Агар дар бобати бузургии зан ва мақому манзалати он дар ҷомеа борҳо ва солҳо ҳам сухан гуем, боз ҳам басанда нест. Зеро зан олиҳаест, ки дар садафи ӯ қиматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Бузургтаринҳо аз урафову уламо, пешвоҳо ва шахсиятҳое, ки ҷаҳон дар нерумандӣ ва тавоноиашон қойим гардидааст, аз зан ба дунё омадаанду дар домани ӯ парвариш ёфтаанд. Агар ба таърихи гузаштаи халқиятҳои башар нигарем, маълум мегардад, ки на дар ҳама давра иззату эҳтироми зан ба дараҷаи аъло пазируфта мешудааст ва мақому манзалати он низ на он қадар устувор ва барболо будааст.