Имя автора: pressa

МАҚОЛАҲО

Почему в арабском мире не развивается наука?

  Современный исламский мир перестал уделять внимание научной жизни. Сейчас исследователи «Золотого века» арабской истории пытаются акцентировать свое внимание на достижениях прошлых лет, чтобы улучшить взаимоотношения Запада и Востока. Уважение к научным достижениям арабского мира сопровождается обсуждением вопросов современных проблем региона. Сравнивая эпоху рассвета Арабского Халифата и современное состояние арабских стран, разница несоответствия уровней развития шокирует. Историк Бернард Льюис в своей книге «Что не так?» отмечает: «На протяжении многих столетий исламский мир занимал ведущие позиции в развитии цивилизации и в сфере достижений». Профессор истории в Университете Оклахомы Джамиль Раджеп говорит, что влияние исламского мира на Запад проявляется даже в привычных словах, таких как алгоритм, алхимия, зенит, кофе, лимон и т.д.» Однако сегодня дух науки в арабском мире напоминает пустыню. По статистическим наблюдениям пакистанского физика Первеза Амирали Худбхоя, мусульманские страны на тысячу человек имеют 9 ученых, инженеров и техников. В этих странах 1800 университетов, но только в 312 из них есть ученые, которые публикуют свои научные статьи. Из 50 наиболее активных в науке университетов, 26 находятся в Турции, 9 – в Иране, по 3 в Малайзии и Египте, 2 – в Пакистане, а в Уганде, ОАЭ, Саудовской Аравии, Ливане, Кувейте, Иордании и Азербайджане всего по одному. Из 1 миллиарда 600 миллионов мусульман в мире только двое ученых получили Нобелевскую премию в области науки (в 1979г по физике, в 1999 г. по химии). 46 мусульманских стран в совокупности составляют лишь 1% от научной литературы в мире. Испания и Индия делают намного больше вкладов в мировое развитие, чем все эти страны вместе взятые. Учитывая, что до XIII века арабы обладали передовыми научными знаниями, возникает вопрос, что пошло не так? Упадок не был резким, он шел постепенно в течение семи столетий. Не существует однозначного ответа на вопрос, как это произошло. Однако многие предполагают, что существенным фактором было геополитическое положение халифата. Еще в Х веке Аббасидское государство начинает распадаться, делиться на автономные районы, происходят частые восстания. Удар также был нанесен в 1258г. – монгольским нашествием, а в Испании – реконкистой (отвоевание земель у арабов). Следующую причину ученые видят в развитии различных исламских школ, что приводило к разногласиям. Например, для борьбы с мугтазилитами, начали закрывать медресе, что уже тормозило получение людьми новых знаний. В учебных заведениях оставляют лишь некоторые виды наук, необходимых для чтения Корана, понимания основ арабской грамматики, хадисов и принципов шариата. Исключили такие предметы как математика и естественные науки. Научные открытия арабов оставались не известными миру. Открытия западных ученых проходили незамеченными в исламском мире. В Европе на основе переводов арабов, усваивается изучение греческой философии, римского права. Это привело к созданию университетов и развитию науки. Наряду с работами Аристотеля, Евклида, Птолемея и Галена, на латинский язык переводятся труды Авиценны и Авэрроэса. А позднее труды арабских ученых были включены в официальную программу высших учебных заведений. Авторитарное правление в мусульманских регионах, недостаточное финансирования образования также повлияли на научную жизнь исламского мира. Существует и еще одна причина: мусульмане плохо знают свое прошлое, перестали интересоваться и гордиться достижениями своих предков. В связи с этим исследование арабской истории, а также восстановление и изучение рукописей, возможно, помогло бы арабам возродить интерес к развитию науки в современности. Гиллел Офек Переведено с The New Atlantis специально для ИА «Инфо-Ислам» Источник: ДУХОВНОЕ УПРАВЛЕНИЕ МУСУЛЬМАН РЕСПУБЛИКИ ТАТАРСТАН (info-islam.ru) 05 января 2012 года 14:37

МАҚОЛАҲО

Бахшида ба Рӯзи омӯзгор: “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф”

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аҳли илму маорифи мамлакат бо вуҷуди меҳнату заҳмати вазнин ва масъулияти азиме, ки ба дӯш доштанд, аз душвории рӯзгор, нобасомониҳои маишӣ ва камбудиҳои иҷтимоӣ азият мекашиданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 августи соли 1995 дар маҷлиси фаъолони маорифи ҷумҳурӣ таъкид доштанд, ки «То замоне, ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистаеро муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст» [1]. Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории Сарвари давлат қарор дошта, Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа медиҳад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати иҷтимоии худ рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок медонад ва барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро меандешад. То имрӯз бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти соҳа садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст. Ҳаҷми маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф сол ба сол афзуда, аз 260 миллион сомонии соли 2005 то 10,9 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Яъне дар 20 соли охир маблағгузории соҳа 42 баробар зиёд гардидааст. Илова бар ин, дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи маориф 29 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст [2]. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузашта (28-уми декабри соли 2024) маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маорифро 30 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчу­нин, стипендияҳоро аз 1-уми сентябри соли 2025 то 20 фоиз зиёд карданд [3]. Ҳамин тариқ, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шудааст. Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ шароити мусоид барои илмомӯзӣ фароҳам гаш­та, баргузории озмуну олимпиадаҳо озодона ба роҳ мон­да мешаванд. Сарвари давлат дар Паёми худ 26-уми декабри соли 2019 ба хоти­ри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040- ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»-ро ҳар сол мувофиқи мақсад шумурданд [4]. Президенти мамлакат пайваста таъкид менамоянд, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифти­хор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои но­дир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад. Мақсаду мароми Пешвои муаззами миллат аз амалӣ сохтану иқдомат дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Шоҳиди онем, ки давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ шумораи муассисаҳои таълимӣ афзуда, онҳо бо таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ таъмин карда шуданд, ки барои омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва муҳандисӣ: риёзиёт, физика ва химия ҷавобгӯ мебошанд. Дар чунин шароити муҳайёнамудаи Ҳукумат ҳар фар­ди ҷомеа, бахусус омӯзгорон зарур шумурданд, ки ба сифати таълим ва тарбия диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, мавқеъ ва рушди тафаккури хонандаро фароҳам намуда, роҳҳои андешидан ва омӯхтанро ба дигарон аз худ карданд. Омӯзгорон, ҳамчунин, хуб дарёфтанд, ки вазифаи онҳо интиқоли дониш, эҷоди тафаккури мантиқӣ ва парвариши шахсияти солим аст. Аҳли илм дарк карданд, ки муносибаташон ба кор ҷиддиву босифат бошад ва ба хонандагону донишҷӯён фикр кардан­ро дар заминаи ҳалли ҳар як масъала биёомӯзонанд. Дар ҳолати муҳайё кардани низоми аз ҷиҳати илмӣ асосноки ташкили фаъолияти фикрӣ, инсон ногузир одитарин ва тадриҷан мушкилтарин асрори фикр кардан ва таҳлили фикриро барои худ кашф мекунад. Адабиётҳо: Эмомалӣ Раҳмонов. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат, ҷилди1, Душанбе, «Ирфон», 2002, саҳ. 378. Рӯзномаи «Ҷумҳурият», 19 майи соли 2025, №98. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Данғара, 17 майи соли 2025. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». Душанбе, «Шарқи озод», 2025, саҳ. 19. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». Душанбе, «Шарқи озод», 2019, саҳ. 24.   Вализода Одинашоҳ, номзади илмҳои педагогӣ сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлиси ҳукумат, нахуст, дар бораи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода шунида шуд. Таъкид гардид, ки барномаи мазкур барои расидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 таҳия гардида, мақсади асосии он зиёд намудани азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ҷумҳурӣ мебошад. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи амалисозии барнома имконият фароҳам мегардад, ки майдони 11800 гектар заминҳои нав азхуд ва 16750 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиши кишоварзӣ баргардонида шаванд. Барнома баъди муҳокима қабул гардид. Дастур дода шуд, ки сохторҳои давлатии масъул аз натиҷаи корҳо ва оид ба рафти иҷрои барнома ва нақшаи чорабиниҳо ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд. Сипас, дар бораи Стратегияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 гузориши вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода, дар бораи Стратегияи рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузориши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳамо Холмаҳмадзода ва дар бораи Нақшаи амали Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 дар марҳалаи дуюм солҳои 2026-2028 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд. Гуфта шуд, ки стратегияи таҳсилоти фарогир барои беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии кӯдакони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла рафъи монеа ва маҳдудиятҳо дар гирифтани таҳсилот ва фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳаёти муътадили онҳо мусоидат менамояд. Стратегияи рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбӣ бо мақсади тақвият бахшидани низоми тайёрии касбии аҳолии қобили меҳнат, рушди таълими касбии аҳолии қобили меҳнат ва омода намудани захираҳои меҳнатии ба талаботи бозори дохил ва хориҷи кишвар зарурӣ, омода гардидааст. Нақшаи амали Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 дар марҳалаи дуюм солҳои 2026-2028 бошад, барои гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмиллалӣ дар самти иқтисоди “сабз” таҳия шудааст. Баъди баррасӣ аз руи стратегияҳо ва нақшаи амали номбаршуда қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, шахсони масъул барои амалисозии саривақтӣ ва босифати онҳо дастуру супоришҳо гирифтанд. Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, масъалаҳо оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Дар фароварди маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии стратегияҳо, нақшаҳои амал ва барномаҳои давлатии зимни маҷлис баррасишуда дар назди шахсони масъул вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Дастуру супоришҳо, ҳамчунин, ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷрои супоришҳои Ҳукумати кишвар баҳри ҷалби сармояи мустақим, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ, аз ҳозир тайёрӣ дидан ба таҷлили Наврӯзи байналмилалии – 2026 ва омодагии ҳамаҷониба барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ дода шуд. 29.09.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд. Қонунҳои конститутсионӣ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ  «Дар  бораи шаҳрвандӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»  ва қонунҳо «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо  «Дар  бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва  «Дар  бораи боҷи давлатӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Қонунҳои баимзорасида барои таъмини рушди босуръати иқтисодӣ – иҷтимоӣ, волояти қонун ва баланд бардоштани некуаҳволии мардуми Тоҷикистон равона шудаанд. Матни пурраи қонунҳо дар матбуот нашр мешавад. 01.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовин ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бозхонд намудан аз вазифаи муовини раиси Суди конститутсионӣ – Каримзода Карим Мазиё, аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хушмаҳмадзода Алифмо, Ҷуразода Насиба Ермад, Пӯлодӣ Мавҷуда Комил бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, Ваҳобзода Шаҳло Хотам, Оймаҳмадзода Маҳмадҷон – аз вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Раҷабзода Парвина Шариф – аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколати дар вазифаи судя будан, Абдураҳимзода Дилором Рустам – аз вазифаи судяи Суди конститутсионӣ, Раҳмонзода Саидалӣ Сабзалӣ – аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси  Коллегияи ҳарбӣ, Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон, Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ аз вазифаи судяҳои Суди Олии иқтисодӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан, ҳамзамон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоб намудани Абдураҳимзода Дилором Рустам – муовини раиси Суди конститутсионӣ ва Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ – судяи Суди конститутсионӣ, Раҷабзода Ҳотам Назар -муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ, Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, Баротзода Ҳусейн Наҷот, Азизӣ Ҷалолиддин Азизхӯҷа, Мирзозода Манучеҳр Ҳасан, Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Саидалӣ Сабзалӣ ба вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабзода Парвина Шариф судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд. 30.09.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод ва 2 иншоот ба таври фосилавӣ

30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро, ки ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд. Ёдовар мешавем, ки 20 сентябри соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои шуъбаи маорифи ноҳия санги асос гузошта буданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 100 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардид. Бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод аз се ошёна иборат буда, дорои 15 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Маҷлисгоҳ 100 ҷойи нишаст дошта, дар он барои баргузории чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Атрофи иншооти тозабунёд чароғон ва сабзкорӣ шудааст, ки ба маркази ноҳия зебоии дучанд зам мекунад. Бунёди бинои нави Шуъбаи маориф дар ноҳияи Файзобод барои кормандону мутахассисони соҳа шароити арзандаи корӣ фароҳам овард. Ин иқдом барои аҳли маориф имкон медиҳад, ки фаъолияташонро мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ монда, барои рушди соҳа, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тарбияи хонандагон саҳм гузоранд. Ҳоло дар ноҳияи Файзобод 68 муассисаи таълимӣ, 1 гимназияи хусусӣ ва 4 кӯдакистон бо фарогирии зиёда аз 30 ҳазор хонанда фаъолият доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити иншооти нав ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон ва масъулини соҳаи маориф барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи васеи технологияҳои муосир, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Қариб 50 фисади кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Файзободро занон ташкил медиҳанд. Соли равон 22 нафар тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шуданд, ки 12 нафарашон духтарон мебошанд. Дар маҷмуъ давоми солҳои охир 305 духтари ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии таълимӣ дохил шудаанд. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Шаҳтакиён ва Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд. Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 6-и деҳаи Шаҳтакиёни ноҳия, ки Баҳор номгузорӣ шудааст, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст. Муассиса аз 5 ҳуҷра ва ошхона иборат буда, бо шароити мусоид таъмин мебошад ва тибқи лоиҳа барои 50 кӯдак пешбинӣ шудааст. Ороиши бино ва саҳну майдони бозӣ бо сифати баланд анҷом дода шуда, рахти хоб, мизу курсӣ ва аёнияту ашёи хониш мувофиқ ба завқи кӯдакону наврасон фароҳам гардидааст. Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, ҳуҷраҳои маишӣ, таваққуфгоҳ, анбор ва дигар иншооти ёрирасон мебошад Сокинони ноҳияи Файзобод бо назардошти шароити фароҳамшуда ва таъмини ҷойҳои корӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд. Собиқадори соҳаи маориф Носир Саиди 80-сола, ки умри пурбаракати худро ба омӯзгории забони англисӣ бахшида, имрӯз низ дар шуъбаи маорифи ноҳия фаъолият дорад, намунаи садоқат ба касб ва фидокорӣ мебошад. Зимни суҳбати самимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Носир Саид, барои хизмати арзандааш дар таълиму тарбияи насли наврас изҳори сипос карданд. 30.09.2025 ноҳияи Файзобод

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ ва пардабардорӣ аз пайкараи Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Файзобод

30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Файзобод майдони Парчами давлатиро ба истифода доданд. Нахуст, бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд. Майдони Парчами давлатӣ ба таври муосир ва бо унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гардидааст. Иншооти мазкур бо ҳадафи таҳкими худшиносӣ ва боло бурдани эҳсоси ватандӯстии сокинон сохта шуда, рамзи ваҳдату ифтихори миллӣ маҳсуб меёбад. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 55 метр, дарозии матоъ 14 ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар майдони муқаддасоти миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз руйи пайкараи асосгузори аввалин давлати тоҷикон – Шоҳ Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ намуданд. Баландии муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ 7 метр ва зерпояи он 5 метр мебошад. Иншооти мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар масоҳати умумии 46 садяк бунёд гардидааст. Тадбири мазкур дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Қомат афрохтани муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Файзобод ба майдони муқаддасоти миллӣ ҳусни дигар зам намуда, шаҳодати тарғиб ва ҳифзу нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва ҳамчунин эҳтиром ба таъриху фарҳанги пурифтихори тоҷикон аст. Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, бунёди иншооти навро дар маркази ноҳия дар самти қадрдонии шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик намунаи ибрат арзёбӣ намуданд. Аз ин пас майдони муқаддасоти миллӣ ба яке аз маконҳои асосии баргузории ҷашну чорабиниҳои давлатию миллӣ мубаддал гардида, ҳамчунин, дар он барои истироҳату фароғати сокинон имконоти мусоид фароҳам мешавад. Ба масъалаи сабзазор ва гулпӯш намудани атрофи иншооти тозабунёд таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ҳудуди он бо гулҳои рангоранг, дарахтони ороишию сояафкан ва фаввораҳои зебо оро дода шудааст. Бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозӣ тамоми роҳраву гузаргоҳҳои дохилу атрофи майдони Парчами давлатӣ ва назди пайкараи Исмоили Сомонӣ сафолакпӯш ва чароғон карда шудааст, ки шабонгоҳ хеле зебову назаррабо мебошад. 30.09.2025 ноҳияи Файзобод

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ

30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни меваҳои тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки дар кишти тирамоҳию баҳорӣ ва такрорӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид, замини ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат ба даст омадаанд, дидан намуданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 10 ҳазору 214 гектар расонидаанд. Бартарӣ ба зиёд намудани масоҳати кишти ғалладонагӣ, лубиёгиҳо, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва полезӣ, ки иқлими ноҳия барои кишту парвариши онҳо бештар мусоид мебошад, дода шудааст. Меҳнати пайвастаи хоҷагидорон ва риояи агротехникаи кишту парвариш имкон фароҳам овард, ки дар ноҳияи Файзобод афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин шавад. Тавре иттилоъ дода шуд, ба ҳолати 1 сентябри соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 7 ҳазору 116 тонна картошка, 7 ҳазору  39 тонна ғалладонагӣ,  7 ҳазору 646 тонна меваҷот, 6 ҳазору 97 тонна сабзавот, 155 тонна ангур, 9 тонна полезӣ, 10 ҳазору 755 тонна шир, 2 ҳазору 156 тонна гӯшт, 53 тонна асал, 2,8 тонна моҳӣ ва 48 миллиону 375 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили помидор, ҷуворимаккаи дон, қаламфури булғорӣ ва лӯбиёгиҳо аз кишти такрорӣ дар майдони 240 гектар идома дорад. Намоишгоҳ, ки дар  шакли хеле ҷолибу диданӣ пешниҳод гардид, баёнгари фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи ғании сокинони заҳматқарини ноҳия дар самти истифодаи замин аст. Маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия, аз ҷумлаи анвои гуногуни нон, фатир ва кулча ҳам дар шакли густурда бозгуи заҳмати аҳлона аст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва кишоварзони ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захираи маҳсулот барои давраи тирамоҳу зимистон, зиёд намудани масоҳати боғу токзор ва дар муҳлати муайянгардида бо истифода аз тухмиҳои серҳосили минтақа гузаронидани кишти тирамоҳӣ дастуру тавсияҳо доданд. 30.09.2025 ноҳияи Файзобод

МАҚОЛАҲО

Ҷилваи дурахшони забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол

Забон унсури асосии фарҳанги ҳар миллат ба ҳисоб рафта, дар ташаккулу инкишофи он нақши муҳимро мебозад. Он василаи асосии касби маърифат буда, абзори муҳимтарини рушду нумуи худшиносии миллӣ ва бою ғанӣ гардидани олами маънавии ҳар фарди миллат шинохта мешавад.Донистани забони миллӣ одатан оғози маърифатнокии шахс ва ҳамзамон роҳи дурусттарин ва маҳсулноктарини омӯзиши забонҳои хориҷӣ арзёбӣ мегардад. Шоири маъруфи адабиёти классикии тоҷик Тошхӯҷа Асирӣ беҳуда нагуфтааст: Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, Донистани сад забон осон гардад. Маҳз тавассути забон ҷаҳони маънавии шахсу сатҳи фарҳангнокии он ифшо мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон нақши созанда ва муассири забони миллиро дар рушду шукуфоии миллат ба хубӣ дарк намуда, барҳақ фармудаанд: «Забон хишти аввалини кохии миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад». Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст. Маҳз забон миллатро аз нестшавӣ нигоҳ дошта, барои бунёди давлати миллӣ заминаи ғоявиро муҳайё менамояд. Маҳз забон аст, ки дар доираи он тафаккури миллӣ шакл мегирад. Зебогию фасеҳии забон, бадеияту хушгувории он дар ҳар шакле набошад, дар тафаккур ифодаи воқеии худро меёбад. Забони зебою фарҳехта нишони тафаккури рушднамуда маҳсуб меёбад. Вақте дар бораи нақши барҷастаи забони миллӣ ва рушду нумуи он дар даврони Истиқлол ҳарф мезанем, пеши назари мо беихтиёр симои хирадмандонаи Пешвои миллат ҷилвагар мешавад. Воқеан ҳам ҳар фарди худшинос ва фарҳангдӯсти миллат бояд Худоро шукр гӯяд, ки барои онҳо сарвареро дар шахси Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонд, ки бо тамоми ҳастии хеш баҳри рушду такомули забони миллӣ талош меварзанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз тавассути сиёсати дурандешона ва фарҳангпешаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол мақоми воқеан ҳам созанда ва муассир касб намуду баҳри рушду камоли он чун дар замони Сомониён шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳар гоҳ аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид забони ноби тоҷикӣ аз даҳони сарвари тамоми тоҷикони дунё, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳад, тамоми вуҷуди шахсро як эҳсоси амиқи хурсандию сурур фаро мегирад. Забони тоҷикӣ чун дигар забонҳои дунё аз минбари бонуфуз садо медиҳаду бо фасоҳату зебогии худ пардаҳои фазоро аз ҳам меканад. Воқеан ҳам чунин лаҳзаҳо ҳолати хеле фараҳовару хушнудкунанда маҳсуб меёбанд. Қобили зикр аст, ки ҳар фарди таҳлилгару забоншинос ва миллатдӯст дарҳол дарк менамояд, ки маҳз замони Истиқлол замони ҷилваи дурахшони забони тоҷикӣ гардидааст. Истиқлол ҳамчун падидаи фармомӯшнашавандаи таърихӣ ва тақдирсози миллат дар баробари музаффариятҳои азим дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ҳамчунин дар ҳаёти фарҳангии миллат, махсусан дар боло рафтани нақшу мақоми забони миллӣ низ нақши муассир ва таконбахш гузошт. Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳру муҳаббати ҳар фарди миллат ба забон ва таъриху фарҳанги хеш даҳчанд афзуд. Имрӯз, вақте суханварии хонандагони хурдсолро ба забони ноби тоҷикӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ мушоҳида менамоем, тамоми вуҷудамонро ғайричашмдошт як ҳолати хурсандибахш фаро мегирад. Забони тоҷикӣ чӣ қадар забони ширину гуворост! Бояд эътироф намуд, ки чунин як меҳру муҳаббати самимӣ ба забони миллӣ маҳз дар даврони Истиқлол ва маҳз тавассути сиёсати фарҳангпешаи Пешвои миллат ба мо даст дод. Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва меҳру муҳаббати содиқона ва самимии Пешвои миллат сабаб гардид, ки имрӯз дар тамоми донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ба забони ноби тоҷикӣ дарс гуфта мешавад. Ба таври муқоиса дар замони шуравӣ фарзанди тоҷик фанҳои мазкурро ба забони бегона аз худ мекард. Ё имрӯз мебинем, ки чӣ қадар маҷаллаҳои илмӣ дар дилхоҳ соҳаи илм ба забони тоҷикӣ нашр мешаваду онҳо мавриди мутолиаи умум мегарданд. Бешак чунин ҳолатҳои фарқкунанда ва муассир дар пешрафт ва рушди забони тоҷикӣ дар муқоиса бо замони шуравӣ хеле зиёданд ва аҳли илму фарҳангро ҳоҷат ба баёни муфассал нест. Истиқлол ба таври воқеӣ шароите гардид, ки ба шарофати он забони миллии тоҷикӣ бори дигар имкон пайдо намуд, ки худро дар баҳри беканори ҳамкории фарҳангу тамаддунҳои мухталиф ва рақобатҳои гуногунпояи забонҳои гуногун худро санҷад. Чуноне ки воқеияти имрӯза бозгуст, забони тоҷикӣ имрӯз аз байни мавҷҳои пурталотуми баҳри рақобати забонҳои мухталиф сарбаландона қадам зида, ҳар чӣ бештар мавқеи устуворро касб карда истодаасту фазои таъсири худро тавсеа бахшида истодааст. Боиси ифтихор аст, ки забони тоҷикӣ дар як муддати кӯтоҳ ба шарофати сиёсати хирадмандони Пешвои миллат аз озмоиши ҷиддии рӯзгори пурталотуми ҷомеаи имрӯза сарбаландона гузашт. Фарзандони баномуси миллат бори дигар собит намуданд, ки забони миллии онҳо забони илму сиёсат буд, ҳаст ва мемонад. Фарзандони баномуси миллат ба забони миллӣ асарҳои илмии худро таълиф намуда, дар инкишофи забон пайваста саҳми назарраси худро гузошта истодаанд. Фазои нави сиёсии ҷомеаи башарӣ ва рушди бемайлони улуми дақиқ аз забони миллӣ ва соҳибони он тақозо менамояд, ки ба шароити нави рушд ҳамеша ҷавобгӯ буда, баҳри мақоми сазовор дар байни забонҳои гуногуни ҷаҳонӣ саъй намоянд. Таҳлилу омӯзишҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки барои рушди забон ба ғайр аз сиёсати миллатдӯстонаи сарвари кишвару шароити созандаи Истиқлол боз масъулиятшиносиии фарзандони баномуси миллат низ хеле муҳим ва зарур мебошад. Эҳсоси масъулиятшиносӣ дар назди тақдири миллат, дар назди фарҳанги бою ғании гузашта, дар назди руҳи бузургони илму фарҳанги миллӣ ҳар шахси забондӯстро водор менамояд, ки дар баробари омӯзиши забонҳои ғайр нисбат ба забони миллӣ бетараф набошад. Дар баробари забонҳои ғайр посу гиромӣ доштани забони миллӣ нишонаи асосии меҳру муҳаббат ба забони миллӣ маҳсуб меёбад. Абдухалилзода К.А. Муовини директори Маркази исломшиносӣ

Президент, Хабарҳо

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 29 сентябри соли 2025 №АП-880

Прокрутить вверх