Имя автора: pressa

МАҚОЛАҲО

Ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат – сиришти сулҳофари миллати ориёнажодро бори дигар ба маъраз гузошт

  Қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими  сулҳ барои наслҳои оянда, 2027-2036» дар заминаи ташаббуси навбатии Пешвои муаззами тоҷикони тамоми дунё  Эмомалӣ Раҳмон сиришти поку асил ва сулҳофару сулҳхоҳи мардуми  ориёиро ба тамоми ҷаҳон бори дигар ба маъраз гузошт. Дар шароити рақобату муборизаҳои пайвастаи абарқудратҳо, поймол гардидани ҳуқуқҳои сиёсию иқтисодии  кишварҳои рӯбарушд ва дар ин замина бе сабаб рехта шудани хуни ҳазорҳо мардуми бегуноҳ иқдоми мазкури Пешвои муаззами миллат бидуни тардид аҳамияти глобалӣ дорад. Ин ибтикори бузург ҳадди ақалл эҳсоси башардӯстонаи ҳар як иштирокчии ҳаёти сиёсии ҷомеаи имрӯзаи башариро бедор намуда, ақли зери нафс қарордоштаи бозигарони асосии ин равандро ба андеша намудан водор менамояд. Сиришти сулҳофарии Пешвои миллати тоҷикро собиқ Президенти Амрико Ҷорҷ Буш дарк намуда, барҳақ қайд намуда буд, ки «Эмомалӣ Раҳмон дар замони бисёр муташанниҷ  ба кишвараш ва халқаш сарвар гардид. Вале тавонист, ки халқу давлаташро аз варта наҷот диҳад. Вай дар муддати на чандон тулонӣ дар мамлакат сулҳ барқарор кард ва ба арсаи байналхалқӣ баромад».  Воқеан ҳам, ҳамин сиришти сулҳофарии Пешвои муаззами миллат буд, ки ҷанги таҳмилии бо гуноҳи бевоситаи дингароёни зархарид  ташкилшуда дар як муддати муайян ба анҷом расиду кишвар собитқадамона дар фазои сулҳу субот ба сӯйи ҳадафҳои стратегии худ пеш рафта истодааст. Дар чунин як шароити нозук ва ҳассос, агар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаёти сиёсии кишвар ворид шуда, миллатро сарҷамъ намекард,  эҳтимол имрӯз на танҳо аз давлату миллат чизе боқӣ намемонд, балки кишварамон чун баъзе кишварҳои байни гурӯҳҳои мухталиф тақсимшуда  ба майдони муборизаи гурӯҳҳои мухталифи манфиатҷӯ  табдил меёфт. Хиради поку асил ва сиришти сулҳофарии Пешвои муаззами миллат, хушбахтона, ба тақдири миллат,  хатари мавҷударо дарк намуда, онро пешгирӣ намуд. Ҳангоме ба афкору аъмоли сулҳофарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ менамоем, бешак пеши назари мо сиришти поку сулҳофари мардуми асили ориёӣ, ки Фирдавсии бузургвор дар «Шоҳнома»-и безаволаш аз номи Рустам  баён намудааст, ҷилвагар мешавад: Таҳамтан бад-ӯ гуфт, ки эй шаҳриёр, Дилатро бад-ин кор ғамгин мадор. Касе к-ӯ оштӣ ҷӯяду суру базм, На неку бувад пеш рафтан ба разм. Бешак ҳамин сиришт, ҳамин роҳ, ҳамин ҳадаф, ҳамин нигоҳи таҳамтанӣ дар табиати Таҳамтани сонӣ, Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пуррагӣ ҳувайдост, вагарна, эҳтимол аст, ки мо ба ин рӯзҳои неки орому осуда мерасидем. Бояд эътироф намуд, ки ташаббуси  навбатии Пешвои миллати тоҷикон як иқдоми хеле муҳим ва саривақтиест баҳри тантанаи сулҳу оромӣ дар тамоми дунё. Чун ҳадаф нек аст, башардӯстона аст, хирадмандона баён гардидааст, онро ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфту дар сатҳи баланд доир ба он Қатънома қабул намуд. Аз ин рӯ, он андешаҳое, ки дар нисбати  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳли ҷомеа баён мегарданд,  чун: «ҷилои тобноктарини сулҳ дар тамоми рӯйи дунё», «Дар зеҳни Эмомалӣ Раҳмон танҳо хурсандии мардумони тамоми сайёра чарх мезанад», «Эмомалӣ Раҳмон ҳар ҷо сухан гуфтааст, баҳри осоиштагиву амну суботи на танҳо кишвари худ, балки кулли дунё гуфтааст», «Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори формулаи Сулҳ дар ҷаҳони муосир»  асоси воқеӣ дошта, инъикоскунандаи равшани фаъолияти сиёсии башардӯстонаи Пешвои миллат мебошанд. Бинобар ин, мардуми тоҷик бояд ифтихор намояд, ки ташаббуси Пешвояш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуду дар заминаи он Қатънома низ қабул гардид. Падидаи мазкур, бешак аз боз ҳам баландтар гардидани обрую нуфузи ҷаҳонии кишвари мо дарак медиҳад. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди хирадпешаи кишвар ва ҳар тоҷики фарҳангдӯсту дурандеш бояд бо Пешвои худ ифтихор намояд!   Муовини директори Маркази исломшиносӣ  Абдухалилзода К.А.

МАҚОЛАҲО

Ба таърих пайвастани миллат

  “Таҷрибаи тоҷикии ҳалли муноқишаҳо, на танҳо дорои хусусияти хосаи худ, балки дорои механизмҳо ва технологияи умумӣ низ аст, ки метавонад дар созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳо мавриди истифода қарор гирад”.                                                                                           Эмомалӣ Раҳмон   Барои мардуми Тоҷикистон сулҳ ва ваҳдати миллӣ арзишҳои муқаддас мебошанд.  Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омад, Сарвари давлат дар андешаи оромиву осоиштагии миллат буд. Баъди истиқлоли давлатӣ арзиши муқаддасу таърихӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ мебошад. Тинҷию осудагӣ дар мамлакат роҳи рушду такомули минбаъдаро равшан сохт. Бо таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (26 июни соли 2007) сулҳу суботи тоҷикон боиси дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими нуфузу мавқеи он дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид: имрӯз башарият илова бар ин, ки таҷрибаи сулҳи моро мавриди дастгирӣ, омӯзиш ва истифода қарор додааст, инчунин дигар иқдомоти башардӯстонаи давлати тоҷиконро низ доир ба ҳалли проблемаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон бо гармӣ истиқбол ва пуштибонӣ мекунад. Бисёр коршиносон, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ, махсусан намояндаҳои хоси Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, намояндагони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Комиссарияти олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон, намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба тандурустӣ, наҷоти кӯдакон бо технологияи нодире, ки дар ҷараёни ба даст омадани сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон истифода шуд, қоил буданд ва ин таҷриба қобили қабули ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт. Дар заминаи ин таҷрибаҳо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид зери унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» 25 июни соли 2026 қабул гардид. Қабули қатъномаи мазкур маҳсули хиради азалӣ ва аз сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ будани Пешвои муаззами миллат гувоҳӣ медиҳад. Барҳақ фармудаанд, ки бе сармояи дониш ва бе пирояи таҷриба нодираи даҳр гаштан номумкин аст. Мо ифтихор дорем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан созандаву сулҳдӯст мебошад. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла ҷавононро водор месозад, ки барои ворисони сазовори ниёгони тамаддунсози худ шудан пайваста ба хотири ҳамқадами замон тараққи кардани сарзамини худ саъй намоем, то ки кишварамон ба муқобили омилҳои номатлуби ҷаҳони муосир ва оқибатҳои ногувори раванди ҷаҳонишавӣ пойдору устувор бошад.   Одинашоҳ Вализода, мудири шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  

МАҚОЛАҲО

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ – 9-уми сентябри соли 1991 дар ҷумҳурӣ раванди демократикунонии ҷомеа инкишоф ёфт. Дар раванди демократикунонии ҷомеа шаҳрвандон озодиҳои зиёдеро ба даст оварданд. То ҳатто кор ба ҷое расид, ки коргарони оддӣ, ба монанди коргарону деҳқонон ба корҳои давлату давлатдорӣ, интихобкунӣ ва интихобшавӣ, муттаҳидшавӣ дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, машғул гардиданд. Тарафгирии номзадҳо оғоз гардид. Ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии зиёде ташкил карда шуда, фаъолияташон ба сиёсикунии ҳаёти ҷомеа нигаронида шуда буд. Шаҳрвандон барои тарафдории номзадҳо ба майдонҳо баромаданд. Аз ин манфиатҷӯёну манфиатхоҳон истифода бурданд. Дар байни мардум кинаву адоват нофаҳмиву бадбинӣ, маҳалчигӣ барангехта шуд. Дар натиҷаи ин ҳама, дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Мардум сарсону саргардон гаштанд. Дар ба дари хешу табор шуданд. Аз хонаву дар монданд. Аз ҷойҳои зисташон дур шуданд. Молу ҳолашон дар саҳрову талу теппаҳо монд. Ба ҷонашон марг таҳдид мекард. Авзои ҷомеа ноором буд. Ноумедиҳои мардум рӯз то рӯз зиёд мешуд. Зиндагӣ ва нонёбӣ мушкил буд. Мардум барои нон навбат меистоданд. Нон намерасид. Гуруснагӣ таҳдид мекард. Кафолати ҳаёти инсон таъмин набуд. Дар ҷумҳурӣ вазъияти фавқуллода эълон карда шуда буд. Алангаи ҷанг шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро фаро гирифта буд. Мардум орзуи тинҷиву амониро мекарданд. Ҳеҷ кас намедонист, ки то пагоҳ зинда мемонад. Ҳаёти инсон қадр надошт. Инсоният дар он давра бесарусомониҳои зиёдеро паси сар кард. Аз воситаҳои ахбори омма, ба монанди телевизион ва радио мардум оҳиста-оҳиста хабарҳои хуш, хабарҳои расидан ба тинҷиву амониро мешуниданд. Рӯзе аз телевизион ва радио хабар расид, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шурои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва мардум бо орзую омоли расидан ба сулҳу субот ва тинҷиву амонӣ онро ба хуши қабул карданд. 16 ноябри соли 1992 иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва дар кори он Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Аввалин сухани гуфтаашон ин «ман ба шумо сулҳ меорам» мебошад. Мардуми парокандашударо сарҷамъ кард. Гурезагонро ба хонаҳояшон баргардонид. Сулҳу суботро дар ҷомеа ва давлат аз сари нав таъмин намуд. Бо мухолифин музокирот ва гуфтушунидҳо оғоз шуданд. Дар натиҷа, рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Аз ҳамон сол инҷониб рӯзи 27-уми июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад ва мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи истироҳатӣ эълон карда шудааст. Бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба мухолифин гузаштҳои зиёд кард. Дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои давлатӣ 70 фоиз ба 30 фоиз тақсим карда шуд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори якум тағйироту иловаҳо бо роҳи раъйпурсӣ аз 26-уми сентябри соли 1999 ворид карда шуд, ки дар натиҷаи он ҳизбҳои сиёсии динӣ барои иштирок дар ҳаёти сиёсии давлат ва корҳои идоракунии давлатӣ ҳуқуқ пайдо намуданд. Парламенти касбӣ ташкил карда шуд. Ҳаёти сиёсии ҷомеа муътадил гашт. Мақомоти давлатӣ ба пуррагӣ амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин намуданд. Мардум бениҳоят аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хурсанду шод шуда, дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Президенти маҳбубамон сарҷамъ шуда, ба корҳои созандагию ободкорӣ машғул гаштанд. Солҳо мегузаранд, аммо хизматҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз фаромуш намегарданд. Айни ҳол, моро зарур аст, ки ба қадри Ваҳдати миллӣ, ба қадри хизматҳои Пешвои муаззами миллат бирасем ва баҳри ободонии Ватани азиз заҳмат кашем, меҳнат кунем. Ваҳдати миллӣ, амну осоиштагиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва ба наслҳои оянда расонем, то ки миллати мо пояндаву ҷовид боқӣ бимонад. Шоев Фируз Маҳмадаминович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Хабарҳо

Семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Имрӯз, 26.06 2026 дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди Ваҳдати миллӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар семинар кормандони Марказ, сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши исломи муосир, н.и.ҳ. Шоев Фируз дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ – омили пешрафти ҷомеа” ва сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ, н.и.ф. Наҷотзода Мутеъуллоҳ дар мавзуи “Ваҳдат – неъмати бебаҳои миллат” баромад намуданд. Инчунин, дар рафти кори семинар сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ, н.и.п. Вализода Одинашоҳ ва мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Шокиров Ҳусейн фикру андешаҳои худро перомуни “Ваҳдати миллӣ – пояи сулҳу субот” ва “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон” иброз намуданд. Семинар бо суханони табрикотии кормандони Марказ ба анҷом расид. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

ҲАМОИШИ ҶАМЪИЯТӢ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ 29-УМИН СОЛГАРДИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Санаи 26-уми июни соли 2026 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иқдому ташаббуси раиси шаҳр Акрамзода Парвиз ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода бахшида ба солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ ва нақши Пешвои миллат дар сулҳу суботи Тоҷикистон” Ҳамоиши ҷамъиятии фаъолони шаҳр бо ҳузури муовини якуми раиси шаҳр Азимҷон Азимзода ва роҳброни мақомоти қудратию интизомии шаҳр баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Нурулло Ҳабибуллозода ба Ҳамоиш ҳусни ифтитоҳ бахшида, гардонандагии онро бар уҳда дошт. Дар рафти чорабинии мазкур директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар баромади худ мавсуф ба аҳамияти бузурги ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, риояи қонунҳои амалкунанда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ таъкид намуданд. Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик буда, маҳз ба шарофати сулҳу ҳамдигарфаҳмии мардуми азизаш, Тоҷикистон ба роҳи рушди устувор ва созандагӣ қадам гузошт. Ваҳдат ҳамчун омили асосии суботи сиёсӣ, пешрафти иқтисодӣ ва таҳкими давлатдорӣ бояд ҳамеша ҳифз ва тарғиб карда шавад. Инчунин иброз гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба даст омада, заминаи асосии сулҳу субот, рушди давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад. Ҳифзи сулҳу оромӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу анъанаҳои ниёгон ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар анҷоми Ҳамоиш як теъдод шахсони шоиста бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи шаҳр ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода қадрдонӣ гашта, ҳамзамон, ба аъзои навқабули ҳизб гувоҳиномаи узвият супорида шуд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

Сулҳу ваҳдат ва осудагиву амният мароми мост!

Сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ, ҳамдиливу иттифоқ ва осудагиву амният барои ҳар як қавму миллат беҳтарин неъмат маҳсуб меёбад. Маҳз дар фазои танинандозии ваҳдати ҷовидонӣ кишварҳо рӯ ба инкишоф мениҳанду тараққӣ мекунанд ва мардум дар фазои сулҳу субот бо ҳам дӯсту бародарвор умр ба сар мебаранд. Суннат ва арзишҳои ахлоқиву маънавию динии мардумони оламро ваҳдату якдигарфаҳмӣ ташкил дода, инсонҳо дар доираи ин арзишҳо бо ҳусну тафоҳум зиндагӣ мекунанд. Мусаллам аст, ки ҷавҳар ва меҳвари аслии дини мубини Ислом низ ҳамзистиву тарғиби ваҳдату иттиҳод ва шукргузорӣ ба оромиву амният ва суботи саросарӣ маҳсуб меёбад. Чунончи Худованд дар сураи Наҳл мефармояд: «Ва Худо масали деҳаро баён кард, ки эмину оромида буд, рӯзии он ба кушодагӣ аз ҳар ҷое меомад, пас бар неъматҳои Худо носипосӣ карданд. Пас Худо ба сабаби он чӣ мекарданд, гуруснагию тарси фарогирро ба онҳо чашонид». Яъне мурод аз пеш овардани ояти муборак он аст, ки чун мардуми Макка дар оромиву иттиҳод ва фаровонии рӯзии бемашаққат қарор доштанд, носипосӣ ва куфрони ин ду неъматро карданд, билохир Худованд барояшон ноамниву нодорӣ овард. Ношукрӣ ба рӯзии додаи Худованд – яъне оромиву ваҳдату иттиҳод онҳоро ба рӯзҳои сахту сангин рӯ ба рӯ кард. Чун сухан оид ба гиромидошт ва ҳифзи ваҳдату иттиҳоду сарҷамъӣ меравад, рӯзҳои мудҳишу ваҳшонияти ба сари миллати мо омадаи замони ҷанги шаҳрвандиро ба ёд наовардан ғайриимкон аст. Хурду калон тамоми мардуми кишвар огаҳ ҳастем, ки ҳангоми нав ба арсаи соҳибистиқлолӣ расидани кишвари мо, бо маблағгузории хоҷагони хориҷӣ ва ҳамовозиву ҳаммаромии бархе аз хоинони миллат, ки барои амали намудани нақшаву ниятҳои разилонаашон ниқоби дин ба бар карда буданду барои дар мамлакат ҷорӣ намуданӣ мазҳаби бегона кӯшиш намуда истода буданд ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ шуруъ шуд. Маҳз сӯйистифода аз номи дини мубини Ислом, сӯйистифода аз фазои холии динии мафкураи мардум ва сӯйистифода аз вазъи зиндагии номуътадили сокинон, бахусус ҷавонон, аъзоёни ташкилоти террористӣ–экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ гумроҳкунии мардумро пеш карда, баҳри расидан ба татбиқи амалҳои зишташон кӯшиш намуданд. Чун ин ҷо оид ба сӯйистифода аз фазои холии динии мафкураи мардум дар замони тозаистиқлолӣ сухан рафт бояд таъкид намоям, ки он замон дастрасии мардум ба адабиёти диние, ки бо забони тоҷикӣ тарҷума шуда бошад ба назар намерасид ва мардум ҷавҳари дини мубини исломро озодона дарк карда наметавонистанд. Аз ин рӯ, бархе аз шахсиятҳои руҳонинамо дар доираи ташкилоти террористӣ–экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муттаҳид гардида, динро аз нигоҳи ақлу идрок ва манфиатҳои шахсии хеш ба мардум бо роҳҳои гуногун таҳмил намуданд. Шарҳи нодуруст ва ғаразноки арзишҳои дини мубини ислом ва ба роҳ мондани тиҷорати имон боис гардид, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аланга гирад. Яъне ношукриву носипосӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ–экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ боиси сарсониву саргардонии мардум ва қатлу хунрезиҳо дар кишвар гардид. Он замон наҳзатиҳо хилофи фармудаҳои Худову Расул амал намуда, зулму истибдод ва ноадолатиҳоро ба сари мардуми кишвар раво донистанд. Дар ин маврид худованд  фармудааст: «Эй бандагонам ҳамоно ман зулмро ба худ ҳаром кардаам ва онро дар байни шумо ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулму ситам накунед». Агар ба амалҳои хиёнаткоронаи аъзои ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби назҳати ислом назар афканем, кулли амалҳои онҳо хилофи фармудаи Худову Расули акрам (с) сурат мегирифт ва то ҳол ин аъмол идома дорад. Хушбахтона дар минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷлосияи тақдирсоз ном бурда мешавад, ба бахти миллати тоҷик фарзанди фарзонаву сарсупурдаи миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи саҳнаи сиёсат қадамҳои устувор гузошта, зимоми давлатдории навини миллиамонро ба даст гирифта, роҳи ояндаи равшани кишварро муайян намуданд. Маҳз нақшаву ниятҳои дурнигаронаву созанда ва дар меҳвари сиёсати давлатии кишвар  қарор додани муҳимияти сулҳу субот аз ҷониби Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки халқ дар атрофи сарвари маҳбубу ғамхори худ чун фарзандони як оилаи тифоқ муттаҳид гардида, баҳри таҳкими оромиву амният ва ваҳдати ҷовидонаи миллат саҳмгузорӣ намуданд. Ниҳоят бо баргузории гуфтушунид ва музокироти зиёде, ки бо талошу кӯшишҳои Пешвои миллат бо мухолифин сурат гирифт, 27 июни  соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санади муҳим шуълаи ваҳдати миллиро дар Тоҷикистони азиз барафрӯхт ва умеди мардуми саодатманди мо ба ояндаи дурахшон ҷилвагар гардид. Маҳз самараи ваҳдати миллӣ буд, ки мо дар тамоми самтҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои дурнамои давлатдории навини миллӣ кӯшишҳои пайгирона ва азму иродаи халқамон бо ҳидоятномаҳои Пешвои муаззами миллат равона гардида истодааст. Танинандозии сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони маҳбуб аст, ки баҳри шинохти ҷавҳари аслии дини мубини Ислом ба сифати дини таҳаммулпазир ва дини ҳидоятгари ҷомеа ба сӯи созандагиву некӯкорӣ, ваҳдату иттифоқ ва ҳамзистии бани башар ва поку беолоиш нигоҳ доштани он аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир иқдомоти судманди Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Натиҷаи ваҳдату оромист, ки хушбахтона ба ҳадафҳои стратегии кишвар – раҳои аз бумбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунони босуръати кишвар бо бунёди корхонаҳои миёнаву бузурги саноатӣ, истихроҷу коркарди маъдан, нақбҳо ва таъмиру азнавсозии роҳҳо, бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги обӣ ва бунёди ҳазорон боғу токзорҳои нав марҳила ба марҳила ноил гардида истодаем. Бо назар кардан ба ин пешрафту шукуфоӣ ва фароҳам будани фазои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азиз бояд ба қадри ин тинҷиву оромӣ ва озодӣ бирасем. Зеро ин тинҷиву оромӣ ва ваҳдату миллист, ки мо озодонаву дилпурона ва хушбахтона кору фаъолият менамоем. Ва бе сабаб нест, ки Паёмбари акрам Муҳаммад (с) фармудаанд: «Ҳеҷ хурсандӣ бидуни амният ба даст намеояд». Расидан ба сулҳу ваҳдат ва таъмини рӯзгори босаодати кишвар, ки бо кӯшишҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми кишвар ба даст омадааст, барои мо мардуми Тоҷикистон ҳадяи безаволи Яздонист. Мо бояд нагузорем, ки ҳар гуна нерӯҳои аҳриманӣ садди роҳи рушди давлатдории навини миллатамон гардида, мафкураи ҷавонони моро вайрон намоянд. Ташкилоти террористӣ–экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ сӯйистифода аз арзишҳои дини мубини ислом бо мақсади расидан ба ин ғаразҳо, ки бо роҳнамоии хоҷагони хориҷии наҳзат ва амалкарди он сурат мегирифту то ҳол идома дорад, моро водор месозад, ки баҳри пешгирии гумроҳкунии мардум аз ҷониби ин нохалафон кӯшиш ба харҷ дода, беш аз пеш рисолати хешро дар самти тарғибу ташвиқи шинохти ҷавҳари аслии дини мубини

МАҚОЛАҲО

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН

Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҳар як миллат ба шумор меравад. Барои мардуми Тоҷикистон ваҳдати миллӣ на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки рамзи наҷоти давлат, таҳкими истиқлолият ва заминаи рушди устувори ҷомеа мебошад. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки маҳз тавассути муттаҳидии мардум ва иродаи қавии сиёсии роҳбарияти давлат имкони хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани сулҳу субот фароҳам гардид. Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ва омили асосии пешрафти кишвар арзёбӣ мешавад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки миллатҳо бо таҳдидҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ мегарданд, нигоҳдошт ва таҳкими ваҳдати миллӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Оиди заминаҳои таърихии ваҳдати миллӣ ҳаминро метавон гуфт, ки таърихи халқи тоҷик саршор аз рӯйдодҳои пурифтихор ва ҳамзамон пурфоҷиа мебошад. Аз замони давлатдории Сомониён то даврони муосир мардуми тоҷик барои ҳифзи ҳувияти миллӣ, забон ва фарҳанги худ мубориза бурдааст. Дар асрҳои IX–X давлати Сомониён нахустин давлати мутамаркази тоҷиконро ташкил намуд, ки дар он илм, фарҳанг ва иқтисод рушд ёфтанд. Маҳз дар ҳамин давра шахсиятҳои бузурге чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва дигарон фаъолият мекарданд. Баъди суқути давлати Сомониён сарзамини тоҷикон борҳо зери ҳукмронии давлатҳои гуногун қарор гирифт. Бо вуҷуди ин, мардуми тоҷик тавонист забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро ҳифз намояд. Ин устуворӣ ва ҳамбастагӣ дар тӯли таърих ба яке аз хусусиятҳои муҳими миллат табдил ёфт. Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Ин рӯйдод орзуи деринаи мардуми тоҷикро амалӣ сохт. Вале солҳои аввали истиқлолият барои кишвар давраи бисёр душвор буд. Бӯҳрони сиёсӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва ихтилофоти гурӯҳҳои гуногун вазъиятро мураккаб гардонданд. Дар натиҷа соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид, ки яке аз саҳифаҳои фоҷиабори таърихи навини Тоҷикистон мебошад. Дар солҳои ҷанг ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст доданд, садҳо ҳазор шаҳрвандон муҳоҷир ё гуреза шуданд ва иқтисодиёти кишвар зарари калон дид. Ин воқеаҳо нишон доданд, ки набудани ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдат метавонад барои давлат оқибатҳои бисёр вазнин дошта бошад. Баъдан яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи навини Тоҷикистон баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин иҷлосия моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, дар сарнавишти давлат нақши ҳалкунанда бозид. Дар он масъалаҳои муҳими сиёсӣ баррасӣ гардида, роҳҳои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва таъмини сулҳу субот муайян карда шуданд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат интихоб гардид. Ӯ аз рӯзҳои нахустин ҳадафи асосии худро барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ эълон намуд. Пас аз оғози музокироти байни тоҷикон, бо миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯст як қатор вохӯриҳо баргузор гардиданд. Ин музокирот чандин сол идома ёфтанд ва дар натиҷа замина барои сулҳи пойдор фароҳам шуд. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати таърихӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои бозгашти гурезаҳо, барқарорсозии иқтисодиёт ва рушди минбаъдаи давлат замина гузошт. Аз ҳамон вақт инҷониб рӯзи 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.Созишномаи сулҳ намунаи нодири ҳалли мусолиматомези низоъҳо ба ҳисоб меравад ва аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ низ баҳои баланд гирифтааст. Мо ба боварии том гуфта метавонем, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун омили рушди давлат мегардад. Пас аз ба даст омадани сулҳ Тоҷикистон марҳилаи нави рушди худро оғоз намуд. Дар натиҷаи ваҳдати миллӣ имконият фароҳам омад, ки сохторҳои давлатӣ мустаҳкам гарданд, иқтисодиёти кишвар барқарор шавад, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардад, соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг рушд намоянд ва робитаҳои байналмилалӣ густариш ёбанд. Дар солҳои истиқлолият садҳо иншооти муҳим сохта шуданд. Роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо ва муассисаҳои иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд, ки барои рушди иқтисодӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мусоидат намуданд. Ваҳдати миллӣ инчунин барои таҳкими амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ аҳамияти калон дорад. Оиди ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ваҳдати миллӣ метавонем бигуем, ки ваҳдати миллӣ танҳо мафҳуми сиёсӣ нест. Он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таҷассум меёбад. Мардуми Тоҷикистон намояндагони миллатҳо ва қавмҳои гуногунро дар бар мегирад. Ҳамзистии осоишта, эҳтироми ҳамдигар ва таҳаммулпазирӣ аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ваҳдати миллиро таҳким мебахшанд. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ нақши муҳим дорад. Ҳамзамон эҳтиром ба фарҳанг ва анъанаҳои ҳамаи халқиятҳои сокини Тоҷикистон ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат мекунад. Ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, воситаи муҳими таҳкими дӯстӣ ва ҳамбастагии мардум мебошанд. Оиди нақши ҷавонон дар таҳкими ваҳдати миллӣ бошад ҳаминро метавон гуфт, ки ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Ояндаи давлат ба сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва ҳисси ватандӯстии онҳо вобаста аст. Дар шароити муосир ҷавонон бояд таърихи кишварро омӯзанд, арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро эҳтиром намоянд, ба таҳсил ва касбомӯзӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, аз ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ дур бошанд ва барои рушди Ватан саҳм гузоранд. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мебошад. Роҷеъ ба ваҳдати миллӣ ва таҳдидҳои муосир бошад чунин ибрози андеша кард, ки дар ҷаҳони муосир давлатҳо бо таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ҷумла: терроризм ва экстремизм;, паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ. Дар чунин шароит ҳифзи ваҳдати миллӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Танҳо ҷомеаи муттаҳид метавонад ба ин гуна таҳдидҳо муқовимат намояд ва рушди устувори худро таъмин созад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд масъулияти худро дар ҳифзи сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ эҳсос намояд. Ҳар сол 27 июн дар Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз на танҳо як ҷашни давлатӣ, балки рӯзи қадршиносӣ аз сулҳ, оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки сулҳу субот ба осонӣ ба даст наомадааст ва барои нигоҳ доштани он ҳамеша бояд талош варзид. Ин рӯз инчунин наслҳои ҷавонро бо саҳифаҳои муҳими таърихи давлат ошно намуда, онҳоро ба эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад. Дар охир чунин хулоса бояд кард, ки ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Таҷрибаи таърихӣ собит сохт, ки танҳо тавассути ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтироми манфиатҳои умумимиллӣ метавон давлатро ҳифз намуд ва ба пешрафт расид. Имрӯз Тоҷикистон ба шарофати сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар роҳи рушди устувор қарор дорад. Вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аз он иборат аст, ки ин неъмати бебаҳоро ҳифз намуда, барои таҳкими он саҳми арзандаи

МАҚОЛАҲО

Таҳаввули тафаккури динӣ ва таъсири он ба ташаккули тафаккури миллӣ

Дар тӯли таърихи инсоният, дин на танҳо як системаи эътиқод, балки омили муҳими рушди иҷтимоӣ, ҷаҳонбинии фард ва ҷомеа, танзимкунандаи муносибат бо арзишҳои дигар низ будааст. Таҳаввулоти тафаккури динӣ тағйиротро дар ҷаҳонбинии одамон, дарки мафкуравии ҷаҳон, ахлоқ ва ҷойгоҳи худ дар ҷомеа инъикос кардааст. Дар айни замон, динҳо ба ташаккули шуури миллатҳо таъсири ҷиддӣ расонида, ба тақвияти ҳувияти фарҳангӣ ва ваҳдати миллӣ мусоидат мекунанд. Агар ташаккули марҳилавии  таҳаввулоти тафаккури диниро тибқи маълумотҳои илмӣ-таърихӣ ва дигар сарчашмаҳо  пайгирӣ намоем чунин таснифот шудааст: Дар эътиқодҳои ибтидоӣ: анимизм (боварӣ ба рӯҳҳои табиат); Тотемизм (эҳтиром ба ҳайвонот ё растаниҳо ҳамчун аҷдодони қабила); Фетишизм (боварӣ ба хосиятҳои ҷодугарии ашё) ва ғайра эътиқодҳои маҳаллӣ нажодӣ ҳам вуҷуд доштанд. Ин шаклҳои шуури динӣ дар ҳамон даврон ба одамон дар аввалин  фаҳмишҳои оламу одам, табиату зуҳуротҳои табии ва шарҳи ин падидаҳо, ҳамчунин барои зинда мондан ва тақвияти ягонагии қабилавӣ кӯмак мекарданд. Албатта, бо мураккаб шудани ҳаёти ҷамъиятӣ ва ташаккули шуури ҷамъиятӣ фаҳмиш ва муносибат ба дину эътиқод ҳам ба таҳаввулот дучор гардид. Ҳамин тавр барои гузаштан ба динҳои бисёрхудоӣ замина пайдо шуд. Махсусан ташаккули тамаддунҳои қадима дар Шарқ (Шумер , Аккад, Миср, Бобул ва ғайра) боиси пайдоиши системаҳои мураккаби динӣ бо худоёни сершумор гардид. Ҳамин тавр дин қисми қудрати давлатӣ ва тартиботи иҷтимоӣ гардид, ки таконе барои иҷтимоӣ- сиёсӣ шудани динҳо шуд. Минбаъд давлатҳо ва империяҳои бузург дар пойдорӣ ва ҳуввиятшиносиву худшиносии миллӣ аз таълимоти динӣ васе истифода мебурданд. Аз динҳои бисёрхудоӣ дар Миср ва давлати Ҳахманишинӣ  то империяи Юнон ва Рим дар давлатдории худ аз тафаккури динӣ ва эътиқоду боварии мардум васеъ ва моҳирона истифода мебурданд. Пас дин ҳама вақт дар хизмати ҳукуматҳо ва давлатҳо будааст. Пайдоиши динҳои яктопарастӣ ба монанди яҳудия, масеҳият ва ислом нуқтаи кулминатсионии иҷтимоишавӣ ва сиёсишавии динҳо мебошад. Маълум аст, ки ин хусусияти муҳими ташаккулёбии динҳои ҷаҳонии   буддоия, масеҳият ва ислом мебошад. Аз ҷумла, ҳамин эътироф ва тасдиқи идеяи як Худо ба рушди меъёрҳои ахлоқии умумӣ ва муттаҳидшавии ҷамоатҳои калони одамон мусоидат кард. Дар ҷомеаи муосир  таҳлилу баррасии  вазъи динию сиёсӣ дар ҷомеаҳои мусулмонӣ, ба хусус дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон имрузҳо афзалият пайдо намуда, аҳами­яти махсус касб кардааст. Зеро аксари ҷомеаҳои муосири мусулмонӣ дар муқоиса бо кишварҳои пешрафта хусусияти сун­на­тӣ дошта, дар он ислом нақшу мақоми устувор дорад.  Вале масъалаи ҷиддӣ чунин аст, ки   дар сатҳи шуури муқаррарии оммаи мардум   ислом ҳамчун ҷаҳонбинӣ ва дар қисме аз киш­вар­ҳои мусулмонӣ асоси қонунгузории давлатӣ ва зербинои идеологӣ пазируфта мешавад. Ҳузури чунин тасаввурот дар зиндагии воқеии ҷомеаҳои суннатӣ ба пайванд гирифтани ислом бо сиёсат таъсири манфӣ мегузорад. Ба сиёсат омезиш додани арзишҳо ва муқад­да­соти динӣ ҳамчун як падидаи нохушоянд дар таҷрибаи таърихии кишварҳои мусулмонӣ метавонад барои зуҳуроти ифротгароии динӣ мусоидат намояд. Таҳ­лил­ҳо нишон медиҳанд, ки ҳам нерӯҳои дохилии ман­фиат­ҷӯ барои тақвияти мавқеи худ ва ҳам давлатҳои абар­қуд­рат барои роҳандозӣ намуда­ни ҳадафҳои геопо­литикӣ аз ҳамин омил истифода мебаранд. Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз аз оғози асри XVIII олами ислом бо са­бабҳои гуногун дар маркази таваҷҷуҳ, мубориза ва манфиатҳои иқтисодии кишварҳои бузурги ҷаҳон қарор гирифта буд. Маҳз табиати сиёсӣ гирифтани ислом ва дар ҷомеаҳои суннатии мусулмонӣ нақши муҳими иҷтимоӣ доштани он ба давлатҳои абарқудрат имконият дод, ки бо истифода аз падидаи ба ном “исломи сиё­сӣ” бо дасти худи мусулмонон ба таъсиси ҳизбу ҳара­кат­ҳои ғайрисуннатии ифротӣ ноил гарданд ва тавассути фаъолияти онҳо дар кишварҳои гуногун низоъҳои сиёсӣ-диниро баран­гезанд. Моҳирона истифода бурдани унсури динӣ тасаллути комили давлат­ҳои пеш­раф­таи ҷаҳонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии кишварҳои му­сул­монӣ таъмин кард ва рушди иқтисодии онҳоро аз нигоҳи тақсимбандии минта­қавӣ тобеи худ гардонид. Вобаста ба мавқеъгириҳои муосири геополи­ти­кӣ раванди аз нав тақсим кардани ҷаҳон, алалхусус минтақаи аз нигоҳи захира­ҳои табиӣ ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ниҳоят қулайи Ховари Миёна аз миён нарафтааст, балки хусусияти буҳронии бештар пайдо кардааст. Ин кашмакашҳо баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба вуҷуд омадани ҷаҳони якқутба боз ҳам пуршиддат гар­дид. Таҷриба нишон дод, ки ҳар қадар ҷомеа анъ­ана­вӣ бошаду дин дар муайян кардани тарзи тафаккур ва зиндагии мардум нақши муҳим бозад, ҳамон қадар пиёда сохтани аҳдофи сиёсии нерӯҳои ифротии дохилӣ ва нақшаҳои геополитикии давлатҳои манфиатҷӯ имконпазир мегардад. Аз ин рӯ, интихоби низоми давлатдории дунявӣ ва ҷудо кардани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат дар ҷомеаҳои суннатӣ яке аз роҳҳои самарабахши муқовимат бар зидди ҳама гуна ниятҳои нопоки ноором кардани вазъият ва ҳифзи амнияти кишвар мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани ис­тиқ­лолияти давлатӣ низоми давлатдории дунявиро асос қарор дода, хусусияту асосҳои ҳу­қуқии онро тавассути Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда устувор намуд, Аз ин мавқеъ, истиқлолияти давлатӣ барои ташаккули истиқлолияти фикрӣ низ мусоидат кард, ки ис­тиқ­лолияти динӣ ҷузъи муҳими онро ташкил медод. Дар натиҷа эҳёи босуръати дин рӯи кор омад ва ҷиҳати бозан­дешии худшиносии динӣ, ҷашну маросимҳо ва ни­ҳодҳои динӣ, ба мис­ли масҷиду мадрасаҳои динӣ такони бузург дод. Дар айни замон андешаҳои бегонаи ҳиз­бу ҳаракатҳои сиёсии хусусияти динии ифротидошта аз берун ба фазои динии кишвар ворид гардида, вазъиятро мураккаб сохтанд. Чунин ҳолат зарурати омӯзиш ва таҳлили воқеъбинонаи вазъи динӣ-сиёсии ҷомеа­ро ба миён овард, ки баҳогузории мукаммали он бидуни гузаронидани назарсан­ҷи­ҳои сотсиологӣ ғайриимкон аст. Набояд фаромуш кард, ки масъалаи ҳифз намудани хотираи таърихӣ, эҳё намудани арзишҳои миллӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ маҳз аз баракати истиқлолияти давлатӣ имконпазир гардид. Дар ин давра, давлати миллии соҳиб­ис­тиқ­лоли тоҷикон тавассути кӯшишҳои пайгиронаи Пеш­вои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар робита ба шинохти дурусти меъёрҳои дини ислом ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллӣ ва ҳам дар самти эҳёи арзишҳои фар­ҳангӣ ва ташаккули худшиносиии миллӣ ҳамчун пояи маънавии ҳастии миллат ва давлати тоҷикон ташаббускор шуда, як қатор чорабиниҳои ҳаётан муҳимро анҷом доданд. Новобаста аз ин, бо сабаби дар тафаккури авомонаи ҷомеаи суннатӣ ҷойгоҳи хос доштани дин ва роҳ ёфтани фарҳангу идеяҳои динӣ-сиёсии бегона дар фазои иттилоотии кишвар раванди ташаккули худшиносии миллӣ ҳануз ҳам ба мушкилӣ ру ба ру ҳаст. Аз ин нигоҳ, дар шароити ҷомеаи суннатӣ маҳз низоми давлатдории дунявӣ метавонад заминаи ҳуқуқиро барои ҳифзи хотираи таърихӣ, арзишҳои миллӣ муҳайё сохта, ба ташаккули худшиносии миллӣ мусоидат намояд ва аз зуҳури таассубу ифротгароии динӣ дар сатҳи сиёсат пешгирӣ карда, амният ва рушди босуботи ҷомеаро таъмин созад. Садори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир, н.и.ф., дотсент Баҳромбеков Д.А.        

МАҚОЛАҲО

ВАҲДАТ – НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ

Дар таърихи ҳар як миллат ва давлат рӯйдодҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки аҳаммияти онҳо аз ҳудуди як давра берун рафта, барои наслҳои оянда низ ҳамчун саҳифаи муҳим ва сарнавиштсоз боқӣ мемонанд. Чунин рӯйдодҳо роҳи рушди давлатро муайян намуда, тақдири мардумро ба сӯйи ояндаи равшан раҳнамун месозанд. Барои халқи куҳанбунёд ва фарҳангпарвари тоҷик яке аз чунин рӯйдодҳои бузург ва тақдирсоз ба даст омадани Ваҳдати миллӣ мебошад. Ин дастоварди муқаддас дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун рамзи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ягонагии мардум сабт гардидааст. Ваҳдати миллӣ на танҳо ба низоъҳои дохилӣ хотима бахшид, балки барои эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолият ва рушди минбаъдаи ҷомеа заминаи устувор фароҳам овард. Ваҳдат барои миллати тоҷик танҳо як мафҳуми сиёсӣ ё таърихӣ нест, балки арзиши муқаддас ва неъмати бебаҳоест, ки бо сабру таҳаммул, хирадмандӣ ва талошҳои фарзандони ватандӯст ба даст омадааст. Он ҳамчун пояи устувори давлатдорӣ, кафили сулҳу субот ва асоси пешрафти ҷомеа хизмат менамояд. Агар истиқлолият рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрии давлат бошад, пас ваҳдат кафили пойдорӣ ва устувории он мебошад. Зеро танҳо дар фазои сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ давлат метавонад рушд намояд ва мардум зиндагии шоиста дошта бошанд. Дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон давраи бисёр душвор ва пурсанҷиш буданд. Низоъҳои дохилӣ ба ҳаёти осоиштаи мардум таъсири ҷиддӣ расонида, ба иқтисодиёт, сохтори иҷтимоӣ ва рушди давлатдорӣ зарари зиёд ворид намуданд. Дар чунин шароити ҳассос, ки ояндаи давлат ва тақдири миллат дар хатар қарор дошт, Пешвои миллат бо ҳисси баланди масъулият, иродаи қавӣ ва муҳаббати самимӣ ба Ватан барои ҳифзи истиқлолият, барқарор намудани сулҳ ва муттаҳид сохтани ҷомеа талошҳои пайваста анҷом доданд. Сиёсати сулҳҷӯёна ва дурандешонаи Пешвои миллат боиси он гардид, ки роҳи музокира, ҳамдигарфаҳмӣ ва оштии миллӣ интихоб шавад. Пас аз солҳои зиёди гуфтушунид, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади таърихӣ барои мардуми тоҷик оғози давраи нави зиндагии осоишта гардид ва заминаи воқеии рушди устувори кишварро фароҳам овард. Пас аз барқарор гардидани сулҳу ваҳдат, неруи созандаи миллат ба роҳи ободонӣ ва пешрафти кишвар равона гардид. Дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва инфрасохтор корҳои зиёди созанда амалӣ шуданд. Бунёди роҳҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти муҳимми иҷтимоӣ маҳсули фазои орому осуда ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки сулҳу субот асоси пешрафти ҳар ҷомеа мебошад. Бе сулҳ рушди иқтисодӣ, пешрафти илм, фарҳанг ва зиндагии шоистаи мардум имконнопазир аст. Миллате, ки муттаҳид ва соҳибваҳдат аст, метавонад ҳар мушкилотро паси сар намуда, ба дастовардҳои бузург ноил гардад. Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон ҳамчун пояи устувори сулҳу субот хизмат мекунад. Он мардумро дар атрофи арзишҳои умумимиллӣ муттаҳид намуда, ҳисси ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва муҳаббат ба Ватанро тақвият мебахшад. Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки сулҳу оромӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои расидан ба ин рӯзҳои осоишта миллат роҳи душвореро тай намудааст. Аз ин рӯ, ҳифзи ваҳдат ва таҳкими суботи ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ватандӯст мебошад. Арзишҳои сулҳ ва ягонагӣ дар таълимоти дини мубини Ислом низ ҷойгоҳи баланд доранд. Худованди мутаол дар Қуръони карим мефармояд: «Ва шумо ҳама ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда нашавед» (Сураи Оли Имрон, ояти 103). Ин ояти муборак инсонҳоро ба иттиҳод, ҳамбастагӣ ва дурӣ аз парокандагӣ ҳидоят менамояд. Ҳамчунин дар сураи дигар омадааст: «Муъминон бародарони якдигаранд, пас миёни бародарони худ сулҳ барқарор кунед» (Сураи Ҳуҷурот, ояти 10). Ин таълимот моро ба дӯстӣ, бародарӣ ва таҳкими муносибатҳои неки инсонӣ даъват менамояд. Паёмбари Ислом (с) низ дар бораи аҳаммияти ягонагӣ ва дастгирии ҳамдигар таъкид намуда, фармудаанд: «Муъмин барои муъмин монанди биноест, ки як қисми он қисми дигарро мустаҳкам мекунад» (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 2446). Ин ҳадиси пурҳикмат аҳаммияти бузурги ваҳдат, ҳамбастагӣ ва дастгирии ҳамдигарро нишон медиҳад. Зеро танҳо ҷомеае, ки дар он дӯстӣ, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, метавонад устувор бошад ва ба роҳи пешрафту тараққӣ қадам гузорад. Ғояи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдилӣ дар адабиёти пурғановати тоҷик низ ҷойгоҳи махсус дорад. Шоирони бузурги мо дар осори худ инсонҳоро ба муҳаббат, ягонагӣ ва зиндагии осоишта даъват намудаанд. Устоди бузурги адабиёти тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дӯстӣ ва муҳаббати инсонҳоро яке аз сарчашмаҳои саодат дониста, гуфтааст: Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, Бартар аз дидани рӯи дӯстон. Ин суханони пурмазмун арзиши баланди дӯстӣ ва муносибатҳои неки инсониро ифода мекунанд. Саъдӣ Шерозӣ низ бо андешаи бузурги инсонпарварона фармудааст: Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офаринаш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рузгор, Дигар узвҳоро намонад қарор. Ин суханони пурҳикмат таъкид мекунанд, ки ҳамаи инсонҳо ба ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд ва бояд дар ғаму шодии якдигар шарик бошанд. Ҳамдардӣ ва меҳрубонӣ асоси зиндагии осоишта ва ҷомеаи солим аст. Мероси адабии гузаштагони мо нишон медиҳад, ки ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдилӣ ҳамеша аз арзишҳои асосии фарҳанги тоҷикон ба ҳисоб мерафтанд. Имрӯз низ ин андешаҳои бузург барои тарбияи насли ҷавон ва таҳкими сулҳу субот аҳаммияти муҳим доранд. Имрӯз, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои орому осуда ва амну субот зиндагӣ мекунад, вазифаи ҳар як шаҳрванд аз он иборат аст, ки ин неъмати бузургро қадр намуда, барои ҳифз ва таҳкими он саҳм гузорад. Эҳтироми якдигар, дӯст доштани Ватан, риояи қонун, таҳаммулпазирӣ ва меҳнати созанда аз ҷумлаи роҳҳои муҳимми таҳкими ваҳдати миллӣ мебошанд. Ҷавонон ҳамчун ояндаи миллат бояд аз таърихи гузашта сабақ омӯзанд, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро қадр намоянд ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд. Қобили зикр аст, ки ваҳдати миллӣ бузургтарин неъмати халқи тоҷик ва пояи устувори сулҳу суботи Тоҷикистон мебошад. Ин дастоварди муқаддас ба миллат имконият дод, ки роҳи созандагӣ, пешрафт ва ободониро интихоб намояд. Ҳифзи ваҳдат, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Зеро танҳо дар фазои сулҳу оромӣ ва ягонагӣ метавон давлати неруманд, ҷомеаи пешрафта ва ояндаи дурахшони миллатро бунёд кард. Наҷотзода М., н.и.ф. – сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ

МАҚОЛАҲО

Хатарҳои ифротгароии динӣ барои раванди ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон дар кишвар: таҳдидҳо ва роҳҳои пешгирӣ

Экстремизм ва терроризм имрӯз яке аз таҳдидҳои асосӣ барои тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ин падидаҳо на танҳо барои амнияти давлат таҳдид эҷод мекунанд, балки сулҳу суботи ҷомеаро низ халалдор месозанд. Гурӯҳҳо ва созмонҳои радикалӣ кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз усулҳои гуногун, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, барои паҳн кардани ғояҳои худ ҷавононро ба сӯи худ ҷалб намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мушкилот ҷиддӣ муносибат карда, барои мубориза бо экстремизм ва терроризм чораҳо меандешад. Қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои мухталиф таҳия ва қабул карда шудаанд, ки ба пешгирӣ, ошкор ва аз байн бурдани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистию террористӣ нигаронида шудаанд. Ин инчунин барномаҳои таълимиро дар бар мегирад, ки мақсади онҳо огоҳ кардани ҷавонон дар бораи хатарҳо ва оқибатҳои ҳамроҳшавӣ ба созмонҳои экстремистӣ мебошад. Аспекти муҳими мубориза бо терроризм ин корҳо ҷиҳати баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои муноқишаҳои низомӣ мебошад. Ҳамин тавр, бо талошҳои ҳукумат аз Сурия ва Ироқ қариб 400 шаҳрванди Тоҷикистон баргардонида шуданд, аз ҷумла 84 ноболиғ дар соли 2019, 146 зану кӯдак дар соли 2022, 104 зану кӯдак дар соли 2023 ва 47 зану кӯдак дар соли 2024. Ин нафарон барои баргашт ба ҳаёти муътадил дастгирии зарурӣ гирифтанд, ки ин намунаи реинтеграцияи муваффақ буда, аҳамияти дастгирӣ аз ҷониби давлатро нишон медиҳад. Мубориза бо экстремизм ва терроризм талошҳои муштараки тамоми ҷомеаро талаб мекунад. Муҳим аст, ки ҳар як шаҳрванд таҳдидҳои марбут ба ин падидаҳоро дарк кунад ва дар пешгирии онҳо фаъолона иштирок намояд. Ин хусусан ба ҷавонон дахл дорад, ки аксар вақт ҳадафи ҷалби гурӯҳҳои экстремистӣ қарор мегиранд. Огоҳӣ ва маърифатнокӣ метавонанд дар пешгирии паҳншавии ғояҳои экстремистӣ ва ҳифзи насли ҷавон аз таҳдиди радикализатсия нақши калидӣ дошта бошанд. Таърифи терроризм ва экстремизм Терроризм — ин истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он бо мақсади тарсонидан ё маҷбур кардан, махсусан барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ, динӣ ё идеологӣ мебошад. Он метавонад ҳуҷумҳоро ба одамон, биноҳо ё ҷойҳои ҷамъиятӣ бо мақсади эҷод кардани тарсу ваҳм, таъсир расонидан ба ҳукумат ё ҷомеа дар бар гирад. Терроризм аксар вақт бар зидди шаҳрвандони оддӣ равона шуда, ҳадафаш паҳн кардани номуайянӣ ва тарсу ҳарос дар байни аҳолӣ мебошад. Экстремизм — ин ақидаҳо, боварҳо ё амалҳои ифротӣ мебошанд, ки меъёрҳои ҷомеа ва қонунҳоро вайрон мекунанд. Он метавонад дар шакли идеологияҳои радикалӣ зоҳир шавад, ки ба зӯроварӣ, бадбинӣ ё таҳзиб (дискриминатсия) нисбат ба одамон дар заминаи нажод, дин, миллат ё дигар нишонаҳо даъват мекунанд. Экстремизм аксар вақт барои ворид кардани тағйироти куллӣ дар ҷомеа тавассути усулҳои хашмгин ё зӯроварӣ кӯшиш карда, созиш ё муколамаро рад мекунад. Намудҳои экстремизм инҳоро дар бар мегиранд: Экстремизми динӣ: вақте ки одамон динро ҳамчун баҳона барои зӯроварӣ ё бадбинии дигарон истифода мебаранд. Экстремизми сиёсӣ: вақте ки гурӯҳҳо ё шахсони алоҳида барои тағйир додани сохти сиёсӣ ба чораҳои ифротӣ, аз ҷумла зӯроварӣ даст мезананд. Экстремизми нажодӣ ва миллатгароӣ: вақте ки одамон боварӣ доранд, ки нажод ё миллати онҳо аз дигарон болотар аст ва инро ҳамчун асос барои камсинушӣ ё зӯроварӣ истифода мебаранд. Гурӯҳҳои экстремистӣ мехоҳанд истиқлолияти кишварҳо, махсусан давлатҳои мусулмониро аз байн баранд ва дар зери назорати худ як давлати воҳид бо номи “хилофат” таъсис диҳанд. Онҳо сарҳадҳои мавҷударо эътироф намекунанд ва мехоҳанд, ки ҳама аз қоидаҳои онҳо пайравӣ кунанд. Онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз таблиғот (пропаганда) ва зӯроварӣ истифода мебаранд. Ин барои ҳар як кишвар хатарнок аст, зеро ба амният ва тавоноии идоракунии он таҳдид мекунад. Ин ғоя ва нақша дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, оинномаҳо ва маводҳои таблиғотии гурӯҳҳои экстремистии динӣ ба таври возеҳу равшан баён шудаанд ва ҷое барои шакку шубҳа намегузоранд. Ба таври мисол, созмони террористии «Ҳизб-ут-таҳрир» солҳои зиёд аст, ки дар оинномаҳо ва варақаҳои таблиғотии худ назарияи «таъсиси хилофати воҳиди исломӣ»-ро расман тарғиб мекунад, ки дар он давлатҳои мустақили минтақаи мо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, танҳо ҳамчун вилоятҳои хурди ин «хилофат» нишон дода шудаанд: дар умум, таъсиси «хилофат» ва маҷбуран тобеъ кардани давлатҳои мустақили мусулмонӣ ҳадафи асосии ин ҳизби экстремистӣ ба шумор меравад; Созмони террористии «Давлати исломӣ» (ДОИШ-и собиқ) харитаи сиёсии хилофати исломии худро таҳия карда, онро дар воситаҳои ахбори омма паҳн ва тарғиб менамояд: агар ба ин харита назар андозем, тамоми минтақаҳо ва давлатҳои мусулмонии ҷаҳон, аз ҷумла давлати мустақили мо, ҳамчун музофотҳо ва вилоятҳои тобеи ин хилофат нишон дода шудаанд. Бо забони оддӣ гӯем, экстремистҳо ва террористҳо гурӯҳи одамоне мебошанд, ки мехоҳанд бо истифода аз тарсу зӯроварӣ дигаронро маҷбур созанд, ки мувофиқи қоидаҳои онҳо зиндагӣ кунанд. Онҳо хоҳиш ё ҳуқуқҳои одамони дигарро ҳурмат намекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки сулҳу тартиботро дар ҷомеа вайрон кунанд. Усулҳои ҷалб ва вербовкаи шаҳрвандон ба созмонҳои экстремистию террористӣ Омилҳои асосии майли ҷавонон ба ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он: Омили аввал — ба вуҷуд омадани холигоҳи идеологӣ (мафкуравӣ) дар байни ҷавонони маҳаллӣ мебошад, зеро исбот шудааст, ки дар ҳар ҷое, ки холигоҳи идеологӣ эҷод мешавад, ҷои онро ғояҳои нав мегиранд. Дар натиҷа, боварии ҷавонон ба ғояҳои сохти давлатӣ заиф шуда, онҳо ба идеологияҳои хориҷӣ рӯ меоранд. Инсон мавҷуди зинда аст ва табиатан ба чизе майл дорад, ки ҳамеша фаъол аст. Омили дуюм — сатҳи пасти саводнокии дунявӣ, набудани фарҳанги сиёсӣ ва донишҳои баланди ҳуқуқӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир, қонунгузории кишвар барои ҷавонон доираи васеи имкониятҳоро фароҳам овардааст. Аз ҷумла, ба таълиму тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад, то онҳо тавонанд аз тамоми зинаҳои таҳсилот истифода баранд. Омили сеюм — ба норасоии дониш, аз ҷумла дониши динӣ вобаста аст. Дар зоҳир, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ гӯё ба ислом «хизмат» мекунанд, аммо дар асл онҳо душмани ислом ва мусулмонон мебошанд. Омили чорум — масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро фаро мегирад. Созмонҳои экстремистӣ аз ҷониби таъсискунандагони худ маблағгузорӣ мешаванд ва бо ин роҳ ҷавонони бекорро, ки ба маблағ ниёз доранд, ба сӯи худ ҷалб мекунанд. Дар байни омилҳои дигар, камфаъолии ниҳодҳои иттилоотиро метавон ҳамчун омили панҷуми рушди экстремизм арзёбӣ кард, зеро мардум, бавижа ҷавонон, дар бораи моҳият ва ҳадафҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ маълумоти кофӣ надоранд. Роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористию экстремистӣ: Дар ҳоли ҳозир, таблиғу ташвиқи адабиёте амалӣ шуда истодааст, ки мазмуну мундариҷаи он ба рушди худшиносии миллӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон нигаронида шудааст. Барои мубориза бо экстремизм, пешбурди таблиғоти муносиб на танҳо аз ҷониби

Прокрутить вверх