МАҚОЛАҲО

МАҚОЛАҲО

Ман ифтихор дорам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон!(Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат)

  Авлавият додан ба тоҷик будан қабл аз диндорӣ, ин муқобили ҳам гузоштани ин ду арзиши муқаддас нест! Мутаассифона, баъзеҳо ифтихор аз тоҷик буданро чунин мефаҳманд, ки гӯё дар ин маврид мақоми дин паст зада мешавад. Чунин нест! Якум, халқи тоҷик аз қадим соҳиби тамаддун ва фарҳанг буда, диндор ва яктопараст буд. Замоне, ки дигар халқиятҳо шакли зиндагонии қабилавӣ доштанд, Куруши кабир давлати мутамаддин бунёд сохта буд. Тоҷикон ҳамеша пайравӣ ба дин доштанд ва ба шаклҳои ба худ хос Худоро мепарастиданд. Вақте дини ислом ба сарзамини Мовароуннаҳр ворид шуд, дар пасманзари воқеаҳои гуногуни таърихӣ аз қабили истилои араб, дини исломро қабул карданд. Дуюм, ҳар шахс метавонад дини худро иваз кунад. Масалан, аз дини ислом рӯй тобад (риддат кунад) ва дини дигареро пайравӣ кунад ё ба ягон дин бовар надошта бошад. Аммо оё инсон метавонад миллати худро иваз кунад? Ҳаргиз не, зеро ин кор ғайриимкон аст. Агар масалан дар шиноснома миллаташро тағйир диҳад ҳам, ҳамонон тоҷик боқӣ мемонад. Сеюм, ифтихор аз миллати худ дар дини ислом манъ нагардидааст. Баръакс, Қуръони карим ба миллатҳо арҷ гузошта, мефармояд Худованд одамонро ба қабилаву миллатҳо қисмат кардааст. Дар ин замина, ҳамаи халқиятҳое, ки ифтихори миллӣ доранд ва масъаларо дуруст дарк кардаанд, арзишҳои миллиро бо арзишҳои динӣ тавъам намуда, ба ин васила ҳам мардумро муттаҳид месозанд ва ҳам роҳи низоъро пеш мегиранд ва барои пешрафту тараққии давлат замина мегузоранд. Аз ин рӯ, ифтихор доштан ба миллати худ ва ҳамзамон арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ ин муқобилгузории миллат ва дин нест. Масалан, Имоми Аъзам ҷиҳати арҷ гузоштан ба урфу одат ва анъанаҳои миллии халқиятҳои ҷаҳон фатвои таърихии худро содир намуданд, ки барои мусулмониро қабул кардани миллионҳо роҳ кушод. Фатво чунин аст, ки ҳар урфу одат ва анъанаҳои миллатҳо, ки ба таълимоти дини ислом мухолифат надошта бошад, қобили қабул аст. То он замон, баъзе мутаассибон арзишҳои миллиро бидъат унвон намуда, мехостанд танҳо миллати араб ҳукмрон бошад. Бубинед, дар ин ҷо маҳз бартарияти миллати араб арзёбӣ шудааст. Яъне, ҳанӯз аз ибтидои ислом миллат дар ҷои аввал қарор мегирифт. Дар замони муосир ҳам аксари мутаассибон миллатро нодида гирифта, урфу одат, анъанаҳо ва идҳои миллӣ аз қабили Иди Наврӯз, ҷашнҳои Меҳргон, Тиргон, Сада ва амсоли инҳоро бидъат пиндошта, машруъияти онҳоро қабул надоранд. Ҳол он, ки Имом Абӯҳанифа ва баъдан дигар имомони аҳли суннат ҷоиз будани онҳоро эътироф намудаанд. Масъалаи дигаре, ки дар ин маврид бояд зикр шавад, паст будани ҳисси ифтихори миллии баъзе шаҳрвандон аст. Мисолҳо: аз ибтидои ислом то имрӯз баъзе миллатҳо тавассути дин арзишҳои миллии худро паҳн мекарданд ва мекунанд. Ҳатто ташкилотҳои муосири экстремистӣ ва террористӣ ба як миллат авлавият медиҳанд ва ба ҳамон забон муколама мекунанд. Агар фарз кунем, ки яке аз ташкилотҳои террористӣ муваффақ шавад, ҳатман дар ҳамон минтақа забони арабӣ ҷорӣ карда мешавад (манзури муаллиф паст задани ягон миллате набуда, дар мақола намунаҳо барои мисол оварда шудаанд А.В.). Яъне, дар маҷмуъ ҳадафи ниҳоӣ ва пардапӯшонаи дилхоҳ ташкилотҳои экстремистӣ ё террористӣ кӯшишҳо барои интишор ва паҳн намудани арзишҳои миллӣ аст. Дар муқобили ин, ҷавонони гумроҳшудаи тоҷик агар ба созмонҳои террористӣ пайванданд, ҳатман муқобили миллати худ таҳдид мекунанд. Масалан, ҳамагон шоҳид буданд, ки Абӯдовудҳо ва Абӯиброҳимҳои террористи тоҷиктабор аз Сурияву Ироқ истода, ба Ватани худ таҳдид мекарданд. Ҳол он, ки дигар террористон миллату ватани худро дар мадди аввал мегузоштанд. Бинобар ин, баланд бардоштани ифтихори миллӣ барои мо ҳатмист! Ифтихор бо тоҷик будан ба мо чӣ медиҳад (1) ва оё танҳо ба забон овардани ин сухан кофӣ аст ё не (2)? Ифтихор бо тоҷик будан моро муттаҳид месозад (1), меҳри мардумро ба Ватан меафзояд (2), ҳисси миллиро баланд мебарад (3), монеъи ифротгароиву терроризм мешавад (4), ба пешрафту тараққиёти кишвар мусоидат менамояд (5) ва аз ҳама муҳим, ифтихор ба тоҷик будан кафолати бақои давлат ва миллат аст (6)! Агар таълимоти гузаштагони худро таҳлил кунем, ҳама аз тоҷик будани худ фахр доштанд. Ифтихор аз тоҷикият дар осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва садҳо нобиғаҳои миллати тоҷик баръало баён гардидааст. Имрӯз барои таҳкими танинандози «Ман тоҷикам ва бо он ифтихор мекунам» моро лозим аст ҳидоятҳои Пешврои муаззами миллатро ба ҷону дил қабул намуда, баҳри амалисозии онҳо кӯшиш кунем, заҳмат кашем, Ватанро обод кунем, фарзандонро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ба воя расонем. Танҳо иттиҳоду ҳамбастагӣ кафили пешрафту тараққии Тоҷикистон ва таҳкими амнияти диёрамон аст! Аз ин рӯ, ман бо ифтихор такрор мекунам: Ман тоҷикам, баъд мусулмон! Абдураҳмон Ваҳобзода, Муовини директори Маркази исломшиносӣ

МАҚОЛАҲО

Андешаҳо перомуни суханони Пешвои миллат: “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон!”

Таърих баёнгари ҳамагуна воқеоту ҳодисот ва дигаргуниҳои ҷомеа аст. Маҳз, бо омӯзиш ва шинохти таърих ва тамаддун метавон ба гузаштаи инсоният ошноӣ пайдо кард. Ҷаҳони имрӯз, ки ҳамагӣ дар талоши азхудкардану қудрати тавони худро нишон додан аст, миллати тоҷик чун ҳарвақта дар талоши сулҳи сартосарӣ ва инсонмеҳварии миллатҳост. Чун ҷомеаи имрӯз дар давраи бисёр ҳассос ва ташвишовар қарор дорад, бояд донист, ки чӣ касем ва ба кадом самт равонем? Ба ҷомеаи имрӯзаи ҳам тоҷик ва ҳам ғайри тоҷик маълум аст, ки миллати тоҷик мусулмонанд ва пайравӣ ба арзишҳои дини ислом доранд. Ин албатта, ба эътиқоду бовариҳои мардуми тоҷик нисбат мегирад ва ҳаргиз миллатро аз тоҷик будан канор намемонад. Сабаби эътиқоду дилбастагии мардуми мутамаддину адолатдӯсти тоҷик ба дини мубини ислом, ба арзишҳо ва ормонҳои аслии инсонӣ ҳамоҳанг ва мувофиқ будани таълимоти худошиносӣ, инсоншиносӣ ва ҷомеашиносии исломӣ мебошад. Барои мисол, дар бисёр оятҳои Қуръон, гоҳ ба таври мустақим ва гоҳе ба таври ғайримустақим эҳтироми миллатҳо, зарурати татбиқ ва риояи эҳтироми адолати иҷтимоӣ, ки яке аз арзишҳои бунёдии фарҳанги тоисломии тоҷикон мебошанд, таъкид карда шудааст. Чунончӣ, дар ояти 118 сураи Ҳуд ёдрас шудааст: “Ва агар Парвардигори ту мехост, албатта, мардумро як миллат мегардонид. Ва (лекин) ҳамеша мухталиф бошанд”. Аз ин ояти карима метавон хулоса кард, ки интихоби дин дар дасти инсон аст, вале интихоби миллат берун аз иродаи инсон аст. Ва ё дар ояти 13 сураи Ҳуҷурот Худованд мефармояд: «Мо шуморо қавмҳо ва қабилаҳо қарор додем, то якдигарро бишносед. Ба дурустӣ, ки гиромитарини шумо назди Аллоҳ парҳезгортарини шумо аст». Аз фармудаҳои Худованд дар Қуръони карим ва таълимоти исломӣ маълум аст, ки дини мубораки ислом инсониятро ҳамеша ба ростӣ, парҳезгорӣ, адолатпарварӣ, осоиштагӣ, инсондӯстӣ, эҳсонкорӣ даъват мекунад. Дар китоби муқаддаси Қуръон, сураи Ҳуд, ояти 117 Худованд фармудааст, ки: “Ва Парвардигори ту ҳаргиз он нест, ки аҳли деҳаеро бо ситам ҳалок кунад ва ҳол он ки мардуми он некӯкор бошанд”. Тафсири ин ояти карима дар китоби “Тафсири Осонбаён” чунин омадааст: “Аллоҳ Таъоло дар ин оят ба Пайғамбари Худ (с) гуфтааст, ки Парвардигори ту ҳаргиз шаҳре ё деҳотеро, ки мардуми онҳо ислоҳкор бошанд ва таҳти фармон ва қонуни Илоҳӣ зиндагонӣ кунанд, бо ситам ва офатҳо ҳалок намекунад. Инчунин, ҳатто агар аҳли деҳаҳо дар қонуни илоҳӣ дар шак бошанд ё мушрик бошанд, лекин бо адлу инсоф бо якдигар рафтор кунанд, Худованд онҳоро на зулм мекунад ва на ба ҳодисаҳои ногаҳонӣ ҳалокашон месозад…”. Аз ин тафсир возеҳу равшан мегардад, ки Худованд инсонро на ба сабаби куфру ширк, балки ба сабаби зулму адоват ҳалок месозад. Сухани ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб аст, ки “Мулк бо куфр боқӣ мемонад, вале бо зулм боқӣ нахоҳад монд”. Ва ё ҷои дигар: “Худованд давлати адолатпарварро пирӯз мегардонад, агарчӣ дар он куфр бошад, вале давлати зулмпарварро боқӣ намегузорад, агарчӣ муъмин бошанд”. Ва мазмуну маъонии адолатхоҳонаву таҳаммулмеҳваронаи ин таълимоти исломиро нахустин шуда, на арабҳо, балки маҳз фарзандони нобиғаи халқи тоҷик, мисли Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит (муассиси мазҳаби таҳаммулмеҳвари ҳанафӣ, ки дар ҷаҳон аз ҳама бештар пайравони худро дорад), Имом Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ (ҷамъоваранда, муназзим ва шореҳи маъруфтарин маҷмӯаи аҳодиси Паёмбар (с)), Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (нахустин муфассири Куръон), Имом Абӯисо ат-Тирмизӣ, Имом Абӯҳомид Муҳаммади Ғазолӣ ва ғ. кашф карда, дар асарҳои оламшумули худ холисона шарҳу тавзеҳ дода, бо ин тартиб дар рушди илм ва фарҳанги исломию умумибашарӣ хидматҳои шоёне кардаанд. Имрӯз мо аз он ифтихор мекунем, ки ин абармардони илму фарҳанги исломӣ тоҷиктаборанд. Ин ниёгони бузурги мо, ки дорои тафаккури таҳлилӣ ва зиракии маънавӣ буданд, ҳамоҳангии таълимоти исломиро бо суннатҳои милли фарҳангии хеш амиқ дарк намуда, бо ин равиш арзишҳои миллӣ ва диниро бо ҳам пайвастанд. Ин ҳамбастагӣ сабаб шуд, ки мазмунҳои инсондӯстонаи исломӣ дар шеъру ҳикмат, осори пурғановати адабиёти классикии тоҷику форс инъикос ёфтаанд ва дар тӯли садсолаҳо то имрӯз ҳамчун воситаи таълиму тарбия дар такмили ахлоқу маънавиёти мардум ва танзими зиндагии рӯзмарраи онҳо нақши муассиреро иҷро карда истодаанд. Миллати тоҷик на танҳо баъд аз қабули дини ислом ба ингуна таълимоти инсонмеҳваронаю башардӯстона даст ёфтаанд, балки пеш аз ислом низ бунёдкору созанда, сулҳофару адолатпарвар буданд. Таълимоти ахлоқии дини зардуштӣ – дини ниёгони тоисломии мардуми тоҷик “Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек” имрӯз низ арзишу аҳаммияти амалии худро на танҳо маҳфуз доштааст, балки аҳаммияти фаромиллӣ касб намудааст. Ин шиор аз сиришти неки миллати тоҷик хабар медиҳад. Мақсад аз ин гуфтаҳо ин аст, ки миллати тоҷик аз қадим ҳамчун миллат арзи ҳастӣ доранд ва дар майдони таъриху сиёсат ҳамчун миллат ва ё қавми тоҷик онҳоро шинохтаанд, на ҳамчун зардуштӣ ва ё мусулмон. Зеро, ҳар миллате, ҳар қавме дар дарозои таърих дину ойини худро вобаста ба бардошту боварҳои худ тағйир додаанд. Дар ин радиф, тоҷикон низ истисно нестанд. Албатта, бардошт аз ин гуфта ба доираи фаҳму дарки ҳар шахс вобаста аст, вале бояд донист, ки қабул кардан ва ё накардани ҳар динеро вобаста ба эътиқод метавон тағйир дод, вале миллиятро ба ҳеч ваҷҳ наметавон тағйир дод. Имрӯзҳо мо худ шоҳидем, ки гирифтани шаҳрвандии дилхоҳ давлат бо риояи ҳатмии қонунгузории он имконпазир аст, вале ҳамчун миллати ҳамон давлати шаҳрвандидошта эътироф нахоҳем шуд. Бинобар ин, ба гуфтори “аввал тоҷикам, баъд мусулмон” набояд ба маънои бартарӣ додан ба миллият нисбат ба дину эътиқодро фаҳмид, балки бояд донист, ки ин гуфтор ба маънои будану ҳастан ва боқӣ мондани тоҷик ҳамчун миллат дар ҷомеаи башарист. Бе шак, ин масъала дар таълимоти дини ислом борҳо ёдрас гардидааст ва дар сухани ҳакимонаи «Ҳар кас, ки худро шинохт, Парвардигори худро шинохт» ба таври равшан инъикос ёфтааст. Бояд зикр кард, ки ҳастии миллати тоҷик на танҳо дар дину ойин доштан асоснок мегардад, балки дар доштани таърих, фарҳанг, забон пояҳои худро устувор гардонидааст. Таълимот, таълифот, таъкидоти бузургону нобиғагони ниёгонамон баёнгари ин андешаҳост. Берун аз гуфторҳои динӣ, манзумаи шоир ва нависандаи тоҷику форс Манучеҳриро метавон ёдрас кард, ки асли масъала аст: Хурсанд ба неку бади худ бояд буд, Андозашиноси ҳадди худ бояд буд. Аввал сабақи ту абҷад омад, яъне, Бар сирати аб ва ҷадди худ бояд буд. Новобаста аз вазъу шароити таърихӣ бузургони мо аз Рӯдакӣ то Айнӣ тавонистанд нақши мондагори худро дар рушд ва ташаккули фарҳанги исломӣ гузоранд, ки албатта дар саҳфаҳои таърих на ҳамчун мусулмон, балки ҳамчун тоҷик бо ифтихор ёд мегарданд. Инчунин, таърих

МАҚОЛАҲО

Бегонапараст, бингар, ки бегона туро кӣ мешиносад!

(Дар ҳошияи ҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъд мусулмон») Имрӯзҳо дар фазои маънавии ҷомеа перомуни ҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъд мусулмон» андешаҳои гуногун сурат гирифта истодаанд. Бояд эътироф намуд, ки ҳикмати баённамудаи Пешвои миллат воқеан ҳам маънои амиқ ва васеъ дошта, шарҳталаб мебошад, зеро мардуми кишвар аксаран тоҷик буда, ҳамзамон мусулмон мебошанд. Аз ин рӯ, муайян намудани мавқеи дақиқ зимни арҷгузорӣ ба ду навъи умумияти иҷтимоӣ – миллӣ ва динӣ ва вобаста ба ин, роҳ надодан ба бегонапарастию бемавқеӣ дар шоҳроҳи интихоби арзишҳои муқаддамтар, авлотар, муқаддастар, тақдирсозтар барои ҳар фарди ҷомеа хеле муҳим мебошад. Бояд таъкид намуд, ки дар шароити муборизаҳои геосиёсии абарқудратҳо барои тавсеа бахшидан ба нуфузи минтақавию ҷаҳонии худ ва зимни ин сиёсат истифода шудани дин ва қишри дингарои ҷомеа, ва ҳамзамон нерӯ гирифтани раванди дингароӣ дар кишвари тоза истиқлоли мо муҳимияти мавзӯи мазкур даҳчанд меафзояд. Чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар фаҳмиши дурусту шарҳи дақиқи ҳикмати баённамудаи Пешвои фарҳангдӯсти миллат фикру андешаҳои гуногун садо медиҳанд. Баъзе шахсиятҳо дар зери таъсири ҷаҳонбинии ирратсионалии худ зимни маънидод намудани ҳикмати зикршуда аз хати росту равшан баромада, ба таҳрифи маъно роҳ медиҳанд. Масъулияти касбӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди тақдири ояндаи миллат моро водор намуд, ки дар ҳудуди дониш ва қудрати худ бо изҳори узр барои иштибоҳ андешаҳои худро перомуни ҳикмати хеле муфид ва саривақтии Пешвои миллат иброз намоем. Аз нигоҳи ин ҷониб барои фаҳмиши дурусти маънои нуҳуфта ҳикмати баёншударо мо бояд мавриди таҳлили луғавӣ қарор диҳем. Дар ҷумлаи «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон» маънои мавриди таваҷҷуҳ тавассути вожаи «аввал» оғоз мегардад. Вожаи мазкур арабӣ буда, ба муқаддам, яъне нахустин будани будани чизе, ҳодисае, ҳолате ва ё раванде ишора менамояд. Ин маънои онро дорад, ки ҳодисаю равандҳое дар муқоиса бо чизи дигар, ҳодисаи дигар, раванди дигар, ҳолати дигар бидуни он, ки дар ҳастии онҳо шак оварда шавад ё ҳастии онҳо инкор карда шавад, бартарият доранд, мақоми нисбатан болотарро соҳибанд, дар ҳолати интихоб онҳо соҳибимтиёзанд, гузароянд. Вожаи «аввал» зимни ифода бо рақам бо шумораи «як» ифода карда мешавад, ки он аз шумораҳои «ду», «се», «чор» ва амсоли онҳо муқаддамтар буда, зимни ҳисоб ва тартиб нахустгом аст. Муродифи вожаи «аввал» дар забони тоҷикӣ вожаи «нахуст», «нахустин» аст, ки маънои «муқаддам будан, дар оғоз ё ибтидои чизе, ҳолате, раванде қарор доштан»-ро ифода менамояд. Аз ин нигоҳ, ҷумлаи «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон» бидуни инкори мансубияти динӣ бартарият, афзалияти мансубияти этникиро ифода менамояд. Ба қавли дигар, аз ҷумлаи мазкур бояд чунин бардошт намуд, ки агар барои ман арзишҳои динӣ муҳим ва муқаддас мебошанд, пас арзишҳои миллӣ муҳимтар ва муқаддастар мебошанд. Агар матлабро соддатар баён намоем, пас, зимни муайян намудани таносуб байни ду навъи арзишҳои баёнгардида ақрабаки тарозу ба сӯйи арзишҳои миллӣ майл менамоянд. Бояд эътироф намуд, ки ҳикмати баённамудаи Пешвои миллат дар муқаддам доштани арзишҳои миллӣ бар арзишҳои динӣ асоси таърихӣ дошта бо зарурат ва ногузирияш дар воқеияти иҷтимоии имрӯза собит мегардад. Асоси таърихии ҳикмати баёнгардида дар он ифода меёбад, ки соҳибони аслии дин муқаддам будани арзишҳои миллиро дар муқоиса бо арзишҳои динӣ дар тули таърих борҳо ба маъраз гузоштаанд ва имрӯз низ гузошта истодаанд. Ба таври мисол, Қуръон борҳо бо навъҳои гуногун маҳз дар заминаи дин ва фармудаҳои Қуръон муттаҳид гардидани мусулмонон ва дар заминаи мансубияти динӣ бародар ва баробарҳуқуқ будани мусулмононро таъкид намудааст. Аз ҷумла: «Ҷуз ин нест, ки муъминон бародари якдигаранд…» (Ҳуҷурот, 49:10); «Ҳароина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст» (Ҳуҷурот, 49:13); «Ва шумо ҳама ба расани Худо чанг занед ва пароканда машавед» (Оли Имрон, 3:103) ва ғайра. Аз мундариҷаи оятҳои овардашуда баробарию бародарии мусулмонон дар заминаи умумияти динӣ бараъло таъкид мегардад. Аммо чун ба таърихи рушди ислом таваҷҷуҳ менамоем, ба осонӣ пайхас менамоем, ки барои соҳибони аслии дин ҳамеша арзишҳои миллӣ бар арзишҳои динӣ муқаддам буданд ва дар бисёр ҳолатҳо фармудаҳои динӣ аз ҷониби соҳибони аслии дин ба хотири пайгирии ҳадаф дунявӣ дар ҳошия қарор мегирифтанд. Суханро дароз накарда, ин ҷо чанд иқтибосро аз ду китоби муътабар доир ба таърихи ислом пешкаши хонанда намуда, мехоҳем, ки хонанда худ ҳам ба мазмуну талаботи оятҳо ва ҳам ба аъмоли пешвоёни ҷомеаи исломӣ тааммул намояд: 1. «Симои дигаре аз низоми уммавӣ ихтисос додани мазоё (имтиёз) ба аъроб буд, ба истиноди ин амр, ки аъроб қавӣ ҳастанд, ки Худой ононро интихоб карда, ва пайғамбарӣ аз миёни эшон баргузида аст то авомири ӯро ба забони арабӣ ба ҳамагон таблиғ кунад» (Таърихи ислом, Пажӯҳиши донишгоҳи Кембриҷ. Тарҷимаи Аҳмади Ором, Теҳрон, 1382, саҳ. 125). 2.«Нахустин фотеҳон парвои он надоштанд, ки мардуми сарзаминҳои мусаххаршударо ба дини ислом дароваранд» (Таърихи ислом, ҳамон ҷо, саҳ. 140-141). 3.«Абдулмалик дар таърихи тамаддуни ислом номи неке дорад, чи ки то замони ӯ дафотири исломӣ ба хат ва забони мардумони маҳаллӣ навишта мешуд, масалан мисриҳо ба қибтӣ, шомиҳо ба юнонӣ ва ироқиҳо ба форсӣ дафтарҳои давлатиро менигоштанд ва табъан мутасаддиёни дафотир ҳам мардумони маҳалӣ, яъне масеҳиёни Шом, ва қибтиёни Миср ва ирониёни Ироқ буданд. Абдулмалик ин расмро барандохт ва дафотири давлатиро аз забонҳои мухталиф ба арабӣ баргардонид ва онро ба дасти аъроб супурд ва бо ин иқдом забони арабиро забони расмии давлатӣ қарор дод ва табъан аҳолии кишварҳои исломӣ забони худро фаромӯш карда арабӣ омӯхтанд ва забони арабӣ, ки забони дин буд, забони давлат ҳам шуд ва рафта-рафта мусулмонон арабмаоб шуда нажод ва миллати худро аз даст доданд ва ҷузъи гурӯҳи аъроб даромаданд» ( Ҷ.Зайдон, Таърихи тамаддуни ислом, Теҳрон, 1382, саҳ. 66). 4.«Ҳамон тавр, ки қурайш бар соири қабилаҳо муқаддам буд, араб бар тамоми милали мусулмон ва ғайримусулмон, ки дар кишварҳои исломӣ мезистанд, бартарӣ дошт…Ва паямбар фармудааст, ки ҳар кӣ арабро душман бидорад, Худо душмани ӯст» (Ҷурҷӣ Зайдон, саҳ. 696). 5.«Арабҳо ин ҳарфҳоро (ҳарфҳои Ибни Муқаффаъро, ки арабҳоро бузург меҳисобид ва хирадмандтарин мардуми рӯйи замин мешуморид – А.К.), мешуниданд ва худро болотар аз дигарон мепиндоштанд ва ба хусус бар миллатҳои мусулмон (ғайриараб) мубоҳот мекарданд ва ононро маволӣ мехонданд… Арабҳо аз иқтидо (дар намоз) ба маволӣ икроҳ доштанд ва агар ҳам пушти сари онон намоз мехонданд, мегуфтанд барои фурутанӣ нисбат ба Худо чунин мекунем.

МАҚОЛАҲО

Нақши фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ИМОМ БУХОРӢ дар рушди фарҳанги исломӣ

Таърих дар гузашти айём исбот кардааст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик шахсиятҳои маъруфро ба майдони илму адаб овардааст, ки онҳо дар рушди илм ва фарҳанги умумибашарӣ хидматҳои шоёне кардаанд. Мо тоҷикон бо олимони милат: ба монанди Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит, Имом Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ, Имом Абӯисо ат-Тирмизӣ, Имом Абӯҳомид Муҳаммади Ғазолӣ ва ғайраҳо, ки қуллаҳои баланди фарҳанги исломро тай кардаанд, ифтихор дорем. Имом Бухорӣ 11 шавволи соли 194 ҳиҷрии қамарӣ мувофиқ ба 21 июли 810 милодӣ дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Агар зиндагонии ӯро аз овони кӯдакӣ мавриди таҳқиқ қарор диҳем, басо ҳайратангез аст. Ӯ аз синни даҳсолагӣ ба ҳифзи исноди аҳодиси набавӣ пардохтааст, то ҷое, ки устодаш ба раъйи ӯ руҷӯъ мекард. Имом Бухорӣ дар назди уламои бузурги Бухоро ба монанди Муҳаммад ибни Юсуфи Байкандӣ, Абдуллоҳ ибни Аҳмади Маснавӣ ва бисёри дигарон дарс омӯхтааст. Худи ӯ менависад, «Вақте ба сини 16 солагӣ расидам, китобҳои Ибни Муборак ва Вақеъро аз бар кардам ва ба каломи асҳоби раъй сарфаҳм рафтам. Баъди он ҳамроҳи модару бародарам ба сафари ҳаҷ баромадам». Баъд аз адои маносики ҳаҷ модару бародараш ба ватан баргаштанд ва худи ӯ барои давом додани таҳсили илм дар он ҷо боқӣ монд. Ӯ дар Макка дар назди бузргтарин донишмандони илми ҳадис чун Имом Абулвалид Аҳмад ибни Муҳаммади Арзақӣ, Абдуллоҳ ибни Язид, Исмоил ибни Солим ас-Соиғ, Аллома Алҳумайдӣ ва дигар ҳофизони ҳадис ба омӯзиш шурӯъ намуда, аз онҳо дар ин бахш ҳар он чӣ медонистанд, аз худ кардааст. Вай дар Макка ба тарҳрезии китоби “ал-Ҷомеъ-ус-саҳеҳ” оғоз кардааст. Аллома Ҷалолуддин ас-Суютӣ сабаби онро дар китобаш «Тадриб ар-ровӣ» аз Иброҳим ибни Маъқили Насафӣ ривоят кардааст, ки рӯзе мо дар назди устодамон Имом Исҳоқ ибни Роҳавайҳ, ки лақаби “Амир-ул-муъминин фӣ-л-ҳадис”-ро соҳиб шуда буд, нишаста будем, ӯ бо таассуф гуфт: “Кош китоби мухтасаре аз саҳеҳи суннати Пайғамбари Худо (с) ҷамъ мекардед”. Ин сухан дар қалби Имом Бухорӣ таъсир карда, ӯ барои иҷрои ин амал тасмим гирифт. Ҳамчунин аз худи Имом Бухорӣ ривоят аст, ки Пайғамбари Худоро (с) дар хоб дидам, ки ман дар рӯбарӯяш рост истодаам ва дар дастам бодбезак аст ва бо он ӯро ҳимоя мекунам. Пас аз муаббирон дар бобати хобам пурсидам. Гуфтанд: “Ту Ӯро аз кизбу дурӯғ ҳимоят хоҳӣ кард”. Сипас, ин амр маро барои ҷамъоварии китоби “ал-Ҷомеъ-ус-саҳеҳ” водор гардонид, ки онро дар муддати 16 сол таълиф намудам. Баъд аз он дар синни 18-солагӣ ба Мадина раҳсипор шуда, дар назди Иброҳим ибни ал-Мунзир, Мутарраф ибни Абдуллоҳ, Иброҳим ибни Ҳамза, Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Алувайсӣ ва дигарон илмашро такмил дода, дар ҳамин ҷо китоби “Таърихи кабир”-ро, ки иборат аст аз тароҷуми риҷоли ҳадис аз даврони саҳобагон, то замони Имом Бухорӣ ва баёни илали ҳадис ва ҷарҳу таъдил, таълиф кардааст. Имом Бухорӣ дар ин китобаш доир ба зиндагӣ ва тарҷумаи ҳоли чил ҳазор ровӣ ва шахсиятҳои машҳур маълумот додааст. Ҳангоме, ки Имом Исҳоқ ибни Роҳавайҳ ин китобро мебинад, бисёр хурсанд мешавад ва онро ба назди Амир Абдуллоҳ ибни Тоҳири Хуросонӣ бурда, аз ҳайрати шадид мегуяд: “Оё барои ту сеҳрро нишон бидиҳам”. Имом Бухорӣ пас аз як соли иқомат дар Мадина ба ҷониби Басра сафар мекунад, то ҳадисҳоеро, ки дар ин шаҳр назди муҳаддисон вуҷуд дошт, ҳифз намояд. Дар ин роҳ, ҳама ранҷу машаққатҳоро таҳаммул мекард. Ӯ дар Басра мардумро дар ҳаёҷон овард. Мардум дар атрофаш ҷамъ шуда, аз ӯ ҳадис гӯш мекарданд. Баъди чанд муддате вориди шаҳри Бағдод гардид. Дар он ҷо аз як имтиҳони басо сангин, ки донишмандони он ҷо ташкил карда буданд, сарбаландона мегузарад, ки боиси таваҷҷуҳ ва ҳайрати мардум мегардад. Чи тавре, ки худи Имом Бухорӣ мегӯяд, вай ҳангоме, ки ба Бағдод меояд, муҳаддисон барои озмудани дараҷаи дониши вай сад ҳадисро ба даҳ нафар толибилм бо матну исноди омехта меомӯзанд. Ҳар толибилм аз Бухорӣ дар бораи дурустӣ ё нодурустии даҳ ҳадис суол мекунад, аммо дар посух ҷавоби «لاأعرفه» «намешиносам»-ро мешунавад. Ҳангоме, ки суолкунандагон аз пурсиш фориғ мешаванд, имом Бухорӣ ҳар як матну ҳадиси омехтаро бо матну исноди аслиаш ба онҳо ривоят мекунад. Аллома Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар ин маврид гуфтааст: «Шигифтӣ ва тааҷҷуб дар он аст, ки бо як бор шунидан дар як маҷлис Имом Бухорӣ сад ҳадисро аз бар намуд ва онро дар посухи онҳо такрор намуд. Аҳли Бағдод бо ин амали Имом Бухорӣ аз ҳофизи ҳадис буданаш иқрор мекунанд. Дар он ҷо бо Абуабдуллоҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳанбал яке аз пешвоёни фиқҳии мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат аз наздик шинос мешавад. Сипас Имом Бухорӣ ба сарзамини Шом ва Миср сафар карда, дар назди олимони бузурги ин минтақа, аз ҷумла Усмон ас-Соиғ, Саъд ибни Абумарям, Абдуллоҳ ибни Букайр, Аҳмад ибни Шабиб ва Асбағ ибни ал-Фараҷ ба омӯзиши илмҳо ба хусус илми ҳадис машғул мегардад. Читавре ки худи ӯ мегӯяд, «Ман бо беш аз ҳазор нафар аз мардуми Ҳиҷоз, Ироқ, Шом ва Миср мулоқот кардаам. Ду маротиба бо шайхони Шом ва Ҷазира, чаҳор маротиба бо аҳли Басра, шаш сол бо шайхони Ҳиҷоз дидор ва мулоқот кардаам, адади дафъаҳоеро, ки ҳамроҳ бо муҳаддисони Хуросон вориди Куфа ва Бағдод шудаам намедонам. Зиёда аз ҳазор шайх ҳадис навиштаам, аз ҳар як нафари онҳо даҳ ҳазор ҳадис навиштаам. Ҳадисе дар назди ман вуҷуд надорад, ки санадашро зикр накарда бошам. Вай мегӯяд: Ҳар ҳадисеро, ки аз саҳобагон ва тобеин ривоят кардаам, замон ва макони таваллуд ва вафоти аксарашонро медонам. Имом Бухорӣ аз худ осори гаронбаҳо ва ганҷинаҳои бузурге ба ёдгор гузоштааст. Тибқи ақидаи муҳаққиқони осори Имом Бухорӣ миқдори онҳо ба сӣ адад мерасад, ки қисме аз онҳо то баҳол боқӣ намондааст. Имом Бухорӣ таълифот ва осорашро дар марҳилаҳои гуногуни зиндагии худ навиштааст, ки онҳо аз нигоҳи мазмун, мундариҷа ва моҳияти хеш гуногун буда, ҳар кадом мавқеъ ва манзалати хоссае доро мебошанд. Сарфи назар аз он ки ин осори номбурда дар бахши илми ҳадис ва таърихи он таълиф ёфтаанд, лекин дар онҳо бисёр масъалаҳои фиқҳӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва эътиқодӣ инъикоси хешро ёфтаанд. Дар осори номбурда доир ба масъалаҳои ҳадисҳои саҳеҳ, ҳасан ва заиф, тарҷумаи ҳоли муҳаддисон, ради рофизиён, мӯътазилия, қадария, ҷаҳмия, муаттила, мурҷиия, каломи Худованд ва ғайри махлуқ будани Қуръон, ровиёни ҳадис ва рад намудани ривоёти ровиён ва ғайраҳо матраҳ кардааст. Дар байни таълифоти Имом Бухорӣ “ал-Ҷомеъ-ус-саҳеҳ” бузургтарин асар буда, барои рушду такомули

МАҚОЛАҲО

Миллат – заминаи таъсиси давлатдории миллист.

Аз рӯйи мазмун агар ба мафҳуми истилоҳи миллӣ ё давлати миллӣ, ваҳдати миллӣ ё истиқлолияти миллӣ диққат диҳем, аз ҷониби коршиносон дар чандин шакл шарҳу тавзеҳ дода шудааст. Вале маънои мушаххаси ин «тавсифи он нисбат ба қавм ё миллати муайян тааллуқ доштани маҳсули таърихиву фарҳангии тамаддуни он миллат аст». Баррасии таҳлили масъала аз диди ҷомеашиносон ба маврид буда, ба мақсад наздиктар аст, зеро ташаккули миллат ба раванди рушди ҷомеа пайвандӣ дошта, ҳамчун як ҷузъи ташкилдиҳандаи низоми иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар доираи илмҳои ҷомеашиносӣ таҳқиқ мегардад. Аз нигоҳи ҷомеашиносон андешаи миллӣ – ҳамчун истилоҳи фалсафӣ моҳият ва таъйиноти зиндагӣ ва фаъолияти умумиятҳои миллӣ – этникиро дар марҳалаи муайян, пайванди таърихии гузашта бо даврони муосир, ташаккули ҷаҳонбинӣ, таҳкими устувории арзишҳо дар рушди ҷомеа, муайян намудани мақом ва нақши арзишҳои миллӣ ва диниро дар ҷомеа дар бар мегирад. Барои ҳамин дар ҳар давру замон новобаста аз низоми сиёсӣ, мавҷудияти истиқлоли сиёсӣ андешаи миллӣ ҳамчун роҳнамо барои ҳар қавму миллат барои расидан ба ҳадафҳояш хизмат кардааст. Чандин марҳилаҳои таърихӣ миллат истиқлолияти сиёсӣ надошт, вале андешаи миллӣ ҳамчун роҳнамо дар умқи миллат боқӣ монд ва мардумро аз мансубияташ ба миллати муайян ҳифз мекард. Таърих гувоҳ аст, ки бархе аз миллатҳое, ки аҳамияти андешаи миллиро дарк карда натавонистанд ё нисбати ташаккули шуури миллӣ беэътиноӣ зоҳир карданд на фақат давлати аҷдодиро аз даст доданд, балки ҳамчун миллат аз саҳнаи таърих беному нишон рафтанд. Бинобар ин, зарурати воқеии ташаккули андешаи миллӣ ҳамчун асоси пояи давлати миллӣ ба миён омаадааст. Андешаи миллиро дар ҷамбасти арзишҳои миллӣ ва динӣ ташаккул бояд дод, зеро фарҳанги миллати тоҷик аз арзишҳои даврони ориёӣ, давраи пазируфтани дини ислом ва марҳилаи омезиши он бо фарҳанги миллӣ ва давраи муосири миллатсозӣ иборат аст. Дар давраи таърихӣ, арзишҳои миллӣ бо арзишҳои эътиқодӣ пайванд хўрда, ҷудо кардан ё нодида гирифтани яке аз дигар дар раванди давлатдории миллӣ низ хато аст. Зеро дар ин сурат зери нишони низоми бединӣ қарор гирифтан, метавонад қуввањои нави муҳофизони динро алайҳи давлат ба ҳам орад. Чунин таҷрибаи талхро давлати Шӯравӣ аз сар гузаронд. Падидаи нав дар заминаи чизи кӯҳна пайдо мешавад ва рушд меёбад, вале то чӣ қадар ба манфиати миллат судманд будани онро раванди ташаккули давлатдорӣ ва рушди иҷтимоӣ -сиёсии ҷомеа муайян мекунад. Зеро то чӣ андоза институтҳои иҷтимоӣ ташаккул ёфта бошанд, равиши ҷомеа ҳамон қадар судманд мегардад. Дар ин раванд, ҳар кас як ҷузъи миллат будани худро дарк мекунад ва ягонагии миллатро дар пиёда кардани сиёсати давлати миллӣ вазифаи худ мешуморад, барои тақвияти шуури миллӣ, худшиносӣ ва таҳкими истиқлолияти миллӣ кӯшиш мекунад. Давлати миллӣ низ дар раванди рушди иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва сиёсӣ самтҳоеро пеш мегирад, ки манфиати ин миллатро ҳифз мекунанд. Аз ҳамин рӯ, сиёсати миллӣ низ дар таҷриба мувофиқи санадҳои ҳуқуқии тасдиқнамуда ба татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ, самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ, дуруст ба роҳ мондани муносибатҳо байни гурӯҳҳои этникӣ, миллатҳо, гурӯҳҳои қавмӣ, диққати аввалиндараҷа медиҳал. Таҷрибаи муосири ҳамзистии мусолиматомез бо кишварҳои ҳамсоя собит намуд, ки ба даст овардани ин ҳадаф, яке аз масъалаҳои меҳварии сиёсати давладорӣ мебошад. Ҳеҷ имкон надорад, ки давлат берун аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастӣ намояд. Аз ин рӯ, ҳам аз нигоҳи назариявӣ ва ҳам амалӣ, дар сиёсати давлат бояд сиёсати ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа ба назар гирифта шавад, то ки минбаъд дар татбиқи он бо назардошти манфиатҳои худ амал намояд. Дар сурати набудани ҳамдигарфаҳмӣ, мушкилоти нав метавонад эҷод шавад, зеро мавҷуд будани амнияти минтақа барои амалӣ намудани ҳадафҳои иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳо заминаи мусоид омода мекунад. Ба таври дигар гӯем, ягон омил набояд манбаи низоъи мантақавӣ гардад. Мутаассифона, таъмини амният низ на ҳама вақт ба манфиати қудратҳои ҷаҳонӣ аст ва ба таври сунъӣ сохтани низоъҳо низ дар таҷрибаи ҷаҳони муосир як падидаи муқаррарӣ шудааст. Давлати миллӣ мувозинати байни миллатҳо ва пайравони адёни гуногунро дар доираи қонун таъмин менамояд, таҷрибаи беҳтарини ҳамзистии байни онҳоро таҳким мебахшад. Дар ин маврид масоили манфиати миллат ва нуктаҳои асосии он: умумияти миллӣ; омилҳои тафриқаандозӣ; бархўрди манфиатҳо ва андешаҳоро таҳқиқ кардан зарур мегардад. Дар таҷрибаи давлатдории муосир муайян гардидааст, ки баъзан масоилеро дар сиёсати хориҷӣ, дар мадди аввал қарор медиҳанд, ки шояд онҳо дар ҳамон шароит дар чунин сатҳ муфид ё зарурӣ набошанд. Бинобар ин, дар сиёсати давлати миллӣ масъалаҳои стратегӣ, ки манфиати умумимиллӣ доранд, бояд дар мадди аввал қарор гиранд. Стратегияи сиёсати миллӣ дар асоси талаботи консепсияи сиёсати миллӣ, ки сиёсати давлати миллиро баррасӣ мекунад, боназардошти хусусиятҳои кишвар, вазъи иҷтимоӣ – иқтисодӣ ба роҳ монда мешавад. Татбиқи амалии он вақте сурат мегирад, ки агар воқеъияти илмӣ дошта, манфиатҳои умумимиллиро дарбар гирад. Ҳеҷ ягон сиёсате, ки решаи амиқ дар ташаккули фарҳанги миллӣ надошта бошад, барои рушди устувори миллат натиҷае нахоҳад дод. Аз ин бармеояд, ки қонунгузории давлати миллӣ, пеш аз ҳама масъалаҳои нозуки ҷомеаро, ки зарурат ба танзими ҳуқуқӣ доранд, тарҳрезӣ ва амалӣ менамояд. Дар ин маврид, яъне дар доираи низоми ҳуқуқӣ, таъмини рушди институтҳои иҷтимоӣ имконпазир ва ба зиндагии воқеӣ метавонад кўмак намояд, ки намунаи он танзими баргузории анъанаву маросими миллӣ дар кишвар мебошад. Бинобар ин, барои таҳкими давлатдории миллӣ ва татбиқи амалии сиёсати миллӣ хуб мешуд, ки ҳалли масъалаҳои зерин дар мадди аввал қарор гиранд: – шароити хуб барои татбиқи қонун ва меёрҳои ҳуқуқӣ; – комил намудани механизми иҷрои қонун; – ташаккули тафаккури давлатдории миллӣ ва муттаҳид намудани ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагони руҳоният ва ғайра; – дастрас ва ҷавобгў будани низоми таълимӣ дар мактабҳои миёна, касбӣ ва олӣ ҳамчун ҳолоти нигоҳдоранда ва ташаккулдиҳандаи идеяи давлати миллӣ; – масоили эътиқодӣ, таъмини озодии виҷдон ва таҳаммулпазирии динӣ. Дар кишварҳои бо аксарияти аҳолиашон мусулмон нақши омили динӣ дар таъмини амният ва оромии ҷомеа калон буда, айни замон масоили эътиқодӣ аз раванди муосир дар канора набуда, дар сурати дуруст танзим намудани он метавонад омили созанда бошад ва дар сурати баръакс, агар тарғиби ғояҳои эътиқодӣ ба дасти бегонагон ё гурӯҳҳои тундгароӣ афтад, метавонад ба омили сӯзанда табдил ёбад. Таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ дар ҷомеа ҷиҳати тезу тунд кардани муносибатҳои миёни мардум аз рўйи муносибатҳояшон ба дин ба назар мерасанд. Зеро дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ имконият медиҳад, ки мардум на танҳо бо маводи хусусияти динидошта бевосита шинос мешавад, балки он андешаҳоро ҳамчун ҳақиқати динӣ қабул мекунанд ва ба дигарон

МАҚОЛАҲО

“Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон!” (шарҳи фалсафӣ-таърихии мазмун ва аҳамияти сиёсии гуфтори Пешвои миллат)

Дар шароити муосири авҷгирии бархӯрди манфиатҳои геополотикии давлатҳои абарқудрат ва ҳассосу муташанниҷ шудани вазъи сиёсии ҷаҳон, амният ва рушди ҳар як давлати соҳибистиқлоли миллии ҷаҳон, якпорчагӣ ва ваҳдати миллии онҳо аз бисёр ҷиҳат бо сатҳи ҷаҳонбинӣ, донишу таҷриба, ахлоқу маънавиёт ва сифатҳои шахсии роҳбарони онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин мавқеъи назар, гуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон” дорои мазмуни амиқи фалсафӣ-таърихӣ ва арзишу аҳамияти баланди сиёсӣ мебошад. Ин гуфтори пурҳикмат ба ҳеҷ ваҷҳ маънои бартарӣ додан ба миллият нисбат ба дину эътиқодро надорад, балки як шарт ё талаботи воқеӣ ва муҳими сиёсию ахлоқии идоракунии муваффақона ва одилонаи давлати миллию демократӣ маҳсуб мешавад. Ҳар як фард ва ҷомеа ба ғайр аз ниёзҳо ва манфиатҳои динию маънавӣ, боз доираи ниҳоят васеи талаботҳои моддию дунявиро дорад, ки онҳоро на аз роҳи ибодату ниёиши дарунӣ, балки танҳо аз роҳи меҳнат, амалия ва фаъолияти ҷисмонию фикрӣ, тавассути ҳамкории судманд бо дигар афрод ва ҷомеаҳо қонеъ карда метавонад. Ҷомеаи миллии тоҷик низ аз ин қоида берун нест. Барои миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷик ва аҷдодони тоисломиаш (суғдиҳо, бохтариҳо, хоразмиҳо, тахориҳо ва халқиятҳои дигари эронизабони Осиёи Марказӣ) диндорӣ танҳо як рукни ҳаёт ва фарҳанги миллӣ буд ва мебошад. Ба ҷуз аз ниёишу ибодат ва суннату маросими динӣ-исломӣ, тоҷикон соҳиби фарҳанги басо пурғановати моддию дунявӣ низ мебошанд ва дар таъсиси аввалин давлатҳои мутамаддину пешоҳанги бостонӣ (Ҳахоманишиён, Сосониён, Ҳайтолиён ва ғ.), ободонии ҷаҳон, рушди ҳаёт ва фарҳанги моддии башарият саҳми бузург гузоштаанд. Миллати тоҷик дар симои аҷдодони таърихиаш қабл аз зуҳури дини мубини ислом вуҷуд дошт. Ҳамаи ин халқиятҳо пайрави дини зардуштӣ буданд ва пас аз густариши дини ислом, ба шарофати фаъолияти давлатсозию миллатсозии Сомониён ва сулолаҳои дигари ҳокимони маҳаллӣ, ҳамчун воситаи муоширати миллӣ ташаккул ёфтани забони форсӣ-тоҷикӣ ва як қатор омилҳои дигари фарҳангӣ як миллати воҳиди бодиёнатро ташаккул доданд. Ҳарчанде ки тоҷикон мисли халқҳои дигари ғайриараби мусалмон, аз дини ниёгон даст кашида дини навро қабул карданд, вале дин ҳамчун як шакли ҷаҳонбинӣ ва унсури бунёдии ташаккулдиҳандаи ҳувияти миллии онҳо маҳфуз монд. Дар ин маврид метавон гуфт, ки дину эътиқоди исломӣ (дар шакли мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ) дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати фарҳангии миллатсози Сомониён дар ташаккул ва рушди ҳувияти миллии тоҷикон нақши хеле муҳим ва судмандро иҷро кардааст, ҳамон тавре ки дар даврони бостон дини зардуштӣ ин ин хидматро барои аҷдодони қадимаи мардуми тоҷик анҷом дода буд. Аз ин нуқтаи назар, “аввал тоҷик ва баъд мусалмон будан” маънои мусулмониро ҳамчун як навъи диндорӣ, ҳамчун як ҷузъи таркибӣ ва тағйирпазир ба низоми арзишҳои нисбатан устувору бунёдии миллии тоҷикон ҳамгун ва ҳамоҳанг сохтанро дорад. Аз ҷониби дигар, ҳеҷ як давлат ё ҷомеаи муосири миллӣ, хоҳ демократӣ бошад, хоҳ теократӣ, аз нуқтаи назари этникӣ ва динӣ-мазҳабӣ яклухт нест, балки то ин ё он дараҷа полиэтникӣ ва поликонфессионалӣ мебошад, яъне як иттиҳоди сиёсие аст, ки халқиятҳо ва афроди пайрави дину мазҳабҳои гуногунро муттаҳид мекунад. Мисол, дар Конститутсияи ИМА вожаи “миллат” истифода нагардидааст, вале вожаи “мардум” (the People) ба кор бурда шудааст, ки ҳамаи шаҳрвандони ИМА-ро, новобаста аз мансубияти этникию динии онҳо, ифода мекунад. Яъне мафҳуми “миллат” ё “мардум” баёнгари ҳувияти сиёсии одамон аст, на ҳувияти этникии онҳо. Аз нуқтаи назари ҷомеашиносӣ «миллат» як ҷомеаи таърихан ташаккулёфта ва устувори одамон аст, ки бо забони умумии муошират, ҳудуд ва макону фазои ягонаи сукунат, ҳаёти иқтисодӣ, фарҳанг ва ҳувияти муштарак муттаҳид шудаанд. Ин истилоҳ ду маънои асосӣ дорад: аз нигоҳи фарҳангӣ – ҷомеаи этникии дорои хусусиятҳои муштарак ва аз нигоҳи сиёсӣ – иттиҳоди сиёсии шаҳрвандони як давлати мушаххас. Дар давраи пас аз зуҳури ислом, тоҷикон аввалин бор маҳз дар замони Сомониён ба ин комёбӣ даст ёфта, ҳамчун миллат ташаккул ёфта буданд. Пас аз фурӯпошии давлати Сомониён, чунин имконият дар замони шӯравӣ ба вуҷуд омад. Ҳарчанде ки ҳаёт ва фарҳанги динии тоҷикон дар замони шӯравӣ бо маҳдудятҳо дучор шуд, вале фарҳанги моддию дунявии мардуми мо, иқтисод, илму маориф, соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мо як давраи тиллоии эҳё ва рушду гулгулшукуфоии худро паси сар кард. Ин дастовардҳои замони шӯравӣ аз оғози давраи сохибихтиёрӣ то имрӯз барои рушди босуботи ҷамъиятиву иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун як заминаи муҳим хизмат карда истодаанд. Беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло, Шаҳраки тиббӣ, таваллудхонаҳои рақами 1,2 ва 3 ва садҳо биноҳои таълимию истиқоматӣ танҳо дар ҳудуди пойтахти кишвар – як қисми андаке аз он дастовардҳои замони шӯравӣ мебошанд. Аз ин дидгоҳ истифода бурдани вожаи “миллати тоҷик” ба маънои ҳувияти сиёсии тоҷикон дар масири таърих дар мавридҳое дуруст аст, ки агар тоҷикон соҳиби давлати озоди миллии худ бошанд, аз ҷумла дар мавриди наслҳои имрӯзаи бахтёру саодатманд, яъне мову шумо –хонандагони арҷманд, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри миллии худ ҳастем. Дар давраҳои бедавлатӣ бошад, масалан, пас аз Сомониён то замони шӯравӣ, мафҳуми миллатро дар нисбати мардуми тоҷик танҳо барои ифодаи умумияти этникӣ, на сиёсӣ истифода бурдан, мантиқан дуруст аст. (давом дорад) Шоев Зиёвиддин Сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО

Хурофот монеъи рушд ва бадтар шудани сатҳи зиндагӣ мегардад

Баъд аз Истиқлолияти давлатӣ мақомоти қонунгузори кишвар бо дарназардошти эътиқоди динии шаҳрвандон ва таъмини шароити арзандаи ҳаёти онҳо як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиеро қабул кард, ки дар баланд бардоштану нақш гузоштани арзишҳои динӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои эътиқодии шаҳрвандони кишвар замина гузоштаанд. Яке аз чунин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҚҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст, ки ҳамагуна анъанаву маросимҳои милливу диниро бо дарназардошти меъёрҳои шаръӣ ба танзим медарорад. Яке аз чунин маросим ин адои ҳаҷ ва умра аст, ки дар моддаи 13 қонуни мазкур ба таври возеҳу равшан баён гардидааст. Аммо, дар анҷоми ин маросим баъзе зиёдаравию хурофотпарастиҳо дида мешавад, ки аз доираи меъёри шаръӣ берун мемонад. Бояд қайд кард, ки дар ҷомеаи имрӯза, дар самти анҷоми яке аз рукнҳои дини ислом, зиёрати Каъбатуллоҳ, ки ба хотири ба ҷо овардани фарзи илоҳӣ анҷом дода мешавад ва танҳо барои онҳоест, ки шароити молиявӣ доранд, мутаассифона зиёдаравию худнамоишдиҳӣ ва таассубу исрофкорӣ ба назар мерасад. Худ шоҳидем, ки имрӯзҳо теъдоди умракунандагон зиёд гашта, баъд аз баргашт ба ватан харҷи зиёди пулию молӣ мекунанд, ки албатта ин амал аз доираи меъёрҳои шаръӣ ва меъёрҳои қонунгузории миллӣ берун мондааст. Чун мусулмонем ва пайрав ба суннату оини исломӣ дорем, бояд донем, ки зиёдаравию исрофкорӣ дар шариати исломӣ шадидан маҳкум шудааст ва мо бояд зидди ингуна ҷаҳолат, ки танҳо аз худ фақру тангдастӣ ва шӯҳратталабию ақидаи нодурустро мемонад, мубориза барем. Агар, таълимоти исломии зиёрати Каъбатуллоҳро бинем, албатта анҷоми он аз шатрҳое иборат аст, ки ба анҷом додани амалҳои хайру савоб нигаронида шудааст. Монанди ин ки пеш аз сафари ҳаҷ, бояд аз аҳвол ва шароити пайвандону ҳамсоягон, ятимону маъюбон барҷомондагону камбизоатон огаҳ бошем, зеро шод кардани дили ҳар бандае аз аҳкоми илоҳист. Албатта, зиёрати Каъбатуллоҳ аз фароизи дини ислом барои шахсони тавонманд аст. Вале, ин ҷо амали зиште, ки дар байни ҷомеаи имрӯзаи мо ба назар мерасад, ин аст, ки ҳоҷибинону ҳоҷиталбон, ки на ба меъёри шаръӣ ва на ба қонунгузории миллӣ рост намеояд, ба ҳукми анъана даромадааст, дар ҳоле, ки мо худро мусулмон медонем ва дар кишвар ҚҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро мавриди амал қарор додаем. Тавре ки аз мушоҳидаҳо аён аст, дар ин самт дар бештар маврид камбудӣ сари мардуми ом аст, зеро худ ба буҷаи оила ва шароити зиндагӣ зарба мезананд. Вале, масъулонро низ зарур аст, ки сари пешгирии ҳаргуна хурофоту ҷаҳолат тадбирҳои мушаххас андешанд, зеро ҳаргуна падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ рафта-рафта ба анъана табдил меёбад. Заминаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии хурофот нишон медиҳад, ки хурофот чизи ғайри табиӣ ва аҷиб нест, ин падидаи зишт ба шеваҳои бунёдии тафаккур ва эҳсосот ва умуман бо вокуниши инсонҳо алоқамандии зич дорад. Бархе аз хурофот шояд як бахше аз низоми васеътари афкор ва эътиқодро ташкил диҳанд, аммо ҳоло онҳо унсурҳои ҷудогона ва фардӣ ҳастанд, ки тавассути анъана ба мо расидаанд ва то ҳол худро нигоҳ медоранд. Ҷои таассуф маҳз ба анъана табдилшавии хурофот аст. Дар воқеъ, қисмати зиёди хурофот, ба хусус ҳоҷибинону ҳоҷиталбон ҷанбаи фардӣ надоранд, балки аз тариқи иҷмоӣ ва ба унвони мероси иҷтимоӣ ба марудм мерасанд. Аз ин рӯ, мо бояд тамоми неруи зеҳнӣ ва имконияти мавҷударо баҳри бартараф кардани ингуна меросҳои иҷтимоӣ, ки ба зарари мардум аст, равона кунем. Пешгирӣ аз хурофот ва манъи зиёдаравию исрофкорӣ новобаста аз шадидан манъ шудан дар таълимоти шаръӣ, дар баёнияҳои башарӣ низ маҳкум карда шудааст. Қавли Ибни Синост, ки: “Барзиёд, бемавриду мақом сарфу исроф кардани мол аломати нодонию ҷаҳолати шахс аст”. Мутафаккири фаронсавӣ Ж. Ж. Руссо таъкид медорад, ки: “Дар давлати демократӣ ва дунявӣ зарур аст, ки карру фарри зиёдатӣ ва исрофкорӣ хеле ва хеле кам, ё умуман вуҷуд надошта бошад, зеро карру фари зиёдатӣ ва хароҷоти беҳуда ё бо сабаби дороӣ ва ё аз рўи зарурат пайдошуда, дар як вақт ҳам доро ва ҳам камбағалро, якеро бо дороӣ дигареро бо нафсу ҳасудаш фосиқ, бадахлоқ ва вайрон мекунад: ин ҳолат ватанро гирифтори нозу неъмат, овораи шуҳратпарастӣ сохта, аз ватан ҳама шаҳрвандон-тобеонро кашида мегирад, то ин ки якеро ғуломи дигаре ва ҳамаро дар маҷмуъ ғуломи ақидаи нодуруст созад”. Ҳарчанд, манъи падидаи зиште чун хурофот дар Қуръону ҳадис ва таълимоти башарӣ қатъан манъ гардидааст, вале бояд дар назар дошт, ки хурофот ба пуррагӣ ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад, аммо огоҳӣ кардан тавассути мафкураи солим ва пешгирӣ кардан тавассути қонунгузорӣ ҳассосият, ғуломи ақидаи нодуруст будан ва рафторҳои хурофотиро коҳиш дода, дар пешгирӣ аз ба анъана табдилёбии он нақши асосӣ мебозад. Одинаева Ш. – корманди Маркази исломшиносӣ

МАҚОЛАҲО

САЛАФИҲОРО БЕҲТАР БИШИНОСЕМ!

Ба касе пӯшида нест, ки имрӯз олами исломро як идда ҳаракату равияҳои ифротӣ ва даҳшатафкан ноором сохтаанд. Баъзан дар адабиётҳои оммавӣ андешаҳое вомехӯранд, ки онҳо барои тамоми ҷомеаи башар хатарнок ва музиранд. Аммо ин андеша он қадар саҳеҳ нест, зеро ин ҳаракату гуруҳҳои ифротӣ аз тарафи доираҳои махсуси зиддисломӣ ташкил мешаванд ва фаъолияти онҳо зери назорат буда, пайваста ба танзим дароварда мешаванд. Аз ин рӯ, онҳо барои ҷомеаҳое, ки мусулмон нестанд, аслан хатаре эҷод намекунанд ва барои эҷоди хатар замина ва неруи кофӣ ҳам надоранд. Бинобар ин, тамоми фаъолияти онҳо ба олами ислом нигаронида шудааст ва ҳадаф ҳам аслан яктост – бояд пеши роҳи рушди олами ислом гирифта шавад. Доираҳои хориҷӣ аз таърихи рушди олами ислом хуб бохабар буда, нағз медонанд, ки дин ҳамчун ҷаҳонбинии ғайриилмӣ дар тули таърих вазифаи садгузориро барои пешрафти ҷомеа хеле нағз адо кардааст ва имрӯз ин вазифаро ҳаракату равияҳои ифротӣ бо ҳадафҳои бунёди ҷомеаи исломӣ, исломи ноб, исломи суннатӣ, пайравӣ ба суннати пайғамбар муттасил пайгирӣ карда истодаанд. Ҳадафҳои номбаршуда, ки ҳамагӣ сунъӣ, сохташуда буда, ҳеҷ рабте бо таърихи воқеии ислом надоранд, барои роҳандозӣ намудани ҳадафҳои геосиёсии хоҷагони хориҷии ҳаракату равиҳои ифротии фавқуззиккр хеле мувофиқанд. Зеро ҳадафҳои номбаршуда танҳо утопия, яъне силсилахаёлҳои беохири татбиқнашаванда буда, ҳадафи асосӣ ноором сохтани ҷомеаҳои исломии аз хондан дарканорафтода ва бад-ин васила гирифтани пеши роҳи рушди онҳо, ғорат намудани сарватҳои табиияшон ва роҳбар-роботи банда (ғулом)-ро бар сари ин халќњои мусулмон гузоштан аст. Чуноне ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ҳадафҳои баёншударо ҷараёни ифротии салафия дар муқоиса бо дигар ҳаракату равияҳо беҳтар амалӣ менамояд. Дар аксари кишварҳои мусулмоннишине, ки дар ибтидои қарни XXI таҳаввулотҳои сиёсӣ сурат гирифту ба ҷойи ҷомеаҳои орому рушдкунанда ҷомеаҳои тафриқашуда, низоъкунанда ва пуркинаю пурадоват бунёд ёфт, салафиҳо даст доштанд. Яъне, салафиҳо чунин як умумияти динӣ-сиёсие мебошанд, ки онҳо дар тамоми олами ислом паҳн шудаанд ва хоҷагони хориҷияшон дар куҷое, ки хоҳанд онҳоро чун аскари қаторӣ истифода мебаранд. Барои ноором сохтани ҳар кишвар шумораи ками онҳо низ кифоя аст. Чун хоҷагони хориҷияшон зарур шумориданд, ҳаммаслакони гумроҳашонро аз дигар манотиқ барои кӯмаки онҳо мефиристанд. Онҳо гумон мекунанд, ки ҳаммаслаконашон дар ҳолатҳои тангӣ тибқи таълимоти ислом ба мадади онҳо меоянд, бехабар аз он ки онҳо пиёдакунандагони сиёсати душманони исломанд. Мисоли равшани ҳақиқати мазкур ҳодисаҳои Ливия аст. Мардуми ин кишвар то дахолати салафиҳо бо дастгирии хоҷагони хориҷияшон дар кадом шароит мезистанду ин муборизони «исломи ноб» барои аҳли Ливия кадом шароитро бунёд карданд. Акнун саволе пайдо мешавад, ки салафиҳо чӣ гуна ашхосанд, ки онҳо то ба ин сатҳ ба мардуми мусулмон хатарноканд? Агар гӯем, ки онҳо пайравони Ибни Таймия мебошанд, ҷавоб пурра саҳеҳ нахоҳад буд. Зеро Ибни Таймия ҳамчун донишманди исломӣ дар шароити ҳукмронии муғулҳо зисту шароити нав дар зеҳни ӯ тасаввуроти хосро доир ба ислом эҷод намуд. Ҳам Ибни Таймия худаш аз тарафи имомони мазҳабҳои маъмул маҳкум шуда буд ва ҳам таълимоташ дар тули асрҳои зиёд мавриди пайравӣ қарор намегирифт. Дуруст аст, ки таълимоташ дар шароити нав, шароите, ки муғулҳои мусулмон тибқи қонуни Чингиз зиндагӣ мекарданд, эҷод шуда буд. Аммо таълимоти ў ногузирии тағйиротҳои иҷтимоиро ба инобат намегирифт, аз ин рӯ, иртиҷоӣ ва номуваффақ маҳсуб меёбад. Маҳз ба хотири хусусиятҳои иртиҷоияш душманони хориҷии ислом таълимоти Ибни Таймияро ҳамчун таълимоти муқовиматкунанда ба тағйироту рушд хеле мувофиқ маҳсуб дониста, онро ҳадафмандона истифода бурда истодаанд. Ба қавли дигар, барои ҷаҳони пешрафта пайдо шудани олами исломи рушдкунанда њамчун рақиб лозим нест. Барои онҳо манфиатовар он аст, ки олами ислом чун бозори ашёи хом боқӣ монаду пайваста мавриди истисмору таҳқир қарор гирад. Барои роҳандозӣ намудани сиёсати мазкур онҳо таълимоти Ибни Таймияро заминаи ғоявии салафия қарор доданд. Ба қавли дигар, хоҷагони хориҷии салафия таълимоти Ибни Таймияро бо дасти салафиҳо барои гирифтани пеши роҳи рушди илму техника мақсаднок истифода бурда истодаанд. Ҳамчунин салафиҳоро пайравони Абдулваҳҳоб номидан низ пурра дуруст нест. Зеро тасаввуроти салафиҳо дар бораи қабрҳо ё ба шакли хос хондани намоз василае беш нест. Худи Абдулваҳҳоб бо роҳнамоию кумаки бевоситаи хориҷиҳо ба сари қудрат омада буд. Хориҷиҳо ӯро маҳз барои ҳадафҳои муайяни геосиёсияшон ба сари қудрат оварда буданд, вагарна баврои як хориҷии ғайримусулмон чӣ фарқ дорад, ки мусулмон чӣ тавр намоз мегузорад ё барои хориҷӣ ба сари қабр рафтани мусулмон чӣ аҳамияте дорад? Унсурҳои зикршуда танҳо барои ташкили як умумияти хоси сиёсӣ-динӣ ва тафриқа дар олами ислом заруранду халос. Зеро салафиҳо аз маънои ояти 18 аз сураи «Фотир» «Ва ҳеҷ бардорандае бори дигареро намебардорад» ба хубӣ огаҳанд. Дар ин маврид мардум низ мегӯянд: «Гӯри ту ҷудо асту гӯри ӯ ҷудо». Аммо асл ин ҷо ҳадафи ҳоҷагони хориҷӣ таъиннамуда аст, на унсурҳои алоҳидаи динӣ. Ҳамчунин мавқеи Албонӣ низ, ки онҳоро пайрави саҳобаҳои аввал – салафи солеҳ мешуморад ва чунин мавқеъро худи онҳо низ пуштибонӣ мекунанд, асос надорад. Мафҳуми «салафи солеҳ», ки дар баъзе адабиётҳои динӣ дучор меояд, мафҳуми бофташуда аст. Ибтидои таърихи ислом пур аз низою муноқиша мебошад. Ҷанги Ҷамал бо иғвои Талҳаю Зубайр (Ёрони биҳиштӣ) рух додааст. Дар ҷанги Сиффин низ, ки байни Алӣ ва Муовия рух доду 70 000 нафар кушта шуд, барои ҳокимиятталабӣ ба вуқуъ пайваста буд. Дар ҷанги мазкур бо тавсияи Амр ибни Ос, яке аз саҳобаҳои маъруф барои фиреб намудани душманон – саҳобаҳои дигар Қуръонро болои найзаҳо гирифта буданд. Тасаввур намоед, ки имрӯз чӣ касе ҷуръат намуда, Қуръонро сари найза мегирад? Халифаи сеюм- Усмонро барои беадолатиҳояш дар тақсими сарват ва мансабҳо кушта буданд. Чунин ҳолатҳои шигифтангез дар таърихи ислом хеле зиёданд. Аз ин рӯ, ибораи «Салафи солеҳ» танҳо барои фиреби мусулмонони аз таърих ва моҳияти дини ислом ноогоҳ сохта шудааст. Дар асоси далоили баёнгардида салафиҳоро пайравони салафи солеҳ номидан бар дурӯғ дурӯғи дигареро зам кардан аст. Барои воқеъбинона, дуруст ва ба таври боварибахш боз намудани табиати аслии салафиҳо зарур аст, ки онҳоро ба ду гурӯҳ бояд ҷудо намуд: салафиҳои қаторӣ ва салафиҳои боломақом ё сатҳи баланди роҳбарӣ. Дар байни ин ду гурӯҳ агарчанде умумиятҳои зиёде вуҷуд доранд, ба ҳамон миқдор дар байни онҳо тафовут низ дида мешавад. Аввалин умумияти онҳо дар он ифода меёбад, ки ҳамаи онҳо салафӣ номида мешаванд ва бо ин ном ифтихор ҳам мекунанд. Сониян, ҳамаи онҳо аз рӯи эътиқод аз ҷумлаи мусулмонон маҳсуб дониста мешаванд, ҳадди ақал онҳо худро мусулмон меноманд. Нишонами сеюми умумияти байни онҳо дар он ифода меёбад, ки

МАҚОЛАҲО

Усулҳои инъикоси ташаккули шуури динии ҷомеа дар фазои иттилоотӣ ва мушкилиҳои ҳамоиши арзишҳои динӣ бо арзишҳои миллӣ

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои иттилоотӣ босуръат рушд доранд, шуури динии ҷомеа низ таҳти таъсири васоити ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва манбаъҳои электронии иттилоот қарор дорад. Агар дар гузашта ташаккули шуури динӣ асосан тавассути муассисаҳои динӣ, оила ва муҳити маҳаллӣ сурат мегирифт, имрӯз интернет, телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба манбаи асосии ташаккули дидгоҳи инсон табдил ёфтаанд. Бояд қайд намуд, ки мафҳум ва моҳияти шуури диниро чунин шарҳ дод: Маҷмӯи ақидаҳо, эҳсосот ва арзишҳои инсон нисбат ба воқеияти илоҳӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки дар асоси эътиқод ташаккул меёбад. Он як ҷузъи муҳими шуури иҷтимоӣ буда, дар тарбияи маънавӣ ва рафтори инсон нақши калидӣ мебозад. Ташаккули шуури динӣ аз омилҳои зерин вобаста аст: муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангӣ; сатҳи маърифати динӣ; сиёсат ва қонунгузории давлатӣ дар соҳаи дин; дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоотӣ. Аммо дар мавзуи фазои иттилоотӣ ва нақши он дар ташаккули шуури динӣ чунин метавон гуфт, ки фазои иттилоотӣ имрӯз на танҳо воситаи паҳнкунии ахбор, балки муҳити таъсиррасон ба шуури инсон шудааст. Дар ин фазо усулҳои гуногуни ташаккули шуури динӣ дида мешаванд: аз ҷумла усули маърифатӣ, ки ба пешбурди барномаҳои омӯзишӣ, лексияҳо, подкастҳо ва курсҳои онлайн оид ба таълимоти динӣ, ки ба боло бурдани сатҳи маърифати динӣ равона шудаанд. Ҳамчунин усули иттилоотӣ-иртиботӣ, ки ин усули истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, YouTube, TikTok ва ғ.) барои таблиғи арзишҳои динӣ ва мубодилаи фикр миёни уламову ҷавонон. Боз усули фарҳангӣ-эстетикӣ, ки Инъикоси арзишҳои динӣ дар филмҳо, адабиёт, мусиқӣ ва санъат, ки ба эҳсосоти инсон таъсир мерасонанд ва муҳити мусоид барои таҳкими маънавият фароҳам меоранд. Инчунин усули таҳлилӣ ва танқидӣ, ки таҳлили илмии матлабҳои динӣ дар расонаҳо, ки ба таври оқилона аз ифрот ва таассуб ҷилавгирӣ менамояд ва шуури мутавозини динӣ ба вуҷуд меорад. Мавриди зикр аст, ки мушкилиҳои ҳамоиши арзишҳои динӣ бо арзишҳои миллӣ яке аз масъалаҳои ҳассоси ҷомеаи муосир гардидааст, ки ин мутобиқ сохтани арзишҳои динӣ бо арзишҳои миллӣ мебошад. Ҳарчанд дин ва миллат ҳар ду ҷузъҳои муҳими ҳувияти инсонанд, дар баъзе мавридҳо байни онҳо ихтилофоти назариявӣ ва амалия ба вуҷуд меояд. Аз ин хотир метавон гуфт, ки мушкилоти асосӣ чунинанд: Фаҳмиши нодурусти дин, ва паҳншавии тафсирҳои ифротгароёна дар фазои иттилоотӣ боиси дуршавӣ аз арзишҳои миллӣ мегардад. Ҳамчунин бегонашавии фарҳангӣ, тақлид ба фарҳангҳои хориҷӣ бо ниқоби «исломӣ» метавонад арзишҳои миллиро заиф гардонад. Боз метавон гуфт набуди саводи иттилоотӣ ва динӣ, ки ҷавонон на ҳамеша қодир ба фарқ кардани манбаъҳои боэътимод аз иттилооти бардурӯғ ҳастанд. Инчунин метавон гуфт, ки яке аз мушкилиҳои ҳамоиши арзишҳои динӣ бо арзишҳои миллӣ Масоили сиёсӣ ва идеологӣ мебошад. Гоҳе гуруҳҳои манфиатҷӯ арзишҳои динӣ ва миллиро барои ҳадафҳои сиёсӣ истифода мебаранд. Мавриди таъкид аст, ки барои роҳҳои ҳалли ин мушкилот ва барои ҳамоиши муваффақи арзишҳои динӣ ва миллӣ бояд системаи маърифати динии илмӣ таҳким ёбад, ҳамчунин воситаҳои иттилоотӣ барои пешбурди фарҳанги таҳаммул ва ватандӯстӣ истифода шаванд, уламои динӣ ва мутахассисони фарҳангӣ ҳамкорӣ кунанд, сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ва иттилоот дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ роҳандозӣ гардад. Дар маҷмуъ гуфтан мумкин аст, ки шуури динии ҷомеа дар фазои иттилоотӣ наметавонад аз муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷудо бошад. Барои устувории он, мутобиқати арзишҳои динӣ бо арзишҳои миллӣ зарур аст. Танҳо дар шароите ки дин ва миллат якдигарро пурра ва такмил мекунанд, метавон ҷомеаи боэътиқод, маърифатнок ва мутамаддинро, ки ба арзишҳои миллӣ ва пойдории давлат замина мешавад, бунёд кард. Исоев Насимҷон – сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО

Таълимоти ғайриқонунии динӣ, хурофотпарастӣ, ҷаҳолат ва андешаҳои ифротӣ

Дар ҳама давру замон тоифае вуҷуд дорад, ки дидаву дониста одамонро ба сӯи гумроҳӣ ва ҷаҳолат мебарад. Дар ҳаққи чунин афрод гуфта мешавад «худ гумроҳ шуда ва дигаронро ҳам гумроҳ менамоянд» (Риёзу-с-солиҳин, 1392). Дар љомеа одамоне ҳастанд, ки мепиндоранд, роҳи рост фарзандонро ба назди баъзе шахсони ба ном «мулло» бурда, дар ҳуҷраҳо таълим додан аст. Таълимоти пинҳонӣ ва беназорати кӯдакону наврасон дар назди шахсони тасодуфӣ ғайриқонунӣ аст. Мутаассифона вақтҳои охир ин амал рӯ ба афзоиш овардааст. Бояд зикр намоем, ки мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ барои таълимоти ғайриқонунии динӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбнӣ шудааст. Барои бори аввал машғул шудан ба таълимоти ғайриқонунии динӣ ҷаримаҳои сангин ва дар ҳолати такрор намудани чунин кирдор то се сол аз озодӣ маҳрум намудан пешбинӣ шудааст. Ин ба он хотир аст, ки вақте фарзандони моро шахсони тасодуфӣ, ки худ саводи кофӣ надоранд таълими динӣ медиҳанд, мо фикру ақидаҳои чунин шахсони ба ном «муаллим»-ро намедонем, ки оё андешаҳои онҳо ба мазҳаби Имоми Аъзам созгор аст ё не? Чунин шахсон метавонанд, ки дидаву дониста ба кӯдакону наврасон дар бораи дин тасаввуроти нодуруст талқин намуда, дар мафкураи онҳо ақидаҳои хурофотӣ ва ифротиро ҷой намоянд. Мусаллам аст, ки майнаи кӯдакону наврасон осебпазир буда, афкору ақидаи онҳоро ба тарафи нодуруст будан кори осон аст. Дар ин синну сол ба кӯдакону наврасон ҳар чӣ талқин карда шавад, онро ҳақиқат меҳисобанд ва ба худ қабул мекунанд. Дар натиҷа фарзандони мо дар як муддати кӯтоҳ метавонанд хурофотпарсту ифротгаро шаванд. Бинобар ин, таълимоти ғайриқонунии динӣ заминаи мусоид барои коштани тухми хурофот ва ифротгароӣ аст. Агар таҳлил кунем, аксари онҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё ба сафи ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ пайваста, ба куштори мусулмонон даст задаанд, дар хурдӣ дар ҳуҷраҳо таълимоти кунҷакӣ ва ғайриқонунии динӣ гирифтаанд. Ва маҳз таълимоти ғайриқонунии динӣ барои ба роҳи ифрот қадам мондани онҳо замина шудааст. Солҳои навадум аксари одамон фарзандони худро ба назди шахсони шубҳанок бурда монданд, ки аксари чунин «муллоҳо» аъзоёни ташкилоти террористӣ ва экстремистии «Ҳизби наҳзати исломӣ» буданд. Чунин «муаллимҳо»-и наҳзатӣ ба кӯдакону наврасон ба истилоҳ «дарс» дода, дар мафкураи онҳо афкори эътирозиро ҷой карданд. Оқибат ақидаи мардум хурофотӣ шуда, бо фармони хоҷагони хориҷӣ аз ҷониби ТТЭ «Ҳизби наҳзати исломӣ», ҳаммаслакон ва ҳамақидаҳои онҳо, инчунин шахсоне, ки таълими кунҷакии динӣ гирифта буданд, бо мақсади аз байн бурдани Тоҷикистон ва миллати тоҷиқ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Дар натиҷа ҳудуди 150 ҳазор одамони бегуноҳ кушта, ҳазорҳо кӯдакон ятим монданд, шаҳрҳо ва деҳаҳои обод валангор шуданд ва ба ҷумҳурӣ беш аз 12 миллиард доллар зарар расонида шуд. Ин аст оқибати таълимоти ғайриқонунии динӣ! Бинобар ин, барои гирифтани пеши роҳи ифротгароӣ мо набояд бетараф бошем. Дар маҳалҳо масъулони деҳа – ходимони дин, раисони маҳаллаҳо, аҳли диёр дар ҳоле, ки аз чунин кирдори ғайриқонунӣ огоҳи пайдо кунанд, бояд ҳатман пеши роҳи онро гиранд, агар худ натавонанд мақомоти ҳифзи ҳуқуқро хабардор созанд. Ҳамчунин масъулони мактабҳо бояд ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Агар бинанд, ки талабае чанд муддат ба мактаб намеояд, аз ҳоли ӯ бохабар шаванд. Зеро кӯдакону наврасон фарзандони моянд. Вақте дар ҳуҷраҳо ғайриқонунӣ таълими динӣ мегиранд, аз дарсҳои мактаб канор монда, ҷоҳил мешаванд. Ҷаҳолат заминаи мусоид барои хурофот ва хурофот қадам ба сӯи ифротгароӣ аст. Мисоли равшани он Афғонистон аст. Дар он кишвар ҳар кас хост, ба кӯдакону наврасон дар хонааш дарси динӣ дод. Кӯдакон аз таълимоти дунявӣ дур монданд, хурофотпарасту ифротгаро шуданд, илм хору залил гашт. Оқибат Афғонистон ба харобазор табдил ёфт, ҳар рӯз қатлу куштор, ҳар рӯз амалҳои террористӣ, мардум овораву саргардон, истеҳсолот аз байн рафт, ҳол то ҳадде табоҳ шуд, ки ғорату одамрабоиву одамкушӣ воситаи дарёфти қути лоямут гардид. Баҳри пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ мо ҳаргиз бояд бетараф набошем! Нагузорем, ки фарзандони мо хурофотпараст ва ифротгаро шаванд, нагузорем, ки шахсони тасодуфӣ ба мафкураи фарзандони мо ақидаҳои экстремистиро ҷойгир намуда, онҳоро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода баранд. Мақсади ташкилотҳои ифротӣ бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намудани наврасону ҷавонон аст. Бо ин мақсад имрӯзҳо аз ҷониби ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дар шабакаи интернет тарғиботу ташвиқоти густурда ба роҳ монда шудааст. Саҳифа, гурӯҳ ва каналҳои махсус таъсис дода, шабу рӯз ақидаҳои ғаразноки диниро паҳн мекунанд. Дар аввал чунин менамояд, ки дар чунин саҳифаҳои интернетӣ масъалаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ паҳн карда мешаванд. Дар асл, чунин нест! Дар ҳолати аъзо шудан ба чунин гурӯҳҳо ва каналҳои ба ном исломӣ ва тамошову мутолиаи пайвастаи матлабҳо ва наворҳои видеоӣ, андешаи кас дигаргун шуда, дар мафкураи ӯ ақидаҳои зиддимазҳабӣ ва зиддидавлатӣ ташаккул меёбанд. Чунин ҷавонон ақидаҳои экстремистиро ба худ дуруст қабул намуда, мепиндоранд, ки дини ислом ҳамин аст! Гумон мекунанд, ки дини ислом ин ҷиҳод, ҳиҷрат ва қатлу куштор аст. Маҳз чунин андешаҳо садҳо ҷавонони тоҷикро водор сохтанд, ки ба Ироқу Сурия рафта, террорист шаванд. Бинобар ин, мо бояд таълимоти ғайриқонунии диниро решакан кунем. Онҳое, ки мехоҳанд таълимоти динӣ гиранд, барояшон аз тарафи давлат тамоми шароитҳо муҳаё аст ва онҳо метавонанд ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон дохил шаванд. Инчунин, барои ҳалли масъалаҳои динӣ сомонаи расмии Маркази исломӣ фаъолият мекунад, ки ба саволҳои динӣ мувофиқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ посухҳои саривақтӣ дода мешавад. Моро шарт ва зарур аст, ки ҳама чун як тан дар зери ливои миллат муттаҳид бошем, сарбозу сарсупоридаи Ватан бошем ва сулҳу суботи кишварамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мо бояд ба қадри неъмати бебеаҳо – амният ва сулҳу субот бирасем ва дар ҳифзу ҳимояи Ватани азиз ҳарис бошем. А.Ваҳобзода Муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Прокрутить вверх