МАҚОЛАҲО

МАҚОЛАҲО

Урфу одат. Оинаи тӯйӣ бахт меорад?

Барҳақ фармудаанд, ки худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ аз огаҳӣ доштан аз таърихи гузаштаи халқ сарчашма мегирад. Вобаста ба анъана ва урфу одатҳои халқи тоҷик то андозае дар қайдҳои сафарҳои сайёҳон, дипломатҳо, иштирокчиёни экспедитсияҳои илмӣ, ҳарбӣ, тадқиқоти олимони замонҳои гуногун оид ба таърихи давраҳои гуногуни Осиёи Миёна ба монанди Н.В.Хаников (1819-1878), А.Д.Гребенкин (1840-1888), А.П.Шишов (1860-1936), П.Е.Кузнетсов (1870-1932), Н.А.Кисляков (1901-1973), Б.А.Литвинский (1924-2010) мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Олимону фарҳангшиносони тоҷик академик А. Мухторов (1924-2007), М. Бобохонов (1931-2012), А.Мардонова, Ҷ.Асрориён ва дигарон низ дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд. Бо мақсади таҳлили амиқ дар муқоисаи анъанаҳои дигар миллату халқиятҳо, инчунин вобаста ба одату унсурҳои дохилианъанавии мардуми тоҷик аз китобҳои олимони фавқуззикр, ки қисми зиёди онҳо охири асри XIX ва аввали асри XX -ро дар бар мегиранд, истифода бурдем. Баргузор намудани маросим ба як қатор омилҳои эътиқодӣ, арҷ гузоштан ба меъёрҳои ахлоқӣ, одаму одамгарӣ, нангу номус ва хиҷолат аз бадгӯии дигарон вобаста аст. Зиндагӣ собит сохт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ буд, душвориву мушкилотеро, ки маросимҳои милливу динӣ дар назди халқ ба вуҷуд оварда буд, бартараф кард, мардумро аз бисёр ташвишҳои маросимӣ ва хароҷоти беҳуда халос кард ва сатҳу сифати зиндагии аҳолиро беҳтар гардонид. Имкон ба миён овард, ки миллат ба асли худ бештар бипайвандад, ба саргаҳу сарчашмаҳои ҳастии маънавии худ наздиктар бирасад ва тавоноии руҳӣ пайдо кунад. Хушбахтона, бо татбиқшавии Қонуни танзим гузаронидани одату унсурҳои асосии миллии маъракаҳо дар доираи оила боқӣ мондааст. Масалан, маросими хостгорӣ, арӯсбинон, домодталбон дар тӯйи домодию арӯсӣ, инчунин, дар маросими дафну азодорӣ тибқи эътиқоди динӣ маъракаҳои «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронда мешаванд. Дар маросими ҳаҷ маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила баргузор мегарданд. Анъана, урфу одат ва ойинҳои устуворест, ки дар тули асрҳо ташаккул меёбад ва аз рӯйи гавҳари дурахшоне, ки дар ботин дорад, аз насл ба насл мегузарад ва низоми дониш, боварҳо ва орзуву омолу ормонҳои халқро таҷассум мекунанд. Маросими издивоҷ маҷмуи орзу ва ормонҳоест, ки аз рӯйи нақша анҷом меёбад ва дар бунёди рӯзгори як инсон бо ширинию назокату бурдборию мушкилот асос ёфта, дар тули умр тибқи суннатҳои халқи тоҷик як бор рух медиҳад. Бинобар ин, хостем баъзан унсурҳое, ки ҳангоми хостгорӣ, ноншиканон, фотиҳа, никоҳ, гӯсели арӯс ба хонаи домод, чодар ва расму ойинҳои марбут ба он аз рӯйи эътиқоду ихлос аз қадим иҷро мегардид, ёдовар шавем. Дар фарҳанги анъанавӣ таваллуд ва тарбияи фарзанд вазифаи асосии издивоҷ ҳисобида мешавад. Фарзанддор шудан мақоми мард ва занро баланд мебардорад. Бинобар ин, дар баргузор намудани ин маъракаҳо мақсади асосӣ хушбахтии ҷавонон ва фарзанддор гардидани онҳо буд ва ҳаст. Анъанаи нон бурдан ба хонаи арӯсшаванда ҳамчун рамзи муттаҳидкунанда аз қадим истифода мешуд. Дар маъракаи ноншиканон дар хонаи арӯсшаванда хешовандони наздики домодшаванда ҷамъ меомаданд. Шахси калонсолу фарзанддор аз ҷониби домод ду нонро болои ҳам гузошта мешикаст, то ки ҷавонон ҷуфту хушбахт гарданд. Ин маърака дар байни мардуми Панҷакент ва Бухоро низ хеле маъмул аст [1]. Анъанаи нон бурдану ноншиканӣ ҳангоми издивоҷи ҷавонон дар Доғистон (аварҳо), поляк ва дигар миллату халқиятҳо ба назар мерасад [5]. Ҳангоми сари тахт гузоштани арӯс падидаи ҷолибе рух медиҳад. Дар баъзе маҳаллот рӯбинон он ҷо сурат мегирад. Даврони қабл рӯйи арӯс пӯшида буд ва дугонаҳои арӯс ва хешу табор бо рӯбинон гӯшаи аз рӯймолро бардошта, назар мекарданд. Барои онон чи хушбахтие буд дидани рӯйи арӯсро, ки сарчашмаи саодату бахт мешумориданд [6]. Рӯбинони арӯс дар дигар миллату халқиятҳо қабул гардидааст, аз ҷумла мардуми қафқоз. Дар байни тоҷикон вақте арӯс зери чодар мешавад, бо нияти соҳиби фарзанд гардидан ба бағали ӯ писаракеро мешинонанд [1]. Байни мардуми славян маъмул аст, ки кӯдакро дар назди домоду арӯс гузоранд. Дар байни миллатҳои славян, поляк, серб, хорват, босния низ ин анъана хеле маъмул аст. Одати хеле ҷолиб, ки дар байни тоҷикон маъмул аст, аз оби никоҳ ба домоду арӯс ва ҳамроҳони онҳо нӯшонидан мебошад. Пас аз анҷоми ин маросим боқимондаи оби косаро ба решаи дарахти тут ё ягон дарахти мевадиҳанда мерезанд, то ки афзоиши насли солим давомнок бошад [1]. Дар Босния, вақте ки арӯс ба хона медаромад, вай бояд ба дудкаш менигарист, то кӯдаки ояндаи ӯ сиёҳчашм шавад. Дар Хорватия бо нияти сафедпуст гардидани фарзанд ба домоду арӯс шир медоданд. Инчунин, ҳангоми тӯй себро ба ҷайби арӯс мегузоштанд, то кӯдакон мисли себ зебо бошанд. Бо ҳамин мақсад, оина ба ҷайб гузошта мешуд ё ҷавонон муддате дар офтоб меистоданд [5]. Дар байни бисёр халқҳо одате буд, ки арӯсро ба болои пӯсти ҳайвон мешинонданд, ки он низ рамзи ҳосилхезӣ буд. Аз ҷумла, дар Ҳиндустон ҷавононро ба болои пӯсти барзагов мешинонанд [5]. Ба оина нигоҳ кардан аз қадим дар байни тоҷикон хосияти махсус дорад. Ба он боваранд, ки нигоҳ кардан ба оина ба шахс бахт ва нур мебахшад. Ба таъкиди этнограф Б.Литвинский эрониҳои Бухоро оинаи тӯйиро оинаи бахт меномиданд. Ӯро муҳофизат мекарданд. Агар он мешикаст, хусусан ҳангоми тӯй ин аломати хеле бад ҳисобида мешуд. Дар хона оинаи шикасташударо нигоҳ намедоштанд, чунки ин ба оила шикасти молу ҷон меорад [3]. Ба таъкиди этнографи тоҷик Азиза Мардонова домоду арӯс дар ноҳияҳои Файзободу Ҳисор ба оина нигоҳ карда онро бӯса мекарданд, то ки ба онҳо бахт оварад ва оинаро ҳамеша бо худ нигоҳ медоштанд [4]. Ба қавли Н. Кисляков ба дасти арӯси зери чодар оина додан хеле одати қадимаи тоҷикон маҳсуб меёбад [1]. Ҳангоми тӯй лаксиҳои Доғистон назди хона оташ афрӯхта, домоду арӯсро ба болои қолин даъват мекарданд ва ба болои сари онҳо гандум ва шириниҳо мерехтанд. Модари домод арӯсро бо асал ва нӯшокии ширин пешвоз мегирифт ва ба нияти хушбахтӣ ба дасти ӯ оина медод, то ки ба он нигоҳ кунад [2]. Дар тамоми халқиятҳо ақидае вуҷуд дорад, ки бояд дар либоси домоду арӯс гиреҳе вуҷуд надошта бошад, то ки бахти онҳо баста нагардад. Дар байни тоҷикони Истаравшан, Панҷакент, Самарқанду Бухоро ҳангоми никоҳ ба китфи ҷомаи домод аз ҷониби модараш ё хешованди наздикаш бо сӯзан ва риштаи сафед дарзе дӯхта мешуд. Дӯхтани ҷомаи домод бо риштаи сафед бояд издивоҷро устувор ва ҷавононро хушбахт гардонад [1]. Бо ҳамин мақсад, дар рӯзи никоҳи мардуми славян низ одате буд, ки дар рӯзи тӯй бояд мӯйҳои арӯс бофта набошад ва дар хонаи

МАҚОЛАҲО

Мафҳуми адли табии дар фалсафаи сиёсии Абунасри Форобӣ

Адл ҳамчун мафҳуми марказии фалсафаи сиёсӣ дар тамаддуни юнонӣ ва исломӣ нақши бунёдӣ дорад. Агар дар анъанаи юнонӣ адл бештар ба ҳамоҳангии сохтори нафс ва давлат марбут бошад, дар фалсафаи исломӣ он ба низоми табиат, ақл ва саодати инсон пайванд меёбад. Дар китоби «Орои аҳли мадинаи фозила» Форобӣ масъалаи давлат, ҷомеа, роҳбарӣ ва саодатро таҳлил намуда, ба таври мустақим ба моҳияти адл пардохта, адлро на танҳо ба маънои ахлоқӣ, балки ба маънои табиӣ ва иҷтимоӣ маънидод мекунад. Форобӣ адлро дар сатҳи ибтидоӣ ҳамчун мутобиқат ба табиат мефаҳмад. Яъне адли табии он аст, ки агар гурӯҳе тавонотар бошад ва ғолиб ояд, ин Ғолибият бар маҒлубият аз нигоҳи табиат “одилона” аст. Адли табий аз мафҳуми ахлоқии маъмул фарқ мекунад. Дар ин ҷо адл на баробарӣ, балки мутобиқат ба қонуни табиат аст. Ба гуфтаи Форобӣ, ки ҳар гоҳ гурӯҳҳо хоҳ қабила, хоҳ шаҳр, хоҳ иттиҳод ё уммат аз ҳамдигар ҷудо ва мутамойиз гарданд, онҳо монанди фарқияти ҳар як фард аз фарди дигар мешаванд. Зеро фарқе нест, ки ҷудоӣ миёни афрод бошад ё миёни гурӯҳҳо. Дар чунин ҳолат табиатан рақобат ва талоши ғолиб омадан ба миён меояд. Он чизҳое, ки бар сари онҳо мубориза сурат мегирад, монанди: амният, каромат ва шараф, фарохии зиндагӣ ва неъмат, лаззатҳо ва ҳар он чи инсонро ба онҳо мерасонад, ҳар гурӯҳ мекӯшад, ки ин неъматҳоро аз дигаре бигирад ва онҳоро ба худ ихтисос диҳад. Гурӯҳи ғолиб дар ин раванд комёб ва саодатманд шумурда мешавад. Форобӣ таъкид мекунад, ки ин гуна рафтор аз табиати инсон ва табиати мавҷудоти табиӣ сарчашма мегирад. Сипас ба натиҷа мерасад: «Он чи дар табиат аст, ҳамон адл аст».[1] Форобӣ мафҳуми «адли табиӣ» –ро ба таври равшан ва ҳатто шадид ифода мекунад. Дар ин қисмат адл ба маънои ғолибият, қаҳр ва истилои гурӯҳи тавоно бар гурӯҳи заиф тавсиф мешавад. Пас адл, мувофиқи ин назар, ҳамон ғолибият аст. Ва ҳар гоҳ неъматҳо ба гурӯҳи ғолиб бирасанд, бояд он касе, ки дар ғолибият саҳми бештар ва нақши бузургтар доштааст, аз он неъматҳо бештар бигирад; ва он ки саҳмаш камтар аст, камтар бигирад. Агар неъмат каромат бошад, ба касе, ки саҳми бештар дорад, каромати бештар дода шавад; ва агар мол бошад, бештар дода шавад; ва дар дигар чизҳо низ ҳамин гуна аст. Қаҳр ва истибъод (банда сохтани маҒлуб) низ дар доираи адли табии қарор мегирад.[2]  Ин андеша ба баҳси Фрасимахус дар «Ҷумҳурият»-и Plato монанд аст, ки адлро «манфиати қавитар» медонист.[3] Аммо фарқ дар он аст, ки Форобӣ инро ҳамчун воқеияти табиат тавсиф мекунад, на ҳамчун идеали сиёсӣ. Яъне ҳар кас ба андозаи саҳми худ аз неъматҳо баҳра мебарад. Ин ҷо мо шакли ибтидоии адли мутаносиб (distributive justice)-ро мебинем. Дар «Ҷумҳурият» Фрасимахус мегӯяд: «Justice is nothing other than the advantage of the stronger.»³ яъне адолат ҳељ чиз нест нисбат ба натиљаи шахси қавӣ ва ин андеша ба таърифи адли табии Форобӣ наздик аст. Аммо Афлотун ин назарияро рад мекунад ва адлро ҳамоҳангии нафс медонад. Форобӣ бошад, адли табииро эътироф мекунад, аммо онро марҳилаи поёнӣ медонад. Дар «Ҷумҳурият» Афлотун адлро чунин таъриф мекунад: «Justice is doing one’s own work and not meddling with what is not one’s own».[4]  яъне Адолат иҷро намудани кори худ ва дахолат накардан ба он чизест, ки ба шахс тааллуқ надорад. Дар ин ҷо адл ҳамоҳангии қисмҳои нафс ва табақаҳои ҷомеа аст. Форобӣ аз ин назария илҳом гирифтааст, аммо ба он мазмуни табиатшиносӣ илова мекунад. Агар барои Афлотун адл сохтори идеалии давлат бошад, барои Форобӣ адл ҳам дар табиат ва ҳам дар ҷомеаи фозила мавҷуд аст.   Адабиёт Абунасри Форобӣ, Орои аҳли мадинаи фозила, фасли «القول في العدل». Абунасри Форобӣ, Орои аҳли мадинаи фозила, фасли «القول في العدل». Plato, Republic, Book I, 338c. Plato, Republic, Book IV, c,433a. Наботов М.А. Сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ                         [1] Абунасри Форобӣ, Орои аҳли мадинаи фозила, фасли «القول في العدل», саҳ. 80–82. [2]  Абунасри Форобӣ, Орои аҳли мадинаи фозила, фасли «القول في العدل», саҳ. 97. [3] Plato, Republic, Book I, 338c. [4]  Plato, Republic, Book IV, c,433a.  

МАҚОЛАҲО

ТАЪМИНИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ВА ЭЪТИҚОДИ ДИНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд масъалаи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар мадди аввал гузоштааст. Яке аз ҳадафҳои асосии ин раванд, ҳуқуқ ба озодии андеша, виҷдон, дин ва эътиқод аст. Татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи озодии виҷдон ва дин бо риояи қатъии принсипҳои конститутсионии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар асоси гуногунандешии сиёсӣ ва идеологӣ дар муносибатҳои байни ташкилотҳои динӣ ва мақомоти давлатӣ амалӣ карда мешавад. Ин принсипҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории ҷумҳурӣ инъикос ёфтаанд, ки ҷудоии ташкилотҳои диниро аз давлат ва дахолат накардани давлат ба фаъолияти ташкилотҳои диниро таъмин намуда, ба ин васила характери дунявии таълим дар системаи маориф ва таҳаммулпазириро дар муносибатҳои ташкилотҳои динӣ кафолат медиҳад. Мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, нажод ва забон, озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб, паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад. Қонун тамоми ҷанбаҳои озодии виҷдон ва озодии эътиқод, аз муайян кардани муносибати шахс ба дин то таъсиси иттиҳодияҳои диниро фаро мегирад. Муайян кардани муносибати шахс ба дин аз мазмуни моддаи 1 Конститутсияи ҷумҳурӣ бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълон кардааст. Дар бораи мутобиқати меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бо сохторҳои байналмилалӣ лоиҳаҳои қонунҳои худро оид ба мутобиқати онҳо ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон баррасӣ мекунад. Дар ҷумҳурӣ механизми татбиқи ин меъёрҳо аз ҷониби Суди конститутсионӣ ва судҳо муфассал кор карда баромада шудааст. Тоҷикистони демократӣ эътироф мекунад, ки талаботи ҳар қонун догма (шахшуда) нест ва дар баробари тағйири вазъ ва рушди ҷомеа он метавонад тағйир ёбад. Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, аз ҷониби давлат эътироф, эҳтиром ва ҳифз карда мешаванд». Моддаи 10 Конститутсия бошад, ваколати олии меъёрҳои конститутсиониро дар сохти ҳуқуқии ҷумҳурӣ эътироф намуда, нисбат ба дигар сарчашмаҳои ҳуқуқӣ ба меъёрҳои Конститутсия афзалият медиҳад. Дар қисми 1 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд”. Ҳамин мавқеъи бартарӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 10 Конститутсия ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дода шудааст. Ва дар сурати ихтилофи байни қонунҳои миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ карда мешаванд. Дар бораи расму оинҳои динӣ Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани ибодат маҳдудият нест ва ҷойҳои муайяне ҳастанд, ки шаҳрвандон метавонанд расму оинҳои динии худро дастаҷамъона иҷро намоянд. Қисми 3 моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба шаҳрвандон ҳуқуқ медиҳад, ки ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ дар ибодатгоҳҳо ва замини ба онҳо мутааллиқ, дар зиёратгоҳҳо, дар қабристонҳо – вобаста аз хусусиятҳои эътиқоди динӣ, инчунин дар манзилҳо ва хонаҳои шаҳрвандон анҷом дода мешаванд. Яъне, тибқи ин меъёрҳо шаҳрвандон метавонанд вобаста ба мазҳаби худ худ ё дастаҷамъона дар ҷойҳои барои ин мақсад таъиншуда ибодат ва маросимҳои диниро анҷом диҳанд. Меъёри қисми 3 моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» меъёри ҳуқуқӣ буда, ҷойҳои баргузории маросимҳои диниро муайян мекунад. Ҳар як дин вақт, ҷой ва тартиби баргузории маросимҳои диниро муайян кардааст. Ҷойи пок ва амн яке аз шартҳои динии ибодат аст. Ҳеҷ як кишвари демократӣ бо эҳтироми баланд ба озодиҳои шаҳрвандонаш наметавонад ҳар як созмони диниро мувофиқи эҳтиёҷоти худ бо ҷойҳои маросиму ибодати динӣ таъмин намояд. Инро ба назар гирифта, қонунгузор ҷойҳои маъмулан қабули ибодати дастаҷамъиро муайян мекунад, ки дар он шаҳрвандон метавонанд эҳтиёҷоти динӣ ва маънавии худро озодона конеъ гардонанд. Илова бар 4000 иттиҳодияҳои динӣ ва чанд ҳазор қабристону макони муқаддас, Қонун иҷозат медиҳад, ки дар хонаҳои миллионҳо шаҳрвандон маросими динӣ баргузор шавад. Аз ин бармеояд, ки дар ҷумҳурӣ барои фаъолияти осоиштаи динӣ, аз ҷумла, дар бобати анҷом додани расму оинҳои динӣ ягон маҳдудият вуҷуд надорад. Дар бораи таълимоти динӣ Ташкили муассисаҳои таълимии динӣ ё дунявӣ ҳамчун шаклҳои махсуси фаъолият, ки дар он кӯдакон таълим мегиранд, мутобиқи моддаи 29 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар тамоми ҷомеаҳои мутамаддин стандартҳо ва минимумҳои худро дорад. Ин як амали маъмул аст. Дар Тоҷикистон низ ба манзури ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил ин масоилро қонун танзим мекунад. Масалан, сатҳи дониши омӯзгор, шароити таҳсил, фанҳои таҳсил бояд ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ва барномаҳои тасдиқшуда мувофиқ бошад. Ҷомеа ва давлат ба чунин масъалаҳои муҳими марбут ба ояндаи онҳо, аз қабили тарбияи насли наврас бетараф буда наметавонанд, зеро дар моддаи 29 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гуфта шудааст: «Таълими кӯдак бояд ба мақсадҳои зерин равона карда шавад: а) инкишофи шахсият, истеъдод ва қобилиятҳои рӯҳӣ ва ҷисмонии кӯдак то ҳадди пурра; таҳкими эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон…” ва дар банди 2 ҳамин модда зикр шудааст: «таҳсилот дар чунин муассисаҳои таълимӣ бояд ба меъёрҳои ҳадди ақали муқаррарнамудаи давлат мувофиқат кунад». Ин талаботро Вазорати маориф ва илм муқаррар кардааст ва ҳамаи намудҳои таълим бояд ба ин талабот ҷавобгӯ бошанд. Дар бораи дастовардҳои Точикистони сохибихтиёр дар соҳаи дин Дар баробари факту рақамҳои зикршуда дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар даврони Истиқлол дар соҳаи дин таъкид кардан муҳим аст. Сатҳи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар робита ба дин дар Тоҷикистон бо мавҷудияти иттиҳодияҳои динӣ, шумораи иттиҳодияҳои сабтиномшуда, фаъолиятҳои таълимӣ дар соҳаи дин ва таълими динӣ чен карда мешавад. Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии худ дар самти татбиқи озодии эътиқоди динии шаҳрвандон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар маҷмӯъ вазъи динӣ дар ҷумҳурӣ мӯътадил арзёбӣ мегардад. Агар дар давраи шӯравӣ ҳамагӣ 7 масҷид ва дар охири ҳокимияти советӣ ҳамагӣ 34 иттиҳодияи динӣ (аз ҷумла 17 масҷид, 15 калисо ва хонаи ибодати насронӣ ва 2 синагога) мавҷуд бошад, пас ҳоло қариб 4 000 иттиҳодияи динӣ мавҷуд аст, ки 69-тои он иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ мебошанд. Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти бархе аз марказҳои пажӯҳишӣ, Тоҷикистон аз ҷумлаи

МАҚОЛАҲО

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА БАҚОИ МИЛЛАТ

Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма мегирад. Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда мегардад. Бинобар ин, мо бояд баҳри мустаҳкам намудани мактаби худшиносии миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошанд, тамоми кӯшиши худро ба харҷ диҳем. Донишмандони мо бар ин назаранд, ки худшиносии миллӣ ин эҳсосу дарки зарурати ваҳдат ва якпорчагии обу хок ва марзу буми миллӣ, эҳсоси улфат байни афроду ҷомеа, дарки зарурати иттифоқ, ҳамбастагӣ, ҳамчун як нафси воҳид, чун як тану як ҷон аст. Имом Ғаззолӣ дар «Кимиёи саодат» дар бораи худшиносӣ чунин менависад: «Унвони аввал шинохти хештан аст. Бидон, ки калиди маърифати Эзид маърифати нафси хеш аст. Пас аввал ту бояд хешро бишиносӣ. Туро ҳақиқати худ талаб бояд кард, то худ бифаҳмӣ чӣ чизӣ ва аз куҷо омадаӣ ва куҷо хоҳӣ рафт ва андар ин манзилгоҳ ба чӣ кор омадаӣ, туро ба чӣ кор офаридаанд ва саодати ту дар чист?». Яъне, инсон бояд ҳамеша дар пайи шинохти худ, аслу насаб, аҷдодон, таърих, тамаддун ва фарҳанги миллати хеш бошад. Масъалаи худшиносии миллиро Пешвои муаззами миллат дар асари пурарзиши «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар чунин матлаб ифода кардаанд, ки рӯҳи иҷтимоии худшиносона дошта, андешаву равони хонандаро ба таърихи азалии он наздик мебарад: «Мо кием, аз куҷоем ва аз кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом бум ошён доштанд? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?». Ин суолоти арзишманду мондагори Пешвои муаззами миллат ба ҳар як тоҷики ватандӯсту худшинос аст, ки бояд ҳар рӯз аз худ бипурсад ва ба посух додани ин пурсишҳо бикӯшад. Зеро маҳз худшиносӣ роҳи асосии расидан ба маърифати инсон ва ҷомеа мебошад. Шинохти аслу насаб аз шартҳои нахустин ва асосии худшиносӣ аст, ки амиқ дарк намудани моҳияти маънавии инсон ва мақоми ӯ дар ҷомеаи мутамаддин заминаи мусоид ва муассир фароҳам меоварад. Арҷ гузоштан ба маънавият ва фарҳанги дурахшони имрӯзаи миллат, эҳтироми хос ба таърихи пурғановати тоҷикон ва садоқати ҳамешагӣ ба ормонҳои ватангароӣ муҳимтарин унсурҳои хештаншиносӣ ба шумор мераванд. Марҳилаи начандон тӯлонии таърих собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳофару таҳаммулгаро мебошанд. Ифтихор аз таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошем, онро мавриди омӯзиш, мояи ибрат ва шукӯҳмандӣ бидонем, зеро надонистани таърих, фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ нобахшиданист. Аз ин рӯ, шукрона бояд кард, ки имрӯз давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни пурғановаташ эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанд. Барои таҳкими боз ҳам бештари ин дастовардҳо зарур аст, ки мафҳумҳои истиқлолу озодӣ ба ғояи ҳамешагии созанда ва муттаҳидкунандаи мардуми шарифи Тоҷикистон табдил дода шаванд. Зеро ин мафҳумҳои муқаддас дар қалбу шуури одамон ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор месозанд ва ба онҳо эътимод мебахшанд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояҳои наҷотбахш корҳои бузурги ободкориву созандагиро ба анҷом расонад ва барои наслҳои оянда як кишвари ободу зеборо ба мерос гузорад. Аз ин хотир, мо бояд фарзандон, мутахассисон, олимонеро тарбия намоем, ки сазовори халқи хеш бошанд. Ҷаҳонбинии миллӣ, ватанпарастона ва илмӣ дошта, бо мақсаду мароми давлат, ки асоси онро амният ва осоиш, осудагӣ ва беҳбуди ҷомеа ташкил мекунад, ҳамтову ҳамнаво гарданд. Донишмандони имрӯзаи мо бар ин назаранд, ки бузургтарин нишонаи истиқлоли давлатӣ – истиқлоли зеҳнӣ, ақлонӣ, маънавӣ ва ҷаҳонбинӣ аст. Бидуни чунин сифатҳо истиқлоли миллӣ, ки натиҷаи ҷоннисориҳои ҳазорсолаи фарзандони равшанфикр, боғайрат ва бонангу номуси миллат аст, пойдор нахоҳад монд. Таърихи илмии тоҷикон ҳамеша ҳамчун сарчашмаи ҳувиятсози миллат хизмат кардааст ва ҳар як фардро ба нангу номуси миллӣ доштан, ифтихор аз арзишҳои миллӣ намуданро меомӯзонад. Пас имрӯз дигар эътиқоду боварҳо бо ҷузъиёташон бояд ба муқаддасоти миллӣ хидматгузор бошанд. Онро таҳким бахшанд. Ва ҳар вақте чунин пайванди ҳаётбахш сарфи назар гардад, хосият ва ҷаҳонбинии бегона қисмати фаъоли ҷомеаро фарогир шавад, мардум ба бозичаи дасти аҷнабиён табдил меёбанд. Давлат ва миллатро тақдири ногузири нобудӣ, суқут ва парокандагӣ интизор хоҳад буд. Афғонистон зуҳуроти равшани ҳамин моҳият аст. Аз ин андешаҳо ҷавонони мо бояд баҳра баранд, онро сармашқи зиндагии худ қарор дода, дар ҳаёти худ баҳри пешрафти ҷомеа татбиқ намоянд. Заиф будани худшиносии миллӣ дар мафкураи ҷавонон андешаҳои бегонапарастӣ ва хурофотпарастиро эҷод намуда, арзиши мафҳумҳои «миллат», «давлат» ва «ватан»-ро заиф мегардонад. Дар натиҷа ҷавонон ба таблиғоти доираҳои ғаразнок дода шуда, ба ифротгароӣ майл пайдо мекунанд. Маҳз паст будани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ боиси ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо гашт. Иддаи одамон фирефта шуда, аз ҷониби ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ бар зидди давлат ва миллати худ барангехта шуданд. Бахусус ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ арзишҳои бегонаро ба мардум ҷилва дода, мехост моро аз фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ дур созад, одамонро ба гумроҳӣ андохта, ба ин васила сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳад. Ин воқеаҳои хунин барои миллати мо фаромӯшнашавандаанд. Мо ҳаргиз онро аз хотир намебарорем, балки дарси ибрат мегирем. Ин аст натиҷаи заъфи худшиносии миллӣ! Бинобар ин, ҳаргиз набояд фаромӯш сохт, ки таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ дар мафкураи намояндагони миллат аҳамияти бениҳоят бузург дорад. Аз ин рӯ, мо бояд ҷавононро аз овони хурдӣ бо мафҳуми «худшиносӣ» ошно намуда, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем, то ин ки мақсади аслии худшиносиро, ки камоли маънавию ахлоқист, бишиносанд. Имрӯз бо талошҳои давлат, раванди худшиносиву худоогоҳии мардуми кишвар густриши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. Ҳар як фарзанди босадоқати миллатро мебояд ин гуфтаҳоро шиори рӯзмарраи худ намуда, нагузорад то нохалафе ба мақсадҳои ғаразноки худ расад. Шукронаи даврони истиқлол намуда, кӯшиш ба харҷ бояд дод, то барои рушди иқтисоди кишвар ва устувории пояи ваҳдат саҳми арзанда гузорем. Зиндагии навини мардумони мо аз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ садоқатмандона сайқал бахшидани андешаи миллиро тақозо дорад, ки худогоҳӣ, худшиносӣ ва маҳорату маърифати беназирро таҳким мебахшад. Ваҳобзода Абдураҳмон Муовини директори Маркази исломшиносӣ

МАҚОЛАҲО

Таҷлили расмии идҳои динӣ: арҷгузории давлат ба озодӣ ва эътиқодоти динӣ

Ба мо шарафи бузург насибу рӯзӣ гардид, ки баъди беш аз ҳазор сол соҳиби давлати миллӣ шавем ва имсол 35 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана таҷлил намоем. Мо бояд ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, ба қадри он бирасем ва шукронаи онро ба ҷо орем. Кишвари мо марҳилаи ташаккул ва такомули давлати миллиро тай карда истодааст ва ин низомро бидуни арзишҳои волои исломӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Расму оин ва анъанаҳои неку писандидаи тӯли ҳазорсолаҳо рушднамудаи аҷдодонамон, имрӯз ба як ҷузъи ҷудонопизири фарҳанги миллии мо табдил ёфтааст. Қонунияти бунёди давлати миллии муосир тақозои он дорад, ки ҳам арзишҳои исломӣ ва ҳам расму оини аҷдодӣ бояд дар хизмати саодатмандии мардуми Тоҷикистон қарор дошта бошанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ манфиати мардуми Тоҷикистонро аз мадди назар дур намонем. Махсусан, дуруст ба роҳ мондани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимон, бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ, танзими хирадмандонаи маъракаю маросимҳо, тарбияи насли наврас, тарғиби омӯзиши илм ва омода кардани мутахассисони созанда ва эҷодкор дар  паҳнои бунёди давлати милии сохибистиқоли мо пайванди ногусастании арзишҳои миллӣ, динӣ ва фарҳангии мо хоҳад буд. Иди Фитр дар баробари дигар санаҳои муҳими таърихии кишвар ба ҳайси ҷашни расмии давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад. Ин худ нишони эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба таърих ва фарҳанги мардуми худ ва ҳамзамон арҷгузорӣ ба дини мубини ислом ва арзишҳои волои умумибашарии он мебошад. Моҳи шарифи рамазон – моҳи зиёфати худовандӣ ва нузули раҳмату мағфират, моҳи файзу баракат, моҳи риёзати баданиву равонӣ, ки меҳмони хонадони ҳар як фарди мусулмон буд, инак рахти сафар мебандад. Мусулмонони рӯзадор баҳри гуселонидани ин моҳи муборак тараддуд доранд ва омодагӣ мебинанд. Дастурхони идона ороста, бо тиловати оятҳои каломи раббонӣ ва дуову фотиҳа ба арвоҳи гузаштагон бо ин моҳи хайру баракат ва раҳмату мағфират хайрухуш мекунанд. Рӯзҳои ид рӯзҳои покизагиву озодагӣ, шодмониву фароғат ва анҷоми амалҳои башардӯстона мебошанд. Бинобар ин, шахси мусулмон дар он рӯз бояд баландтарин одоби муошират ва меъёрҳои ахлоқиро риоя намояд. Фардо иди сайиди Фитр фаро мерасад. Ин иди фархундаро аз соли аввали ҳиҷрӣ то ба имрӯз мусулмонон бо шодиву хурсандӣ пешвоз ва ҷашн мегиранд. Аз ҷумлаи анъанаи неке, ки барои истиқболи иди сайиди Фитр аз Паёмбари гиромиқадр ба умматонаш  мерос мондааст, яке дар ин рӯз манзилу маҳалли зисти худро тозаву озода кардан, беҳтарин либоси худро пӯшида бо шодиву нишот ба идгоҳ рафтан ва ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, табрик кардан аст. Анъана ва суннати неки дигар, ки дар рӯзҳои ид анҷом дода мешавад, ба ниёзмандон хайру саховат кардан мебошад. Дар Қуръони карим инфоқ, яъне хайру садақа кардан, дар тамоми ҳолатҳо – дар шабу дар рӯз, пинҳону ошкоро  ва ҳини тавонгариву аснои тангдастӣ таъкид шудааст. Аз ин рӯ, ҳар кас ба қадри тавону дороии худ дар садақа кардан кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд ба кор мебарад: садақаи фитр ва закоти молашро медиҳад, хайрот мекунад, дар анҷом додани амалҳои хайр ва некӯкорӣ мекӯшад. Дар ин китоби илоҳӣ инсони садақадиҳанда ба донае монанд карда шудааст, ки аз он ҳафт хуша мебарояд ва ҳар хушаи он сад дона дорад. Маълум мешавад, Худованд барои ҳар садақа ҳафтсад баробар подош медиҳад. Ҳикмати садақа додан дар он аст, ки Офаридгор мо инсонҳоро таълим медиҳад: танҳо пайи нафси хеш набуда,  дар фикри  якдигар бошем, зеро инсоният танҳо дар ҳамбастагию дастгирии ҳамдигар саодатманд хоҳад шуд. Аз ин ҷост, ки садақаро омили рушду тараққии моддӣ ва маънавии худи садақадиҳанда гардонидааст. Ҳама рӯз рӯза будан, ҳама шаб намоз хондан, Шаби ҷумъаҳо нахуфтан, ба Худой роз гуфтан, Зи Мадина то ба Каъба сару по бараҳна рафтан, Ду лаб аз барои лаббайк ба вазифа боз кардан, Ба Худо, ки ҳеҷ якеро самар он қадар набошад, Ки ба рӯи ноумеде дари баста боз кардан. Ҳаким Саноӣ Дар рӯзи ид шодиву хурсандӣ кардан хуб аст. Аз Оиша ривоят аст, ки рӯзи иди Фитр ё Қурбон падараш Абӯбакри сиддиқ ба хонаи ӯ даромад ва Пайғамбар (с) дар назди ӯ буданд ва дар ҳузури Оиша ду мутриба ҳамон сурудҳоеро, ки ансориён рӯзи Буъос хонда буданд, месуруданд. Пас Абӯбакр ду бор гуфт: »Созу навои шайтонӣ«! Аммо Пайғамбар (с) гуфтанд:  «Эй Абӯбакр, онҳоро ба ҳолашон бигузор, дар воқеъ ҳар қавмеро иде ҳаст ва ба дурустӣ ки иди мо ҳамин рӯз аст». Қабл аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» қисме аз маросиму маъракаҳо бо сабаби серхарҷ буданашон боиси ба вуҷуд омадани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардида, ба оилаҳои камбизоат зарари зиёд мерасониданд ва боиси исрофкорӣ мешуданд. Имрӯз бошад мардум моҳияти қонунро дуруст дарк намудаанд. Дар натиҷа маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандон барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ, харидории воситаҳои нақлиёт ва асбобу таҷҳизоти рӯзгор, инчунин, барои таълиму тарбияи фарзандон равона шуда истодаанд. Ин ҳама аз дастовардҳои истиқлолият аст. Маҳз ба шарофати истиқлолият мо дар фазои озоди динӣ зиндагӣ намуда, эътиқодоти мазҳабии худро қонеъ мекунем, озодона намоз мехонем, рӯза медорем, идҳои Рамазону Қурбонро ҷашн мегирем.  Бинобар ин, бояд ба қадри сулҳу субот, ба қадри истиқлоли Ватан бирасем ва шукронаи онро ба ҷо орем. Худованд дар ҳадиси қудсӣ фармудааст: «Ҳар амали бандаи мӯъмин барои худи вай аст, магар рӯза, ки он барои Ман аст ва Ман худ подоши онро медиҳам». Умедворам ки Парвардигор бо фазлу карам ва лутфу инояти бениҳояти Худ тоату ибодати мардуми мусулмони моро ба даргоҳи бениёзаш қабул мефармояд ва аҷри ваъдакардаашро ба онҳо насибу рӯзӣ мегардонад. Пешвои миллат дар тарғиби некиву накӯкорӣ, дастгирии ятимону барҷомондагон чунин башорат додаанд: Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як роҳбар ва шахси масъул, фаъолони ҷомеаи кишвар, пеш аз ҳама, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳо, падару модарон устодону омӯзгорон, олимону адибон ва умуман аҳли зиё, инчунин ходимони дин ва ҳар як фарди бонангу номус аз он иборат аст, ки арзишҳои олии фарҳанги милливу диниамон – некиву накӯкорӣ, адлу инсоф, хайру саховат ва дастгирии ятимону дармондагонро дар байни мардум, хусусан ҷавонон мунтазам тарғиб намоянд; Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки хислатҳои неки инсониро натанҳо дар моҳи Рамазон, балки шиори доимии худ қарор дода, барои фарзандони худ намунаи ибрат бошем. Бо чунин нияти нек, моҳи шарифи Рамазонро хайрбод гуфта, хурду бузург – ҳамаи шуморо бо фарорасии иди сайиди

МАҚОЛАҲО

Рамазон айёми хайру сахо

Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ  «Имоми Аъзам ва ахлоқи умумиинсонӣ» чунин гуфтаанд: ҷомеаи инсонӣ ба ҷуз қонун ва сохторҳои марбутаи идоракунии худ боз дорои маҷмуи меъёрҳо ва принсипҳои ахлоқӣ мебошад, ки рафтору муносибати аъзоёни онро ба низом медарорад».   Риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар Рамазон бевосита таъкид шудаанд, яъне рӯза доштан дар моҳи Рамазон қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба сӯи худсозиву, худшиносӣ, отифаи нек ва эҳсоси дардҳои ҷомеа ҳидоят менамояд. Гуруснагиву ташнагӣ аҳли ҷомеаро дар навбати аввал ба сабру пойдорӣ дар хештан ва дар навбати дуюм ёди ранҷҳои нодорону дармондагон меоварад. Ва ҳамин ёдоварӣ оғози ҳамкориву ҳамдастӣ буда, муҳабати якдигариро дар миёни қишри ҷомеа ба вуҷуд меорад. Ба ибораи дигар шахси рӯзадор бори дигар тавоноҳои руҳӣ, неруи ирода ва зарфияти инсонии худро дар зарфи як моҳ таҷдид менамояд ва бо руҳияи тоза ва неруи нав ба эъмори зиндагӣ мепардозад. Худдорӣ аз беҳудагӣ, бадзабонӣ ва бадрафторӣ аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки мактаби рӯзадорӣ ин шеваро асоси тарбияи ахлоқӣ маънидод кардааст. Зеро худдорӣ аз хостаҳои нафс камтарин ва ё маҷмуи зоҳирии рӯзаро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки ҳадафи асосии рӯза доштан худсозии шахси рӯзадор аст ва ин маҷмуа вақте барои рӯзадор ҳосил мешавад, ки қадамҳои барҷастае дар раванди худсозӣ ва такомули ҷанбаҳои инсонии худ бипардозад. Касе (дар моҳи Рамазон) суханони дурӯғ, амал кардан ба он ва ҷаҳолатро тарк накунад, Худо ҳеҷ ниёзе ба тарки хӯрдан ва нӯшидан- рӯзаи вай надорад. ( Саҳеҳи Бухорӣ, 1903, 6057). Ва яке аз он барномаҳо дар моҳи Рамазон анҷом додани садақаи фитр аз ҷониби шахсони сарватманд барои муҳтоҷон ва мустамандон мебошад. Воқеан ин барномаи тарҳрезишуда, дар тинати худ ҳикматҳоеро доро мебошад. ки баъзеи онҳоро руйи коғаз меорем; 1.Тарбияи руҳии инсон ҷиҳати накукорӣ, саховатмандӣ ва дурӣ ҷустан аз ҳирс ва ангезаҳои бухл, як тарафагӣ, дархуд печидагӣ. 2.Муҳимтарин ҳикмати он, шакли иҷтимоипазирӣ ва дар ҷамъият амалӣ гаштани дастгирии молӣ аст, ки ин эҳсоси масъулият дар мавриди мустамандон, бенавоён  мебошад. 3.Эҷоди ҳад ва ҳудуд барои сарватҳое, ки дар ихтиёри сарватмандҳо ва бозаргонон ва санъатгарон, то  амвол ва сармоя танҳо дар ихтиёри гурӯҳи хосе набошад ва дар миёни сарватмандон даст ба даст нагардад. Ин амали хайр шахсиятҳои такомулёфтаи иҷтимоиро ба бор меоварад, ки фидокорию эҳсонро барои пешрафти ҷомеа ҷомаи амал мепушонанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа дар бораи шахсони муҳтоҷ суханронӣ намуда, доир ба фазилати садақаи ҷория чунин зикр карда буданд: «Ашхоси доро ва сарватманд бояд саъй кунанд, ки садақаашонро аввал ба бародару хоҳари камбизоат, хешу табори наздик, ҳамсоягон ва одамони камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд диҳанд. Ё маблағҳои худро ҳамчун садақаи ҷория барои обод кардани деҳаву манзил, маҳалли зист, об овардан, пул сохтан, роҳ бунёд кардан, сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар корҳои нек сарф кунанд, ки он хайри солеҳ мебошад». Доир ба фазилати садақаи ҷория Пайғамбар (с) фармудаанд: «Чун инсон бимирад, амали ӯ қатъ мегардад, магар се чиз: садақаи ҷория, илме ки аз он истифода шавад ё фарзанде солеҳе, ки барои падару модараш дуо кунад» (Ҳадиси саҳеҳ, м.1631). «Ва некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рӯйи савоб беҳтаранд ва аз рӯйи умед доштан хубтаранд» (Сураи Каҳф, ояти 46). «Ва некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рӯйи подош беҳтар ва ба оқибат некутаранд» (Сураи Марям, ояти 76). Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки ба хайру эҳсон даст кушода, сабаби ободтар гаштани диёр, бароварандани ниёзҳои мардум гардем, то ба ин васила ҳам дунё ва ҳам охиратамон обод гардад.   Наботов М Сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломи              

МАҚОЛАҲО

АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДИИ  САДАҚАИ ФИТР

  Дар ҳамаи давру замон, вақте  мавзуе мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор мегирад пеш аз ҳама зарурат ва мубрамияти онро дар ҳаёти ҳамонвақта бояд дар назар гирифт, нақш ва таъсири онро дар пешрафти ҷомеа ва дастовардҳои онро равшан сохт. Низоми молӣ ва иқтисодии ҳар як сохти ҷаъмиятӣ аз якдигар фарқ дошта, дар асоси он сохти ҷаъмиятӣ ба танзим дароварда мешавад. Масалан, низомии қтисодии сотсиалистӣ аз низоми иқтисоди ҷаҳони сармоядорӣ (капиталистӣ) фарқ дорад. Пас низоми молӣ ва иқтисодии ҳар сохти ҷаъмиятӣ аз дидгоҳи ҳамон сохтор нисбат ба молу сарват, муайян намудани арзишу ҷойгоҳи пулу сарват дар ҳаёти фардӣ ва иҷтимоӣ, усули танзим ва нигоҳ доштани гардиши мол дар иқтисодиёти кишвар иборат мебошад. Ислом бо назардошти тамоми паҳлуҳои зиндагии инсон низоми пардохтҳои молиеро ба роҳ андохтааст, ки ҷомеаро аз паёмадҳои ногувори иҷтимоӣ ва буҳрони иқтисодӣ нигоҳ медорад. Дар баробари он, бо асос гузоштани низоми пардохти молии худ барномаҳои дигареро низ тарҳрезӣ кардааст, ки ҳуқуқи қишрҳои камбизоати ҷомеаро таъмин менамояд, ки он аз байнбарандаи фақру тангдастӣ  ва ноумедӣ аз ояндаи онҳо мебошад. Ва яке аз он барномаҳо дар моҳи Рамазон анҷом додани садақаи фитр аз ҷониби шахсони сарватманд барои муҳтоҷон ва мустамандон мебошад. Воқеан, ин барномаи тарҳрезишуда, дар тинати худ ҳикматҳоеро доро мебошад, ки баъзеи онҳоро руйи коғаз меорем: 1.Тарбияи руҳии инсон ҷиҳати накукорӣ, саховатмандӣ ва дурӣ ҷустан аз ҳирс ва ангезаҳои бухл, як тарафагӣ, дар худ печидагӣ. 2.Муҳимтарин ҳикмати он, шакли иҷтимоипазирӣ ва дар ҷамъият амалӣ гаштани дастгирии молӣ аст, ки ин эҳсоси масъулият дар мавриди мустамандон, бенавоён  мебошад. 3.Эҷоди ҳад ва ҳудуд барои сарватҳое, ки дар ихтиёри сарватмандҳо ва бозаргонон ва санъатгарон, то  амвол ва сармоя танҳо дар ихтиёри гуруҳи хосе набошад ва дар миёни сарватмандон даст ба даст нагардад. Ин амали хайр шахсиятҳои такомулёфтаи иҷтимоиро ба бор меоварад, ки фидокорию эҳсонро барои пешрафти ҷомеа ҷомаи амал мепушонанд. Заҳмати ин рўзаро бошад натоиҷ беадад.   Меҳнати ин рўзаро бошад фавоид бешумор, Бохабар гардад ғанӣ аз меҳнату ранҷи фақир, Мутталеъ гардад саҳеҳ аз ҳолати шахси низор, Фитру ифтору иноятро ба по дорад ғанӣ, Раҳму инсофу мурувватро кунад ин маҳ шиор. Хуррами Шерозӣ Аз ин ҷост, ки ислом  дар баробари ҷонибдорӣ ва эҳтиром  гузоштан ба моликияти хусусӣ боз асосҳои амалеро бино гузоштааст, ки муҳити солимии ҷомеаро ҳамаҷониба ҳифз менамояд. Аммо дар ҳолатҳои буҳрони иқтисодии ҷомеа, ки ногузир ба фурў рехтани пояи шахсияти қишри бенавои он меанҷомад, ҳар гуна мактабҳои гумроҳкунандаи фикри ва ҷараёнҳои бегонаи фарҳангӣ андешаҳои қишри азими ҷомеаро мавриди тохту тозҳои фарҳангии худ қарор медиҳанд. Онҳо бо ба шубҳа афкандани афкори мардум нисбат ба тамадуни дурахшони динӣ ва фарҳанги азими миллии худ заминаҳои бегонагии фарҳангӣ ва шикасти маънавиро дар зеҳни онҳо омода месозанд ва бо ҳамин асос ваҳдати миллиро халалдор месозад ва аз ҳолати фақру тангдастӣ ва маъюсии қишри бенавои ҷомеа суиистифода намуда, заминаи ҳаргуна гароиши фикрӣ ва эътиқодии нодурустро фароҳам месозанд. Садақаи фитр: ҳукм, навъ, миқдор, ҷойи сарф ва далелҳои садақаи фитр тибқи мазҳаби ҳанафӣ. Дар мазҳаби ҳанафӣ садақаи фитр бар шахсе воҷиб мешавад, ки мусулмон бошад, озод бошад ва соҳиби нисоб бошад, яъне дорои моле бошад, ки аз эҳтиёҷи асосӣ (хона, либос, асбобҳои зиндагӣ) зиёдатӣ бошад. Ин нисоб як шабу рӯзи иди Фитр вуҷуд дошта бошад.[1] Инчунин дар китоби Рад-ул- Муҳтор омадааст: Садақаи фитр бар ҳар мусулмони озоде воҷиб аст, ки нисобе зиёда аз эҳтиёҷи асосии худ дошта бошад.[2] Шахсе, ки садақаи фитр бар ў воҷиб аст,  ҳаққи киҳоро бояд бипардозад? Дар мазҳаби ҳанафӣ сарвари хона (падар ё мард) садақаи фитрро аз ҷониби шахсҳои зерин бояд бипардозад: аз ҷониби худаш, аз ҷониби  фарзандони ноболиғ, аз ҷониби фарзандони девона ё нотавон, агар онҳо мол надошта бошанд, аз моли худаш мепардозад. [3] Миқдори садақаи фитр (дар мазҳаби  ҳанафӣ) Миқдори садақаи фитр дар мазҳаби ҳанафӣ  дар асоси соъ (صاع) муайян шудааст.[4] Яъне нисфи соъ аз гандум ё як соъ аз хурмо ё ҷав дода мешавад. Ҳуқуқшиносони мактаби ҳанафӣ як соъро тақрибан 3.5 кг ҳисоб кардаанд.[5] Яъне гандум 1, 75 кг, ҷав 3, 5 кг, хурмо 3,5 кг, мавиз 3,5 кг. Дар мазҳаби ҳанафӣ додани қимат (пул) ҳам ҷоиз аст.[6] Чӣ тавр бо сомонӣ ҳисоб карда мешавад? Масалан, садақаи фитр аз ҳисоби гандум 1.75 кг  мебошад ва  нархи 1 кг гандум 4 сомонӣ аст. Дар ин сурат тақрибан 1,75 = 7 сомонӣ мебошад ва шахсе, ки садақаи фитр бар ў воҷиб аст 7 сомон барои як шахс мепардозад,  ин вобаста ба нархи бозор тағйир ёбанда аст. Садақаи фитрро ба кадом шахс додан лозим аст, ё кадом гурўҳҳо садақаи фитрро гирифта метавонанд? Садақаи фитрро ба шахсоне дода мешавад, ки закоти молро барои онҳо додан ҷоиз аст, яъне  фақирон, мискинҳо, қарздорон, ҷамъкунандагони закот, муаллафатул-қулуб, озод кардани ғулом, дар роҳи Аллоҳ, мусофири дармонда.[7] Далелҳои садақаи фитр тибқи мазҳаби ҳанафӣ: «Албатта покон наҷот ёфтанд, Онон, ки номи Парвардигори худро бар забон оварданд ва намоз гузориданд». Покон ба садақаи фитр ишора мекунад.[8] Пайёмбари ислом Муҳаммад (с) садақаи фитрро як соъ хурмо ё як соъ ҷав амр фармуданд.[9] Чи тавре мушоҳида менамоем ин навъи системаи пардохти молӣ бо суръати ҳакимона ва миёнаравонае падидаи бенавоиро аз байн бурда, то андозае садди роҳи мактабҳои фикрӣ ва ҷараёнҳои бегона гашта, ҷомеаи солимеро роҳандозӣ мекунад. Эҷоди ваҳдату якпорчагӣ дар миёни мардум яке аз муҳимтарин амал ва  масъулиятҳои  иҷтимоӣ ба шумор меравад. Вақте шахси сарватманд ҳиссае аз молашро ҷудо намуда, дар ихтиёри қишри ниёзманд ва мустаҳиқи ҷомеа мегузорад ва онҳоро аз он фақру тангдастӣ, маҳрумияту маъюсӣ мераҳонад, ҳамаи онҳо нисбат бо сарватмандони ҷомеаи худ хушбин мегарданд. Бо ҳамин заминаи ҳамкориву дастгирӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба вуҷуд меояд. Адабиёт 1.Қуръони Карим сураи Аъло, ояти 14-15. Саҳеҳ- ул- Бухорӣ, ҳадиси №1503 Саҳеҳ-ул-Муслим, ҳадиси №984 Алоуддин ал-Косонӣ (587ҳ), Бадоеъ-ус- Саноеъ фӣ тартиби -ш-шароиъ, Дор-ул-кутуб -ал-арабия 1982, Бейрут Лубнон. Бурҳонуддин Абулҳасан, ибни Алӣ, ибни Абўбукр ал-Фарғонӣ ал-Марғинонӣ (593ҳ) ал-Ҳидоя шарҳ Бидоят-ул- Мубтадӣ, Бейрут, Дор-ул-Эҳё ат-Турос ал-Арабӣ . Муҳаммад Амин ибни Умари Обидин, Раддул-Муҳтор ало дуррил–Мухтор (дор -ул- улум-ул- кутуб Риёз, 1423ҳ -2003м.   Наботов М. Сармутахассиси  шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ

МАҚОЛАҲО

Худшиносӣ – калиди рушди инсоният

Охири қарни ХХ таваҷҷуҳи миллатҳо ба фарҳанги маънавӣ зиёд гардид. Одамон кӯшиш мекунанд, ки таърихи халқи худро амиқтар омӯзанд, ба моҳияти арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ ворид шаванд. Фарҳанг маҷмуи натиҷаҳои фаъолияти инсон, воситаи интиқоли иттилоот ба наслҳои баъдӣ мебошад. Омузиши ҷомеа тавассути фарҳангу анъанаи он бениҳоят муҳим аст, зеро барои фаҳмидани падидаи иҷтимоӣ хусусиятҳои иқтисодӣ ва сиёсии он калидӣ буда наметавонанд. Муайян кардани маҷмуи падидаҳои фарҳангии ба ҳам алоқаманд дар ҷомеа имкон медиҳад, ки шаклҳои гуногуни фаъолияти инсонӣ ба низом дароварда шаванд. Аз худ кардани фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги этникӣ (нажодӣ) барои таҳлилу шарҳ додани бисёр равандҳои ҳаёти динӣ ва иҷтимоӣ кӯмак хоҳад кард. Интиқоли фарҳанги этникӣ ва асосноккунии назариявӣ ва методии онро педагогикаи этникӣ иҷро мекунад. Ҳар як халқ дорои фикрҳои арзишманди педагогӣ, бозёфтҳо, усулҳо ва воситаҳои тарбияи насли наврас мебошад, ки ба арзишҳои умумиинсонӣ нигаронида шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки таҳлил ва ҷамъбасти ҳама чизҳои арзишманде, ки аз ҷониби халқ офарида шудаанд, метавонанд ба хазинаи мактаби муосир бисёр чизҳои муфидро ворид кунанд. Педагогикаи этникӣ дар амал тамоми паҳлӯ ва унсурҳои таркибии фарҳанги маънавӣ ва моддии этноси муайянро дарбар мегирад. Аз ҷумла, расму ойин, урфу одат, анъана, эътиқод, бозӣ, тарзи меҳнат, тарзи зиндагӣ, эҷодиёти даҳонакӣ ва дигарҳоро. Истилоҳи «Этнопедагогика» бори аввал дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ соли 1972 аз ҷониби академик Г.Н. Волков (1927-2010) истифода шудааст. Барномаҳои педагогикаи этникӣ дар замони шуравӣ дар шаҳрҳои Чебоксар, Москва, дар донишгоҳҳои олии педагогии Қафқози Шимолӣ (Махачқала, Грозний, Майкон) таҳия карда шуданд [1]. Академик Г. Н.Волков дар китоби худ «Этнопедагогика» на танҳо ин мафҳуми илмиро муайян мекунад, балки тавсифи назариявии педагогикаи этникиро ҳамчун соҳаи мустақили илми педагогӣ баён мекунад. Ҳамин тавр, педагогикаи этникӣ ҳамчун соҳаи тадқиқоти назариявӣ муайян карда мешавад ва педагогикаи халқӣ ба таҷрибаи тарбияи халқ, ғояҳо ва воситаҳои он дахл дорад. Г. Н. Волков педагогикаи этникиро ҳамчун илм дар бораи таҷрибаи эмпирикии гурӯҳҳои этникӣ дар тарбия ва таълими кӯдакон, дар бораи ақидаҳои ахлоқӣ ва эстетикӣ ба арзишҳои аслии оила, авлод, қабила, миллату халқҳо муайян мекунад. Дар хориҷа анъанаҳои тарбиявии халқиро ҳанӯз дар ибтидои асри XVII педагоги чехӣ А. Я. Коменский (1592-1670) дар асари худ «Дидактикаи бузург» пешниҳод карда буд. Ҳангоми омузиши педагогикаи халқӣ танҳо таҷрибаи таърихии миллӣ ҳамчун асос қабул карда шуд. Таваҷҷуҳи педагогикаи халқӣ тасодуфӣ нест, зеро он қисми фарҳанги маънавии халқ мебошад, ки асосҳои ахлоқро ташаккул медиҳад. Равияҳои педагогикаи халқӣ дар тамоми қитъаҳо ва ҳамаи нажодҳо ва халқҳо умумияти зиёд доранд, зеро онҳо аз самтҳои арзишҳои умумиинсонӣ сарчашма мегиранд. Ин барои ҳар яки мо дар асри низоъҳои байналмилалӣ, пастшавии ахлоқ ва аз нав дида баромадани арзишҳои маънавӣ хеле муҳим аст. Мавзуи педагогикаи этникӣ фарогири масъалаҳои зерин мебошад: педагогикаи рӯзгори оилавӣ, масалҳои халқҳои ҷаҳон ва аҳамияти онҳо ва интиқоли таҷрибаи ахлоқӣ ба наслҳои наврас, муаммоҳо ҳамчун воситаи тарбияи ақлӣ, сурудҳои халқӣ ва нақши онҳо дар тарбияи эстетикии кӯдакон ва ҷавонон, бозичаҳои худсохт ва эҷодиёти кӯдакон, муҳити кӯдакон ва ҷавонон, вазифаҳои педагогии он, сурудҳои гаҳворавии халқҳои ҷаҳон ҳамчун дастовардҳои барҷастаи шеъри модарӣ, мактаби модарӣ ва педагогикаи модарӣ, фарҳанги халқҳои гуногун ва ҳувияти миллии онҳо ва ғайра [2]. Педагогикаи этникӣ мавзуи байнисоҳавӣ мебошад. Азбаски сухан дар бораи таъсири некбинонаи тарбиявӣ нисбати кӯдак меравад, он бешубҳа бо педагогика робита дорад. Ба андешаи доктори илмҳои педагогӣ О.Хухлаева (1952-2019) педагогикаи этникӣ бояд дар атрофи се илм баррасӣ карда шавад: педагогика, психология ва этнография, зеро ин се илм барои рушди инсон ва ворид шудани он ба ҷараёни зиндагии воқеӣ равона гардидааст [3]. Моҳияти педагогикаи этникӣ буд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон низ оид ба фарҳанги этникӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Ҳамин аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 1998, №50 Консепсияи маълумоти этнофарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи татбиқи он қабул гардид. Дар асоси талаботи Барномаи иҷрои консепсияи омузиши этнофарҳангӣ Вазорати маориф ва илм уҳдадор гардид, ки барои муаллимони донишгоҳҳову омузишгоҳҳои омузгорӣ дар заминаи Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ китоби дарсии «Этнопедагогика» ба чоп расонад [4]. Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2008, №2/23 ба сифати китоби дарсӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳҳо ва коллеҷҳои омузгорӣ китоби олимони шинохтаи соҳаи педагогика, профессорон Баён Раҳимов ва Абдулбоқӣ Нуров зери унвони «Педагогикаи этникӣ ва халқии мардуми тоҷик» рӯйи чоп омад. Консепсия, инчунин омухтани афкори педагогии халқи тоҷикро ҳам (яъне афкори педагогии мутафаккирони халқи тоҷикро) дар назар дорад. Чунки ояндаи ҷомеа аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон вобаста аст. Бинобар ин, низоми таълиму тарбия дар мамлакат бояд ба илм, фарҳанг ва таърихи ниёгонамон сахт вобаста бошад ва асоси онро бояд худшиносии миллӣ ташкил диҳад. Асоси педагогикаи этникӣ ва халқиро таҷриба ва анъанаҳои этноси халқҳо, урфу одат, расму таомул, ойин ва маросимҳои онҳо ва эҷодиёти даҳонакии халқ ташкил мекунад [5]. Моҳияти илмӣ ва амалии педагогикаи этникӣ аз он иборат аст, ки онҳо эҳёгари арзишҳои миллии ниёгон доир ба таълиму тарбия ба шумор рафта, ба тарбия руҳи миллӣ мебахшанд. Ба қавли академик М.Лутфуллоев худшиносию ифтихори миллӣ модарзод нест, онро тарбия бояд кард ва ҳар қадар аз синну соли хурдӣ сурат бигирад, ҳамон қадар муассир аст [6]. Волидайн хуб медонанд, ки тарбияи фарзанд кори ниҳоят душвор буда, диққати хеле зиёд, донишу таҷрибаи амиқ ва маҳорати муайянро талаб менамояд. Бинобар ин, онҳоро зарур аст, ки дар тарбияи кӯдакону наврасон аз расму ойин ва таомулҳои ба тарбияи бачагон вобаста самараноку мақсаднок истифода баранд, зеро ин раванд ба манфиати кор хоҳад буд. (Идома дорад) О.Вализода, Ш.Одинаева, кормандони Маркази исломшиносӣ Адабиёт: 1. Кукушин В.С. Этнопедагогика, Москва, 2013, с.112 2. Волков Г.Н. Этнопедагогика. Москва, 1999, с.5 3. Хухлаева О.В. Этнопедагогика: социализация детей и подростков в традиционной культуре. Москва, 2008, с.6 4. Сомонаи интернетии Маркази қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.mmk.tj) 5. Раҳимов Б., Нуров А. Педагогикаи этникӣ ва халқии мардуми тоҷик, Душанбе, 2008, с.14 6. Лутфуллоев М. Тоҷикистони соҳибистиқлол ва масъалаҳои тарбия. Душанбе, 2001, с.38

МАҚОЛАҲО

Сабаби қафомонии мусулмонон чист ё кист?

Таҳқиқи системавии таърихи ислом дар оғози пайдоиши худ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ислоҳу таъмини пешрафти ҷомеа аз ҷумлаи ҳадафҳои марказии Паёмбари ислом Муҳаммад (с) маҳсуб меёфтанд ва бояд дар оянда ба қутбнамои фаъолияти илмӣ-таълимии донишмандони ислом ё ворисони Паёмбар (с) табдил меёфтанд. Мутаассифона, донишмандони исломӣ аксаран ба сабаби дур будан аз равиши системавии таҳқиқ бо масоили соф динӣ маҳдуд гардида, ҷавҳарро дар таълимоти Паёмбар пайхас накарданд. Ба қавли дигар, онҳо масоили диниро ба шоҳроҳи таълимоти хеш қарор дода, масъалаи ҳаётан муҳим ва хеле нозуку муфид – таъмини таҳаввули иҷтимоиро ба гӯшаи фаромушӣ супориданд. Ҳамин ноогоҳӣ аз таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар (с) ва маҳдудшавӣ бо масоили динӣ, чуноне ки аз таърихи рушди илм дар аксари кишварҳои исломӣ бармеояд, донишмандони исломиро тадриҷан ба фишангҳои боздорандаи рушди ҷомеа мубаддал сохтанд. Дар натиҷа мардуми мусулмон ба пешвоёни динии худ ҳамчун ворисони Паёмбар (с) ва роҳбалади зиндагӣ гӯш дода, аз дарки асрори ҳастӣ қафо монданд. Чизе, ки дар самти пешгирифтаи пешвоёни дин “болои сӯхта – намакоб” маҳсуб меёбад, хосияти яхбастагӣ ва таҳаввулнопазир доштани роҳи пешгирифтаи пешвоёни дини ҷомеаҳои мусулмоннишин мебошад, ки албатта, бесабаб нест. Сабаби асосии ин карахтию яхбастагӣ ва таҳаввулнопазирии роҳи пешгирифтаи қишри мазкур, ки бешак муғризона ҳамчун маҳсули интихоби бошуурона амалӣ мегардад, ин ҳавасмандии моддии қишри номбурда аз ин роҳ аст. Дар давоми солиёни дароз, ҳатто қарнҳо ин ҷониб, бо сӯиистифода аз дин қишри мазкур бидуни меҳнати чашмрас мақоми иҷтимоии хуберо пайдо намуда, аз зиндагии хубе баҳравар буданд. Таҳлилҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки агар, аз як тараф, ҷаҳолат ва ноогоҳии аҳли ҷомеа ба боло рафтани мавқеъ ва нуфузи иҷтимоии онҳо мусоидат карда бошад, аз тарафи дигар, худи онҳо ҳама гуна навовариро ҳам дар ҳаёти амалӣ ва ҳам дар андеша бидъат маҳсуб дониста, бо тамоми ҳастӣ аз ҳолати қолабгирифта дифоъ мекарданд, зеро қонуни нонавиштаи “халқ сарчашмаи зиндагию худи дин василаи пешбурди ҳаёт” барои онҳо хеле мувофиқ буд. Мантиқан ҳар чӣ бештар ҷоҳилу эътиқодманд гардидани мардуму ба сарчашмаи зиндагии пурнишоту пурфараҳи қишри номбурда табдил ёфтани аҳли ҷомеа онҳоро бо муҳофизони қавии низомҳои шахшудамонда мубаддал гардонда буд. Аз ин рӯ, хурдтарин огоҳӣ ё тағйирот дар мафкураи аҳли ҷомеа боиси нигаронии эшон мегардиду онро бидъат, ширк ё куфр арзёбӣ намуда, вокуниш нишон медоданд. Ҷойи шубҳае нест, ки ҳамин ҳавасмандии моддӣ ва манфиати дунявии пешвоёни дин аз таълимоти динии яхбаста ва ғайриқобили пешрафт тадриҷан олами исломро ба мустамликаи кишварҳои рушднамуда табдил додааст. Агарчанде дар ду садсолаи охир улуми воқеӣ ва натиҷаҳои он барои тамоми ҷомеаи башарӣ дастрас гардиданду зарурати таҳсили онро барои тамоми олами қафомондаи ислом амалан нишон доданд, бо вуҷуди ин, мутаассифона, ҳанӯз ҳам пешвоёни дини ҷомеаи мо ба хотири канда нашудан аз сарчашмаи таъминоти моддии худ пофишории худро бар зарур будану аҳамиятнокии маълумоти динӣ идома дода истодаанд. Яъне, барои қишри номбурда на дарки таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар (с) ва на рушди улуми воқеию таъмини пешрафти ҷомеа, балки ҳифзи нуфузи иҷтимоии худи эшон муҳимтару заруртар мебошад. Ҳамин тариқ, бидуни тардид на тарс аз Худою азоби қиёмат, балки маҳз ҳифзи манфиатҳои дунявии моддии худу дифоъ аз мақому нуфузи иҷтимоии қишри худ бо сӯиистифода аз дин, сабаб гардидааст, ки “уламо”-и ҷомеа пайваста дар ҳифзи дин бошанду ҳама гуна афкору ақоиди воқеан илмиро зиддидинӣ маънидод намуда, пешрафти ҷомеаро боздоранд ва дар ниёзманд гардонидани ҷомеаи мусулмоннишин ба ҷомеаи ғайримусулмоннишин саҳмгузор бошанд. Қобили зикр аст, ки Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) аз ҳолати ногувори олами ислом тақрибан 100 сол пеш нороҳатӣ изҳор намуда, бо як ҷаҳон дард навишта буд: “Сарнавишти ағлаби кишварҳои исломӣ имрӯз чунин аст: Ба сурате мошинӣ арзишҳои куҳнаро такрор мекунад, дар сурате ки миллати турк дар хати он афтодааст, ки арзишҳои нав эҷод кунад…Суоле, ки имрӯз Туркия бо он рӯ ба рӯ аст ва муҳтамалан кишварҳои мусулмонии дигар низ дар ояндаи наздик ба он рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, ин аст, ки оё фиқҳи исломӣ қобили таҳаввул ҳаст ё на ва албатта, посух гуфтан ба чунин суоле мусталзими кӯшиши ақлии азим аст ва бидуни шак ба он ҷавоби мусбат дода хоҳад шуд” (Муҳаммад Иқбол. Эҳёи фикри динӣ дар ислом, Душанбе 2010, саҳ. 211). Донишманди шаҳир дар кишварҳои ғарбӣ пешрафти ҷомеаро бо чашмони худ мушоҳида намуда, аз куҳнапарастии мусулмонон дар хиҷил афтодааст ва барҳақ қайд намудааст, ки дигар кишварҳои исломӣ низ ҳатман чун миллати турк зарурати офаридани арзишҳои навро дарк менамоянд ва дар пайи навоварӣ хоҳанд шуд. Аллома Муҳаммад Иқбол ин ҷо соҳаи хеле муҳим ва муассири ҷомеаи исломӣ, маҳз фиқҳи исломиро ба хотири он махсус таъкид намудааст, ки фиқҳ батанзимдарорандаи на танҳо муносибатҳои байниҳамдигарии мусулмонон, балки банизомдарорандаи муносибатҳои онҳо ҳам ба воқеияти моддӣ ва ҳам воқеияти маънавӣ маҳсуб меёбад. Пешрафти олами мутамаддин ва ҳамқадами замон набудани меъёрҳои танзимдарорандаи исломӣ барои муҳаққиқ омили асосии қафомонӣ арзёбӣ гардидаанд. Ба қавли дигар, фиқҳи шахшудамонда барои ӯ нақши фишанги боздорандаи рушдро бозидааст. Аз ин рӯ, ӯ дар хусуси зарурати таҳаввулот дар чунин соҳаи ҳаётан муҳим сухан ронда аст. Қобили зикр аст, ки Аллома Муҳаммад Иқбол ҳамчун шахси ҳам соҳибилму ҳам ғамхори дин ҳамин нороҳатии худро аз ҳолати ногувори таълимоти мазҳабӣ низ баён намудааст. Ӯ бо таассуф ибрози ақида намудааст, ки “… ҳанафиёни ҷадид бар хилофи рӯҳи ин мазҳаб тафсиру таъбирҳои муассиси ин мазҳаб ва пайравони билофасли ӯро ҷанбаи абадият бахшида ва ҳамон рангу суботу абадиятеро, ки мухолифони Абӯҳанифа ба фатовии баёншудаи дар ҳолоти айнии хос медоданд, инон низ ба фатовии Абӯҳанифа ва пайравони вай додаанд”( Ҳамон ҷо, саҳ. 228-229). Андешаи мураккаб ва пурмаънои донишманди шаҳир тақозо менамояд, ки ба ибораҳои “ҳанафиёни ҷадид”, “рӯҳи ин мазҳаб”, “ҷанбаи абадият”, “ҳолоти айнии хос” таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Ибораи “ҳанафии ҷадид” мантиқан зидди мафҳуми “ҳанафии пешина, қадим, кӯҳан” буда, бо он айният надоштани худро лафзан баён намудааст. Яъне, ҳанафии ҷадид аз ҳанафии пешина аз лиҳози замону шароити зиндагӣ куллан фарқ менамояд. Ибораи “рӯҳи ин мазҳаб” дар ҷумлаи мутафаккири шаҳир чунин маъноро ифода менамояд, ки ба мазҳаби ҳанафия қолабпарастию шахшудамондагӣ хос нест. Яъне, мазҳаб мазҳаби ақлгарою таҳаввулгарост. Ибораҳои “ҷанбаи абадият” ва “рангу суботу абадият” ба он маъно ишора менамояд, ки таълимоти муассиси мазҳаб дар шароити нав ҳам мувофиқи фаҳмиши асримиёнагӣ шарҳ дода мешавад, ки мантиқан нодуруст ва мушкилзо мебошад, зеро шароити нав вижагиҳои замонии худро дорад, ки бидуни баинобатгирии онҳо андеша ноқис хоҳад буд.

МАҚОЛАҲО

Инсон ва ҷомеа аз дидгоҳи Абунасри Форобӣ

Масъалаи робитаи инсон ва ҷомеа яке аз мавзуъҳои меҳварии фалсафаи иҷтимоӣ ба шумор меравад. Файласуфи барҷастаи асрҳои миёна, Абунасри Форобӣ, дар осори худ бо такя ба ақлгароӣ ва таҷрибаи иҷтимоӣ масъалаи табиати иҷтимоии инсон, зарурати ҳамкорӣ ва сохтори ҷомеаи комилро мавриди таҳлил қарор додааст. Ба андешаи ӯ, «Инсон аз ҷумлаи мавҷудотест, ки барои расидан ба камолоти худ ниёз ба љомеа ва ҳамкорӣ бо дигарон дорад, зеро ҳар фард ба танҳоӣ қодир ба таъмини ҳамаи ниёзҳои худ нест».[1] Ба назари Форобӣ, ҳар як инсон тибқи фитрати табиии худ ниёзманд офарида шудааст. Ӯ барои бақои вуҷуд ва расидан ба саодат ва камолоти олӣ ба чизҳои гуногун эҳтиёҷ дорад. Аммо таъмини ҳамаи ин ниёзҳо аз тавоноии як шахс берун аст. Аз ҳамин ҷост, ки инсон ба ҳамкорӣ ва зиндагии дастаҷамъӣ рӯ меоварад. Форобӣ таъкид мекунад, ки инсон бидуни муҷтамаъ наметавонад ба ҳадафи аслии офариниши худ, яъне камолоти маънавӣ ва ақлонӣ даст ёбад. Яке аз муҳимтарин ташбеҳҳои Форобӣ қиёси ҷомеа ба бадани инсон аст. Ӯ шаҳри фозиларо ба бадани солим монанд мекунад, ки ҳамаи аъзояш барои ҳифзи ҳаёт ва камоли он ҳамоҳангона фаъолият мекунанд.[2] Дил дар бадан ҳамчун узви роҳбар амал мекунад ва дигар аъзо мутобиқи вазифаи худ барои таъмини ҳадафи умумӣ фаъолият менамоянд. Ҳамин тавр, дар ҷомеа низ шахси роҳбар мавқеи марказӣ дорад ва дигар табақаҳо мутобиқи қобилият ва малакаҳои худ дар такмили ҷомеа саҳм мегузоранд. Аммо Форобӣ фарқи муҳимро миёни бадан ва ҷомеа чунин таъкид мекунад: “Аъзои бадан табиатан дорои қувваҳои муайянанд, дар ҳоле ки ҷойгоҳ ва вазифаи инсон дар ҷомеа на танҳо аз фитрати табиӣ, балки аз малакаҳои ихтиёрӣ ва касбии ӯ вобаста аст. Яъне инсон бо омӯзиш, таҷриба ва интихоби озодонаи худ соҳиби пеша ва мақоми иҷтимоӣ мегардад. Пас, сохтори ҷомеа бар пояи ҳам фитрат ва ҳам иродаи инсон бунёд мешавад”. Дар тафаккури Форобӣ ҷомеа натиҷаи зарурати табиии инсон аст. Азбаски ҳар фард ниёзманд мебошад, пас ҳамаи инсонҳо ба якдигар вобастаанд. Ин вобастагӣ боиси ташаккули иҷтимоъҳои гуногун мегардад. Форобӣ ҷомеаҳоро ба комил ва нокомил ҷудо мекунад. Ҷомеаҳои комил се дараҷа доранд: Кубро (бузург) – маҷмуи тамоми инсоният дар рӯи замин; Вусто (миёна) – ҷомеаи як миллат; Суғро (хурд) – ҷомеаи як шаҳр. Ҷомеаҳои нокомил бошанд, деҳа, маҳалла ва хонадонро дар бар мегиранд, ки худ ҷузъҳои таркибии ҷомеаи комилтар мебошанд.[3] Аз ин рӯ, дар фалсафаи Форобӣ «Мадинаи фозила» он ҷомеаест, ки дар он ҳамоҳангӣ, адолат ва ҳамкорӣ миёни афрод вуҷуд дорад ва роҳбар бо хирад ва фазилат ҷомеаро ба сӯи саодат раҳнамоӣ мекунад. Бар асоси таҳлили андешаҳои Форобӣ метавон хулоса кард, ки инсон аз нигоҳи ӯ мавҷуди иҷтимоӣ ва ниёзманд аст, ки танҳо дар муҳити ҷомеа ба камол мерасад. Ҷомеа барои инсон на ҳамчун як падидаи тасодуфӣ, балки зарурати фитрӣ мебошад. Ташбеҳи ҷомеа ба бадани солим нишон медиҳад, ки ҳамоҳангӣ, тақсими вазифаҳо ва роҳбарии оқилона асоси пойдории муљтамаъ аст. Ҳамзамон, фарқи миёни табиӣ будани аъзои бадан ва ихтиёрӣ будани сохтори иҷтимоӣ аҳамияти ирода, омӯзиш ва масъулияти инсонро дар ташаккули ҷомеа равшан месозад. Ҳамин тариқ, таълимоти Форобӣ дар бораи инсон ва ҷомеа на танҳо арзиши таърихӣ, балки аҳамияти назариявӣ ва амалӣ низ дорад, зеро он зарурати ҳамкорӣ, адолат ва роҳбарии оқилонаро дар бунёди ҷомеаи солим таъкид менамояд. АДАБИЁТ Алберт Насрӣ Нодир, Орои аҳли «Мадинаи фозила», Қоҳира, Дор-ул- машриқ. Walzer, Richard (ed. & trans.), Al‑Farabi on the Perfect State: Abū Naṣr al‑Fārābī’s Mabādiʾ Ārāʾ Ahl al‑Madīna al‑Fāḍila: A Revised Text with Introduction, Translation, and Commentary, Oxford: Clarendon Press / Oxford University Press, 1985, Абунаср – ал-Форобӣ, Орои аҳли «Мадинаи фозила», тарҷумаи Ҳумайд Иноят, Теҳрон, интишороти Хаворазмӣ, 1357 ҳ.   Наботов М.А. Сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломї

Прокрутить вверх