷтимоӣ ва динӣ шиддат гирифт, аз манотиқи дигар мардуми бегона вориди шаҳрҳо шуд, мардуми зиёди қибтию юнонизабон ба манотиқи зери ҳокимияти Рум кӯчид, мардум барои пешбурди зиндагӣ ба марказҳои тиҷорӣ ва шаҳрҳо кӯчиданд, ки дар он ҷо бо забони арабӣ муошират мекарданд. Ҳатто элитаи фарҳангӣ барои ишғоли мавқеъ дар маъмурияти давлатдорӣ фарзандони худро забони арабӣ-юнонӣ таълим медоданд (Коттон, Ханна. От эллинизма к исламу: культурные и языковые изменения в римском Ближнем Востоке. Издательство Кембриджского университета, 2012, 426). Ин боиси он шуд, ки забони қибтӣ аввал ҳамчун забони адабӣ ва сипас ҳамчун забони гуфтугӯ мақоми худро аз даст дод ва дар ниҳоят забон, фарҳанг ва миллат аз байн рафтанд. Гузаштаи ин, тамаддун танҳо дар таърихномаҳо боқӣ мондаасту халос. Муҳаққиқ ва таърихнигори мисрӣ Аҳмад Амин бо алам ёд мекунад: “Ҳамчун миллат вақте ки мо забони қибтиро аз даст додем, мо воқеан куллан ҳувияти фарҳангӣ ва этникии худро аз даст додем. Имрӯз диаспораҳои бисёри қибтиҳо берун аз Миср зиндагӣ мекунанд, орзӯи пайванд бо Мисри дорои фарҳанги таърихӣ ва миллӣ доранд”. Аҳмад Амин, книга «Словарь египетского фольклора» (Париж 1956. Стр. 178). Воқеан суханони Пешвои миллат, ки душманон аввал забон, баъд фарҳангатро мебаранд ва дар охир миллат нест мешавад, ишораи дақиқи таърихӣ барои бақои миллат аст. Кӯшиши эҳёи миллат, дар давраҳои таърихӣ гуногунранг буда, намояндагони гурӯҳи этникӣ, ки нисбатан ташаккулёфта буданд, афкори ҷамъиятиро сохта, раванди сиёсиро бо манфиати ҳамаи гурӯҳҳои дигар тарҳрезӣ мекарданд. Ташаккули арзишҳои умумимиллӣ гурӯҳҳои этникиро муттаҳид мекарданд, вале дар ин раванд нақши ҳама якхела набуд. Новобаста аз ин, гурӯҳҳои гуногуни этникӣ бо назардошти манфиатҳои умумӣ ва арзишҳои ягона ба ҳам пайванд шуда, барои ташаккули миллатҳо замина гузоштанд ва ин таҷрибаи таърихии бунёди миллатҳои гуногун дар ҷаҳон аст. Намунаи ташаккул ёфтани миллати рум аз қавмҳои парокандаи латиниҳо, сабиниҳо, аз гурӯҳҳои этиникии хуася, янди, хуанди, ман, жун. юэ сохтани миллати чин, аз қавмҳои минг, юз, кият, манғит, кипчоқ, найман, уйғур, оғуз ва ғайра сохтани миллати турк, аз қавмҳои мунда, бирманиҳо, скифҳо, кушаниҳо, гуннҳо, дравидиҳо, ҳиндуориёиҳо, кшатриҳо, раджпутҳо сохтани миллати ҳинду нишонгари ин раванди таърихии ташаккули миллатҳоро собит мекунанд. Дар фароянди таърихӣ пайванди ин гурӯҳҳо ифодакунандаи манфиатҳои умуммиллӣ мегардад (Elst K. Ayodhyaand after. Issuesbefore Hindusociety. NewDelhi, 1991.P.V). Дар ин маврид, назарияи дигар низ вуҷуд дорад. Дар аксар вақт муҳаққиқон ва таърихнигорон равандҳои мураккаби соҳибихтиёрӣ ва ташаккули миллатро ҳамчун омили низоъҳои дохилӣ муаррифӣ мекунанд ва ин ҳолатро бо мафҳуми “ниқобпӯшии миллӣ-этникӣ” ифода мекунанд (Jaffrelot Ch.The idea of Hindu racein the writings of Hindu nationalist ideologues in the 1920 sand 1930s: acon cept between two cultures// Thecon ceptof race in South Asia/Ed.P.Robb. Delhi: OxfordUniv. Press, 1997. P.327–354). Хулосаи ниҳоии ин гурӯҳ аз он иборат аст, ки дар ҳар давлате, ки гурӯҳҳои этникӣ зиёд бошанд, омили низоъ дар он бештар аст. Аммо таҷриба собит намудааст, ки “гуногунии қавмӣ ва этникӣ худ сабаби низои мусаллаҳона нестанд, балки усули сохтани ҳувияти қавмӣ-этникӣ ё миллӣ, ки хусусияти сиёсӣ касб мекунад ва омили ҷалби қувваҳои бегона дар ин раванд мешаванд, аксар вақт ҷонибҳои низоъро муайян мекунанд” (Grant W.J.Thespace of thenation:anexamination of thes pecial production of Hindu nationalism // Nationalism andethnic politics,2005. Vol.11.P.338–339). Сиёсикунонии идеяи миллатмеҳварро дар сохтани давлати миллӣ Гитлер дар Олмон таҷриба карда буд, ки заминаи пайдоиши миллатгароии олмонӣ гардид. Зеро чунин модели миллатсозӣ тоқати мавҷудияти миллатҳои дигарро надорад ва роҳи ягонаи сохтани ҷомеаи мутамаддинро дар нест кардани миллатҳои дигар мебинанд. Низоъҳои муосири хусусияти миллӣ касбкарда, решаҳои таърихии садсола доранд, баъзан аз майдони баҳсҳо берун мешаванд ва бо рӯйи кор омадани ягон ҳодиса бо қувваи нав авҷ мегиранд. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки сабабҳои низоъҳо реша дар ҳолати кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии ҷомеаҳо доранд, аммо идеологияи низоъ воқеан метавонад ба хотираи таърихӣ муроҷиат кунад ва онро мувофиқ ба манфиати ин ё он гурӯҳҳои сиёсӣ ташкил кунад. Дар ҳолати аввал, ҳифзи арзишҳо бораи ташаккули ҳувият (забон, фарҳанг ва то андозае дин), ки ҳамчун асли асосии он эътироф шудаанд, қарор медиҳанд. Дар ҳолати дуюм, мубориза таҳти шиори барҳам додани табъиз нисбати миллатҳои дигар, ихтилофи гурӯҳҳои гуногун нисбати ҳамдигар дар дохили як миллат сурат мегирад. Гурӯҳҳои гуногун аз ҷиҳати сиёсӣ, иҷтимоӣ ё дигар хусусиятҳо ҳувияти этникӣ ва қавмиро ҳамчун унсури мустақили иҷтимоӣ қарор дода, дар атрофи онҳо идеяҳои нав зуҳур мекунанд. Чунин таҷрибаи ҳувиятсозӣ дар Қафқоз ва Сурия таҷриба карда шуд. Ҷалби бегонагон аз ҷониби як тарафи низоъ ба ҷуз ҷанги дохилӣ ва харобӣ чизе наовард. Дар сурати набудани низоми устувори танзимкунандаи муносибатҳои дохилӣ чунин муноқишаҳо метавонанд солҳо идома

МАҚОЛАҲО

Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Забон ва маънавиёт шаҳсутуни ҳастии миллатанд «Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад». Эмомалӣ Раҳмон Боиси ифтихор аст, ки барои ташаккули худшиносиву худогоҳии миллии насли наврас шароити зарурии иҷтимоӣ фароҳам оварда шудааст. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро ҳамчун неруи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф кардаанд ва бе иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба хотири таъмини шароити донишомӯзии наврасону ҷавонон ба таъмиру таҷдиди мактабҳо, сохтмони муассисаҳои таълимии наву замонавӣ, сифати чопи китобҳои дарсӣ ва дастрасии онҳо, компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ аҳаммияти зарурӣ медиҳанд. Ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 30-юми августи соли 2025 Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд: «Миллате, ки босавод, дорои маорифи босифат ва кадрҳои баландихтисос аст, метавонад дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибмақом бошад. Аз ин рӯ, дар давоми беш аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди мушкилоти зиёд, дар радифи соҳаҳои дигар соҳаи маориф низ рушд ёфт ва ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Муҳимтар аз ҳама, дар ин давра насли наве, ки муҳаббат ба Ватан, арҷгузорӣ ба ҳувияти миллӣ ва таваҷҷуҳ ба илму маърифат дар меҳвари шахсияташ қарор дорад, ба миён омад». Халқи тоҷик дар тӯли таърихи худ ҳазорон шоирону нависандагони ҷаҳоншумул ба воя расонидааст. Бо таъкиди гузаштагони некномамон халқи тоҷик ба китоб ва сухани китобӣ бовар дошт, ҳама зиндагиашро аз рӯйи китоб тартиб медод, шинохти моҳияти худ, шинохти мавқеи худ дар дунё, ҷаҳонбинии ӯ бо ёрии китоб сурат мегирифт. Сарвари давлат низ китобро маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа ҳисобидааст, ки қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад. Вобаста ба ин, олимону донишмандонро ба он даъват менамояд, ки зарур аст ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ аз огаҳӣ доштан аз таърихи гузаштаи халқ ва ошноӣ бо корномаи фарзандоне, ки дар роҳи расидан ба озодиву истиқлол ва таҳкиму пойдории давлатдории миллӣ талош кардаанд, сарчашма мегирад. Ҳамин аст, ки бо дастури Сарвари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Бо фармудаи Пешвои муаззами миллат мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд. Ҳадафи асосии Сарвари давлат аз ин тадбирҳо ошноӣ пайдо кардан ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва сатҳи маърифати илмии мардум аст, то ки насли ҷавон ба моҳияту маънои таъриху дину мазҳаб дуруст сарфаҳм раванд. Инчунин, ёдовар бояд шуд, ки Сарвари давлат ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ диққати махсус дода, аз ҷумла донистани забонҳои русӣ ва англисиро ҳатмӣ мешуморанд. Ӯ дар китоби худ «Забони миллат – ҳастии миллат» ёдрас намудааст, ки забон падидаи фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он ҳар як шахс ҳувияти хешро мешиносад, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд ва ҳофизаи маънавиашро қавӣ мегардонад. Илова бар ин, забон яке аз унсурҳои тавонбахши таъриху фарҳанг ба шумор рафта, дар он анъана ва суннатҳои халқ ифода меёбад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад. Бедордиливу ватанпарварии Сарвари давлат аз пос доштани арзишҳои забони тоҷикӣ низ шаҳодат медиҳад. Дунёи маърифату маънавиятро обод гардондан осон нест. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, чунки забон ва маънавиёт шаҳсутуни ҳастии миллатанд ва ҳифзу қадрдонӣ аз ин ду шаҳсутун вазифаи ҳар як фарди солимфикри ҷомеа аст. Дар паси ин гуфта ҳақиқати бебаҳсе ниҳон аст. Ин ё он забонро он кас хубтар медонад ва андар мағзи ҷони хеш ҷо медиҳад, ки ба анъанаҳои соҳиби он забон аз дилу ҷон арҷ мегузорад. Чунонки мегӯянд, азбар кардани ҳар забони нав одамро боз як бори дигар одам мекунад. Гузашта аз ин, ҳар фард ҳар боре ки як забони навро ёд бигирад ва агар тавони қиёс кардани забонро дошта бошад, бовар ҳосил мекунад, ки барои чӣ поягузори адабиёти навини олмон Иоганн Волфганг Гёте (1749-1832) бо нияти огоҳии комил ёфтан аз ғазалҳои Ҳофиз муддати ду сол забони форсӣ омӯхтааст. Андешаи худро бо таъкиди Пешвои муаззами миллат ба итмом мерасонам, ки фармудааст: «Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мо бояд ба иштибоҳу хатоҳое, ки дар таърихи миллатамон борҳо иттифоқ афтодаанд, роҳ надиҳем, ба ояндаи хеш назари нек дошта бошем, боз ҳам муттаҳид гардем, ба рамзҳои давлатдории миллиамон арҷ гузорем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, барои сулҳу субот талош намоем ва дар пойдориву устувории давлатдории миллии худ саҳми арзанда гузорем». Вализода Одинашоҳ, сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

МАҚОЛАҲО

Сулҳу ваҳдати миллӣ – арзиши олӣ барои ҳар шаҳрванди кишвар (Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Сулҳу ваҳдати миллӣ барои ҳар давлат ва ҷомеа аз арзишҳои бебаҳо ва муқаддас ба ҳисоб меравад. Ин неъмат аст, ки ба шарофати он халқҳо метавонанд дар фазои орому осоишта зиндагӣ кунанд, тараққӣ ёбанд ва ба фардои дурахшон нигаранд. Имрӯз дар шароити ҷаҳони муосир, ки хатарҳои глобалӣ ва низоъҳои миллӣ торафт авҷ мегиранд, аҳамияти сулҳу ваҳдат боз ҳам бештар мегардад. Ба туфайли сулҳу ваҳдат мардум метавонанд зиндагии осоишта дошта бошанд, ба таълиму тарбияи фарзандон машғул шаванд, дар пешрифти Ватан саҳм гузоранд. Заминаҳои таърихии расидан ба Ваҳдат Тоҷикистон, ки дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ ҷанги шаҳрвандиро паси сар кард, арзиши сулҳу ваҳдатро хуб дарк мекунад. Пас аз Истиқлоли давлатӣ, ки соли 1991 ба даст омад, кишвари мо дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор гирифт. Ин фоҷиа боиси талафоти зиёди ҷонӣ, хисороти иқтисодӣ ва парокандагии миллат гардид. Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ: ин иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз заминаи аввалини барқарорсозии сохти конститутсиониро гузошт. Суханони таърихии Пешвои муаззами миллат «Ман ба шумо сулҳ морам!» ва «То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, осуда нахоҳам буд» шиори асосии раванди сулҳ гардиданд. 27-уми июни соли 1997 дар Маскав Созишномаи умумии истиқорори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки нуқтаи гардиш дар таърихи муосири мо шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомўзад ва барои насли имрўз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад. Сулҳу ваҳдат имкон дод, ки кишвар аз вартаи ҷанг халос ёбад, миллионҳо нафар ба Ватан баргарданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо ҳамкориро ба роҳ монад, иқтисодиёт тараққӣ кунад, корхонаҳо барқарор шаванд, ҷойҳои корӣ зиёд шаванд, маориф ва фарҳанг рушд ёбанд. Ваҳдати миллӣ бошад, ин ҳамбастагии миллатҳо, динҳо ва дигар табақаҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Дар Тоҷикистон миллатҳои гуногун ва пайравони динҳои мухталиф зиндагӣ мекунанд ва ҳама якҷоя, бо ҳам барои ободии кишвар кӯшиш мекунанд. Ба шарофати ваҳдати миллӣ ба мо имкон медиҳад, ки масъалаҳои мураккаби давлатӣ ҳал карда шаванд, ташаббусҳои созанда амалӣ гарданд, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда фароҳам оварда шавад. Имрӯз мо натиҷаҳои ваҳдати миллӣ ва иттиҳоди мардумро ба чашми сар мебинем: Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қўрғонтеппа–Кўлоб иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок растанд ва имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад. Душвортарин муаммои мо масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерўгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд. Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Аз ҷумла, сохмони нерўгоҳҳои барқи обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», як қатор нерўгоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтўда-1 ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад. Шумо боре ба гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон назар кунед, ки чи гуна ободу зебо гаштаанд. Бунёди ҳайкали аввалин давлатдори тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, ки назираш дар олам нест, китобхонаи миллӣ, осорхона, театр, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дода, аз дастовардҳои истиқлолият маҳсуб меёбанд. Сокинону меҳмонон бо завқ дар пойтахти мамлакатамон сайру гашт намуда, сайёҳони хориҷӣ шаҳри Душанберо «Шаҳри сабз» ном гузоштаанд. Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф меоранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанг диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни Ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, 2500- солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2500- солагии Хуҷанд, 2700- солагии шаҳри Кўлоб, 700- солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти Пешвои бузургтарин мазҳаби ростини ислом – Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуд. Мақоми давлатӣ гирифтани ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак» ва таҷлили ҳамасолаи «Наврўз», «Меҳргон», Рўзи «Шашмақом», «Рўзи фалак», «Рўзи китоб», «Рўзи Парчами миллӣ», «Рўзи Президент», дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллалӣ, ширкати бевоситаи Роҳбари давлат дар чорабиниҳои фарҳангӣ аз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Дар даврони истиқлолият Наврўз ҷаҳонӣ шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврўз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод – аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қурони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид. Инчунин «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳёи улуми улуми дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқиммат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд. Аммо бузургтарин хизмати Пешвои миллат ба дини ислом ин пок намудани номи дин ва мусулмонон аз тамғаи терроризм мебошад. Пешвои миллат аз минбари баланди СММ таъкид намуданд, ки террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин андешаҳои Роҳбари давлати тоҷикон писанди ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда, имрўз дар баромадҳои сарони дигар давлатҳо ва пешвоёни дини ислом ин нукта пайваста садо медиҳад. Нақшаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданашон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масълаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муаллифи чор ташаббуси бузурганд, ки дар

МАҚОЛАҲО

ТАСВИРИ ФУРӮПОШИИ СОСОНИЁН ДАР “ШОҲНОМА”

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ниёкони мо ҳанӯз аз бомдоди таърих ба эҷоду ҷамъоварии осори гузаштагону донишҳои таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, муҳимтарин ҳаводиси рӯзгорашонро дар шакли хаттию нақлӣ ба воситаи достонҳо, корномаҳо, размномаҳо ва андарзномаҳо ҳифз намуда, ба наслҳои оянда мерос мегузоштанд. Истеъдод ва қобилияти баланди таърихнигорӣ ва достонофарии ниёкони мо дар сарчашмаҳои таърихӣ ба таври возеҳу шоиста инъикос ёфта, шоҳкориҳои онҳо дар шакли достоннигорӣ ҳанӯз аз замони Таҳмураси пешдодӣ шуруъ гардида, бузургтарин дастовардҳо ва шоҳкориҳои офаридаи худро дар шакли достонҳову корномаҳо, сина ба сина, насл ба насл интиқол дода, то замони мо онҳоро на танҳо ҳамчун ганҷи бебаҳои таърихи миллати бузург ҳифз намуданд, балки ба меросбарони худ ҳамчун армуғони бузурги худшиносию худогоҳӣ ва намунаи волои андешаи меҳанпарастию ватандӯстӣ ба ёдгор монданд. Мутаассифона, Искандари Мақдунӣ бар асари рашку ҳасуду кинаи деринаи таърихӣ ва бартариятҷӯии қавмияш дар баробари шикасти шоҳаншоҳии овозадори Ҳахоманишиҳо осори мактуби таърихию фарҳангӣ ва адабии форсии қадими ниёкони моро ғолибан аз байн бурд ба ҷуз сангнавиштаҳо, ки ҳамакнун шоҳиди феълии бузургию ҳашамати давлатдории миллии мо ҳастанд. Дар ин бора муаррихи бузурги араб Ал-Ҷоҳиз (775-868) чунин менависад: «Эрониён ба воситаи майлу рағбати фаровоне, ки ба ҳифзи осор ва ахбор доштанд, вақоеи бузург ва корҳои азими худ ва ҳамчунин андарзҳои судманд ва умуреро, ки муҷиби шараф ва сарафрозии эшон мебуд, дар дили кӯҳ менигоштанд ва ё дар биноҳои баланд ва устувор ба ёдгор мегузоштанд. Ва бад-ин сон онҳоро аз хатари завол маҳфуз дошта, барои ҳамеша пойдор месохтанд». Ин осори гаронмоя аз катибаҳои “Ариярамна”, “Аршома”, “Маншури Куруши Кабир” “Багстан”, катибаи “Доро дар мавриди кандани Суетс”, катибаҳои “Нақши Рустам”, катибаи “Тахти Ҷамшед” ва дигарон иборат аст. Бо созмон ёфтани давлатҳои Юнонии Бохтар ва Кушониён ва хоссатан таъсис ёфтани шоҳаншоҳиҳои Ашкониёну Сосониён марҳилаи дигари давлатдорӣ ва худшиносии ниёгони мо оғоз гардид, ки ин марҳилаи таърихиро марҳилаи тақдирсоз дар таърихи аҳди бостони ниёкони тоҷикон шуморидан ба маврид аст. Маҳз дар ин марҳила Ашкониён бо эҷод намудани хатти паҳлавӣ тавонистанд бузургтарин осори таърихии паҳлавонию қаҳрамонӣ, осори гаронбаҳои фарҳангию мазҳабӣ, бинокорию меъмории миллӣ ва осори адабию ойини рӯзгордории миллати тоҷикро бунёд гузоранд. Дар ин марҳилаи таърихӣ ҳофизаи таърихии ниёкони мо ҳифз гардида, бузургтарин осори хусусияти таърихию адабидоштаи “Бундаҳишн”, “Ривоёти паҳлавӣ”, “Ардавирознома”, “Аййоткории Ҷомосп”, “Аййоткории Зарирон”, “Дарахти Асурик”, “Достони Минуи хирад” ва осори зиёди дигар таълиф гардиданд. Сосониён ба иқдоми фарҳангии Ашкониён дар мавриди ҳифзи донишҳои таърихӣ ҳиммати бештар гумошта, асарҳои гаронбаҳои таърихӣ аз қибили “Худойнома”, «Корномаи Ардашери Бобакон», «Корномаи Анӯшервон», «Тоҷнома», «Ойиннома», «Баҳори Чӯбиннома» асари ҷуғрофию омории «Шаҳристонҳои Эрон», асари тақвимию гоҳшумории «Гоҳнома» асарҳои фалсафии «Кеҳнома», «Ёдгори Зарирон», «Ихтиёрнома», «Калилак ва Димнак», «Динкард», асари ҳуқуқии «Модигони ҳазордастон», асарҳои адабию тарбиявии «Андарзи Хисрав», «Андарзи Озорбади Меҳроспандон», «Ёдгориҳои Ҷомосп», “Андарзи Хусрави Каводон”, “Андарзи пешиниён”, “Андарзи дастурон ва беҳдинон”, “Модигони Чатранҷ”, “Доруи хурсандӣ” ва осори зиёди дигареро тадвин ва таълиф намуданд, ки заминаи воқеӣ ва сарчашмаҳои асосии таълифи асарҳои безаволу мондагори “Таърих”-и Табарӣ ва “Шоҳнома”-и Фирдвасӣ гардиданд. Хулосаи матлаб ин аст, ки дар таҳқиқоти арзишманди Маликушшуарро Баҳор «Сабкшиносӣ» 93 адад китоби маълуму машҳур ва то ба имрӯз расидаи осори паҳлавӣ нишон дода шудааст, ки ин асарҳо аз тарафи мутарҷимон ба монанди Ибни Муқаффаъ, Навбахт, Мӯсо ва Юсуф, Алӣ ибни Зайд, Ҳасан ибни Саҳл, Қосими Исфаҳонӣ, Исои Курдӣ ва дигарон бо забони арабӣ тарҷума шуданд. Номи иддае аз асарҳои паҳлавие, ки ба арабӣ тарҷума шуданд дар асари Ибни Надим «Ал-Феҳрист» ёд мешавад, ки шумораи онҳо ба 305 адад мерасад. Пас, маълум мегардад, ки вазъи пуршукуҳи донишҳои таърихии ниёгони тоҷикон ҳанӯз аз дуртарин замонҳо ҷилвагар шуда, дар ибтидои асрҳои миёна, дар замони оғози марҳилаи нави таърихӣ ва кашмакашиҳои аҷнабиён, барои таълифи таърихномаҳои бузург заминаи бунёдӣ гузошта тавонистанд. Бо фӯрупошии шоҳаншоҳии Сосониён марҳилаи дигари давлатдорию ифтихороти миллии ниёгони мо аз байн рафт. Аъроби фотеҳ низ чун дигар аҷнабиён барои нобуд кардани гузаштаи пурифтихори мо камари ҳиммат баста, муҳимтарин осори таърихию фарҳангии ниёкони моро аз байн бурда, мехост барои гузаштагони мо дарси шуҷоату ҷавонмардӣ биёмӯзад. Маҳз дар ҳамин марҳилаи таърихӣ сабаби ба зудӣ эҳё шудани таърихнигории миллиро дар ин давраи ҳассоси таърихӣ, муаррихи шаҳири тоҷик Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ чунин шарҳ додааст: “Чун баъзе аз қабоили арабӣ ба ифтихороти мутаассибонаи худ оғоз ниҳоданд ва худро бар дигар мардумони тобеаи худ бартар донистанд, донишмандони эронӣ бад-он шуданд, ки агар сухан аз ифтихороти гузаштаву бартарияти қавмист, пас онро дар гузаштаи эрониён бояд ҷуст ва ба ҳамин сабаб дар пайи ошкор ва мунташир намудани гузаштаи пурифтихори худ шуданд”. Чун хонадони Сомониён ба қудрат расида, давлатдории миллии моро эҳё намуданд, аввалин амали худро дар раванди давлатсозӣ аз ташаккули тафаккури таърихии мардумони бумии Хуросони Бузург оғоз намуданд. Заҳамоти зиёди донишмандон ва муаррихони аҳди Сомониён чун Абулқосим Абдуллоҳ ибни Аҳмади Каъбии Балхӣ муаллифи «Мафохири Хуросон», Абузайд Аҳмад ибни Саҳли Балхӣ (850-934) муаллифи «Сувару-л-ақолим», Абуабдуллоҳ Аҳмад ибни Фақеҳи Ҳамадонӣ (869-942) муаллифи «Ал-булдон», Абуисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад ал-Форисӣ маъруф ба Истахрӣ (849-957) муаллифи «Ал-масолику-л-мамолик», Абуабдуллоҳ Ҳамза ибни Ҳасани Исфаҳонӣ маъруф ба Ҳамзаи Исфаҳонӣ (883-960-70) муаллифи «Девони Абунувос», «Китобу-л-амсол», «Китобу-т-танбеҳ», «Китобу-л-умам», Абдуллоҳи Хоразмӣ муаллифи «Мифтоҳу-л-улум», Абулмуайяди Балхӣ муаллифи «Аҷоибу-л-булдон» Абуабдуллои Ҷайҳонӣ муаллифи «Китоб-ул-мамолик в-алмасолик», Абуисҳоқи Собӣ муаллифи «Таърихи Оли Бувайҳ, Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ (899-959) муаллифи “Таърихи Бухоро”, Абуабдуллоҳ ибни Муҳаммад маъруф ба Ибни Мискавейҳ (932- 1030) муаллифи «Таҷорибу-л-умам ва авоқибу-л-ҳимам» (дар таърих), «Таҳзибу-л-ахлоқ», «Татҳиру-л-аъроқ» (дар дину фалсафа), «Ҳикмату-л-холида», Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ (934-1020) муаллифи асари безаволи “Шоҳнома” тавонистанд, ин миллати бузургро дар раванди ҳаводиси фалокатбори тираву тори асримиёнагӣ аз вартаи нестшавӣ наҷот бидиҳанд ва барои муаррихони муосир намунаи ибрат бошанд. Яке аз муаррихони бузурги замони растохези тоҷикон – Сомониён Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, ки осори безаволаш – “Шоҳнома” дар рушди тафаккури таърихии миллати тоҷик нақши муҳим бозидааст. Ҳаким Абулқосим Мансур ибни Ҳасан ибни Исҳоқ Шарафшоҳи Тӯсӣ маъруф ба Фирдавсии Тӯсӣ (934 ё 940 – 1020-25) аз зумраи достонсароёни машҳури олам аст, ки дарозтарин достонҳои назмии қаҳрамонию паҳлавонӣ ва таърихии дунёро офаридааст. Дар аксар сарчашмаҳои таърихӣ аз Фирдавсӣ ҳамчун саромадони муаррихони порсигӯ ёд кардаанд, аз ҷумла Мирхонд дар «Равзату-с-сафо»-и хеш зикр менамояд, ки Фирдавсӣ бо «Шоҳнома»-и худ ҳуввияти азбайнрафтаи эрониёнро пас аз футуҳоти араб дубора зинда кард. Аҳаммияти таърихии “Шоҳнома” дар он аст, ки аз муҳиммтарин сарчашмаҳои таърихии ниёкони худ ба мисли сарчашмаҳои форсии қадиму катибаҳои ҳахоманишӣ ва паҳлавии форсии миёна, ки

МАҚОЛАҲО

САЙРЕ БА ТАЪРИХИ СОЛИ НАВ ВА МОҲИЯТИ ИН ҶАШНИ КУҲАН

Ҷашни солинавӣ аз ҷумлаи қадимтарин ва маъмултарин анъанаҳои фарҳангӣ мебошад, ки таърихи пайдоиши он ҳамзамон бо пайдоиши анъанаҳои кайҳоншиносӣ, гоҳшиносию гоҳшуморӣ ва дарки қонуниятҳои умумии зуҳур ва инкишофи падидаву ҳодисаҳои олами табиӣ оғоз ёфтааст. Инсоният ҳамеша ва дар ҳар давру замон зимни мушоҳидаи падидаю ҳодисаҳои олами табиӣ барои дарки сабабҳо ва моҳияту хусусиятҳои зуҳури онҳо кӯшиш намудааст ва тасаввуроти донишҳои дар ин раванд ҳосил намудаашро аввал дар устураҳо, сипас ривоёту таълимоти динӣ ва ниҳоятан, дар назарияҳои илмӣ инъикос намудааст. Аз ин нуқтаи назар, зимни омӯзиш ва шарҳи мухтасари ҷашни солинавӣ ҳамчун падидаи фарҳангӣ, зимнан, дар назар доштан лозим аст, ки аслан, ин ҷашн – ҷашни як воқеият ё ҳодисаи қонунманду такрорёбандаи инкишофи ҳастӣ мебошад. Дар зарфи як соли пурра, яъне 365 шабонарӯз, Замин як маротиба дар гирди Офтоб ва дар зарфи як шабонарӯз як бор дар гирди меҳвари худ мечархад ва ин ҳодисаи такрорёбандаи кайҳонӣ худ як шарт ё омили зарурию ҳатмӣ барои пайдоиши ҳаёт ва мавҷудоти зинда дар Замин маҳсуб мешавад. Дар натиҷаи чархидани Замин дар гирди меҳвари худ шаб ва рӯз якдигарро иваз мекунанд, дар натиҷаи чархидани Замин дар гирди Офтоб чаҳор фаслҳои сол (баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон) пайваста такрор мешаванд. Албатта, ҳар кадоми ин ҳодисаҳои қонунманду такрорёбанда шабу рӯз, баҳору тобистон ва тирамоҳу зимистон, таносуб ва робитаи муайяни сабабӣ-натиҷавӣ вуҷуд дорад, ки тибқи он шабу рӯз ва фаслҳои сол доимо такрор меёбанд ва якдигарро иваз мекунанд. Ҳамаи ин ҳодисаҳо, ки дар давоми як соли пурра, яъне як маротиба давр задани Замин дар гирди Офтоб пайваста ба вуқӯъ меоянд, барои ҳаёти мавҷудоти зиндаи заминӣ, аз ҷумла инсоният зарурӣ маҳсуб мешаванд. Аз ин рӯ, ҷашнгирии Соли нав – рамзи арҷгузорӣ ва қадршиносии инсон нисбат ба ҳодисаву падидаҳои куллии тавлидкунандаи ҳаёт мебошад. Чунки, агар ин ҳодисаву падидаҳо намебуданд, ҳаёт дар рӯйи Замин пайдо намешуд. Дар ин пешгуфтор, мо кӯшидем моҳият ва арзиши ҳаётии солро ҳамчун ҳодисаи қонунманду такрорёбандаи кайҳонӣ ва омили тавлидкунандаи олами зиндаи объективӣ (табиати зинда – наботот, хайвонот ва инсоният) барои хонандагон шарҳ диҳем. Чӣ тавре ки тифли ширхора, бо вуҷуди ҳанӯз хом ва ноқис будани нерӯҳои ақлонии худ, ба модари худ меҳру муҳаббат зоҳир мекунад, ҷомеи инсонӣ низ ҳанӯз то пайдоиши тамаддун, дар ҳамон даврони ибтидоии «туфулият», ки таҳти «қонунҳои ҷангалӣ» мезист, вобастагии таърих ва сарнавишти худро аз ҳодисаҳои қонқунманди низоми табиӣ ва кайҳонӣ, азҷумла ивазшавии силсилавии сол дарк карда буд. Чунин тарзи ибтидоии дарки ҳодисаҳои қонунманди табиӣ ва кайҳонӣ дар ҷаҳонбинии хоси давраи қадим дар мафҳуми «Гардиши фалак» ифода ёфтааст. Таҳти ин мафҳум дарки баръаксу иштибоҳии ҳаракти ҷирмҳои низоми низоми кайҳонӣ ва таносуби байни онҳо дар назар дошта шудааст, ки хоси ҷаҳонбинии устуравӣ ва баъзе таълимотҳои динӣ – фалсафии асримиёнагӣ мебошад. Тибқи чунин тарзи соддалавҳонаи маърифати олам, Замин маркази коинот аст ва фалак (коинот, «гунбади даввор») атрофи он чарх мезанад. Дар ҳар сурат, инсоният ҳанӯз дар ҳамон давраи қадим ба ҳаракати замон ва ивазшавии он тавассути «гардиши фалак» боварӣ ҳосил карда, нуқтаи оғози онро тибқи дарку фаҳмиши худ муқаррар карда, ин ҳодисаро мавриди эътиқоду парастиш қарор додааст. Дар натиҷа яке аз ҷашнҳои бошукӯҳу маъмултарин дар ҷаҳон – ҷашни солинавӣ ба вуҷуд омадааст. Вале, ҷашни солинавӣ ҳамчун падидаи фарҳангии ҳамсафари ҳаёти башарият, ҳамчун як меъёри иҷтимоӣ, дар ҳеҷ давру замон дар як ҳолати шахшуда боқӣ намондааст, балки доимо бо ин ё он замони мушаххаси таърихӣ мутобиқ шуда омадаанд. Дар ҳар замони мушаххас ҷанбаҳои ба шароит ва мафкураи дар ҷомеа ҳукмрон мувофиқи ин ҷашн ташаккул ёфтаанд ва ин хусусияти рушди ҷашни солинавӣ дар замони мо низ ба мушоҳида мерасад. Акнун, бо такя ба маълумоти маъхазҳо, сарчашмаҳои хаттӣ ва иттилооти адабиёти илмӣ таърихи ҷашни солинавиро мухтасар таҳлил мекунем. Таърихи таҷлили ҷашни Соли нав ҳадди ақал панҷ ҳазор сол пеш оғоз гардидааст ва яке аз қадимтарин идҳост. Ҳангоми ҳафриёт дар аҳроми Миср бостоншиносон зарферо пайдо карданд, ки дар он ибораи «Оғози соли нав» ҳаккокӣ шуда буд. Дар Миср вобаста ба давраи серобшавии дарёи Нил, тахминан аз охирҳои моҳи сентябр соли нав оғоз меёфт. Дар ҳазорсолаи сеюми пеш аз мелод дар Байнаннаҳрайн ин анъана, яъне ҷашн гирифтани оғози соли нав дар аввали баҳор ба вуҷуд омад, зеро маҳз дар ин давра дарёҳои Даҷла ва Фурот сероб мешуданд ва ин серобӣ барои ҳосили фаровон дар соли пешомад аҳамияти хосса дошт. Бо ҷашнгирии вуруди Соли нав сокинони Байнаннаҳрайн бахту саодат барои наздикон ва ҳосили фаровон барои киштзору боғоташон орзу мекарданд. Ин анъанаро яҳудиён, ки дар асорати бобулиён буданд, қабул карданд ва сипас он дар Юнони Қадим ва Рим густариш ёфт. Маҳз дар Рим Гай Юлий Сезар таҷлили онро ба 1 январ (аз ҳамин рӯз тақвими юлианӣ огоз мешавад), ки онро ба ҷашнгирии Януси дуваҷҳа (дар асотири римӣ – худои дуваҷҳаи дару даромадгоҳҳо, гузаргоҳҳо ва ҳамчунин ибтидо ва интиҳо) бахшида буд, гузаронид. Оғози соли нав (Наврӯзи хуҷастапай) дар байни аҷдодони мо – мардумони тоҷику форс низ бо шукӯҳу азамати хосса, аз рӯйи тақвими дақиқи шамсӣ, ҳангоми баробаршавии баҳорӣ (баробаршавии шабу рӯз), оғози зиндашавии табиат ҷашн гирифта мешуд. Дар Россия пеш аз қабули тақвими юлианӣ ва григорианӣ сол аз 1-уми март ибтидо мегирифт. Дар давраи ҳукмронии Ивани сеюм бошад, бо фармони ӯ аз соли 1492 оғози соли нав ба 1 сентябр гузаронида шуд. Ин рӯзро ҳам калисо ва ҳам мардуми оддӣ ҷашн мегирифтанд. Дар ин рӯз дар майдони марказии пойтахт маросими ибодатӣ баргузор мегардид, ки дар он шоҳ низ иштирок мекард. Маҳз дар ҳамин рӯз ҳар кас аз сарватмандон то мардуми оддӣ метавонист назди шоҳ ояд ва бо ӯ мулоқот кунад ё аз мушкили худ бигӯяд, талабе намояд. Солшумории Рус дар ин ҳангом аз оғози офариниши олам оғоз меёфт. Чунин ҳолат то ислоҳоту дигаргуниҳои бузурги Пётри I идома дошт. Пётри I оғози соли навро аз 1 сентябр ба 1 январ овард ва мисли Олмон, Ҳолланд ва дигар кишварҳои Аврупо солшумории юлианиро қабул кард. Ҳамин тавр, соли 1699 дар Россия 1 сентябр оғоз ёфта, ҳамагӣ чанд моҳ давом кард ва аз 1 январи соли 1700 аллакай соли нав оғоз гардид. Ҷашни Соли навро на бо баргузории ибодатҳои пуршукӯҳ, балки бо карнавалҳо, шодию сурур ва оташбозӣ пешвоз мегирифтанд, зеро император ҷонибдори ҷудоии калисо аз давлат буд. Қобили зикр аст, ки аз рӯйи маҳбубият Соли нав

МАҚОЛАҲО

Аҳли таассубу бидъатро мебояд тарки ҷаҳолат намоянд!

Бо омад-омади ҷашнҳои моҳият ва таъиноти дунявидошта торҳои асаби аҳли таассубу бидъат нороҳат шудан мегиранд. Сабаби нороҳатии қишри мазкур дар он аст, ки онҳо чунин ҷашнҳоро қадаме барои маҳдудсозии фазои ҷилваи манофеи динӣ-дунявии худ арзёбӣ менамоянд. Бинобар ин, онҳо дар мубориза бар зидди чунин ҷашнҳо аз ягон навъ дурӯғ ва буҳтон ҳазар наменамоянд. Хеле тааҷҷубовар аст, ки қишри номбурда худро ҳомии дин вонамуд мекунанд, лекин зимни ҳифзи манофеи динӣ-дунявии худ аз чунин гуноҳи фавқулкабира – бар Худо барбастани дурӯғ ҳам иҷтиноб намеварзанд. Яке аз чунин ашхосе, ки дар як дурӯғаш эҳтимол чил дурӯғ ҷой дошта бошад, парчамбардори таассубу бидъати ҷомеаи имрӯзаи мусулмонон Суҳроби Одилиён аст. Зимни посух ба пурсиши хабарнигори ҳамсони худ доир ба ҷашни мавлуд ё Соли нав оятеро ба асос мегирад, ки ҳам шахси аз дин огоҳ ва ҳам ноогоҳ беихтиёр гиребон мегиранд. Ӯ посухи худро ба пурсиши хабарнигор бо чунин дурӯғ оғоз мекунад, ки дар Қуръон ҳама чиз оварда шудааст. Аз ӯ пурсида мешавад, ки магар дар Қуръон доир ба телефонҳои мобилии гуногунтамғаи имрӯза, мошинҳои сабукрави бо сӯзишворӣ ва бесӯзишворӣ ҳаракаткунанда, ҳавопаймоҳои садршинишину бесадрнишин ва ҳазорҳо дигар анвои техникаю технологияи муосири бо миллионҳо кашфиётҳои зимни истеҳсоли онҳо истифодашуда маълумоте дода шудааст? Ҷойи шаке нест, ки ашёи зикршуда маҳсули пешрафти илмӣ-техникии садаҳои XX-XXI мебошанду Қуръон дар бораи онҳо чизе нагуфтааст, аз ин рӯ, дар он сукут мушоҳида мешавад. Суҳроби Одилиёнро барои чунин сухани беасос ва подарҳавояш бояд ба маънии ояти 10 аз сураи “Бақара” “Эшонрост азоби дарднок, ба сабаби он ки дурӯғ мегуфтанд” ва ояти 21 аз сураи “Анъом” “Ва кист ситамгортар аз касе, ки ба Худо дурӯғро барбандад, ё оёти Ӯро ба дурӯғ нисбат кунад? Ба дурустӣ, ки ситамкорон растагор намешаванд” таваҷҷуҳ кунаду каме андеша намояд, ки магар оятҳои зикршуда ба гуфтори ӯ тааллуқ надоранд? Суҳроби Одилиён барои дурӯғи худро рост нишон додан ояти 72 аз сураи “Фурқон”-ро ҳамчун далел зикр менамояд. Ояти мазкур чунин аст: “Ва ононад, ки гувоҳии дурӯғ намедиҳанд; ва чун бар беҳудае бигузаранд, ба равиши бузургон бигузаранд”. Агар ба мазмуни оят назар андозем, мебинем, ки ояти мазкур хурдтарин рабте ба таҷлили Соли нав надорад. Аммо Суҳроби Одилиён ба таври исканапайванд дар байни оят ва таҷлили Соли нав рабте дидааст. Барои он ки чун номбурда ҳарза нагӯем, ба тафсири ояти мазкур рӯ овардем. Ибни Касир, ки яке яке муътабартарин муфассирони Қуръон эътироф шудааст, зимни тафсири ояти мазкур тамоми шарҳҳои то он замон пайдошударо зикр намудааст, ки ин ҷо мо ба хотири огоҳии воқеъбинона онҳоро меорем: 1. Яке аз сифатҳои бандагон ин аст, ки дар дурӯғ шоҳид намегарданд. 2) Баъзеҳо мегӯянд, ки сухан дар хусуси ширк ва парастиши бутҳо меравад. 3)Дигарон мегӯянд, ки сухан дар хусуси дурӯғ, бешарафӣ, куфр ва сухани беҳуда меравад. 4)Муҳаммад ибн ал-Ҳанафия гуфтааст: “Ин сухани беҳуда ва сурудхонӣ аст. 5)Дигарон, чун Ибн Сирин, Заҳҳок ва ғайра гуфтааанд, ки сухан дар бораи таҷлили идҳои мушрикон меравад. 6) Амр ибн Қайс гуфтааст, ки ин ба ҷамоаҳои бероҳа тааллуқ дорад. 7) Малик ибн Зуҳрӣ гуфтааст, ки ин нӯшидани шароб аст. Муъминон намехоҳанд ва дар чунин ҷойҳо иштирок намекунанд. Андешае ҳаст, ки дар сухани Аллоҳ “Ло яшҳадуна зура” – Ва онҳое, ки шоҳидони дурӯғ намебошанд – сухан дар хусуси шаҳодати барқасдонаи дурӯғ бар зидди дигарон баён шуда аст. Ибни Касир бо такя ба маълумоти ду Саҳеҳ менависад, ки пайғамбар се маротиба гуфтааст: Оё ба шумо нагӯям, ки ба гуноҳҳои вазнинтарин чӣ мутааллиқ аст? Ва гуфтааст: Ин ширк ба Аллоҳ ва беэҳтиромӣ ба волидон мебошад. Баъд пайғамбар аз ҳолати нимхоб хеста нишастааст ва гуфтааст: “Ин дар ҳақиқат дурӯғ ва шаҳодати бардурӯғ аст” (Бухорӣ, 2654, Муслим, 87). Ибни Касир менависад, ки аз зерматн дурусттараш бояд чунин бардошт ҳосил шавад: Ло яшҳадуна зура – Ва онҳоне, ки шоҳидони дурӯғ намебошанд, яъне сухан дар хусуси ҳузур дар ҷойҳои номатлуб аст. Ва чун аз назди сухани беҳуда мегузаранд, сарбаландона мегузаранд, яъне онҳо дар ҷомеаҳои нолозим ширкат намеварзанд ва агар аз назди онҳо гузаштанд, худро доғдор намесозанд. Акнун ин ҷо саволе пеши назар меояд, ки Қуръонро Суҳроби Одилиён хубтар медонад ё Ибни Касир? Суҳроби Одилиён зимни бардошти худ аз ояти мазкура ва далелҳои худ исканапайванди ифротиҳоро, ки дар он мантиқе мушоҳида намешавад, истифода кардааст, дар ҳолате, ки Ибни Касир ҳамчун донишманди огоҳ тамоми андешаҳои то он замон маъмулро оварда, баъдан таъкид менамояд, ки аз зерматн бояд чунин маъно, яъне “Шоҳидони дурӯғ намебошанд” бардошт гардад, ки ин андеша ба таҷлили Соли нав ҳеҷ рабте надорад. Суҳроби Одилиён ба хотири тақвият бахшидани андешаи беасоси худ дар бораи таҷлили Соли нав ё мавлуд боз ҳадиси “Ман ташаббаҳа биқавмин фаҳува минҳум” (Ҳар касе худро ба қавме монанд созад, вай аз ҷумлаи онҳост”- ро истифода мебарад. Дар робита ба ҳукми ҳадиси мазкур аз Суҳроби Одилиён пурсида мешавад, ки агар шахсе ду ё се рӯз ҷашнеро таҷлил намояд, вай ба қавми соҳибҷашн монанд мегардад? Сониян, агар худи Суҳроби Одилиён ҳамон тоқии сарашро, ки ба тоҷик ё узбек будани ӯ ишора менамояд, як тараф гузорад, бо дарназардошти муҳите, ки ӯ суҳбат дорад, вай ба кӣ монанд хоҳад буд? Магар мусумонони аввал чунин либос ва муҳити суҳбату фаъолият доштанд? Оё худи ӯ бо либосаш ва муҳиту тарзи зисташ аллакай ба ғайримусулмонҳо монанд нашудааст? Аз Суҳроби Одилиён ҳамчунин пурсида мешавад, ки ӯ байни мавлуд ва Соли нав тафовуте мебинад ё на? Агар, на, пас, ба маълумоти ӯ мерасонем, ки мардуми мо на мавлуди Исои Масеҳро, балки оғози соли тақвимии навро таҷлил менамоянд. Ба қавли дигар, бо оғози Соли нав кӯдаки шашсола ҳафтсола мешавад, шахси 49-сола 50-сола мешавад, муассиса ё корҳона фаъолияти яксолаи кории худро ҷамъбаст намуда, барои фаъолияташ дар соли оянда нақша мекашад. Мардуми мусулмон маҳз ҳамин гардиши назаррасро дар ҳаёт ва фаъолияти яксолаи хеш ҷашн мегиранд, на мавлуди Исои Масеҳро. Агар бовар надорад, равад, дилҳоҳ мусулмони тоҷикро пурсад, ки оё ӯ мавлуди Исои Масеҳро ҷашн мегирад ё соли навро. Дар диншиносӣ бахше бо номи “Падидашиносии дин” мавҷуд аст, ки он ҳадафнокиро “intentionality»-ро мавзуи таҳқиқи хеш қарор медиҳад. Дар зеҳни ҳеҷ яке аз ҷашнгирандагони Соли нав ҳадафи таҷлили соли таваллуди Исои Масеҳ мавҷуд нест, агарчанде онҳо то андозае мувофиқ омадаанд, ки ин мавзуи баҳси дигар аст. Ахиран, чун Қуръон дар бораи таҷлили Соли нав сукут ихтиёр намудааст, пас, ҷашни

МАҚОЛАҲО

Занону бонувон – ҳомиёни фарҳанги миллӣ (дар ҳошияи Паёми Роҳбари давлат)

Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа мегардад, ки масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодиро дар бар гирифта, аз дастоварду муваффақиятҳо, аз норасоиву камбудиҳо ва аз барномаҳову нақшаҳои дар пешистода сухан меравад. Дар асл, агар ба ҷавҳари Паёмҳои Пешвои миллат назар кунем, онҳо унсури муҳимми ташаккулдиҳандаи ҳам фарҳанги миллиянду ҳам фарҳанги сиёсӣ. Бинобар ин, метавон гуфт, ки Паёмҳои Пешвои миллат сиришти фитрӣ ва ҳувияти тарихию фарҳангии миллатро ҳифз карда, дар ташаккули фарҳанг, ҳувият ва асолати миллӣ нақши бориз мегузоранд. Паёми имсола, ки 16-уми декабр ироа гашт, дар он Пешвои миллат дар мавриди рушди тамоми соҳаҳои кишвар сухан ронда, мисли ҳарвақта, масъалаи занону бонувон мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат қарор гирифт. Дар ин маврид, Роҳбари давлат иброз доштанд, ки “Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”. Ҳамзамон, масъалаи асосӣ ва калидие, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола зикр карданд, нигаронӣ аз пайравии кӯр-кӯрона ва тақлид ба урфу одати бегона буд, ки боиси аз байн рафтани суннату анъанаҳои милливу маҳаллии мо мегарданд. Зеро нақши занон дар ҳифз ва тарғиби фарҳанги миллӣ, аз ҷумла пӯшидани либоси миллӣ муҳим ва таъсиргузор аст. Дар воқеъ, занону бонувон нигоҳдорандаи асосии суннатҳо, расму ойинҳо ва посдорандаи фарҳанги миллӣ мебошанд. Либоси миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад. Аҳаммият ва таъсиргузори пӯшидани либоси миллӣ пеш аз ҳама, дар тарбияи насли наврас, ки аз оила оғоз меёбад, дида мешавад. Маҳз модарон эҳтиром ва муҳаббат нисбат ба фарҳанг ва арзишҳои миллиро ба фарзандон меомӯзонанд. Аҳаммияти дигари ҳифзи фарҳанги миллӣ дар нигоҳдоштани анъанаҳо дида мешавад, зеро бештари анъанаҳо, аз ҷумла, тарҳи либосҳои миллиро занону бонувон аз насл ба насл интиқол медиҳанд. Тарҳи либоси миллӣ албатта, қисми муҳимми фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад. Ҷанбаи дигари муҳим будани пӯшидани либоси миллӣ дар эҳё ва ҳифзи фарҳанги миллӣ дида мешавад. Бо тарҳи наву замонавӣ омода намудани либоси миллӣ ҳам мояи ҷалби ҷавонон ба фарҳанги либоспӯшӣ асту ҳам яке аз унсурҳои ҳифзи ҳувияти миллӣ. Инчунин, бо истеҳсол ва тарҳи замонавии либосҳои миллӣ занону бонувони мо дар рушди ҳунарҳои мардумӣ, иқтисоди оила, муаррифии фарҳанги миллӣ дар дохил ва хоириҷи кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд. Фарҳанги либоспӯшӣ на танҳо анъанаи гузашта, балки ниёзи имрӯзу фардои миллат аст, зеро либоси миллӣ таъриху фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои миллиро таҷассум мекунад. Дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ либоси миллӣ василаи муҳимми ҳифзи ҳувияти миллист. Он яке аз анъанаҳои ниёконамон буда, гузашта, имрӯз ва фардоро бо ҳам мепайвандад. Пӯшидани либоси миллӣ эҳтиром ба мероси ниёкон ва идомаи анъанаҳо буда, ҳисси ифтихор, худогоҳӣ ва муҳаббат ба Ватанро дар байни ҷавонон тақвият мебахшад. Либоси миллии тоҷикӣ – мероси зиндаи миллат ва симои зани тоҷик аст. Имрӯз, ки мо дар шароити гуногунрангии фарҳангӣ қарор дорем, бояд гуфт, ки ин раванд ба либоспӯшии занону бонувони мо ҳам ҷанбаи мусбат дораду ҳам ҷанбаи манфӣ. Ҷанбаи мусбати он дар муаррифии унсурҳои фарҳанги миллӣ, ба хусус, фарҳанги либоспӯшӣ, тарҳи ҷолибу замонавии он, завқ ва ҷаҳонбинии занону бонувони тоҷик ифода меёбад. Ҷанбаи манфии он пеш аз ҳама дар коста шудани ахлоқи ҷавонон, дар тақлиди кӯр-кӯрона ба мӯди хориҷӣ, ки метавонад боиси аз байн рафтани либоси миллӣ шавад, дар коҳиш ёфтани фарқияти фарҳангҳо ва ғ. дида мешавад. Агар аз тарафи занону бонувон риояи либоспӯшии миллӣ ҳифз гардад, ҷаҳонишавӣ метавонад имконият гардад, на хатар. Агар ба меҳвари суханони Пешвои миллат диққат карда шавад, зани тоҷик ҳамчун посдори фарҳанг, забон ва либоси миллӣ муаррифӣ мегардад, зеро ҳифзи либоси миллӣ танҳо масъалаи зоҳирӣ нест, балки вазифаи муҳимми иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ мебошад, ки нақши асосии онро занону бонувон иҷро мекунанд. Дар либоси миллӣ на танҳо завқи зебоипарастӣ, балки ахлоқ, иффат, хоксорӣ ва арзишҳои маънавии зани тоҷик ифода меёбад. Занону бонувон бо пӯшидани либоси тоҷикӣ метавонанд завқи эстетикии ҷавононро ташаккул диҳанд ва ҳисси худогоҳии онҳоро қавӣ созанд. Либоси зебои тоҷикӣ дар симои бонувон паёми равшан ба насли ҷавон аст. Инчунин, бояд қайд кард, ки оила мактаби аввалини фарҳанг аст, зеро маҳз оила аввалин муҳити тарбия ва омӯзиш мебошад ва дар ташаккули фарҳанги либоспӯшӣ нақши калидӣ дорад. Падару модар дар риояи фарҳанги либоспӯшӣ нақши асосиро мебозанд, зеро рафтору кирдори онҳо ба таври табиӣ ба фарзандон мегузарад. Донишҳо, расму ойинҳо аз падару модар ба фарзандон интиқол меёбанд. Ин вижагии оила, ба хусус модарон аст, ки Пешвои миллат дар Паёмашон қайд карданд, ки “Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои бостонии мардуми тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд”. Дар умум, занону бонувон дар риояи пӯшидани либоси миллӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ нақши калидӣ доранд, зеро либоси миллии тоҷикӣ ба таври амиқ ахлоқ, иффат, эҳтиром ба арзишҳои суннатӣ, ҳувияти миллӣ ва таърихии моро инъикос намуда, рамзи пайванди гузашта, имрӯза ва оянда буда, оинаи таърих, фарҳанг ва ҷаҳонбинии миллати тоҷик аст. Одинаева Ш. – н.и.ф., сардори шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ

Прокрутить вверх