МАҚОЛАҲО

МАҚОЛАҲО

Ҷойгоҳи илм дар фарҳанги исломӣ

Илм ҷавҳари рӯшноист ва инсонҳо ҳамеша ба он эҳтиёҷ доранд. Ба ибораи дигар илм – нурест, ки инсон маҳз тавассути ин нур роҳи худро возеҳу равшан месозад ва худро аз ҳама гуна хатарҳо эмин нигоҳ медорад. Илм аст, ки инсонро ба пайроҳаҳои саодатмандӣ, хушбахтӣ, некномӣ мебарад. Таърих гувоҳ аст, ки ҷомеаи башарӣ барои баёни андеша, шинохти асрори табиат ва дар иртибот қарор гирифтан ба омӯзиш ва парвариш шуруъ аз оғози пайдоиши оламу одам руҷуъ кардаанд. Маҳз, омӯзиши илм ба ҷомеаи башарӣ имкон дод инсон ба шинохти табиат ва ифшои асрори он дастрасӣ пайдо кунад ва тавассути баёни андеша дар иртиботи гурӯҳӣ қарор гирад. Агар ба таърихи башарият руҷуъ шавад, возеҳу равшан мегардад, ки маҳз илм инсонро аз ибтидои офариниш то имрӯз ба зинаҳои баланди рушд расонидааст. Аҳамият ва нақши калидии илм буд, ки ҳам дар динҳои тавҳидӣ ва ҳам дар баёнияҳои башарӣ ба омӯзиш ва парвариши он диққати махсус дода шудааст. Илмомӯзӣ дар динҳои тавҳидӣ дар мадди аввал қарор гирифта, таъкиду тавсияҳо дода шудааст. Ба вижа, омӯзиши илм ва густариши он дар дини ислом ҷойгоҳи хос дошта, дар Қуръони карим, аҳодиси набавӣ ва дигар сарчашмаҳои исломӣ борҳо таъкид шудааст. Агар ҷойгоҳи илмро дар Қуръони карим бинем, аввалин сураеро, ки Худованд нозил кардааст, бо амри “اقرأْ” (Бихон) фиристодааст ва ҳамчунин дар бештари ояҳо бандагонашро ба омӯзиши илму дониш ба шакли “اِعلموا” (Илм омӯзед!) амр кардааст. Ҳамчунин, дар Қуръони карим ба кашфи асрори табиат сураҳое чун: Наҷм, Қамар, Зориёт, Мурсалот, Буруҷ, Фаҷр, Шамс, Лайл, Зуҳо, Зилзол, Аср ва зиёд ояҳо сатр гардидаанд, ки ба омӯзишу пажӯҳиш далолат мекунанд. Сураи дигаре, ки аз авлавияту қудсияти илм дарак медиҳад, сураи Қалам аст, ки Худованд ба он қасам мехӯрад. Дар сураи Ғофир, ояи 58 донишу нодониро баробар надониста, имлро биноӣ ва ҷаҳлро кӯрӣ донистааст, “وَمَا يَسْتَوِي الْأَعْمَى وَالْبَصِيرُ” (Ва нобинову бино баробар нестанд). Ҳамзамон, ин китоби муқаддаси мусулмонон ба олимон низ мақоми баланд дода, дарк ва шинохти асрори табиатро хоси онҳо медонад, аз ҷумла, дар сураи Анкабут, ояи 43 мефармояд: “وَتِلۡكَ ٱلۡأَمۡثَٰلُ نَضۡرِبُهَا لِلنَّاسِۖ وَمَا يَعۡقِلُهَآ إِلَّا ٱلۡعَٰلِمُونَ” (Ин мисолҳоро (достонҳо) барои мардум баён мекунем ва онро ба ҷуз олимон дарк намекунанд). Дар фарҳанги исломӣ илм ва дониш ҳидоятгари инсонҳо, роҳнамои миллатҳо ва таъминкунандаи хушбахтиҳо шинохта шудааст. Чунин вижагиҳои илм аст, ки олимону донишмандонро Паёмбари ислом (с) ворисони худ донистаанд. Тибқи ривоятҳои исломӣ дар рӯзи қиёмат се гурӯҳи шафоаткунанда аст: паёмбарон, шаҳидон ва олимон. Маҳз, дарку шинохти олимон буд, ки илму дониш рушд кард ва заминаи саодату пешрафти инсонҳо гардид. Бо чунин вижагиҳо “илм – рушноӣ ва ҷаҳл – торикӣ” шинохта шудааст. Яқин аст, ки ҷомеаи имрӯза маҳз, дар пояи илму дониш ба пешравиҳое чун тамаддунофарию фанноварии технологӣ комёб гаштаанд. Одинаева Ш. – сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО

ОМИЛҲОИ ХАТАРАФЗОИ ТЕРРОРИЗМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Маълум аст, ки экстремизми динӣ ва терроризми марбут ба он таҳдиди бештар ба суботи сиёсӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва сулҳи байни миллатҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мегардад. Мавқеи геополитикии минтақа, мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва гуногунии мазҳабӣ ва этникӣ-конфессиявӣ ин минтақаро дар баробари идеологияҳои радикалӣ осебпазир мегардонад. Аз ин ру таҳлили илмӣ ва назари коршиносон нисбати ин мушкилоти ҷомеа ва вабои аср хеле муҳим мебошад. Таҳлилҳои илмӣ – фалсафӣ ва ташхисии коршиносон оид ба терроризм ва экстремизм як қатор махусусиятҳои онро муайян намуданд, ки аз ин раванди хатарфзо дар марҳилаҳои таърихӣ ҳам бо шаклгирӣ ва ҳам бо ҷараёни амалишавӣ фарқ мекунад. Вале омили муҳим он аст, ки дар ҳамаи давраҳои таърихӣ ба як мақсад равона шудааст. Ин ҳам бошад ноором намудани ҷомеа, даҳшатафканӣ, ҳисси нобоварӣ паҳн намудан нисбати ҳукумату давлат ва дар бархурд қарор додани қишрҳои гуногуни як ҷомеа мебошад. Махсусияти хатарзои амалҳои террористии ҷаҳони муосир дар он аст, ки онҳо аҳолии осоиштаро ҳамчун объекти таҳдид қарор дода, ба ҳамин васила ҳукумату мақомоти давлатиро зери фишор қарор медиҳанд. Омили хатарноки дигар, ин аз тарафи баъзе давлатҳои манфиатхоҳ гурӯҳҳои террористӣ, ифротӣ ва экстремистӣ ҳамчун воситаи амалӣ намудани мақсадҳои геополитикӣ ва геостратегӣ истифода бурда мешавад. Ҳамчунин раванди ҷаҳонишавӣ ва афзудани нобаробарии иқтисодии давлатҳо барои амалҳои террористӣ имкониятҳои густурдаеро созмон додааст. Хусусан қишри муҳоҷирони меҳнатӣ ва маҷбурӣ аз ҳадафҳои асосии гурӯҳҳои террористӣ мебошанд. Олимони ҷомеашинос ва коршиносон бар он ақидаанд, ки маҳз чунин шароит кӯшиши ба воситаи неруҳои ҳарбию қудратӣ несту нобуд намудани терроризм боиси он мегардад, ки террористон аз ҷинояткорон ба муборизони адолати иҷтимоӣ табдил меёбанд. Вале омили аз ҳама хатарафзои терроризми замони муосир дар он аст, ки даҳсолаҳои охир онҳо зери ниқоби дини ислом ҳадафҳои муғризонаи худро амалӣ месозанд. Имруз ташкилотҳои террористӣ бидуни ягон истисно аз номи дини ислом баромад мекунанд. Барои ҳамин ҳам давлатҳое, ки аксарияти аҳолиашро мусулмонон ташкил медиҳанд, ё роҳи дунявияти давлатдориро интихоб намудаанд мубориза бо терроризм хеле мушкил гардадидааст. Омили дигари хатарафзо ин босуръат рушд ёфтани шабакаи интернет ва технологияҳои иттилоотии замони муосир, ки ба паҳн намудани ақидаҳои ифротиашон хеле мувофиқанд. Барои ҳамин ҳам мавриди таҳқиқу омӯзиши мунтазам қарор доданищама гуна зущуротщои ифротгароёна ва терроризм, муҳим ва зарур мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият бо падидаи терроризм рӯ ба рӯ гардида буд. Амалҳои террористии содирнамуда дар даврони истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳуриро таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон водор намуд, ки як қатор қонуҳои муҳимро қабул намоянд. Ҳамин тавр соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» қабул гардидаанд. Дар моҳи январи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» қабул гардид. Ҳамчунин ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бо экстремизм ва терроризм бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 ноябри соли 2016, №776 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» қабул гардид. Баъдан фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 июни соли 2021, №187 оид ба «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025» қабул мегардад. Ҳамчунин, бо қарори Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 то инҷониб фаъолияти зиёда аз 29 ташкилоти террористию экстремистӣ дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон гардидааст. Сардори шуъбаи пажуҳиши исломи муосир, н.и.с., дотсент Баҳромбеков Д.А.

МАҚОЛАҲО

ОМИЛҲОИ ХАТАРАФЗОИ ТЕРРОРИЗМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Маълум аст, ки экстремизми динӣ ва терроризми марбут ба он таҳдиди бештар ба суботи сиёсӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва сулҳи байни миллатҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мегардад. Мавқеи геополитикии минтақа, мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва гуногунии мазҳабӣ ва этникӣ-конфессиявӣ ин минтақаро дар баробари идеологияҳои радикалӣ осебпазир мегардонад. Аз ин ру таҳлили илмӣ ва назари коршиносон нисбати ин мушкилоти ҷомеа ва вабои аср хеле муҳим мебошад. Таҳлилҳои илмӣ – фалсафӣ ва ташхисии коршиносон оид ба терроризм ва экстремизм як қатор махусусиятҳои онро муайян намуданд, ки аз ин раванди хатарфзо дар марҳилаҳои таърихӣ ҳам бо шаклгирӣ ва ҳам бо ҷараёни амалишавӣ фарқ мекунад. Вале омили муҳим он аст, ки дар ҳамаи давраҳои таърихӣ ба як мақсад равона шудааст. Ин ҳам бошад ноором намудани ҷомеа, даҳшатафканӣ, ҳисси нобоварӣ паҳн намудан нисбати ҳукумату давлат ва дар бархурд қарор додани қишрҳои гуногуни як ҷомеа мебошад. Махсусияти хатарзои амалҳои террористии ҷаҳони муосир дар он аст, ки онҳо аҳолии осоиштаро ҳамчун объекти таҳдид қарор дода, ба ҳамин васила ҳукумату мақомоти давлатиро зери фишор қарор медиҳанд. Омили хатарноки дигар, ин аз тарафи баъзе давлатҳои манфиатхоҳ гурӯҳҳои террористӣ, ифротӣ ва экстремистӣ ҳамчун воситаи амалӣ намудани мақсадҳои геополитикӣ ва геостратегӣ истифода бурда мешавад. Ҳамчунин раванди ҷаҳонишавӣ ва афзудани нобаробарии иқтисодии давлатҳо барои амалҳои террористӣ имкониятҳои густурдаеро созмон додааст. Хусусан қишри муҳоҷирони меҳнатӣ ва маҷбурӣ аз ҳадафҳои асосии гурӯҳҳои террористӣ мебошанд. Олимони ҷомеашинос ва коршиносон бар он ақидаанд, ки маҳз чунин шароит кӯшиши ба воситаи неруҳои ҳарбию қудратӣ несту нобуд намудани терроризм боиси он мегардад, ки террористон аз ҷинояткорон ба муборизони адолати иҷтимоӣ табдил меёбанд. Вале омили аз ҳама хатарафзои терроризми замони муосир дар он аст, ки даҳсолаҳои охир онҳо зери ниқоби дини ислом ҳадафҳои муғризонаи худро амалӣ месозанд. Имруз ташкилотҳои террористӣ бидуни ягон истисно аз номи дини ислом баромад мекунанд. Барои ҳамин ҳам давлатҳое, ки аксарияти аҳолиашро мусулмонон ташкил медиҳанд, ё роҳи дунявияти давлатдориро интихоб намудаанд мубориза бо терроризм хеле мушкил гардадидааст. Омили дигари хатарафзо ин босуръат рушд ёфтани шабакаи интернет ва технологияҳои иттилоотии замони муосир, ки ба паҳн намудани ақидаҳои ифротиашон хеле мувофиқанд. Барои ҳамин ҳам мавриди таҳқиқу омӯзиши мунтазам қарор доданищама гуна зущуротщои ифротгароёна ва терроризм, муҳим ва зарур мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият бо падидаи терроризм рӯ ба рӯ гардида буд. Амалҳои террористии содирнамуда дар даврони истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳуриро таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон водор намуд, ки як қатор қонуҳои муҳимро қабул намоянд. Ҳамин тавр соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» қабул гардидаанд. Дар моҳи январи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» қабул гардид. Ҳамчунин ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бо экстремизм ва терроризм бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 ноябри соли 2016, №776 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» қабул гардид. Баъдан фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 июни соли 2021, №187 оид ба «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025» қабул мегардад. Ҳамчунин, бо қарори Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 то инҷониб фаъолияти зиёда аз 29 ташкилоти террористию экстремистӣ дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон гардидааст. Сардори шуъбаи пажуҳиши исломи муосир, н.и.с., дотсент Баҳромбеков Д.А.

МАҚОЛАҲО

Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ

Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату миллат ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад. Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон ба шумор меравад. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар фазои ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ ва кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ҳарчанд мо дар солҳои воқеаҳои сиёсии Тоҷикистон (ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997) хеле хурд будем, аммо тавассути оинаи нилгун, матбуоти даврӣ, асару мақолаҳои адибону рӯзноманигорон ва олимон аз инъикоси воқеаҳои солҳои 90-уми қарни ХХ бохабар мегардем ва шукргузорӣ аз қарорҳои қабулкардаи Иҷлосияи таърихии тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олӣ ва заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллат менамоем. Доир ба ҳамин Иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буд, ки “…бо тақозои таърих, на танҳо тифли дар гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд”. 34 – сол дар назди таърих муддати чандон тӯлонӣ нест, вале дар ин давра кишвари мо ба як давлати озоду обод ва рӯ ба тараққӣ табдил ёфта, истиқлолияти худро аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ комил гардонида тавонист. Хушбахтона, 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Баробари ба имзо расидани ин созишнома мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданд. Ашки шодӣ дар чашмони азизон ҳувайдо буд, зеро тайи ин солҳо он қадар мушкилот, нофаҳмиҳо ва гирифториҳову хунҷигариҳо ба ҳам печидагӣ дошт, ки кушоишу ворастагии онҳо ба ҷуз аз муаммои сарбаста чизе наменамуд. Бернард Шоу, донишманди ҳикматшиноси аврупоӣ, ки бештари умри хешро сарфи тадрис кардааст, дар хусуси шинохти миллат чунин меорад: “Симои миллатро олими беҳамто, варзишгари ногузир ва сиёсатмадори вораста муаррифӣ мекунад”. Бо лутфи илоҳӣ ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯи ваҳдат дар кишвари мо алайҳи ҷудоӣ имконе фароҳам овард, то рӯзгори хуш боз нафаси тоза бигирад, андӯҳ аз диёр по кашад, ба бӯстони зиндагии баҳори нозанин рангорангӣ ато намояд ва ғунчаҳои ханда дар лабони мардум гул кунад. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуда буданд, ки “Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокатҳо муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар як хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад”. Тарбияи шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, дар шуури наврасону ҷавонон ҷой додани аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди ватандору ватандӯст ба шумор меравад. Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвару миллати моро ҷавонони созанда бо дастовардҳои назаррас дар байни дигар мамлакатҳои ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Мо насли созандаи ин миллат, ба Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва давлату миллати хеш ифтихор мекунем ва шукрона менамоем, ки мардуми соҳибватану соҳибистиқлолем. Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

Ҷаҳонишавии манфиатҳо ва дурнамои ташаккули давлатҳои миллӣ

Холиқзода А.Ғ.[1] Яке аз дӯстони ҳамкорам[2] рӯзе дафтари ашъори худро назди ман овард, ки ҳанӯз расман аз чоп набаромада буд. Пас аз варақ задан чашмам ба як ғазале афтод, ки байни он ин байтҳо дарҷ шуда буданд Муъҷизи пайғамбарону саъйи шоҳон суд накард, Содагӣ бин: фикри таъмири ҷаҳон дорам ҳанӯз. Ин ҷаҳон мизбону ман дар хонаи ғамхонааш, Меҳмонам хешу фикри меҳмон дорам ҳанӯз. Чун он шабу рӯз сари масъалаҳои ҷудогонаи сиёсати ҳаҳонӣ ва мавқеъгирии ҳуқуқ дар ҳалли муноқишаҳои фаромиллӣ  фикр мекардам, бо бисёр аз масъалаҳои печидаи замони нав, ки илоҷашон берун аз имкони фикрии аҳли илм буд, фикран рӯ ба рӯ шуда буда, ба нотавонии ақл дар ҳалли қазияҳои тавлидкардааш фикр мекардам, ин навиштаҳоро муносиби ҳоли худ дидам. Инсоният дар остонаи ҳазораи се истодааст. Назаре ба таърих бо вуҷуди ҳама мушкилию нобасомониҳо ва ҳама вайронию сӯзон­данҳо, ҳама пинҳону ошкорҳо оинаи хираи 4-5 ҳазорсолаи таърихи аҷдодонро рӯшноӣ медиҳад. Аммо назар ба оянда ва қутби сад соли ояндаи давлатдории кишварҳои олам на танҳо торик, балки дар бештари мавридҳо ғайричашмдошт менамояд. Асри ХХ босуръат арзиш ва қоидаҳои зиндагиро тағйир дод ва чунин шаклҳои бениҳоят устувори оламгири андешаи сиёсӣ ва иқтисодӣ чун фашизм, сотсиализм ва капитализми колониалиро аз саҳнаи сиёсии ҷаҳон берун сохт. Интиҳои роҳи дугонаи таърихӣ (сотсиализм ва капитализм) на танҳо онҳоеро, ки дар чорраҳаи интихоб сарсон монданд, инчунин онҳоеро, ки нобудшавии режими шуравиро мехостанд, бо ҳодисаҳои ғайричашмдошт рӯ ба рӯ намуда, ба тамоми аҳли сайёра даъват партофт, ки доир ба фардои сайёра ва роҳи ояндаи кишварҳо андеша намоянд. Ҳаҳони бо мафкураҳои мухолифи муқовиматзо аз ҳаҳони бе мафкураҳои мухолиф оромтару одилтар намудор шуд. Охирин ҳамаро ба муқобили ҳама бо равиши Томас Гоббс думболи манаиатҳои миллӣ гузошт. Онҳо пайравони ду идеология рақибу душмани ҳам буданд, акнун ҳама барои ҳама душман шуд. Ин ҳолат дар назди олимоне, ки фазои муътадили инкишофи оламро дар нигоҳдошти мувозинат медиданд, вазифаҳои боз ҳам мураккабтар гузошт. Назарияи диалектикӣ ва дихотомии инкишофи олам дар як муддат рӯ ба мушкилии марговар овард. Мардҳои абарқудрати илм миёни худро баста, дар асоси таҷриба ва қонуниятҳо ояндаи кишварҳои олам ва сиёсати ҷаҳониро тарҳрезӣ карданӣ шуданд. Пешгӯии ояндаи инсоният оғоз шуд. Ин пешгӯӣ ба ҳар ҳол аз оромии илмӣ беҳтар буд. Назарияи интиҳои таърихи Ф. Фукуяма, муноқишаи тамаддунҳои С. Хантингтон, дидгоҳи тахтаи шоҳмоти З. Бжезинский ва гуфтугӯи тамаддунҳои Ҳотамӣ харитаҳои мухталифи олами оянда ва рӯзномаи театри ояндаи ҷаҳонро ба тарзи худ тарҳрезӣ мекарданд. Ювал Ной Харари устоди Донишгоҳи Аврупо дар Исроил дар заминаи эҳсоси ҷадиди инқилобҳои биотехнологӣ ва технологияи рақамӣ тақдири буҳрони нави демократияи либералиро дар қиёс ба буҳронҳои солҳои 1918, 1938 ва 1968 дар ибтидои асри ХХI вазнинтар аз ботини ин ғояи ғолиб кашф кард. Ба назари ӯ демократияи либералӣ ки бар фашизм ва коммунизм ғолиб омад, акнун ботинан ба мушкилиҳо мувоҷҷеҳ шудааст, илова бар он, рафиқҳои стратегии ин ҳодиса ба мисли инқилобҳои технологӣ ва иттилооти рақамӣ бо тарзи ба худ хос ба он таҳдид мефиристанд. Инсониятро ба ҷои эраи истисмори меҳнати инсон акнун даврони истисмори вазнинтар дар шакли «корношоямӣ»[3], яъне таҳдиди «бекормонии умумӣ» интизор аст. Охирӣ аз дигар навъҳои истимор ба маротиб вазнинтару сангинтар менамояд. Демократияи либералие, ки бо ислоҳоту гузаштҳо тавонист худро вобаста ба шароити макону замон мувофиқ намояд, аз ғояҳои муқобили худ сабақ бардорад, оё имкон дорад, ки худро аз ин иллатҳои ботинӣ, ки дар ҷанини демократияи Амрико дар замони ҳукмронии аввали Трамп зери шиори «Америкаи бой» ва дар ботини миллатгароии англисӣ дар райъдиҳӣ барои Брекзит ҷиҳати баромадан аз Иттиҳоди Аврупо рӯ зад, табобат бахшад. Миллатгароӣ ва манфиатҳои давлат­ҳои миллии пешоҳангҳои демократияи либералӣ дар ҷанини модардавлатҳои худ тухми афзалияти сарҳадӣ ва ҳудудиро кошта, тақдири демократияи либералиро ҳамчун ҳодисаи фарогири мафкуравӣ ба тангно кашидаанд. Либерализм таърихан ба рушди иқтисодӣ такя карда, тавонист дар замонаш пролетариатро бо буржуазия алайҳи ғояи ҷангҷӯёнаи ком­мунистҳо оштӣ диҳад, ҷанги байни атеистону диндорони шуравиро ҳамчун таълим қабул карда, байни онҳо муросо муҳайё созад, ба қувваи истеҳсолот ва муҳоҷирати ногузири низоми сармоядорӣ роҳ кушода, дар васати муҳоҷирон ва мардуми таҳҷоӣ ҳамзистии осоиштаи шаҳрвандӣ ва миллиро ташаккул диҳад, сарҳади тафовути Осиё ва Аврупоро дар байни реҷаи давлатсозии худ беранг гардонад (Туркияро ҳамчун кишвари аврупоӣ ба Иттиҳоди Аврупо қабул намесозад – А.Х.) ва ба ҳар тоифаву ҳар гуруҳе аз даромади ҳангуфти сармояи худӣ бурдае, луқмае ва ҳиссае пешниҳод намояд[4]. Либерализм ҳамчун ғояи мулоим дар раванди таърихӣ ба дигаргуниҳо рӯ оварда, худро аз марги буҳронҳо наҷот медиҳад. Акнун либерализм ҳамчун ғоя бо миллатгароии ботинӣ дар шароити рушди технологияи рақамӣ ва биотехнология, ки аз дохил ба аслҳои он таҳдид мекунад, рӯ ба рӯ шудааст. Аҷиб он аст, ки агар то ин вақт он аз душманони худ баъзе аз амалкардҳоро меомӯхт ва ногузир онҳоро ба тарзи хос барои худ қабул карда, худро аз мушкилиҳо ҳамчун ҳодисаи такмилёбанда наҷот медод, акнун ҷузъҳои дохилияш ба он қонуният ва арзишҳоеро пешниҳод менамоянд, ки ҳодисаи томро ҳамчун мафкура ба фасод мекашад. Ҳолати мавҷудае, ки Ю.Н. Харарӣ масъалагузорӣ менамояд ва роҳи ҳалли онро дар «21 сабақ ба асри ХХI»[5] пешниҳод менамояд, ба гумон аст, ки масъаларо ба пуррагӣ ҳал намояд, зеро аксар масъалагузориҳои ӯ дар заминаи инқилобҳои ҷадиди биотехнологӣ ва технологияи рақамӣ мушкилиҳои муайяни мафкуравиро доро буда, тобеият ба шаклгароӣ ва алгоритми мантиқӣ дорад, ки на ҳамеша ба табиати шуури инсонӣ ва мавқеъгириҳои ақлӣ вобаста ба замону макон созгор мебошанд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама, дидгоҳи ӯ аз назари таҳлилӣ ва дарки мушкилиҳои ҳаёти инсонӣ дар садсолаи ҷорӣ бисёр диққатҷалбкунанда ва то ҷое имкон­пазиранд. Олимони ҳуқуқшиносу сиёсатшиносони сатҳи ҷаҳонӣ аз интиҳои асри ХХ сар карда, эҳсоси тобиши бузурги маънавию фарҳангӣ ва тақвиятёбии омилҳои муноқишаи манфиатҳоро дар паҳнои тамаддунҳо дарк карда, ҷиҳати роҳу усулҳои воридшавӣ ва хуруҷ аз онро бо назардошти манфиатҳои миллӣ, башарӣ ва тамаддунӣ дар асарҳои мухталифи худ шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳатто каме барвақттар мунаққидони роҳу равиши фикрии зиёиёни таърихӣ (К. Поппер) аз нобасомониҳои зиндагии инсонӣ ва ҳаёти сиёсӣ ба дод омада, даст ба гиребони бузургони илми ҷаҳонӣ (Афлотун, Арасту, Гегел, К.Маркс) зада, хатти рушди мафкураи инсониятро аз рӯзҳои аввали зиндагии тамаддуниаш иштибоҳангез шарҳ дода, ғояи «тавлиди тамаддунро бо захми модарзодӣ» дар илм масъала­гузорӣ намуданд[6]. Нухбагони илми ҷаҳонӣ А.Г. Хайек[7], З. Бжезинский[8], С. Ҳантингтон[9], Ю. Хабермас[10], Ю.Н. Харари[11], С. Нерсесянс[12], С.С. Алексеев[13], В.П. Салников[14], А.В. Поляков[15], М.Н. Марченко[16],

МАҚОЛАҲО

Андешаҳо перомуни ибораи «исломи дунявӣ»

Бояд эътироф намуд, ки ибораи «исломи дунявӣ» барои аксарияти аҳли ҷомеа, ба хусус дингароён хеле хандаовар ва ҳам гӯшхарош садо хоҳад дод. Ин ҳам бесабаб нест, зеро дар атрофи мавзуи мазкур, яъне «Оё мумкин аст, ки дини ислом дунявӣ бошад?» ҳам дар фазои илмӣ ва ҳам динии ҷомеа на танҳо таҳқиқи ҷиддӣ сурат нагирифтааст, ҳатто андешаю тааммул намуданро низ ҷоиз намешуморанд. Ҳолати мазкур бешак ба сабаби чорчубаи андешарониест, ки дингароёни ҷомеа ба туфайли ҷаҳолати худ дар зеҳни аҳли ҷомеа ҷой намудаанд. Масалан, чӣ тавр мешавад, ки бандаи муъмин худою расул ва таълимоти онҳоро дар як тараф гузошта, фикри дунёро кунад? Дар робита ба мавзуи мавриди матраҳи мо бояд ёдовар шуд, ки тахминан як қарн пеш ибораҳои «исломи бунёдгаро» (фундаменталистӣ), «исломи тундгаро» (радикалӣ), «исломи ифротӣ» (экстремистӣ) низ гушхарош ва ғайримақбул буданд, лекин имрӯз ба сабаби воқеият будани падидаю равандҳои мазкур фазои диниию илмии ҷомеа ба чунин номҳо одат намудааст. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ мо ҳақ надорем, ки аҳли қибларо аз имон хориҷ намоем. Сониян, агар хуб аст, агар бад, онҳо аз номи ислом баромад мекунанд ва худро ҳомиёни дини ислом муаррифӣ менамоянд. Бинобар ин, қишри мазкур бо мавқеи ишғолнамудаашон, новобаста аз пазируфта шудан ё нашуданаш аз ҷониби аҳли ҷомеа, навъи хоси исломро ба маъраз мегузоранд. Аз нигоҳи ин ҷониб, ибораи «исломи дунявӣ» – ро низ чунин сарнавишт интизор аст. Бе шак баъд аз чанде ибораи мазкур низ маъмулӣ мегардаду мусулмонони хирадпешаю фарҳангсолор ва ҳамқадами замон онро ба хушӣ мепазиранд, зеро воқеияти динии имрӯза ба таври равшан ба ҳастии он ишора менамояд. Гузашта аз ин, чаро дини ислом вобаста ба муносибат ба Алӣ – домоди пайғамбар ба исломи шиа ва суннӣ, вобаста ба пешвои мазҳабӣ ба исломи ҳанафӣ, шофеӣ ва ғайра, вобаста ба вижагии таълимот ба исломи муътадил, бунёдгаро, ифротӣ ва ғайра, вобаста ба марҳилаи рушд ба исломи қурунивустоӣ, муосир ва ғайра, вобаста ба мансубияти ҳудудӣ ба исломи саудӣ, туркӣ, мовароуннаҳрӣ ва ғайра, вобаста ба мансубият ба равияҳои мухталиф ба исломи салафӣ, ихвонӣ, ваҳҳобӣ, таҳрирӣ ва ғайра тақсим шаваду вобаста ба муносибаташ ба арзишҳои дунявӣ, таъиноти воқеии иҷтимоияш, яъне ҳадафаш барои ҷомеа тасниф нашавад? Агар меъёри охир, махсусан таъиноти иҷтимоии дини исломро ба асос гирем, чунин саволе пайдо хоҳад шуд, ки дини ислом чаро пайдо шуд? Вай чӣ ҳадафе дошт? Барои пайдоиши он зарурате буд ё не? Оё ҷомеа дар арафаи пайдоиши дини ислом ба чунин як ислоҳи динӣ-фикрӣ ниёз дошт? Баъд аз пайдоишаш вай омили пешрафти ҷомеа гардид ё омили боздошти рушд? Дар ҷомеаи он замон ин пешрафт, агар сурат гирифта бошад, дар чӣ ифода меёбад? Агар таълимоти ислом омили боздошт гардида бошад, сабаб чист? Агар пешравие дар ҷомеа ба туфайли дини ислом сурат гирифта бошад, пас, оё дини мазкур имрӯз низ қодир аст, ки ҳамчунон пешрафтеро барои пайравонаш эҳдо намояд? Хулоса, чунин навъи саволҳо хеле зиёданд ва ҷавоб ба онҳо дар ҳар шакле набошад, ба ҳадафу таъиноти дунявӣ доштани дини ислом далолат менамояд. Дар баробари ин, агар зимни андеша доир ба исломи дунявӣ мавқеи мухолифро ба асос гирему ҳадафи исломро на дунёи заминӣ, балки дунёи ухравии ҷовидона қарор диҳем, чуноне, ки баъзе ояту ҳадис ба он ишора менамоянду аксари муллою эшон ва мавлавиҳо дар мавъизаҳои худ онро гаштаю баргашта таъкид менамоянд, дар чунин ҳол савол пайдо мешавад, ки чаро Худованд одамонро то содир кардани гуноҳу аъмоли хабисонаашон дар ҷаннат ҷой надоду замини покро аз нопокӣ ҳифз накард? Дар чунин ҳол зарурат ба дин ҳам пайдо намешуд. Ё чаро дингароён, ки пайваста дар бораи дунёи фонию боқӣ пайваста сухан меронанду муваққат будани ин дунё ва ҳадафи асосӣ будани ондунёи пурайшу неъматро боисрор таъкид менамоянд, ба он дунёи ҷовидона бидуни андешаю саҳлангорӣ саъй наменамоянд, то ҳар чӣ зудтар аз он неъматҳои ҷовидона баҳраманд шаванд? Вақте сарватманде пешвои динро ба хонааш даъват менамояд, ӯ ба хотири арзиши дунявии муваққат ба онҷо мешитобад, дар ҳоле, ки неъмати ондунёӣ аз неъмати ин сарватманд миллионҳо маротиба пурарзиштар аст, аммо дар шитоб ба ин неъмати бебаҳо саҳлангорӣ менамояд. Ҷавоб ба саволҳои мазкур осон нест ва ҳар гунна ҷавоб ба таъиноти дунявии дини ислом далолат менамояд. Ҳамзамон, агар дар зери мафҳуми «ислом» исломи бунёдгароро, исломеро, ки ваҳҳобиҳою салафиҳо ва ҳаммаслакони онҳо таълим медиҳанд, яъне зимни таълими ислом рафтору гуфтори паёмбарро дар шакли анъанавӣ ва маъмулгардида ба роҳбарӣ гирем, дар чунин ҳол саволе пайдо мешавад, ки чаро худи бунёдгароҳо талаботи мазкурро риоя намекунанд? Агар, гуфтору амалкарди Муҳаммад муайянкунанда бошад, пас, чаро гурӯҳҳои номбурда сару либос, ҷойи манзил, муносибат ва шароити зисташонро чун шароити зисти Паёмбар намекунанд? Магар дар коре ба Паёмбар пайравӣ кунанду дар кори дигар не, ин мунофиқӣ маҳсуб намеёбад? Агар бунёдгароҳо иддао намоянд, ки имрӯз замона дигаргун гаштааст ва онҳоро аз муосир намудани тарзи зисти худ ҷойи гурез нест, пас, ислом низ бояд дар тамоми масоили зиндагӣ муосир бошад. Барои собит намудани ин ки дини ислом дар асл дини дунявист, яъне вобаста ба шароит амал намудан айни таълимоти дини ислом аст, мо метавонем ҳолатҳои зиёдеро аз зиндагии паёмбар чун мисол зикр намоем. Қобили зикр аст, ки паёмбар дар Макка дигар шахсият асту дар Мадина дигар шахсият, яъне ду шароити мухталифи фаъолият ду шакли мухталифи муносибатро дар рафтори Муҳаммад эҷод намуда буданд. Магар ҳолати мазкур чунин маъно надорад, ки Паёмбар вобаста ба шароит, яъне омили сиёсию иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳатто иқтисодӣ амал мекард? Дар китоби «Зиндагонии Муҳаммад (с)» и Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал, саҳифаи 487 омадааст? « Муҳаммад (с) пас аз он ки ба воситаи қарордоди Ҳудайбия ва исломи фармондори Яман аз ҷониби ҷануб бовар ҳосил кард, ба ноҳияи Шому шимоли Арабистон рӯ овард» (саҳ. 487). Чунин ҳолатҳо дар фаъолияти паёмбар хеле зиёданд. Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал ҳамчунин доир ба ҷанги Табук менависад, ки «Вақте мусалмонон ба Табук расиданду Муҳаммад (с) аз бозгашти сипоҳи Рум хабардор шуд ва бидонист, ки румиён аз бисёрии сипохи мусулмонон тарсиданд, таъқиб кардани онҳоро дар дохили кишварашон муносиб надид»(Ҳамон ҷо; саҳ. 567). Бояд зикр намуд, ки чунин маълумоти муаррихон баҳснок аст. Зеро дар ҷанги Муъта мусулмонон бо се ҳазор ҷанговар ба муқобили сад ҳазор ё дусад ҳазор лашкариёни Рум ҷангиданд(Ҳамон ҷо; 487), аммо дар ҷанги Табук гӯё аз таъқиби ҳарифи тарсида худдорӣ карда бошанд. Ҳамчунон маълум аст, ки Паёмбар дар Арабистон ба хотири «ғанимат»

МАҚОЛАҲО

Мақолаи панҷум:Бардоштҳои маънавӣ аз воқеияти фазои интернетӣ

Инсони муосир нисбат ба одамони қаблӣ бамаротиб бештар тобеи иттилоот аст. Ин нишонаи кашфи сифатҳои нави инсон аст ва ё бедории узвҳои хуфтаи эҳсосотии вай аст, ки бо шароити муайяни технологӣ ба худшиносию худнамоӣ оғоз карданд. То асри иттилоот, агар одамон эҳтиёҷмандии худро ба ақлу хирад ҳамчун зинаи баланди тафаккур, воситаи ҳалли мушкилоти зиндагӣ ва воситаи дастрасӣ ба саодати дорайн медонистанд, акнун дар бисёр аз масъалаҳои усулии ин шоҳроҳ ҷойи ақлу хирадро мақоми узвҳои эҳсосотӣ ва фарзандони вай лаззати эҳсосотӣ, кашишҳои нафсонӣ, роҳати завқҳо, қонеи кашишҳои савқи табиӣ ва амсоли инҳо ишғол намудаааст. Ин ҳолат заминаи воқеии рушди ақлу хирадро, омилҳои такондиҳандаи онро зоҳиран ва ботинан касод намуда, ба рушди кашишҳои савқи табиӣ хизмат менамояд. Тамоюли мазкур дар маҷмуъ дар майдони афзалияти ҷаҳонбиниҳо мавқеи шаклҳои мураккаби танзиманомояндаю арзишии ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва эътиқодиро заиф мегардонад. Бинобар он қадами муҳофизати ин навъ ҷаҳонбиниҳо фаъол шуданашон дар истифодаи технологияҳои рақамӣ ва иттилоотонӣ аст. Қадами сонӣ бошад дуруст камин гирифтан дар масъалаи ҳимояи хирад ва унсурҳои қувватбахши ирода, ихтиёр ва истифодаи мақсадноки озодиҳо таҳти таъсири ақл ва қонуниятҳои мантиқӣ. Маҳз фаъолнокии ҳамин навъи тамоюли ҷаҳонбиниҳо мавқеи ақлу хирад, иродаю ихтиёри инсониро дар партави озодиҳои табиӣ ва сиёсӣ устувор намуда, ғулғулаи ҳангуфти савқи табииро бо лашкари саркаши эҳсосотиаш дар асри иттилоот ба манфиатҳои аслию созанда ва мантиқию бунёдии инсон тобиш медиҳад. Иттилоот на танҳо дар фазои муносибати инсон бо олами атроф, бо воситаҳои дониш ва усулҳои он тағйиротҳо ворид карда, сарчашмаҳои донишро табдил дод, инчунин олами беканори диданашавандаи даврии дар фаслҳои мухталифи сол қарордоштаи одамонро ба як деҳи хурди ҳамдигарро назораткунанда табдил дод. Яъне иттилоот мазмунан вақтро кутоҳ кард, масофаро бекор намуд, пардаҳоро гирифт миёни зиёд аз эҳтиёҷотҳо монеаҳоро бардошта, ҷойи таваккалу тааммул ва сабру интизорӣ омодагӣ барои муборизаро яқин намуда, сарчашмаи муноқишаю муқовиматро барои муборизаи дастрасӣ ба неъматҳо ногузир ва бебозгашт намуд. Иттилоот дар қатори ҳама хизматҳо ва сабукиҳояш барои инсони муосир таҳдидҳо эҷод кард. Кутоҳ шудани масофа, буридани вақт, сарфаи неру агар аз як ҷониб ба лаззати зиндагии инсон мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар ба нафъи манфиати молии иддае ин масофаро табдил дода, имкону фурсати андешаро аз байн бурда, вақти бахшиши гунаҳро лағв намуда, неруи ҷушзанандаи сарфашударо берун аз сарҳади манфиати умум ба худнамоӣ гузошт. Ҷаҳон ба дараҷае хурд шуд, ки хабару маълумотҳои як гўшаи олам ба нуктаи дигари он дар сонияҳои ба шумор мерасад. Истифодаи ин хабар зиёд аз масъалаҳои ҳалталаби башарӣ ва рафъи мушкилиҳою пасомадҳои вазнини молию маънавиро имконпазир намуд. Вале дар баробари ин, боз ҳам манфиати инсон, утилитаризми бентамӣ аз ин вазъият барои худ дигар аз роҳатҳои зиндагиро пайдо кард, ки реҷаи адлу инсоф ва баробарию бародариро вазнинтару пурчолиштар кард. Равшан аст, ки дар асри иттилоот қудрату имкони ибтидоии хабар ва густариши он на дар дасти қудрати ҳар инсони ҷудогона ва низоми мувозанаи узвҳои эҳсосотии ў бевосита қарор дорад, балки он дар дасти интиқолдиҳандаи хабар, маблағгузорандаи алоқа ва таъминкунандаи иртиботи иттилоотӣ, зери таъсири селобаи савқи табиӣ қарор дорад. Пас ҳаққоният ва дурустии он низ зери назорати ҳамон неруи интиқолдиҳандаи иттилоот ва кашишҳои нафсонии инсон печида мемонад. Чунки асри ақлгароӣ бо худкомагиҳояш ва даврони ақлгароии танқидӣ бо таҳлилҳои бунёдиаш аз тафаккури Кант то Сартр ва Хабермас бо ғояи ҳамзистии осоиштааш ҳанўз ситораи бахтро наёфта буд, ғояи демократия бо озодиҳо ва давлати ҳуқуқӣ бо консепсияи тақсимоти қудрату дастрасӣ ба адолати умумаш дар қалби халқҳо аз роҳи хирад роҳ наёфта буд, ки боз ғулғулаи бозагашт ба асри ҷаҳонсозӣ дар заминаи эҳсосот бо истифодаи иттилооти рақамӣ рўи кор омад. Хабари нолозимии ақли эҷодгари худшиносу худфаҳму мубориз аз ин қарина бо баҳонаи кумак ва дастгирӣ ба ў дар шакли ақли сунъӣ, кўшишу ғайрат ва марому мақсади онро дар пешгоҳи иқдомҳо печидатар кард. Тарс аз он аст, ки мантиқи зиндагӣ ва хулосаи дискурсивӣ дар чунин ҳолатҳо натиҷаи нигароникунандаро пешниҳод доранд. Ҳикматҳои ду кадбону шавад хона норуфта мемонад, ду ёрдамчӣ шавад хўҷаин коргар мешавад ва ғ. ҳ. водор ба он дорад, ки дар ин самт бепарвоӣ ва саҳлангорӣ нашояд, балки тақсими дурусти вазоифу сарҳади амалкардҳо шарт ва зарур аст. Ба зеҳни сунъӣ такя карда ақли табииро аз кор мондан хиёнат ба ақлгароӣ аст. Инсон бештари донишу маълумотҳоро аз дигар сарчашмаҳо мегирад, иддае аз онҳоро аксаран намебинад. Ў аслан зиндагӣ бо шунидаю дидаю хондаҳояш мекунад. Бо вуҷуди муассир будани далели дидаҳояш, ки то домони донишҳои таҷрибавӣ мерасад, ў дар баъзе аз ҳолатҳо афзалиятро ба шунидаю хондаҳояш низ медиҳад. Дидаҳо ва мушоҳидаҳо албатта, дар ҳаёт асаргузоранд, вале дар қатори дигар аз омилҳо то рафт иттилооти рақамӣ низ нуфузи онҳоро кам менамояд. Иттилооти мусавварӣ ва намоишдиҳанда бошад, мисли суратгирони касбӣ ҳамон нуктаҳои мувофиқу мусоиди манфиати худро аккосӣ карда, манзараҳои сохтаро чун ҳақиқати том пешниҳод мекунанд. Ин саҳнасозӣ то таърихсозӣ идома ёфта қимати донишҳои дидашавандаро ба касодӣ мекаашад. Иттилоот ва технологияи рақамӣ дар қатори хизмати бузурги саҳловариаш дар каминаш яроқи вазнин шикасти манбаи донишҳои моро низ доро аст. Ва ин яроқ зери фишори манфиатҳо аллакай васеъ истифода мешаванд. Тақсимоти нави ҷаҳонӣ ҳатто ба таҳрифи сабабу омили ҷангҳои ҷаҳонӣ ва оқибатҳои он даст зада, дониши андўхтаи чанд насли инсониро аз решааш табдил медиҳад. Ин ҳама ҳолатҳое ҳаст, ки на танҳо ба худшиносии инсони нав таъсир мерасонад, балки бештар аз он ба сарчашмаҳои дониши вай ва беқурбшавии онҳо назди хирад саволҳои вазнини арзишӣ мегузорад. Гўши мо, ба сони сурохии табиии қабули итилооти дурўғин ва мафкураи мо бо донишҳои андўхтаамон ва сатҳи саводнокиамон ба ҷаҳонбинии мо хизмат намуда, дар асорати ороиши дурўғҳо ва фантазияҳои нерухои мухталифи олам қарор мегирад. Инсони муосир дар чунин ҷаҳони ноором, ки абарқудратон зери манфиатҳои миллии худ ва иштиҳои ҷаҳонхоҳиашон ба иттилооти олам рангпардозӣ ва таъсиррасонӣ мекунанд, ҳақиқатро на ҳамеша дуруст мебинад, вале дурўғро то рафт бештар мешунавад ва чун ҳақиқат мехонад. Ҳақиқати дигари ноқисии хиради инсон он аст, ки бо шунидани такрории як ҳодиса онро ба сони ҳақиқат назди идрок, бозпас ба узвҳои эҳсосотӣ ва натиҷаҳои дониш рўнамо мекунад. Магар ин ғизои носолим ба мафкураи инсон асар намегузорад, ўро аз воқеият дур намекунад? Албатта, дар чунин шароит воситаҳои ҳуқуқии манъи ин дурўғпардозиҳо дар сатҳи давлатҳои миллӣ бинобар авомили мухталифи молию технологӣ назаррас нест. Аммо воситаҳои ахлоқии монеъшавии онҳо дар замири фарҳангҳои миллӣ кам нестанд. Гузашта аз он,

МАҚОЛАҲО

ПЕШРАФТУ ТАРАҚҚИЁТИ КИШВАР – ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 34 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Дар ибтидои истиқлоли давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшид. Вай тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳад, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд. Қадамҳои аввалини истиқлол бо ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ки аз ҷониби ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ шуда, яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, 1 миллион гуреза ва беш аз 10 миллиард зиён ба бор овард. Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд. Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад. Пас аз нисбатан ором шудани вазъият Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа–Кӯлоб иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок растанд ва имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад. Душвортарин муаммои мо масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд. Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Аз ҷумла, сохмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», як қатор нерӯгоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1 ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохтмони иншооти ҳаётан муҳим – бунёди НБО-и Роғун оғоз гардид. 29 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун сафар намуда, дар дигар намудани маҷрои дарёи Вахш иштирок намуданд. Баъди заҳматҳои зиёд, ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба кор даромад. Ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз он шаҳодат медиҳад, ки давлату ҳукумат бо сарварии Пешвои хирадманди тоҷикон пайваста баҳри ободӣ ва гулгулшукуфии ватанамон заҳмат кашида, давлати соҳибистиқлоли моро дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон қарор медиҳанд. Қабл аз ин, дар фасли зимистон баъзе минтақаҳои кишвар аз норасоии қувваи барқ танқисӣ мекашиданд. Айни ҳол, ин мушкилӣ бартараф шуда, баъди пурра ба кор даромадани НБО-и Роғун, Тоҷикистон пурра бо барқ таъмин шуда, ба Ӯзбекистону Қирғизистон, Афғонистону Покистон ва ба дигар давлатҳои минтақа барқ содир мекунад. Ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон баланд шуда, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем. Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу кабел, истеҳсоли автобусҳои замонавӣ камтарин дастовардҳои истиқлолият мебошанд. Шумо боре ба гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон назар кунед, ки чи гуна ободу зебо гаштаанд. Бунёди ҳайкали аввалин давлатдори тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, ки назираш дар олам нест, китобхонаи миллӣ, осорхона, театр, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна, соли ҷорӣ ифтитоҳ гардидани биноҳои боҳашамати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони кишвар давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дода, аз дастовардҳои истиқлолият маҳсуб меёбанд. Сокинону меҳмонон бо завқ дар пойтахти мамлакатамон сайру гашт намуда, сайёҳони хориҷӣ шаҳри Душанберо «Шаҳри сабз» ном гузоштаанд. Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф меоранд. Обрӯву нуфузи Пешвои миллати тоҷикон давлати моро дар сарҳанги кишварҳои бонуфуз қарор додааст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муяссар гашт, ки муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ба ҳам ҳамсоя ва ҳамфарҳанг Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бори дигар гусаста гарданд. Сафарҳои президентҳои ин ду кишвар боис гаштанд, ки сарҳадҳо кушода шуда, одамон бемамоният аз ҳамдигар дидан кунанд, хешу таборони аз ҳам ҷудо, бори дигар ба ҳам пайвастанд. Бешак, барқарор гаштани муносибатҳо бо кишвари ба мо ҳамсоя ва дӯст аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дарак медиҳад, зеро Сарвари давлат тавонистанд кори амалинашавандаро амалӣ созанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанг диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни Ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500- солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2500- солагии Хуҷанд, 2700- солагии шаҳри Кӯлоб, 700- солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти Пешвои бузургтарин мазҳаби ростини ислом – Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуд. Мақоми давлатӣ гирифтани ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак» ва таҷлили ҳамасолаи «Наврӯз», «Меҳргон», Рӯзи «Шашмақом», «Рӯзи фалак», «Рӯзи китоб», «Рӯзи Парчами миллӣ», «Рӯзи Президент», дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллалӣ, ширкати бевоситаи Роҳбари давлат дар чорабиниҳои фарҳангӣ аз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Дар даврони истиқлол Наврӯз ҷаҳонӣ шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини

МАҚОЛАҲО

Истиқлолият неъмати бебаҳост!

Дар тўли 34 соли даврони истиқлолият саҳифаҳои ҳаёти кишварамонро варақгардон карда, аз муваффақиятҳои мавҷуда табъи кас болида мегардад. Зеро солҳое буданд, ки рўҳияи мардуми шарифи Тоҷикистонро яъсу навмедӣ фаро гирифта буд. Касе ҳам тасаввур карда наметавонист,ки чунин рўзҳои осудагию фараҳафзо боз дар кишварамон фаро мерасад. Мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо орзуи онро дошт, ки оташи қаҳру ғазаб, кинаю адоват ва қасдгириҳою ғурури баъзе ашхоси ҷоҳилу кўтоҳандеш ва манфиатҷў аз байн биравад… Рўзе бирасад, ки шахсиятҳои хирадманду миллатдўст, дурандешу халқдўст, давлатсозу ояндабин ва далеру шуҷоъ ба майдони сиёсат ворид гарданда, ташаббускори раҳоӣ аз табоҳӣ, озодӣ аз ҷаҳолат гарданд… Ин ҳама орзуҳои ашхоси ватандӯсту миллатдўсту меҳанпараст буданд. Шукри Худованд, ҳамин гуна шахси худодод ба сари қудрат омад, ҷони хешро ба хатар андохта, бо ҳама гуна хавфу хатарҳои замон муборизаи қатъӣ бурда, самти ҷараёни киштии умеду ормонҳои миллатро ба сўи офтоби шуълавар мутаваҷҷеҳ намуд. Аз ҳама гуна монеаҳои тақдирсоз моҳирона убур карда, кишвари азизамон Тоҷикистонро ба қуллаи мақсуд, ба сулҳу ваҳдат ва ризоияти ҷомеа бо масъулияту шуҷоат сарбаландона оварда расонид. Ба таҳдидҳои бадхоҳон, душманони миллату давлати тоҷикон бо ҷавобҳою амалҳои қотеона дохили майдони муборизаҳои сиёсӣ гардида, Тоҷикистонро аз хатари парокандашавӣ эмин нигоҳ дошт. Бо саъю кушишу заҳматҳои шабонарузии зиёд кишвари ҳамешабаҳори моро ба арсаи олам ба ҳайси як давлати мустақил, дорои саҳифаҳои дурахшони таърихию фарҳангии ибратомўз ва забону адабиёти ғанӣ ба оламиён муаррифӣ намуд. Нақши ин фарзанди барўманди миллати тоҷикро, метавон ба Исмоили Сомонӣ шабоҳат дод, ки бо ҷоннисорӣ, матонату иродаи устувор давлати тоҷиконро аз нав эҳё гардонид ва бо номи шахсияти сулҳҷўю давлатсоз машҳур ба ҷаҳон гардид. Номи тарроҳи сулҳро ба худ касб намуд. Ин шахси худододу абармарди таърихӣ фарзанди барӯманди тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Хушбахтона, имрўз олимону сиёсатмадорони намоёни олам таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистонро мавриди омўзиш қарор дода, барои бартараф сохтани зиддиятҳои дохилии кишварашон ва таҳкими сулҳу ризоияти миллӣ аз ин таҷриба истифода мебаранд. Воқеан, даврони истиқлолият ба тоҷикистониён тамоми ҳуқуқҳои инсониро фароҳам овард, ки ин боиси сарфарозии ҳар як шаҳрванд ва таҳкими ризоияти халқи Тоҷикистон гардидааст. Баъзе аз бародарон камбудиҳо ва норасоиҳои ҷузъиро сабаб нишон дода, аз масоили умдаи давлатсозӣ худро нодида гирифта, ҷониби ҳукуматдорон санги маломат мепартоянд. Андеша намекунанд, ки барои саробонии як оилаи кўчак чӣ гуна мушкилотро рафъ кардан лозим меояд, чӣ равад аз идораи як давлат! Халқи Тоҷик дорои давлати мустақил, Конститутсия, парлумони дупалатагӣ, парчаму нишон ва дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба расмият шинохта шудааст. Сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар дигар давлатҳо ифтитоҳ ва сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон кушода шуданд ва онҳо ба густариши муносибатҳои дуҷониба мекӯшанд. Акнун халқи шарифи Тоҷикистон низоми давлатдориашро, ҳадафу ормонҳои худашро ва сарвару раҳнамои худашро худаш муайян менамояд. Узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад ва бо пешниҳодҳои созандаи худ вирди забонҳо гардидааст. Акнун Тоҷикистон ва тоҷикистониён ифтихор доранд, ки Конститутсия, пули миллӣ ва рамзҳои давлатӣ доранд ва фарзандони сарбаланди тоҷик бо ифтихори ватандорӣ марзу буми кишварашонро худашон ҳимоя менамоянд. Тарҳрезӣ кардани ҳамагуна барномаҳои давлатӣ, амалӣ кардани онҳо, таъмини пешрафти давлатдорӣ ва дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардану ҳимоя кардани як давлат кори басо мураккаб аст, ки Президенти кишварамон дар иҷрои онҳо дастболост. Тибқи моддаи якуми Конститутсия Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардидааст. Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда, 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Боиси хушбахтист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз озодии комил бархурдор мебошанд, зеро озодӣ дар зиндагӣ беҳтарин мукофотест. Чунончи дар моддаи 26 Сарқонун омадааст: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд». Татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ зимни риояи аслҳои конститутсионии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, амалӣ гаштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сарфи назар аз нажоду миллат, ба ҳар кас эътиқоди динӣ ва мавқеи сиёсӣ, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат додааст. Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар муносибатҳои байни давлат ва ташкилотҳои динӣ шароити баробари ҳуқуқӣ фароҳам овард, ки дар мамлакат фазои софу беғубори озодии виҷдон ва эътиқод барқарор гашта, шаҳрвандон эътиқоди динии худро озодона ва ихтиёрӣ амалӣ гардонида истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи баъди ба даст овардани истиқлолият дар роҳи татбиқи ҳуқуқу озодиҳои эътиқодӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гашт. Хусусан, барои мусулмонони кишвар, ки аксарияти мутлақи сокинонро ташкил медиҳанд, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки шаҳрвандон ниёзҳои эътиқодии худро қонеъ гардонанд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки 26 марти соли 2009 ба тасвиб расид, дар баробари арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи кишвар, ки таърихан мусулмонони ин сарзамин аз рўи фармудаҳои он амал менамоянд, нақши махсуси мазҳаби ханафии дини ислом таъкид гаштааст. 8-уми сентябри соли 2008 дар ҷашни пуршукўҳи 17-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009-ро соли таҷлили 1310 – солагии Имоми Аъзам Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит (р) эълон кард. Ин иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба пешвоёну олимони дину мазҳаби аҷдодӣ ва эътирофи ваҳдату ягонагии фарҳанги миллию мазҳаби аҷдодӣ буда, бешубҳа уфуқҳои тозаро дар фазои худшиносии миллӣ ба вуҷуд овард. Дар робита ба ин, ёдовар шудан бамаврид аст, ки Соли бузургдошти Имоми Аъзам, яъне 1310 солагии зодрӯзи Имоми Аъзам, ҳамчунон эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти тамаддуни исломӣ, дар арсаи байналмилалӣ ва бахусус олами ислом шуҳрати Тоҷикистонро фузунтар намуд.Мояи ифтихори камина бар замми соҳибистиқлолу соҳиби Сарвари шарафманд гардидану гулгулшукуфию пешравии ин арзи муқаддасу ин давлати тоҷикон боз дар он аст, ки солҳои кору фаъолиятам дар Ҷумҳурии Арабии Ироқ оромгоҳи Имоми Аъзамро дар минтақаи Аъзамияи шаҳри Бағдод зиёрат намудаам. Ҳувайдост, ки арҷгузорӣ ба шахсиятҳою бузургони миллат, мисли Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ ва дигарон, омўзиши мероси гаронбаҳои онҳо аз ифтихороти миллат маҳсуб мегардад. Худшиносии миллӣ, қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат ва хизматҳои шоистаи онҳо дар рушду нумўи илму фарҳанги умумибашарӣ ва таҳкими ваҳдати миллат аз ҳадафҳои меҳварию иқдоми таърихии сарвари давлатамон

МАҚОЛАҲО

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ БАРҚАРОРСОЗИИ ПОЯҲОИ ФАРҲАНГӢ ТО ГУСТАРИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Истиқлолият – авҷи шукӯҳи давлатдорӣ ва якпорчагии кишвар буда, дар ҷанбаҳои гуногун гуфта мешавад. Аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ, истиқлолияти сиёсӣ, истиқлолияти иҷтимоӣ, истиқлолияти фарҳангӣ ва ғайра. Ҳамаи ин дар маҷмӯъ истиқлолияти давлатиро дар бар мегирад. Аз миёни он танҳо фарҳанг ва истиқлолияти фарҳангиро метавон пояи асосӣ ва мустаҳками давлатдории миллӣ номид. Бинобар ин, яке аз аввалин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони тоза истиқлолият ва ваҳдат ба даст оварда ин таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” буд, ки соли 1997 бо мазмуну муҳтавои баланди меъёрии ҳуқуқӣ ва фарогирии соҳаҳои калидии иҷтимоӣ ба тасвиб расид. Дар заминаи қонуни мазкур як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳову дастурамалҳои танзимкунандаи соҳавӣ таҳия гардида, қабул ва тасдиқ шудаанд . Зеро, тавре маълум аст барои идора ва танзими ҳар соҳа меъёри муайян ва хатти қирмиз лозим аст ва ин санадҳо ҳамчун меъёр аз замони қабул то имрӯз хизмат карда истодаанд. Соҳаи фарҳанг аз таркиботи гуногун ва муҳими иҷтимоӣ ба монанди мероси фарҳангӣ (моддӣ ва ғайримоддӣ), санъату мусиқӣ, табъу нашр (китоб, маҷалла, рӯзнома, дастурамал, брюшора, китоб-албом, баннерҳо ё лавҳаҳои таблиғотӣ ва ғайра), муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ (клубҳои фарҳангӣ, боғҳои фарҳангӣ, қасрҳои фарҳанг), китобхона, осорхона, илм, кино, телевизион, ВАО (Воситаҳои ахбори омма), дину ойин, расму анъана, ҷашну маросим ва ғайра иборат мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки баъди даргириҳои дохилии солҳои 1992-1997 як қатор муассисаҳои фарҳангӣ аз қабили осорхонаҳо, китобхонаҳо, клубҳои фарҳангӣ, муассисаҳои табъу нашр ва полиграфӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва базаҳои археологӣ харобу фарсуда гардиданд. Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ муассисаҳои фарҳангӣ барқарорсозӣ шуда, гузашта аз ин дар аксарият шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қасрҳои фарҳанг бо тарҳу услуби хоссаи меъморӣ аз нав бунёд карда шуда, бевосита бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи расмӣ дар онҳо сурат гирифтааст. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсусро барои барқарорсозии муассисаҳои фарҳангӣ ва мероси фарҳангӣ равона кард. Зеро барои сохтани идеологияи миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ ин амри зарурӣ ба ҳисоб мерафт. Худи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: “Дар шароити имрӯза агар хоҳанд миллатеро аз байн бубаранд, пеш аз ҳама забон, фарҳанг ва расму ойинҳои миллиашро аз байн мебаранд”. Хушбахтона бо шарофати истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист фарҳангу забон ва тамаддуни беш аз 6000 солаи худро ҳифз кунад. На инки ҳифз кунад, балки онро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Дар ин давра мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллати тоҷик дубора эҳё карда шуда, рушди онҳо яке аз вазифаҳо ва барномаҳои авлавиятдоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар доираи Барномаҳои давлатӣ зиёда аз 100 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии меъморӣ ва бостонӣ пурра тармим барқарорсозӣ карда шуданд. Намунаи олии онҳо шаҳри бостонии Саразм, Қалъаи Ҳисор, Қалъаи Ҳулбук, мазор- мақбараи Ҳазрати Султон, мақбараи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, мақбара-мадрасаи Хоҷа Машҳад, қалъаи Бешкент, қалъаи Балҷувон, Қалъаи Вомар, қалъаи Ямчун, муғтеппаи шаҳри Истаравшан ва даҳҳои дигар амсоли инҳо. Инчунин унсурҳои фарҳангии миллии ғайримоддии тоҷик, ки солҳо сол ва асрҳои аср ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд ва хатари аз байн рафтанашон зиёд буд, дубора эҳё карда шуданд. Ҷашнҳои чаҳоргонаи миллӣ ба монанди Навруз, Сада, Меҳргон, Тиргон намунаи олӣ ва барҷаста маҳсуб меёбанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора қарори дахлдор қабул намуда, ба вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ аз ҷумла Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат Феҳристҳои миллии мероси фарҳангиро таҳия намояд. Ин яке аз иқдомҳои муҳим барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ба ҳисоб мерафт. Тибқи қарори мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанг Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бо фарогирии 3413 (се ҳазору чорсаду сездаҳ) адад ёдогрии таърихӣ (бостонӣ, меъморӣ ва монументалӣ) ва Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддӣ бо фарогирии 538 (панҷ саду сиву ҳашт) адад унсурҳои фарҳангии миллии ғайримоддӣ дар 7 бахш бори аввал таҳия гардида, ҳатто дар шакли китоб аз чоп баромад. Гузашта аз ин, дар зарфи 34 соли истиқлолияти давлатӣ як қатор мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуда, ба феҳристҳои мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуданд. То имрӯз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 (даҳ) адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии моддӣ: Шаҳраки Саразм (бо таъриху тамаддуни 5500-сола), ёдгориҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: Долони Зарафшон-Қароқум (Панҷакенти Қадим, Санҷаршоҳ, Хоҷа Муҳаммади Башоро, Тали Хамтуда, Низоми обёрикунии Токсанкорез, қалъаҳои Қум, Муғ ва Ҳисорак), ёздаҳ (11) адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии дигар аз вилояти Хатлон (силсиланоминатсияи Хуттали Қадим) ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомиланд. Ҳамзамон, унсурҳои фарҳангии ғайримоддӣ: Ҷашни Наврӯз, Фалак, Шашмақом, Атласу адрас, кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ, латифаҳои Хоҷа Насриддин, санъати тазҳиб ба феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО шомиланд. Як қатор ҷашну солгардҳои муҳим ва мероси хаттӣ низ дар феҳристҳои ҷашнвораҳо ва хотираи ҷаҳон сабти ном шуда, намоди ифтихори миллӣ ва муаррифгари фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мешаванд. Боиси хушнудӣ ва сарфарозии миллати тоҷик аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон муносибатҳои фарҳангии зич дошта, ба созмонҳои бонуфузи ҷаҳонии фарҳангӣ ба монанди ЮНЕСКО ва ИСЕСКО узви комилҳуқуқ мебошад. Маҳз, ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва муносибатҳои дипломатӣ имкон фароҳам меорад, ки доираи таблиғоти фарҳангии мо густариш пайдо карда, дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шаванд. Истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард то ҳайатҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра рӯзҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор намоянд. Авҷи шукӯҳи ин ташаббусҳо маҳз ду-се маротиба баргузор намудани рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ба ҳисоб меравад, ки дар онҳо шахсан сарони кишварҳо иштирок кардаанд. Ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки фарҳанг ва мероси фарҳангӣ дар ҳама давру замон ҳамчун намоди ифтихороварӣ ва руҳиябахшии миллатҳо буда ва имрӯз низ аз пештара дида, бештар эҳсос мешавад. Шароити кунунии ҷаҳонӣ торафт шиддат мегирад ва кишварҳо ба як бархӯрд гирифтор мешаванд. Тавре дар Ойинномаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) омадааст, мақсади асосии ин созмони фарҳангӣ аслан ПОЙДОРИИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН ТАВАССУТИ ФАРҲАНГ аст. Аз ин хотир метавон гуфт, ки маҳз фарҳанг метавонад маҳаки асосии ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гардида, дар ин ҷода нақши калидиро бозӣ кунад. Мирзошариф Абдусаломов корманди шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Прокрутить вверх