МАҚОЛАҲО

МАҚОЛАҲО

ТАВСИФИ МУХТАСАРИ УМУМИИ ПАЁМҲОИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ ҲАМЧУН УНСУРИ ТАШАККУЛДИҲАНДАИ ФАРҲАНГИ СИЁСИИ МУОСИРИ ТОҶИКОН

Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон унсури муҳиму ташаккулдиҳандаи фарҳанги сиёсии муосири тоҷикон мебошанд. Роҳбари давлат ҳамчун муҳимтарин субъекти ҳокимияти сиёсӣ ва иҷроия, тавассути паёмҳо, суханронӣ ва дастурҳои худ қарорҳои калидӣ қабул мекунад, эътиқоду боварҳо, арзишҳо, афзалиятҳо ва интизориҳои ҷомеаро мустақиман ташаккул медиҳад, самт ва меъёрҳои онро муқаррар мекунад. Ин паёмҳо на танҳо сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян мекунанд, балки ҳувияти миллӣ ва дурнамои фарҳангии кишварро низ инъикос мекунанд, фарҳанги миллиро тақвият мебахшанд. Паёмҳои Роҳбари давлат ҳамчун пули муоширатӣ хизмат мекунанд. Дар онҳо Роҳбари давлат стратегия, арзишҳо ва ҳадафҳоро баён мекунад, шуури ҷамъиятиро ташаккул медиҳад, ҳувияти миллиро тақвият мебахшад, мафкураи солими миллиро (масалан, тавассути таъкид ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи маориф, таҳким ва тавсеаи мақом ва нақши занон дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, риояи фарҳанг ва одобу либоси миллӣ) интиқол медиҳад, роҳнамоиҳои ахлоқиро муқаррар мекунад ва шаҳрвандонро барои дастгирии сиёсат ҳавасманд карда, бо ин васила қонунияти ҳукумат ва суботи давлатро тақвият медиҳад. Паёмҳои Роҳбари давлат ҳамчун унсури фарҳанги сиёсӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд: -вазифаи иттилоотӣ ва стратегӣ: мақсад ва вазифаҳои ояндаи наздику дур, соҳаҳои афзалиятноки рушд (маориф, илм, соҳаи иҷтимоӣ ва ғайра), нақшаҳо ва дастовардҳоро муаррифӣ мекунанд; – вазифаи идеологӣ ва арзишӣ: арзишҳои калидии ҷомеа, аз қабили ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳо, сарфакорӣ, нақши оила ва занон ва муқовимат ба фарҳанги бегонаро ташаккул медиҳанд ё тасдиқ мекунанд; -вазифаи сафарбаркунӣ: мардумро ба ҳамкорӣ ва дастгирии сиёсати давлатӣ даъват мекунанд ва ягонагиро тақвият медиҳанд. – вазифаи рамзӣ: ҳамчун маросим амал мекунанд ва ягонагии ҳукумат ва мардум, инчунин қонунияти роҳбарӣ ва идоракунии давлатро таъкид мекунанд. – вазифаи таълимӣ: тавассути роҳнамоӣ ва ҳидояти ҷавонон ба ҳифзу эҳтиром ва риояи анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ ва давлатӣ, онҳо ҷавононро тарбия мекунанд ва дар онҳо хислатҳои шаҳрвандиро инкишоф медиҳанд. Ин хусусиятҳои фарҳангӣ-сиёсии паёмҳои Роҳбари давлат чунин зоҳир мешаванд: -тавассути таъкид ба рушди худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва меҳнати бунёдкорона: дар онҳо таъкид карда мешавад, ки рушди босуботи ҷамъиятию иқтисодии кишвар ва афзоиши сатҳи некӯаҳволии мардум бо рушди худшиносию ифтихори миллӣ, фаъолияту меҳнати созандаю бунёдкоронаи шаҳрвандон вобаста аст; – тавассути таъкиди нақши занон: дар онҳо аҳамияти саҳми занон дар маориф ва идоракунӣ, даъват ба ҳифзи фарҳанги миллӣ ва муқовимат ба таъсири фарҳанги бегона таъкид карда мешавад; – тавассути таъкид ба рушди муттасилонаи соҳаи илму маориф ҳамчун пояи рушди босуботи давлат ва ҷомеаи озоди миллию демократӣ; – тавассути таъкид ба ҳифз ва интиқоли анъанаҳо: даъват ба риояи расму оинҳои миллӣ, сарфакорӣ ва пӯшидани либоси миллӣ ва ғ. Ҳамин тариқ, паёмҳои Роҳбари давлат на танҳо изҳорот, балки амали фарҳангӣ мебошанд, онҳо симои давлат, арзишҳои он ва ояндаеро ташаккул медиҳанд, ки дар он мардум худро ҳамчун як узви фаъолу комилҳуқуқи як ҷомеаи ягона мебинанд ва мешиносанд. Аҳамияти паёмҳои Роҳбари давлат дар чӣ ифода меёбад? – дар таъсири созанда ба афкори ҷамъиятӣ: Роҳбари давлат сухангӯи асосӣ ва рамзи соҳибихтиёрӣ аст, аз ин рӯ паёмҳои Роҳбари давлат зуд дар тамоми ҷомеа паҳн мешаванд ва ба афкори ҷамъиятӣ таъсир мерасонанд; -дар муқаррар кардани афзалиятҳо: паёмҳои Роҳбари давлат маҷмӯи масъалаҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиеро ошкор мекунанд, ки ҳукуматро нигарон мекунанд, муқаррар мекунанд, ки барои ҳалли муваффақонаи онҳо чӣ гуна маблағҳо ва захираҳои буҷавӣ тақсим карда мешаванд; – дар ташаккули баҳсу муколамаи миллӣ: услуби суханронии Роҳбари давлат ба намунаи баҳсу муколамаи ҷамъиятӣ ва сиёсӣ дар кишвар табдил меёбад; – таъсир ба ташаккул ва рушди ҳувият ва арзишҳои миллӣ: паёмҳои Роҳбари давлат ба ҳувияти миллӣ, эътиқодҳои динӣ ва арзишҳои ҷомеа таъсири амиқ мерасонанд, онҳоро тақвият медиҳанд. Инчунин, паёмҳои Роҳбари давлат қисмати муҳими макросиёсат мебошанд: бисёре аз қарорҳои сиёсӣ бо паёмҳо ва фармонҳои Роҳбари давлат оғоз мешаванд, ки ин аз мақом ва нақши калидии паёмҳои Роҳбари давлат дар ташаккули шуур ва фарҳанги сиёсии ҷомеаи муосири Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Аз ин рӯ, ҳар як аз паёмҳои анъанавии Роҳбари давлат на танҳо изҳорот, балки “амали сиёсӣ” мебошанд, ки фарҳанги сиёсиро эҷод ва инъикос мекунанд. Чӣ гуна паёмҳои Роҳбари давлат ба ташаккули фарҳанги сиёсӣ таъсир мерасонанд? – паёмҳои Роҳбари давлат ормонҳои миллиро эҳё ва таҷассум мекунанд, арзишҳои муштаракро тақвият медиҳанд, ватандӯстӣ ва муттаҳидиро нерӯ ва субот мебахшанд ва дар онҳо арзишҳои асосии сиёсӣ (ба монанди демократия, баробарӣ, масъулият), ки фарҳанги сиёсии миллатро муайян мекунанд, ифода меёбанд; – онҳо ҳадафҳои миллиро (ба монанди суботи иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф) муайян мекунанд ва вазифаҳои дар пешистодаи шаҳрвандон ва давлатро муқаррар мекунанд; – бо шарҳ додани мушкилот ва нақшаҳои оянда, паёмҳои Роҳбари давлат ба шаҳрвандон дар пайваст шудан бо ҳукумати худ ва дарки вазифаи шаҳрвандии худ кӯмак мекунанд; – интиқоли мунтазами чунин паёмҳо ба маросиме табдил меёбад, ки он минбаъд дар ҳаёти сиёсӣ ва хотираи коллективии миллат реша мекунад. Хулоса, паёмҳои Роҳбари давлат як воситаи пуриқтидори муошират мебошанд, ки давлат ва шаҳрвандонро бо ҳам мепайванданд. Онҳо қисми муҳиму ташаккулдиҳандаи фарҳанги сиёсӣ мебошанд, зеро шахсияти миллиро ташаккул медиҳанд, арзишҳои асосӣ (ҳуқуқу озодӣ, вазифаю масъулиятҳо)-и давлат ва шаҳрвандонро муаррифӣ мекунанд, афзалиятҳои сиёсати дохилию хориҷиро муқаррар мекунанд, миллатро муттаҳид мекунанд, давлат ва шаҳрвандонро ба дарки дурусту амиқи мақсад ва вазифаҳои ояндаашон роҳнамоӣ мекунанд ва дар ин самт ҳамчун як воситаи пуриқтидори рамзӣ ва амалӣ хизмат мерасонанд. Шоев Зиёвиддин, номзади илмҳои фалсафа, сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

МАҚОЛАҲО

КОРРУПСИЯ ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Коррупсия чист? Аз нигоҳи луғавӣ истилоҳи «коррупсия» аз калимаи лотинӣ «corruptio», ки бо маъноҳои «харидан, вайронкунӣ ва ришвадиҳӣ» фаҳмида мешавад. Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: “Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”. Коррупсия яке аз зуҳуроти манфии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад, ки рушди муназзами ҷомеа ва давлатро халалдор месозад. Аз ҳама бештар, ин падида ба рушди институтҳои итисодӣ — рушди ҷомеа, суботи сиёсати итисодӣ ва иҷтимоии кишвар — таъсири манфии амиқ мерасонад. Ин падида ба пояҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва дар маҷмуъ ба рушди давлатдорӣ зарбаи ҷиддӣ ворид карда, эътимод ва боварии байни шаҳрвандон ва давлатро коста мегардонад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад». Зеро агар аз коррупсия як гурӯҳи хурди ҷомеа манфиатдор бошанд, вале таъсири манфии он ба тамоми мардум ва давлат мерасад. Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: “Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”. Дар ин асос ба хулоса омадан мумкин аст: Коррупсия – яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушду пешрафти иқтисод, беҳбудии иҷтимоӣ, татбиқи муваффақонаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳсуб мешавад. Коррупсия чунин оқибатҳои номатлуби иҷтимоиро ба вуҷуд меорад: -васеъ гаштани доираи иқтисоди пинҳонӣ, ки ба кам шудани андоз ва заиф гардидани буҷаи давлатӣ боис мегардад; -хароб гаштани рақобати солим дар бозор; -ғайрисамаранок истифода гардидани буҷаи давлатӣ; -фазои сармоягузорӣ хароб мегардад; -намояндагони фасодзадаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мустаҳкамшавии гурӯҳҳои ҷиноятӣ мусоидат мекунанд; -ҳуқуқ ҳамчун воситаи зӯроварӣ истифода мешавад; -шиддати иҷтимоӣ боло меравад ва ба устувории иҷтимоӣ ва сиёсӣ хатарҳо эҷод менамояд; -мансабдорон ва дигар мақомоти давлатӣ на ба манфиати шаҳрвандон, балки барои таъмини ҳокимияти гурӯҳи ҳукумрон хизмат мекунанд; -боварӣ ба ҳокимият ва мансабдорони давлатӣ поён меравад, аҳолӣ аз ҳокимият бегона мегарданд; -обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ поён меравад; – нигилизми ҳуқуқӣ меафзояд, арзишҳои демократӣ моҳияти худро дар чашми аҳолӣ гум мекунанд. Хулоса, мубориза бо коррупсия дар шароити ҷаҳонишавӣ вазифаи масъул ва муҳим мебошад. Ин мубориза бояд дар ҳама сатҳ — аз сиёсат ва қонунгузорӣ то фарҳанг ва технология — роҳандозӣ шавад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия на танҳо амали ахлоқӣ, балки зарурати ҳаётӣ барои ҳифзи истиқлоли миллӣ мебошад. Танҳо тавассути ҳамоҳангсозии тадбирҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои нав, таҳкими қонун ва бедории иҷтимоӣ дар заминаи фарҳанги воло метавонем бо коррупсия самаранок мубориза барем ва рушди устувори ҷомеа ва давлатро таъмин намоем. Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

Ташаккули шахсияти худшиноси аслан миллӣ бояд идома дода шавад! (Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Дар Паёми имсола баъд аз зикри дастовардҳои назаррас ҳам дар сиёсати хориҷӣ ва ҳам сиёсати дохилии кишвар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври барҷаста ва равшану фаҳмо ташаккули шахсияти худшиносӣ аслан миллиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли таълиму тарбия ба қалам доданд. Барои расидан ба ин ҳадафи оқилона ва дурандешона Президенти кишвар таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба тамаддуни бою пурғановат ва башардӯстонаи мардуми ориёӣ ҷалб намуда, бори дигар дили саршор аз меҳру муҳаббати худро ба фарҳанги созандаи аҷдодон ба маъраз гузоштанд. Бо мақсади он ки ҳар мутаассиби каҷфаҳм ин ташаббуси бузург ва хотирмони Пешвои миллатро нодуруст нафаҳмад ё дар шарҳи он ба таҳриф роҳ надиҳад, Пешвои миллат чун шахсияти баруманду худшиноси миллӣ ва аз нозукиҳои падидаи дину диндорӣ огоҳ доир ба вижагиҳои эътиқоди мардум сухан ронда, хеле дуруст ва воқеан ҳам асоснок қайд намуданд, ки мусулмонии моро ҳеҷ кас аз дасти мо гирифта наметавонад. Яъне, мусулмонии мо аз они худи мост. Имрӯз дар кишвар бо ин мақсад тамоми шароитҳо муҳайё мебошанд. Ҳар касе хоҳад, ки ба ҳаҷ равад, намоз гузорад, рӯза гирад ё таҳсили дин намояд, барои иҷрои ин амалҳо дар кишвар ягон мушкил вуҷуд надорад. Яъне, дар кишвар озодии эътиқод пурра мавҷуд аст. Аммо ҷомеаро бо масҷиду эътиқод пеш бурда намешавад. Аз ин суханони илман асоснок ва ҳакимонаи Пешвои муаззами миллат чунин бардошти дуруст ҳосил мегардад, ки дину диндорӣ ё фаъолияти мусулмонӣ имкон доранд, ки ба ҳар шахс зимни тоату ибодаташ танҳо дилашро ором намояду рӯҳашро таскин бахшад ва назди Худованд эҳсоси сабукию адокунии қарзу масъулияти диниро ато намояд. Аммо аз раванди мазкур руҳу равони танҳо шахс – ибодаткунанда баҳра мебарад. Бо чунин амал ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҷомеаро пеш бурдан маҳол аст. Чун ҷомеа аз шахсиятҳои сершумори мухталифҳадаф ва гуногунфарҳанг бунёд меёбад, зарур аст, ки шахсиятҳо аз лиҳози илму маърифат ҳамқадами замон буда, аз лиҳози ахлоқ нексиришт ва масъулиятшинос бошанд. Ташаккули чунин шахсияти ҳаматарафа пешрафта ва худогоҳ ҳеҷ гоҳ муқобили дину диндории аҳли ҷомеа нест. Ташаккули шахсияти миллатдӯсту меҳанпарвар ва аз лиҳози илму ахлоқ ҳамқадами замон самти худро дораду иҷрои вазифаҳои эътиқодӣ самти худро. Дар робита ба вижагиҳои эътиқод Қуръон мефармояд: “Ҳар киро Худо роҳ намояд, ҳамон роҳёбанда аст; ва касонеро, ки гумроҳ созад, пас ҳамонҳо зиёнкоронанд” (Аъроф, 7:178). Аз маънои ояти мазкур чунин маъно низ бардошт мегардад, ки роҳнамоӣ дар дасти Худо аст. Ӯ имкон ва қудрати кофӣ дорад, ки ҳатто шахсияти эътиқодиро аз дарёфти роҳи дуруст маҳрум намуда, ба ҷумлаи зиёнкорон ворид кунад ва ҳамчунин дар дасти Ӯст, ки шахсияти ѓайриэътиқодиро роҳнамою такягоҳ бошад. Аз ин нуқтаи назар, маҳсули фаъолияти эътиқодӣ маҳдуд аст ва он низ аз иродаи Худованд вобаста аст. Ҳамин тариқ, фаъолияти эътиқодӣ танҳо ба руҳу равони фарди алоҳида нафъ мебахшад, дар ҳолате, ки рӯоварӣ ба илму маърифати муосир, ба таври илова, имкон дорад, ки зиндагии ҳазорон нафарро аз душворӣ раҳонида, сабукӣ бахшад ва ахлоқи поку сиришти наку ба дили миллионҳо нафар хурсандию нишот ато намояд. Яъне, таҳсили илму маърифати муосир ва тарбияи ахлоқи наку нури хуршедие бар болои нури пешина хоҳад буд. Пешвои муаззами миллат ба ташаккули шахсияти солим ва созанда дахл намуда, хеле ба маврид ва дуруст ёдовар шуданд, ки Худои Таоло вақте моро офарид, ба мо ақл дод, дасту по дод. Барои чӣ? Барои он, ки мо бо истифода аз ақл ва дасту пойи хеш ба кори созандагию ободонӣ машѓул бошем, зиндагии худро пайваста таѓйир дода, тадриҷан ҷомеаи худро обод намоем. Дар ҳақиқати гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат ягон ҷойи шак нест. Дар робита ба ин матлаб ҳадиси пайѓамбар низ мефармояд, ки бузургтарин ва азизтарин чизе, ки Худованд офарида аст, ақл аст. Ба шарофати ақл шахс метавонад ба бузургӣ расад ва ё метавонад хору залил бошад. Пас, ақлро ба роҳбарӣ гирифтан ягона роҳи дуруст ва муътамад ҳам дар ҳаёти шахсӣ ва ҳам ҷамъиятии одамон маҳсуб меёбад. Танҳо истифодаи ҳадафмандонаи ақл чун василаи ягона дурусти дарёфти дониши воқеию олати самарабахши ҳалли мушкилоти иҷтимоию табиию равонӣ имкон дорад, ки ҳар фарди ҷомеаро дар алоҳидагӣ ва тамоми ҷомеаро дар умум ба қуллаҳои умед бурда расонад. Роҳандозии ҳадафҳои волои таъйиншуда аҳли ҷомеаро водор менамояд, ки ба илму маърифати ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд. Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон бори дигар ёдовар шуданд, ки аз лаҳзаи ба сари роҳбарӣ омаданашон ҳамеша илму маорифро соҳаи афзалиятнок ва тақдирсоз қарор додаанд. Имрӯз зарур аст, ки ба насли нав илму маърифати муосир таълим дода шавад. Бояд кӯшиш намуд, ки дастовардҳои имрӯзаи илму маърифати башарӣ, пеш аз ҳама, зеҳни сунъӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ васеъ роҳандозӣ карда шаванд. Масъалаи дигаре, ки мо рӯёрӯи он истодаем, дар ташаккули шахсиятҳои созандаи ҷомеа ба таври васеъ истифода бурдан аз фарҳанги бою созандаи ниёгони гузаштаи мо мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дини ислом ҳамагӣ якуним ҳазор сол пеш пайдо шудааст, аммо Наврӯз таърихи зиёда аз шаш ҳазорсола дорад. Вижагии хоси Наврӯз дар он ифода меёбад, ки вай бо дин ҳеҷ рабте надорад, аммо дар табиати худ як фарҳанги бойи созанда, умумибашарӣ ва фарогирро нуҳуфтааст. Наврӯз бояд боиси фараҳмандию ифтихори ҳар тоҷик бошад. Танҳо номи ин ҷашни фархундапай аз он гувоҳӣ медиҳад, ки тоҷикон чӣ фарҳанги созандае доштаанд. Боиси сарафрозист, ки ҳатто пешвоёни кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ин ҷашнро бо номи зебои тоҷикияш ба забон меоранд. Суоле пайдо мешавад, ки чаро маҳз Наврӯз бештар мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор гирифт? Ин ҷо набояд ҷойи шак бошад, ки маҳз созандаю башардӯстонаи Наврӯз боис шудааст, ки он, аз як тараф, барои Пешвои миллат мавриди иҳтимоми махсус қарор гираду, аз тарафи дигар, ҷомеаи башариро водор намояд, ки онро чун унсури фарҳанги умумибашарӣ бипазирад. Чунин вижагиҳои волои наврӯзӣ, ба мисли меҳнати бунёдкорона, тозагию ободонӣ, кушодани дастурхони идона барои ҳар фард новобаста аз мансубияти этникию динӣ, хурсандию нишот ва баҳрабарӣ аз неъматҳои моддию маънавӣ чун ҳадафи зиндагӣ, ташкили маросимҳои варзишӣ байни қавму халқиятҳои гуногунмазҳабу гуногунзабон ва ѓайра, ки хусусияти башардӯстона дошта, дар замири қалби ҳар фарди ҳаётдӯсти ҷомеа новобаста аз мансубияти этникию эътиқодӣ амиқ реша давондааст, тамоми миллатҳоро водор сохтааст, ки онро бипазиранд ва сониян, саъй намоянд, ки онро чун унсури фарҳангии хеш муаррифӣ намоянд. Пешвои муаззами миллат аз мақоми Наврӯз дар фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ гардидани он ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки

МАҚОЛАҲО

Бардоштҳои маънавӣ, сиёсӣ ва таърихӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 декабри соли 2025)

Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми декабри соли 2025 садо дод, бо дарназардошти таҳлили рушди даҳсолаи фазои иқтисодӣ – иҷтимоии Тоҷикистон, мақом ва тамоюли рушди вазифавии ниҳодҳои давлатиро вобаста ба манфиатҳои миллату давлат барои соли 2026 ва солҳои оянда муқаррар ва муайян кард. Паём бо факту рақамҳо нишон дод, ки чи тавр давлати Тоҷикистон бо вуҷуди ҳама мушкилоти ҷаҳонию минтақавӣ, дохилию хориҷӣ зина ба зина ба самти пеш, дар шоҳроҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ва дунявӣ ҳаракат карда, иқтисоди миллиро ҳамчун машинаи бузурги таъминоти моддии худкифои халқ ташаккул дода, асолат, ҳувият ва рисолати таърихии давлатдории миллатро бо масъулияти таърихии бунёди ҷомеаи адолатнок тадриҷан ба самти саодати халқи Тоҷикистон рушд дода истодааст. Дар марҳалаи кунунии рушди давлатдории халқи тоҷик Президенти мамалакат самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро дар ислоҳи маънавии ҷомеа, дастгирӣ ва рушди ҷиддии соҳаи илму маориф, ташаккули мафкураи солими миллии ҷавонону бонувон маҳсуб дониста, мубориза бар зидди хурофот ва таассуби динӣ, бедории миллӣ ва ҳушёрии фикрӣ ва илмиро гарави наҷоти миллати соҳибдавлат эълон намуданд. Дар самти иқтисодӣ идомаи рушди саноатикунонии босуръат, рақамикунонии иқтисодиётро вазифагузорӣ карда, ҳифзи рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва дар умум суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 дар сатҳи на камтар аз 8 фоиз нигоҳ доштанашро масъалагузорӣ намуданд. Ҳамчнунин, дар Паём ҷиҳати сафарбарии самараноки фаъолияти мақомоти давлат бо мақсади ба итмом расонидани ҳадафҳои марказии Тоҷикистони соҳибистиқлол-таъмини амният ва истиқлолияти комили озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Афзалияти сиёсати давлатӣ дар самти илму маориф Дар самти ислоҳоти маънавии ҷомеа нуктаи калидӣ ва асосӣ ин эълони қатъии афзалияти сиёсати давлатӣ дар самти илму маориф буд. Пешвои миллат садоқат ва боварии худро ба неруи илму маърифат қатъиян таъкид намуда, онро ҳамчун воситаи асосии ҳастии арзандаи миллат ва давлат эълон намуданд.“Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.” Дастгирии давлатии соҳаи маориф дар соли 2026 ба маблағи 14 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки он нисбат ба соли гузашта 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд карда шудааст. Роҳбари давлат дар паёмашон ба падару модарон, омӯзгорон ва ба кулли шаҳрвандони мамлакат муроҷиат карда, таъкид намуданд, дар масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.” Роҳбари давлат консепсияи машҳури дар паёми соли 2021 эълоншударо, ки «Маориф пояи миллат аст» расман бо факту рақам собит намуда, “ояндаи давлату миллатро дар умум ба сатҳу сифати маориф” васл намуданд. Ташаккули худшиносии миллӣ Дигар аз нуктаҳои муҳимми паёми имсола дар қатори ҳама дастовардҳои бузургу таърихии иқтисодию иҷтимоияш ин таваҷҷуҳ ба ислоҳоти ногузири фазои маънавии кишвар, ташаккули ҳувият ва худшиносии миллӣ буд. Мо хуб медонем, ки дар шароити муосири рушди давлатҳои миллӣ вазифаи ҳимояи маънавии давлатҳо зери фишори таҳдиду хатарҳо ба вазифаи мубрами ҷомеаҳои давлатдор табдил ёфтааст. Дар шароити ноороми ҷаҳони муосир, таҳоҷуми иттилоотӣ, дар заминаи ҷаҳонишавии манфиатҳо ҳусну қубҳи арзишҳои миллии кишварҳои рӯ ба рушд бо омезишҳои беҷо, ба махлутшавии норавои арзишҳо сироят ёфта, ҳастии маънавии давлатҳои миллӣ осебпазир гашта, бунёди сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибихтиёрии халқҳо зери хатару таҳдидҳо мондааст. Ҷаҳонишавӣ дар заминаи инқилобҳои илмии биотехнологӣ ва иттилооти рақамӣ дар қатори ҳама дастовардҳояш ба рафторҳои мо, ба аслҳои ахлоқию ҳуқуқии мо, ба фарҳанг ва анъанаҳои миллиямон, ба сару либосамон, урфу одатамон ва забонамон фишор меорад. Дар чунин шароит таваҷҷуҳ ба аслҳои мафкуравии ҳимояи истиқлолияти сиёсии халқ ба масъалаҳои ҳалталаб ва мубрами рӯз табдил меёбад. А. Ҳифзи унсурҳои миллӣ Пешвои миллат ба маврид таъкид намуданд, ки бегонапарастӣ аввал “сару либосамонро, баъд забон ва сипас истиқлоли миллиамонро зери хатар мегузорад.” Маҳз ба ҳамин хотир ба модарону хоҳарон тавсия дода, умедворӣ намуданд: “Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо (яъне занону бонувони мамалакат А.Х.) дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд.” Ин даъват даъвати одӣ не, балки иҷрои рисолати таърихии миллат аст, ки як рункни муҳиммаш ба дасти зан – модари тоҷик афтидааст. Зан – модари тоҷик дар лаҳзаҳои вазнини бедавлатӣ, дар шароитҳои мушкили таърихӣ, дар ѓарибиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ берун аз сарзаминҳои аҷдодӣ тайи тақрибан ҳазор сол на танҳо қаҳрамонҳо, абармардони илму фанро тавлиду тарбия карда, ба осиёби илми ҷаҳонӣ об рехта, ба бедавлатон далатдорӣ, ба бефарҳангон фарҳанг ва безабонон забон омўхт, инчунин онҳо сару либоси миллӣ ва забони модариро дар ҳалқаи оила то даргоҳҳои олии сиёсӣ ҳамчун забони илм, тарбия ва ахлоқи баланд ҳифз карданд ва бар дигарон намуна буданд. Вале имрўз чӣ шудааст, ки дар шароити давлати озод, демократӣ, ҳуқукбунёду дунявӣ занону бонувони мо муҳимтарин рукни фарҳанги миллӣ – либоси миллиро ҳифз карда наметавонанд? Ин даъвати Пешвои миллат даъвати сиёсӣ, ахлоқӣ ва миллатсозӣ аст. Фаҳм ва дарки дурусти он рисолати зани давлатдор ва ватаншинос аст. Модар на танҳо фарзандро, балки вай миллатро низ тарбият мекунад. Дигар ин ки имрўз сару либос ин танҳо рамзи фарҳанг не, балки иттилоот аст, иттилооти сиёсӣ, рамзи мафкура ва тамоюли тафаккури халқ аст. Ин аст, ки вай, яъне сару либос чун воситаи таъсиррасонӣ ва фишороварӣ, мақсаднок дар раванди ҷаҳонишавии манфиатҳо истифода мешавад. Дар ҷараёни манфиатхоҳии кишварҳои бузург ва алангаи ночаспониҳои фарҳангӣ забон, илм, санъат, тарзи ҳаёти иҷтимоӣ, сарулибос, симои зоҳирӣ ва ботинии миллати мо ҳамчун унсурҳои фарҳанги миллӣ, миллати эҷодгар таҳти зарбаи устувори маънавӣ қарор мегирад. Сиёсӣ сохтани эътиқод ва боварии мардум оташи ҷанги шаҳрвандиро аланга дод. Бегона кардани сару либос ва хароб кардани решаҳои фарҳангии миллат ҷанги мафкуравии миллати муосирро бедор карда олами ботинии миллати соҳибдавлатро хароб мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир муроҷиати Президент ин муроҷиати таърихӣ ва ҳидояти тақдирсоз аст, ки ҳар зан – бонуи Тоҷикистон бояд ба

МАҚОЛАҲО

Ҷанбаҳои маънавӣ, сиёсӣ ва аҳаммияти таърихии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси ифтихори ҳамагон аст, ки 16-уми декабри соли 2025 Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид. Ҳидоят ва роҳнамоии Сарвари давлат мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии кишвар ироа гардида, ҳамагон аз Паём бархӯрдор гаштанд. Зеро Паёми Президенти мамлакат дурнамои рушди босуботи кишвар ва роҳнамои ҳаёту фаъолияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Яке аз аломату рамзҳои муҳими низоми давлатдории муосири мо ин ироа шудани Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зеро Паёмҳои солонаи роҳбари давлат барои низоми сиёсӣ ва идории давлат аҳамияти хосаи рамзӣ ва амалӣ доранд. Бинобар ин, Паём мавриди таваҷҷуҳи васеи доираҳои сиёсию иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ қарор гирифта, паҳлуҳои гуногуни он мавзӯи таҳлилу тафсир қарор мегиранд. Воқеан, Паёми Сарвари давлат як дарси худшиносӣ барои ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос мебошад. Зеро ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма мегирад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як роҳнамои мукаммал барои имрӯз ва ояндаи дурахшони кишвар аст. Он на танҳо вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоиро муайян мекунад, балки рӯҳияи миллии моро тақвият бахшида, роҳи моро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва демократӣ равшан месозад. Ҷанбаҳои маънавӣ, сиёсӣ ва аҳамияти таърихии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим ва фарогир аст, зеро Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян мекунад. Ҷанбаҳои маънавӣ, сиёсӣ ва аҳамияти таърихии он: Паёми Пешвои миллат на танҳо як ҳуҷҷати сиёсӣ, балки сарчашмаи арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ мебошад. Дар он ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад: худшиносии миллӣ: таъкид бар эҳёи анъанаҳои ниёгон, ҳифзи забони модарӣ ва таърихи пурифтихори халқи тоҷик, тарбияи ватандӯстӣ: ҳидоят кардани ҷавонон ба роҳи илмомӯзӣ, эҳтироми волидайн ва садоқат ба Ватан, ахлоқи ҳамида: мубориза бар зидди хурофот ва бегонапарастӣ, ки барои солимии маънавии ҷомеа муҳим аст. Ҷанбаҳои сиёсии Паём: аз нигоҳи сиёсӣ, Паём барномаи мукаммали фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият ба ҳисоб меравад. Аввал, суботи сиёсӣ, яъне таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир. Дуввум, ислоҳоти ҳуқуқӣ, яъне такмили қонунгузорӣ барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва волоияти қонун. Президенти кишвар дар Паёми худ ба масъалаҳои хурофоту ҷаҳолат, тарғиби илмоўзӣ, қадрдонии таърихии миллат таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карданд. Ин мавзӯъ яке аз меҳварҳои асосии суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳад, зеро маҳз омезиши илм ва ифтихори миллӣ метавонад ҷомеаро аз чанголи хурофот раҳо кунад. Дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардид, ки хурофот ва таассуби динӣ монеаи асосии пешрафти ҷомеа ва хатар ба амнияти миллӣ мебошанд, ҷаҳолат ва нодонӣ боиси гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мегардад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дин бояд аз сиёсат ҷудо бошад ва барои тақвияти ахлоқи ҷомеа хизмат кунад, на барои тафриқаандозӣ. Аз ин хотир, моро лозим аст, ба маънавияти аслӣ ва илмомӯзӣ таваҷҷуҳ намоем. Яке аз нуқтаҳои муҳими Паём ин таҳкими ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ мебошад. Президенти кишвар бо ифтихор аз гузаштаи дури тоҷикон, аз ҷумла таърихи шашҳазорсола ва фарҳанги бостонии ориёӣ ёд карданд, то рӯҳияи ватандӯстиро дар зеҳни мардум бедор созанд. Ташаббуси туҳфа кардани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, «Шоҳнома»-и безавол ва тарҷумаи Қуръони карим ба забони тоҷикӣ, ки дар Паём садо дод, маҳз барои шинохти асли ориёӣ ва мубориза бо бегонапарастӣ буд. Дар партави суханони Пешвои миллат мо бояд дарк кунем, ки илм ҷомеаро аз хурофот пок мекунад, ифтихори ориёӣ заминаи маънавии ваҳдатро месозад, танҳо шахси босавод ва худшинос метавонад Ватанро аз таҳдидҳои муосир ҳифз кунад. Нуктаи дигар: Агар мо пешрафту тараққиёти кишварро ба назар гирем, ки аз Паёми соли 2024 маншаъ гирифтаанд, бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳамаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба пуррагӣ амалӣ гаштаанд. Боре ба дастовардҳои даврони истиқлол таваҷчуҳ кунем. Магар ин кори саҳлу осон аст? Дар як муддати кўтоҳ кишвари ҷангзада ва ақибмондаро обод карда, ҳазорон иншооти замонавӣ бунёд намуда, тамоми соҳаҳои давлатдориро дар сатҳи баланд қарор дода, ба як давлати рў ба тараққӣ табдил додан, ба ақл намеғунҷад. Имрӯз ба шарофати кўшишу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат мо дар як давлати ободу ором зиндагонии осоишта дорем. Пас, ба ҳамаи ин шукрона кардан шарт аст. Чунонки Роҳбари давлат таъкид доштанд: “Ҳар касе, ки ба қадри ин давлати обод намерасад, мусулмон нест!” Муовини директори Маркази исломшиносӣ Ваҳобзода А

МАҚОЛАҲО

ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ОЗОДИИ АҚИДА, ВИҶДОН ВА ДИН ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар зери мафҳуми ҷавобгарӣ барои вайрон кардани озодии ақида, виҷдон ва дин таҳти маҷбурияти давлатӣ иҷро намудани ҷазои ҳуқуқиро мефаҳманд. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани озодии ақида, виҷдон ва дин ду намуд мешавад: 1. Ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани озодии ақида, виҷдон ва дин; 2. Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои вайрон кардани озодии ақида, виҷдон ва дин. Дар моддаи 34-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» чунин омадааст: «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., № 1497)» [3]. Моддаи 86-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 31.12.2008 с. қабул карда шудааст, аз 01.04.2009 с. мавриди амал қарор дода шудааст) чунин муқаррар кардааст: «1. Барои монеъ шудан ба амалӣ намудани ҳуқуқ ба озодии эътиқоди динӣ, аз ҷумла қабул намудани дин ва ё ақидаҳои динӣ ё дигар ақидаҳо ё рад намудани қабули онҳо, аъзо шудан ба иттиҳодияҳои динӣ ё баромадан аз узвияти онҳо, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051). 2. Барои таҳқири ҳиссиёти динии шаҳрвандон ё хароб намудани ашё, нишона ва аломатҳои рамзӣ, ки мутобиқи эътиқоди онҳо мавриди парастиш мебошанд ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051), ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051) [1]. Моддаи 157-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 21.05.1998 с. қабул карда шудааст, аз 01.09.1998 с. мавриди амал қарор дода шудааст) монеъ шудан ба фаъолияти иттиҳодияи динӣ ном дошта, дар он чунин муқаррар шудааст: «Монеъ шудан ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ки ба қонун зид намебошанд ё ба амали ба ҷо овардани маросимҳои динӣ, агар онҳо тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд ва ба ҳукуқи шаҳрвандон таҷовуз нанамоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472), бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422)» [2, с. 105]. Адабиёти истифодашуда: 1. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 455 // Сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – https://mmk.tj 2. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: КВД «Қонуният»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар матбааи «Истиқлол-2019» чоп шудааст, 2024. – 320 с. 3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26 марти соли 2009, № 489 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 82; с. 2011, №6, мод. 450; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., № 1497. Шоев Фируз Маҳмадаминович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО

“Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон!” (шарҳи фалсафӣ-таърихии мазмун ва аҳамияти сиёсии гуфтори Пешвои миллат)

Дар шароити муосири авҷгирии бархӯрди манфиатҳои геополотикии давлатҳои абарқудрат ва ҳассосу муташанниҷ шудани вазъи сиёсии ҷаҳон, амният ва рушди ҳар як давлати соҳибистиқлоли миллии ҷаҳон, якпорчагӣ ва ваҳдати миллии онҳо аз бисёр ҷиҳат бо сатҳи ҷаҳонбинӣ, донишу таҷриба, ахлоқу маънавиёт ва сифатҳои шахсии роҳбарони онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин мавқеъи назар, гуфтори Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон” дорои мазмуни амиқи фалсафӣ-таърихӣ ва арзишу аҳамияти баланди сиёсӣ мебошад. Ин гуфтори пурҳикмат ба ҳеҷ ваҷҳ маънои бартарӣ додан ба миллият нисбат ба дину эътиқодро надорад, балки як шарт ё талаботи воқеӣ ва муҳими сиёсию ахлоқии идоракунии муваффақона ва одилонаи давлати миллию демократӣ маҳсуб мешавад. Ҳар як фард ва ҷомеа ба ғайр аз ниёзҳо ва манфиатҳои динию маънавӣ, боз доираи ниҳоят васеи талаботҳои моддию дунявиро дорад, ки онҳоро на аз роҳи ибодату ниёиши дарунӣ, балки танҳо аз роҳи меҳнат, амалия ва фаъолияти ҷисмонию фикрӣ, тавассути ҳамкории судманд бо дигар афрод ва ҷомеаҳо қонеъ карда метавонад. Ҷомеаи миллии тоҷик низ аз ин қоида берун нест. Барои миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷик ва аҷдодони тоисломиаш (суғдиҳо, бохтариҳо, хоразмиҳо, тахориҳо ва халқиятҳои дигари эронизабони Осиёи Марказӣ) диндорӣ танҳо як рукни ҳаёт ва фарҳанги миллӣ буд ва мебошад. Ба ҷуз аз ниёишу ибодат ва суннату маросими динӣ-исломӣ, тоҷикон соҳиби фарҳанги басо пурғановати моддию дунявӣ низ мебошанд ва дар таъсиси аввалин давлатҳои мутамаддину пешоҳанги бостонӣ (Ҳахоманишиён, Сосониён, Ҳайтолиён ва ғ.), ободонии ҷаҳон, рушди ҳаёт ва фарҳанги моддии башарият саҳми бузург гузоштаанд. Миллати тоҷик дар симои аҷдодони таърихиаш қабл аз зуҳури дини мубини ислом вуҷуд дошт. Ҳамаи ин халқиятҳо пайрави дини зардуштӣ буданд ва пас аз густариши дини ислом, ба шарофати фаъолияти давлатсозию миллатсозии Сомониён ва сулолаҳои дигари ҳокимони маҳаллӣ, ҳамчун воситаи муоширати миллӣ ташаккул ёфтани забони форсӣ-тоҷикӣ ва як қатор омилҳои дигари фарҳангӣ як миллати воҳиди бодиёнатро ташаккул доданд. Ҳарчанде ки тоҷикон мисли халқҳои дигари ғайриараби мусулмон, аз дини ниёгон даст кашида дини навро қабул карданд, вале дин ҳамчун як шакли ҷаҳонбинӣ ва унсури бунёдии ташаккулдиҳандаи ҳувияти миллии онҳо маҳфуз монд. Дар ин маврид метавон гуфт, ки дину эътиқоди исломӣ (дар шакли мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ) дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати фарҳангии миллатсози Сомониён дар ташаккул ва рушди ҳувияти миллии тоҷикон нақши хеле муҳим ва судмандро иҷро кардааст, ҳамон тавре ки дар даврони бостон дини зардуштӣ ин ин хидматро барои аҷдодони қадимаи мардуми тоҷик анҷом дода буд. Аз ин нуқтаи назар, “аввал тоҷик ва баъд мусулмон будан” маънои мусулмониро ҳамчун як навъи диндорӣ, ҳамчун як ҷузъи таркибӣ ва тағйирпазир ба низоми арзишҳои нисбатан устувору бунёдии миллии тоҷикон ҳамгун ва ҳамоҳанг сохтанро дорад. Аз ҷониби дигар, ҳеҷ як давлат ё ҷомеаи муосири миллӣ, хоҳ демократӣ бошад, хоҳ теократӣ, аз нуқтаи назари этникӣ ва динӣ-мазҳабӣ яклухт нест, балки то ин ё он дараҷа полиэтникӣ ва поликонфессионалӣ мебошад, яъне як иттиҳоди сиёсие аст, ки халқиятҳо ва афроди пайрави дину мазҳабҳои гуногунро муттаҳид мекунад. Мисол, дар Конститутсияи ИМА вожаи “миллат” истифода нагардидааст, вале вожаи “мардум” (the People) ба кор бурда шудааст, ки ҳувияту умумият ва ваҳдати сиёсии ҳамаи шаҳрвандони ИМА-ро, новобаста аз мансубияти этникию динии онҳо, ифода мекунад. Яъне мафҳуми “миллат” ё “мардум” баёнгари ҳувияти сиёсии одамон аст, на ҳувияти этникии онҳо. Аз нуқтаи назари ҷомеашиносӣ «миллат» як ҷомеаи таърихан ташаккулёфта ва устувори одамон аст, ки бо забони умумии муошират, ҳудуд ва макону фазои ягонаи сукунат, ҳаёти иқтисодӣ, фарҳанг ва ҳувияти муштарак муттаҳид шудаанд. Ин истилоҳ ду маънои асосӣ дорад: аз нигоҳи фарҳангӣ – ҷомеаи этникии дорои хусусиятҳои муштарак ва аз нигоҳи сиёсӣ – иттиҳоди сиёсии шаҳрвандони як давлати мушаххас. Дар давраи пас аз зуҳури ислом, тоҷикон аввалин бор маҳз дар замони Сомониён ба ин комёбӣ даст ёфта, ҳамчун миллат ташаккул ёфта буданд. Пас аз фурӯпошии давлати Сомониён, чунин имконият дар замони шӯравӣ ба вуҷуд омад. Ҳарчанде ки ҳаёт ва фарҳанги динии тоҷикон дар замони шӯравӣ бо маҳдудятҳо дучор шуд, вале фарҳанги моддию дунявии мардуми мо, иқтисод, илму маориф, соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мо як давраи тиллоии эҳё ва рушду гулгулшукуфоии худро паси сар кард. Ин дастовардҳои замони шӯравӣ аз оғози давраи сохибихтиёрӣ то имрӯз барои рушди босуботи ҷамъиятиву иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун як заминаи муҳим хизмат карда истодаанд. Беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло, Шаҳраки тиббӣ, таваллудхонаҳои рақами 1,2 ва 3 ва садҳо биноҳои таълимию истиқоматӣ танҳо дар ҳудуди пойтахти кишвар – як қисми андаке аз он дастовардҳои замони шӯравӣ мебошанд. Аз ин дидгоҳ истифода бурдани вожаи “миллати тоҷик” ба маънои ҳувияти сиёсии тоҷикон дар масири таърих дар мавридҳое дуруст аст, ки агар тоҷикон соҳиби давлати озоди миллии худ бошанд, аз ҷумла дар мавриди наслҳои имрӯзаи бахтёру саодатманд, яъне мову шумо –хонандагони арҷманд, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри миллии худ ҳастем. Дар давраҳои бедавлатӣ бошад, масалан, пас аз Сомониён то замони шӯравӣ, мафҳуми миллатро дар нисбати мардуми тоҷик танҳо барои ифодаи умумияти этникӣ, на сиёсӣ истифода бурдан, мантиқан дуруст аст. “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон!” (шарҳи фалсафӣ-таърихии мазмун ва аҳамияти сиёсии гуфтори Пешвои миллат) Қисми 2.(қисми 1 – 30.10.2025 нашр шудааст ) Ҳангоми таҳлили таносуби байни мафҳумҳои “миллат”, “халқ” (мардум, қавм, этнос) ва “дин” (диёнат) хоҳу нохоҳ ин масъала ба миён меояд, ки кадоме аз ин мафҳумҳо нисбат ба дигарашон қадимитар мебошанд. Равшан кардани ин масъала барои боз ҳам хубтар дарк кардани мазмуни фалсафии гуфтори Пешвои миллат “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон” мусоидат мекунад. Тибқи мазмуни таълимоти қуръонӣ, ва умуман, ҳамаи китобҳои осмонӣ, Худованд аввал қавму қабилаҳоро офаридааст, баъд барои ҳар қавму қабила тавассути паёмбарон каломи худро расонида, онҳоро ба ибодат ва иҷрои дастуроти Худ фаро хондааст. Яъне аввал қавму қабилаҳо, халқҳо офарида шудаанд ва танҳо пас аз ин, дин ва дастуроти илоҳӣ барои зиндагии худро дуруст ба роҳ мондани ҳар кадоми онҳо нозил шудаанд. Аз мазмуни ин таълимоти қуръонӣ хулосаи дурусти мантиқӣ ҳосил мешавад, ки миллатҳо нисбат ба динҳо таърихи қадимитар доранд. На танҳо мардуми ориёитабор ва халқҳои дигари ғайриараб, балки худи қавму қабилаҳои арабнажод низ қабл аз зуҳури дини мубини ислом ҳамчун гурӯҳҳои этникӣ ташаккул ёфта, ҳар кадом ин ё он дин ё низоми эътиқодоти тоисломиро пайравӣ мекарданд. Аз нуқтаи назари илмӣ низ, инсонҳо, қавму қабилаҳо нисбат ба динҳо қадимтаранд, зеро динҳо ҳамчун

МАҚОЛАҲО

Ҳуқуқҳои ҳар инсон арзиши олӣ дорад! (Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон)

Ҳуқуқи инсон яке аз беназиртарин арзишҳои ҷомеаи муосир буда, дар ташаккул, пешрафт ва таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ нақши калидӣ мебозад. Ҳуқуқи инсон мафҳуми хеле мураккабу гуногунҷабҳа буда, ба он қоидаи ягона ва тафсири якмаъноӣ додан душвор аст ва дар ин ҷода таълифоти олимони Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон нақши бисёр муҳим доранд. Олимон ҳамчун таҳлилгарон, муаллифони назарияҳои ҳуқуқӣ, ташаббускорони ислоҳоти ҳуқуқӣ ва омӯзгорони насли нав – дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа саҳми назаррас доранд. Барои ноил шудан ба чунин дастовард онҳо асосҳои илмии ҳуқуқи инсонро таҳия карданд, қонунгузориро такмил доданд, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намуданд, меъёрҳои фарҳанги ҳуқуқии ҷомеаро баланд бардоштанд, механизмҳои амалӣ ва судиро таҳлилу хулосабардорӣ намуда, онҳоро такмил доданд, барои ҳалли мушкилот роҳҳои илмӣ пешниҳодҳо карданд ва дар маҷмуъ, фаъолияти онҳо заминаи муҳимми давлатдории ҳуқуқбунёд ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Раҳимзода Маҳмад Забир – доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор дар мақолаи худ, “Илми ҳуқуқшиносии тоҷик: ташаккул, ҳолат ва проблемаҳо” қайд менамояд, ки “Таъсири муҳимро дар қабул ва мунтазам инкишоф ёфтани илмӣ ҳуқуқшиносии тоҷик анъана ва мактабҳои илмие гузоштанд, ки дар илми ҳуқуқшиносии академикӣ ва донишкадаҳо ба вуҷуд омадаанд. Осорҳои маълум ва арзишноки олимони ҳуқуқшиносӣ солҳои то замони истиқлолият ва баъди ба даст овардани онро мушаххас номбар накарда, қайд менамоям ки саҳми олимони ҳуқуқшиноси тоҷик, академикҳои АМИТ Раҷабов С. А., Тоҳиров Ф. Т. ва Маҳмудзода М. А., узвҳои вобастаи АМИТ Усмонов О.У., Раҳимзода М.З. ва Насриддинзода Э.С., профессорон Холиқзода А. Ғ., Явич Л. С., Коретский В. И., Мелкумов В. Г., Муллоев М. М., Ойгензихт В. А., Яковлева Е. М., Менглиев Ш. М., Ҷалилов Ҷ. Р., Ҷабборов Р. Ҷ., Тағойназаров Ш. Т., Имомов А.И., Шарофзода Р. Ш., Маҷидзода Ҷ. З., Ализода З., Бобоҷонзода И. Ҳ., Буризода Э., Ғаюрзода Ш.К., Ғафурзода А. Д., Муртазозода Ҷ. С., Искандаров З., Диноршоев А. М., Сангинзод Д.Ш., Шарипов Т. Ш., Меликов У. А., Сафарзода А. И., ва дигарон дар бораи таърих ва назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи молиявӣ, ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, назорати пракурорӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ асоси фундаменталии таҳқиқотҳоро дар барқарор намудани низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи он хело калон мебошад”. Лозим ба қайд аст, ки калонтарин боби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – боби дуюм, ки “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” унвон гирифтааст, аз 34 модда иборат буда, ба самти ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шудааст. Мувофиқи моддаи 14-и Конститутсия: “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад”. Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар Конститутсия ва қонунгузории миллии худ кафолат додааст. Барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар баробари қонунгузории миллӣ, инчунин, санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар”, ки онро Созмони Милали Муттаҳид 10 декабри соли 1948 қабул намудааст, амал менамоянд. Маҳз тибқи ҳамин сарчашма 10 декабр дар саросари ҷаҳон рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр таҷлил мегардад, на танҳо хотиррасонии рӯйдоди таърихист, балки ҳамчун як меҳвари рушди давлатӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аҳаммияти таърихӣ-илмӣ дорад. Эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948) мустаҳкам шудааст, имрӯз ба меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ва низоми ҳуқуқии миллӣ табдил ёфтааст. Ин ҳамон воқеиятест, ки дар яке аз баромадҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ғояи инсондӯстӣ дар Паёми худ таъкид намуданд, ки «Пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад». Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият пайваста саъй дорад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олии конститутсионӣ тақвият бахшад. Ин раванд дар сиёсати давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва фаъолияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ инъикос ёфтааст. Муҳаққиқи ватанӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор дар монография худ “Назаре ба асрори ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон” қайд менамоянд, ки “Арзише, ки аз пайдоиши ҷомеаи инсонӣ ва шинохти ақл ҳамчун нерӯи пешбарандаи таърих то имрўз аҳамияти худро гум накарда, маънии ҳастӣ ва риштаи инкишофи ҷамъияти инсониро дар атрофи хеш муттаҳид намуда, ҳамагуна қонуният, мақсад, вазифа ва кашишҳои иҷтимоиро тадриҷан тобеи хеш гардонида, гарав ва кафолати сулҳ, ваҳдат ва хушбахтии ояндаи халқу миллатҳо баромад намуданро бар дўш гирифта тавонистааст, ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон аст”. Аз ин гуфтаҳо чунин бар меояд, ки ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон арзиши аслии ҷомеа буда, аз аввали таърих вуҷуд дошта, аҳаммияти илмӣ дорад, пояи ҳамоҳангии ҷомеа мебошад, ки ҳамаи қонуниятҳо, вазифаҳо ва фаъолияти иҷтимоиро дар атрофи худ муттаҳид кардааст. Дар ниҳоят, Рӯзи ҳуқуқи инсон моро водор месозад, ки бояд донем то Тоҷикистони азизи мо имконияти амалӣ шудани ҳаммаи ҳуқуқҳоро фароҳам меоварад. Дар ин марҳилаи басо таърихӣ ва муҳим мо бояд аз гузаштагони таърихӣ ва муосири халқи тоҷик ки онҳо шоистаи ифтихорӣ миллӣ ва барои баланд бардоштани ҳисси ватандустиву ватандории мо ҷавонон эҷод кардаанд, арҷгузор бошем. Ин ҳамон рӯз аст, ки арзиши олӣ ва кафолати зиндагии шосита ва арзанда (м.5-и Конститутсия) эътироф шуда, зери мафҳуми “ҲУҚУҚИ ИНСОН” навишта шудааст ва бо меъёрҳои Конститутсия ҳифз шудааст, ки барои ҳар як шахс ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору сарфарозист. Дар умум, Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон рӯзи ҳар фарди ҷомеа аст, зеро инсон аз бошарофаттарин ва боарзиштарин мавҷудот шинохта шудааст. Маҳз ин вижагиҳои фарқкунандаи инсон аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯзи махсусеро ба Рӯзи ҳуқуқи инсон рабт додааст. Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон мубораку фархунда бошад! Сӯҳроб Ҷалолов – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ, магистранти курси 2-и АИДНП ҶТ

МАҚОЛАҲО

МАЗМУНИ ОЗОДИИ АҚИДА, ВИҶДОН ВА ДИН

Калимаи «мазмун» истилоҳи фалсафӣ буда, дар илм дар кушода додани ягон мавзуъ истифода бурда мешавад. Дар илми ҳуқуқи инсон низ истилоҳи «мазмун» ба маврид истифода бурда мешавад. Он дар ду маврид истифода мешавад. Якум, дар кушода додани мавзуи «мафҳум ва мазмуни ҳуқуқи инсон». Дуюм, дар кушода додани ҳуқуқу озодиҳои мушахасси инсон ва шаҳрванд. Ба монанди, «мазмуни ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсият», «мазмуни ҳуқуқ ба истеҳсолоти судии адолатнок», «мазмуни ҳукуқ ба озодии мусофират ва интихоби маҳалли зист». Озодии ақида, виҷдон ва дин низ яке аз ҳуқуқу озодиҳои мушахасси инсон ва шаҳрванд мебошад. Дар кушода додани он низ дар баробари дигар истилоҳҳои илмӣ, ба монанди «мафҳум», истилоҳи «мазмун» истифода мешавад. Мазмуни озодии ақида, виҷдон ва дин – ин аз кадом ҳуқуқу озодиҳо таркиб ёфтани озодии ақида, виҷдон ва дин мебошад. Мазмуни озодии ақида, виҷдон ва дин ҷабҳаҳои зеринро дар бар мегирад: 1. Ҳуқуқи эътиқод овардан ба ҳар дин; 2. Ҳуқуқи ба ҷо овардани расму оинҳои динӣ; 3. Ҳуқуқи иваз кардани дин; 4. Ҳуқуқи паҳн кардани иттилоот дар бораи таълимоти динӣ; 5. Ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти динӣ; 6. Ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти хайру эҳсонкорӣ; 7. Ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти динии фарҳанӣ-маърифатӣ; 8. Озодӣ аз табъиз аз рӯи аломати динӣ [1, с. 205]. Зимнан зарурият ба таъкид аст, ки озодии эътиқоди динӣ аз озодии виҷдон бар меояд ва дуввумин намоиш додани эътиқоди динии худро низ фаро мегирад. «Намоишдиҳӣ» бошад, моҳиятан хеле васеъ буда, инҳоро дар бар мегирад: 1. Ибодат намудан; 2. Иҷрои расму оин ва маросимҳои динӣ; 3. Бунёд намудани ибодатгоҳҳо; 4. Истифодаи таълимот ва ашёҳои маросимӣ; 5. Ба ҷо овардани шартҳои парҳезкунӣ аз хӯрок; 6. Пушидани либос ва кӯлоҳҳҳои фарқкунанда ва истифодаи забони махсус; 7. Интихоб намудани пешвоёни динӣ ва рӯҳониён ва ғ. [1, с. 205]. Адабиёт: 1. Диноршоев А.М., Сафаров Б.А., Сафаров Д.С. Ҳуқуқи инсон (васоити таълимӣ-методӣ). – Душанбе: «Виза-принт», 2010. – 344 с. Шоев Фируз Маҳмадаминович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО

Гулчине аз андешаҳои коршиносони соҳаи танзими ҷашну маросим

Роҳнамо барои мутахассисону муҳаққиқони соҳа Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати таҳқиқу омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои зиёди илмиро тавассути мақолаҳои таҳлилӣ ба анҷом мерасонад. Аз ҷумла, Маркази исломшиносӣ санаи 18-уми июни соли 2025 бахшида ба солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Қонуни танзим – воситаи ислоҳи тафаккури ҷомеа» дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит баргузор кард. Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносон аз вазорату идораҳои дахлдор ва воситаҳои ахбори омма иштирок ва баромад карданд. Маркази исломшиносӣ маводҳои конференсияро дар шакли китобча зери унвони «Қонуни танзим – воситаи ислоҳи тафаккури ҷомеа» рӯйи чоп оварда, мақолаҳои илмию тадқиқотии баромадкунандагонро пешкаши хонандагон гардонидааст, ки барои мутахассисону муҳаққиқони соҳа аҳамияти илмию назариявӣ дорад. Зарур мешуморем, ки гулчини таҳлилҳои илмӣ, фикру андеша ва пешниҳодҳои дар маҷмӯа ҷамъовардашударо вобаста ба татбиқи Қонуни миллӣ пешниҳоди хонанда гардонем. Директори Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода дар мақолаи хеш зери унвони «Назари такрорӣ ва далелҳои тоза роҷеъ ба табиати ҳуқуқии Қонуни миллӣ» бо назардошти гуногунии назарҳо нисбат ба истифодаи истилоҳи «Қонуни миллӣ» назари худ ва олимони дигарро дар 15 зербоб бо далелҳо пешкаш гардонида, бардоштани хулосаи ниҳоиро, албатта, ба иродаи хонанда вогузор намудааст. Ӯ таъкид менамояд, ки «Муайян намудани табиати миллии як санади қонунгузорӣ ҳамчун феномени дохилии низоми ҳуқуқӣ барои дарки падидаи ҳуқуқи миллӣ на ҳамчун истилоҳи шаклӣ, балки бештар аз он ҳамчун сохтори ботинӣ ва табиии ҳуқуқӣ имкони фарохтарро доро аст. Фаҳми табиати миллияти як санади қонунгузорӣ ҳамчун усули вижаи дарки падидаи умумии ҳуқуқ хизмат менамояд. Таҷрибаи қабул ва амали Қонуни танзими ҷашну маросим гувоҳи он аст, ки ин қонун дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон воқеан қонуни табиати миллӣ доштааст. Қонуни мазкур ҳамчун низоми меъёрҳои вижа барои ислоҳи вазъи ҳуқуқии хоси кишвар, ки аз табиати зиндагии миллат ба миён омадааст, қабул шудааст». Муаллиф дар муайян кардани истилоҳи «қонуни миллӣ» даъват ба он дорад, ки аввал паҳнои дарки вожаи миллатро барои худ аниқ созем ва сипас иддао намоем, ки қонуни миллии мо ба кадоме аз ин вожаҳо часпон аст. Агар қонуни миллӣ ба халқи кишвар тааллуқ дорад, пас вай ҳамчун қонуни миллӣ ба маънои васеъ ҳамчун қонуни давлати муайян, ифодагари қонунҳои ватанист. Агар ба халқ ва миллати таҳҷоии дорои забон ва ё дини муайян вобастагӣ дошта бошад, пас қонуни миллӣ ба маънои маҳдуд фаҳмида мешавад. Муовини директори Маркази исломшиносӣ Абдураҳмон Ваҳобзода таъкид бар он доранд, ки дар нахустин солҳои соҳибихтиёрии давлатӣ дар баробари дигар самтҳои марбут ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи анъанаҳои неки гузаштагон, тамйизи маросимҳои асил аз хурофот ва дар доираи манфиати умум ба танзим даровардани расму оинҳо кӯшишҳои судмандеро ба харҷ дод. Дарки ин нукта муҳим аст, ки ба танзим даровардани шеваи баргузории ид ва дастархонороӣ ҳаргиз маънои маҳдудияти баргузории идро надорад. Зеро давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар иду ҷашнҳои миллӣ ба идҳои марбут ба фарҳанги исломӣ арҷ ва эҳтироми хосса мегузорад ва идҳои Рамазон ва Қурбон низ дар радифи ҷашнҳои муҳими милливу давлатӣ ҳамчун рӯзи истироҳатӣ пазируфта шудааст. Муовини директори Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа Кароматулло Абдухалилзода омили муҳим ва натиҷабахш дар таъмини Қонуни танзимро дар ташаккули тафаккури сармоядорӣ нишон додааст. Ӯ менависад, ки имрӯз дар кишвар фардеро наметавон ёфт, ки аз қабули Қонуни мазкур норозӣ бошад. Аммо бояд эътироф намуд, ки мутаассифона, имрӯз талаботҳои Қонуни мазкур на ҳама вақт ва на аз тарафи ҳама пурра риоя мегардад. Дар мақолаи хеш, мушкилиҳои асосиро дар самти мазкур бо далелҳои амиқ таҳлил намудааст. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шаҳбоз Шосаидзода бар он назар аст, ки дар таърихи ҳар як миллат анъана ва воқеаҳое ҳастанд, ки дар роҳи ҳаёт ва инкишофи минбаъдаи ин ё он миллат омили ҳалкунандаю тақдирсоз дошта, бо гузашти солҳо аҳаммият ва мақомашон бештар аён мегардад. Бинобар ин, меросбари онро зарур аст, ки онро ҳамчун манбаи худшиносӣ ва бедор намудани ҳувияти миллӣ барои насли имрӯза ва ояндааш истифода барад. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷамшед Ҷамшедзода вобаста ба қабули Қонуни танзим ёдовар мешавад, ки «Тибқи муқаррароти Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат маҳсуб ёфта, дорои ҳуқуқи конститутсионии ташаббуси қонунгузорӣ мебошад. Бо истифода аз ин ҳуқуқи конститутсионии ташаббуси қонунгузории худ, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол ба парлумони кишвар қонунҳои зиёде, хусусан қонунҳои хусусияти миллидошта пешниҳод гардида, қабул шудаанд. Онҳо дар марҳалаи навини таърихӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои геосиёсию идеологии таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза ва ниёзҳои ҳаётан муҳимми миллӣ қабул гардида, барои таҳкими самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа, рушди бемайлони давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаи устувори ҳуқуқӣ гузоштаанд». Судяи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Давлатзода таъкид дорад, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар партави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии эътиқод ва виҷдонро ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмон ҳифз намуда, риояи онҳоро кафолат додааст. Дар шароити озоди давлати демократӣ мардуми мусулмони Тоҷикистон имконият пайдо карданд, ки ҷанбаҳои нодиру созандаи таълимот ва анъанаву маросими динӣ, махсусан, тарғиби дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, бахшидани якдигару хабар гирифтан аз аҳволи беморон, дастгирии ятимону маъюбон ва мӯҳтоҷону камбизоатон ва дигар суннатҳои некро густариш дода, анъанаву маросими эътиқодии худро бо дигар анвоъи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду ободии Ватан ва осудагии ҳар хонаводаи тоҷик, тавъам созанд. Устоди Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Мурод Ҳайдарзода андешаҳои худро ҷиҳати дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва муҳиммияти онро бо 10 омил пешниҳод кардааст. Сардори шуъбаи пажуҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ, номзади илмҳои фалсафа Зиёвуддин Шоев нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ низ хеле бузург ва назаррас ҳисобидааст. Ӯ таъкид дорад, ки Қонуни мазкур ба таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ тавассути пешгирии низоъҳо ва

Прокрутить вверх