Китобхона

Лев Толстой...

Он отказался от Нобелевской премии, ненавидел деньги и выступал на стороне крестьян. Таким его не знал еще никто.
Его имя — Лев Толстой.

Шарҳи мунтахаби «Гулистони»-и Саъдии Шерозӣ

«Гулистон»-и безаволи Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ яке аз муҳимтарин, нафистарин ва пурмазмунтарин осори фикриву адабӣ ва ахлоқии тамаддуни башарӣ ба ҳисоб меояд.

Дар ин маҷмӯа мунтахаби ҳикоёту ҳикматҳо аз ин асари безавол шарҳу тафсир шудаанд.

Ҳар миллати бедор ва худогоҳ фарҳанги худро ҳифз мекунад, меомӯзад ва бо он зиндагӣ мекунад, то фарҳанги дигар бар фарҳанги вай мусаллат набошад.

Умед дорем аз ҷавонон, ки меросбари ин фарҳанги бузург ҳастанд, онро соҳибӣ кунанду омӯзанд ва сармашқи зиндагии худ қарор диҳанд.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Порча аз қасидаи Носири Хусрав

Худоё, арзу тӯли оламатро
Тавонӣ дар дили мӯре кашидан.
На вусъат дар даруни мӯр орӣ,
На аз олам сари мӯе буридан.
Ту дар иҷрои тоат ваъда додӣ
Биҳишт аз музди тоат офаридан.
Вале он музди тоат бо шафоат
Чӣ миннат аз ту мебояд кашидан,
В-агар на музди тоат нест ҳиммат,
Ба муздаш ҳар касе бояд расидан.
Касе, к-ӯ боядӣ, ёбад мукофот,
Наёбад фарқ бар мову ту дидан.
Агар неканд? агар бад, хилқат аз туст,
Халиқе хуб боист офаридан.
Ба мо тақсири хидмат нест лозим,
Бадему бад набоист оваридан.

ФАЛСАФАИ БО ДАСТИ ИНСОНИЯТ НОБУД СОХТАНИ САЙЁРАИ ЗАМИН!

ФАЛСАФАИ БО ДАСТИ ИНСОНИЯТ НОБУД СОХТАНИ САЙЁРАИ ЗАМИН!

Ман намедонам дар ҷанги сеюми ҷаҳонӣ чӣ силоҳҳое истифода мешаванд, аммо инро медонам, ки ҷанги ҷаҳонии чорум бо чӯбу санг иттифоқ меафтад.

АЛБЕРТ ЭЙНШТЕЙН

Таҳиякунанда: шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Панде аз "Бӯстон"-и Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ

ҲИКОЯТИ ТИФЛЕ, КИ ДАНДОН БАРОВАРД Кӯдаке дандон баровард. Падараш дид, ки бачааш дандондор шудааст, ба фикр фурӯ рафт ва ба худаш гуфт: -"Ман барои ин кӯдак, ки дандон баровардааст, аз куҷо нону таом таҳия кунам? Агар ӯро ба ҳоли худаш вогузорам, ин ҳам аз рӯйи инсоф ва мардонагӣ нест". Занаш аз ӯ пурсид, ки эй мард, аз ин ки писарат дандон баровардааст, хурсанд нестӣ ва баръакс ҳайронӣ? Мард гуфт:-"Ҳайрони нону хӯрокаш мондаам". Зан бо шунидани ин ҳарф мардонавор гуфт:- "Эй мард, ба макри шайтон гӯш мадеҳ, касе, ки ба вай дандон додааст, нон ҳам медиҳад".

РӮЗИ ХОҶА ҲОФИЗ ФАРХУНДА БОД!

Дар ин рӯз беихтиёр мисраҳои ҷовидонӣ аз ғазалҳои ноби шоири “лисонулғайб” ба ёд меоянд...

Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан,
Дар кӯйи ӯ гадойӣ бар хусравӣ гузидан.
Аз ҷон тамаъ буридан осон бувад, валекин
Аз дӯстони ҷонӣ мушкил тавон буридан...
Бӯсидани лаби ёр аввал зи даст магзор,
К-охир малул гардӣ аз дасту лаб газидан.
Фурсат шумор суҳбат, к-аз ин дуроҳа манзил
Чун бигзарем, дигар натвон ба ҳам расидан...

«Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад, Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад».

Ҳар касе дар ҳарами васли ту маҳрам нашавад,
Ҳар Бироҳим ба даргоҳи ту Адҳам нашавад.
Мард то рўй наорад зи ду олам ба Худой,
Мустафовор гузини ҳама олам нашавад.
Қалъаи дин накунӣ бе мадади дилҳо фатҳ,
Лашкарат гар набувад, мулк мусаллам нашавад.
То мушарраф нашавад банда ба султонсифатон,
Ҳаргиз андар назари халқ мукаррам нашавад.
Дили ушшоқ маёзору зи ҷон узр махоҳ,
Ки мудовои чунин реш ба марҳам нашавад.
«Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,
Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад».

БИЁ ҲОҶӢ ЗИ ҲАҶ РАФТАН ҲАЗАР КУН

Биё ҳоҷӣ зи ҳаҷ рафтан ҳазар кун,
Мазори ҳазрати дилро гузар кун.
Худо дар Макка зери сахраҳо нест,
Ҳамеша бо туву аз ту ҷудо нест.
Худойеро, ки бо ӯ мешавӣ маст,
Зи гардан ҳам ба ту наздиктар ҳаст.
Туро ин бинишу андеша танг аст,
Ки пиндори Худоят зери санг аст.
Худованде, ки Раҳмону Раҳим аст,
Маконаш дар дилу чашми ятим аст.

Аз саҳифаи РУМӢ

Таҳиякунадаи мавод : шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Страницы

Яндекс.Метрика