Ифтитоҳи Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдат

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдат мавриди истифода қарор доданд.

Бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдат дар масоҳати 2280 метри мураббаъ сохта шуда, масоҳати зери сохтмони бино 1819 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

300 миллион нафар дар ҷаҳон бинобар зеҳни сунъӣ метавонад аз кор маҳрум шавад

Ба ақидаи иқтисоддонҳои Goldman Sachs, тақрибан 300 миллион одам дар натиҷаи автоматикунонии вазифаҳои худ бо истифода аз зеҳни сунъӣ, ки платформаҳое, ба монанди ChatGPT-ро ба вуҷуд овардаанд, бо хатари аз даст додани кор дар саросари ҷаҳон рӯ ба рӯ аст. Дар ин хусус CNN хабар додааст.
 

Рӯзи кормандони мақомоти судӣ муборак бод!

Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми кормандони мақомоти судии ҷумҳуриро бо Иди касбиашон самимона табрику муборакбод мегӯяд ва дар иҷрои рисолати хеле пурмасъулият ва тантанаи адолат муваффақият хоҳон аст.

Рӯзи Иди касбиатон муборак!

Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ

ҲИМОЯИ ВАТАН ЯКЕ АЗ АРЗИШҲОИ ВОЛОИ ИНСОН АСТ!

Ватан, имрӯз марзу буми он сарзаминест, ки андар он зиндагӣ мекуниву ба муқаддасоташ арҷ мегузорӣ. Ватандориву давлатдорӣ, пеш аз ҳама шинохт ва нигоҳдории ҳувияти худ ва ҳимояи он арзишҳои волои инсониест, ки зиндагиро дар он сарзамин фароҳам меоварад. Дар ҷаҳони мураккабу пуртазоди имрӯза танҳо кишваре метавонад вуҷуд дошта бошаду бо пешомадҳои шадиди тақдир муқобилият ва истодагарӣ кунад, ки марзу буми худро ҳимоят ва нигаҳбонӣ карда тавонад. Асри мо асри зӯровариву таҷовузҳои пай дар пайи инсонҳо бар сари ҳамдигар аст.

ЗИКРИ МОВАРОУННАҲР ДАР САРЧАШМАҲОИ ҶУҒРОФӢ

Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон зеботарин сарзамин буда, бо кӯҳҳои сарбаафлок, обҳои ширину мусаффо ва табиати дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир мекунад»

ДУШАНБЕ, 24.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрўз, 24 октябр Рўзи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст. Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» аз нахустин ташрифи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон, ки 11 июни соли 2017 бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» (12 июни соли 2017) амалӣ гардид, ёдовар мешавад.

Мегӯянд рӯзе Мавлоно Шамси Табрезиро ба меҳмонӣ даъват кард...

Мегӯянд рӯзе Мавлоно Шамси Табрезиро ба меҳмонӣ даъват кард.
Шамс ба хонаи Ҷалолиддин омад ва пас аз онки мизи оростаи ӯро мушоҳида кард, пурсид: Оё барои ман шароб фароҳам намудаӣ?
Мавлоно ҳайратзада шуд ва пурсид:
— Магар шумо шароб мехӯред?
— Бале.
— Аммо ман аз ин мавзӯъ иттилое надоштам.
— Ҳоло, ки фаҳмидӣ, зуд барои ман шароб фароҳам кун.
— Дар ин мавқеъи шаб шаробро аз куҷо ёбам?
— Ба яке аз хидматгоронат бигӯ, ки таҳия кунад.
— Охир бо ин кор обрӯ ва ҳайсиятам аз байн меравад.
— Пас худат бирав ва шароб харидорӣ кун.

РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН“ МУБОРАК ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ !

“24 - ОКТЯБР - РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН“ АСТ.

БА ИН МУНОСИБАТ ҲАМАИ ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗРО ТАБРИКУ МУБОРАКБОД МЕГӮЕМ!

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Страницы

Яндекс.Метрика