МАҚОЛАҲО

МАҚОЛАҲО

Суиистифода аз иттилоот – яке аз чолишҳои ҷиддии асри муосир

Асри муосирро бе муболиға метавон асри иттилоот номид. Пешрафти технология ва рушди шабакаҳои иҷтимоӣ имконият фароҳам овардааст, ки ҳар шахс ба манбаи паҳнкунандаи хабар табдил ёбад. Иттилоот имрӯз қувваи бузург мебошад, он метавонад ҷомеаро муттаҳид созад, сатҳи маърифати мардумро баланд бардорад ва ба рушди давлат мусоидат кунад. Аммо дар баробари ин, агар иттилоот бо нияти бад ва ғаразнок истифода шавад, метавонад ба амну субот, ваҳдати миллӣ ва нуфузи давлат зарари ҷиддӣ расонад. Мавриди зикр аст, ки озодии баён яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи муосир мебошад. Аммо ин озодӣ бо масъулият ҳамроҳ аст. Пеш аз паҳн кардани иттилоот ҳар шахс бояд дар бораи паёмадҳои иҷтимоии он андеша кунад. Эҳтиром ба ватан, миллат ва арзишҳои миллӣ ва ҳифзи онҳо яке аз пояҳои устувории ҷомеа буда, вазифаи муштараки ҳамаи мост. Аммо мутаассифона дар ҳар ҷомеа афроде дида мешавад, ки ба ҷойи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, тухми кинаву адоват мекоранд. Ингуна шахсонро фитнагар меноманд. Фитнагар касест, ки бо суханони бардурӯғ, овозаҳои беасос ва рафтори ноодилона миёни мардум низоъ меандозад ва оромии ҷомеаро халалдор месозад. Фитнагар маъмулан худро дӯсту хайрхоҳ нишон медиҳад, аммо дар асл мақсади ӯ барҳам задани муносибатҳои нек аст. Ӯ сухани якеро ба дигаре тағйир дода мерасонад, воқеиятро таҳриф медиҳанд ва онро ба чашми мардум нодуруст муаррифӣ мекунанд. Бо ин роҳ байни як ҷомеаи ором, дӯстон, хешовандон ва ҳатто ҳамкорон кинаву нофаҳмӣ ба вуҷуд меорад. Таъсири фитнагарӣ бисёр зараровар аст. Аввалан, эътимоди байни одамон коҳиш меёбад. Дувум, муҳити солим ба муҳити пур аз шубҳа ва нооромӣ табдил меёбад. Саввум, ҷомеа аз рушду пешрафт бозмемонад, зеро нерӯ ва вақт ба ҷанҷолҳо сарф мешавад. Фитнаангезӣ бо истифода аз иттилоот яке аз чолишҳои ҷиддии асри муосир мебошад. Шахсе, ки бо нияти бад иттилоотро бар зидди ватан ва миллат истифода мебарад, метавонад ба субот ва ваҳдати ҷомеа таъсири манфӣ расонад. Аммо ҷомеаи дорои маърифати баланд, тафаккури интиқодӣ ва эҳтироми мутақобил метавонад ба чунин чолишҳо муқовимат намояд. Барои пешгирӣ аз фитнагарӣ, ҳар як инсон бояд ҳушёр бошад. Пеш аз бовар кардан ба ҳар хабар, дурустии онро санҷидан зарур аст. Агар касе сухани нохубе дар бораи дигаре гӯяд, беҳтар аст мустақиман бо ҳамон шахс суҳбат намояд. Илова бар ин, тарбияи ахлоқӣ ва эҳтироми якдигар нақши муҳим дорад. Инчунин барои ҳифзи ваҳдати миллӣ ва рушди устувор зарур аст, ки сатҳи маърифати расонаӣ баланд бардошта шавад, фарҳанги муколамаи созанда ташаккул ёбад ва ҳар як шаҳрванд масъулияти сухан ва амали худро эҳсос намояд. Танҳо дар ин сурат ҷомеа метавонад ба чолишҳои иттилоотии замони муосир посухи муносиб диҳад. Хулоса иттилоот дар асри муосир яке аз соҳаи пурқудрат ба ҳисоб меравад. Он метавонад барои рушд ва ваҳдат хизмат кунад ё баръакс, барои барангехтани фитна ва тафриқа истифода шавад. Шахсе, ки бо нияти бад иттилоотро бар зидди ватан ва миллат истифода мебарад, ба субот ва ҳамдигарбоварии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамчунин, фитнагарӣ амали носолим ва хатарнок аст. Ҷомеае, ки дар он ростқавлӣ, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад, барои фитнагарон ҷой намемонад. Пас, биёед бо рафтори нек ва сухани дуруст сулҳу оромиро дар ҷомеаи худ ҳифз намоем. Сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Исоев Н.

МАҚОЛАҲО

Дарки дурусти таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар (с)

Зимни андешаи ҷиддӣ дар бораи таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар ба чунин бардошти эҳтимолан баҳснок хоҳем расид, ки мутаассифона, мусулмонон то ҳанӯз моҳияти таъйиноти мазкурро дуруст дарк накардаанд. Ба андешаи ин ҷониб, дуруст надонистани асли таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар сабаб гардидааст, ки мардуми мусулмон ҷавҳари таълимотро монда, арзишҳои дуюмдараҷаро пайгирӣ намоянд. Воқеияти ҳоли имрӯзаи мусулмононро ба таври рамзӣ метавон чунин муаррифӣ намуд, ки ба сабаби ноогоҳӣ аз моҳияти матлаби зикршуда мардуми мусулмон дар умум калларо монда дар пайи салла афтидаанд. Яке аз намунаҳои равшани дуруст нашинохтани ҷавҳари таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар ва иштибоҳан омехта намудани “каллаю салла” дар тақлиди кӯр-кӯрона аз суннати Паёмбар ифода меёбад. Тақлиди кӯр-кӯрона ва муғризона аз суннати паёмбар дар он ифода меёбад, ки мардуми мусулмон дар самти пешгирифтаи худ собитқадам набуда, танҳо он суннатеро интихоб ва пайравӣ мекунанд, ки барояшон мушкилзо нестанд. Ногуфта намонад, ки дар зери мафҳуми «Суннати Паёмбар (с)” дар олами ислом одатан гуфтору кирдори Паёмбари ислом Муҳаммад (с)-ро мефаҳманд. Албатта, чунин фаҳмиш, аз як нигоҳ, мушкилии ҷиддие надорад. Аммо ин ҷо мавзуи мавриди таваҷҷӯҳ ва тааммулу таҳқиқ аз он иборат аст, ки мардуми мусулмон дар кишвари мо ва берун аз он дар зери суннати Паёмбар кадом гуфтору рафтори ӯро чун рафтори зарурӣ ва барои ҷомеаи мусулмонон муҳим мепазиранд, пайравӣ менамоянд ва онҳоро аз ҷумлаи вижагиҳои фарқкунандаи дини ислом ба қалам медиҳанд. Ҳангоме мавзуи моҳияти суннати Паёмбарро ҷиддӣ таҳқиқ менамоем, мебинем, ки мусулмонони мо, мутаассифона, масоили хеле кучак, ночиз, зоҳирӣ, дуюмдараҷа ва аз аҳамияти иҷтимоӣ ва таълимию тарбиявӣ ориро мавриди таваҷҷуҳу пайгирӣ қарор медиҳанд. Масоили номбаршуда асосан аз мондани риш, бардоштани ангушту даст дар баъзе ҳолатҳои намоз, хӯрдани хурмо зимни рӯзакушоӣ ва амсоли инҳо иборат аст. Дар ин ҳолат сарулибоси Паёмбар, хӯрду хӯроки ӯ, ҷойи хобу василаи ҳаракаташ аз маконе ба маконе аз ҷониби “суннатдӯстдорон”, албатта, ҳамчун суннат пазируфта ва пайравӣ карда намешавад. Онҳо пазируфта нашудани суннатҳои мазкурро одатан ба тағйирёбии замона рабт медиҳанд. Яъне, чун замона дигар шудааст, “суннатдӯстдорон”- ро аз ҳамқадамӣ бо замона чорае нест. Воқеан ҳам хеле тааҷҷубовар аст, ки имрӯз “суннатдӯстдорон” баъзе аз рафтори Паёмбарро чун намунаи ибрат пазируфта, пайравӣ менамоянд, аммо иддаи дигари рафтори Паёмбарро ба сабаби тағйирёбии замона на танҳо пайравӣ намекунанд, балки огоҳона ба гӯшаи фаромӯшӣ месупоранд. Пурсида мешавад, ки чунин муносибат магар қобили қабул аст? Агар ба гуфтору рафтори Паёмбар беғаразона, бо нигоҳи системавӣ ва равиши диалектикӣ назар андозем, мо дар он амалкарду ҳадафҳои хеле муҳим ва зарурию ногузирро пайдо менамоем, ки бешак моҳияти таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбарро барои мо равшану возеҳ боз мекунанд. Дар оғоз мехоҳем таъкид намоем, ки ин ҷо “нигоҳи системавӣ” гуфта, фаъолияти Паёмбарро ҳамчун як барномаи томи ахлоќї-иљтимої дар назар дорем. Дар зери “равиши диалектикӣ” бошад, мо амалкардҳои Паёмбарро дар робита ба муҳити сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳукмрону зарурати тағйирёбии онҳо мефаҳмем. Воқеан ҳам баъзе амалҳо дар рафтори Паёмбар хусусияти ҷузъӣ дошта, баъзеи дигар хусусияти куллӣ доранд, яъне пайгирӣ аз ҳадафи асосӣ ва марказие мебошанд, ки паёмбар барои расидан ба он бо иродаи матин ҳама гуна монеаҳои сунъию табииро бартараф намудааст. Ба андешаи мо бардоштани ангушту мондани ришу бо хурмо кушодани рӯза ва амсоли инҳо аз ҷумлаи аъмоли ҷузъӣ мебошанд. Онҳоро мавриди амалкарди ҳатмӣ ва нишони пайравии исломи воқеӣ муаррифӣ кардан нишони танҳо биниши маҳдуд, равиш (метод)-и ғайриилмии таҳқиқ ва нуқси илму дониш метавон донисту халос. Зеро амалҳои номбурда мазмуну ҳадафи асосии Паёмбарро муайян наменамоянд. Қобили зикр аст, ки донишмандони ислом дар тули асрҳои зиёди сипаригардида, аз як тараф, ба сабаби пойбандӣ ба такаббуру тафохур, аз тарафи дигар, ба сабаби дур будан аз дониши фалсафию надоштани тафаккури диалектикӣ таълимоти исломро, махсусан суннати Паёмбарро ҳамчун таълимоти зидди куштору таркиш, таълимоти сулҳофару инсонпарвар, ислоҳсозандаи ҷомеаю барои рушду пешрафт таҳрикдиҳанда дарк карда натавонистанд. Қишри номбурда ба сабаби таассуби динию яхбастагии афкору ақида таълимоти мазкурро аксаран зиддиилмӣ муаррифӣ намуда, олами исломро ба ботлоқи ҷаҳолат ғӯтавар гардониданд, ки оқибати он имрӯз дар шароити пешрафти босуръати илму технологияи ҷаҳонӣ равшан эҳсос мегардад. Воқеан ҳам, ҳамин нигоҳи яктарафа, борик, сатҳӣ, орӣ аз принсипи ягона, маҳдуду танҳо ба ҷузъиёт вобастаи донишмандони исломӣ сабаб гардидааст, ки олами ислом дар давоми зиёда аз ҳазор сол ҷомеаи хоболуд, қафомонда, аксаран дур аз илму маърифат, ниёзманд, дастнигар ва шахшудамонда боқӣ монад, дар ҳолате, ки ҳам дар Қуръон ва ҳам дар аҳодиси Паёмбар оятҳою ҳадисҳои зиёде ҳастанд, ки манфиати инсонро дар маркази таълимот қарор дода, сабукии зиндагӣ ва пайгирӣ аз илму донишро, ки муҳаррики асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбанд, пайваста тарғиб менамоянд. Агарчанде дарки асли таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар ба донишмандони исломӣ ба сабаби надоштани тафаккури диалектикӣ муяссар нагардид, лекин шинохти воқеии таъйиноти мазкур ба донишмандони ғайриисломӣ, ки воқеан ҳам нигоҳ ва биниши васеъ доштанд, муяссар шуд. Хеле тааҷҷубовар аст, ки баъзе муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ ба нақши Муҳаммад (с) дар рушди ҷомеа баҳои баланд дода, хосияти пешбарандагию таҳрикдиҳандагӣ ва мутобиқ ба рушду пешрафт будани дини исломро махсус қайд намудаанд. Аз ҷумла, шарқшиноси маъруф В.В.Бартолд менависад, ки “… ислом дар тули ҳаёти асосгузори худ раванди пешрафту рушдеро паси сар кард, ки онро дини буддоӣ аз замони Шакямуни то Ашока, ва дини масеҳӣ аз замони Исои Масеҳ то Константини Бузург паси сар карда буд”. (Ниг. (Бартольд В.В. Ислам.//Акад. Бартольд В.В. Соч. Т.6. – М. : Наука, 1966. Саҳ. 81). Ин ҷо барои хонанда ёдовар мешавем, ки Паёмбари ислом соли 570 таваллуд шуда, соли 632 фавтидааст. Аммо давраи нубувватии ӯ, ки бевосита муассир будааст, аз соли 610 оғоз ёфта, то охири умраш тул кашидааст. Ин давра ҳамагӣ 22 солро фаро мегирад. Аз гуфтаи муҳаққиқи маъруф В.В. Бартолд бармеояд, Муҳаммад (с) дар давоми 22 сол ҷомеаро ҳамон қадаре пеш бурд, ки барои дини буддоӣ ва масеҳӣ тақрибан 400 сол лозим омад. Ба андешаи ин ҷониб, асли таъйиноти рисолати иҷтимоии Паёмбари ислом Муҳаммад (с) маҳз дар ислоҳи ҷомеа, таъмини пешрафти ҷомеаю ҳамқадами замон гардондани он ифода меёбад. Аммо, мутаассифона, вақте зимоми ҷомеа ба дасти “уламо” ё “ворисони Паёмбар” афтод, ҷомеаи исломӣ дар давоми қариб ҳазор соли охир, манзури мо давраи баъди аҳди Сомониён, эҳтимол як қадам ҳам пеш ҳаракат накарда бошад. Аз суннатгароён ва қишри ба ном “уламо ё ворисони Паёмбар” пурсида мешавад, ки сабаби чунин шахшудамондагӣ ва беҳаракатӣ дар ҷомеаҳои исломӣ дар тули ҳазор соли охир чист? (Ин ҷо

МАҚОЛАҲО

Ҳифзи Ватан аз гӯшаи имондорист

“Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дўст дорем, ватандўсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем ва барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем”. Эмомалӣ Раҳмон. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ ватанро ҷойи таваллуд ва нашъунамо, зодгоҳ, меҳан маънидод намудаанд. Саъдии Шерозӣ дар васфи ватан чунин мефармояд: Саъдиё ҳубби ватан гарчи ҳадисест саҳеҳ, Натавон мурд ба хорӣ, ки ман инҷо зодам. Вожаи Ватан барои ҳар як шахси бонангу номус муқаддас ва арзишманд аст. Ватан маконест, ки инсон дар он ҷо худро орому осуда ва соҳиби кошона эҳсос мекунад ва ба он менозаду меболад. Ватандорӣ арзиши муқаддаси инсонӣ ба ҳисоб меравад. Муҳаббат ба ватан эҳсоси ифтихор, масъулият ва садоқатро дар қалби кас бедор месозад. Масъулият бошад амали мушаххасест, ки дар худ эҳтироми арзишҳои миллӣ, волоияти қонун ва риояи онҳо, саҳмгузорӣ дар рушди он ва ҳифзи истиқлолиятро дар худ инъикос мекунад. Ҳақ бар ҷониби адиби ватансаро Муҳаммад Ғоиб аст, ки мегуяд: Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам, Ками худро нагӯям кам, ватан дорам, ватан дорам. Агарчи кулбаам одист, вале дил маскани шодист, Фараҳ хезад маро аз ғам, ватан дорам, ватан дорам. Хасисон низ мебахшанд баҳри ҳифзи меҳан ҷон, Ватан касро кунад ҳотам, ватан дорам, ватан дорам… Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам, Садоям бишнавад олам, ватан дорам, ватан дорам. Шоир бисёр самимона ва бо ифтихор ба камиву костии зиндагӣ нигоҳ накарда, бо як иродаи баланд аз таъриху фарҳанг, арзишу муқаддасот сухан мекунад, ҳотамиву бурдбории хешро аз доштани ватан медонад. Бо ба даст омадани истиқлолияти сиёсиву давлатӣ мафҳуми ватандорӣ мазмуни нав касб намуд. Мардуми шарифи кишвар танҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ соҳиби давлати миллӣ гардиданд. Аммо истиқлолият танҳо ҳуқуқ ва ифтихор нест, балки масъулияти бузург дар назди наслҳои имрузаву ояндаи миллат аст. Моро зарур аст музаффариятҳои онро ҳифз кунем, ваҳдати ягонаи миллӣ ва суботи ҷомеаро мустаҳкам намоем. Шоир М.Ғоиб дар ҷойи дигар бо ҳамин маънӣ чунин мефармояд: Ҳамон роҳе, ки поёнаш намебинам, ватандорист, Ҳамон дарде, ки дармонаш намебинам, ватандорист. Ба хуни ноф ҳар хоке шавад олуда, ҷон дорад, Танеро бе ғами ҷонаш намебинам, ватандорист. Дар шароити ҷаҳонишавии бемайлон ва бо ҳам омадани тамаддунҳои гуногун, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои фарҳангӣ мубрамияти бештар пайдо мекунад. Ҳифзу ҳимояи ватан аз нигоҳи дини ислом низ ҷойгоҳи хос дорад ва Офаридгор мусулмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. Ҳар яки мо вазифадорем, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем. Дар таълимоти дини мубини ислом иборае мављуд аст, ки дўст доштани ватанро ба њама вољиб мегардонад: «Ҳуббу-л-ватани мина-л-имон», яъне дўст доштани ватан аз имон аст. Ибораи мазкурро баъзеҳо ҳадис, гурӯҳи дигар хабар ё қавл медонанд. Аммо ҳамагон дар воҷиб будани «Ҳуббу-л-ватан» иттифоқ доранд. Муҳаққиқ Фахриддин Насриддинов дар пешгуфтори таҳияи китоби Маҳмуд ибни Умари Замахшарӣ «Хираднома» (Ҳазору як гуфтор аз «Робеъ-ул аброр ва нусус-ул ахбор») аз ҷумла овардааст, ки ин асар аз ҷумлаи шоҳкориҳои миллати тоҷик аст, ки мақоми ҷаҳонӣ дорад ва бешак аз донишу биниши фарохи муаллиф шаҳодат медиҳад. Матлабҳои китоби мазкур фарогири мавзуъҳои муҳими ҳаёти ҷомеа буда, дар он мавзуъҳои ватану ватандорӣ мақоми хосеро дорост. Дар боби меҳри ватан ва иштиёқу дилбастагӣ ба он чунин ривояти ҷолибро овардааст: Абон ибни Саид (асҳоби киром) аз Макка ба Мадина ба назди Расуллоҳ (с) омад. Ҳазрат аз ў пурсиданд: Эй Абон, вақте, ки аҳли Маккаро тарк намудӣ, онҳо дар чӣ ҳол буданд? Гуфт: дар ҳоле, ки борони нарму хуш бар сарашон мерехт ва изхир (гиёҳи хушбў) шоха бармекашид ва сумом (гиёҳи хордоре, ки гулҳои шабеҳи сунбул дорад) сарсабз гардида буд. Бо шунидани ин суханон аз чашмони мубораки Пайғамбар (с) ашк равон гардид. Ин матлаб шаҳодати онро дорад, ки Расули акрам ҳамеша ба ёди зодгоҳаш будааст ва аз дурии он ранҷ мебурдааст, Дуруст ва саҳеҳ будани ҳадиси дар боло зикршударо ривояти мазкур тасдиқ намуда, дигар шубҳае дар ин боб боқӣ намемонад. Дӯст доштани ватан, ҳифзи он, хизмат ба ватан, обод кардани он, садоқат ва ҷоннисорӣ ба он вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд аст, хоҳ мард бошад хоҳ зан. Пас адо намудани қарзи шаҳрвандӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, ин на фақат ҳифзи марзу буми ватан, балки иҷро намудани фармудаи шариат ҳам мебошад. Зеро Офаридгор муҳофизони ватанро дар Қуръони карим зикр намуда, барояшон савоби ҷорияи беандоза муқаррар кардааст. Ҳифзи ватан барои онҳое, ки хизмати Ватан- модарро адо менамоянд, баҳри зиндагии осоиштаи мову шумо шабњо бедорхобӣ мекашанд, гуё фарзу суннатро иҷро карда истодаанд. Аммо баъзе ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ рўй тофта, ба ҳар роҳу васила аз хизмати Ватан – модар худдорӣ мекунанд. Чунин ашхос фармудаҳои офаридгорашро нодида мегиранд, ки чунин амалро метавон хиёнат ба ватан номид. Хушбахтона аксари ҷавонони мо ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта, ҳамасола садҳо ҷавонони далеру шуҷоъ бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, зеро имрӯз давлати мо муқтадир гашта, барои адои хизмат барои афсарону сарбозон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Мо дар арафаи фарорасии яке аз идҳои муҳим, рӯзи Артиши миллӣ, ки зомини якпорчагии давлату кишвар мањсуб мешавад, қарор дорем. Таманно мекунем, ки ватани азизамон бо шарофати Артиши корозмуда ва бо силоҳи ҷангии мудерн муҷаҳҳаз, ки асоси онро ҷавонони бонангу номуси кишвар ташкил медиҳанд ва зомини фазои орому осудаи кишвар ҳастанд, ҳамеша бегазанд аз ҳама хатарҳо бошад. Мушовири директори Марказ А. Мирзозода

МАҚОЛАҲО

АРТИШИ МИЛЛӢ – ШАРАФИ ВАТАНДОРӢ

Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони Истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлоли он таҳти хатари нобудӣ қарор дошт. Нахустин кушиш дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» буд. Баъдтар 04-уми январи соли 1992 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 10-уми июни соли 1992 Фармон «Дар бораи таъсиси Фронти халқӣ» ва 17-уми сентябри соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида бошанд ҳам, вале вобаста ба авзои носолими сиёсӣ ва мураккаби оғози Истиқлоли давлатӣ имконият ва шароити таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол, яъне Артиши миллӣ ба Тоҷикистон муяссар нагардид. Зеро кишвар дар шароити басо душвор ва мураккаби сиёсию иҷтимоӣ қарор дошт. Зеро дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту нарасидани озуқаворӣ, сарулибос, техникаю муҳимоти ҷангӣ ва амсоли инҳо дар ҳар қадам эҳсос мешуд. Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди Артиши миллӣ ба таври ҳаққонӣ амалан сурат гирифт. 18-уми декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии мутамарказ ва сафарбаркунии нерӯҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ бо мақсади ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид, ки роҳбарии он ба дӯши Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуд. Ба тасвиб расидани ин қарорҳо заминаи ҳуқуқиро барои ташкили Артиши миллӣ фароҳам овард. 23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбӣ баргузор гардид ва рӯзи баргузории парад, яъне 23-юми феврал – Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд, ки мо имрӯз 33-юмин солгарди онро таҷлил намуда истодаем. Мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд. Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлоли давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд. Артиши миллии Тоҷикистон 33 сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шуд. Бо шарофати кушишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа Артиши миллии Тоҷикистон, бинобар ҷанг дида ва кор озмуда будан, аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа шуморида мешавад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд. Чунки ҳеҷ як давлату халқият бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва таъминкунандаи сулҳу суботи кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст. Садуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО

Раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти арзишҳои динӣ дар кишварҳои мусулмоннишин: сиёсисозии ислом ва исломикунонии сиёсат.

Қисмати 1. Раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти фарҳанги сиёсӣ дар ҷаҳони ислом. Раванди ҷаҳонишавӣ ки дар тӯли чоряк қарни охир дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-динӣ дигаргуниҳои воқеан инқилобиро дар ҷаҳони имрўз оварда истодааст, кишварҳо онро бо мушкилоти аз сар гузаронидаанд. Хусусан афзоиши теъдоди аҳолӣ дар кишварҳои мусулмоннишин ва муҳоҷирати онҳо ба кишварҳои дигар ба ин раванд шакли дигар дод. Таъсиси ҳаракатҳои сершумор таҳти парчами ислом дар саросари ҷаҳони Ғарб, аз ҷумла дар ҷойҳое, ки мусулмонон аксариятро ташкил намекунанд, дар се даҳсолаи охир хос буданд. Ин ҷунбишҳо ба кишварҳои ғарбӣ расида, эҳсоси “хатари исломӣ”-ро ба вуҷуд оварда, “тафсири бемантиқтарин”-ро ба вуҷуд оварданд. Вазъи ҷомеъа наздик ба ваҳм афтод ва дар тӯли чанд сол аз формулаи оромбахши футурологи маъруф Фукуяма, ки аз пирӯзии ҷаҳонии демократия ва “охири таърих” истиқбол кард, ба фарзияи Самуэл Ҳантингтони амрикоӣ дар бораи ногузирии “ҷангҳои тамаддунҳо” гузашт . Ин ҳолати рӯҳиро ҷомеашиноси фаронсавӣ Оливье Монгин беҳтарин таъриф кардааст: “Барои муайян кардани яке аз даҳшатноктарин таҳдидҳо ба демократия ва ҷумҳурӣ, аслан ҳама истилоҳот ба осонӣ омехта шуданд – суннатпарастӣ, исломгароӣ, фундаментализм, радикализм аст . То имрўз ҳам дар Ғарб ва ҳам дар Шарқ барои таҳлили вазъ ва тасниф кардани ҷараёнҳои мухталифи ислом, аз миллатгароӣ ва дунявият то “суннатгароии мусалмонӣ” ва ҳатто (ба қавли З.И.Левин) “максимализми мусулмонӣ” талошҳои оромтаре сурат гирифт, аммо вазъи рӯҳӣ дар Ғарб асосан ҳамоно боқӣ монд1 . Баъзе муаллифон барои тавсифи тафаккури муосири мусулмонон ва хусусан тафаккури ашхоси ифротӣ ва амалҳои террористии ҷангиёни исломӣ, кӯшиш доранд сарчашмаи онро ба мисолҳо аз таърихи асримиёнагии ҳаёти сиёсии мусулмонон пайдо кунанд. Ҳарчанд нооромиҳо ва ҷангҳои дохилӣ дар кишварҳо, ба хусус, Афғонистон, Қафқоз, Алҷазоир, Босния, Лубнон, Ироқ, Судон, Сурия, Яман, Индонезия ва ҳатто то андозае дар Осиёи Ҷанубӣ ва Арабистон, ба эътидол омада бошад ҳам, ба таври гуногун бо назардошти манфиати тарафҳо инъикос мешавад. Мусулмонон аз хушунат, демагогия, табаддулоти низомӣ ва дарборӣ, саркӯбҳои оммавӣ ва амалҳои ғайриинсонии режимҳои авторитарӣ, диктатураҳои шахсӣ ва «фарҳанги сиёсии шахшуда» низомиён ё рӯҳониён (аксар вақт аз ҷониби як шахс ё гурўҳ намояндагӣ мекунанд), хоҳ дар қудрат ва ҳам дар маҳалҳо хаста шудаанд . Кепел ин падидаро дақиқ мушоҳида карда, роҳи ҳалли худро дар пайдоиши «як навъ демократияи мусулмонӣ» мебинад, ки метавонад «фарҳанг ва динро бо воқеиятҳои сиёсиву иқтисодӣ пайваст» ва «шуури шахшударо имрӯз тақсим кунад, ки фардо бузургтар шавад». Ин рисолаи охир хеле шубҳанок аст. Ба ҷуз аз давлатҳои истихроҷи нафт, пеш аз ҳама монархияҳое, ки ба демократия ва ҳатто конститутсионӣ майл надоранд, дар ҷаҳони мусулмонӣ қариб ҳеҷ кишваре вуҷуд надорад, ки “сарчашма”, яъне даромади баланд доранд. Аз ин рў, масъалаи тақсимоти ҳамин «сарчашмаи ягона»-и дар кишварҳои исломӣ ҳамчун маҷмўи мушкилоти иҷтимоъӣ, моддию иқтисодӣ, молиявӣ яке аз масъалаҳои баҳс талаб аст. Гузашта аз ин, таърихан давлатҳои сулолавӣ ва қавмӣ дар иқтисоди ин кишварҳо ҳамеша нақши муҳим дошта, аксаран бо сабабҳои гуногун (аз ҷумла динӣ) фаъолияти озод ва рушди иқтисодии кишварро монеъ мешуданд ва баръакс бойгарии ин кишварҳоро ба ѓорат мебурданд. Дар чунин вазъ ба эътиқоди бисёре аз уламои исломӣ, исломи сиёсӣ пайдо шуд ва дар ҳама ҷо барои “мувозинат” байни раҳбарияти ҳукумат ва бахши хусусӣ талош мекунанд, ки “мехоҳанд капитализмро дар чаҳорчӯби солими идоракунии иқтисод, ки бо пайдоиши низоми солими иқтисодӣ оварда мерасонад алоқаманд нигоҳ доранд” . Аммо дар ду асри ахир ба истисноҳои нодир, доираҳои ҳокими кишварҳои исломӣ ба таҳаввул ба сӯйи рушди иқтисод ва низоми демократӣ таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд ва зоҳир намекунанд. Аввалан, аксарияти аҳолии ин кишварҳо камбизоат боқӣ мемонанд ва камбизоатӣ як заминаи заиф барои демократия аст. Вакте ки шумо барои неъматхои моддие, ки ба ҳама намерасад, мубориза мебаред, барои қонун, баробарӣ ва адолат, рушди маориф вақт нест. Дуввум, худи табиати элитаи ҳоким дар ҷаҳони ислом имкони демократисозии онҳоро истисно мекунад. Дар давоми дахсолахо 30—40 фоизи даромади миллиро шахсони дар сари хокимият буда азхуд кардаанд ва нияти ба касе тақсим карданро надоранд. Дар бисьёр ин давлатҳо бюрократизм ва буржуазия амалан муттаҳид шуда, аз роҳи ғайриқонунӣ ва фасод ба даст овардани сарват як амалӣ муқаррарӣ гардидааст . Вазъияти Шарқи мусулмониро бо вазъияти Шарқи Дур ва Осиёи Ҷануби Шарқӣ муқоиса кардан мумкин аст, ки дар он ҷо синтоизм, буддизм, даосизм ва конфуцийизм таваҷҷуҳи бештар ба ахлоқ,ҷаҳони ботинӣ ва меъёрҳои рафтори одамон дода, ҷомеа аз рўи низоми маорифи муосир ва системаи иқтисодии муайян пеш меравад. Ҳарчанд ин давлатҳо ҳам давраҳои ҷанги дохилӣ, мустамликадорӣ аз сар гузаронданд. Дар умум дар ҷаҳони шарқӣ давраи мустамликадорӣ, ки дар асрҳои 16—19 оғоз ёфт, муносибати созандаи ¬Ғарбро бо тамоми Шарқи мусулмонӣ дур кард. Ин таъсири манфӣ ба равобити ҷаҳони ислом ва Ғарб дошт ва дорад, зеро мусулмонон тамоми бадиҳои мустамликадориро аз призмаи анъанаҳои ҳазорсолаи ҷангҳо, муборизаҳои сиёсӣ ва идеологӣ бо натиҷаҳои гуногун,пирӯзиҳо ва шукӯҳи империяҳои мусулмонони Димишқ, Бағдод, Кордугар ва шикасти империяи Усмонӣ, Қоҳир аз сар гузарондан. Мусулмонон, ки нисбат ба дигар халқҳои Шарқ бештар бо андеаши динии аврупоӣ ихтилоф доштанд ва бар зидди онҳо мубориза мебурданд, нисбат ба онҳо низ зулму истибдод зиёдтар буд. Дар охири асри 19 қариб ҳамаи кишварҳои исломӣ ё ба ниммустамликаҳои ғарбӣ ё ба давлатҳои вобаста табдил ёфтанд. Табиист, ки чунин вазъият боиси сар задани табаддулоти ичтимоию сиёсй буд. Ислом дар омода намудан ва амалӣ намудани муборизаҳои сиёсӣ нақши бузурге бозид, зеро он на танҳо як дин, балки фалсафа, ҷаҳонбинӣ, маҷмӯи қоидаҳои ахлоқӣ ва рӯзгор ва дастури амалии ҳаёти рӯзмарра ва соҳаҳои гуногуни фаъолияти иҷтимоию иқтисодӣ буд . Котиби илмии Марказ Маҳрамбеков М. Идома дорад…

МАҚОЛАҲО

Тараннуми рамазон дар оинаи шеъри ниёгон

Рӯза яке аз фароиз ва дастуроти ислом буда, дар худ одоб ва қонуниятҳои хос дорад, ки ҳар мусулмони болиғ ва оқил бояд аз дамидани субҳи содиқ то ғуруби офтоб бо нияти ба ҷо овардани фармони Парвардигор аз аъмоли ботилкунандаи рӯза худдорӣ намояд. Далели ин гуфтаҳо ояти 183 сураи Бақара “Эй касоне, ки имон овардаед, бар шумо рӯза доштан лозим карда шуд, чунон ки бар касоне лозим карда шуд, ки пеш аз шумо буданд, то бошад ки парҳезгорӣ кунед!” мебошад. Муборак бод омад моҳи рӯза, Раҳат хуш бод, эй ҳамроҳи рӯза. Шудам бар бом то туро бубинем, Ки будам ман ба ҷон дилхоҳи рӯза. Назар кардам кӯлоҳ аз сар бияфтод, Сарамро маст кард он шоҳи рӯза. Мусулмонон, сарам маст аст аз он рӯз, Зиҳӣ иқболу бахту ҷоҳи рӯза. Дуоҳо андар ин маҳ мустаҷоб аст, Фалакҳоро ба дарду оҳи рӯза. Шамси Табрезӣ Рамазон моҳи Худо ном дорад. Бе тардид ин моҳи муборак дар зеҳни ҳар касе ба навъе ҷилвагар мегардад. Ба ибораи дигар, ҳеҷ мусулмонзодае нест, магар он ки дар зеҳни ӯ хотираҳое аз рамазони муборак вуҷуд надошта бошад. Лаҳзаҳои фаро расидани ифтор, хоб мондан дар саҳар, маросими шаби қадр ва даҳҳо мавзуъ ва масъалаҳое, ки дар атрофи рамазон ба вижагиҳои рӯзҳо ва шабҳояш падид меояд, дер боз то кунун дар зиндагии мардум вуҷуд дорад. Рамазон моҳи рӯза ва моҳи нуҳуми қамарӣ байни моҳи шаъбон ва шаввол буда, дар луғат ба маънои гармии сахт ва шиддати тобиши хуршед меояд. Баъзе мегӯянд рамазон ба маънои санги гарм аст, ки пойи равандагонро месӯзонад. Шояд аз феъли “رمض” “рамаза” бошад, ки ба маънои сӯхтан, яъне сӯхтани гуноҳони рӯзадорон дар ин моҳи муборак мебошад. Дар истилоҳи шаръӣ вожаи рамазон ба маънои дурӣ ҷустан аз хӯрдану ошомидан ва дигар амалҳо аз дамидани субҳ то ғуруби офтоб мебошад. Дар Қуръони карим вожаи “рамазон” як бор ва вожаҳои “савм, сиём, соимин ва соимот” чаҳордаҳ бор омадааст. Рамазон дар худ фарҳанги бузург ва ибратомӯзе дорад. Фарҳанги оганда аз ҳазорон маърифати отифию ахлоқӣ. Дар ин росто шоирони бузурги ниёгони мо дар каломи мавзуни хеш ҷилваҳоеро аз ин фарҳанги бузург ба кор гирифтанд. Агар тамоми шеъри шоирони ниёгонамонро ба назар бигирем, шояд ҳеҷ мазмуне дар иҳотаи мазҳаб, ба андозаи рӯзаи моҳи мубораки рамазон ва дигар мазомини марбут ба он, чун иди фитр ва шабҳои қадр мавриди таваҷҷуҳи шоирон ва истифодаи онҳо қарор нагирифта бошад. Илова бар ин, мазмунсозӣ бо ин мафҳумҳо бисёр густурда буда, метавон қасидаҳоеро дар мадҳи рӯзҳои алоҳидаи ин моҳи шариф пайдо кард. Пояи илму адаб ва фарҳанги мардуми тоҷику форс ҳам пеш ва ҳам пас аз густариши ислом дар Мовароуннаҳру Хуросон дар раванди ташаккули мунтазам қарор дошт, рушду пешрафт ва бунёди шеъру шоирӣ асосан баъди асрҳои IХ дар ашъори бузургонамон, чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Хоқонӣ, Саъдӣ, Балхӣ ва дигарон дида мешавад. Устод Рӯдакӣ аз аввалин донишмандони барҷастаи илму адаби мардуми тоҷику форс ба ҳисоб меравад, ки бинои шеърро дар адабиёти тоҷику форс барафрохтааст. Дар оинаи шеъри устод Рӯдакӣ вожаҳои рӯза, рамазон, савм ва сиём инъикосгари моҳи мубораки рамазон мебошанд ва ин бозтоб дар тамоми навъҳои шеърӣ, чун мадҳ, ғазал, рубоӣ, марсия ва дубайтӣ мушоҳида мешавад. Рӯза ба поён расиду омад нав ид, Ҳар рӯз бар осмонат бод имрӯз. Рӯдакӣ Ҳамон бар дили ҳар касе буда дӯст, Намози шабу рӯза ойини ӯст. Фирдавсӣ Бар омадани иду бурун рафтани рӯза, Соқӣ бидиҳам бода бар боғу ба сабза. Манучеҳрӣ Иди Қурбон бар ӯ муборак бод, Ҳам бар он сон, ки буд иди сиём. Фаррухӣ Хуҷаставу муборак қудуми моҳи сиём, Бар авлиё ва аҳиббои шаҳриёр ном. Наззорӣ Тавре ки зикр кардем, дар аксари ашъори шоирони бузургамон вожаҳои савм, сиём, рӯза ва муродифоти дигари он дар мавридҳои муайян корбаст гардидаанд. Илова бар ин, Хоқонӣ низ вожаҳои рӯза ва рамазонро дар ашъораш васф карда, рӯзаро яке аз беҳтарин роҳҳои ғолиб омадан бар нафси аммора донистааст: Аз ҷисм, беҳтарин ҳаракоте салоҳ дон, Ва-з нафс беҳтарин сукуноте сиём дон. Хоқонӣ Дар осори Шайх Саъдӣ низ васфи моҳи шарифи рамазону рӯзаи он ва қонуниятҳои дигари ин моҳи муборак мушоҳида мегардад. Шоир дар осори худ хаёлпардозӣ намуда, дидори рӯйи дӯстро ҳамчу дидани моҳи иди рамазон муборак мешуморад ва ӯ шодию нишоти иди фитрро дар дидори рӯйи дӯст мебинад: Ҳар киро хотир ба рӯйи дӯст рағбат мекунад, Пас парешонӣ биёяд бурданаш чун мӯйи дӯст. Дигаронро ид, агар фардост, моро з-ин ду ҳаст, Рӯзадорон рӯйи моҳ бинанду мо абрӯйи дӯст. Саъдӣ Бояд тазаккур дод, ки васфи мазмунҳои беҳтарин ва мафҳумҳои амиқ дар бораи моҳи шарифи рамазон ва рӯзадорӣ дар куллиёти Шамси Табрезӣ барҷаста баён гардидааст, зеро ӯ шӯридаи мактаби ирфон ва донандаи аҳкоми шариат буд ва пайванди ногусастанӣ доштани онҳоро хуб эҳсос мекард. Аз ин рӯ, бо омадани моҳи шарифи рамазон, моҳи меъроҷи одамӣ, моҳи парвариши руҳ, моҳи буридан аз нону расидан ба ҷонон шоирро ба ваҷд меовард, ки чунин ба қалам додааст: Моҳи рамазон омад, эй ёри қамарсимо, Барбанд сари суфра, бикшой раҳи боло, Эй ёваи ҳарҷоӣ, вақт аст, ки боз ойӣ, Бингар суйи ҳалвое, то ки талабӣ ҳалво. Мурғат зи хуру ҳайза мондаст дар ин байза, Берун шав аз ин байза, то боз шавад парҳо. Аз дард ба соф ойем в-аз соф ба қоф ойем, К-аз қофи сиём эй ҷон, усфур шавад анқо. Бастем дари дӯзах, яъне тамаи хӯрдан, Бикшой дари ҷаннат, яъне, ки дили равшан. То суфраву нон бинӣ, кай ҷону ҷаҳон бинӣ Рав ҷону ҷаҳонро ҷӯ, эй ҷону ҷаҳони ман. Шамси Табрезӣ Шамси Табрезӣ дар ғазали дигари худ рамазонро муҷиби ислоҳи қалбҳо ва комил намудани имон, моҳи дурӣ ҷустан аз хоҳишоти нафс, моҳи сабр, моҳи нузули Қуръон ва пок сохтани руҳ хондааст: Омада шаҳри сиём, санҷақи* султон расид, Даст бидор аз таом, моидаи ҷон расид. Ҷон зи қатиат бираст, дасти табиат бибаст. Қалби залолат шикаст, лашкари имон расид. Лашкари “валъодиёт”* даст ба яғмо ниҳод, З-оташи “валмуриёт”* нафс ба афғон расид. “Ал-бақара” рост буд, Мусии Имрон намуд, Мурда аз ӯ зинда шуд, чун ки ба қурбон расид. Рӯза чу қурбони мост, зиндагии ҷони мост, Тан ҳама қурбон кунем, чун ки ба меҳмон расид. Сабр чу абрест хуш, ҳикмате борад зи ӯ, З-он ки чунин моҳи сабр буд, ки Қуръон расид. Нафс чу муҳтоҷ шуд, рӯҳ ба

МАҚОЛАҲО

ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ ВА РУШДИ ТАФАККУРИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

Дар ҳошияи “Паём”-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Раиси маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дар бораи бунёди “Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ” Мусаллам аст, ки яке аз қисматҳои меҳварии Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро масъалаи эҳёи хотираи таърихӣ, рушди тафаккури таърихии миллат ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ташкил медиҳад. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб шуданашон – Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи хотираи таърихӣ ва рушди тафаккури таърихии миллат корҳои мондагореро ба анҷом расонидаанд, ки дар таърих назири худро надоранд. Яке аз аввалин иқдомҳои ӯ дар ин самт он буд, ки ҳанӯз соли 1996 шакли аввали китоби арзишманди “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”-ро нашр намуданд, ки имрӯзҳо ин асари мондагор бо забонҳои зиёди байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо тарҷумаву бознашр гардида, таъриху тамаддуни миллати тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст. Баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар андешаи он буданд, ки бо кадом роҳ таърих ва тамаддуни миллати тоҷикро метавон ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Акнун барои муаррифии миллати тоҷик роҳе ҷуз эҳёи хотираи таърихӣ ва эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ дида намешуд. Аз ин рӯ дар кӯтоҳтарин муддат ба таҷлили бузургтарин ҷашнҳои миллӣ, ки ҳадаф аз таҷлили онҳо ба ҳам овардан, муттаҳид намудан ва муаррифӣ намудани миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ ва боз ҳам ободу зебо намудани кишвари азизамон маҳсуб мегардид, рӯ овард. Дар ин самт як қатор чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ ва конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ дар мавриди таҷлили 1100-солагии Давлати Сомониён, соли 2006 – Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2500-солагии шаҳри Хуҷанд, 2700-солагии китоби гаронмояи гузаштагони мо – Авесто, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 1310-солагии Абӯҳанифа Имоми Аъзам, ҷашнвораҳои шоирони оламшумулу донишмандони бузурги тоҷик ба монанди бузугдошти одамушшуарро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандиву Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Абуалии Синову Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҳаким Тирмизӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзодаву Бобоҷон Ғафуров ва боз бузургдошти садҳо донишмандони шаҳири тоҷик таҷлил гардид, ки бо кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон шӯҳрат ва нуфузи собиқаи аздастрафатаашро барқарор намуда, миллати тоҷик ҳамчун миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Дар баробари муаррифии кору пайкори фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик Пешвои муаазами миллат боз ба эҳё ва муаррифии арзишҳои дигари давлатдории миллӣ – эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ оғоз намуда, як қатор ёдгориҳои бузурги таърихию фарҳангии кишварро ба воситаи конфронсҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуда, ба рӯйхати ёдгориҳои таърихию фарҳангии ташкилоти бонуфузтарини фарҳангии дунё ЮНЕСКО ворид намуданд, ки бо шунидани маданияти Саразму Ҳисор ва таҷлили Наврӯзи Аҷам, Саддаву Меҳргону Тиргон, муаррифии фарҳанги бойи либоспӯшию таомпазӣ, сокинони сайёра кишвари моро ҳамчун кишвари соҳибтамаддуну сокинони онро ҳамчун мардумони дорандаи фарҳанги қадиму ваҳдатофар мешиносанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола низ дар идомаи мантиқии ин ташаббусҳо зикр сохтанд, ки “Соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад”. Маҷмуан, дар солҳои охир бо заҳамоти зиёди масъулини соҳа ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҳукумати кишвар 21 адад мероси фарҳанги моддии ғайриманқул ва 13 адад унсури мероси фарҳанги ғайримоддӣ (чакан, фалак, оши палов, шашмақом, санъати таҳзиб, Наврӯз, Сада, Меҳргон, кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ, латифаҳои Хоҷа Насриддин ва суманакпазӣ) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд, ки аз идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарворонаи Пешвои миллат дарак медиҳад. Яке аз иқдомҳои муҳимму созанда ва падидаи нав дар Паёми имсола муаррифии “эҳёи хотираи таърихии халқ” ва масъалаи “рушди тафаккури таърихии миллати тоҷик” арзёбӣ мегардад, ки он маҳз бо ҳамин нуктаи меҳварияш аз Паёмҳои қаблӣ бо дарки воқеии мафҳумҳои хотираи таърихӣ, худшиносию худогоҳӣ тафовут дошт. Пешвои муаззами миллат ҳанӯз дар суханрониҳои қаблияшон бо дарки баланди маънои “эҳёи хотираи таърихӣ” ва “рушди тафаккури таърихӣ” баҳои сазовор дода, зикр карда буданд, ки «Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз доранд. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем». Маҳз барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта, таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ Пешвои миллат дар назди худ ҳадаф гузоштанд, ки шоҳасари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро ба ҳар хонаводаи аҳли кишвар тақсим намоянд, то мардуми шарафманди Тоҷикистон ба мазмуну муҳтавои он ошно гардида, «хотираи таърихӣ»-и худро барқарор ва худшиносию худогоҳии хешро аз достонҳои пурифтихори таърихӣ шодоб намоянд. Воқеан, “Тоҷикон” як китоби муқаррарӣ нест, балки шоҳасарест, ки таърихи бисёрҳазорсолаи миллатро аз бомдоди таърих то замони муосир бо зикри бойтарин мазмуну масъалагузории таърихӣ ҳифз намуда, роҳи худшиносиву худогоҳиро барои наслҳои мо омӯхта истодааст. Маҳз чунин мондагорӣ ва арзиши бузурги асарро ба назари эътибор гирифта, барои эҳёи хотираи таърихии халқи тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2019 дастур доданд, ки то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти кишвар ин асари арзишманд бо теъдоди зиёд бознашр ва ба ҳар як оилаи кишвар ҳадя карда шавад. Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат ба аҳаммияти илмию таърихии ин асар баҳои ниҳоят баланд дода, зикр намуданд, ки “Ин асар барҳақ китоби рӯимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст”. Воқеан, надонистани таърих боиси он мегардад, ки кас дар нодонию гумроҳӣ, фақру зиллат ва саргардонию ҷаҳолат умр ба сар бурда, ҳамеша дар изтиробу такрори иштибоҳу низоъу бесуботӣ бошад. Надонистани таърихи пурифтихори худ, на танҳо аз даст додани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, балки фаротар аз он ҳамчун махлуқе бемақсаду бемаром, берангу бӯ ва бемаънӣ зиндагӣ кардан аст. Надонистани таъриху фарҳанги ниёгони хеш боиси он мегардад, ки инсон на танҳо арзишҳои инсонию фарҳангии худро, балки кӣ будани худро фаромӯш созад. Надонистани таърих ба он оварда мерасонад, ки инсон зуд фиреб мехӯрад ва ба шикаст мувоҷеҳ мегардад. Дар маҷмуъ надонистани таърих ба ҷаҳлу нодонӣ, хурофоту бегонапарастӣ ва ниҳоятан ба ифротгароӣ оварда мерасонад, ки дар ин маврид низ

МАҚОЛАҲО

Неши ақраб на аз раҳи кин аст

Андешаҳо дар нисбати иғвоҳои навбатии Муҳаммадиқболи Садриддин Ҳамаи давлатҳо новобста аз шакли давлатдорӣ ва сохтори сиёсӣ ҷабҳаҳои оппозитсионие доранд, ки тавассути нишон додани камбудиҳо ва норасоиҳо дар фаъолияти институтҳои давлат ё дар умум ҳукумат норозигии худро нишон медиҳанд. Ин яке аз аломатҳои низоми демократии давлатдорӣ мебошад. Мавҷудияти чунин институтҳо боиси рушди низоми ҳуқуқӣ иҷтимоӣ ва иқтисоодии ҷома буда метавонад. Аммо баъзе афрод ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин худро намояндаи чунин институтҳои оппозитсионӣ муаррифӣ карданӣ шуда, кушиш доранд бо ин роҳ диққати ташкилотҳои байналмилалро ҷалб намоянд. Мутаасифона, дар баъзе мавридҳо ташкилотҳои гуногун ҳадафи пасипардагӣ ва муғризонаи онҳро дарк накарда дастгирӣ менамоянд. Муҳаммадиқболи Садриддин аз чеҳраҳои мухолифи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон худро муаррифӣ карда, айни замон дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунад. Дар бораи фаъолият ва муқовимати ӯ бар зидди ҳукумат нуктаҳои зерин маълуманд: номбурда роҳбари портали иттилоотии Isloh.net мебошад ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла YouTube, барномаҳои иғвоангезона нашр мекунад. Вале, Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи тақдирсоз барои миллат ба майдони сиёсат ворид гардид. Маҳз тухми ҷангу низоъи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро мубаллиғону саркардагони ТЭТ ҲНИ паҳн намуданд ва миллатро ба гирдоби ҷанг кашиданд. Расонаҳои давлатӣ дар асоси хулосаи қонунгузорӣ, саркардагони ТЭТ ҲНИ- ро ҳамчун “хоини ватан”, “ифротӣ” ва “душмани миллат” эълон карданд. Аз ҷумла, соли 2020 Додситонии кулли Тоҷикистон эълон намуд, ки нисбати Муҳаммадиқболи Садриддин пас аз муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон Кабутов Неъматулло Бадриддинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Онҳо изҳор доштанд, ки Муҳаммадиқбол маблағҳои онҳоро дар ҳаҷми 430 000 доллар аз худ кардааст. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати номбурда таҳти моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Қаллобӣ дар миқёси махсусан калон”) оғоз шудааст. Муҳҳамадиқбол худро ҳамчун ҳомии дини ислом нишон дода, тамоми бадкориву аъмоли хиёнаташро зери ниқоби дин пинҳон медорад. Ҳол он ки дини Ислом – дини ростӣ ва имони пок аст, ки дар он ҳама гуна бадкориву аъмоли хиёнат дар нисбати бародари мусулмон маҳкум шудааст. Ҳизби мамнӯи террористии Наҳзати Исломӣ дар Аврупо қорогоҳ пайдо намуда, бо истифода аз принсипҳои демократӣ дар Аврупо суистифода мекунад. Имрўз фазои иттилоотӣ имконият додаст, ки ҳар касу нокас худро ҳамчун шахсияти маъруфу олим ва сиёсатмадор муаррифӣ намояд. Вале, агар ба шахсият ва зиндагии Муҳаммадиқболи Садриддин назар андозем, ягон маълумоти дақиқ ё ягон дастварди уро дар самти илму сиёсат аз ҳеҷ куҷо дарёфт карда наметавонед. Вай кай дар кадом мактаби расмӣ хондааст, бо ки ёру дӯст буд, ҷавониашро дар куҷо ва чи тарз гузаронидааст? Ба ин саволҳои ягон маълумот нест. Пас ин афрод кист? Ба ҷуз муроҷиати аҳмақона ва сухангӯии беадабона дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо дигар кори ҳалолу қонунӣ машғул будани ӯ намоиш дода намешавад. Ба фикрам ӯ танҳо бо паҳнкунии маводҳои иғвоангезона ва пучу беасос машғул аст. Ба манфиати ҷамъият як зара кор накардааст, танҳо зараррасонӣ асту халос. Ҳангоме, ки ӯ дар ягон ҷо бо кори расмӣ шуғл надошта бошаду, доимо бо чаловкорию иғвогароӣ машғул бошад, пас ӯ бо кадом маблағ зиндагӣ мекунад? Бо маблағи хоҷаҳояш ва ё даромад аз шабакаҳои иҷтимоии аз ҳисобӣ барномаҳои иғвоангезонааш? Ҳарчанд давлат кушишҳои ҳамкорӣ бо гуруҳҳои оппозитсионир ба роҳ монда буд, теъдоди аз онҳоро ба вазифаҳои калидӣ таъйин намуд, вале боз ҳам ҳамон мақоли мардумӣ: Неши ақраб на аз пайи кин аст, Муқтазои табиаташ ин аст. Таҳлилҳои фаъолияти кунунии хоиноне, мисли Муҳаммадиқбол бори дигар собит намуд, ки муборизаашон на барои ободии кишвар, балки барои нооором намудани зиндагии тинҷу ороми мардуми меҳнаткашу ватандусти Тоҷикистон мебошад. Сардори шуъбаи пажуҳиши исломи муосир н.и.ф. Баҳромбеков Д.А.

МАҚОЛАҲО

ГУРӮҲБАНДИИ ДИНӢ ВА ҲИЗБҲОИ БА НОМ ИСЛОМӢ

Ҳанӯз аз оғози густариши дини ислом истифодаи ғаразноки дин баҳри амалӣ намудани мақсадҳои сиёсӣ мушоҳида мешавад. Ашхоси алоҳида, гурӯҳҳо ва ҳатто баъзе давлатҳо низ динро ҳамчун василаи таъсиррасонӣ ба мардум ва пиёда намудани ҳадафҳои худ истифода мебурданд. Аввалин гурӯҳе, ки ин амалро анҷом дод, аҳли хавориҷ дар муҳорибаи Сиффин буданд. Аҳли хавориҷ варақҳои Қуръонро ба нӯги найзаҳояшон насб карда, ба ҳамин васила аз кушта шудан эмин монданд. Дар замони хилофати умавиён, аббосиён, фотимиён ва дигар сулолаҳо минбари масҷид моҳирона ба манфиати гурӯҳҳои мухталиф хизмат мекард. Масалан, барои барканор намудан ё баръакс, сари қудрат овардани ягон ҳоким, рӯҳониён дар хутбаҳои худ ба он шахсият ё сано мехонданд ё лаънат мефиристоданд. Чунин истифодабариҳо аз ислом бисёр таъсирбахш ва натиҷанок буд. Дар оянда гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба таъсиси ҳар гуна равия ва ҳизбҳои ба ном исломӣ пардохтанд. Масалан, гурӯҳи «Ихвону-л-муслимин» – «Бародарони мусулмон» аслан барои ба сари қудрат омадани як иддаи муайян таъсис дода шуд. Яке аз саркардагони ин тоифа Саид Қутб тафсири «Зилол» навишта, дар он оятҳои Қуръонро ба фоидаи худ тафсир намуда, ба Қуръони карим характери сиёсӣ дод. То ҳол китоби мазкур боиси ихтилофи мусулмонон буда, дар аксар давлатҳо интишори он мамнуъ гаштааст. Натиҷаи фаъолияти «Ихвону-л-муслимин» таркишҳо ва кушторҳои садҳо нафар бегуноҳон, ташкили гирдиҳамоиҳо ва бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии давлати Миср ва нооромиҳо дар дигар минтақаҳои ҷаҳон мебошад. Номи ташкилоти «Ихвону-л-муслимин» дар воқеаҳои хунини солҳои навадум дар Тоҷикистон низ садо медод, ки аз мудохилаи онҳо баҳри куштори мардум дарак медиҳад. Ташкилотҳои экстремистӣ-террористии “Ҳизби Таҳрир”, “Ҳаракати исломии Туркистон”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Салафияи ҷиҳодӣ”, “Давлати исломӣ” ва садҳо созмону ташкилотҳое вуҷуд доранд, ки дини исломро ҳамчун василаи фиреби мардум истифода мебаранд. Бешак хатарноктарини онҳо Салафияи ҷиҳодӣ ба шумор меравад, зеро ҷараёни салафия дорои идеологияи хос мебошад, ки ҳамаи ташкилотҳои террористии муосир аз таълимоти салафияи тундгаро сарчашма мегиранд. Дар натиҷаи таҳрифи таълимоти динӣ, ҳазорон мусулмонон фирефта шуда, бо шиорҳои давлати исломӣ, ҷиҳод дар роҳи Худо, шаҳид, савоб, адолат ва амсоли инҳо ба сафи ташкилотҳои ифротӣ ва террористӣ шомил шуда, садҳо ҳазор мусулмононро ба қатл мерасонанд ва давлатҳои ободро хароб мекунанд. Баъди соҳибистиқлол шудан дар Тоҷикистон низ чанд гурӯҳу фирқаҳои ба ном исломӣ таъсис дода шуда, дини ислом барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ истифода карда шуд. Солҳои навадум – айёме, ки мо тоҷикон аз тобеияти шӯравӣ баромада қадамҳои аввалини мустақил мегузоштем. Мардум баъд аз муҳосираи 70 сола боз ба асли хеш бармегашт, дини исломро муқаддас ва ходимони дин – муллову эшонҳоро поку биҳиштӣ мепиндошт. Бинобар ин, ҳар сухани диндорон мисли ояти Қуръон барои бархе аз ҳамватанони мо муқаддас ва иҷрои он фарзу суннат маҳсуб меёфт. Аз чунин вазъ истифода намуда, баъзе эшонҳои номдору муллоҳои шинохта мардумро ба майдонҳо бароварда, муқобили ҳамдигар барангехтанд. Чунин гурӯҳбозӣ ва тафриқа қариб 150 ҳазор кушатаро ба бор овард. Куштани фарзандони тоҷик, хонаҳои сӯхтаву доду фиғони модари зор, нолишҳои ятимони бегуноҳ ва дуои бади ҷабрдидагон… Ҳамаи ин баҳри ба сари қудрат омадан, ба даст овардани моли дунё, сохтани хонаҳои пурҳашамат, харидани мошинҳои гаронарзиш. Аммо моли мардум ба касе насиб намекунад! Агар имрӯз боре тааммул кунем, мебинем ки ягон нафар золим, қотил, дузд ё роҳзан, ки хонаи мардумро сӯхта, молашро талаву тороҷ кард, ба мақсад нарасид. Ҳамаи онҳо хору залил шуданд. Ибтидо аз саркардагон, интиҳо то роҳзану қотили қаторӣ ё ба азобу шиканҷа мурданд ё дар маҳбас рӯзҳои охирони ҳаёташонро сипарӣ мекунанд. Ҳақ ба ҷониби Рӯдакии бузург аст, ки фармуд: Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт, Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт! Дар дини ислом гурӯҳбандиву ҳизббозӣ нест! Худованд ба ҳеҷ як ҳизбу гурӯҳи ба ном исломӣ ниёз надорад, зеро дар Қуръони карим мефармояд: Ал-явма акмалту лакум динакум … Имрӯз дини шуморо мукамал сохтам … Аз ояти мазкура бармеояд, ки дини ислом дини мукаммал буда, дар он ягон нуқсону камбуд нест. Агар ислом ба гурӯҳбандиву ҳизб эҳтиёҷ медошт, Расули акрам (с) аввалин ҳизбро таъсис медоданд. Аммо он Ҳазрат баръакас мусулмононро ҳушдор доданд, ки баъд аз ман ислом ба 73 фирқа тақсим меёбад ва ҳамаи онҳо ба ҷуз аҳли суннат ва ҷамоат вориди дӯзах мегарданд. Зеро ҳизбу гурӯҳҳои гуногуни ба ном исломӣ ба мусулмонон бадбахтӣ оварда, онҳоро муқобили ҳамдигар бармеангезанд. Мутаассифона, гурӯҳбандиҳои динӣ ва корҳои тарғиботии онҳо имрӯз ҳам идома дошта, боиси бадбахтии мардуми мусулмон мегарданд. Ҷавонони ноогоҳ ва ҷоҳил ба даъватҳои баъзе исломгароён бовар карда, ба ташкилотҳои террористӣ шомил мешаванд. Чунин ҷавонон доғи падару модар, ватану миллат буда, баҳри баргардонидани онҳо аз ин роҳи зишт ва фаҳмонидани асли таълимоти исломӣ мо бояд масъулият ҳис кунем. Саволе ба миён меояд, ки падару модарон фарзандони худро чӣ гуна тарбия мекунанд, ки онҳо муқобили ватану миллати худ қиём мекунанд? Ходимони дин, масъулон, муаллимон, хешу табору ҳамсоягон дар куҷо буданд? Чаро мо роҳ додем, ки фарзандони мо террорист шаванд? Ин айби кист? Айби ҳамаи мо, айби ҷомеа аст, ки бетарафиро ихтиёр намудаем! Агар ҳамин хел муносибат идома ёбад, аз беэътиноии худи мо миллатамон дар арсаи ҷаҳонӣ бадном мешавад. Пас чӣ бояд кард? Дар ҷомеаи навини Тоҷикистон байни ҷавонон бояд ақидаи солимро тарғиб кард, маърифати онҳоро боло бардошт, то ки таблиғоти ифротгароёнро бидуни таҳқиқ қабул накунанд, онҳо тавонанд ҳамсолони гумроҳи хешро аз роҳи пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷаҳолати динӣ боз доранд. Аз тарафи дигар, ҷомеаро зарур аст, ки ноогоҳии сиёсӣ ва дараҷаи пасти ҷаҳонбинии ҷавононро бартараф созад. Пайваста корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар бораи сабабҳои зуҳури фундаментализм ва экстремизми динӣ, мақсадҳо ва ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротгаро, дарки моҳияти таҳдидҳои мафкуравии замони муосир, таҳдидҳо ба амнияти миллат ва давлат ба роҳ монда шавад. Дар ниҳоди ҷавонон масъалаҳои ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ расидан тарбия карда шавад. Мо бояд ҳушёр бошем ва аз оқибати ҳалокатбори тафриқаандозию фирқагароӣ амиқ биандешем. Феълан моро мебояд, ки бедорию зиракиро аз даст надиҳем ва набояд фирефтаи шиорҳои дурӯғини ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ба зоҳир исломию дар асл экстремистию террористӣ шавем. Ҷавонони мо бояд ҳушёру зирак бошанд, то ба доми ин шахсони фитнагар наафтанд ва ҳаёти ширини худро аз даст надиҳанд. Насиҳати зебо ва пурмазмуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки «ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд», ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунанд. Мо бояд садди роҳи нияти ғаразноки гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ гардем,

МАҚОЛАҲО

Саҳми мутафаккирони тоҷику форси ҳавзаи Хуросони Бузург дар ташаккули тамадуни исломӣ: Робиаи Балхӣ. Бахшида ба 1050-солагии Робияи Балхӣ

Асрҳои миёна барои тоҷикон, барҳақ, давраи тиллоии таърихи миллӣ маҳсуб мешавад. Пас аз суқути империяҳои бостонии аҷдодии худ – Каёниён, Ҳахоманишиниён, Кушониён, Ҳайтолиён бори дигар дар аввалҳои асрҳои миёна фарзандони фарзонаи ин миллати куҳан эҳёгарии нави миллиро оғоз ниҳоданд. Дар ибтидо, ҳамчун меросбарони давлатҳои бузурги минтақа, таҷрибаи давлатдории аҷдодиро барои ҷомеаи нави таърихӣ дар доираи васеътари халқҳову мардумони гуногун дар иҷтимои ягонаи навзуҳури густардатаре бо номи – мусулмонон пешниҳод ва амалӣ карда, хилофати исломиро дар ҷомаи фарҳанги бузурги аҷдодии хеш бо падидаҳои нав печиданд ва бад-ин восита тавонистанд аз фарҳангу тамаддуни ҷаҳонгири гузаштаи худ ҳимоят кунанд ва ҷойгоҳи арҷмандонаи онро дар сохтори ҷомеаи навини он замон пайдо намоянд (Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ. Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои 7-15). Душанбе: «Эр-граф», 2022, саҳ.3). Яке аз чеҳраҳои нодир ва шоистаи таърихи адабиёти тоҷик, яке аз намояндагони давраи тиллоии ташаккули таърихи тоҷикон аввалин шоираи тоҷикзабон Робиаи Балхӣ мебошад. Вай нахустин зани шоираи тоҷикзабон ба шумор меравад, ки дар тазкираҳои адабӣ аз ӯ бо эҳтиром ёд кардаанд. Робиа дар ҳусну ҷамол, фазлу камол, зеҳни тез ва қудрати шоирӣ ба форсӣ, дарию арабӣ машҳур буд. Робиа дар муҳите ба воя расид, ки илму адаб қадр дошт. Бо таваҷҷуҳи падари хирадмандаш, ӯ таълими хуб гирифт ва дар забони форсӣ-дарӣ ва санъати шеър ба дараҷаи баланди камол расид. Табъи шоирона, ҳисси зебоӣ ва ҷаҳонбинии фарохи ӯ боиси он гардид, ки ашъораш аз садоқат, эҳсос ва покдилии занона пур бошад. Робиаи Қуздории Балхӣ (ар. رابعة بنت کعب القزداري‎), маъруф ба Робиаи Балхӣ, нахустин шоираи тоҷикзабони ҳамдавра бо аҳди Сомониён ва Абуабдуллои Рўдакӣ мебошад. Робиа бинти Каъб Қуздорӣ дар нимаи аввали асри чаҳоруми ҳиҷрӣ / 10-и мелодӣ, яъне тақрибан ҳазор сол пеш, дар шаҳри куҳанбунёди Балх ба дунё омадааст. Балх он замон маркази бузурги илму фарҳанг, дину мазоҳиб ва мактабу андешаҳои гуногун буд. Падари Робиа Каъб Қуздорӣ марди донишманд ва обрӯманд буда, дар давраи салтанати Сомониён дар Систон, Қандаҳор ва Балх ҳукумдорӣ мекард. Бино бар фарзанди чаҳоруми оила буданаш, ўро Робиа (رابعة – Робиъа – чаҳоруми ҷинси занона) ном ниҳодаанд. Робиа бо забонҳои тоҷикию арабӣ шеър сурудааст. Таърихи дақиқи соли таваллуд ва вафоташ маълум нест, аммо бино ба маълумоти баъзе сарчашмаҳо ў дар асри 10, дар оилаи бонуфузи замони хеш ба дунё омадааст. Падараш араб буда, ба қисмати шарқии сарзамини Порс (Хуросон) муҳоҷират карда, дар ин ҷо бо яке аз бонувони маҳаллии тоҷик издивоҷ намудааст (Sinha M. K. The Persian World: Understanding People, Polity, and Life in Iran, Afghanistan, and Tajikistan. — Hope India, 2005. — P. 118- 151 p.). Маълумоти араб будани падари ў дар «Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои 7-15)» зикр шудааст (Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ. Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои 7-15). Душанбе: «Эр-граф», 2022, саҳ.5). Падараш мансабдори ҳарбии Шоҳ Насри 2-и Сомонӣ буда, дар наздикии шаҳрҳои Балх ва Қуздор ифои вазифа мекард. Аз ҳамин сабаб Робия тахаллусҳои Балхӣ ва Қуздориро истифода бурдааст. Инчунин, Робия тахаллуси Зайну-л-араб (زين العرب‎” – Соҳибҷамоли Араб»)-ро низ доро буд (Оқобузурги Теҳронӣ. Аз-зориъа ила тасанифи аш-шиъа. Нашриёти «Дору-л-ъадва», 1986, ҷилди 9, қисми 2, саҳ. 294). Ва шояд дар ашъори арабии худ Зайнулараб тахаллус мекардааст, ки баъдтар Фаридуддини Аттор дар «Илоҳинома» ва Ризоқулихони Ҳидоят дар «Маҷмаъул фусаҳо» бо ин унвон аз ў ёд мекунанд. Ба гумони мо бо чунин тахаллус шеъри арабӣ гуфтани Робиа шояд сабаб гардида бошад, ки дар бархе аз сарчашмаҳои адабӣ ўро шоираи арабизабон ва барғалат мансуб ба миллати араб донистаанд (Анзурати Маликзод. Робиаи Балхӣ ва ашъори ў. ҶДММ «Меҳроҷ Граф», – Душанбе, 2025, саҳ.3). Робияи Балхӣ дар шаҳри Балхи Афғонистон аз дунё даргузашта, оромгаҳи ў дар қисмати марказии шаҳри Балх, дар наздикии масҷиди Хоҷа Абунасри Порсо ҷойгир аст (Рейснер М. Л., Ардашникова А. А. Персидская литература IX–XVIII веков. Том 1. Персидская литература домонгольского времени (IX – начало XIII в.). Период формирования канона: ранняя классика. — 2019. — С. 67). Оид ба ҳаёти Робияи Балхӣ то ба замони мо маълумоти хело каме (ба ҷуз ҷузъиёти вафоти ў) расидааст. Ин маълумот низ бо мурури замон ба қиссаи аҷибе табдил ёфтааст. Дар «Илоҳинома»-и Шайх Фаридуддин Муҳаммад бин Иброҳим Аттор (1145-1221) қиссаи ошиқии ў оварда шуда, дар «Тазкирату-л-авлиё» оиди ў навиштааст: «Хосса Робиа, ки дар муъомалот ва маърифат мисл надошт ва муътабари ҷумла бузургони аҳди хеш буд ва бар аҳли рўзгор ҳуҷҷате қотеъ буд» (Шайх Абуҳомид Муҳаммад бин Абубакр Иброҳим Фаридуддин Аттори Нишопурӣ. «Тазкирату-л-авлиё».Теҳрон, нашриёти «Беҳзод», 1377 ҳ.қ., саҳ.70) . Зиндагии Робиа, саршор аз муҳаббат ва фоҷиа буд. Вақте падари Робия фавтид, мансаби ўро писараш Собит соҳиб шуд. Тибқи қисса, дар оилаи онҳо ғуломи зебое бо номи Бектош хидмат мекард ва Робия ба ин ғулом дил баста буд. Ин ишқ дар он замон бо урфу одатҳои ҷомеа мувофиқат надошт, зеро ғулом мақоми поин дошт ва чунин муносибат ғайриқобили қабул шумурда мешуд. Аммо Робиа ишқи худро пинҳон карда натавонист. Ӯ ба воситаи шеър дили пурдардашро холӣ мекард ва эҳсосоти поку сӯхтаи худро ба варақ месупурд. Ин қисса ба дарбори Сомониён расида, дар байни ашроф, ҳангоме Собит низ дар он ҷо ҳузур дошт, муҳокима мешавад. Аз ин қисса бародараш огаҳӣ ёфта, асабонӣ мешавад ва Робиаро бо вуҷуди бегуноҳияш ба қатл маҳкум мекунад. Ӯро ба ҳаммом бурда, рагҳои дасташро буриданд. Дар он лаҳзаҳои дардноки охир Робиа бо хуни худ охирин дубайтаи хешро дар девори ҳаммом менависад, ки нишонаи садоқати ӯ ба муҳаббат мебошад: Азизам, алвидоъ дар оташу хун, Бирафтам аз ҷаҳон пурдард берун. Маро бе ту ҳаромаст зиндагонӣ, Ман-ат рафтам, ту ҷовидон бимонӣ. Пас аз марги Робия Биктош аз зиндон фирор менамояд вале аз марги Робия фаҳмида, бармегардад ва Ҳорисро ба қатл мерасонад. Пас аз ин худкушӣ намуда, ресмони зиндагии худро мебурад. Аз ин қиссаи ошиқонаи Робия бо Биктош шоири форсу тоҷики асри 19 Мирзо Ризоқулихони Ҳидоят (1802-1879) илҳом гирифта, дар ин мавзӯъ манзумае ба номи «Гулистони Ирам» навиштааст. Моҳи ноябри соли 2025 дар ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робияи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд. Мояи ифтихори ворисони аввалин зани суханвар дар таърихи адабиёти форсу тоҷик, нахустин шоираи порсигўй – тоҷикони тамоми дунё аст, ки ҷашни солгарди шоири шинохтаи форсу тоҷик Робияи Балхӣ – ҳамзамони Рӯдакӣ ва дар даврони Сомониён умрбасарбурда, дар арсаи байналмилалӣ аз таърих ва фарҳанги бойи миллати тоҷик, шинохти

Прокрутить вверх