МАҚОЛАҲО

МАҚОЛАҲО

Бахшида ба рӯзи дониш: САБАҚИ ИБНИ СИНО БА ҶАВОНОНИ ИМРӮЗ: «МАН ДАР СОҲАИ ХУД БЕҲТАРИН ҲАСТАМ!» – ШИОРИ ҲАР ЯК МУТАХАССИСИ ТОҶИК

Бешубҳа, дар тамоми давраҳои таърих пешрафти ҷомеа, шукуфоии давлат ва сарбаландии миллатҳо пеш аз ҳама ба сатҳи дониш, маърифат ва фарҳанги мардум вобаста будааст. Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ки миллатҳое, ки ба илму дониш такя кардаанд, тавонистаанд дар арсаи тамаддуни башарӣ мақоми шоистаро касб намоянд. Мардуми тоҷик низ аз қадимулайём миллати фарҳангсолор ва донишпарвар буда, фарзандони фарзонае чун Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Закариёи Розӣ, Абунасри Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳо чеҳраҳои дигари барҷастаро ба ҷаҳониён тақдим намудааст. Танҳо Абӯалӣ ибни Сино беш аз 450 рисола дар соҳаҳои мухталифи илм навиштааст, ки то замони мо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Аз ин шумора, 150 рисола ба илми фалсафа ва беш аз 40 рисола ба соҳаи тиб бахшида шудаанд. Машҳуртарин осори ӯ – «ал-Қонуну фи-т-тиб» (Қонуни тиб) ва «аш-Шифо» (Китоби шифо) – дар донишгоҳҳои Аврупо то садаи XIX чун китобҳои дарсӣ тадрис мешуданд. Ин худ гувоҳи он аст, ки вусъат ва амиқии дониши як инсон метавонад ба сатҳе бирасад, ки асрҳои дароз дар тамоми ҷаҳон мавриди истифода қарор гирад. Аммо шояд муҳимтар аз худи осори гаронбаҳои Ибни Сино, роҳи расидан ба ин қуллаҳои баланди илму маърифат бошад. Зеро мероси воқеии ӯ на танҳо садҳо китобу рисолаҳои илмӣ, балки намунаи олии донишҷӯӣ, меҳнатдӯстӣ, худсозӣ ва талоши пайвастаи ӯ барои расидан ба камол мебошад. Маҳз ҳамин паҳлуи рӯзгор ва талошҳои илмии Шайхурраис (лақаб ё дараҷаи илмии Ибни Сино) барои ҷавонони имрӯз намунаи барҷастаи ибрат аст. Бино ба ақидаи муаррихон ва зиндагиноманависон, ӯ ҳанӯз дар синни ҳаждаҳсолагӣ ба умқи тамоми улуми замони худ расида буд. Худи ӯ дар тарҷумаи ҳолаш чунин гуфтааст: «Вақте ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидам, омӯзиши тамоми ин илмҳо (илмҳои замонаи худро – Ф. Х.) ба поён расонда будам. Дар он рӯзгор ҳофизаи ман нисбат ба имрӯз қавитар буд, вале имрӯз донишу дарки ман дар улум пухтатар ва амиқтар шудааст. Бо вуҷуди ин, появу мояи илмии ман ҳамон аст, ки дар он замон омӯхта будам ва чизи нави дигаре бар он афзуда нашудааст». Дар ҷои дигар мегӯяд: «…тамоми илмҳоро ба таври устувор аз худ намудам ва то ҳадди имкони шахсӣ ва тавоноии инсонӣ бар онҳо огоҳӣ ёфтам». Ин иқрори самимӣ ва таърихии Шайхурраис гувоҳи он аст, ки ӯ дар баҳори умри худ калиди тамоми улуми роиҷи замонро ба даст оварда, ба мақоми олии тахассус расида буд. Бояд қайд кард, ки доираи илмҳое, ки Ибни Сино дар онҳо ба камол расида буд, танҳо ба тиб ва фалсафа маҳдуд намешуд. Ӯ дар илми ҳайат (ахтаршиносӣ), кимиё, заминшиносӣ, мантиқ, риёзиёт, физика, равоншиносӣ ва ҳатто шеър низ дасти тавоно дошт. Ӯро ба ҳақ «падари пизишкии муосир», «падари геология» ва асосгузори мантиқи синоӣ меноманд. Шояд барои баъзе ҷавонони имрӯз чунин намуна ғайривоқеӣ ва дастнорас намояд. Шояд касе бигӯяд: «Ибни Сино куҷову мо куҷо?! Ӯ нобиғаи аср, алломаи даҳр ва шахсияти нодиру нотакрор буд. Магар касе метавонад ба пояи ӯ бирасад?» Бале, дуруст аст, ки Абӯалӣ ибни Сино воқеан нобиғаи таърих ва яке аз чеҳраҳои истисноии тамаддуни башарӣ буд. Вале мақсад аз ёдоварии ӯ ин нест, ки ҳар як ҷавон ҳатман бояд тамоми илмҳои замони худро фаро гирад ва ё ба мақоми Ибни Сино бирасад. Биёед ба ин масъала аз дидгоҳи замони муосир назар андозем: Имрӯз аз ҷавони мо талаб карда намешавад, ки мисли Сино тамоми илмҳои даврон – аз тиббу фалсафа то нуҷуму мусиқиро ба таври куллӣ фаро гирад. Зеро замони мо замони тахассусҳои маҳдуд ва амиқ аст. Чӣ мешавад, агар ҳар як донишҷӯ, ҳар як хонанда ва ҷавони мо танҳо дар як соҳаи интихобкардаи хеш чунон мутахассиси забардаст гардад, ки бо боварии комил ва сари баланд бигӯяд: “Ман дар ихтисоси худ то ба ҳадди ниҳоӣ моҳир шудаам ва кишварам метавонад дар ин самт ба донишу сифати кори ман такя кунад!” Агар Ибни Сино дар шароити ҳазору чанд соли пеш, бидуни интернет, бидуни китобхонаҳои рақамӣ ва технологияҳои муосир, дар синни ҳаждаҳсолагӣ ба умқи илмҳои даврон расида бошад, чӣ монеае вуҷуд дорад, ки ҷавони имрӯзаи мо бо ин ҳама имкониятҳои муҳайёкардаи давлату ҳукумат, ҳатто дар як соҳаи мушаххас (масалан, барномасозӣ, муҳандисӣ, биотехнология ё тиб) мутахассиси дараҷаи аввал ва замонавии кишвари худ нагардад? Дар замони мо ҷавонон аз имкониятҳое бархурдоранд, ки наслҳои пешин ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонистанд. Интернет, китобхонаҳои рақамӣ, курсҳои омӯзишии байналмилалӣ ва воситаҳои муосири иртиботӣ имкониятҳои фарохеро барои донишомӯзӣ фароҳам овардаанд. Аз ин рӯ, муваффақият имрӯз бештар аз ҳар вақти дигар ба ирода, ҳадафмандӣ ва меҳнати худи инсон вобаста аст. Чаро ҳар як ҷавони мо бо ифтихор ва бо виҷдони ором натавонад бигӯяд: «Ман дар соҳае, ки таҳсил кардаам, тамоми қувва, вақт ва тавоноии худро сарф намудаам ва кӯшидаам то ба ҳадди имкон мутахассиси варзида ва донишманди соҳаи худ бошам». Ҷомеа аз мо талаб намекунад, ки ҳама нобиға бошем, вале ҳақ дорад аз мо талаб кунад, ки дар касбу ихтисоси худ саҳлангор, сатҳӣ ва миёнаҳол набошем. Зеро пешрафти миллат на аз ҳисоби нобиғаҳои ангуштшумор, балки пеш аз ҳама ба шарофати ҳазорон мутахассиси босавод, виҷдонманд ва масъулиятшинос таъмин мегардад. Ҷомеа ба табибони донишманд, омӯзгорони соҳибмаърифат, муҳандисони соҳибкасб, иқтисоддонҳои кордон, олимони навовар ва мутахассисони содиқу ватандӯст ниёз дорад. Имрӯз ҷомеаи мо пеш аз ҳама ба диплом не, балки ба дониш, маҳорат ва сифати баланди касбӣ ниёз дорад. Обрӯи ҳар як миллат ва рақобатпазирии ҳар як давлат пеш аз ҳама аз сифати мутахассисони он вобаста аст. Бинобар ин, фарҳанги сатҳигароӣ ва қаноат кардан ба дониши нопурра бояд ҷойи худро ба фарҳанги камолот, масъулиятшиносӣ ва касбияти баланд диҳад. Дар ҷаҳони муосир замони донистани ҳама чиз гузаштааст. Имрӯз замони мутахассисони воқеӣ ва соҳибмаҳорат аст. Маҳз ҳамин гуна мутахассисонанд, ки давлатҳоро пешрафта, иқтисодҳоро пурқувват ва ҷомеаҳоро обод месозанд. Аммо тахассусмандӣ ҳолати якбор ба даст оянда нест; маҳорати касбӣ ё соҳибихтисос шудан чизе нест, ки онро танҳо як маротиба ба даст оварда, ором бишинем. Ин раванд якдафъаина набуда, балки кӯшишу талоши мунтазамро талаб мекунад. Дар ҷаҳони муосир, ки дониш ва технологияҳо бо суръати бесобиқа тағйир ёфта, такмил меёбанд, мутахассиси воқеӣ касест, ки омӯхтанро ҳеҷ гоҳ қатъ намекунад. Имрӯз дар ҷаҳон мафҳуми «омӯзиши якумрӣ» (lifelong learning) ба яке аз арзишҳои асосии ҷомеаи донишбунёд табдил ёфтааст. Донишгоҳ танҳо оғози роҳи донишомӯзист, на поёни он. Бинобар ин, барои ҷавонони мо муҳим

МАҚОЛАҲО

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ТАЪРИХӢ

Истиқлолияти сиёсӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии барои ҳар як миллат ба шумор меравад. Истиқлолият ба халқ имкон медиҳад, ки сарнавишти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро мустақилона муайян намуда, дар ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр ҷойгоҳи хешро пайдо кунад. Барои мардуми тоҷик истиқлолияти давлатӣ на танҳо як рӯйдоди сиёсӣ, балки натиҷаи як раванди тӯлонии таърихӣ, мубориза барои ҳифзи ҳувияти миллӣ ва талош барои эҳёи давлатдории миллӣ мебошад. Тоҷикон ҳамчун яке аз халқҳои қадимии Осиёи Марказӣ дорои таърихи бой ва фарҳанги чандинҳазорсола мебошанд. Дар тӯли таърих дар сарзамини тоҷикон давлатҳои бузург ва марказҳои муҳими тамаддунӣ ба вуҷуд омадаанд. Давлати Ҳахоманишиён, давлати Сосониён, давлати Сомониён ва дигар давлатҳои таърихӣ дар ташаккули давлатдорӣ, фарҳанг ва худшиносии мардуми тоҷик нақши муҳим гузоштаанд. Махсусан, давлати Сомониён ҳамчун яке аз намунаҳои барҷастаи давлатдории миллӣ дар хотираи таърихии тоҷикон мақоми махсус дорад. Оиди заминаҳои таърихии давлатдории тоҷикон ҳаминро бояд қайд намуд, ки таърихи давлатдории тоҷикон ба давраҳои хеле қадим мерасад. Сарзаминҳои имрӯзаи Тоҷикистон дар давраҳои гуногуни таърихӣ қисми давлатҳои бузурги минтақа буданд. Бохтар, Суғд ва дигар минтақаҳои таърихии Осиёи Марказӣ марказҳои муҳими иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб мерафтанд. Дар аҳди қадим дар ин сарзаминҳо тамаддунҳои пешрафта ташаккул ёфта буданд. Шаҳрҳо, роҳҳои тиҷоратӣ, ҳунармандӣ ва кишоварзӣ рушд мекарданд. Ҷойгиршавии минтақа дар масири Роҳи бузурги абрешим барои густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои гуногун мусоидат менамуд. Яке аз марҳилаҳои муҳим дар таърихи давлатдории халқҳои эронитабори минтақа давраи Ҳахоманишиён мебошад. Дар асрҳои баъдӣ низ давлатҳои гуногун дар минтақа ҳукмронӣ карданд. Таъсири тамаддунҳои юнонӣ, эронӣ, ҳиндӣ ва дигар фарҳангҳо дар ташаккули муҳити фарҳангии Осиёи Марказӣ нақши муҳим дошт. Дар давраи Сосониён низ минтақаҳои тоҷикнишин дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии ҷаҳони эронӣ мақоми муҳим доштанд. Забон ва фарҳанги эронӣ дар ин сарзаминҳо инкишоф ёфтанд ва баъдан барои ташаккули фарҳанги асримиёнагии тоҷик замина фароҳам оварданд. Марҳилаи махсусан муҳим дар таърихи давлатдории тоҷикон давраи Сомониён мебошад. Давлати Сомониён дар асрҳои IX–X ба яке аз марказҳои бузурги сиёсӣ ва фарҳангии Мовароуннаҳр ва Хуросон табдил ёфт. Бухоро ҳамчун маркази сиёсӣ ва фарҳангӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Дар ин давра илм, адабиёт, фалсафа, тиб, математика ва дигар соҳаҳои дониш рушд карданд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва дигар донишмандону адибони бузург дар муҳити фарҳангии ин давра ва баъд аз он ба камол расиданд. Махсусан, Рӯдакӣ ҳамчун падари адабиёти классикии форсу тоҷик дар рушди забони адабӣ нақши бузург гузошт. Давлати Сомониён дар таърихи худшиносии тоҷикон аҳамияти махсус дорад. Хотираи ин давлати пурқудрат дар тӯли асрҳо нигоҳ дошта шуд ва дар замони муосир ҳамчун яке аз рамзҳои давлатдории миллӣ эҳё гардид. Дар мавриди Ҳифзи ҳувияти миллӣ дар давраҳои баъдӣ мо ҳаминро метавонем бигуем, ки пас аз суқути давлати Сомониён сарзаминҳои тоҷикнишин ба ҳайати давлатҳои гуногун дохил шуданд. Ғазнавиён, Қарахониён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, Темуриён ва дигар сулолаҳо дар минтақа ҳукмронӣ карданд. Истилои муғулҳо дар асри XIII ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии минтақа зарбаи сахт расонд. Бо вуҷуди ин, забон ва фарҳанги тоҷикӣ аз байн нарафт. Баръакс, дар давраҳои баъдӣ адабиёти классикии форсу тоҷик ба сатҳи баланди рушд расид. Асарҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигар адибон барои ҳифзи забон ва фарҳанги муштараки тоҷикон ва форсизабонон аҳамияти бузург доштанд. Дар асрҳои XVIII–XIX дар минтақа аморату хонигариҳои гуногун вуҷуд доштанд. Қисме аз сарзаминҳои тоҷикнишин ба Аморати Бухоро дохил мешуданд. Дар ин давра низ марказҳои шаҳрии тоҷикнишин, аз ҷумла Бухоро, Самарқанд, Ҳисор ва дигар минтақаҳо, ҳамчун марказҳои илмӣ ва фарҳангӣ аҳамияти худро нигоҳ доштанд. Дар асрҳои баъдӣ сарзаминҳои тоҷикнишин ба ҳайати давлатҳо ва воҳидҳои гуногуни сиёсӣ дохил шуданд. Бо вуҷуди тағйироти сиёсӣ, истилои аҷнабиён ва дигар мушкилоти таърихӣ, забон, фарҳанг, адабиёт ва анъанаҳои миллии тоҷикон ҳифз гардиданд. Ин омилҳо барои нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ ва ташаккули андешаи давлатдории тоҷикон заминаи муҳим фароҳам оварданд. Дар нимаи дуюми асри XIX қисми зиёди Осиёи Марказӣ ба ҳайати империяи Русия дохил гардид. Ин раванд сохтори сиёсӣ ва иқтисодии минтақаи Осиёи Марказиро тағйир дод. Пас аз Инқилоби Октябри соли 1917 низ дар минтақа дигаргуниҳои амиқи сиёсӣ ба амал омаданд. Дар асри XX низ масъалаи худшиносии миллӣ ва давлатдорӣ барои тоҷикон аҳамияти калон дошт. Ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1924 ва баъдан таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1929 марҳилаҳои муҳими ташаккули воҳиди сиёсии тоҷикон дар давраи шӯравӣ буданд. Бо вуҷуди маҳдудиятҳои низоми шӯравӣ, дар ин давра низ барои рушди маориф, илм, фарҳанг ва ташаккули кадрҳои миллӣ заминаҳои муайян фароҳам омаданд. Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар охири асри XX барои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ имкони ба даст овардани истиқлолияти давлатиро ба вуҷуд овард. Тоҷикистон низ аз ин раванд берун намонд. 9 сентябри соли 1991 дар таърихи кишвар ҳамчун рӯзи эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шуд. Аммо ба даст овардани истиқлолият танҳо оғози марҳилаи нави таърихӣ буд. Кишвари навистиқлол бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1924 ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1929 дар ташаккули сохтори ҳудудию сиёсии тоҷикон нақши муҳим бозид. Соли 1929 Тоҷикистон ба ҷумҳурии иттифоқии мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфт. Давраи шӯравӣ дорои ҷанбаҳои гуногун буд. Аз як тараф, истиқлолияти сиёсӣ вуҷуд надошт ва қарорҳои калидӣ дар сатҳи марказии Иттиҳоди Шӯравӣ қабул мешуданд. Аз ҷониби дигар, дар Тоҷикистон шабакаи мактабҳо ва муассисаҳои илмӣ рушд кард, сатҳи саводнокӣ баланд шуд, донишгоҳҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ таъсис ёфтанд ва кадрҳои миллӣ омода гардиданд. Ҳамин тавр, дар охири давраи шӯравӣ Тоҷикистон дорои сохтори ҷумҳуриявӣ, ҳудуди муайян, мақомоти давлатӣ, кадрҳои миллӣ ва таҷрибаи идоракунии давлатӣ буд. Ин омилҳо баъдан барои ташаккули давлати мустақил аҳамияти калон пайдо карданд. Бояд қайд намуд, ки эълони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар охири солҳои 1980 ва аввали солҳои 1990 дар Иттиҳоди Шӯравӣ буҳрони амиқи сиёсӣ ва иқтисодӣ ба вуҷуд омад. Сиёсати бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ имконият дод, ки масъалаҳои миллӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ бештар мавриди муҳокима қарор гиранд. Ҷумҳуриҳои иттифоқӣ тадриҷан ба масъалаи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекарданд. Дар чунин шароит Тоҷикистон низ роҳи худро ба сӯи истиқлолият оғоз кард. 24 августи соли 1990 Эъломияи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин ҳуҷҷат яке аз қадамҳои муҳим дар роҳи ташаккули давлатдории мустақил ба ҳисоб меравад. Баъди рӯйдодҳои сиёсии моҳи

МАҚОЛАҲО

Зиёдаравию таассуб ва сахтгирию ифрот аз ислом нестанд!

Дар фазои илмӣ-таҳқиқотии ҷомеаи мо коршиносон мавзуи ифротгаройии динӣ ва хатари онро ба субот ва амнияти ҷомеа бисёр баррасӣ менамоянд ва мавриди таҳқиқу таҳлили ҷиддии илмӣ қарор медиҳанд. Аммо мавзуи таассуби динӣ ва хатари он ба ҷомеа, аз чӣ бошад, ки аз назари эшон дар канор мемонад. Вақте ба таассуби динӣ ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ назар меандозем ва кӯшиш менамоем, ки моҳият, сабаб ва пайомадҳои онро таҳқиқ намоем, дармеёбем, ки хатари он аз ифротгаройии динӣ камтар нест. Зимни таҳқиқи ҳар ду падида ва таҳлили муқоисавии онҳо ба осонӣ метавон дарёфт, ки онҳо ба ҳамдигар хеле шабоҳат доранд ва ҳатто метавон гуфт, ки ҳадафи ягонаро пайгирӣ менамоянд, зеро дар бисёр ҳолатҳо маҳз таассуб замина ё маншаи ташаккули ақидаю ҳадафҳои ифротиро ташкил менамояд. Аз ин нуқтаи назар, хатари таассуби динӣ барои субот ва амнияти ҷомеа аз ифротгаройии динӣ камтар нест. Таҳқиқи илмии моҳияти таассуби динӣ, яъне ошкор намудани чистияти он ва пайомадҳои хатарбори он ба суботу амнияти ҷомеа имкон медиҳад, ки дар баробари муқовимат эҷод намудан ба раванди ташаккулу интишори ифротгаройии динӣ ҳамзамон ба таҳкими суботу оромии ҷомеа низ саҳмгузорӣ карда шавад. Агарчанде таассуби динӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ дар таърихи тамоми динҳо дар ҳамаи марҳилаҳои он ба мушоҳида мерасад, аммо мафҳуми “таассуб”-ро дар шакли аврупоии фанатизм (лат. fanaticus «ҳаяҷони шадид, шадиднок”») бори аввал воиз ва фақеҳи фаронсавӣ Жак-Бенин Боссюэ (1627-1704) ба фазои илмӣ ворид намудааст. Ӯ протестантҳоро, ки таълимоташон на аз қоидаҳо ва муқаррароти калисо, балки пурра аз Худо вобаста аст, мутаассиб ҳисобидааст (Ru.wikipedia.org/wiki/ Религиозный_фанатизм. Рӯзи муроҷиат: 27.07.2026). Аз чунин нуқтаи назари Жак – Бенин Боссюе чунин бардошт ҳосил мегардад, ки ҳар андеша ва мавқеи бегона, чун қобили қабул нест (агарчи беасос нест, яъне аз лиҳози мантиқ асоснок ва қобили қабул аст, зеро дигар ҷониб низ ҳақ дорад, ки объекти эътиқод дошта бошад), он таассуб маҳсуб меёбад. Ҳамин тариқ, хатари таассуби динӣ барои ҳар гуна ҷомеа дар шароити ҳар чӣ бештар интишор ёфтани низоми гуфтугӯи тамаддунҳо, ҳамзистии фарҳангҳои мухталиф ва тарзи дунявии зисту пешбурди ҳаёт дар он ифода меёбад, ки он ҳама гуна афкору ақоиди бегонаро номақбул ҳисобида, бар зидди он мубориза бурданро ҳатмӣ мешуморад. Чунин нигоҳ ва мавқеъ барои ҷомеаҳои дунявию мардумсолорӣ аз он ҷиҳат хатарнок аст, ки он сарчашмаи низоъ ба ҳисоб рафта, метавонад омили пайдоиши даргириҳои хунини мазҳабӣ шавад. Қобили зикр аст, ки вожаи “таассуб” арабӣ буда, ба маъноҳои “муҳаббати беандоза ба авлод, миллат ва ҳар чизе, ки худист” ва “дилбастагии кӯр-кӯрона ” тарҷима мешавад. Ҳамин тариқ, бо дарназардошти маънои луғавӣ ва истилоҳӣ таассуби диниро метавон ҳамчун дилбастагии аз ҳад зиёд ва кӯр-кӯрона ба ғояҳои динӣ ва кӯшишу талоши зиёд барои пайравии ҳатмӣ ба онҳо дар ҳаёти амалӣ, ҳамзамон муносибати манфӣ ва бетаҳаммулона ба дину афкори бегона таъриф дод. Пайгирии мавзуи мазкур дар таълифоти муҳаққиқон бар он далолат мекунад, ки мафҳумҳои таассуб ва зиёдаравӣ аз ҷиҳати маъно ва таъиноташон ба ҳам наздиканд. Бинобар ин, иддае аз коршиносони соҳаи мазкур онро якҷо истифода мебаранд. (Ниг. Мавқеи имомҳои ислом дар нисбати таассуби мазҳабӣ ва зиёдаравӣ дар дин ва талоши онҳо барои таъмини эътидол”, (ба забони арабӣ), search. mandumah. Com /Record /1174540; “Таассуб, зиёдаравӣ ва фарҳанги эътидол”,(ба забони арабӣ ), alsabaah.ig/24016-.html.). Иддаи дигари коршиносон бар он назаранд, ки “зиёдаравӣ ба ташаддуд (дар луғат: дар чизе сахт истодагарӣ кардан), ки он таассуб аст, меоварад. Ҳамзамон бар он ишора менамоянд, ки ташаддуд ва таассуб ба татарруф (дар луғат: эътиқоди ифротӣ доштан), меоваранд, яъне асли татарруф ташаддуд ва таассуб аст, ки сабаби асосияшон зиёдаравӣ дар дин аст”. (ниг. http://www. elbalad. news/ 6275184)05.-8.2026). Сарчашмаи зикршуда, доир ба мафҳумҳои зикршуда маълумоти бештар пешниҳод намуда, ҳамзамон таъкид менамояд, ки зиёдаравӣ дар луғат “аз ҳад гузаштан аст” ва онро ном танаттуъ (дар луғат: аз ҳад зиёд сахтгир будан), ташаддуд ва тасаллуб(дар луғат: яхбаста будан) аст. Ҳамин тариқ, зимни таҳлилу таҳқиқи андешаи коршиносон доир ба таассубу зиёдаравӣ ба чунин хулосае хоҳем расид, ки онҳо дар забони арабӣ ҳангоми баррасии мафҳумҳои зикршуда инчунин мафҳумҳои ташаддуд, тасаллуб, татарруф ва танаттуъро истифода бурда, ба мавҷудияти алоқамандии маъноии онҳо ишора менамоянд. Ба қавли дигар, ҳама гуна таассубу зиёдаравӣ ҳамчун амали фитна тадриҷан ба сахтгирию ифрот оварда расонида, омили низоъю тафриқа дар ҷомеа хоҳанд шуд. Бинобар ин, дини ислом ҳама гуна зиёдаравию таассуб ва сахтгирию ифротро маҳкум намуда, дар муқобили онҳо роҳи васат ва эътидолро роҳи дуруст ва муфиди пайравӣ аз дин тавсия додааст: “ Ва ҳамчунин шуморо гурӯҳе васат (ҳамоне, ки мавқеи мобайниро ишғол менамояд -А.К.) сохтем, то бар мусулмонон гувоҳ бошед ва то расул бар шумо гувоҳ бошад” (Бақара, 143). Қобили зикр аст, ки коршиносон ба се маънои мафҳуми “Васат” ишора мекунанд: Аввал, он маънои адл ва адолатро ифода мекунад, яъне мақсад аз васат таъмини адл аст. Дуюм, бо такя бо мазмуни оятҳои 110 аз сураи “Оли Имрон” ва ояти 28 аз сураи “Қалам” он маънои беҳтаринро медиҳад, яъне бо ишғоли мавқеи васат шахс, гурӯҳ ё ҷомеа аз ҷумлаи беҳтаринҳо маҳсуб меёбад. Сеюм он ба ишғол намудани мавқеи мобайнӣ ишора менамояд, яъне байни ғулув (зиёдаравӣ) ва тақсир (саҳлангорӣ), байни ифрот ва тафрит, байни исроф ва хасисӣ (сарфакории аз ҳад зиёд). (Ал-васатияту фил-ислом. Islamweb.net. 24.08.2026. Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки вожаи “Васат”, ки аз забони арабӣ ба маъноҳои “мобайн, марказ, миёна” тарҷима мешавад, дар баъзе тарҷимаҳои тоҷикӣ “мухтор”, дар базеи дигар “беҳтарин” ва дар тарҷимаи Э. Кулиев ба маънои “ҷамоае, ки мавқеи мобайниро ишғол менамояд” омадааст. Ҳамин тариқ, дини ислом зиёдаравию сахтгириро маҳкум намуда, онҳоро аз амали ғайриисломӣ маҳсуб медонад ва бар ивази онҳо, чуноне, ки Қуръон мефармояд “ Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад”. Бақара, 185.) осонгириро тавсия медиҳад. Маънии мазкур дар ҳадис низ бо забони фасеҳ баён ёфттааст: Осонгирӣ кунед, сахтгирӣ накунед. Мардумро башорат диҳед, онҳоро тарсонда, нагурезонед. Паёмбари ислом хатари таассуб, зиёдаравӣ ва ифротгароиро дарк намуда, барои пешгирӣ аз зиёдаравӣ ва таассуб фармудааст: Аз зиёдаравӣ дар дин эҳтиёт кунед. Ҳар оина онҳое, ки пеш аз шумо буданд, ҳалок шуданд. Дар ҳадиси дигар низ фармудааст: Ҳар оина дин сабукӣ аст. Пайғамбар ҳамчунин мефармояд: Дин матин, устувор аст. Ба он бо мулоимӣ ворид шавед, яъне сайр кунед. Дар дилҳоятон ба сабаби ибодати Аллоҳ ба дин буғзу кина, бадбинӣ эҷод накунед.Ҳар оина мусофирро роҳаш қатъ гардид, аммо ҳадаф иҷронашуда монд.

МАҚОЛАҲО

Тадбир аз қувват муқаддамтар аст (Бахшида ба Рӯзи дониш)

«Мо бояд фарзандонамонро, чи писару чи духтар, хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омӯзонем, забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем». Эмомалӣ Раҳмон   Тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ ва соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир вазифаи муҳиммтарини давлат ва Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони аввали соҳибистиқлолӣ, тағйирёбии ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ барои ақидаву афкори иҷтимоӣ дар мақолаи худ «Роҳи раҳоӣ аз буҳрони азими ҳамагонӣ» 19 марти соли 1993 таъкид намуданд, ки «Мо ба илму маорифу фарҳанги ҳозиразамон, ки мояи ифтихори халқ бошаду мардум аз самараҳои онҳо бархӯрдор буда тавонад, сахт эҳтиёҷот дорем. Ба мо муҳандисону бинокорон, пилотҳою коргарон, муаллимону пахтакорон чун обу ҳаво заруранд. Майдони фаъолият ба ҳамаи онҳо мерасад. Барои ҳамин ҳам нашояд, ки кори имрӯзаро ба фардо вогузорем, мабодо дер намонем, бебозгашт аз қатор наафтем» [1]. Бо дарназардошти муҳиммияти ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010-ум инҷониб зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро самти афзалиятнок эълон карда, бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин беҳбудии шароити ҳамаи муассисаҳои таълимии мамлакат доир ба афзун гардонидани маблағгузорӣ ва таъмиру тармим, азнавсозӣ ва барқарорсозии биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои ин муассисаҳо тадбирҳои зиёдро амалӣ карда истодааст. Натиҷаи ин ғамхорист, ки Ҳукумати мамлакат дар 34 соли соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ кардааст [2]. Бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин литсей-интернатҳои президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе (20.02.1998), Турсунзода (11.07.2008), Чкалов (27.06.2009), Бохтар (10.08.2011), Хоруғ (16.08.2011), Данғара (25.09.2012), Кӯлоб (28.10.2013) аз ҷониби Президенти кишвар ба истифода дода шуд ва айни ҳол зиёда аз 163 литсею гимназия (84 литсей ва 79 гимназия), яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд, ки хонандагон дар рӯҳияи муҳаббат ба илму дониш соҳиби таълиму тарбия гашта истодаанд. Бо дарназардошти талаботи муосир, бо тамоми таҷҳизоту технологияҳои зарурии ҳозиразамон мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе (01.09.2012), бинои таълимӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ барои зиёда аз 3000 донишҷӯ бо 22 адад озмоишгоҳҳои техникӣ (01.09.2013) ва кӯдакистони президентӣ дар масоҳати се гектар дар шаҳри Хуҷанд (17.09.2013) ба истифода дод, то ки насли ояндасоз одобу ҳунар ва фарҳангро мероси худ гардонанд. Инчунин, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат сохтмони бинои марказии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино (25.11.2008), бинои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов (01.07.2010), биноҳои муҳташами факултаҳои физика, математика, геология ва биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (01.09.2010), ифтитоҳи толори нави консертӣ ва сози мусиқии арғунуни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (26.06.2011), бинои иловагии таълимии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (25.09.2013) ва дигар иншоотҳои таълимӣ ба анҷом расонида шуданд ва ин иқдоми созандагӣ идома дорад. Барои соҳибкасб гардидани насли наврас филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва, филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе, инчунин факултаи муштараки Украинаву Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологӣ, факултаи муштараки муҳандисиву техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ фаъолият доранд. Дар ин муддат, ҷавонон вобаста ба талаботи замон ба омӯзиши фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва илму техникаи навтарин машғул буда, соҳиби касбу ҳунарҳои муҳандисиву техникӣ гашта истодаанд. Бо мақсади такони тоза бахшидан ба рушди маориф, тарғиби илмҳои дақиқ ва густариши донишу маърифати техникӣ Сарвари давлат соли 2010-умро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намуданд. Эълон гардидани «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» барои рушди тафаккури техникӣ, бедории фикрии муҳаққиқони дақиқназари ҷавон нақши асосӣ бозида, аз ҷониби аҳли ҷомеа хеле хуб қабул гардид [3]. Инчунин, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Президенти мамлакат солҳои 2020 – 2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон кард [4]. Сарвари давлат бо он боваранд, ки рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад. Ғамхориҳои падаронаву роҳнамоиву пайгириҳои тулонии Пешвои муаззами миллат дар зиндагии ҳаррӯзаи мардум, дар урфу одат, ахлоқу одоб тағйироти ҷиддӣ ворид намуд ва аҳли илму маърифат ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гардидани насли наврас пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва ҷавонон низ дарк намуданд, ки бузургон номи накӯ аз илму адаб ёфтанд. Бо дарки масъулият гуфтан мумкин аст, ки вохӯриҳои ҳамасолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Дониш бо  омӯзгорону донишҷӯёни мамлакат, заминаи фарҳангии ҳастии миллатро мустаҳкам намуда, бо суханҳои хирадмандона ва пандомӯз барои ояндаи дурахшони насли наврас – асос, барои устодону омӯзгорон – дастури коргузорӣ ва барои мақомоти ваколатдор – созандагиро роҳнамоӣ мекунад. Бинобар ин, бояд падару модарон, собиқадорони меҳнату шахсони обрӯманд ва соҳибкорони бонангу номус низ Рӯзи Дониш дар паҳлӯи устодони ҳамабину ҳамадон бошанд ва якҷо донишро бо хирад омехта карда, насли наврасро ба пойгоҳи баланд расонанд. Бо иштироки пирони хирад боварӣ дорам, ки Рӯзи Дониш дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ идонатар гашта, аз иштироки онҳо насли наврас дар руҳияи анъанаҳои неки миллӣ ба камол мерасанд.   Адабиётҳо: Эмомалӣ Раҳмон, Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат., ҷилди 1, “Ирфон”, 2002, саҳ.33 Аз суханронии Президенти мамлакат ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (30.08.2025) Аз суханронии Президенти мамлакат ба муносибати Рӯзи дониш бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (09.2009) Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019   Вализода Одинашоҳ, сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО

Бо ин Ватан бифахрам!

Солҳо сипарӣ мегардад ва кас ба саҳифаҳои 35 – соли охири тайшудаи ҳаёт назар андохта, дастовардҳои беназири таърихии 35 – соли даврони Истиқлолият ва душвориҳои дар ин марҳилаи 35 солаи тайшударо пеши назар меорад. Дастовардҳо пеши назаранд ва инқадр меҳмонону саёҳони кишвар аз ин шоҳидӣ медиҳанд… Дар тўли 70- соли Иттиҳоди Шуравӣ аз забону фарҳангу динамон дур шуда истода будем. Ба масҷидҳо танҳо муйсафедон мерафтанду ҷавонон аз тарси оқибатҳо аз он дур монда, мансабдорону роҳбарон пинҳонӣ дар хонаҳояшон (бо дарҳои баста) намоз мехонданд, зеро аксарашон узви ҳизби ҳукмрони коммунистӣ буданд. Агар каси нокасе ба ҷои даркорӣ хабар медод: Алвидоъ эй вазифа! Роҳбарони ҳизбиро бе ҷаноза ва дар тобут (гроб) ба хок месупориданд. Аз ин лиҳоз соҳибони майит ўро пешакӣ шуста, пинҳонӣ ҷаноза мекарданду, баъди ба хок супоридан, қабрро дубора кофта, ҷасадро аз тобут бароварда, ба кафан печонда, лаҳад канда, дубора майитро ба хок месупориданд ва оёти қуръонӣ мехонданд. Хуллас, пинҳонӣ расму оини исломӣ ба ҷо меоварданд. Зеро дар даврони шуравӣ шиор “Дин – афсуни халқ!” буд! Ҳангоми суханронии мансабдорону халқи оддӣ 50 фисади калимаҳои таркиби забон русӣ буду забони тоҷикӣ дуюмдараҷа маҳсуб мегашт. Урфу одат, анъанаҳои миллӣ дар марҳилаи аз байн рафтан буд. Ҷашнгирии динҳои исломӣ ва миллӣ барои соҳибвазифаҳо қатъиян манъ буду агар ид ба рўзи корӣ рост меомаду коргар аз кор мерафт, муҷозот мешуд. Чопи китобҳои динӣ – роҳхат ба маҳбас! Ҳангоми хонадоршавӣ: Иҷозат танҳо қайд дар “Макони сабти ҳолати шаҳрвандон” бо кардани ангуштпона ба ангушт, тибки расми масеҳиён! Никоҳи мусулмонӣ мамнуъ! Гуш кардани радиоҳои Эрону Афғонистон ғайриимкон буд, зеро бо таҷҳизоти лозима мавҷҳоро мезаданд! Бо ҳамзабонони бурунмарзии хеш сухан рондан: Душмани давлат! Боз ҳазорҳо ҳолоти дигарро овардан мумкин аст, зеро соҳиби ин сатрҳо худ шоҳиди ҳамаи ин аҳвол буд! Шукри Худованд, ҳазорҳо роҳбарони соҳибвазифаи миллатдўсте буданд, ки баъзеҳо барои барқарории адолат шаҳид шудану баъзе роҳбарони хирадманд баъзе камбудиҳои мазкури одамонро нодида мегирифтанду бисёр сахтгирӣ намекарданд… Шукри Худованд соҳибдилоне, ба мисли Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомали Раҳмон, адолатро барқарор намуда истодаанду номи фидокорону шаҳидони муборизи ин миллати соҳибтамаддуни азизро дубора зинда намуда, онҳоро қадрдонӣ менамоянд, хоки мазори поки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур ва Нисор Муҳаммад Юсуфзайро ба Ватан, он ватане, ки ҷони хешро баҳри он нисор намудаанд, оварданд. Ҳоло бошад, озод ва бе ҳарос мусулмонони Тоҷикистону Самарқанду Бухоро, Афғонистон ва ғайра ба оромгоҳи Лучоб рафта ба арвоҳи шаҳидони мазкур оёти қуръонӣ тиловат намуда, бо ин эҳтироми беандозаи хешро нисбат ба шодравонон иброз медоранд. Вале, аминам, шумораи ашхосе, ки дар роҳи истиқлолияти Ватан ва барқарории адолат ҷонбозиҳо намудаанду баъзе шаҳид шудаанд зиёданд ва таърих ҳар чизро дар ҷойи хеш мегузораду фарзандони фарзонаи Ватан адолатро барқарор мекунанд! Мутаассифона, аз рўзҳои аввали истиқлолият, боз мисли Файзуллохоҷаевҳои хоин зархаридоне пайдо шуданду бо дасисаву дастурҳои хоҷагони хориҷии хеш тухми кинаву адоватро дар байни мардум кошта, ба аланга сузишворӣ пошиданд. Афзус, он нафароне, ки қобилияти таҳлилгароию саводи кофӣ надоштанд, фирефтаи дасисаҳои душманон гаштанд. Натиҷа он шуд, ки ин ҷанги таҳмилӣ, ҷанге, ки бар гардани халқи шарифи Тоҷикистон бор карда шуд, ҳазорҳо бегуноҳону олимону соҳибтахассусонро аз байн бурд ва иқтисодиёти кишварро ба даҳсолаҳо ақиб андохт. Бисёр сокинони Ватан, махсусан русҳо, таҷҳизоти гарону нодирро дар сандуқ (контейне)-ҳо пинҳон карда, ба Русия бурданд. Ба ин кор ба эшон бисёр масъулони ватанӣ, бо гирифтани порае, кумак карданд: Чашми бинояшон кур шуду дар дохили сандуқҳо дастгоҳҳои нодирро надиданд… Нисбат ба эксковатору мошинҳои боркашу таҷҳизоти аз НБО-и Роғун аз ҷониби ширкати Гидроспетсстрой (албатта бо кумаки баъзе мансабдорони ватанӣ) аз хоки Тоҷикистон баровардашуда ҳоҷати гап нест… Шукри Худованд, бо дастгирии дўстон ва ҷоннисории шахси абармарди таърихӣ, ки ҷони хешро ба хатар андохта, барои истиқрори сулҳу салоҳ дар сарзамини тоҷикон ба Афғонистон рафт ва бо роҳбари мухолифон Абдуллоҳи Нурӣ сари созиш омада, барои таҳкими сулҳу субот дар кишварамон замина фароҳам оварданд, оташи ҷанги хонумонсўзро хомуш намуда, ба ободсозии кишвар заминаи лозима гузошта шуд. Ҳар сол шоҳиди ободиҳои нав ба наву дастовардҳои таърихӣ гардида истодаем. Тасдиқи ҳамаи ин суханҳоро дар таҳсину офаринҳои дар васоити ахбори оммаи хориҷӣ, шабакаи интернет, суханрониҳои зоирону сайёҳони ба кишварамон омада дида метавонем ва ҳамчун миллатдўсту ватандўст аз ин меболему мефахрем. Ҳамаи ин натиҷаи роҳбарии оқилонаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати ҳалоли аҳолии кишвар ва соҳибкорони ватандўсти мо мебошад! Шукри Худованд, баъди зиёда аз ҳазор сол боз соҳибдавлат шудему давлати мустақилем ва Сарвар дорем! Сарваре дорем, ки ободкор, ятимнавоз, дастгир ва ғамхор аст! Роҳбаре дорем, ки масоили гуногуни вобаста ба муносибатҳои давлат ба дин, тамоюлҳои номатлуби динию мазҳабии халалдоркунандаи оромию субот ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллию диниро доимо мавриди таҳлилу баррасии ҳаматарафа қарор дода, доир ба ислоҳи камбудию норасоиҳои мавҷудаи ҳозираи ҷомеа пешниҳодҳои зарурӣ матраҳ менамояд. Ба зумраи дастовардҳои дар зарфи 35 – соли даврони истиқлолияти Тоҷикистон бадастомада ин таъсиси Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми давлатӣ додан ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва сохтани бинои нави он, роҳҳои мумфарш, корхонаҳои саноатии мухталиф, кандани нақбҳо, нашри Қуръони карим бо тарҷумаи тоҷикӣ, китобҳои “Саҳеҳ”-и Имом Бухорӣ, “Муснад”-и Имоми Аъзам, “Эҳёи улуми дин” ва “Кимиёи саодат”-и Имом Муҳаммад Ғаззолӣ, таҷлили 1310- солагии пешвои мазҳаб Имоми Аъзам ва дигару дигар амалҳои анҷомдодашударо зикр намудан мумкин аст. Дар муқоиса бо шароити даврони шўравӣ зикр намудан ба маврид аст, ки шумораи масҷидҳо аз 17 адади он замон, ҳоло ба зиёда аз 4 ҳазор, бунёди калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ, теъдоди ҳоҷиён аз 30 каси даврони шуравӣ, тақрибан ба зиёда аз 250 ҳазор нафар расидааст. Ифтитоҳи Маркази фарҳангии исмоилиён дар ш.Душанбе ва фаъолияти 73 ибодатгоҳи пайравони мазҳаби исмоилия дар ҷумҳурӣ тибқи талаботи қонун, фаъолияти бемонеаи ибодатгоҳҳои намояндагони динҳои ғайриисломӣ, нишонаи возеҳи ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявии Тоҷикистон ва асли таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ арзёбӣ мегардад. Танҳо дар даврони истиқлолият бо ғамхории ҳамаҷонибаи Сарвари давлат ҷашнгирии идҳои исломӣ, ғайрикорӣ эълон кардани рўзҳои ид, имконияти озодонаи зиёрати Хонаи Худо, чопу интишори адабиёт ва маводи муҳтавои динидошта, бунёди мадрасаву донишкадаҳои динӣ, мусоидати амалии давлат дар ташаккули фарҳангу маорифи солими динӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии шаҳрвандон муяссар гардидааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро доим ба арҷгузории арзишҳои волои миллию динии худ, ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонӣ ва давлатдории мустақили кунунӣ ва ҳамчунин ба ҳифзи шоистаи давлату миллат ва ваҳдату ягонагӣ, таълиму тарбияи дурусти

МАҚОЛАҲО

Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»: таҳлили фалсафӣ – таърихӣ

Он масъалаи сулҳро аз доираи муносибатҳои байнидавлатӣ берун бурда, ба сатҳи масъулияти умумии инсоният мебарорад. Аҳамияти таърихии ин ташаббус дар чанд самт зоҳир мегардад: – якум, он таҷрибаи сулҳсозии Тоҷикистонро ба таҷрибаи байналмилалӣ пайваст менамояд. -дуюм, он аҳамияти пешгирии низоъҳоро бештар аз бартарафсозии оқибатҳои онҳо таъкид мекунад. -сеюм, он насли ҷавонро ҳамчун субъекти асосии ояндаи сулҳ муайян мекунад. -чорум, он робитаи байни сулҳ, рушди устувор ва ахлоқи инсонро нишон медиҳад. Аз нуқтаи назари улуми иҷтимоӣ бошад, чунин ташаббусҳо нишонаи тағйирёбии тафаккури башар мебошанд. Инсоният тадриҷан аз андешаи ҳалли масъалаҳо тавассути қувва ба андешаи ҳамкорӣ ва муколама мегузарад. Метавон гуфт, ки сулҳ ҳамчун арзиши ҳаётӣ дар ҳар давру замон масъалаи меҳварӣ дар ҷомеа аст ва мемонад. Асри XXI дар баробари пешрафти бузурги илмиву технологӣ, давраи пайдоиши таҳдидҳои нав мебошад. Гарчанде рушди технология имкониятҳои бесобиқа барои ҳамкории байни инсонҳо фароҳам овардааст, дар ҷаҳон ҳанӯз низоъҳои сиёсӣ, бархӯрдҳои фарҳангӣ, ифротгароӣ, терроризм ва мушкилоти иҷтимоӣ вуҷуд доранд. Дар чунин шароит, масъалаи ҳифз ва таҳкими сулҳ ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, гузариш аз «фарҳанги ҷанг» ба «фарҳанги сулҳ» яке аз равандҳои муҳимтарини таҷрибаи муосир мебошад. Сулҳи асри XXI бояд дорои хусусиятҳои нав бошад. Он бояд на танҳо ба набудани ҷанг, балки ба мавҷудияти шароити муносиб барои зиндагии шоистаи инсон асос ёбад. Яъне, сулҳ бо мафҳумҳои адолат, рушди устувор, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳамкории байналмилалӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» маҳз чунин фаҳмиши васеи сулҳро ифода мекунад. Он таъкид менамояд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои ташаккули муҳити осоишта на танҳо имрӯз, балки барои ояндаи башарият низ масъулият дошта бошад. Аммо, дар мавриди ҷавонон ва ҳифзи сулҳ барои оянда ҳаминро метавон гуфт, ки дар масъалаи таҳкими сулҳ нақши ҷавонон хеле муҳим мебошад. Ҷавонон насли ояндасоз буда, ҷаҳонбинии онҳо ба самти рушди ҷомеа таъсири мустақим мерасонад. Агар дар байни ҷавонон фарҳанги таҳаммулпазирӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва масъулияти иҷтимоӣ ташаккул ёбад, заминаи сулҳи устувор мустаҳкам мегардад. Аз дидгоҳи таърих, ҳар як насл на танҳо қабулкунандаи мероси гузашта, балки офарандаи таърихи оянда мебошад. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ вазифаи муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин самт маориф нақши калидӣ дорад. Омӯзиши таърих, фарҳанг, фалсафа ва арзишҳои ахлоқӣ метавонад ба ҷавонон имконият диҳад, ки сабабҳои пайдоиши низоъҳоро дарк намуда, роҳҳои осоиштаи ҳалли масъалаҳоро интихоб намоянд. Дар анъанаи исломӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ донишомӯзӣ, ахлоқи нек, эҳтироми калонсолон ва ғамхорӣ нисбат ба ҷомеа аз арзишҳои муҳими инсонӣ мебошанд, ва арзишҳои исломӣ бо принсипҳои муосири сулҳсозӣ мувофиқат доранд. Арзиши дигар муколама мебошад. Таърихи тамаддуни исломӣ нишон медиҳад, ки дар давраҳои гуногун робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ байни намояндагони тамаддунҳои гуногун вуҷуд доштанд. Ин таҷриба аҳамияти ҳамдигарфаҳмӣ ва мубодилаи фарҳангиро нишон медиҳад. Ҳамчунин мафҳуми бахшиш ва оштӣ дар таълимоти исломӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Ҷомеае, ки метавонад байни аъзои худ сулҳу оштиро таъмин намояд, барои рушди устувор имкониятҳои бештар дорад. Аз ин рӯ, таҳкими сулҳ дар замони муосир метавонад аз ҳамкории байни арзишҳои маънавии динӣ ва принсипҳои ҳуқуқии байналмилалӣ манфиат гирад. Боиси ифтихор аст, ки ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аз ҷониби кишварҳо дастгирӣ ёфт. Он нишон медиҳад, ки кишварҳое, ки таҷрибаи таърихии мубориза барои сулҳро доранд, метавонанд дар ташаккули фарҳанги ҷаҳонии сулҳ саҳми арзанда гузоранд. Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон собит менамояд, ки ҳалли низоъҳо танҳо тавассути қувва имконнопазир аст. Роҳи асосӣ гуфтушунид, эътимодсозӣ ва дарки манфиатҳои умумӣ мебошад. Дар оянда низ масъалаҳои зерин аз ҷумла, рушди фарҳанги муколама байни миллатҳо ва тамаддунҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, пешгирии ифротгароӣ тавассути таълиму тарбия, ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ инсонпарварӣ ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои таҳкими сулҳ аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Дар ин раванд, таҷрибаи Тоҷикистон метавонад ҳамчун намунаи муҳим барои омӯзиши равандҳои сулҳсозӣ хизмат намояд. Дар охир чунин хулоса бояд кард, ки қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ, фалсафӣ ва маънавӣ мебошад. Бори дигар ёдовар кардан ба маврид аст, ки ин ташаббус масъалаи сулҳро аз доираи муносибатҳои байнидавлатӣ берун бурда, онро ҳамчун масъулияти умумии инсоният пешниҳод менамояд. Инсон аз дарки оқибатҳои ҷанг ва низоъҳо бояд ба фарҳанги ҳамкорӣ, таҳаммул ва муколама гузарад. Сулҳ барои наслҳои оянда танҳо ҳадафи сиёсӣ нест, балки вазифаи ахлоқӣ ва таърихии тамоми инсоният мебошад. Ҳамин тавр, ҳифзи сулҳ ин ҳифзи худи ояндаи башарият аст. Ҷомеае, ки сулҳро ҳамчун арзиши олӣ қабул мекунад, имкони бештар дорад, ки ба рушди устувор, пешрафти маънавӣ ва ҳамзистии созанда ноил гардад. Рӯйхати адабиёти истифодашуда Қуръони карим. Кант И. «Сулҳи абадӣ». Асарҳои фалсафӣ оид ба фалсафаи таърих ва рушди ҷомеа. Ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанги сулҳ ва амнияти байналмилалӣ. Санадҳо ва маводи марбут ба таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон. Асарҳои муҳаққиқони исломшинос оид ба мафҳумҳои сулҳ, адолат ва ахлоқ дар ислом. Маводи илмӣ оид ба нақши дин ва фарҳанг дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ. Исоев Н.сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

Ислоҳот дар Арабистони Саудӣ: заминаҳо ва омилҳои иҷтимоӣ

Тайи даҳсолаи охир баъди ба сари ҳукумати кишвари Арабистони Саудӣ омадани Шоҳзода Муҳаммад бини Салмон, ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди тағиротҳои куллӣ дар умури давлатдории ин кишвар гардида истодаанд. Шоҳзода тавонист низомеро, ки даҳсолаҳо дар Арабистони Саудӣ ҳукмронӣ менамуд ва ҳама сохторҳо: – сиёсат, иқтисод, маориф, додгоҳҳо, фарҳанг, иҷтимоиёт, мақоми занон ва ҳатто мавъизаҳои динӣ таҳти қудрати он қарор дошт, тағйир диҳад. Умури асосӣ ва муҳиме, ки дар ин давра Валиаҳд анҷом дод, бешубҳа аз сари қудрат дур сохтани рӯҳониёни ваҳҳобимаоб маҳсуб меёбад. Мавсуф моҳи октябри соли 2017 эъломияеро интишор намуд, ки дар он бозгашти Арабистони Саудиро ба “исломи мӯътадил ва боз будани кишвар барои ҳама динҳо” эълом намуд. Сараввал ҷомеаи ҷаҳонӣ ин падидаро танҳо як изҳорот қабул намуданд. Аммо бо гузашти вақти муайян собит гардид, ки ин на танҳо як изҳороти сиёсӣ балки як барномаи хеле мушаххаси ояндаи ин кишвар будааст. Баъди пахши ин баёния пеш аз ҳама, ӯ пулиси диниро аз қудратҳои қаблии дар даст доштааш маҳрум сохт. То ин давра, афсарони ин сохтор аз ҳуқуқҳои зиёде бархурдор буданд. Онҳо салоҳияти онро доштанд, ки дилхоҳ шахсро дар хиёбону бозорҳо боздошта, пурсупос кунанд, либоси занонро тафтиш кунанд, суҳбати мардон ва занони номаҳрамро назорату пешгирӣ кунанд, фурўшандаҳои мағозаҳоро маҷбур созанд, ки вақти намоз дари дукон ё мағозаи худро баста ба намоз раванд, яъне ба ҳаёти шахсии шаҳрванд дахолат мекарданд. Акнун дар тибқи дастури Муҳаммад бини Салмон, ваколатҳои бисёре аз ин сохторҳо гирифта шуд, ба таври назаррас ҳуқуқи онҳо маҳдуд карда шуда, қисме аз ин идораҳо пурра барҳам дода шуданд. Яъне низоме, ки ҳуқуқи муайян кардани раванди зиндагӣ дар ҷомеа дошт, аз бурда шуд. Илова бар ин бисёр, маҳдудиятҳое, ки даҳсолаҳо тағйирнопазир ҳисобида мешуданд, аз байн рафтанд. Аз ҷумла, ҳуқуқи занон васеъ карда шуда, ба онҳо иҷозат дода шудааст, ки ба корҳои писанди худ машғул шаванд ва минбаъд занони болиғ метавонанд бе иҷозати парастори худ шиноснома гирифта ба дохил ё хориҷи кишвар ба сафар бароянд. Ҳуқуқҳои онҳо дар робита ба кор, бақайдгирии таваллуд ва баъзе масъалаҳои оилавӣ васеъ карда шуданд. Айни замон занон ба таври назаррас бештар дар муассисаҳои давлатӣ, тиҷорат, тиб, ҳавонавардӣ ва бахши хизматрасонӣ кору фаъолият карда истодаанд. Дар саросари кишвар маъмурияти намоиши кинофильмҳо, консертҳо, фестивалҳо ва чорабиниҳои фароғатию оммавӣ ба кор оғоз намуданд. Аз ин ба баъд мардону занон дар якҷоягӣ метавонанд дар фазои озод дар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятӣ ширкат дошта бошанд. Дар пойтахти кишвар шаҳри Риёз ҳамасола даҳҳо чорабиниҳои сатҳи гуногун доир мегардад, аз ҷумла намоишҳои байналмилалии мӯд, консертҳо ва намоиши асарҳои рассомон доир карда шуданд, ки ҳамагӣ даҳ сол пеш ин кор тасаввурнашаванда буд. Мавриди таъкид аст, ки муҳимтарин таҳаввулотҳо натанҳо дар хиёбону кучаҳо рух медиҳанд. Валиҳад тадриҷан сохтори давлатро такмилу тағйир дода истодааст. Аз нигоҳи таърихӣ, қудрати сулолаи Оли Сауд бо авлоди паёмбар Муҳаммад ибни Ваҳҳоб такя мекарданд ва монархия давлатро идора менамуд, дар ҳоле ки ниҳодҳои динӣ таъсир ва нуфузи бузурге ба соҳаҳои маориф, фарҳанг, додгоҳҳо ва ахлоқи ҷамъиятӣ доштанд. Акнун ин иттифоқ дигар дар шакли қаблии худ вуҷуд надорад. Рӯҳониён, ки сохти идораи давлат дар дасти онҳо буд, таҳти назорати давлат қарор гирифтаанд. Имомҳо, хатибон, қозиҳо ва кормандони мақомоти динӣ дигар наметавонанд мустақилона самти кишварро муайян кунанд; онҳо вазифадоранд хатти муайянкардаи монархияи навро, ки Валиаҳд намояндагӣ мекунад, пайравӣ кунанд. Ҳарчанд дар як давраи кутоҳ татбиқи ҳамаи дастурот ғайриимкон аст ва мушкилоти зиёде вуҷуд доранд, аммо асос ҳамин, ки самти равиши давлат муайян аст. Давлат намехоҳад ҳамон идеологияеро, ки даҳсолаҳо тавассути мактабҳо тарғиб ва амалӣ мешуд ва як тафаккури шахшудаи таассубгароиро ташаккул медод, идома ёбад. Зеро он ба ҷуз қафомндагӣ чизе ба мардум надод. Ҳатто таъйини муфтии нави кишвар дар соли 2025 рамзӣ гардид. Бори аввал ин вазифаро шахси берун аз аҳли авлоди мустақими Муҳаммад ал-Ваҳҳоб ишғол намуд. Боиси тазаккур аст, ки муфтии навтаъин ҳам як шахсияти хеле мулоҳизакор боқӣ мемонад. Ӯ ба аксарият, ки ҷонибдори равияи ҷараёни ваҳобия мебошанд, набарди ошкоро оғоз накард, балки тадриҷан тавозуни қудратро дар дохили низом тағйир дода, рӯҳониёни андешаи ваҳобия доштаро аз қудрати воқеӣ маҳрум карда истодааст. Дар ҷомеаи суннатӣ якхела ислоҳоти иҷтимоиро амалӣ кардан ғайриимкон аст. Дар баъзе соҳаҳо тағйироти босуръат ба амал меоянд ва мақомот ба таври возеҳ ақибнишинӣ мекунанд ё дар баъзе самтҳо эҳтиёткорона амал мекунанд. Масалан, то ҳол машрубот барои аксарияти кулли аҳолӣ мамнӯъ боқӣ мемонад, аммо соли 2024, аввалин мағозаи назоратшавандаи фурўши машрубот барои шаҳрвандони ғайримусалмон дар маҳаллаи дипломатии шаҳри Риёз кушода шуд. Дар ҳоли ҳозир дар пойтахти кишвар шаҳри Риёз сухан аз сохтани калисо ва ибодатгоҳи масеҳӣ меравад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии динӣ дар гузориши соли 2026-и худ, Арабистони Саудиро дар байни кишварҳое, ки озодии диниро шадидан поймол мекунанд, ҷой додааст, аммо бо вуҷуди ҳамаи ин таъкидҳо, нуктаи асосиро наметавон инкор кард: Муҳаммад бини Салмон кореро анҷом додааст, ки қариб ҳеҷ як ҳокими Саудӣ пеш аз ӯ ба ин кор ҷуръат накарда буд. Ӯ қадам ба қадам низоми қаблиро, ки дар он рӯҳониёни ултраконсервативӣ қудрати ташаккули ҳаёти тамоми кишварро доштанд, аз байн бурда истодааст. Аён аст, ки ӯ исломро барҳам доданӣ нест ва динро аз давлат бо роҳи Ғарбӣ ҷудо накардааст ва ҳеҷ сабабе барои ин вуҷуд надорад. Аммо ӯ кори дигареро анҷом дода истодааст: динро аз манбаи мустақили қудрат ба абзори тобеи давлат табдил медиҳад. Ва маҳз аз ҳамин сабаб тағйирот барои наслҳои нави саудиён тадриҷан ва ноайён ба амал меоянд. Дар чунин ҷомеаи амиқан динӣ ва консервативӣ, як таҳаввулоти ногаҳонӣ дар сиёсати анъанавӣ метавонист боиси низоъҳои бузурги дохилӣ гардад. Аммо Муҳаммад бини Салмон роҳи дигареро пеш гирифт яъне, аввал ӯ рӯҳониёни собиқро аз қудрат маҳрум намуд, сипас ҳаёти ҳаррӯзаро тағйир дода, сипас бо ҳамин васила соҳаи маориф, қонунгузорӣ, рисолату ҳуввияти таърихии миллат ва худи дурнамои ояндаи кишварро тағйир дода истодааст. Ҳануз аз як даҳсола сипарӣ нашуда бошад, ҳам симои маънавии Арабистони Саудӣ аллакай комилан дигар хел ба назар мерасад. Занон дар баробари мардон ба корҳои писандидаи худ машғуланд, одамон озодона ба кино, театр, музей, боғҳои фароғатӣ ва консертҳо мераванд, сайёҳони хориҷӣ ба кишвар меоянд ва аз ҷойҳои таърихӣ дидан мекунанд. Мусаллам аст, ки ин кишвар ҳанӯз давлати дунявӣ нест, аммо аниқ Арабистони Саудии қадимаи ваҳҳобӣ ҳам нест. Инро бояд эътироф намуд, ки кишваре, ки

МАҚОЛАҲО

Ислоҳоти динӣ ё манъи фаъолияти Ваҳҳобия дар Арабистони Саудӣ

Арабистони Саудӣ, ки дар олами ислом ва мусулмонони ҷаҳон ҳамчун гаҳвораи тамаддуни дини ислом шинохта шудааст айни ҳол дар ҳолати аз сар гузаронидани тағйироти ҷиддӣ ё ислоҳоти динӣ қарор дорад. Хеле ҷолиб аст ки ташаббускори ин иқдом худи Шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад бин Салмон мебошад. Дар маҷму ислоҳоте, ки дар Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии Шоҳзодаи валиаҳд амалӣ карда мешаванд, бештари соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ фарҳангӣ ва сиёсӣ-диниро фаро мегиранд. Тафсири арзишҳои исломӣ дар чаҳорчӯби ислоҳоти Муҳаммад бин Салмон як масъалаи мураккаб ва бисёрҷониба буда, ҳам дастгирӣ ва ҳам интиқодро ба худ ҷалб мекунад. Ҳанӯз соли 2016 дар Арабистони Саудӣ як барномаи пурсарусадо бо нми “Диди 2030”(«Видение 2030».) муаррифӣ гардид ки ба таҷдиди ҷомеаи Арабистони Саудӣ равона шуда буд. Албатта ташаббускори ин барнома ки ислоҳоти куллии ҷомеи арабиро тақозо мекард, шоҳзода Муҳаммад бин Салмон, ки амалан кишварро идора мекард, буданд. Яъне пас аз 80-соли таъсиси давлат, Арабистони Саудӣ асосан ба тағйири идеология даст зад, ки амалан мазмуни ба охир расидани ҳукмронии ваҳҳобияро дошт. Ҳамин тавр Шоҳзода дар моҳи марти соли 2022 дар шарҳи ислоҳоти дар кишвар амалишаванда чунин таъкид намуд: “Мо ба таълимоти воқеии ислом, ба тарзи ҳаёти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва чор халифаи ростқавл, ба ҷомеаи кушода ва осоишта бармегардем.” Муҳаммад бин Салмон дар бораи гузаштаи кишвараш ва зарари қарори сиёсии такя ба Ваҳҳобияро ба Арабистони Саудӣ эътироф мекунад. “Дар солҳои 1950 ва 1970, “Мо замони хеле душвор доштем.” Мо як лоиҳаи пан-арабӣ, инчунин дигар лоиҳаҳои сотсиалистӣ ва коммунистӣ доштем – дар баробари дигар лоиҳаҳо дар минтақа. Дар он вақт, ба бисёр гурӯҳҳои экстремистӣ имкон дода шуд, ки ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ ворид шаванд ва ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва дастгоҳи маъмурӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Ин боис шуд, ки оқибатҳои даҳшатнок ба амал оянд ва мо шоҳиди онҳо шудем”, – иқрор шуд ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш. Ба гуфтаи ӯ, худи Арабистони Саудӣ қурбонии радикалҳо ва “ҳадафи асосии лоиҳаҳои экстремистӣ ва ҳамлаҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон” шуда буд. Ислоҳоте, ки дар Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии шоҳзодаи валиаҳд амалӣ карда шуданд, ба бисёр соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла ҷанбаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва динӣ дахл доранд. Аз ҷумла дар доираи ин ислоҳот дар робита бо арзишҳои исломӣ: Суст кардани меъёрҳои иҷтимоӣ, ба монанди такмили ҳуқуқи занон барои иҷозат додан ба ронандагӣ, иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ ва сабук кардани низоми васоят аксар вақт ҳамчун қадаме ба сӯи додани шаъну шарафи бештар ва имкониятҳо ба занон, чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили кушодани кинотеатрҳо, баргузории консертҳо ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ ҳамчун кӯшиши гуногунрангтар ва гуворотар кардани ҳаёти мусулмонони ин кишвар ки бо принсипҳои исломии адолат ва баробарӣ дар назди Худо мувофиқ аст, тафсир карда мешаванд. Тағйироти иқтисодӣ, ки ба коҳиш додани вобастагӣ аз нафт ва рушди дигар бахшҳо, аз қабили таъмини некӯаҳволӣ ва ояндаи наслҳо, ҳамчун принсипи муҳими исломии ғамхорӣ ба наздикон ва ҷомеа равона шудааст. Ҷалби сармоягузорӣ бошад ба кушодани кишвар ба сармоягузории хориҷӣ ва сайёҳӣ ҳамчун роҳи беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва эҷоди ҷойҳои корӣ дида мешавад, ки инчунин бо идеяи ғамхорӣ ба некӯаҳволии мардум мувофиқ аст. Вале масъале, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуд, ислоҳоти динӣ мебошад, ки барои ватани бумии ислом албатта боиси нигаронӣ мебошад. Стратегияи нави роҳбарияти кишвар ин аз нав дида баромадани асосҳои ҳувияти миллӣ мебошад, ки таъкидро аз тамаркузи танҳо динӣ ба омезиши давлатдорӣ, миллатгароӣ, пешрафти иқтисодӣ ва муосирсозӣ интиқол медиҳад. Пас бешубҳа дар ин ислоҳот симбиози таърихие, ки байни сулолаи ҳукмрони Оли Сауд ва ҷунбиши динии ваҳҳобӣ, ки ҳамчун сутуни қонуният ва суботи иҷтимоӣ хидмат мекард, мавриди тағйирот қарор мегирад. Муҳаммад бин Салмон борҳо дар бораи талош барои “Исломи мӯътадил”-и озод аз экстремизм сухан гуфтааст. Ин ҳамчун бозгашт ба принсипҳои аслӣ, таҳаммулпазирӣ ва сулҳофаринии ислом, рад кардани тафсирҳои тундравона, ки ба зӯроварӣ ва таҳаммулнопазирӣ оварда расонидаанд, тафсир карда мешавад. Албатта худи ин принсип ба идеологияи ваҳобия аллакай мухолиф мебошад. Ҳачунин дар ислоҳоти динии Муҳаммад бин Салмон кушиш барои “Исломи мӯътадил”-и озод аз экстремизм ба назар мерасад. Аз ҷумла маҳдуд кардани таъсири пулиси динӣ, заиф кардани қудрати пулиси динӣ ва маҳдуд кардани таъсири руҳониёни тундрави динӣ аз ҳамин қабиланд. Ин ҳамчун кӯшиши озод кардани ҷомеа аз догматизм ва имкон додани тафсири васеътари матнҳои динӣ тафсир карда мешавад. Бо вуҷуди ҳамин ин ташаббуси ислоҳотхоҳонаи Муҳаммад бин Салмон тарафдорону мунаққидони худро дорад. Тарафдорони ислоҳот онҳоро ҳамчун як таҳаввулоти пешрафта, ки бо рӯҳияи замон ва арзишҳои аслии исломии адолат, раҳмат ва ғамхорӣ ба некӯаҳволӣ мувофиқ аст, мебинанд. Ба ақидаи ин коршиносон ислоҳот барои муосирсозии кишвар ва беҳтар кардани зиндагии шаҳрвандон равона шудаанд ва дар айни замон ба асосҳои ахлоқии ислом такя мекунанд. Мунаққидон бошанд, ба риёкорӣ ишора намуда, изҳор медоранд, ки ислоҳот ба ҷои либерализатсияи воқеӣ, барои тақвияти қудрати сулолаи Оли Сауд ва қонунӣ кардани монархия хизмат мекунанд. Баъзеи онҳо ҳатто таъкид мекунанд, ки ислоҳот боиси аз меъёрҳои анъанавии исломӣ дур шудани мардум ва коста шудани ҳувияти динӣ мегардад. Албатта ислоҳоти пешгирифтаи Муҳаммад бин Салмон кӯшише барои тағйир додани Арабистони Саудӣ ва ба талаботи иҷтимоии ҷомеаи асри ХХ! ҷавобгу намудани он аст. Ин шояд ҷанбаи калидӣ бошад. Муҳаммад бин Салмон борҳо хоҳиши худро барои дур шудан аз тафсирҳои тундрав ва радикалии ислом, ки ба назари ӯ боиси ифротгароӣ ва хушунат шудаанд, баён кардааст. Ҳадаф аз ин ислоҳоти динӣ бозгашт ба модели исломи таҳаммулпазир, кушода ва осоишта аст, ки онро исломи аслӣ меҳисобад. Сардори шуъбаи пажуҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳромбеков Д.А.

МАҚОЛАҲО

ИСЛОҲОТ РОҲИ ЯГОНАИ РУШДИ ҶОМЕА АСТ

Ҳар як ҷомеа, фарҳанг, дин новобаста аз моҳияту мазмун ё сохтор дар ҳар давру замон ислоҳотро дар шаклҳои гуногун аз сар гузаронданд. Ислом ҳам дар баробари дигар динҳо ислоҳоти зиёдеро аз сар гузаронидааст, ки самтҳои хеле гуногун доранд. Ислоҳоти модернистӣ ва рационалистӣ як ҷараёни пуриқтидор дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷаҳони ислом буда, намудҳои гуногуни “ислоҳот” бо роҳҳои гуногун ҳамкории доимии мактабҳои исломиро роҳандозӣ мекард. Ислоҳоти муосир дар соҳаи ҷамъиятӣ имконпазир ва ҳам хеле зарур аст. Аммо, барои баъзе гуруҳҳои таассубгарои динӣ ин раванд писанд нест. Масалан, ваҳҳобиён, мисли католикҳои асримиёнагӣ ислоҳотро дар ҳаёти динӣ намепазируфтанд ва бозгашт ба иҷрои бечуну чарои Навиштаҳои Муқаддас талаб мекарданд. Барои гуруҳҳои бунёдгарои исломӣ ҳукм кардан ба “фосид” ва бидъаткор дар нисбати эхтироми авлиёҳо, зиёрати қабрҳо, таълимоти тасаввуф ва инчунин расму оинҳо ва мазҳабу фирқаҳои дигар як падидаи муқарраӣ аст. Барои ин гуруҳҳо муҳим нест, ки аз ин ислоҳот мусулмонон чӣ ба даст меоранд. Барои онҳо басанда аст, ки ислоҳот ба тафаккур ва ҷаҳонбинӣ, назарҳои иҷтимоӣ ва равонии онҳо мувофиқат намекунанд. Пас ҷомеаи мусулмонӣ набояд ислоҳот кунад ва пеш равад. Агар нигоҳ кунем, ислоҳоти протестантӣ ҳам дар аввал дар шакли пурра либералӣ набуд. Баъзе унсурҳои “фундаментализм” дошт, ки баъдан дар шаклҳои нав дар ҷомеаи исломӣ ҳам мавриди амал қарор гирифтанд. Мазҳаби католикӣ, ки бар асоси салоҳияти калисо ва иерархия асос ёфта буд, ба ислоҳоти ҷиддӣ рӯ наовард то ҳол чунин сохтори қабулшудаи асрҳои пешин идома дорад. Худоро тавассути расму оинҳо ва маросимҳое, ки коҳинон анҷом медоданд, парастиш мекунанд ва мешиноснад. Наҷот танҳо тавассути итоат ба онҳо имконпазир ҳисобида мешуд.1. .https://www.opendemocracy.net/…/sam…/islamic-reformation Муҳаққиқ Эрнест Геллнер, муддати тӯлонӣ шабоҳат ва фарқияти байни протестантизм ва исломи ортодоксро таҳқиқ намуда, изҳор дошт, ки ислоҳот метавонад дар шакли нав онҳоро муаррифӣ намояд. Ин олим симметрияи оинагиро байни ду соҳили баҳри Миёназамин пешниҳод кардааст: Аврупои масеҳӣ калисои муташаккил бо зангӯлаҳо ва шамъҳо, маросимҳои мураккаб, иерархияи пурғавғо, дуои доимии роҳибон, дар ҳоле ки чунин навиштаҷоти сахтгирона бо ислоҳоти протестантҳои мухолиф буд. Дар тарафи дигари баҳр исломи ортодоксӣ, сахтгирона бо навиштаҷоти мустанад ва афкори ғайримаъмулӣ буд. Дар тӯли таърихи аксари кишварҳои исломӣ, марказу ташкилотҳои гуногуни тарғиботӣ вуҷуд доштанд. Муҳим аст, ки инҳо намунаҳои созмони иҷтимоиро ташкил медоданд, ки бар болои ҷомеа ҳукмрон буданд. Дар чунин ҳолат, сатҳи тафаккури динӣ байни ҷамоатҳои динӣ ва минтақаҳои деҳотӣ ё қабилавӣ ва миллӣ куллан аз ҳам фарқ мекард. Агар дар Африқои Шимолӣ Миср, Ироқ ва Сурия сулолаҳои суфиён ҳамчун миёнарав пеши роҳи низоъҳои байниқабилавӣ ва диниро мегирифтанд, дар баъзе қисматҳои дигар масалан, дар Арабистони Саудӣ мубаллиғони ваҳҳобӣ кушиш мекарданд, ки тамоми ин мактабу мазоҳиби диниро решакан кунанд. Зеро сарвати назаррас дар шакли вақфҳо ба дасташон буд ва пешвоёни онҳо бо қудратҳо робитаҳои назаррас доштанд. Ин баъзан эътирозҳои уламоро ба вуҷуд меовард, ки дар байни онҳо машҳуртаринаш Ибни Таймия (1263-1328) буд. Ӯ рақобати сахте бо муаллимони тасаввуф дошт, зиёрати равзаи Паёмбар ва авлиёро ва бахусус маросимҳои зикрро куллан ба бидъат маҳкум мекард. Ӯ боварӣ дошт, ки ҳамаи ин ширк, яъне ворид кардани худоёни дигар ба Худои ягона аст. Муқовимати Ибни Таймия бо суфиён як қатор мушкилотҳои навро вориди ҳаёти динии кишварҳои мусулмонӣ кард. Парадоксӣ аст, ки қабри худи ӯ ба макони ибодати салафиҳои муосир табдил ёфт. Таълимоти Ибни Таймия қисми таъсирбахштарини таълимоти илоҳиётӣ ва ҳуқуқии давлати муосири Саудӣ ва рӯҳониёни Саудиро ташкил медиҳанд. Чунин ҳамлаҳои рӯҳониёни қатъӣ ба ҳаракатҳои мазҳабӣ ва суфӣ дар таърихи мусалмонон давра ба давра такрор мешаванд. Сарнавишти чунин воизон аз тавозуни қудрат ва сарпарастии эҳтимолии афроди бонуфуз вобаста аст. Аммо, ҷомеа ҳамеша дар зери таъсири омилҳои гуногун тағйир меёбад, бо гузашти вақт падидаҳои нав пайдо мешаванд. Дар чунин маврид ҷомеа ба ислоҳот ночор рӯ меорад. Агар аз доираи таассуби динӣ берун набарояд, аз дастоварди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва илму технология ақиб мемонад. Пас дар кадом шакле набошад, ислоҳот зарурати айнӣ дар кишварҳои мусулмоннишин аст. Ислоҳот ин тасдиқи андешаҳои нав дар муқобили ортодоксии лафзӣ ва амалӣ, аммо дар заминаи комилан дигар аст. Ва ин як падидаи даврӣ аст. Навовариҳо дар таълимот ва қонун қисми модернизатсияи сиёсӣ ва фарҳангӣ буданд, ки ҳадафи он мутобиқ кардани ислом бо ҷомеа, фарҳанг ва сиёсати муосир буд. Намунаи амалии ислоҳоти муосир ин ислоҳоти давлати Туркия буд. Қонуни давлат ба таври расмӣ қабул ва татбиқ мешавад, қонуни шаҳрвандӣ, ва қавонини иҷтимоӣ ба расмият дароварда шуд, ки меъёрҳои шариатро низ дар мавриди зарурат дар бар мегирифт, Инчунин ислоҳотхоҳони дигар, мухолифони гегемонияи қудратҳои авкирупоӣ дар ҷаҳони ислом буданд ва мисли миллатгароёни дунявӣ, наҷоти мардуми исломиро ба ҳамон тарзе медиданд, ки Аврупо бартарии худро ба даст овард, илми табиӣ, рационализм, ислоҳоти иқтисодӣ ва низомӣ ва ташкили оқилонаи давлат ва ҷомеа. Онҳо изҳор доштанд, ки ҳамаи ин бо ислом комилан мувофиқ аст, на бо исломи фасодзадаи чунон ки онҳо медиданд, балки бо исломи аслии Паёмбар. Онҳо мафҳуми модернистиро бо исломи аслӣ як хонданд. Дин дар аслаш аз илм ва дониш ҳимоят мекунад. Аммо ва аз байн бурдани “қафомондагӣ” ва фасоди ахлоқӣ маънавӣ ва фарҳангие, ки дар натиҷаи садсолаҳо нодуруст шакл гирифтааст, кори осон нест. Вобаста ба вазъи кунунӣ яке аз кишварҳои меҳварии минтақа Аарабистони Саудӣ низ рӯ ба ислоҳот оварда, расман таъкид намудааст, ки аз таълимоти ваҳҳобияи таассубгаро канорагирӣ мекунад. Шояд ин дарки воқеъияти зиндагӣ дар ҷаҳони муосир мебошад. Зеро ягон кишвар аз раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири фарҳангҳо дар канора буда наметавонад. Технологияяи муосир ҷаҳони гуногунро бо ҳам пайвастааст, ки омезиши арзишҳо як падидаи доимӣ шуда истодааст. Агар пештар ҷараёни ваҳҳобия дар бораи ислоҳот шунидан намехост, имрӯз ба ҷуз ислоҳот роҳи дигар пешбурди давлатдориро пайдо накард. Ишораҳои Шоҳи Арабиситони Саудӣ дар бораи ислоҳот дар самти муносибати давлат ба дин, таъмини ҳамзистии арзишҳо ва фарҳангҳо, рушди сайёҳӣ, тағйири низоми таълим дар мактабҳо, боздиди иштироки занон дар ҳаёти ҷомеа бори дигар исбот намуд, ки ислоҳот на танҳо дар кишварҳои мусулмоннишин имконпазир аст ва зиёда аз ин ислоҳот роҳи ягонаи рушд ва таъмини зиндагии шоиста барои мардуми мусулмон аст. Котиби илмии Марказ Маҳрамбеков М. А.

МАҚОЛАҲО

Ногузирии равандҳои модернгароӣ дар ҷаҳони ислом

Табиати инсон чунин ороста шудааст, ки он ҳамчун мавҷуди соҳибақл пайваста барои рушду камол ва пешрафт саъю талош менамояд. Дар ин раванд нақши шахсиятҳои таърихӣ бешак чашмрас мебошад. Таърихи рушди ҷомеаи башарӣ гувоҳ аст, ки дар марҳилаҳои мухталифи рушди ҷомеа шахсиятҳои баргузидае бо таълимоти хоси худ барои гурӯҳе роҳнамо шудаанд. Қобили зикр аст, ки дар асри XVIII Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бо таълимоти иртиҷоӣ ва бунёдгароёнаи исломии худ баромад намуду қавмҳои парешони арабро зери таълимоти маҳдуд ва яхбастаи худ муттаҳид сохт. Албатта, он ҳангом қавми парешон ва аз фарҳанги пешрафтаи башарӣ қафомонда ба чизе зиёда аз он эҳтиёҷ надошт. Аммо имрӯз ҷомеаи башарӣ чунон босуръат пешрафт мекунад, ки як қатор таълимотҳои замоне “дуруст” на танҳо дурустии худро гум кардаанд, балки зарарнок будани худро ба намоиш гузошта истодаанд. Бидуни тардид, таълимоти Абдулваҳҳоб, ки баъдан бо номи ваҳҳобия маъруф шуду дар давоми чанд даҳсола роҳнамои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Арабистони Саудӣ гардид, таълимоти хатарнок, монеаи пешрафти илму фарҳанг ва рушди иқтисодии ҷомеа будани худро ба маъраз гузошт. Агар матлабро соддатар баён намоем, кишварҳои дар ҳамаи соҳаҳо пешрафтнамуда собит карданд, ки ин таълимот ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад роҳнамои мусулмонон бошад. Моҳиятан ин таълимот ботлоқи бугинеро шабеҳ аст, ки ҳар гуна ҷомеаро бо тамоми дастовардҳои илмию фарҳангияш ба коми заҳролуди худ фурӯ мебарад. Ба қавли дигар, ин таълимот на танҳо барои пешрафти ҷомеаи араб мусоидат накард, балки бо ақида ва таълимотҳои яхбастаи зиддифарҳангию зиддимиллии худ садди азиме дар пешрафти ҷомеа гардид. Бидуни тардид, на танҳо барои ҷомеаи араб, балки барои тамоми мусулмонон бояд боиси хурсандӣ бошад, ки Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон вазъи динӣ-фарҳангии ҷомеаи худро бо дарназардошти пешрафтҳои ҷомеаи башарӣ ҳаматарафа васеъ ва амиқ таҳлил намуду аз он бардошти хеле дурандешона намуд. Ӯ баҳори соли 2016 барномаи модернсозии “Биниш – 2030”-ро пешниҳод намуда, дунболи ислоҳи динӣ-фарҳангӣ ва иқтисодии ҷомеаи худ гардид. Барномаи худро шарҳ дода, соли 2022 ӯ таъкид менамояд, ки “мо ба таълимоти ҳақиқии ислом, ба тарзи зиндагии Муҳаммад (с) ва чор халифаи аввал, ба ҷомеаи озоду осуда бармегардем”. Бояд эътироф намуд, ки бо муҳим ва муфид будани андешаи мазкур розӣ нашудан душвор аст. Ислом воқеан ҳам бунёди ҷомеаи озоду осударо таълим медиҳад, на ҷомеаи зери тарсу ваҳм ва таълимоти хашини зиддиинсонӣ ташаккулёфтаро. Шоҳзода гузаштаи на чандон дури ҷомеаи худро ба ёд оварда, хотирасон менамояд, ки дар солҳои 1950-1970 ба гурӯҳҳои ифротии зери таълимоти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб омодашуда имкон дода шуд, ки ба дастгоҳи иқтисодию сиёсии кишвар ворид шаванд ва дар муайян намудани роҳи пешгирифтаи кишвар нақшгузор бошанд, ки чунин ҳолат ба пайомадҳои даҳшатнок оварда расонд. Дар натиҷа обрую нуфузи сиёсии кишвар хеле коҳиш ёфт. Шоҳзода Муҳаммад ибн Салмон эътироф менамояд, ки баъд аз таъсири афкори ифротии ваҳҳобия ба низоми давлатдории кишвар давлат дигар рушд карда натавонист, сармояи зарурӣ ҷалб карда нашуд, сайёҳӣ пешрафт накард. Ӯ таъкид менамояд, ки бо тафаккури ифротӣ ягон навъи ҷомеа пешрафт карда наметавонад. Ба қавли Шаҳзода Муҳаммад ибни Салмон, агар кишвар хоҳад, ки миллионҳо ҷойи кор тавлид намояд, бекорӣ коҳиш ёбад, иқтисоди кишвар рӯ ба беҳбудӣ биёрад, даромади мардум зиёд шавад, ба хотири дигар манфиатҳо он бояд дар кишвар ифротгароиро решакан намояд. Яке аз иқдомҳои шаҳзода барои решакан намудани ваҳҳобия аз зеҳни мардум аз он иборат аст, ки он соли 1727-ро таърихи нави ташкилёбии Арабистони Саудӣ таъин менамояд. Ин сана аз омадани Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб 18 сол пеш аст. Яъне шоҳзода бо ин ибтикори худ нақши Муҳаммад ибни Абдулваҳҳобро дар таърихи сиёсии кишвар низ ночиз намуда, барои муносибати нав ба таълимоти ӯ заминаи илмию-ҳуқуқӣ омода менамояд, ки бешак ин иқдом барои пешрафти минбаъдаи кишвар хеле муҳим мебошад. Қобили зикр аст, ки Муҳаммад ибни Салмон ҳамчун муслиҳи дурандеш барномаи худро оҳиста-оҳиста, қадам ба қадам мавриди татбиқ қарор додан дорад. Мусиқӣ ва кино, ки чанде беш ҳаром маҳсуб меёфт, имрӯз дар мактабҳо ба фанни ҳатмии таълимӣ мубаддал шудааст. Дар шаҳрҳо намоишҳои оммавии консертии ҳам санъаткорони саудӣ ва ҳам ғарбӣ озодона намоиш дода шуда истодаанд. Тағйиротҳо махсусан дар нисбати занон хеле чашмрас мебошанд. Агар чанде пеш барои онҳо рондани мошин мамнуъ буд, имрӯз онҳо соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуда истодаанд, барномаю лоиҳаҳои бузургро роҳбарӣ менамоянд, нақши онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт тадриҷан зиёд шуда истодааст. Шоҳзода ислоҳи худро дар ҳаёти фарҳангию сиёсии кишвар шарҳ дода истода, таъкид намудааст, ки “ Давлати мо дар заминаи маҷмуи ақидаҳою эътиқодҳои дар заминаи ислом ташаккулёфта, фарҳанги қабилавӣ, фарҳанги арабӣ, сифатҳои беназири фарҳангу эътиқодоти саудӣ бунёд ёфтааст”. Бояд эътироф намуд, ки андешаи мазкур як таҳаввулоти азим ва ҷиддӣ дар фаҳмиши ислом аст. Исломи муосир бояд ба тамоми фарҳангҳо эҳтиром гузорад. Дар исломи муосир фарҳанги миллӣ дар ҳошия қарор нагирифта, балки мағзи онро ташкил менамояд. Эҳтиром ба фарҳанги дигарон ҳатто дар рафтори паёмбари ислом Муҳаммад(с) низ мушоҳида карда мешуд. Ӯ (с) баъди ба Мадина рафтан ҳатто дар рӯзи рӯзаи яҳудиҳо рӯза гирифтааст. Аз ин нуқтаи назар шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон воқеан ҳам дуруст таъкид намудааст, ки исломи мо бояд исломи озод ва осуда бошад. Ӯ сароҳатан таъкид намудааст: Мо ба он ҳолате, ки пеш будем, бармегардем. Кишвари исломи муътадиле, ки дараш ба тамоми динҳо, анъанаҳо ва одамони тамоми рӯйи замин боз аст”. Бояд таъкид намуд, ки ин иқдом боз ҳам барои эҳтироми худи дини ислом аст. Вақте ин дин динҳои дигарро эҳтиром менамояд, вай ҳатман аз ҷониби динҳои дигар низ мавриди эҳтиром хоҳад буд. Аз ин нуқтаи назар, барномаи пешниҳоднамудаи Шаҳзода Муҳаммад ибни Салмон хосияти баланди инсонпарварона дошта, биниши навро доир ба ислом муаррифӣ менамояд. Ин биниш моҳиятан тамоми афкору аъмол ва рафтору гуфтори ифротии зиддинсониро решакан намуда, бояд афкору аъмол ва гуфтору рафтори созанда, сулҳофар ва нексириштро рӯи кор оварад. Хулоса, сиёсати пешггирифтаи Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон маҳсули пешрафти фазои нави сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи башарӣ буда, ба тамоми ифротиҳо дар тамоми гӯшаю канори ҷомеаи башарӣ ҳушдор медиҳад, ки ифроту ифпротгароӣ оянда надоранд ва бояд аз ҳар гуна ҷомеа ба таври ҳатмӣ решакан шаванд. Барномаи роҳандозӣ шудаистодаи шоҳзода зери унвони “Биниш – 2030” дини исломро ҳамчун як дини таҳаммулпазир муаррифӣ намуда, дар бунёди ҷомеаҳои солими исломӣ бешак нақши муассир хоҳад гузошт. Муовини директори Маркази исломшиносӣ Абдухалилзода К.А.

Прокрутить вверх