БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД

Пешвои миллат дар суханронии хеш бахшида ба 115 солагии академик Бобоҷон Ғафуров роҷеъ ба бемориҳои ирсии фазои сиёсӣ ва мафкуравии миллат дар масири таърих ёдрас шуда, таъкид карданд, ки моро зарур аст, ки ба ин нуктаҳо диққат диҳем. Ба панду андарзҳои сиёсии бузургонамон чун Фирдавсии бузургвор, ки ҳаммосаи безаволи Шоҳномаро барои тарбия ва табобати ин бемориҳои миллӣ пешниҳод кардааст, гўши ҳикмат оварем.

ТАЪЗИЯ

Аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти ходими намоёни давлатӣ, собиқ раиси вилояти Хатлон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон АМИРШО МИРАЛИЕВ андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

Таълимоти ғайриқонунии динӣ, хурофотпарастӣ, ҷаҳолат ва андешаҳои ифротӣ

Дар ҳама давру замон тоифае вуҷуд дорад, ки дидаву дониста одамонро ба сӯи гумроҳӣ ва ҷаҳолат мебарад. Дар ҳаққи чунин афрод гуфта мешавад «худ гумроҳ шуда ва дигаронро ҳам гумроҳ менамоянд» (Риёзу-с-солиҳин, 1392).  
Дар ҷомеа одамоне ҳастанд, ки мепиндоранд, роҳи рост фарзандонро ба назди баъзе шахсони ба ном «мулло» бурда, дар ҳуҷраҳо таълим додан аст. Таълимоти пинҳонӣ ва беназорати кӯдакону наврасон дар назди шахсони тасодуфӣ ғайриқонунӣ аст. Мутаассифона вақтҳои охир ин амал рӯ ба афзоиш овардааст.

Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар-ӯро ёр бод

Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар-ӯро ёр бод.
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод.
Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле, к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.
Дар ду олам нест моро бо касе гарди ғубор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод
✍️Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.

БОБОҶОН ҒАФУРОВ НАХУСТИН ТОҶИКЕ БУД, КИ...

Аз нимаи дуюми солҳои 30-юм фаъолияти сиёсии олим оғоз мегардад ва дар ин давра ӯ дар вазифаҳои гуногуни ҳизбиву давлатӣ кор карда, то мақоми роҳбари аввали ҷумҳурӣ, яъне котиби якуми Кумитаи марказии ҳизби ҳокими вақт интихоб мешавад. Бояд гуфт, ки Бобоҷон Ғафуров нахустин тоҷике буд, ки пас аз ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба чунин мақоми баланди сиёсӣ интихоб ва таъин гардидааст. Бо вуҷуди корҳои ҳизбиву давлатӣ Бобоҷон Ғафуров таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро содиқона идома медод.

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо чопи мақолаи “Амният ва илм” изҳори назарҳои ҷолибу хондание дар бораи амнияти миллӣ кардааст.

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо чопи мақолаи “Амният ва илм” изҳори назарҳои ҷолибу хондание дар бораи амнияти миллӣ кардааст. Аз ҷумла ӯ менависад, ки “Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Илм аст. Терроризм, экстремизм, дигар намуди тахрибкорӣ ба муқобили ҳар кадом субъекти муносиботи байналхалқӣ, давоми сиёсати хориҷии кишвари муайян бо роҳ, усул ва методҳои дигар мебошад”.

Шоҳнома" - и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас карда шавад!

Ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш "Шоҳнома" - и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас карда шавад.
Эмомалӣ РАҲМОН

МАФКУРАИ СОЛИМИ МИЛЛӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ҚИСМИ I

Страницы

Яндекс.Метрика