МАҚОЛАҲО

МАҚОЛАҲО

Маърифатпарварӣ – вижагии хоси даврони истиқлол

Вақте дар бораи илму дониш ҳарф мезанем, ин панди падаронаи Пешвои муҳтарами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ёд меояд: “Ҳаргиз худро аз хондану илм омӯхтан канор нагиред, фарзандонатонро ба таҳсилу донишомӯзӣ ҳидоят намоед, то ки онҳо дар зиндагӣ ҳамеша комёб бошанд”. Ҳар сол дар саросари Тоҷикистон “Рӯзи дониш” ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф мебошад. Ин рӯз барои ҳамаи донишандӯзон рӯзи муҳим аст, ба вижа барои онҳое, ки бори аввал ба мактаб, коллеҷ ё донишгоҳ мераванд. Дар ин рӯз хурсандии мактаббачагону донишҷӯён омӯзгорону устодон ҳад надорад. Дар тамоми манотиқи Тоҷикистон бахшида ба 1-уми сентябр чорабиниҳои идона баргузор мешаванд ва ин рӯзро “Рӯзи дониш” таҷлил менамоянд. Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон донистаанд. Маҳз ин вижагии илму дониш буд, ки тарбия ва камолоти маънавии ҳар як наслро ба иҷрои масъулияти бузурги падару модар дар назди фарзанд марбут донистаанд. Ҳанӯз аз қадимтарин давраҳо донишмандону давлатмардони мо дар таълифоти ахлоқии худ, ки ба тарбияи фарзанд бахшида шудаанд, вазифаи нахустин ва муқаддастарини падару модарро дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд донистаанд. Мо дар заминаи арзишҳои ахлоқии ниёгон дар самти таълиму тарбия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро қабул кардем. Падару модарон дар таълим ва тарбияи фарзанди хеш масъулияти бузурге бар дӯш доранд, ки ин рисолати бузурги онҳо дар назди худи онҳо, ояндаи ҷомеа ва давлату миллат аст. Вобаста ба шароиту имконот фароҳам овардан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба муҳасиллини кишвар муроҷиат карда, баён доштанд, ки: “Мо барои шумо ҳамаи шароити таҳсилро фароҳам меорем ва аз шумо фақат хубу аъло таҳсил кардан ва соҳиби илму ҳунар шуданро талаб дорем”. Ба қадри илму дониш расидан ва онро аз бар кардан вазифаи ҳар фард мебошад, ин аст, ки шоирону орифони илмдӯсту маорифпарвари мо ҳамеша таъкид доштаанд: Дидаи ҷони Бӯалӣ Сино, Буда аз нури маърифат бино. Анварӣ Чашм бар нусхаҳои куҳна бидӯз, Маърифат тоза дафтар аст пирӯз. Бедил Илм агар андак бувад, хораш мадор, З-он ки илм дорад қадри бешумор. Аттор Донишманди бузург, Унсурмаолии Кайковус дар “Қобуснома” таъкид доштааст, ки: “Бузургӣ дар хирад ва дониш аст, на дар амвол ва насаб. Аз дониш ганҷинае беҳтар нест. Иззату эҳтироми бузургтарин дар дониш аст”. Илму дониш воқеан ҳам наҷоти башарият ва ояндаи дурахшони ҷаҳониён аст. Саодати комили ҷомеаи башарӣ маҳз аз илму дониш вобаста аст.   Наботов М.А. – Сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ                  

МАҚОЛАҲО

Дониш ва илму маърифат – сарчашмаи ҳама пешравиҳо

Дар Тоҷикистони азизамон 1 сентябр ҳамчун яке аз рӯзҳои муборак ва пуршараф ба шумор рафта, дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Дар замони муосир пешрафти ҳар як давлат ба сатҳи илму маърифат ва донишу касбомӯзии шаҳрвандонаш вобастагии қавӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму маърифатро яке аз асосҳои муҳими давлатдорӣ ва ояндаи миллат меҳисобад. Ин рӯз ҳамчун Рӯзи дониш ҷашн гирифта шуда, он на танҳо оғози соли нави таҳсил, балки рамзи шукуфоӣ, пешрафт ва меҳру муҳаббат ба илму дониш аст. Рӯзи дониш ҳамеша бо садо додани занги аввал, бо гулчанбарҳо ва чеҳраҳои пур аз табассуму як ҷаҳон умед оғоз меёбад. Илму дониш аз замонҳои қадим ҳамчун ганҷинаи беинтиҳо барои инсоният шинохта шудааст. Аз нигоҳи бузургон, дониш чароғи ҳаёт ва калиди бахту саодат аст. Бе илм ва дониш дар ҷомеа на пешрафти иқтисодӣ ва на тараққиёти иҷтимоӣ имкон надорад. Маҳз дониш инсонро аз ҷаҳолату нодонӣ раҳо месозад, ба ӯ роҳи ҳақиқатро нишон медиҳад ва нерӯи эҷодкорӣ мебахшад. Дар кишвари мо ин рӯз хусусияти ҷашни воқеан миллӣ дорад. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аз мактабҳои ибтидоӣ то донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои дигари таълимии кишвар чорабиниҳои тантанавӣ баргузор мегардад. Чанд сол боз дарси аввалро Пешвои миллат дар яке аз муаасисаҳои таълимӣ мегузаронад ва он ба шакли мустақим аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ дар саросари кишвар пахш мегардад. Ин рӯз на танҳо барои хонандагон ва донишҷӯён, балки барои падару модарон, омӯзгорон ва тамоми ҷомеа рўзи азиз аст. Зеро маҳз илму дониш ба ояндаи дурахшони миллат замина мегузорад, насли ҷавонро ба роҳи дуруст ҳидоят менамояд ва пояҳои давлатдориро устувор мегардонад. Рӯзи дониш ҳамчунин рамзи эҳтиром ба заҳматҳои омӯзгорон низ аст. Омӯзгор мисли чароғе дар нима шаб роҳнамои шогирдон буда, онҳоро ба қуллаҳои илму маърифат мебарад. Ҳар як муваффақият ва пешрафти ҷомеа ба заҳмати устодон сахт вобаста аст. Бинобар ин, эҳтиром ва қадршиносӣ ба устодон қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи ҷашни Рӯзи дониш мебошад. Дар ҷаҳони муосир, ки илму техника рӯз ба рӯз рушд мекунад, танҳо миллате пешрафт мекунад, ки ҷавононаш соҳиби дониш, касбу ҳунар ва маърифат бошанд. Бо ин сабаб, ҷашни Рӯзи дониш ҳамеша бо орзӯҳои нек барои оянда ва ташвиқи ҷавонон ба омӯзишу таҳсил ҳамроҳ аст. Ҷашни Рӯзи дониш – рамзи зиндагии босаодат, ояндаи дурахшони ҷавонон ва ватани обод мебошад. Ҷашни Рӯзи дониш моро водор месозад, ки ба илму дониш арҷ гузорем ва онро ҳамчун муқаддасот ҳифз намоем. Ҳар як узви ҷомеа бояд дарк кунад, ки роҳи пешрафти шахсӣ ва тараққиёти Ватан маҳз аз дари оила, боғча, мактаб, донишгоҳу донишкада оғоз меёбад. Бигзор ин рӯз барои ҳар хонандаву донишҷӯ, омӯзгор ва волидон рӯзи фараҳмандӣ бошад ва ҳамеша ҷомеаи моро ба сӯи саодату шукуфоӣ роҳнамоӣ кунад. Мирзозода А. Мушовири директори Марказ

МАҚОЛАҲО

Рӯ овардани мусулмон ба улуми дақиқ ҳам асоси шаръӣ ва ҳам зарурати ҳаётӣ дорад!

Андеша бар умқи маънои ояти 9 аз сураи «Зумар» дар шакли «Оё баробаранд онҳое, ки медонанду онҳое, ки намедонанд?» хаёли аҳли андешаро ба ҳар тараф парвоз медиҳад. Чун анъана дар чунин ҳолат бешак роҳи беҳтарин барои дарёфти маънои ҳақиқӣ рӯ овардан ба андешаи муфассирон аст. Зимни руҷуъ ба тафсири оят муфассирон андешаҳои гуногунро баён мекунанд. Яке аз аввалин муфассирон Ибни Аббос бар он ақидааст, ки зери ибораи «Онҳое, ки медонанд» Абубакр ва асҳоби ӯ ва «онҳое, ки намедонанд» Абуҷаҳл ва асҳоби ӯ дар назар дошта шудаасту объекти маърифат тавҳиди Худо ва амру наҳйи ӯ мебошад. Албатта, дар чунин тафсири оят набояд тааҷҷуб намуд, зеро андеша ба нимаи аввали асри VII тааллуқ дорад. Дар замони зикршуда дар минтақаи ташаккули дин, яъне Арабистони Марказӣ на танҳо улуми дақиқ, балки илм дар маҷмуъ ба тавре, ки бояд, ҳоло аз худ дарак надода буд. Бинобар ин, Ибни Аббос ҳамчун шахсияти аз муҳити иҷтимоию маънавии маҳдуди замони худ берун назар накарда, зери ибораҳои ёдшуда ду гӯрӯҳи мушаххаси шахсиятҳоро номбар намудааст. Дар тафсири Ибни Касир (тав. 1300) (Муфассири асрҳои миёна –А.К.) бошад, зери ибораи «Онҳое, ки медонанд» шахсоне фаҳмида мешаванд, ки бо тоату ибодат шабзиндадорӣ менамояд ва зери ибораи «Онҳое, ки намедонанд» шахсоне фаҳмида мешаванд, ки ба Худо шарик муқаррар мекунад. Агарчанде Ибни Касир дар қарни XIV зиндагӣ намудааст, чун ӯ дар зери таъсири донишмандони мутаассиби дин қарор дошт, ояти мавриди назарро яктарафа, маҳдуд ва ғайриилмӣ шарҳ додааст. Зимни муқоисаи шарҳи ӯ бо шарҳи муфассирони зерин заъфи шарҳи ӯ равшан маълум мегардад. Абулқосим Маҳмуди Замахшарӣ (тав.1075) чун яке аз асосгузорони забоншиносии арабӣ, ки бо дониши баланди сарфу наҳви забони арабӣ мумтоз будааст, аз лиҳози забонӣ маънои ояти зикршударо дақиқтару равшантар баён намудааст. Чунин усул ва шарҳ айнан бо маънии баёнгардида дар тафсирҳои Байзовию (тав.1286) Ҷалолайн (садаи XV) низ мушоҳида мешавад. Муфассирони номбурда, махсусан Замахшарӣ ҳамчун файласуф ва забондон дарк намудааст, ки маънои оят бо ду фикри аз лиҳози маъно мустақил, вале яке дигареро пурракунанда баён ёфтааст. Агарчанде дар байни ҳар ду қисмати оят робитаи мантиқӣ вуҷуд дорад, лекин ҳар яке аз онҳо фикри том ва мустақилро ифода мекунанд. Замахшарӣ дар тафсири ояти мазкур чунин маъноро пешкаш намудааст, ки худотарсу кофир, итоаткору гунаҳгор баробар нестанд, чуноне ки доною нодон баробар нестанд. Агар дар тафсирҳои Ибни Аббосу Ибни Касир ибораҳои «Онҳое, ки медонанду онҳое, ки намедонанд», аз маънои аслияшон, ки «огоҳ будан ё огоҳ набудан аз чизе»-ро ифода менамояд, дур рафта бошанд, пас, дар тафсири Замахшарӣ ва тафсири онҳое, ки дар чунин шарҳ ӯро пайравӣ кардаанд, чун Байзовию Ҷалолайн дақиқбинию нуктасанҷии хосеро мушоҳида менамоем. Вақте ба мазмуни оят дар умум аз нигоҳи имрӯза назар меандозем, ба чунин хулосае меоем, ки қисмати дуюми оят: «Бигӯ: оё онон, ки медонанд, ва онон, ки намедонанд, баробар мешаванд?» аз қисмати аввали оят: «Оё касе, ки дар соатҳое аз шаб саҷдакунон истода ибодаткунанда аст, аз охират метарсад ва ба раҳмати парвардигораш умед дорад? (Яъне ин шахс беҳтар аст, ё он носипоси мушрик?) аслан мустақил аст. Қисмати дуюм танҳо барои тавзеҳу тақвияти қисмати якум оварда шудааст. Аз лиҳози маъно ду қисмати оят, ибодаткунандаю худотарс будану доногӣ ду ҳолати мухталифи инсон маҳсуб меёбанд. Аҳён дучор меояд, ки ҳар худотарс ҳатман доно бошаду ҳар доно ҳатман худотарс. Аз ин рӯ, комилан аён аст, ки оварда шудани доногию нодонӣ дар баробари худотарсию саркашӣ ба хотири мисол, яъне зудтару осонтар дарк намудани ҳадаф аст. Аз ин нуқтаи назар, қисмати дуюми оят: «онҳое, ки медонанд ва онҳое, ки намедонанд» маънои комилан алоҳида дорад ва Қуръон нобаробарии доною нодонро дар баробари худотарсу саркаш тавассути ояти мазкур таъкид намудааст. Чизи дигаре, ки дар оят таваҷҷуҳи махсусро ба худ ҷалб менамояд, хеле умумӣ будани ифодаи «Онҳое, ки медонанд ва онҳое, ки намедонанд» мебошад. Зимни тааққул ба ифодаи баёнгардида ва ҳамчунин тааммул ба ба шарҳи муфассирон дар шакли «доною нодон» аҳли андеша ба зудӣ дарк менамояд, ки ифодаҳои баёнгардида танҳо дониши диниро дар назар надорад. Маҳдуд набудан танҳо бо дониши динӣ на танҳо дар мазмуни оят, балки дар тафсирҳои муфассирон низ, чуноне ки зикр гардид, мушоҳида мегардад. Бинобар ин, зери ибораи «доною нодон» хонанда метавонад ҳам донишҳои шаръӣ, ҳам улуми дақиқ, ҳам улуми ҷамъиятӣ ва ҳам дилхоҳ ягон навъи мушаххаси илмро дар назар дошта бошад. Комилан равшан аст, ки оят ба аҳли ҷомеа нигаронида шудааст. Вақте ҷомеа дар сатҳи рушди асримиёнагӣ қарор дошт, бешак улуми шаръӣ фаҳмида мешуд, зеро улуми шаръӣ дар он замон меъёри фарқкунандаи доною нодон маҳсуб меёфт. Аммо чун имрӯз замони тантанаи улуми дақиқ асту маҳз донистани улуми дақиқ ба сабаби аҳамияти амалияш аҳамияти тақдирсоз пайдо намудааст, бинобар ин, ибораи «доною нодон» бояд фаҳмиши асримиёнагии донистани улуми шаръиро ба гӯшаи торики осорхона бурда, донистани улуми дақиқро меъёри асосӣ ва фарқкунандаи доногию нодонӣ дар назар дошта бошад. Зеро воқеияти имрӯза чунин маъноро тақозо менамояд. Дар акси ҳол мазмуни оят робитаи худро бо воқеият гум намуда, ба зумраи оятҳои мансух наздик мешавад. Маҳз бо назардошти мантиқи баёнгардида ва аз ин ҷо маънои фарогирии мафҳумҳои «доною нодон» мутмаинона бо назардошти таҷрибаи ҳаётии имрӯза метавон иброз намуд, ки доною нодон воқеан ҳам баробар нестанд. Далели баробар набудани доною нодон (ба таъбири қуръонӣ оне, ки медонаду оне, ки намедонад) воқеияти имрӯзаи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷомеаи башарист. Ҳангоме дар миқёси васеъ ба вазъи сиёсию иқтисодии кишварҳои ҷаҳон назар меандозем, дармеёбем, ки сабаби тафовут маҳз бархӯрдорӣ аз илм, яъне бештар донистани асрори ҳастӣ маҳсуб меёбад. Яъне, он кишварҳое, ки бештар медонанд, баробар нестанд бо он кишварҳое, ки камтар медонанд. Ҳамчунин агар дар миқёси хурдтар ба ҳолати иҷтимоии атрофиён назар андозем, зуҳури қонунияти мазкурро дар ин ҷода низ мушоҳида мекунем. Яъне, бо чашми биологӣ мебинем, ки мояи асосии тафовути ҳолати иҷтимоии афроди ҷомеа маҳз сатҳи маълумотнокии онҳо мебошад. Илму дониш, яъне огоҳу доно будан аз асрори ҳастӣ барои дар ҷомеа мавқеи муайян ва мувофиқро касб намудан мусоидат намудааст. Матлабро соддатар баён намуда, ба он бо мисоли зерин равшанӣ меандозем, ки агар зарурати кандани хандақи одие пеш омада бошад, – чун кандани он ба ҳама дастрас асту он донишу илми зиёдро талаб намекунад, – арзиши он хеле паст мебошад. Дар баробари ин, агар зарурати иҷрои коре пеш омада бошад, ки он маҳз илму дониши муайянро талаб

МАҚОЛАҲО

Ифротгароёни динӣ навкарони шайтонанд!

Шайтон мавҷуди рамзӣ буда, дар сиришти худ таҷассумгари тамоми пиндор, гуфтор ва рафтори бад аст. Симои мазкур дар фарҳанги қадимаи ориёӣ зери унвони Аҳриман шакл гирифт ва чун инъикоси воқеии қисмате аз ҳаёти башарӣ ба динҳои масеҳию ислом интиқол ёфт ва зери унвони “Сатана” дар дини масеҳӣ ва “Шайтон” дар дини ислом аз худ дарак дод. Агарчанде дар дини ислом симои мазкур дорои имконият ва қудрати камтар аст, лекин вай соҳиби вазифаҳои нав гардидааст. Вай ҳамчун «палочка-выручалочка» таскинбахшу тасаллодиҳандаи пешвоёну ҳомиёни бадахлоқи дин аст. Ҳар гоҳ ашхосе аз қишри номбурда амали бадахлоқие содир намуданд, на онҳо, балки Шайтони малъун гунаҳгор аст, ки онҳоро ба роҳи бад бурдааст. Вазифаи дигари Шайтон, чуноне таҳлилҳо нишон медиҳад, ифротикунонии қишри ҷоҳилу ноогоҳ ва мутаассибу динзада аст. Иддае аз ҷавонон ба сабаби ҷаҳолат, яъне огоҳ набудан аз моҳияти воқеии дин ва ҳамчунин бехабарӣ аз равандҳои сиёсию фарҳангии замони муосир тез ба чанги гумоштаҳои хориҷии душманони ислом меафтанд ва дер ё зуд ба олати мубориза бар зидди фарҳанги пешрафта, исломи таҳаммулгаро ва илму маърифати замонавӣ мубаддал мегарданд. Ба сабаби бесаводӣ ва ҷаҳолат онҳо аз моҳияти амалҳои худ низ бехабар мемонанд. Яъне, онҳо аксаран ҷисмҳои ҷондори ба барномадаровардашуда мебошанд. Қишри мазкурро душманони ислом барои пиёда намудани ҳадафҳои геополитикии худ хеле васеъ истифода менамоянд. Аммо дар зеҳни ин қишр муборизаҳои онҳо на пиёдасозии ҳадафҳои дунявии душманони ислом, балки мубориза барои исломи «ноб» унвон мегирад. Яъне, қишри мазкур манкуртҳое мебошанд, ки тасаввурот доир ба ислом на тавассути мутолиа, балки ғояҳои ба таври сунъӣ сохташуда дар зеҳнашон ҷойгир карда шудааст. Ҳамчун манкурт ё роботи хӯрандаю миранда онҳо танҳо супоришро иҷро менамоянд. Аз ин нуқтаи назар онҳо ба моҳияти амали худ сарфаҳм намераванд. Онҳоро ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеояд, ки дар шароити имрӯзаи рушди рӯзафзуни илму технология ва муборизаҳои геополитикии абарқудратҳо онҳо бо ҳадафҳои тахайюлии худ дар байни башар танҳо тухми бадӣ мекоранду халос. Ба сабаби ҷаҳолат тоифаи мазкур ҳатто дарк намекунанд, ки ҳадафҳои онҳо на танҳо умуман татбиқшаванда нестанд, балки василаи татбиқи ҳадафҳои дигар ҳастанд. Чун нек назар андозем, дармеёбем, ки ҳадафҳои зоҳиран “исломї”-и онҳо, моҳиятан зиддиисломиянд. Аз он лаҳзае, ки ифротгароёни исломӣ дар пайи татбиқи ҳадафҳои тахайюлии худ шудаанд, то ба имрӯз на танҳо ҳеҷ яке аз ҳадафҳои онҳо ҷомаи амал напӯшидааст, балки ҳадафҳои зиддиисломии дигареро ба бор овардааст. Аз ҷумла, ифротгароён дини исломро доғдор намуданд. Муносибати намояндагони дигар динҳоро дар нисбати дини ислом то андозае тағйир доданд. Бо ҷаҳонбинии маҳдуд ва сатҳи пасти шуурнокияшон ба рушди илму маърифат монеа эҷод намуданд. Ба ваҳдати мусулмонон рахна ворид карданд. Дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон шахсони бегуноҳи зиёдеро ба қатл расониданд. Шумораи зиёди худи мусулмононро бадбахт гардониданд. Ба сабаби пиндори баду гуфтори баду рафтори бад сабаби бадбахтии ҳазорҳо мусулмон дар саросари ҷаҳон гардиданд. Маҳз ба сабаби ҷаҳолату гумориҳии онҳо ҳазорҳо оилаи мусулмон вайрон шуду тифлакони бегуноҳи онҳо сарсону саргардон шуданд. Ба фаъолияти онҳо агар аз мавқеи дин баҳо доданӣ шавем, магар гуфта метавонем, ки рафтори онҳо, ки танҳо зишткорӣ аст, тибқи фармудаҳои Қуръон, ки имон овардану амали солеҳ намуданро пайваста такрор менамояд, сурат мегирад? Албатта, не! Зеро дини ислом ташаккули ахлоқи накуро дар маркази таълимоти худ қарор дода, нороҳат сохтани ҳатто ҳамсояро аз ҷумлаи аъмоли номатлуб маҳсуб медонад. Пас, саволи мубрами имрӯз чунин аст, ки ифротгароён бо аъмоли харобкоронаашон навкарони Аллоҳ маҳсуб меёбанд ё навкарони Шаётин? Агар онҳо навкарони Аллоҳ ҳастанд, бояд на танҳо муъминеро озор надиҳанд, балки дар пайи содир намудани амали солеҳ бошанд. Зеро содир намудани амали солеҳ яке аз талаботҳои шахси мусулмон аст. Аммо тамоми аъмоли ифротиҳо танҳо бо тахрибкорӣ, тафриқаандозӣ, таркишу куштор, осебрасонӣ, дилранҷонӣ, такфири мусалмону таҳрик ба аъмоли нописандида ба анҷом мерасанд. Шояд иддае аз ифротгароён иддао намоянд, ки чунин аъмоли харобкоронаи онҳо ба хотири нусрати дини Худо сурат мегирад. Дар ин ҳолат низ онҳо мардумро мефиребанд. Зеро Қуръон дар ин маврид мефармояд: «Ба сӯйи Парвардигорат ба донишу панди нек даъват кун;(яъне: мардумонро) ва бо онҳо ба тариқе мунозира кун, ки вай нек аст» (Наҳл, 16:125). Агар рафтори онҳоро бо ҳукми ояти зикршуда муқоиса намоем, ба зудӣ дармеёбем, ки онҳо аз фармудаҳои Қуръон саркашӣ намуда, тобеи нафси саркашанд. Қуръон дар нисбати онҳо мефармояд: «Оё касеро дидӣ, ки хоҳиши нафси худро маъбуди худ гирифтааст» (Ҷосия, 45:23). Гумроҳии шадиди ин тоифа дар он ифода меёбад, ки онҳо агарчанде нафси худро маъбуд интихоб намудаанд, лек маъбуди асосии онҳо на нафси худи онҳо, балки нафси душманони исломанд, ки ба онҳо аз номи ислом ҳадафҳои гуногунро таъин менамоянд. Яъне, нафси онҳо мустақил набуда, тобеи нафси бузургтару қавитаре аст, ки ҳадафаш коштани тухми низоъ мебошад. Ба қавли дигар шайтон бо ҳадафҳои тахрибкоронааш дар тору пуди душманони олами ислом ҷой гирифта, барои пиёда сохтани нақшаҳои шуми худ ифротгароёнро ба сифати навкар ихтиёр намудааст. Аз ин рӯ, ҳар ифротӣ бо аъмоли зиддимиллӣ ва зиддидинии харобсозандааш ҳамчун татбиқкунандаи ҳадафҳои душманони ислом – шайтон баромад менамояд ва ӯро ном навкари шайтон аст. Абдухалилзода К., Муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО

АРЗИШИ ИҶТИМОИИ ПРИНСИПИ АДОЛАТ ДАР ҲУҚУҚИ ИСЛОМӢ

Адолат ба маънои додгар будан, инсоф доштан аст ва адолати иҷтимоӣ адолатест, ки ҳамаи аъзоёни ҷомеа аз он баҳра мебаранд. Адолат дар муқобили зулм ба маънии расидан ба ҳақ ва ҷудо кардани ҳақ аз ботил аст. Афлотун дар китоби «Ҷумҳурият» дар бораи адолат муфассал сухан ронда, мефармояд: “Адолат аз он иборат аст, ки ҳар кас ба ҳар коре, ки шоистагӣ ва истеъдоди онро дорад, даст бизанад ва аз дахолат ба кори дигарон худдорӣ кунад”. Ба ақидаи Арасту адолат ду маъно; маънои умумӣ ва маънои хос дорад: дар маънои умумӣ шомили тамоми фазилатҳо мебошад ва эътидол ва миёнаравии шахс низ мизони фазилатҳо аз разоил мебошад. Ба маънои хос, ин фазилатест, ки ба ҳар кас бояд ба фазилати он чизеро, ки ҳаққи онро дорад, дода шавад. Дар ин сурат Арасту адлро ба адолати доду ситад ва тақсимкунанда ҷудо мекунад ва мегӯяд: “Адолати доду ситад баробарӣ дар муомилот ва табодул аст, ба тавре, ки яке аз ду ҷониби муомилот наметавонад аз ҳисоби дигаре сарватманд шавад. Адолати тақсимӣ бошад тақсимоти сарват ва мавқеъҳои иҷтимоӣ бар асоси адолат аст”. Кант бошад адолатро ҳамчун “ҳифзи каромати инсонӣ” муаррифӣ мекунад. Аввалин бор Қуръон озодӣ, баробарӣ ва бародариро на танҳо ҳамчун фазилати шахсӣ, балки ҳамчун меъёрҳои ҳатмии рафтори иҷтимоӣ барои ҳамагон тасдиқ кардааст. Аз ин ин нуқтаи назар, тамоми башарият ҳамчун як оила ҳисоб мешавад ва ҳамаи инсонҳо, сарфи назар аз ранги пӯст, нажод, ҷинс, забон, дин, эътиқоди мазҳабӣ, вазъи иҷтимоӣ ҳуқуқҳои баробар ва шаъну шарафи инсонӣ доранд. Чуноне, ки Саъдии Бузург фамудааст: Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор. Арзиши иҷтимоии принсипи адолат, самарабахшии он дар татбиқи комплексии ҳуқуқи инсон зоҳир мегардад. Дар баробари ин, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон – озодии виҷдон, ҳуқуқ ба ҳаёт, шаъну шараф, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба баробарӣ, манъи ҳама гуна табъиз, ки дар Қуръон зикр шудаанд, дар муайян кардани ҳудуди тамоми ҳуқуқу озодиҳои дигаре, ки аз ҷониби ҷомеа дар қонунгузории шаҳрвандӣ мураттаб гардидаанд, меъёри асосӣ ба ҳисоб мераванд. Адолати иҷтимоӣ ба маънои риояи таносуб, ва шоистаҳо дар ҷамъият аст. Дар ин таъриф ҳар гурӯҳ, синф ва табақа бояд дар чойгоҳи шоистаи худ қарор бигирад ва дар ҷойгоҳи дигарон барнаояд. Адолати иҷтимоӣ асосёфта бар афъоли аъзои ҷомеа мебошад ва ҳар кас бинобар истеҳқоқ ва истеъдодаш муваззаф карда мешавад. Аҳамияти адолат дар ислом аз он сарчашма мегирад, ки Худованд одил аст ва ҳама афъоли Худованд айни додгарӣ ва адолат мебошад, ситам, ифроту тафрит дар онҳо тамоман мушоҳида карда намешавад. Қурони карим барои биъсати Паёмбарон ва нузули китоби осмонӣ ду ҳадаферо пиёда мекунад, ки якеи он барқарор сохтани адолат байни инсонҳо ва таъмини саодати дунявӣ ва ухравии онҳо мебошад. Ба фикри мо, таърифи арзиши иҷтимоии принсипи адолат – ин меъёрест, ки дар он муносибатҳои доду ситад, мувофиқи табиати иҷтимоию иқтисодии ҷамъият, дар асоси он муносибатҳо таъмин карда мешавад. Таърифи пешниҳодшудаи арзиши иҷтимоии адолат ду ҷузъи асосии мазмуни онро дар шариат дар бар мегирад. Якум, муносибатҳои доду гирифт ва тақсимоти он дар ҷомеа. Вай ҷиҳати иҷтимоию иқтисодии ин категорияро тавсиф мекунад, ки арзишҳои иҷтимоии адолат талаботи мувофиқати амалии шахсро (гурӯҳи иҷтимоӣ) дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва мавқеи иҷтимоии ӯро байни пасандоз ва гирифтани он, меҳнат ва мукофот дарбар мегирад. Дар ин ҳолат, беадолатӣ метавонад дар шакле зоҳир шавад, ки корфармоён дар корҳои ҷамъиятӣ умуман кам медиҳанд ва бисёр талаб мекунанд. Бинобар ин, тибқи қоида, меъёрҳое, ки аз рӯи онҳо мегиред ва медиҳед, бояд баробар бошанд, поймол мешавад. Дуюм, қисмати меъёрии арзиши иҷтимоии принсипи адолат дар он аст, ки ҳангоми андозагирӣ ченак, миқёс ё қоидаро фароҳам меорад. Ин қисмати арзиши иҷтимоии адолат бевосита он далелро инъикос мекунад, ки арзиши иҷтимоии адолат на танҳо муносибатҳои иқтисодиро дарбар мегирад, балки муносибатҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқиро низ дар бар мегирад. Ҷанбаи арзишӣ-меъёрии адолати иҷтимоӣ ҳангоми омӯзиши он барои муайян кардани таносуби ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, амал ва подош, ҷиноят ва ҷазо дар ҷомеа муҳим аст. Нишон додани моҳияти меъёрии ҷанбаи иҷтимоии адолат ва дарки нақши танзимкунандаи он дар ҳуқуқ барои фаҳмидани ҷойгоҳ ва аҳамияти адолати иҷтимоӣ дар низоми ҳуқуқи инсон зарур аст. Оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои Паёмбар (с) ба хусус замоне, ки имкони дахолат ба умури иҷтимоӣ доштанд, аҳамият ва мавқеи баланди адолати иҷтимоиро дар ислом равшан месозанд. Дар баъзе оятҳо амалӣ шудани адолати иҷтимоӣ аз аҳдофи фиристодани паёмбарони илоҳӣ зикр шудааст: «Ба дурустӣ ки Мо пайѓамбарони Худро бо нишонаҳои равшан фиристодем ва ҳамроҳи онҳо Китоб ва тарозуро фуруд овардем, то мардум ба инсоф амал кунанд», Сураи Ҳадид, ояти 25. Ин ояти каломи рабони рисолати паёмбаронро барои барпо кардани адолат дар миёни мардум ба таври равшан баён мекунад ва мефармояд: Мо паёмбарони худро бо далелҳои равшан фиристодем ва бо онҳо китобҳо ва дастурот ва навиштаҷот ба андоза фиристодем; яъне қонуну муқаррароти одилонае бошад, ки тамоми инсонҳо бо адолат рафтор кунанд ва асли адолат дар миёни башарият пойдор гардад; аз ин рӯ, масъалаи истиқрори адолат ва он низ ба андозае башарият ҳадафи аслӣ ва умумии ҳамаи паёмбарон будааст. Паёмбари гиромии Худо (с) худро барои иҷрои адолат муваззаф медонад: «Маъмур шудаам байни шумо адолат кунам». Қуръони карим мӯъминонро амр мекунад, ки адолатро риоя кунанд, агарчи ба зиёни худ ё хешовандонашон бошад. «Эй мӯъминон, дар инсоф бо устувор бошед, барои Худо гувоҳидиҳанда бошед, агарчи бар зарари хештан, ё падару модар ва хешовандон, чи тавонгару чи фақир бошад…» Сураи Нисо, ояти 135. Қуръони карим низ ба мо аз зарурати риояи адолат дар масъалаҳои ба назар хурди иҷтимоӣ хотиррасон кардааст. Масалан, дар бораи васиятнома сухан меравад, адолати шоҳидонро дар ин маврид ба назар мегирад: «Эй мӯъминон! Чун марг ба яке аз шумо фаро расад, (нисоби) шаҳодат дар миёни шумо вақти васият ду соҳибадолат аз миёни худатон, ё ѓайри худатон мебошанд…», Сураи Моида, ояти 106. Умдатан дар ҳар як масъалаи хурди иҷтимоӣ, ки масъалаи шоҳидон матраҳ мешавад, бо тақозои адолат ҳамроҳ аст, монанди шоҳидон дар додгоҳҳо, шоҳидон дар муомилот ва дайн ва ё вақте ки имондоронро ба оштӣ даъват мекунад, дар мавриди ихтилоф байни мардум, ӯҳдадории адолатро дар раванди оштӣ медонад. «Ва чун су хан гӯед, инсофро риоят намоед, агарчи хешованди шумо бошад…» Сураи Анъом, ояти 152. Дар ҷомеаи башарӣ каму беш низоъ

МАҚОЛАҲО

ВАЗЪИ ДОНИШҲОИ ТАЪРИХӢ ВА ТАШАККУЛЁБИИ ТАЪРИХНИГОРИИ ИСЛОМӢ ДАР АҲДИ СОМОНИЁН

Таърих гувоҳ аст, ки дар ибтидои асрҳои миёна ва ё пеш аз зуҳуру густариши ислом дар ҳудудҳои шарқии хилофат, ба хусус ҳудудҳои ҷуғрофии Хуросону Мовароуннаҳр гузаштагони мо ба донишҳои таърихӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, муҳимтарин ҳаводиси рӯзгорашонро дар шакли катибаҳо ва ё аз тариқи таърихи шифоӣ ба воситаи достонҳо, корномаҳо, размномаҳо ва андарзномаҳо ҳифз намуда, ба наслҳои оянда мерос мегузоштанд. Миёни аъроби даврони ҷоҳилият, ки аз ҷиҳати тамаддуну сиёсат, иҷтимоиёту иқтисодиёт, иқтидору сарват ва аз ҳайси улум ва фунун заъифтарини мардумон буданд, донишҳои таърихӣ чандон инкишоф наёфта, ва асаре аз худ боқӣ намондаанд. Танҳо шохаи маъмултарини илуми ҷомаешиносӣ, ки миёни онон маъруфият дошт, ин илми шаҷарашиносӣ – таборшиносӣ ва ё генеология буд. Дар воқеъ илми таборшиносӣ миёни қавмҳои сомӣ нисбати дигар қавму халқиятҳо собиқаи зиёд дошта, инъикоскунандаи таърихи авлодӣ ва қавмии онҳо буд. Аммо баъди густариши ислом дар ҳудудҳои паҳновари исломигардидаи мағрибу машриқ, барои бавуҷуд овардани фазои ягонаи ҳуқуқию фарҳангӣ ва бавуҷуд омадани фарҳанги муштраки исломӣ, зарурати бунёдгузории донишҳои таърихӣ, сабкҳо ва ё шеваҳои мухталифи таърихнигорӣ ба вуҷуд омада буд. Мақсад ва вазифаҳои донишҳои таърихӣ ё шеваҳои таърихнигорӣ он давра, аз ташаккули ҳуввияти исломӣ ва муттаҳид намудани уммати исломӣ иборат буд. Аз ин рӯ аввалин асарҳои мазмуни таърихӣ доштаи ин давра ба номи бунёдгузори оини навин Муҳаммад (с) “Сиратнома”-ҳо таълиф гардиданд, ки аз шарҳи ҳол, кору пайкор ва ҳаёту фаъолияти ӯ хабар медоданд. Дар баробари ташаккул ёфтани донишҳои таърихӣ дар асрҳои VIII-IX шеваҳои мухталифи таърихнигорӣ шакл гирифтанд, ки маъруфтрини онҳо “ҳолноманигорӣ”, “номнигорӣ”, солноманигорӣ” ва “фатҳноманигорӣ” дар таърихнигории исломӣ маънидод шуда, дар раванди иҷтимоишавии ҷомеаи мусалмонон нақши бориз бозид. Осори таърихие, ки дар ду асри аввали зуҳури ислом то ниммаи аввали асри IX таълиф шудаанд, бештаран фарогири мавзҳои мушаххас ва дар асоси шеваҳои зикршуда офарида шудаанд. “Ҳолноманигорӣ” ба андешаи муаррихи бузурги румӣ А. Момиглиано[11;122] “гузориш аз ҳаёти як фард аз таваллуд то марг” таъриф шудааст, яке аз шеваҳои нахустини таърихнигорӣ дар миёни мусалмонон буда, ин шакли таърихнигорӣ тавонист муҳимтарин паҳлӯҳо ва тамоми ҷузъиёти лаҳзаҳои ҳаёти ибратбахши пайғамбарро аз лаҳзаҳои таваллуд то реҳлат, барои пайравонаш бозгӯӣ намояд ва як мафкураи умумиисломӣ падид оварад. Муҳимтарин асарҳои таърихии миёни мусалмонон машҳур сиратнома ва ё ҳолномаҳои «Ас-сирату-н-набавӣ»-и Муҳаммад ибни Асҳақ ва “Ас-сирату-н-набавия”-и Абдулмалик ибни Ҳишом ба шумор меравад, ки дар давоми асри VIII таълиф шудаанд. Аз таҳқиқи мазмун ва мундариҷаи ҳолномаҳо маълум мегардад, ки онҳо низ дар навбати худ ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар баробари инкишофи шохаҳои ҳокимият ва ҷамъият бештаран дар бораи “қуззот” – қозиҳо, волиҳо – ҳокимон, “ҳуҷҷоҷ” – ҳоҷиёни солҳои аввал, “худамо” – ходимони хилофат, “вузаро” – вазирони хилофат, наздикону пайвандон ва саҳобагони пайғамбар таълиф гардидаанд.[11;121] Дар ин замина асарҳои муҳимму зиёди шарҳиҳолии хусусиёти таърихӣ дошта ба монанди “Ал-мунтазам”-и Ибни Ҷавзӣ ва “Табақот”-и Ибни Саъд дар идомаи асрҳои VII-VIII рӯи кор омаданд, ки дар ояндаи наздик сабабгори ба вуҷуд омадани шеваи нави таърихнигорӣ – солноманависӣ гардиданд. Дар таърихнигории ҳолноманигорӣ як муаррих бояд лаҳзаҳои ибратбахш ва муассири ҳаёти нафари истисноиро чунон муаррифӣ намояд, ки барои хонанда мақбулу боваркарданӣ бошад ва идеал шуда тавонад.[12;53] Пас, маълум мегардад, ки муаррихони ҳолноманигор аз ҳаёти шахсони воқеъии таърихӣ барои аҳли ҷомеаи муосир ва ояндаи хеш иделогия ва намунаи ҳаёт меофариданд. Масалан барои давраи ғазавот ва забткориҳои араб лозим буд, лашкаркашиҳо ва қаҳрамониҳои Амир Ҳамза, Холид ибни Валид, Саъд ибни Ваққос ва ё дигарон барои мардумони мусалмони давр намунаи ҳаёт гардад, як ҳолноманигорро мебоист аз корномаҳои онҳо достонҳои шарҳиҳолӣ биофарад. Ҳол он, ки ин қаҳрамонҳо барои кишварҳои ғасбшуда душман, ғосиб ва золим муаррифӣ мешуданд. Баъди шакл гирифтани мактабҳо, фирқаҳо ва мазҳабҳо дар ҳолноманигорӣ низ таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омада, ҳолноманигорон дигар на бораи як нафар балки дар бораи пайравони як мактаби илмӣ ё ҳунарӣ, як фирқа ва ё як мазҳаб ба монандӣ; мактаби мотуридия, мазҳаби ҳанафия ва ё ҳанбалия маълумот медоданд. Муаррихони ин давра бо ба эътибор гирифтани вазъи иҷтимоӣ, ҳолатҳои мазҳабӣ, ҳолатҳои равонӣ-психологӣ, мантиқӣ, касбу кор ва доираи фаъолиятҳои шахсиятҳои таърихӣ дар чорчубаи талоботи бунёдшуда ба навовариҳо пардохтанд ва шаклҳои муътабари ривоятҳои таърихиро дар ҳолноманигории хеш ворид намуданд, ки бад-ин восита аз дуртарин замонҳо то ба рӯзгори мо омада расидаанд. Ҳарчанд ҳудудҳои ҷуғрофии мамолики исломӣ вусъати бештар ёфта, тамаддуни исломӣ рӯ ба афзунӣ мениҳод, улум ва фунуни навин кашф мегардид, эҳтиёҷи мусулмонон ба илми таърих ва навъҳои он, ки иборат аз номнигорӣ ва тарҷумаи ҳоли бузургон ва донишмандон аз ҳар табақа бошад зиёдтар мешуд. Зеро ба воситаи таҳқиқ дар масоили улуми мухталиф, ки дар миёни мусалмонон рушд ва нумӯ меёфт, ҳамчунин таҳқиқ дар санадҳои аҳодис ва ҷудо кардани ҳадисҳои саҳеҳ аз заъиф маҷбур шуданд, ки таҳқиқи ровиёни санадҳои ҳадис кунанд ва мақому мартабаи онҳоро аз ҳайси сиққа ва мавриди эътимод будан ё заъиф будан муайян кунанд. Аз ин ҷиҳат ровиёни ҳар фаннеро ба табақоте тақсим карданд ва барои ҳар табақа асарҳои номнигоронаи аҳвол навиштанд. Номнигорӣ низ ҳамчун шеваҳои маълуму машҳури таърихнигории асрҳои VIII-IX шинохта шуда, бо номҳои дигари “ассомӣ”, “аълом”, “феҳрист”, “риҷол” (номи мардон), “табақот” ва ғайра маънидод мешавад. Номнигорӣ шеваи таърихнигориест, ки ба муаррифии афроди шоистаи динӣ, мазҳабӣ ба мисли; саҳобагони пайғамбар, ё дорандагони навъе аз дониши хос ба мисли; муҳаддисон, фақеҳон, мунаҷҷимон, табибон, ё дорандагони маҳоратҳои махсус ба монанди; қориён, ровиён, санъаткорон ва ё табақаҳои аъёни ҷомеа ба монанди; ашрофон, тоҷирон, ҳунармандон ва ғайра машғул аст. Машҳуртарин ва куҳантарин асари номнигории ин давра “Таърихи кабир”-и Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ буда, дар 18 солагии муаллиф баробар ба соли 828 мелодӣ таълиф гардидааст. Имом Бухорӣ дар ин асари таърихии номнигории хеш аз 40000 саҳобагону, муҳаддисон ва ровиёну ноқилони ҳадис маълумот дода[6;161], муҳимтарин шеваи таърихнигории номнигориро асос гузоштааст. Бештари осори номнигорӣ ба монанди “Таърихи кабир” бо хатори эҳтироми хос қоил будан ба пайғамбар аз номи ӯ шуруъ гардида, баъдан бо тартиби феҳристи алифбоӣ идома меёбад. Номнигорӣ низ дар натиҷаи инкишофи босуръати худ ба шуъбаҳои алоҳида ба монанди; табақоту-ш-шуъаро, табақоту-н-наҳвийин, табақоту-л-фуқаҳо, табақоту-л-муҳаддисин ва ғайра тақсим шуда, осори муътамаде дар ин фан падид оварданд. “Табақоту-л-фуқаҳо”-и Абуисҳоқи Шерозӣ ва бо ҳамин ном асари Абдулваҳоби Форсӣ намунаҳои баргузидаи шеваи табақотнависӣ эътироф карда мешавад. Дар заминаи осори номнигорӣ шуъбаи дигари таърихнигорӣ, феҳристнигорӣ зуҳур карда, аввалан феҳристҳои маҳаллию минтақавӣ ва баъдан феҳрситҳои комили фанию, ҳунарӣ ба вуҷуд омаданд, ки куҳантарини онҳо “Ал-феҳрист”-и Абуисҳоқ

МАҚОЛАҲО

  Дарси сулҳ: шукргузорӣ аз амну субот

Чун анъана ҳамасола таҳсил бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Сулҳ як неъмати бебаҳоест барои мардуми тамоми сайёра, хусусан барои мардуми сарбаланди мо тоҷикон, сулҳ арзиши хеле баланд дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд. Шояд дар зеҳни насли наврас ё ҷавонони имрӯзи мо чунин суоле ояд, ки чаро дарси сулҳ мегӯянд?  Ё  чунин мепиндоранд, ки мо дар кишваре зиндагӣ дорем, ки сулҳу амон аст ва чаро ҳамасола дарси сулҳ мехонем? Оиди ин суолҳо чунин гуфтанием, ки албатта имрӯз мо шукрона аз он мекунем, ки мамлакати мо аз чунин як неъмати ҳаётан муҳим “сулҳ” “субот” “оромӣ” “ваҳдат” “ягонагӣ” “ҳамдилӣ”, бархурдор аст. Аммо мо набояд фаромуш кунем, ки ин сулҳу оромӣ бо чи баҳое то ба имрӯз омада расидааст ва имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки дар гирду атроф, умуман дар курраи замин чи ҳодисаҳое, ки рух надода истодааст. Кудаконе, ки дар кишварҳои “ҷаҳони саввум” ва баъзе кишварҳои мубталои ҷангу даргириҳо умр ба сар мебаранд, дарсу таълим як тараф истад, пораи нон ё сарпаноҳе надоранд. Аз ҳамин ҷост, ки насли наврас ва ҷавонони имрӯзаи мо бояд аз гузашта сабақ омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд. Чунки то сулҳу оромӣ набошад на таълим мешавад на тарбият ва рисолати аслии устодону омӯзгорон ва падару модарон дар ин самт аз он иборат аст, ки ба насли наврас ва ҷавонони имрӯза таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд ва онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳаммияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем. Дарси сулҳ ба маънои дигар дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азиз мебошад. Мардуми тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузоранд. Чунонки шоири бузург Рӯдакӣ гуфтааст: Дониш андар дил чароги равшан аст, В-аз х,ама бад бар мани ту чавшан аст. Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд ва ин анъана то ба имрӯз идома ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ мазмун ва арзиши нав касб кардааст. Дар шароити кунунӣ, ки асри илму техника ва бархурди тамадунҳост, илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад. Қобили зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибитикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани шароити таълим ба хонандагону донишҷӯён шароит фароҳам оварда шуда, дар тамоми гӯшаҳои мамлакат садҳо муассисаҳои илмӣ ва мактабҳо бо китобхонаҳои электронӣ ва шароити мусоид барои таҳсил таҷҳизонида шудааст. Гузаронидани дарсҳои сулҳ аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасон ва ҷавонони мо таъсири мусбат расонида, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба сулҳу суботи кишвар, илму маориф ва ватани аҷдодӣ тарбия менамояд. Зеро бидуни ташаккули зеҳнӣ ҷавонони боистеъдод ва бидуни омӯзиши донишҳои муосир, омӯзиши электронӣ, ташкили лабораторияҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, мо наметавонем ба ҳадафҳои умедбахши худ расида, рушди минбаъдаи сармояи инсониро дар кишвар таъмин кунем. Мо набояд фаромӯш кунем, ки ояндаи неки давлату миллати аҷдодии мо бештар аз таҳсилоти ҳозираи наврасону ҷавонон вобаста аст. Хулоса дар охир бо ин шеъри устод Садриддин Айнӣ мақолаи хешро ҷамбаст мекунем: Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем, Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.   Шокиров Умедҷон Усмоналиевич – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

МАҚОЛАҲО

Рӯ овардани мусулмон ба улуми дақиқ ҳам асоси шаръӣ ва ҳам зарурати ҳаётӣ дорад!

  Андеша бар умқи маънои ояти 9 аз сураи «Зумар» дар шакли «Оё баробаранд онҳое, ки медонанду онҳое, ки намедонанд?» хаёли аҳли андешаро ба ҳар тараф парвоз медиҳад. Чун анъана дар чунин ҳолат бешак роҳи беҳтарин барои дарёфти маънои ҳақиқӣ рӯ овардан ба андешаи муфассирон аст. Зимни руҷуъ ба тафсири оят муфассирон андешаҳои гуногунро баён мекунанд. Яке аз аввалин муфассирон Ибни Аббос бар он ақидааст, ки зери ибораи «Онҳое, ки медонанд» Абубакр ва асҳоби ӯ ва «онҳое, ки намедонанд» Абуҷаҳл ва асҳоби ӯ дар назар дошта шудаасту объекти маърифат тавҳиди Худо ва амру наҳйи ӯ мебошад. Албатта, дар чунин тафсири оят набояд тааҷҷуб намуд, зеро андеша ба нимаи аввали асри VII тааллуқ дорад. Дар замони зикршуда дар минтақаи ташаккули дин, яъне Арабистони Марказӣ  на танҳо улуми дақиқ, балки илм дар маҷмуъ ба тавре, ки бояд, ҳоло аз худ дарак надода буд. Бинобар ин, Ибни Аббос ҳамчун шахсияти аз муҳити иҷтимоию маънавии маҳдуди замони худ берун назар накарда, зери ибораҳои ёдшуда ду гӯрӯҳи мушаххаси шахсиятҳоро номбар намудааст. Дар тафсири Ибни Касир (тав. 1300) (Муфассири асрҳои миёна –А.К.) бошад, зери ибораи «Онҳое, ки медонанд» шахсоне фаҳмида мешаванд, ки бо тоату ибодат шабзиндадорӣ менамояд ва зери ибораи «Онҳое, ки намедонанд» шахсоне фаҳмида мешаванд, ки ба Худо шарик муқаррар мекунад. Агарчанде Ибни Касир дар қарни XIV зиндагӣ намудааст, чун ӯ дар зери таъсири донишмандони мутаассиби дин қарор дошт, ояти мавриди назарро яктарафа, маҳдуд ва ғайриилмӣ шарҳ додааст. Зимни муқоисаи шарҳи ӯ бо шарҳи муфассирони зерин заъфи шарҳи ӯ равшан маълум мегардад. Абулқосим Маҳмуди Замахшарӣ (тав.1075)  чун яке аз асосгузорони забоншиносии арабӣ, ки бо дониши баланди сарфу наҳви забони арабӣ мумтоз будааст, аз лиҳози забонӣ маънои ояти зикршударо дақиқтару равшантар баён намудааст. Чунин усул ва шарҳ айнан бо маънии баёнгардида дар тафсирҳои Байзовию (тав.1286) Ҷалолайн (садаи XV) низ мушоҳида мешавад. Муфассирони номбурда, махсусан Замахшарӣ ҳамчун файласуф ва забондон дарк намудааст, ки маънои оят бо ду фикри аз лиҳози маъно мустақил, вале яке дигареро пурракунанда баён ёфтааст. Агарчанде дар байни ҳар ду қисмати оят робитаи мантиқӣ вуҷуд дорад, лекин ҳар яке аз онҳо фикри том ва мустақилро ифода мекунанд. Замахшарӣ дар тафсири ояти мазкур чунин маъноро пешкаш намудааст, ки худотарсу кофир, итоаткору гунаҳгор баробар нестанд, чуноне ки доною нодон баробар нестанд. Агар дар тафсирҳои Ибни Аббосу Ибни Касир ибораҳои «Онҳое, ки медонанду онҳое, ки намедонанд», аз маънои аслияшон, ки «огоҳ будан ё огоҳ набудан аз чизе»-ро ифода менамояд, дур рафта бошанд, пас, дар тафсири Замахшарӣ ва тафсири онҳое, ки дар чунин шарҳ ӯро пайравӣ кардаанд, чун Байзовию Ҷалолайн дақиқбинию нуктасанҷии хосеро мушоҳида менамоем. Вақте ба мазмуни оят дар умум аз нигоҳи имрӯза назар меандозем, ба чунин хулосае меоем, ки қисмати дуюми оят: «Бигӯ: оё онон, ки медонанд, ва онон, ки намедонанд, баробар мешаванд?» аз қисмати аввали оят: «Оё касе, ки дар соатҳое аз шаб саҷдакунон истода ибодаткунанда аст, аз охират метарсад ва ба раҳмати парвардигораш умед дорад? (Яъне ин шахс беҳтар аст, ё он носипоси мушрик?) аслан мустақил аст. Қисмати дуюм танҳо барои тавзеҳу тақвияти қисмати якум оварда шудааст. Аз лиҳози маъно ду қисмати оят, ибодаткунандаю худотарс будану доногӣ ду ҳолати мухталифи инсон маҳсуб меёбанд. Аҳён дучор меояд, ки ҳар худотарс ҳатман доно бошаду ҳар доно ҳатман худотарс.  Аз ин рӯ, комилан аён аст, ки оварда шудани доногию нодонӣ дар баробари худотарсию саркашӣ ба хотири мисол, яъне зудтару осонтар дарк намудани ҳадаф аст. Аз ин нуқтаи назар, қисмати дуюми оят: «онҳое, ки медонанд ва онҳое, ки намедонанд» маънои комилан алоҳида дорад ва Қуръон нобаробарии доною нодонро дар баробари худотарсу  саркаш тавассути ояти мазкур таъкид намудааст. Чизи дигаре, ки дар оят таваҷҷуҳи махсусро ба худ ҷалб менамояд, хеле умумӣ будани ифодаи «Онҳое, ки медонанд ва онҳое, ки намедонанд» мебошад. Зимни тааққул ба ифодаи баёнгардида ва ҳамчунин тааммул ба ба шарҳи муфассирон дар шакли «доною нодон» аҳли андеша ба зудӣ дарк менамояд, ки ифодаҳои баёнгардида танҳо дониши диниро дар назар надорад. Маҳдуд набудан танҳо бо дониши динӣ на танҳо дар мазмуни оят, балки дар тафсирҳои муфассирон низ, чуноне ки зикр гардид,  мушоҳида мегардад. Бинобар ин, зери ибораи «доною нодон» хонанда метавонад ҳам донишҳои шаръӣ, ҳам улуми дақиқ, ҳам улуми ҷамъиятӣ ва ҳам дилхоҳ ягон навъи мушаххаси илмро дар назар дошта бошад. Комилан равшан аст, ки оят ба аҳли ҷомеа нигаронида шудааст. Вақте ҷомеа дар сатҳи рушди асримиёнагӣ қарор дошт, бешак улуми шаръӣ фаҳмида мешуд, зеро улуми шаръӣ дар он замон меъёри фарқкунандаи доною нодон маҳсуб меёфт. Аммо чун имрӯз замони тантанаи улуми дақиқ асту маҳз донистани улуми дақиқ ба сабаби аҳамияти амалияш аҳамияти тақдирсоз пайдо намудааст, бинобар ин, ибораи «доною нодон» бояд фаҳмиши асримиёнагии донистани улуми шаръиро ба гӯшаи торики осорхона бурда,  донистани улуми дақиқро меъёри асосӣ ва фарқкунандаи доногию нодонӣ дар назар дошта бошад. Зеро воқеияти имрӯза чунин маъноро тақозо менамояд. Дар акси ҳол мазмуни оят робитаи худро бо воқеият гум намуда, ба зумраи оятҳои мансух наздик мешавад. Маҳз бо назардошти мантиқи баёнгардида ва аз ин ҷо маънои фарогирии мафҳумҳои «доною нодон» мутмаинона бо назардошти таҷрибаи ҳаётии имрӯза метавон иброз намуд, ки доною нодон воқеан ҳам баробар нестанд. Далели баробар набудани доною нодон (ба таъбири қуръонӣ оне, ки медонаду оне, ки намедонад) воқеияти имрӯзаи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷомеаи башарист. Ҳангоме дар миқёси васеъ ба вазъи сиёсию иқтисодии кишварҳои ҷаҳон назар меандозем, дармеёбем, ки сабаби тафовут маҳз бархӯрдорӣ аз илм, яъне бештар донистани асрори ҳастӣ маҳсуб меёбад. Яъне, он кишварҳое, ки бештар медонанд, баробар нестанд бо он кишварҳое, ки камтар медонанд. Ҳамчунин агар дар миқёси хурдтар ба ҳолати иҷтимоии атрофиён назар андозем, зуҳури қонунияти мазкурро дар ин ҷода низ мушоҳида мекунем. Яъне, бо чашми биологӣ мебинем, ки мояи асосии тафовути ҳолати иҷтимоии афроди ҷомеа маҳз сатҳи маълумотнокии онҳо мебошад. Илму дониш, яъне огоҳу доно будан аз асрори ҳастӣ барои дар ҷомеа мавқеи муайян ва мувофиқро касб намудан мусоидат намудааст. Матлабро соддатар баён намуда, ба он бо мисоли зерин равшанӣ меандозем, ки агар зарурати кандани хандақи одие пеш омада бошад, – чун кандани он ба ҳама дастрас асту он донишу илми зиёдро талаб намекунад, – арзиши он хеле паст мебошад. Дар баробари   ин, агар зарурати иҷрои коре пеш омада бошад, ки он маҳз илму дониши

МАҚОЛАҲО

ФАРҲАНГ МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ АСТ

  «Фарҳанг ҳофизаи таърихии миллатро устувор мегардонад». Эмомалӣ Раҳмон Яке аз падидаҳои муҳимми фарҳанги миллии тоҷикон ҳунарҳои мардумӣ ва навъҳои гуногуни он ба шумор меравад. Гарчанде мардуми тоҷик аз давраҳои қадим то ин ҷониб арҷгузорӣ ва эҳтироми хешро ба ҳунару ҳунармандӣ ва анъанаҳои миллӣ пос доранд ҳам, омилҳои ҷаҳонишавӣ хатари аз байн бурдани ҳунарҳои мардумии моро ба миён овардааст. Таърих собит намудааст, ки мардуми тоҷик аз қадим ҳунарманд буданд ва ҳастанд. Мардуми тоҷик аз давраҳои пеш бо одату анъанаҳои хеш дар санъати тасвирӣ, ҳунарҳои халқӣ-меъморӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва ғайраҳо машҳур гардида буданд. Дар асарҳои меъморӣ, ҳунарҳои халқӣ – ҳунармандон бо истифода аз рангу тобишҳои гуногун, арзишҳои миллӣ, табиати зебои кишвар, боигариҳои моддию маънавӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти худро тасвир намуда, дар рушди фарҳангу маданият, касбу ҳунари мардумӣ нақши муҳим бозидаанд. Мо онро дар асарҳои рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, чӯбкорӣ, кулолгарӣ, дӯзандагии чирадастони тоҷик мебинем, ки Тоҷикистонро ба ҳунару касби худ дар дунё муаррифӣ менамоянд, ба рушди тахайюлоти эҷодии кӯдакону наврасон таъсир расонида, онҳоро ба эҷодкорию созандагӣ даъват менамоянд. Баргузории идҳо, ки аз қадим ба мо мерос мондаанд, шакли махсуси ифода намудани қаноатмандии якҷояи мардум дар қонеъ гардидани талаботи моддию маънавии хеш аст. Пайдоиш, мазмун ва арзишмандии идҳоро истифодабарии арзишҳои моддию маънавӣ, натиҷагирӣ аз фаъолияти меҳнатӣ ва маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоию фарҳангии ҳар як давру замон муайян мекунад. Сарвари давлатамон шахсияти фарҳангдӯстест, ки дар самти эҳё ва дастгирии анъанаҳои миллии ниёгон аҳаммияти хоса зоҳир менамояд. Зинданамоии намунаҳои беҳтарини суннатҳо ва анъанаҳои аҷдодӣ дар замони Истиқлол суръати хосро пайдо кардааст. Ҳамин аст, ки зина ба зина номгӯи анъанаҳо ва суннатҳои мардумӣ эҳё ва дар байни мардум густариш меёбанд. Махсусан солҳои охир намунаҳои беҳтарини фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллӣ дар кулли минтақаҳои кишвар инкишоф меёбанд, ки аз воситаҳои беҳтарин дар мусоидат кардани пешрафти маънавии ҷомеа ба шумор мераванд. Ҷои инкор нест, ки дар давоми даҳсоли охир ҳунари чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кандакорӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, атласбофӣ, алочабофӣ, намадмолӣ, бурёбофӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, косаву қошуқтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ, достонсароӣ, қиссахонӣ, фалаксароӣ ва дигар намуди суннат ва анъанаҳои миллӣ дар қолаби қадимӣ ва шаклу услуби нави миллӣ зинда гаштаанду дар паи рушд қарор доранд. Пешвои миллат дар сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз саҳнаҳои намоиши ин ҳунару анъанаҳо махсусан дидан менамояд. Бо аҳли ҳунар суҳбату пурсишҳо анҷом медиҳад. Аз асрори касбу ҳунарҳои мардумӣ воқиф мешавад ва дастуру маслиҳатҳои худро барои пешрафту нумӯи ин ҳунарҳо дареғ намедорад. Ҳамин аст, ки бо дастгирии моливу маънавии Сарвари давлат маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳҳои дохилу хориҷи кишвар ба тамошо гузошта мешаванд, ки як навъ муаррифгари фарҳанги тоҷикон дар миқёси ҷаҳон мебошад. Аз ташаббусу бунёдкориҳои Пешвои миллат аст, ки имрӯз як қатор анъанаву суннатҳои мардумӣ ва фарҳангӣ шомили Бунёди маориф ва илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ҳамчун мероси фарҳангӣ қабул гардиданд ва симои миллатамон дар арсаи ҷаҳонӣ баромад мекунанд. Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ, моддию маънавӣ ва бегазанд ба наслҳои оянда мерос гузоштани дастовардҳои он, вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худшиносу худогоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Садуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

МАҚОЛАҲО

ОИД БА ТАЪРИХИ ЗУҲУРИ НАШЪАМАНДИЮ МАЙХОРАГӢ ДАР ҶОМЕА ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИ КАРДАНИ ОНҲО

Ин мақола ба  шарҳи мухтасари таърихи зуҳури нашъамандӣ ва  майхорагӣ – ду  навъи маъмултарин ва           дар тамоми кишварҳои ҷаҳон густаришёфтаи каҷрафторӣ ва хусусиятҳои хоси зуҳури онҳо дар таърихи гузаштаи халқи тоҷик бахшида шудааст. Нашъамандӣ. Нашъамандӣ аз нуқтаи назари илми тиб вобастагии равонии инсон аз маводи мухаддир ва сахттаъсири мадҳушкунанда, яъне, як навъ беморӣ мебошад, ки инсон ба он дар натиҷаи ба истеъмоли маводи нашъаовар одат кардан мубтало мешавад, то ҳадде ки бе истеъмоли маводи нашъаовар сару калобаашро аз даст дода, асабаш хароб ва ҳолаш табоҳ мешавад. Азбаски нашъамандӣ на танҳо барои ҳаёти шахси мубталои ин дард хатарнок аст, балки барои ҷомеа низ оқибатҳои зиёди манфӣ дорад, бинобар ҳамин дар фалсафаи иҷтимоӣ сотсиология, криминология ва девиантология он яке аз намудҳои каҷрафторӣ маҳсуб мешавад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ва адабиёти илмӣ, истеъмоли банг, афюн, тарёк, маъҷун ва маводи дигари нашъаовар дар ҳудуди Осиёи Марказӣ собиқаи хеле тўлонии таърихӣ дорад. Бангдона (каннабис[1], ба форсӣ – шоҳдона) растаниест, ки аз давраҳои қадим дар манотиқи марказии Осиё парвариш карда  мешуд. Мардуми таҳҷоии ин минтақа дар тӯли таърихи худ қариб ҳар як қисми ин растаниро барои эҳтиёҷоти худ истифода мебурд – нахҳояш барои бофтани матоъ, равғанаш барои ғизо, барг, гул ва қатронаш – ҳамчун дору ва албатта ҳамчун воситаи психотропӣ истифода мешуд. Ҳашиш, ки аз қатрони бангдона таёр карда шудааст, маводи мухаддири пурқувват маҳсуб мешавад. Истеҳсоли он дар Афғонистон танҳо дар нимаи дуюми асри XX аз доираи бозорҳои анъанавии кишвар берун баромад. Дар бораи таърихи парвариши бангдона ва тавлиди ҳашиш дар Афғонистон дар адабиёти таърихӣ ва муосир, ба таври пароканда ҳам бошад, маълумоти муфассал вуҷуд дорад. Набототшиноси рус Н. И. Вавилов дар асари худ «Пайдоиш ва ҷуғрофиёи растаниҳои парваришшаванда» қайд мекунад: «Гуфтан хело душвор аст, ки кишти бангдона кай оғоз шудааст ва дар он киҳо саҳм гузоштаанд, фақат дар асоси маълумоти мавҷуда тахмин кардан мумкин аст, ки ватани ин растанӣ (яъне бангдона) Осиё аст»[2]. Олимони набототшинос, дар асоси таҳлилу муқоисаи натиҷаи таҳқиқотҳои марбут ба таърихи пайдоиши наботот, муайян кардаанд, ки минтақаи пайдоиши бангдонаи парваришшаванда, эҳтимолан, қисмати шимолу ғарбии Ҳиндустон (Кашмир), Покистон (музофоти Панҷоб ва шимолу ғарб), тамоми Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва қисми ғарбии Тиёншон дар Чини имрӯза мебошад. Дар замони муосир ҳам канаби ваҳшӣ ва ҳам парваришшаванда тақрибан дар ҳама қитъаҳо ва минтақаҳои ҷаҳон мавҷуд аст: ҳадди ақал 172 кишвари ҷаҳон канабиси худро асосан барои қонеъ кардани талаботи маҳаллӣ парвариш ва истеҳсол мекунанд. Дар Атҳарваведа – яке аз қисматҳои Ведаҳо – китоби муқаддаси дини ҳиндуия, бҳанга (банг) ҳамчун як растании фоиданоке, ки тарсу ҳарос ва ташвишу изтиробро аз истеъмолкунанда дур мекунад, тавсиф шудааст. Ҳиндуҳо ин растаниро бо ду маъбуди асосии худ – Кришна ва Шива алоқаманд мекунанд. Яке аз номҳои Шива «Молики бҳанга» мебошад, зеро, ба эътиқоди ҳиндуҳо, маҳз Шива хосиятҳои фавқуттабии ин гиёҳро кашф кардааст. Тибқи устураҳои ҳиндуӣ, Шива бҳангро аз Ҳимолой барои хурсанду қаноатманд кардани одамон фуруд овардааст.   Дар баъзе ноҳияҳо ва деҳоти Ҳиндустон одамон бангдонаро ба мақсади дармони бемориҳои гуногун фаровон истифода мебаранд.  Чунин шуморида мешавад, ки истеъмоли меъёрноки бангдона офтобзарба, табларза, исҳоли хунин (дизентерия) ва баъзе бемориҳои дигарро аз байн мебарад, барои ҳазми хӯрок кӯмак мекунад, иштиҳоро мекушояд, нуқсонҳои нутқиро рафъ месозад, кори узвҳои ҳаракати баданро фаъол месозад.[3] Парвариш ва истифодаи бангдона ва хосиятҳои шифобахши он дар ёддоштҳо ва гузоришҳои муаррихону сайёҳони асримиёнаги Ховари Наздик ва аврупоӣ низ инъикос ёфтааст. Дар асоси маълумоти мавҷуда тасдиқ кардан мумкин аст, ки халқу қабилаҳои Осиёи Шарқӣ ва Миёна аз қадимулайём дар бораи таъсири сахти психоактивии бангдона медонистанд ва дар тӯли асрҳо аз он истифода мебурданд. Вавилов менависад, ки «ба ҳайси ҳашиш истифода бурдани бангдона аз одам ҷидду ҷахди зиёдеро талаб намекард. Ҳангоми сӯзондани пояҳо ва баргҳои бангдона одамон таъсири бузурги масткунандаи онро ҳис накарда наметавонистанд».  Маълумоти сарчашмаҳо дар бораи истифодаи банг (ҳашиш) дар доираҳои сӯфиёну дарвешони узви тариқатқои ифротӣ  ба эҳтимоли зиёд, мӯътамад мебошад. Бархе сӯфиёни ифротгаро, ки тамоюли дунёбезорӣ доштанд, аксаран нисбат ба шариат ва меъёрҳои ҳаёти иҷтимоӣ чандон ҳам эҳтиром нишон намедоданд ва аксаран рафторҳояшон хилофи меъёрҳои шаръӣ ва ахлоқӣ буд. Ал-Мақризӣ зикр мекунад, ки ҳадафи аслии бархе аз сӯфиён ҳангоми истифода аз банг кам кардани ё коҳиш додани хоҳишҳои шаҳвонӣ ва ба ин васила диққати худро ҳар чӣ бештар ба маърифати Ҳудо равона кардан аст. Чӣ тавре ин муаррих иттилоъ медиҳад, хусусияти мадҳушкунандагии ҳашишро аввалин бор суфии хуросонӣ Қутбиддини Ҳайдар (соли ваф. 1221) кашф кардааст ва истеъмоли онро ба аҳли ҷамоати худ иҷозат додааст. Минбаъд даровеш ва фуқарои дигар низ ин маводи мухаддирро истеъмол мекарданд[4].         Асосгузори сулолаи Муғулҳои Бузург дар Ҳиндустон –  Бобур (1483–1530), зиёфатбози маъруф ва ҷамъкунандаи навъҳои гуногуни шароб, дар асари ёддоштии худ «Бобурнома» истифодаи маъҷун, як навъ маҳсулоти қаннодӣ аз омехтаи асал, хурмо, равған, ҳанут ва афюн (ҳашиш)-ро тавсиф кардааст[5]. Сайёҳони ғарбие, ки дар асрҳои XIX ва XX ба Афғонистон сафар кардаанд, аксар вақт ба истифодаи банг ишора кардаанд. Дар «Гузориши Элфинстоун дар бораи Салтанати Кобул», ки соли 1809 нашр шудааст[6], маълумот дода мешавад, ки дар Кобул мардум бангро дар таркиби нӯшокию таомҳо зиёд истифода мебаранд.Ҳашиши Бухоро аз ҷониби истеъмолкунандагони ҳиндӣ дар ибтидои солҳои 1800 ҳамчун ҳашиши дорои сифати олӣ эътироф шуда буд. Бештари ҳашиши Бухоро ба Кобул ва Пешовар содир карда мешуд.  Дар забони гуфтугӯӣ ва адабии тоҷикӣ вожаҳои «банг»  ва «бангӣ» (нашъаманд) истеъмол мешаванд. Вожаҳои мазкур ва муродифҳои дигари тоҷикию арабии онҳо, инчунин, вожаҳои «кӯкнор», «тарёк», ки ҳамаи онҳо ифодакунандаи номи гиёҳҳо ва маводҳои махмуру мадҳушкунандаи аз кӯкнору бангдона тайёршударо ифода мекунанд, дар ашъори сӯфиёна ва умуман адабиёти классикии тоҷику форс хеле зиёд истифода шудаанд ва  ин далели дар он замонҳо дар байни табақаҳо ва қишрҳои муайяни аҳолии кишварҳои мусулмоннишин, аз ҷумла дар байни мардуми тоҷик,  то як дараҷа вуҷуд доштани падидаи нашъамандӣ мебошад. Абдулқодири Гелонӣ, муассиси тариқати қодирия, ки дар Тоҷикистон шумораи зиёди пайравони худро дорад ва бо тахаллуси «Имоми Ғавсул-Аъзам» низ машҳур аст,       дар як ғазали худ ба ин масъала (нашъамандию шаробхорагӣ) ишора карда, муридонашро чунин насиҳат мекунад:                                          Гар шаробу банг хӯрдӣ, тавба кун, «Аллоҳ» гӯй, Ёди Ӯ кун, чун даҳонат, пуршаробу банг нест. Чуноне, ки устод Садриддин Айнӣ,

Прокрутить вверх