ФИҚҲИ ҲАНАФӢ ВА ТАТБИҚИ АРЗИШҲОИ УМУМИБАШАРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУСУЛМОНӢ
Идомаи мақола… Аз ибтидои зуҳури мазҳаби ҳанафӣ се мактаби бузург – ироқӣ, мовароуннаҳрӣ ва мисрӣ ташаккул ёфтанд. Минбаъд суннатҳои мактаби мовароуннаҳрии ҳанафӣ дар Ҳинд ва қаламрави империяи Усмонӣ густариш ёфтанд. Ин густариш ба фаъолияти фақеҳони донишманде, чун Абумутеи Балхӣ, Абулайси Самарқандӣ, Абумуқотили Самарқандӣ, Абуҳафси Кабири Бухорӣ, Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ ва садҳо уламову фақеҳони дигар марбут мебошад. Ба андешаи аксарияти муҳаққиқон, фақеҳони пайрави мазҳаби ҳанафӣ, махсусан дар тадвин ва тарвиҷи усулҳо ва қоидаҳои фиқҳӣ, ки барои ҳалли масоили ҳаётии мусулмонон ҳамчун меъёр хизмат мекарданд, нақши барҷаста доранд. Аз ҷумлаи нахустин муаллифони усулҳо ва меъёрҳои фиқҳӣ метавон Абутоҳири Даббос, Абулҳасани Кархӣ, Абуалӣ Аҳмад ибни Муҳаммади Шошӣ, Убайдуллоҳ ибни Умар ибни Исо, Абузайди Дабусӣ ва Наҷмиддин Умари Кархиро номбар намуд. Абутоҳири Даббос аввалин фақеҳе мебошад, ки зарурати коркард ва танзими усулҳои фиқҳиро дарк намуда, шахсан 17 усули фиқҳи ҳанафиро таълиф ва ироа кардааст. Минбаъд шумораи усулҳо ва қоидаҳои фиқҳи ҳанафӣ тадриҷан афзоиш ёфтааст. Масалан, якчанд аср пас аз Даббос, фақеҳи дигари ҳанафимазҳаб Наҷмиддин Умари Кархӣ дар яке аз асарҳояш 99 усул ва қоидаи фиқҳиро баён намудааст, ки ин далели равшани рушди муттасили низоми фиқҳи исломӣ ва саҳми фақеҳони ҳанафӣ дар шаклгирии он мебошад. Дар давраи Сомониён мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун мазҳаби расмии давлатӣ пазируфта шуд. Дар ин бора дар китоби «Савод-ул-аъзам»-и Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ чунин омадааст: «Бидон, ки сабаби таснифи ин китоб он буд, ки бероҳону мубтадеону (бидъаткорон) ҳаводорон ба Самарқанду Бухорову Мовароуннаҳр бисёр шуданд. Пас аиммаву (имомон), фуқаҳову (фақеҳон) уламои Самарқанду Бухорову Мовароуннаҳр гирд омаданд ва гуфтанд: падарон ва аҷдод то буданд, бар тариқи суннат ва ҷамоат буданд. Акнун ҳавоҳои мухталиф пайдо шуд ва моро ҷойи тарс аст». Ин андеша ба амири Хуросон расонида шуд. Амири одил Исмоил ба Абдуллоҳ ибни Абуҷаъфар ва дигар фақеҳон фармуд, ки «мазҳаби рост ва тариқи суннату ҷамоат, он ки падарони мо бар он буданд, баён кунед». Аимма ба Хоҷа Абулқосими Самарқандӣ ишора карданд ва фармуданд: «Пайдо кун моро роҳи рости суннату ҷамоат, он ки Пайғамбар, алайҳи-с-салом, бар он буд». Хоҷа Абулқосим китобро ба забони арабӣ тасниф намуд ва онро ба амири Хуросон пешниҳод кард, ҳамаро писанд омад ва гуфтанд: «Роҳи рости суннату ҷамоат ҳамин аст». Баъдан амир фармуд: «Китоб ба забони порсӣ низ гардонида шавад, то ҳам мардум фаҳманд ва ҳам манфиат бубаранд ва мазҳаб шинохта шавад ва аз ҳаво ва бидъат дур бошанд». Чунончи аз ин порча бармеояд амирони сомонӣ барои густариш ва интишори мазҳаби ҳанафӣ, ки ба сабаби таҳаммулпазирӣ ва васеии андешаи худ бо фарҳанг ва олами маънавии мардумони минтақа созгор буд ва барои таъмини манфиат ва амнияти кишвар мусоидат мекард, тадбирҳои мушаххас андешиданд. Ин равандро минбаъд сулолаҳои ҳоким дар Мовароуннаҳр, Ҳинд ва империяи Усмонӣ идома доданд, ки мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун унсури тавонои пайванди ҳувияти миллӣ ва динии мардумони гуногун ҷойгоҳи муҳим пайдо кард. Сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти миллат ва диёнат намунаи беҳтарини эҳёи муносибатҳои байни давлати миллии тоҷикон ва мазҳаби суннатии ҳанафӣ мебошад, ки ҳамчун рукни меҳварии ташаккули худшиносӣ бо таърихи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дар замони Сомониён пайвастагии ҷиддӣ дорад. Мазҳаби ҳанафӣ на танҳо маъмултарин мазҳаби исломӣ мебошад, балки ҷузъи хотираи таърихӣ ва хамирмояи худшиносии миллӣ ва худошиносии тоҷикон ва дигар халқҳои мусулмон ҳам ба шумор меравад. Ин мазҳаб дар миёни дигар мазоҳиби исломӣ бо гароишҳои ақлонии худ маъруф аст ва аз ин сабаб онро «мазҳаби аҳли раъй» низ меноманд. Дар асри Имом Абуҳанифа мактаби ироқии фиқҳ ё «мазҳаби ироқии ақл», ки маркази он шаҳри Кӯфа буд, шуҳрати азиме ба даст овард. Решаи ин мактаб то замони Алӣ ибни Абутолиб ва Ибни Масъуд мерасид. Устоди Имом Абуҳанифа, Имом Ҳаммод ибни Сулаймон (ваф. 120 ҳ./737 м.), шогирди барҷастаи худ Нуъмон ибни Собитро дар давоми ҳаждаҳ сол, то дами маргаш, дар ҳавзаи бобаракати ҳамин мактаб бо нозукиҳои илми фиқҳ ошно сохт. Ба ғайр аз ҳавзаи фиқҳии Кӯфа, дар он давр дар сарзаминҳои исломӣ чанд мактаби дигар бо гароишҳои хос вуҷуд доштанд, ки онҳоро метавон чунин тақсимбандӣ кард: – Мактаби аҳли тафсир дар Макка бо роҳбарии саҳобии донишманд Абдуллоҳ ибни Аббос; – Мактаби аҳли ҳадис дар Мадина, ки поягузори он ҳазрати Оиша, Умар ибни Хаттоб, Абдуллоҳ ибни Умар ва Зайд ибни Собит буданд; – Мактаби аҳли раъй (ақлгароён) дар маркази шаҳри Кӯфаи Ироқ, роҳбарии онро Абдуллоҳ ибни Масъуд ва Алӣ ибни Абутолиб ба уҳда доштанд. Мактаби Ироқ ва махсусан бахши он дар Кӯфа, тартибу низоми хоси худро дошт ва байни олимон бо номи мактаби аҳли раъй (ақлгароён) машҳур буд. Аввалин поягузори мактаби фиқҳии Кӯфа Абдуллоҳ ибни Масъуд, саҳобии паёмбари Ислом (с), эътироф мешавад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, теъдоди шогирдони ба мартабаи устодӣ расидаи ин мактаб тақрибан 4000 нафарро ташкил медод. Абдуллоҳ ибни Масъуд шахсияте буд дорои донишу фазилат ва андешаи озод, ки дар ҳалли масъалаҳои фиқҳӣ дидгоҳи барҷастаи динӣ ва мазҳабӣ дошт. Вай дар мактаби худ шогирдони бузургеро тарбия намуд, ки машҳуртарини онҳо Алқама ибни Қайси Нахаӣ мебошад. Дар мактаби Алқама Иброҳим ибни Язиди Нахаӣ таълим гирифт, сипас Ҳаммод ибни Сулаймон ва ниҳоят Имом Абуҳанифа дар он ҷо таҳсил намуда, ба камоли илмӣ ва мартабаҳои баланди маърифатӣ ноил шуданд. Ҳар кадом аз ин нобиғагон дар ташаккул, танзим ва шукуфоии мактаби Ироқ заҳмат ва талоши зиёдеро ба харҷ доданд ва аз нигоҳи нақлӣ ва ақлӣ ин мактабро пурзӯр карданд. Устоди Имом Абуҳанифа, Имом Ҳаммод, ки вориси ҳақиқии мактаби мазкур маҳсуб мешуд, тамоми таҷриба, андеша ва дониши пешиниёнро гирд оварда, ба ихтиёри шогирди бузургаш, Имом Абуҳанифа, гузошт. Имом Абуҳанифа низ дар навбати худ ҳамаи ин илму таҷрибаро дар қолаби мазҳаби алоҳидаи худ устодона рехта тавонист, ки бо шиносномаи мустақил ва гароиши барҷаста дар ҷаҳон машҳур гардид. Ба андешаи Имом Абуҳанифа, қонунгузор бояд дар он масъалаҳое аз қиёс ва раъй истифода кунад, ки дар дигар сарчашмаҳо дастур ё ҳукм баён нагашта бошад. Имом Абуҳанифа қавли саҳобаро дар қиёс авлавият медод, зеро саҳобагон аз ҳукми Паёмбари Ислом (с) оид ба мавзуи мавриди баҳс огоҳ ва шоҳиди ҳол буданд. Имом Абуҳанифа ҳамеша таъкид мекард, ки «дар ҳолати пайдо кардани ҳадисе аз Паёмбар (с), ҳарчанд он ҳадис заиф бошад ҳам, қиёсро тарк карда, бо он ҳадиси заиф амал мекунад ва аз зиддият кардан бар муқобили суннат, ҳатто саҳвона ҳам бошад, худро дур медорад. Дар ниҳояти








