МАҚОЛАҲО

МАҚОЛАҲО

Қисми 2.Асри иттилооот: манфиат ва таҳдидҳо аз назари илми ҳуқуқ

1.Иттилоот ва намоҳои табиию ҳуқуқии он дар фазои ҳуқуқи миллӣ «Ҳеҷ як компютери муосир он чизеро ки худи ў иҷро менамояд фаҳм намекунад, мо инсонҳо низ дар бештари мавридҳо аснои иҷрои амалҳо моҳияти онҳоро дарк намекунем.» Марвин Минский «Инсон ақли сунъиро баровард, вале ҳанўз барои эҳсосоти сунъӣ ў қудрат надорад. Таҳияи зеҳни сунъӣ аз эҳсосоти сунъӣ саҳлтар шудааст, ин ҳолат далолат бар он дорад, ки эҳсосот ва узвҳои эҳсосотӣ ҳамчун маҳсули савқи табиӣ ҳодисаи мураккабтар ва олитар аз ақли эҷодгари мо менамояд. Ягона ва асоситарин ҳолате, ки ба зеҳни сунъӣ намерасад, ин худшиносӣ ва дарки манфиати худ аснои ҳалли масъалаҳо аст, ки ҳам ба эҳсосот ва ҳам ба идрок дар мувозона ва иртиботи устувор қарор дорад. Вуҷуди ин ҳолат дар воситаҳои рақамӣ инсонро ҳамчун ҳодисаи нолозим ба марг ва тамаддунро бо фоҷиаи ногузир таъмин мекард.» Қабл аз оне, ки ба моҳияти асри иттилоот аз назари ҳуқуқӣ наздик шавем моро зарур аст, ки тибқи қонуни нахустини мантиқӣ худи мафҳуми марказии ин даврон «иттилоотро» аз назари ҳуқуқӣ фаҳм намоем, паҳно ва таъиноти истифодаи онро дар ин рисола дуруст амиқ созем. Саволи марказии ин вазифа дар он ифода меёбад, ки зери вожаи «иттилоот» мо чи равандҳоеро дарк менамоем. Иттилоот ҳамчун ливои пешбарандаи тамаддуни муосир тайи сад соли охир бо вуҷуди нуқс ва иллатҳои касбкардааш дар шароити ҷаҳонишавӣ ва инқилобҳои илмӣ – техникӣ дунёро идора мекунад ва ин симати ўро бузургони илм эҳсос карда роҷеъ ба нуфуз ва қудрати он асарҳо ҳам навиштаанд . Иттилоот тибқи андешаи онҳо неруи аслии ҳаракат, намои рушди ҷомеаи муосир аст, ки ба сони маҳаки асосии чархзанандаи тамаддун ҳама дастовардҳои навро на танҳо атрофи худ тобеъ менамояд, инчунин ба тавлиду рушди онҳо замина фароҳам меорад. Беҳуда нест, ки нуктадонон ва мазмунбахшони муосири илми сиёсати ҷаҳонӣ андеша доранд, ки тақдири оянда аз иттилоот ва ақли сунъӣ сахт вобастагӣ дорад. А. Иттилоот қудрат ва қувват аст Имрўз ҷойи шубҳа нест, ки иттилоот ва доштани маълумот ин қувват ва то ҷое қудрат аст. Иттилоот неруи бузурги ҳастӣ аст, ки имкон дорад дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳатто муқовимату рақобатҳои иқтисодиву ҳарбӣ ғолибияти гуруҳи инсонҳои соҳибиттилоъро таъмин гардонад. Ба ёд оред ғолибияти Авраам Линколнро дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1861- 1865 дар Амрико, ки чи тавр бо кашидани ҳазорҳо км. хатти алоқа ва огоҳона идора намудани раванди майдони ҷанг ғалабаи Шимолро бар Ҷануб таъмин намуд. Оянда насиби касест, ки иттилоъ дар дасти ўст, мегўянд муҳандисони улуми иҷтимоӣ . Ба қавли Мавлонои Балхии мо, ки ба дарки ин нукта 800 сол муқаддам аз аврупоиҳо расидааст: Иқтизои ҷон чу эй дил огаҳист, Ҳарки огаҳтар бувад ҷонаш қавист. Инсон дар тамоми таърихи мубориза барои ҳаёти арзандааш кўшиш мекард, ки ғояи баробариро ҳамчун унсури зояндаи адлу инсоф талқин намояд. Вале дар ҳаёти воқеӣ муҳаррики асли рушд вуҷуди нобаробарӣ ва мубориза барои баробаршуданҳо нақши бориз мебозид. Баробари пайдо шудани моликияти хусусӣ даҳҳо ҳазор сол қабл аз мову шумо унсури нобаробарӣ ҳамчун воситаи рушди зиндагии иҷтимоӣ тадриҷан зуҳур кард. Инқилоби аграрӣ ва муносибатҳои феодалӣ моликият ба заминро ҳамчун асос ва ҷавҳари нобаробарӣ рўи кор овард, сипас инқилобҳои буржуазӣ бо мошинаю мануфактураҳо ва заводу фабрикаҳо нобаробариро афзоиш дода, чархи таърихро ба пеш ба ҳаракат дароварда васати байни баробарию нобаробариро дар ҳадди эътидоли сармоядорону коргарон, гўё нигоҳ дошт. Акнун инқилоби биоинжинерӣ ва рушди ақли сунъӣ дар асри иттилоот ба назари Ю.Н. Харарӣ имкон дорад масофаи байни мардуми доро ва одамони лозим ва нолозимро ба маротиб ва ғайричашмдошт тавсеа бахшида, нуфузи нобаробариро ба таври ҳангуфт афзоиш диҳад. Мушкилии асосии аз иттилоот ва инқилобҳои биотехнологӣ рўхзананда он аст, ки раванди иттилоот ба мазмуни моликият ва арзиши иқтисодии тўдаи мардум тағйирпазириро зам намуда, қиммат ва манзалати халқро дар коркарди маҳсулоти зарурӣ камназар намуда, нобаробарии иқтисодиро ба нобаробарии биологӣ табдил доданашон имконпазир аст. Ба назари муҳаққиқони ояндабин агар дар гузаштаи дур сарвати асосӣ ва сармояи бузурги таснифкунандаи одамон ба дорою нодор ин замин буд ва неруҳои асосии сиёсӣ барои азхуд кардани заминҳои ҳосилхез мубориза мебурданд, дар асри нав ҷойи заминро техника ва воситаҳои истеҳсолот мошину заводҳо гирифтанд. Дар арси ХХ1 бошад, ҷойи машину заводҳоро иттилоот ва маълумот мегирад. Сиёсатмадорон ҷиҳати дар даст доштани иттилооти зарурӣ мубориза мебаранд. Иттилоот дар дасти касе бошад ояндаро ў муқаррар мекунад. Нозукии замони иттилоот низ он аст, ки агар муттаҳид шудани замин ва заводу фабрикаҳои олам ҳамчун сарвати асосии ҷаҳонӣ дар дасти теъдоди нисбатан хурди башар мушкилот дошт, акнун муттаҳид шудани сарвати нав – иттилоот дар дасти бениҳоят ками шахсон имконпазир аст. Ин ҳолат нобаробариро бениҳоят вазнин ва адлро зери фишори дастовардҳои биотехнологӣ бо услубҳои табиию биологӣ ба кастаю навъҳои нави гушношунид таснифбандӣ менамояд. Ширкатҳои бузурги рақамӣ бо пешниҳоди иттилооти бемаблағ таваҷҷуҳи моро ҷалб намуда, сипас онро ба бозори рекламаҳо ба фурўш мемонад. Вале бо вуҷуди он ҳадафи асли онҳо на дар гирифтани фоида аз ин фуруши таваҷҷуҳи мо аст, балки бештар аз он онҳо дар бораи мо бештар маълумот ҷамъ менамоянд ва моро истифодабарандагони торномаро мисли маҳсулот ҳарвақт хоҳанд идора мекунанд, мегўяд Ю.Н. Харарӣ. Яъне мо танҳо муштарии маблағсупор нестем, балки бештар аз он маҳсулоти истифодашавандаем. Маҳсулоте, ки тавассути воситаҳои равонӣ ва эҳсосотӣ дар зинаи интеллект ба ғуломӣ табдил меёбем. Ин навъи ғуломкунонии фикрӣ аз тобеияти ғуломии даврони ғуломдорӣ, деҳқонони крепостноии замони феодалӣ ва пролетарҳои беҳуқуқӣ ҷомеаи сармоядорӣ вазнинтару сангинтар аст. Зеро ин тобеият ва ғуломӣ бо мол ва сарват набуда, дар доираи меъёри қонун маҳдудшаванда нест, ки фикр ва ғурури инсонӣ дар қалби одамон муборизаро бо ин навъ беадолатӣ тавлид месозад. Тобеияти иттилоотӣ ин навъи ғуломии мафкуравӣ ва то ҷое биологӣ аст, ки дар тафаккури инсон бо унсурҳои эҳсосотӣ ворид шуда, то дарки ақл ва хирад сироят намуда, инсонро дар тафаккураш ғулом месозад ва ҳамагуна эътирозу муноқишаи фикриро бо ин ҳолат ботинан маҳв менамояд. Чунки вай бо эҳсосоту ақлаш ин шакли ғуломиро пазируфтааст. Ин навъи ғуломӣ ўро аз худ розӣ медорад, чунки калиди худшиносӣ ва барои ҳаққи худ мубориза бурдан дар вай ботинан иваз шудааст. Б. Иттилоот кўшиши эътиқодро иваз намудан дорад Инсон бо технологияи компютерӣ ба ҳадде наздик мешавад, ки бузургтарин неъмати худ иттилоотро роҷеъ ба худаш ва тамоми хостаю табиаташ, ки аз ҳарими ҳарами озодиҳои шахсиаш арчашма мегирад пешорўи ақли сунъии техноолгияҳои иттилоотӣ мегузорад. Ў

МАҚОЛАҲО, Хабарҳо

Асри иттилооот: манфиат ва таҳдидҳо аз назари илми ҳуқуқ

Холиқзода А.Ғ. Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақолаи дуввум: Боби 2. Иттилоот: манфиат ва таҳдидҳо аз назари илми ҳуқуқ 1. Иттилоот ва намоҳои табиию ҳуқуқии он дар фазои ҳуқуқи миллӣ «Ҳеҷ як компютери муосир он чизеро ки худи ў иҷро менамояд фаҳм намекунад, мо инсонҳо низ дар бештари мавридҳо аснои иҷрои амалҳо моҳияти онҳоро дарк наме-кунем.» Марвин Минский «Инсон ақли сунъиро баровард, вале ҳанўз барои таҳияи эҳсосоти сунъӣ қудрат надорад. Таҳияи эҳсосоти сунъӣ аз зеҳни сунъӣ мушкилтар аст. Ин ҳолат далолат бар он дорад, ки эҳсосот ва узвҳои эҳсосотӣ ҳамчун маҳсули савқи табиӣ ҳодисаи мураккабтар ва олитар аз ақли эҷодгар будааст. Асоситарин унсуре, ки ба зеҳни сунъӣ намерасад, ин худшиносӣ ва дарки манфиати худ аснои ҳалли масъалаҳо аст. Вуҷуди ин унсур дар воситаҳои рақамӣ инсонро ҳамчун ҳодисаи нолозим ба марг ва тамаддунро бо фоҷиаи ногу-зир таъмин мекард.» Қабл аз он, ки ба моҳияти асри иттилоот аз назари ҳуқуқӣ наздик шавем, моро зарур аст, ки тибқи қонуни нахустини мантиқӣ худи мафҳуми марказии ин даврон «иттилоотро» аз назари ҳуқуқӣ фаҳм намоем, паҳно ва таъиноти истифодаи онро дар ин рисола дуруст амиқ созем. Саволи марказии ин вазифа дар он ифода меёбад, ки зери вожаи «иттилоот» мо чи равандҳоеро дарк менамоем. Иттилоот ҳамчун ливои пешбарандаи тамаддуни муосир тайи сад соли охир бо вуҷуди нуқс ва иллатҳои касбкардааш дар шароити ҷаҳонишавӣ ва инқилобҳои илмӣ – техникӣ дунёро идора мекунад ва ин симати ўро бузургони илм эҳсос карда роҷеъ ба нуфуз ва қудрати он асарҳо ҳам навиштаанд . Иттилоот тибқи андешаи онҳо неруи аслии ҳаракат, намои рушди ҷомеаи муосир аст, ки ба сони маҳаки асосии чархзанандаи тамаддун ҳама дастовардҳои навро на танҳо атрофи худ тобеъ менамояд, инчунин ба тавлиду рушди онҳо замина фароҳам меорад. Беҳуда нест, ки нуктадонон ва мазмунбахшони муосири илми сиёсати ҷаҳонӣ андеша доранд, ки тақдири оянда аз иттилоот ва ақли сунъӣ сахт вобастагӣ дорад. А. Иттилоот қудрат ва қувват аст Имрўз ҷойи шубҳа нест, ки иттилоот ва доштани маълумот ин қувват ва то ҷое қудрат аст. Иттилоот неруи бузурги ҳастӣ аст, ки имкон дорад дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳатто муқовимату рақобатҳои иқтисодиву ҳарбӣ ғолибияти гуруҳи инсонҳои соҳибиттилоъро таъмин гардонад. Ба ёд оред ғолибияти Авраам Линколнро дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1861- 1865 дар Амрико, ки чи тавр бо кашидани ҳазорҳо км. хатти алоқа ва огоҳона идора намудани раванди майдони ҷанг ғалабаи Шимолро бар Ҷануб таъмин намуд. Оянда насиби касест, ки иттилоъ дар дасти ўст, мегўянд муҳандисони улуми иҷтимоӣ . Ба қавли Мавлонои Балхии мо, ки ба дарки ин нукта 800 сол муқаддам аз аврупоиҳо расидааст: Иқтизои ҷон чу эй дил огаҳист, Ҳарки огаҳтар бувад ҷонаш қавист. Инсон дар тамоми таърихи мубориза барои ҳаёти арзандааш кўшиш мекард, ки ғояи баробариро ҳамчун унсури зояндаи адлу ин-соф талқин намояд. Вале дар ҳаёти воқеӣ муҳаррики асли рушд вуҷуди нобаробарӣ ва мубориза барои баробаршуданҳо нақши бориз мебозид. Баробари пайдо шудани моликияти хусусӣ даҳҳо ҳазор сол қабл аз мову шумо унсури нобаробарӣ ҳамчун воситаи рушди зиндагии иҷтимоӣ тадриҷан зуҳур кард. Инқилоби аграрӣ ва муносибатҳои феодалӣ моликият ба заминро ҳамчун асос ва ҷавҳари нобаробарӣ рўи кор овард, сипас инқилобҳои буржуазӣ бо мошинаю мануфактураҳо ва заводу фабрикаҳо нобаробариро афзоиш дода, чархи таърихро ба пеш ба ҳаракат дароварда васати байни баробарию нобаробариро дар ҳадди эътидоли сармоядорону коргарон, гўё нигоҳ дошт. Акнун инқилоби биоинжинерӣ ва рушди ақли сунъӣ дар асри иттилоот ба назари Ю.Н. Харарӣ имкон дорад масофаи байни мардуми доро ва одамони лозим ва нолозимро ба маротиб ва ғайричашмдошт тавсеа бахшида, нуфузи нобаробариро ба таври ҳангуфт афзоиш диҳад. Мушкилии асосии аз иттилоот ва инқилобҳои биотехнологӣ рўхзананда он аст, ки раванди иттилоот ба мазмуни моликият ва арзиши иқтисодии тўдаи мардум тағйирпазириро зам намуда, қиммат ва манзалати халқро дар коркарди маҳсулоти зарурӣ камназар намуда, нобаробарии иқтисодиро ба нобаробарии биологӣ табдил доданашон имконпазир аст. Ба назари муҳаққиқони ояндабин агар дар гузаштаи дур сарвати асосӣ ва сармояи бузурги таснифкунандаи одамон ба дорою нодор ин замин буд ва неруҳои асосии сиёсӣ барои азхуд кардани заминҳои ҳосилхез мубориза мебурданд, дар асри нав ҷойи заминро техника ва воситаҳои истеҳсолот мошину заводҳо гирифтанд. Дар арси ХХ1 бошад, ҷойи машину заводҳоро иттилоот ва маълумот мегирад. Сиёсатмадорон ҷиҳати дар даст доштани иттилооти зарурӣ мубориза мебаранд. Иттилоот дар дасти касе бошад ояндаро ў муқаррар мекунад. Нозукии замони иттилоот низ он аст, ки агар муттаҳид шудани замин ва заводу фабрикаҳои олам ҳамчун сарвати асосии ҷаҳонӣ дар дасти теъдоди нисбатан хурди башар мушкилот дошт, акнун муттаҳид шудани сарвати нав – иттилоот дар дасти бениҳоят ками шахсон имконпазир аст. Ин ҳолат нобаробариро бениҳоят вазнин ва адлро зери фишори дастовардҳои биотехнологӣ бо услубҳои табиию биологӣ ба кастаю навъҳои нави гушношунид таснифбандӣ менамояд. Ширкатҳои бузурги рақамӣ бо пешниҳоди иттилооти бемаблағ таваҷҷуҳи моро ҷалб намуда, сипас онро ба бозори рекламаҳо ба фурўш мемонад. Вале бо вуҷуди он ҳадафи асли онҳо на дар гирифтани фоида аз ин фуруши таваҷҷуҳи мо аст, балки бештар аз он онҳо дар бораи мо бештар маълумот ҷамъ менамоянд ва моро истифодабарандагони торномаро мисли маҳсулот ҳарвақт хоҳанд идора мекунанд, мегўяд Ю.Н. Харарӣ. Яъне мо танҳо муштарии маблағсупор нестем, балки бештар аз он маҳсулоти истифодашавандаем. Маҳсулоте, ки тавассути воситаҳои равонӣ ва эҳсосотӣ дар зинаи интеллект ба ғуломӣ табдил меёбем. Ин навъи ғуломкунонии фикрӣ аз тобеияти ғуломии даврони ғуломдорӣ, деҳқонони крепостноии замони феодалӣ ва пролетарҳои беҳуқуқӣ ҷомеаи сармоядорӣ вазнинтару сангинтар аст. Зеро ин тобеият ва ғуломӣ бо мол ва сарват набуда, дар доираи меъёри қонун маҳдудшаванда нест, ки фикр ва ғурури инсонӣ дар қалби одамон муборизаро бо ин навъ беадолатӣ тавлид месозад. Тобеияти иттилоотӣ ин навъи ғуломии мафкуравӣ ва то ҷое биологӣ аст, ки дар тафаккури инсон бо унсурҳои эҳсосотӣ ворид шуда, то дарки ақл ва хирад сироят намуда, инсонро дар тафаккураш ғулом месозад ва ҳамагуна эътирозу муноқишаи фикриро бо ин ҳолат ботинан маҳв менамояд. Чунки вай бо эҳсосоту ақлаш ин шакли ғуломиро пазируфтааст. Ин навъи ғуломӣ ўро аз худ розӣ медорад, чунки калиди худшиносӣ ва барои ҳаққи худ мубориза бурдан дар вай ботинан иваз шудааст. Б. Иттилоот аз воситаи асосии муноқиша то ҷанги когни-тивӣ Дар таърихи башар иттилоот таърихан нақши вижа ва яроқи мафкуравии муқовимат ва ҷангу ҷидолҳоро низ бозидааст. Ба назари муҳаққиқон ин раванди истифодаи иттилоот аз даврони Троя то асри

МАҚОЛАҲО

Заминаҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар давраи истиқлол

Дар мақола роҷеъ ба ҷой доштани фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистони шуравӣ, мушкилоту маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ ва хусусиятҳои рушди он дар шароити давлати тоталитарӣ таҳқиқоти илмӣ сурат гирифтааст. Дар мадди аввал давраҳои асосии пайдоиш ва таҳаввули назарияи соҳибкорӣ мухтасар баррасӣ шуда, заминаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодии рушди фаъолияти соҳибкорӣ нишон дода шудаанд. Моҳияти соҳибкорӣ, ҳадафу вазифаҳои он, принсипҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва усулҳои расидан ба ҳадафи он ифода карда шудаанд. Ҳаммонандӣ ва фарқиятҳо дар назарияи классикии (буржуазии) соҳибкорӣ, ки манфиатҳои буржуазияро намояндагӣ мекунанд ва назарияи марксистӣ-ленинӣ, ки тибқи он соҳибкорон, яъне буржуазия ҳамчун як пайванди зиёдатию нолозим дар низоми истеҳсолӣ муаррифӣ шуда, бояд ҳамчун синф бартараф карда шаванд, ошкор карда шудаанд. Дар навбати дуюм вазъи ҳуқуқии соҳибкорони инфиродӣ, аз қабили косибону ҳунармандон ва намояндагони касбу ҳунарҳои гуногуни анъанавӣ ва хусусиятҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити ҳукмронии идеологияи зиддикапиталистии марксистӣ-ленинӣ дар ИҶШС бо истифода аз маводи навини адабиёти илмӣ-ҳуқуқӣ таҳқиқ ва баррасӣ шудаанд. Ба андешаи муаллиф, давлати шуравӣ, бо вуҷуди муносибати рақибона ба капитализм, дар солҳои 1930 асри XX барои ҳалли мушкилоти иқтисодии худ синфи соҳибкоронро васеъ истифода мебурд. Аммо, ин маънои озодӣ додан ба соҳибони моликиятро надошт, балки навъе соҳибкори иҷтимоии номатлуб буд. Амалияи сохтмони шуравӣ бо назарияи Карл Маркс мувофиқ набуд. Он ба таври равшан собит намуд, ки тараққиёт танҳо бо иштироки шахсиятҳои эҷодкор, имконпазир аст, чунин шахсияҳои эҷодкор, пеш аз ҳама соҳибкорони асил мебошанд. Заминаҳои таърихӣ, назариявӣ ва амалии соҳибкорӣ Гузариш аз иқтисодиёти банақшагирифташудаи идоракунӣ ба иқтисодиёти озод, ки мувофиқи қонунҳои бозор фаъолият мекунад, дар шароити душвор ва амиқ сурат мегирад. Иҷроиш ва бомуваффақият ба итмом расондани ин гузариш аз бисёр ҷиҳат аз он вобаста аст, ки дар ин давра шароити муносиб барои пайдоиш ва ташаккули соҳибкорӣ – унсури муҳимми иқтисоди бозорӣ вуҷуд дорад. Яке аз шартҳои муҳимтарини рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусии иқтисодиёти кишвар ин таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки муносибатҳои сифатан нав, пас аз сотсиалистии иқтисодии аъзои ҷомеаро танзим менамояд. Аз ин лиҳоз, омӯзиши ҷанбаҳои мухталифи соҳибкорӣ, ки инъикос ва омӯзиши амиқро талаб мекунад, аҳамияти хоса дорад.Чунин таҳқиқотҳо, ки ба омӯзиши падидаи соҳибкорӣ дар зуҳурот ва ҷанбаҳои мухталифи нигаронида шудаанд, дар тӯли якчанд садсолаҳо идома доштанд ва гузаронида мешаванд. То имрӯз, дар раванди рушди амалияи соҳибкорӣ, тамоюлҳои нав ба вуҷуд омада, як қатор қонунҳо қабул карда шуданд, ки фаҳмиши онҳо инчунин имкон медиҳад, ки дониши назариявии худро дар бораи ин навъи фоиданоки фаъолияти иқтисодӣ амиқтар ва мукаммалтар намоем. Омӯзиши муқоисавии таърихи рушди назарияҳо дар бораи соҳибкорӣ ба мо имкон медиҳад, ки тағйиротро вобаста ба табиат ва самти фаъолияти соҳибкорӣ, вобаста аз шароити иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дигар шароити зиндагӣ ва иқтисодиёт, пайгирӣ ва муайян созем. Аз ҷониби бисёре аз муҳаққиқон омӯзиши мушкилоти ташаккули категорияи соҳибкорӣ дар адабиёти иқтисодӣ дар заминаи таҳлил ва ҷамъбасти андешаҳои иқтисодшиносони барҷастаи гузашта гузаронида шудааст. Нахустин асосгузори назарияи тиҷорат, ки бисёре аз олимон ва муҳаққиқон пайдоиши истилоҳи «соҳибкор»-ро ба вай нисбат медиҳанд, иқтисоддон ва соҳибкори фаронсавӣ Р.Кантиллон аст. Р.Кантиллон соли 1697 дар Ирландия таваллуд шудааст ва соли 1734 дар Лондон, дар синни 37 вафот кардааст. Вай таҷрибаи бойи соҳибкорӣ дошт, аллакай дар синни 20-солагӣ як бонкдори машҳур дар Париж буд. Аз байни бисёре аз асарҳои ӯ танҳо як асараш, ки пас аз маргаш дар соли 1775 таҳти унвони «Эссе дар бораи табиати савдо» чоп шуда буд, ба мо расидааст. Дар китоби мазкур Р.Кантиллон назарияи ба ном механизми гардиши пулҳои тиллоиро асоснок карда, формулаи «баланд фурӯшед, арзон харед»-ро эълон кард ва одамонеро, ки формулаи мазкурро пайравӣ мекунанд, соҳибкорон номид. Кантиллон моҳиятан консепсияи якуми соҳибкориро таҳия кардааст. Соҳибкор, бо дарки Р. Кантиллон, як субъекти махсус буд, ки қобилияти пешгӯӣ, хавфҳо, масъулияти пурраи қарорҳои қабулшударо на танҳо дар шароити стандартӣ, балки дар ҳолатҳои хавфнок, аз ҷумла ҳангоми эҷод, ба вуҷуд овард. Дар таърифҳои Р.Кантиллон, илова бар амалисозии вазифаи истеҳсолӣ ва савдо, вазъи хавф аз сабаби надонистани нархҳои маҳсулоти истеҳсолшуда низ инъикос ёфтааст, ки бештар хусусияти соҳибкорӣ дар давраи ҷамъоварии сармояи аввалия дошт. Минбаъд назарияи соҳибкорӣ дар навиштаҳои асосгузори иқтисодиёти сиёсӣ, мутафаккири барҷаста Адам Смит (1723-1790), ки дар муассисаҳои таълимии англисӣ оид ба адабиёт, ҳуқуқшиносӣ, мантиқ ва фалсафаи маънавӣ дарс медод, таҳия карда шуд. А. Смит муаллифи асари бунёдӣ “Тадқиқот дар бораи табиат ва сарватҳои миллатҳо” мебошад. Дар ин китоб А.Смит рушди садсолаи мактаби классикии иқтисоди сиёсиро ҷамъбаст намуда, ғояи истеҳсоли мол ва мубодиларо ҳамчун як соҳаи фаъолияти инсонӣ, ки тибқи қонунҳои объективӣ инкишоф меёбад ва ба танзимоти давлатӣ ниёз надорад, асоснок мекунад. Ҳангоми таҳияи назарияи нархи бозориии мол, А. Смит вобастагии онро аз шароити истеҳсол ва таҳвили молҳо ба бозор амиқан ошкор кард. Аммо, А.Смит дар пажуҳиши худ ба масъалаи таъсири дархости муштарӣ ба нарх аҳамият надодааст. А.Смит соҳибкорро ҳамчун соҳиби корхона фаҳмида, мутаносибан ҳадафи асосии фаъолияти соҳибкориро – гирифтани даромади соҳибкорӣ шарҳ додааст. Адам Смит аз миёни ҷанбаҳои гуногуни тиҷорат танҳо барои меҳнат арзиши баланд ва аз ҳад зиёдро қоил буд, аммо ҷанбаҳои дигари соҳибкориро чандон арзишманд нашумуоридааст ва ба онҳо кам эътино додааст, аз ин рӯ аксарияти муҳақкиқон назарияи ӯро барои кӯшиши ба ҳам баробар кардани соҳибони сарват ва идоракунандагони сарват интиқод кардаанд. Чунин фаҳмиши ин гурӯҳи шахсоне, ки дар муносибатҳои иқтисодӣ иштирок мекунанд, таърихан асоснок буд, зеро шакли асосии фаъолияти моликият дар он вақт як оилаи хурд ва ширкати миёна буд, ки дар он сармоя, чун қоида, аз ҷониби соҳиби воситаҳои истеҳсолот, хешовандон ва шарикони вай аз нав тавлид карда мешуд. Идома дорад… Наботов Маҳмадӣ – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ

МАҚОЛАҲО

Панду андарзҳо ва дӯстӣ дар осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Тавре, ки айён аст қариб тамоми ашъори пурмазмуни Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ) панду андарзҳо ва насиҳат мебошад. Суханони дилангезу пурмазмуни ӯ ҳар шахси оқилу дарандешро ба сӯӣ қуллаҳои баландиилму маърифат, хушахлоқию ватандӯстӣ ва сабру таҳаммул равона мекунад. Панду насиҳат дар ашъори Мавлоно бисёр дилкашу мафтункунанда тасвир ёфтааст. Байтҳои ӯ як ҷаҳон маъно дошта, хонандаро ба шӯру шавқ оварда, ӯро барои ҳаёти ибратбахшу одоби нек ҳидоят менамояд. Аз насиҳат тоза гардад ҳар диле, В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар манзиле. Масъалаҳои дӯстиву ахлоқӣ, панду насиҳат, ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибати устоду шогирд (пиру мурид) дар осори Мавлоно мавқеъи марказӣ доранд. Инчунин мавзуъ ё ибораи «Инсони комил» дар таълимоти Ҷалолиддини Румӣ мақоми махсусеро ишғол мекунад. Ба андешаи ӯ бисёр воқеа ва ҳодисаҳои судманди ҳаёти ҷомеа ба мавҷудият фаолияти инсони комил иртиботи мустаҳкам дорад. Бештари осори Мавлоно хусусияти пандомӯзӣ доранд ва хонандаву шунавандаро ба роҳи рост, ростию росткорӣ равона месозад. Хусусан нақлу ривоятҳое, ки дар шакли саволу ҷавоби Мовлоно ва шахси дигар гуфта шудаанд ин хусусиятро бештар мушоҳида мекунем. Аз Мавлоно пурсиданд: -Адаб чист? Мавлоно гуфтааст: Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ, Бинеҳ бар сар ,бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ. Инчунин: шоир таъқид бар он менамояд, ки саодатмандӣ, бахту некрӯзии инсон дар покии виҷдон ва бомаърифатии ӯ мебошад. Одам ба чунин сифатҳо ороста бошад азизу мукаррам аст ва ҳар ҷо, ки қадам ниҳад тоҷи сари мардумон мегардад. Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо, ки равӣ азизу маҳрам бошӣ. Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи наберагони Одам бошӣ. Бо ташаббуси содиқонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ташкилоти бонуфузи байналмилатии ЮНЕСКО соли 2007 эълон гардидани соли Мавлоно, аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик фарзандони бузурге дорад ва номи онҳо дар ҷаҳон машҳур аст. Ҷалолиддини Румӣ аз ҷумлаи он адибону орифони бузургест, ки на танҳо адабиёту фарҳанги форсу тоҷик, балки дар ҷаҳон мақоми баландро соҳиб гаштааст. Мероси адабии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ хеле рангорангу бой буда, ҷаҳони назму насро ташкил медиҳад. Бузургтарин асари Мавлоно «Маснавии Маънавӣ» мебошад, ки донишманд зиёда аз даҳ соли ҳаёти хешро бар он сарф намудааст. Асари дигари бузурги мутафаккир «Девони кабир» мебошад. Мавлонои Балхӣ дар пандҳои худ ҳафт масъаларо муҳим медонад: 1. Дар бахшидани хатои дигарон монанди шаб бош. 2. Дар фурӯтанӣ монанди замин бош. 3. Дар меҳру дӯстӣ монандӣ хуршед бош. 4. Ҳангоми хашму ғазаб монанди куҳ бош. 5. Дар саховат ва кӯмак ба дигарон монанди руд бош. 6. Дар ҳамоҳангиву канор ба дигарон монанди дарё бош. 7. Агар мехоҳи дигарон хуб бошанд, худат хуб бош монанди оина. Шоир дар рубоиҳои хеш, он касонеро, ки умрро беҳуда мегузаронанд, мазаммат мекунад, шоиста он бошад, ки аз паи амале кӯшӣ ва ба халқ нафърасон бошӣ. Ба ин мазмун чунин овардааст: Бедор шав, эй дил, ки ҷаҳон мегузарад, В-ин мояи умр ройгон мегузарад. Дар манзил махуспу ғофил манишин, К-аз манзили умр корвон мегузарад. Шуҳрату маҳбубияти Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, ки яке аз адибон ва мутафаккирони форсу тоҷик мебошад дар таъриху фарҳанги миллӣ бисёр мақоми волоро соҳиб гаштааст. Миёни халқу миллатҳои турктабор, ҳинду араб, пушту ва Аврупо низ маъруфу шуҳратёр мебошад. Сабаби маҳбубияти зиёд пайдо кардани Мавлоно аз худи шарҳи ҳоли адиб равшан мегардад, дар андешаи ӯ дину мазҳаб, халқияту нажод тафовут надошта, ҳамеша тарафдори инсони комил, инсони поку нексиришт, инсони ҳақбину ҳақшинос буд. Мавлоно ингуна инсонҳоро ситоиш намуда, онҳоро ҳамсояи Худо ва дӯсти Худо донистааст. Дар асрҳои минбаъда ҳам то имрӯз маҳбубияти Мавлоно миёни мардуми форсу тоҷик ва дигар миллатҳо хеле зиёд мебошад. Дар бораи ин чеҳраи шинохта ва маъруф, олимони давру замони гуногун баҳои баланд додаанд ва худро пайраи ӯ донистаанд. Олими бузурги олмонӣ Йоган Гёте дар васфи Ҷалолиддини Румӣ гуфтааст: «Ҷалолиддини Румӣ кӯшиш ба харҷ дод, ки омилҳои зоҳирӣ ва ботинии мушкилоти инсонро ба тариқи мантиқ ҳал кунад». Шоир ва файласуфи барҷаста Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ хешро пайрави Мавлоно ба қалам дода, пешаш сари таъзим фурӯд овардааст. Бо камоли ифтихор Иқбол ёди Мавлоно мекунад. Нуқтаҳо аз пири Рум омӯхтам, Хешро дар роҳи ӯ восӯхтам. Шоири муосири тоҷик, Лоиқ Шералӣ дар бораи Ҷалолиддини Румӣ чунин мисраҳоро бахшидааст. Дӯстам, пеш аз ту ҳам ашъори нофиз будааст, Ин қадар аз худ марав пеш аз ту Ҳофиз будааст. Ҳар мукофоте, ки бошад дар ҷаҳон баҳри сухан, Бештар бар Мавлвии Балх ҷоиз будааст. Ҷалолиддини Румӣ аз ҷумлаи он адибону орифони бузургест, ки на танҳо дар адабиёту фарҳанги форсу тоҷик , балки дар ҷаҳон мақоми волоро соҳиб гаштааст. Асари гаронбаҳои ӯ «Маснавии Маънавӣ» ҳамчун як ҷанҷинаи бебаҳо барои масъалаҳои муҳими ҳаёти маънавии ҷомеа ва олимону донишмандон мавриди истифода қарор дорад. Хулоса мавзӯӣ дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ дар ғазалиёти Мавлоно мақоми шоиста дорад. Зиндагӣ ва ҳаёти ибратомӯзи ӯ шоҳиди гуфтаҳост. Маҳз ҳамин дӯстӣ ва якдилӣ буд, ки дар сари қабри ӯ садҳо мардуми гуногунмиллат ҷамъ омаданд ва ҷасадашро ба хок супориданд ва то имрӯз мавриди зиёрати ҳамагон қарор дорад. Ба андешаи Мавлоно бо дӯсти мувофиқ суҳбат оростан лаззати хосе дорад ва дар баробари ин, дӯстони кинаҷӯ ва мағруру худписандро сахт маломат мекунад. Онҳоро ба сулҳу салоҳ ва якдигарфаҳмию донистани қадри якдигар даъват мекунад. Биё, то қадри якдигар бидонем, Ки то ногаҳ, зи якдигар намонем. Каримон ҷон фидои дӯст карданд, Сағи бигзор, мо ҳам мардумонем. Шарифова С. сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

МАҚОЛАҲО

Амнияти иттилоотӣ омили муҳими рушди инсон, давлат ва ҷомеа ба шумор меравад.

Мафҳуми амнияти иттилоотӣ ин маҷмӯи чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити иттилоотӣ ва ҷомеаи инсонӣ аст. Амнияти иттилоотӣ, ки дар ҷаҳони муосир моҳияти он рӯзафзун гардида, дар маҷмӯъ чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотонии ҷомеа ва шахсони алоҳида буда, раванди дурусту қонунии бо он таъмин кардани аҳолӣ ба бехатарии фаъолияти технологияи навини иттилоотӣ вобастагӣ дорад. Масъалаи амнияти иттилоотӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва доманадор ба ҳисоб рафта, самти мустақили технологияҳои иттилоотию иртиботиро ташкил медиҳад. Ҳифз кардани иттилоот ё амнияти онро таъмин намудан, донишҳои махсуси касбиро талаб мекунад. Илми махсусе, ки методхои ҳифзкунии иттилоот ва амнияти иттилоотиро меомузад криптография ном дорад. Аксари давлатҳои пешқадам дорои криптографияи худ мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки амнияти иттилоотӣ на ҳама вақт ба воситаи ҳолати ҳимоятшавандагӣ таъмин мегардад, баъзан вақт риояи қоидаҳои рафтор, дар сатҳи баланд ташкил намудани омодагии касбии мутахассисон, қобилияти корӣ ва коршоямии техника, шароити хуби пешбурди сиёсати иттилоотӣ ва ғайра низ заминаҳои мусоиди таъмини амният ба шумор мераванд. Масалан, ҳанӯз ҳам ҳеҷ як давлат наметавонад худро аз ҳуҷумҳои яроқи ядроӣ бапурагӣ ҳифз намояд. Аммо дар ихтиёри як қатор давлатҳо қарор доштани шумораи зиёди яроқҳои ядроӣ имкон медиҳад, ки дар шароити сар задани ҳуҷумҳои ядроӣ сар додани мушакҳои ҷавобӣ низ ба амал ояд. Амнияти иттилоотӣ дар замони муосир шарти калидии таъмини амният дар сатҳи миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро таҳдиду хатарҳои мавҷудаи хислати иттилоотидошта дар айни замон омили бесуботкунандаи ҷомеа, унсури марказии муборизаҳои сиёсӣ, василаҳои асосии расидан ба мақсад ва аз ҳама бадтар заъифгардонандаи пояҳои давлатдорӣ мебошанд. Дар шароити имрӯза ҳифзи суботи сиёсӣ ва таъмини сулҳу ваҳдат аз он вобаста аз вазъи амнияти иттилоотии мамлакатҳо дар кадом дараҷа қарор дорад ва иқтидори муҳофизавии он то кадом сатҳ қодир аст, ки таҳдиду хатарҳои навро безарар гардонад. Бояд гуфт, ки муҳаққиқони гуногун амнияти иттилоотиро дар аксар маврид ҳолати ҳимоятшавандагӣ аз таҳдиду хатарҳо муаррифӣ менамоянд. Дар муносибат бо амнияти иттилоотӣ низ чунин шарҳу тавзеҳ истифода мегардад. Чунин муносибат дар Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дида мешавад. Чунончи, дар консепсияи мазкур «амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иттилоот» муаррифӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол дар раванди гузариш ба ҷомеаи иттилоотӣ қарор дорад. Дар он соҳаҳое, ки нақши иттилоот ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баланд гардидааст, таҳдидҳои иттилоотӣ низ аллакай эҳсос мегарданд. Дар чунин шароити ҳассос зарурати пайдо намудани роҳу усулҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи фазои иттилоотии ҷомеа аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо, пешгирӣ намудани оқибатҳои манфии зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароӣ, баланд бардоштани маърифати иттилоотии ҷомеа, бахусус дар онҳо ташаккул додани тафаккури танқидӣ масъалаҳое мебошанд, ки таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин мавзуъро хеле мубрам мегардонанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фазои иттилотии башарӣ ворид гашта, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи фазои иттилоотӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодааст. 7-уми ноябри соли 2003 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, дар асоси он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 «Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид. Аммо ин ибтидои воридшавӣ ба фазои иттилоотии глобалӣ мебошад. Дар оянда ҳаҷм ва шумораи таҳдидҳои иттилоотӣ бо назардошти сатҳу сифати воридшавии мамлакат ба фазои иттилоотии глобалӣ афзоиш меёбанд. Ин аст, ки дар мамлакати мо низ таҷрибаи омӯзиши амнияти иттилоотӣ ва таҳлили таҳдидҳои соҳаи иттилоот тӯли даҳ соли охир хеле зиёд ба назар мерасанд. Бояд гуфт, ки раванди ташаккулёбии назарияи амнияти иттилоотӣ ҳанӯз ҳам ба охир нарасидааст. Олимону донишмандони ин соҳа бо назардошти рушди бемайлони илму техника марҳила ба марҳила паҳлуҳои гуногуни онро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода истодаанд. Зеро амнияти иттилоотӣ барои ҷомеаҳои дорои системаҳои мухталифи иттилоотӣ аҳамиятнок ва барои ҷомеаҳои дар ҳоли гузариш қарордошта камаҳамият мебошад. Дигар масъала ин аст, ки манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ низ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи ба иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеам хизмат кунанд. Зеро тавре ки аз мазмун ва моҳияти қонунгузории мамлакат оид ба васоити ахбори омма бармеояд, таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо мебошад. Ҳарчанд ин мавзӯъ аз ҷониби олимони ватанӣ дар доираи рисолаҳои илмӣ таҳқиқ гардида бошад ҳам, дигаргуниҳои иттилоотию технологии замони муосир, суръати баланди интиқоли иттилоот ва бахусус бештар шудани иттилооти харобиовар тақозои онро менамояд, ки ин масъала ба таври доимӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шавад. Хулоса, дар маҷмуъ, амнияти иттилоотӣ омили муҳими рушди инсон, давлат ва ҷомеа ба шумор рафта, имрӯз дар кишвари азизи мо низ зери масъулияти баланди муҳофизӣ қарор дорад. Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО

Табақабандии илмҳо аз нигоҳи Имом Ғаззолӣ Дар табақабандии илмҳо, Имоми Ғаззолӣ илмро ба ду бахш (илми муомала ва илми мукошафа) ҷудо карда, илми муомаларо марбут ба инсонҳои муқаррарӣ ва илми мукошафаро марбут ба анбиё медонад. Илми муомала низ дар навбати худ ба ду бахш (ил¬ми зоҳир ва илми ботин) ҷудо мешавад. Илми зоҳир илми амалҳои бадани инсон буда, ё ибодат аст, ё одат. Илми ботин илмест, ки марбут ба амалҳои дил бу¬да, мамдӯҳ (ситуда) ё мазмум (накӯҳида) аст. Таба¬қа¬бан¬дии илмҳо аз нигоҳи Ғаззолӣ ба меъёрҳои ахлоқӣ (хубу бад) ва мактабӣ (ҳақ¬қу ботил) асос ёфтааст. Мутобиқи табақабандии Ғаззолӣ илм¬ҳое, ки шаръӣ нестанд, ба се гурӯҳ: ситуда, накӯҳида ва мубоҳ (раво) ҷудо мешаванд. Мутафаккир ба гурӯҳи илм¬ҳои накӯҳида сеҳр, ҷоду, тилисмот, шаъбада, фиреб¬га¬рӣ ва ба илмҳои мубоҳ таърих ва шеърро дохил кардааст. Илмҳои шаръӣ ду қисманд: хуб ва бад. Илмҳои хуб ба чаҳор навъ ҷудо мешаванд: усул (Қуръон, суннат, иҷмоъи уммат ва осори саҳоба, қиёс), фурӯъ (фиқҳ, илми аҳволи дил ва ахлоқи хуб), муқаддамот (илми наҳв ва луғат) ва мутаммимот (илми таҷвид, қироат, усули фиқҳ, илми риҷол). Ғаззолӣ дар табақабандии илмҳо фалсафаро ҳамчун илм нишон надода, таъкид мекунад, ки он илми ҷудогона не, балки маҷмӯи ҷузвҳои чаҳоргона (ҳандаса ва ҳисоб, ман¬тиқ, илоҳиёт, табииёт) аст. Ӯ фалсафа ва динро бо ҳам ба¬ро¬бар надониста, балки фалсафа (хусусан маш¬шоия)-ро як навъ гумроҳии фикрӣ хондааст. Аз ин рӯ, манзур аз «фал¬сафаи Ғаззолӣ» услуби исботи ақоиди дин, ахлоқ ва ҷо¬меаи исломӣ, фалсафаи илоҳиёт аст. Ғаззолӣ аз рӯи эътиқоди худ сун¬нии шофеимазҳаб, ашъаримаром мебошад. Ӯ мутакаллимест, ки дини ислом ва мазҳаби ашъариро ба пояи баланди ҳикмату фалсафа расондааст. Ғаззолӣ сис¬темаи фиқҳи имом Шофеиро бо ғояҳои тасаввуф, равияи муътадили та¬сав¬вуфиро ба фиқҳ алоқаманд сохтааст. Ғаззолӣ дар аввали умраш каломро илми ягона ва асосӣ дар фаҳми маъ¬ни¬ҳо¬ву дарки моҳияти таълими дин медонист. Баъди он ки Ғаззолӣ фалсафаро хеле амиқ омӯхт, ба радди ақидаҳои файласуфон пар¬дохт. Мутафаккир маҷмӯи масъалаҳои фалсафаро дар бист масъала гирд оварда, мавриди муҳокима қарор дод ва ба чунин хулоса омад, ки аксари онҳо мухолифи ақи¬даи ислом, алалхусус ақи¬даи аҳли суннат ва ҷамоат мебошанд. Ғаззолӣ дар 17 масъала, аз қабили эътиқоди фалосифа бар он ки илми нуҷум аз ғайб мутталеъ аст, нуфус (ҷон¬ҳо)-и инсонӣ баъд аз адам (нестӣ) мустаҳал мешаванд, ақидаи файласуфонро бидъат шумурд. Ғаззолӣ ақидаи файласуфонро дар мавриди се масъала куфр мешумурд. Яке қавли файласуфони машшоъ бар қидами олам, дигар он ки Аллоҳ куллиётро медонад, на ҷузъиётро ва ниҳоят, қавли онҳо дар бораи ҳашри арвоҳ бе аҷсод, яъне инкори маоди ҷисмонӣ. Аз нигоҳи Ғаззолӣ, илми калом ҷузъе аз фалсафа буда, бояд танҳо барои рад кардани шакку шубҳа ва гумон, ҳимоя аз ақидаҳо ва фурӯ нишондани шиддати беэътиборӣ ва но¬писандӣ, инчунин нигаҳдории қалбҳои оммаҳои мардум ба кор бурда шавад. Ғаззолӣ илми каломро чунин таъриф кардааст: «Илми калом дар зот ва сифоти қадим ва сифоти ақлии Борӣ таъоло ва дар аҳволи анбиё ва аимма (имомон) ва дар мавту ҳаёт ва қиёмат ва баъсу ҳашр ва ҳисобу руъяти Худо аст». Ғаззолӣ мутакаллимонро ба посбонҳо монанд кардааст, ки агар дуздон набошанд, зарурат ва ҳоҷат ба посбонон низ намемонад. Ҳамчунин агар бидъатгузорон ва шаккушубҳадорон намешуданд, барои мутакаллимон низ дар ҷомеаи мусулмонон ҷой пайдо намешуд. Дар низоми табақабандии илмҳо Ғаззолӣ ба илми фиқҳ мавқеи поинро муносиб дониста, онро илми дунявӣ мешуморад ва дар канори илмҳое чун тиб ва ситорашиносӣ қарор медиҳад, танҳо бо ин тафовут, ки фиқҳ, аввалан, хусусияти шаръӣ дорад, сониян, бар хилофи илми тиб, ки фақат барои беморон зарур аст, ба он тамоми равандагони роҳи охират эҳтиёҷ доранд ва солисан, илмест, ки ба илми роҳи охират қаробат дорад. Ғаззолӣ бар ҳамаи риштаҳои маорифи исломӣ иҳота дошт ва уламову донишмандону адибони на танҳо замони зиндагии мутафаккир, балки асрҳои баъд низ дар зери нуфузи фикрии ӯ қарор гирифта, ҳамагон пойбанду шефтаи осору каломаш гаштаанд. Ҳамин нубуғи фикриву илмии Ғаззолӣ аст, ки ӯ ба ҳайси яке аз бузургтарин мутафаккирони ҷаҳони ислом ва муҷаддид (эҳёгар)-и дини ислом дар қарни панҷуми ҳиҷрӣ шинохта шудааст. Фаридуддини Аттор дар васфи Ғаззолӣ гуфтааст: Садре, ки зи илми олами аллом аст, Дар кулли ҷаҳон ягонаи айём аст. Кони гуҳари олами ҷон Ғаззолӣ, Дарёи улум, Ҳуҷҷатулислом аст. Дар таҳияи ин мақола аз Википедия истифода шудааст. Адабиёт 1. Ғаззолӣ / С. Аҳмадов, С. Маҳмадуллоҳ. // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5. 2. Муҳаммад Ғаззолӣ. Кимиёи саодат, Тош., 1890; 3. Али-заде А. Газали Мухаммад (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007. 4.Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011. 5. Архив Интернета — 1996. — С. 23—25. 6.Encyclopædia Iranica (ингл.) / N. Sims-Williams, A. Ashraf, H. Borjian, M. Ashtiany — USA: Columbia University, 1982. — ISSN 2330-4804 7. AA.VV. Encyclopaedia of Islam, Encyclopédie de l’Islam (фр.) — 1991. — Vol. 2. — P. 1038. Абдуллоҳи Қодирӣ сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

АҲАМИЯТИ ТАРҶУМАИ «КИТОБИ ТАВҲИД»-И АБУМАНСУРИ МОТУРИДӢ ДАР ШАРОИТИ ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ ВА ФАРҲАНГИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК Эҳёи арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии миллати тоҷик яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол ба шумор меравад. Дар ин замина, бозгашт ба мероси илмию динӣ ва маънавии ниёгон, хусусан мероси мутафаккирони барҷастаи тамаддуни исломӣ, ҷойгоҳи муҳимеро ишғол мекунад. Яке аз чунин шахсиятҳои барҷаста Абумансури Мотуридӣ буда, осори ӯ, аз ҷумла китоби маъруфи “Китоби Тавҳид”, ба унвони намунаи олии тафаккури каломӣ ва фалсафии исломӣ арзишманд мебошад. Тарҷума ва таҳқиқи ин осор имрӯз дар шароити густариши андешаҳои бегона ва хатарҳои ифротгароӣ аҳамияти махсус касб кардааст. Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эҳёгари таъриху тамаддуни бузурги халқи тоҷик дар осори таърихии хеш вобаста ба фарҳанги миллӣ, махсусан анъанаҳои мардумӣ ва раванди ташаккулёбии он дар асоси мадракҳои муътамади таърихӣ маълумотҳои пурарзишеро пешниҳоди хонанда намудааст. Ӯ зарурияти омӯзиши таърихи фарҳанги миллиро бо хусусиятҳои хосаш нишон дода, қайд менамояд, ки “Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳар як халқу миллат бо офаридаҳои моддию маънавиаш саҳми арзандаи худро мегузорад. Аз ин рӯ, омӯзиши тамаддуни ҳар як халқ, аз як тараф, ба бою ғанӣ гардидани тамаддуни башарӣ, ки аз маҷмуи тамаддунҳои халқҳои ҷаҳон иборат аст, мусоидат мекунад, аз тарафи дигар, ташаккулу инкишофи маданияти ин ё он халқро дар масири таърих муайян карда, саҳифаҳои дар зери ғубори фаромӯшӣ мондаи онро таҷдид менамояд ва аз бархӯрди маданиятҳо наслҳои баъдиро огоҳ менамояд ва дар маҷмӯъ сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва умумибашариро вусъат мебахшад”. Абумансури Мотуридӣ яке аз бузургтарин мутакаллимон ва мутафаккирони исломӣ маҳсуб меёбад, ки мактаби каломии ӯ дар паҳнои ҷаҳони ислом, бахусус дар байни мардумони Осиёи Марказӣ, нуфузи васеъ пайдо кардааст. “Китоби Тавҳид” муҳимтарин асари ӯ буда, дар он асосҳои эътиқодии ислом бо услуби мантиқӣ ва бо истифодаи далелҳои ақлӣ баррасӣ шудаанд. Ин китоб на фақат ҳамчун манбаи каломӣ, балки ҳамчун намунаи фалсафаи исломӣ, ки дар он ақлу мантиқ дар баробари нақл мақоми баланд доранд, шинохта мешавад. Мутафаккирону донишмандони муосир, аз ҷумла файласуфон, осебшиносон ва ҳатто сиёсатмадорон оид ба арзиш ва аҳамияти илмию фалсафӣ доштани осори Мотуридӣ, хоссатан китоби Тавҳиди ӯ иброз андеша намудаанд. Тавре дар саҳифаи аввали тарҷумаи китоби мазкур аз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда шудааст: “Таълимоти Мотуридӣ беш аз 1100 сол инҷониб мардумро муттаҳид сохта, заминаи мусоиди ҳамзистии осоишта ва таҳаммулпазириро фароҳам овардааст. Ин таълимот ба таҳкими арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат намуда, дар муқовимат бо ифротгароӣ ва тундгароӣ нақши муассир дорад.” Ҳамчуноне, ки дар қисмати тавзеҳоти тарҷумаи китоби мазкур оварда шудааст, нусхаи мазкур интиқодӣ аст. Зеро вақти кутоҳ ва ҷалби забондонҳо бо ҷаҳонбиниҳои гуногун аз муассисаҳои илмии ватанӣ ҷиҳати иҷрои кор, сабки бе ин ҳам вазнини асримиёнагии муаллифро боз ҳам вазнинтар кард. Мазмун ва муҳтавои истилоҳоти илмҳои фалсафӣ, илоҳиётшиносӣ, мантиқ, алгебра ва дигар, ки дар сарҳади фаҳми тафовути олами аъроз ва Ҳастии абадӣ сурат гирифта, ба решаҳои табиати амалҳои инсонӣ ва аҳкоми ахлоқӣ дар ҳолати метафизикӣ рафта мерасид, дониши баланди соҳавӣ ва фаросоҳавиро тақозо дошт. Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода А.Ғ. таъкид медорад, ки дарёфти чунин мутахассисон ва ҷалби эшон дар кори тарҷумаи китоби «Тавҳид» аз чанд ҷиҳат мушкил буд. Бо вуҷуди ин ҳама, Маркази исломшиносӣ бо ҳидояти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии роҳбарияти муассисаҳои илмии ватанӣ чанд нафар аз донандагони забони арабиро дар кори тарҷумаи он ҷалб намуд. Ба устодон фаҳмонида шуд, ки то имрӯз дар тамоми ҳудуди форсизабонон нусхаи тоҷикӣ ва форсии китоби ин абармарди илму ақида вуҷуд надорад. Асарҳои ӯ ба забонҳои туркӣ, ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ва ғ. тарҷума шудаанд, вале мо меросбарони бевоситаи забонию фарҳангӣ ва ақидаи ӯ то ба ҳанӯз ягон асари ӯро ба забони модарии тоҷикӣ тарҷума накардаем. Ин лаҳза Шуморо даъват кардем, ки сари ин масъала сӯҳбат намоем ва Марказ ният дорад дар арафаи ҷашни 1155 солагии Абумансури Мотуридӣ китоби «Тавҳид»-и ӯро бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр намояд. Мутарҷимони Маҳмадуллоев Саидбек – Муассисаи давлатии «Энсиклопедияи миллии тоҷик»; Назариев Рамазон, Махшулов Маҳмадсалом – Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон; Ҳомидов Абдулвоҳид, Шарипов Исломиддин, Пиров Мирзомиддин, Холов Аълохуҷа – Донишкадаи исломии Тоҷикистон; Саломов Аскар, Латифӣ Маҳмудҷон – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Хоҷамирзода Муслиҳиддин, Қаландаров Бурҳониддин – Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, Абдусаломов Мирзошариф ва дигар олимон аз Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо масъулияти том бидуни ҳеҷ як дастгирии моддӣ, танҳо бо дарки масъулияти илмӣ ва ватандорӣ ба таклифи роҳбарияти Маркази исломшиносӣ розӣ шуда, даст ба ин кори вазнин заданд. Инак, нусхаи интиқодии он дар дасти хонандагон аст. Бо дарназардошти мазмун ва муҳтавои асар, сабки нигориш, тарзи баён, истифодаи қонунияти илмҳои мантиқ, ҳуқуқ, забони асримиёнагии арабии илмӣ ва ғ.ҳ. тарҷумаи асар ва истилоҳоти он мушкилиҳои муайянро пешорӯи мо овард. Тафовути матни арабӣ аз русӣ низ мушкилиҳои иловагиро барои тарҷумонон зам кард. Ба хотири камтар роҳ додан ба нофаҳмиҳо ва иштибоҳот нусхаи тарҷумакардаи олимони муҳтарамро бо тарзи ивазнамоӣ ба дигар тарҷумонҳо дар дохили гурӯҳи корӣ супурда шуд. Фикру ақидаҳоро роҷеъ ба мазмуни матни тарҷумаи якдигар устодон аз ҳамдигар гирифта, такроран сари муқоисаи матнҳои тарҷумашуда бо матни арабӣ машғул шуданд. Аз Академияи миллии илмҳо ду нафар олимони бо забони русӣ сару кор дошта, низ ҷиҳати муқоисаи матни русӣ бо матни арабӣ ва тоҷикӣ ҷалб гардиданд. Бо кӯмаки таҳриргарони «Нашриёти Ирфон» ва устодони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон матни тоҷикии тарҷумашуда аз назар гузаронида шуд. Бо вуҷуди ин ҳама, хониши такрор ба такрори матни тарҷумашуда, гувоҳи он буд, ки ҳанӯз дар матн мушкилиҳои назарраси маъноӣ, забонӣ ва имлоӣ вуҷуд доранд. Гузашта аз он, тарҷумаи комили чунин як китоби илмӣ ва ақидавие, ки тамоми назару ғояҳои илмии фалсафаи Юнону Рим ва Ҳинди бостонро дар осиёби илми исломӣ дар самти худошиносӣ муттаҳид карда, бо далелу бурҳонҳои қавии мантиқӣ ва дигар илмҳои дақиқу иҷтимоӣ роҷеъ ба масъалаҳои мубрами илмӣ ва ақидавӣ баёни назар намудааст, дар чунин як муҳлати кутоҳ ғайриимкон буд. Равшан аст, ки хеҷ як тарҷумаи китоб қиммати асли онро дода наметавонад, ин қонуният бо дарназардошти мушкилиҳои илмӣ ва соҳавии китоби мазкур дар ҳар як саҳифа ва ҷумлаҳои тарҷумашуда сахт эҳсос мегардад. Аз ин хотир, бо қарори дастаҷамъона гурӯҳи корӣ ба хулоса омад, ки нашри мазкурро ҳамчун нашри интиқодӣ ба тасвиб

МАҚОЛАҲО

ҲУНАР ДАВЛАТИ ПОЯНДАВУ ЧАШМАИ ЗОЯНДА АСТ

Ҳунар гиреҳкушои тамоми мушкилоти инсон ба ҳисоб меравад. Хирадмандон ва бузургони мо ҳамеша ситоиши ҳунар мекарданд ва онро беҳтарин омили инсонӣ фармудаанд. Касбу ҳунар боиси сарбаландии инсон, афзояндаи ризқу рӯзӣ ва баланд бардоштани мавқеву мартабаи он дар ҷомеа мебошад. Саъдии бузургвор дар «Гулистон»-и худ моҳияти ҳунаромӯзиро ба таври зайл баҳо додааст: «Ҳунар давлати пояндаву чашмаи зоянда аст». Бале, баракати ҳунар боиси идомаи зиндагӣ ва ҳавасмандии инсон нисбат ба ҳаёт мебошад. Ҳамчунин, гузаштагонамон таъкид намудаанд: «Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол ва бузургии инсон ба ақл аст, на ба сол». Дар зиндагӣ борҳо шоҳиди он мешавем, ки бархе аз ҷавонон илму ҳунаромӯзӣ ва аз худ намудани касбро зарурӣ напиндошта, ба корҳои беҳуда машғул шуда, даст ба кирдори ношоиста мезананд. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо, ҳастанд ҷавононе, ки ба оворагардӣ ва бемасъулиятӣ роҳ дода, оқибат дар бунбасти шадиди зиндагӣ дар мемонанд. Аксари ҷавононе, ки нисбати ояндаи худ бепарвоиву беандешагӣ зоҳир менамоянд, билохира, ба гирдоби ҳодисоти ногувор рӯ ба рӯ гардида, барои падару модарони худ мушкилот эҷод менамоянд. Дар замони муосир барои интихоби касбу ҳунари ҷавонон тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Аз ин рӯ, бояд ҳар як инсони комилфикр касбу ҳунареро интихоб намояд, ки ба манфиати худ ва ҷамъият бошад. Бахусус, имрӯз, ки дар ҷумҳурӣ талабот ба касбу кори гуногун зиёд аст, вазифаи ҳар як падару модар аз он иборат аст, ки барои интихоби касбу ҳунари фарзандаш роҳнамоӣ карда, маслиҳату машварат диҳад. Вале, ба назар мерасад, ки баъзан дар интихоби касбу кори ҷавонон худи падару модарон садди роҳ мешаванд. Касби интихобшуда қабл аз ҳама бояд дар дилу дидаи интихобкунандаи он нишинад, ҷавон бояд завқманди соҳаи интихобкардаи худ гардад. Касби интихобшуда ҳатман бояд аз самими дил бошад, касе барои роҳандозии он монеъ нашавад [1]. Имрӯз ҷомеаи мо ба мутахассисони баландихтисосу ҳирфаӣ ниёз дорад. Ҷавонони зиёдеро мебинем, ки барои дарёфти касбу ҳунари хуб ва барои ба ояндаи хубашон заҳматҳои зиёде мекашанд. Ҷавонон бояд, пеш аз ҳама, дар назди худ мақсад гузоранд, ки ҳам барои давлат ва ҳам барои халқи худ хизмат кунанд. Ҳоло бисёр мутахассисон ва соҳибҳунарони ватани мо барои бунёди муҳимтарин иншооти аср НБО «Роғун» саҳми худро гузошта истодаанд. Ин иншооти стратегӣ барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишварамон қувваи асосист. Соли 2018 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ин тадбири ватандӯстонаву хирадмандонаи Пешвои миллат ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, тарғиби сарватҳои моддию маънавии мамлакат, ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат намуд ва ҳамчунин, боиси таваҷҷуҳи эътибори бовусъати ҳамагон ба ҳунарҳои мардумӣ гардид. Тоҷикон табиатан мардуми ҳунарвару ҳунарманданд. Ҳунарҳои кӯҳану навини ин халқи тамаддунпарвар дар сатҳи ҷаҳон камназиранд ва бинандаро ба ваҷд меоваранд. Бо шарофати «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мероси таърихию фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эҳё гардиданду дар маркази таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор гирифтаанд. Намоиши зиёди ҳунарҳои мардумӣ дар ин сол боз ҳам дастони эҷозофарини тоҷиконро муаррифӣ карданд. Пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуд, ки ҳунарҳои мардумӣ ривоҷ ёбанд. Аз файзи пешниҳоди ҷолиб наврасону ҷавонони мо фаъолона рӯ ба ҳунаромӯзӣ оварданд. Тарғиби ҳунар як ҷузъи муҳими дарсҳо гашт. Омӯзгорони фидокору ҷӯянда дар вақти таълим, дар лаҳзаҳои муносиб арзиши касбу кори муносибро бо шогирдон талқин кардаанд [2]. Беҳуда нагуфтаанд: «Интихоби дурусти касбу ҳунар дар ҳаёти инсон гарави комёбиҳост». Моро месазад ҳамеша ҷӯёи ҳунар бошем, зеро ҳамаи хӯшию ширинии зиндагӣ аз ҳунару меҳнати ҳалол аст. Рӯйхати Сарчашмаҳо 1. Ойгул Холмуродова. Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ. Сомонаи интернетии Рӯзномаи «Хатлон» www.khatlon.tj 2. Умаралӣ Юсуфов. Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ. Сомонаи интернетии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун. www.jaihun.tj Садуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

МАҚОЛАҲО

КӮМАК БА НИЁЗМАНДОН АЗ ДИДГОҲИ ҚУРЪОНУ ҲАДИС

Кӯмак ба ниёзмандон дар Қуръони Карим ҳамчун яке аз волотарин амалҳо муаррифӣ шуда, бар дӯши муъминон на танҳо ҳамчун як насиҳати ахлоқӣ, балки вазифаи динӣ низ гузошта шудааст. Қуръони Карим тавассути оятҳое чун ояти 273-и сураи Бақара бар аҳамияти вижа ба ниёзмандон таъкид карда, онро яке аз роҳҳои аслии коҳиши фақру бенавоӣ дар ҷомеа арзёбӣ кардааст. Ин амал на танҳо боиси поксозии дороиҳо ва афзун гардидани неъматҳои молӣ мегардад, балки ҳамчун пуле байни одамон амал карда, ҳамбастагӣ ва ваҳдати иҷтимоиро таҳким мебахшад. Дар Қуръони Карим ҳадя ва кӯмак ба ниёзмандон танҳо ба маънии додани пулу мол нест, балки навъҳои мухталифи ёриҳо, аз қабили ташвиқ, қонеъ кардани ниёзҳои аввалия, аз қабили ғизо ва либос ҳатто таълим барои беҳбуди шароити зиндагии мардумро дар бар мегирад. Ин аъмоли хайр дар баробари кӯмак ба дигарон, барои покизашавии нафс ва камолоти маънавии фард мусоидат намуда, дар роҳи наздикшавӣ ба Худо мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, аз дидгоҳи Қуръони Карим ёрӣ ба ниёзмандон фарзи илоҳист, ки бояд бо нияти холис ва бидуни интизори подоши дунявӣ анҷом дода шавад. Ин амалҳои хайр натанҳо ба ниёзмандон рафоҳу осоиш меоранд, балки барои муъминон сармоягузорӣ дар охират маҳсуб мешаванд, ки подошаш дар охират кафолат дода мешавад. Ҳадисҳо дар бораи кӯмак ба дигарон: Дар ҳадисҳои набавӣ низ аҳамияти некӣ ва хайрхоҳӣ таъкид шудааст. Паёмбари Ислом (с) фармудаанд: «Некӣ ин аст, ки Худоро мебинӣ ва агар ту Ӯро набинӣ, Ӯ туро мебинад». Ин ҳадис таъкид мекунад, ки корҳои хайр бояд бо нияти пок анҷом дода шавад ва гӯё Худованд ба аъмоли мо шоҳид бошад. Эҳсону некӯкори дар Қуръони Карим фаротар аз як амали хайрхоҳонаи сода, ба унвони як асли меҳварӣ дар зиндагии муъминон матраҳ шудааст. Ин амалҳо на танҳо василаи беҳбуди зиндагии дигарон, балки роҳи рушду нумӯи шахсият ва наздиктар шудан ба Худованди мутаъол аст. Аз ин рӯ, кӯмаку хайру садақа бояд ҷузъи ҷудонашавандаи рӯзгори ҳар як муъмин дониста шавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки бинобар сабаби омилҳои табиӣ ва заминларзаи бавуҷуъ омада дар минтақаи Рашт як қатор хонаю манзилҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои хизматӣ вайрону валангор гардиданд. Вобаста ба бартараф кардани ҳолатҳои хароби бавуҷудомада, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои башардӯстонаи кӯмак ва дастуру супоришҳои фаврӣ ба масъулин сурат гирифт. Иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони хайрхоҳу ташаббускор барои ҳамагон намунаи ибрат мебошад. Албатта, тавре Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки қудрати миллати тоҷик дар иттиҳоду ваҳдат аст. Аз ин хотир, имрӯз мебояд дар пайравӣ аз сиёсати хайрхоҳонаи роҳбарияти давлат ба зарардидагони минтақаи Рашт барои барқарор кардани хонаю манзил ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ кӯмаки худро дареғ надорем. Акс аз сомонаи боз. Исоев Насим сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

МАҚОЛАҲО

Иди Қурбон намоде аз иттиҳод ва таҳаммулгароии динист!

«Фарҳанги бузурги исломӣ волотарин арзишҳои маънавӣ ва ҳаётиро, аз қабили омӯзиши илму маърифат, покизагиву накӯкорӣ, меҳнати ҳалол, дӯстиву рафоқат, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароӣ талқин мекунад ва аҳли ҷомеаро ҳамеша барои иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд». Эмомалӣ Раҳмон Иди Қурбон яке аз ду иди мусулмонҳои тамоми дунёст, ки ҳамасола дар санаи 10-уми моҳи зулҳиҷҷаи солшумории ҳиҷрии қамарӣ баргузор мегардад. Иди Қурбон барои тоҷикон ҳамчун як ҷузъи ҳувияти динӣ ва фарҳанги миллии мо тоҷикон дар тӯли асрҳо хизмат кардааст. Анъанаи қурбонӣ намудан дар фарҳангӣ мо тоҷикон решаҳои тоисломӣ дошта, дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва фарҳангии бостонӣ зикр шудаанд. Чунончи, ниёкони мо дар қадим ба фариштагону эзадҳо гушту шир, гиёҳу меваҳоро пешкаш мекарданд. Дар Қуръони маҷид, дар сураи ҳаҷ, оятҳои 26-28 низ ба ин ақида ишораҳо омадааст: “ Ва макони Хонаро барои Иброҳим ошкор кардем ва гуфтем:” “(26) Ҳеҷ чизро шарики Ман масоз ва рокеъону соҷидон покиза бидор”. (27) Ва мардумро ба ҳаҷ фаро хон то пиёда ё савора бар шутурони такида аз роҳҳои дур назди ту биёянд. (28) То судҳоеро, аз они онҳост, бибинанд ва номи Худоро дар рӯзҳое муайян ба ҳангоми забҳи чорпоёне ,ки Худо ризқи онҳоро сохта, ёд кунанд. Па аз онҳо бихӯреду бенавоёни фақирро низ итъом кунед. Сипас дар ҳамин сура, дар ояти 34 гуфта мешавад,ки: “ Барои ҳар уммате расми қурбонӣ кардане ниҳоде, то бад-он сабаб, ки Худо аз чорпоён рӯзиашон додааст, номи Ӯ ро бар забон ронанд”. Қурбонӣ кардан ба шахсе, ки имконияти молявии кофӣ дорад, дуруст аст. Барои қурбонӣ, асосан гӯсфандро забҳ мекунанд, аммо дар баробари он баъзеҳо гову бузро низ қурбонӣ менамоянд. Чорпои қурбонишаванда бояд солим буда, нуқсу айб надошта бошад, яъне харобу лоғар, ланг ва ё кӯр набошад. Инчунин, барраи гӯсфанд набояд аз шашмоҳа ва бузу гӯсола дусола хурдтар бошанд. Баъзе аз мардум гӯшти ҳайвони қурбони шударо ба камбағалон бенавоён тақсим мекунанд ва ба ятимхонаҳо бурда медиҳанд. Иди Қурбон натанҳо аз ибодату қурбонӣ кардан иборат аст, балки дорои хусусиятҳои муттаҳидкунандаи мардум, тарғиби ахлоқи ҳамида ва аркони динӣ, дастгирии камбағалону барҷо мондагон, ҳидояти равиши солими ҳаёт ва ёдоварӣ аз гузаштагон мебошад. Ҳамин тариқ, Иди Қурбон бо ҷумлаи бовару эътиқод, арзишҳои алоқӣ, дар фарҳанги миллию анъанавии мардуми тоҷик ҷой гирифтааст, ки бегуфтугӯ ҷузъе аз ҳувияти миллии мо мебошад. Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Прокрутить вверх