ПАНДИ ПЕШВО

“Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст”.

Суханони Пешвои Миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Бознашр аз телеграми :
https://t.me/FidoiyoniVatan

Боздид аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои дарвозаҳои садамавии СТ-4

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварданд.

Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.

“Чаҳор китоб” ҳамчун сарчашмаи муфид барои тазкияи нафс

“Чаҳор китоб” пас аз “Қуръони шариф” дуюмин китобест, ки дар миёни мардуми мусулмони Мовароуннаҳру Хуросон шӯҳрати тамом дошт. Гуфтан кофист, ки нусхае аз он дар ҳар хонадон мавҷуд буд. Гузашта аз ин, на ҳама кас ба мутолиаи “Қуръон” қудрат дошт, вале ҳама “Чаҳор китоб”-ро ё худ қироат мекардаанд ва ё аз қироати дигарон баҳра мебардоштаанд. Аз ин сабаб дар гузаштаи наздик аксари мардуми мо онро ё ба пуррагӣ ва ё фаслу бобҳои ҷудогонаашро аз ёд медонистанд.

ДУРНАМОИ ТАНЗИМИ АНЪАНАВУ МАРОСИМИ ДИНӢ ДАР ШАРОИТИ ДАВЛАТДОРИИ ДУНЯВӢ

Идомаи мақола...

Сарчашмаҳои ҳуқуқии танзими анъана ва ҷашну маросими тоисломии тоҷиконро таълимот ва меъёрҳову тавсияҳои ҳуқуқии дини зардуштӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо дар матни Авесто, Ардавирофнома, Вандидод ва ёдгориҳои дигари хаттии аз даврони бостон ба мо меросмонда, дарҷ ёфтаанд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН"

Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

Тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ омили муҳими рушди давлатдории миллӣ

Тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ омили муҳими рушди давлатдории миллӣ буда, дар натиҷаи он ҷавонон давлату миллат ва сарзамини аҷдодии худро дӯст дошта, ҳимоя аз фарҳангу таърихи гузаштаи худ намуда, баҳри инкишофи он содиқона меҳнат мекунанд ва дар якҷоягӣ баҳри пойдории сулҳу ваҳдат, ягонагӣ, дӯстиву рафоқат миёни ҳамдигар умр ба сар мебаранд.

Ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ яке аз хислатҳои наҷиб ва писандидаи ҷавонони Тоҷикистон ба шумор рафта, онҳо саҳми арзандаи худро дар пешрафту тараққиёт ва рушду инкишофи Тоҷикистон мегузоранд. 

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо кадрҳое, ки дар ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин гардиданд, суҳбат намуданд.

 

ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАБАРИИ ОБ ДАР АФКОРИ ҲУҚУҚИИ БУРҲОНУДДИН МАРҒЕЛОНӢ

Бурҳонуддин Марғелонӣ яке аз мутафаккирон, фақеҳон (ҳуқуқшиносон) ва олимонест, ки дар асари оламшумули худ «Ҳидоя» қариб ба тамоми масъалаҳои соҳаҳои ҳаёти ҷомеа равшанӣ андохта, масъалаҳои дар ҷомеаи асримиёнагии мусулмонон бавуҷудомадаро дар асоси илми фиқҳ (ҳуқуқ) ҳанӯз дар он замонҳо мавриди ҳаллу фасл қарор додааст [1, 2, 3, 4].

Страницы

Яндекс.Метрика