ҶАВОНОНУ КӮДАКОНАМОНРО ҲИФЗ НАМОЕМ

Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар рӯзи 12 майи соли 2018 масъалаи аз ҷониби кишварҳои бузурги олам ҷиҳати тарғибу ташвиқи манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ суиистифода шудани муқаддасоти динӣ ҳамчун василаи ноустувор кардани низому тартиботи ҷаҳонӣ ва адли умум баҳогузорӣ гардид.  

“Таносухи имон” ё сирри тағйири мазҳаб аз ҷониби наҳзатиён

Таълимот дар бораи таносух аслан мӯътақидоти асосии ҳиндуёни қадим мебошад. Онҳо боварӣ доштанд, ки баъди марг рӯҳ аз як колбад (ҷисм) ба колбади дигар мегузарад. Дар таърихи ислом ин ақидаро баъзе аз намояндагони фирқаи шиа, алалхусус шиаҳои ифротӣ, қабул карданд. Масалан, пайравони нусайрия даъво мекарданд, ки рӯҳи гунаҳкорони кабира барои покшавӣ дубора дар ҷасади мусулмон, яҳудӣ ва насронӣ ва рӯҳи кофирон (онҳое, ки Алиро намешиносанд) бошад дар ҷисми ҳайвонот – уштур, хар, саг ва ѓайра интиқол мегарданд. 

ДИН АЗ НИГОҲИ ҶАЛОЛУДДИН БАЛХИИ РУМӢ

Дин ҳамчун яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ дар ҳамаи давраҳои мавҷудияти худ таъсири назаррасе ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсоният расонида аст ва мерасонад. Ин таъсир вобаста ба шароит ва хусусиёташ метавонад мусбӣ бошад ва ё манфӣ. Шахсиятҳое, ки дар замони зиндагиашон дин дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ҳукмрон ва таъсиргузор буд, албатта аз таъсири дин барканор буда наметавонистанд ва онро ба наҳве барои ифодаи ормонҳои волои худ мавриди истифода қарор дода, кӯшиш кардаанд, ба гунаи беҳтарине моҳият ва муҳтавои динро ба мардум фаҳмонанд.

Моҳи тақво

Воқеан, аз баракати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили Иди Фитр ва Иди Қурбон ҳамчун ҷашнҳои динӣ, ки ҷузъи фарҳанги миллии тоҷикон маҳсуб меёбанд, дар ифодаи шаклан миллӣ ва мазмунан мусулмонӣ имконпазир гардид. Маҷмӯи санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулшуда дар соҳаи дин барои адои фаризаҳои динӣ ва риояи озодии виҷдон шароити мусоид фароҳам сохт ва барои хусусияти бештари миллӣ касб намудани ин ҷашнҳо сахт мусоидат кард.

Интернет – манбаи тарғиби ифротгароӣ буда метавонад.

Таҳлилу омӯзиши маводи шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки на ҳама вақт маводи интишоршуда аз рӯи мазмуну моҳияти худ хусусияти илмӣ- ё иттилоотӣ дорад. Мутаассифона, имрӯз сомонаҳои иҷтимоӣ ба воситаи таблиғи ифротгароӣ ва даъвати ҷавонон барои пайванд шудан бо ҳаракатҳои террористӣ истифода бурда мешаванд. Таҷриба собит намуд, ки шаҳрвандони кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ аз тариқи интернет даъват шуда буданд. Албатта барномаҳои таблиғотиро ашхоси дорои касбӣ коркард мекунанд. Зеро маводи дорои мазмуни динӣ аз нигоҳи равонӣ хеле ҷолиб аст.

Бидъати мутакаллими муосир

  Дар доираи афкори исломӣ мутакаллимини асримиёнагӣ агар доир ба асмо, сифот ва афъоли Худованд ба таври сунъӣ  бо номи «калом» (мутакаллимини имрӯза онро «илми ақида» ном ниҳодаанд) илме сохта, аз як тараф ҷаҳони исломро ба гумроҳӣ бурдаву дар умум илми башариро ба садсолаҳо қафо партофта бошанд, яке аз мутакаллимини муосири тоҷик дар ин самт нисбат ба онҳо бештар зиёдаравӣ намудааст.

МАҒЗШӮИИ ТОЛИБИЛМОНИ ТОҶИК ДАР ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

Эътирозе, ки санаи 21 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе, дар назди сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардид, ҳодисаи тасодуфӣ ва ғайричашмдошт набуда, балки табиӣ ва ногузир буд. Ин ҳодиса аслан реша ба муносибати муғризона ва ҳадафманди ҳукумати ҶИЭ нисбат ба миллату давлати тоҷикон дорад.

Страницы