ГУЛШАНИ АДАБ

ДӮСТОН АЗ ЯКДИГАР БЕҲУДА РАНҶИДАН ЧАРО⁉️

❗Ҷониби мо дидаро во карда пӯшидан чаро,
Ошнои кардану бегона гардидан чаро?
Чархро дар нола дорад, оҳи дили хастагон,
Аз назар афтодагонро дер пурсидан чаро?
Сурмаи бегонаро дар чашми худ ҷо додаӣ,
Ин қадар аз ошноён, дур гардидан чаро?
Истимоъи сад сухан аз хор чун гул мекунӣ,
Як сухан аз андалеби хеш нашнидан чаро?
Хуфтагони хокро ёди рафиқон доғ кард,
Дӯстон аз якдигар беҳуда ранҷидан чаро!?
✍️Сайидои Насафӣ.

Аз саҳифаи Марвориди тоҷику форс

Уқёнуси Атлас ва Ором

دانشمندان در مورد اینکه چرا این دو با هم یکجا
نمیشوند نظریات متعدد دارند، به طور مثال: مخلوط نشدن روغن در آب را یک دلیل می آورند.

اما بیاید ببینیم کتاب خداوند سبحان ۱۴۰۰ سال قبل درین مورد چی نظری دارد!

خداوند سبحان در سوره فرقان آیه ۵۳ چنین فرموده است:
( وَهُوَ الَّذِي مَرَجَ الْبَحْرَيْنِ هَٰذَا عَذْبٌ فُرَاتٌ وَهَٰذَا مِلْحٌ أُجَاجٌ وَجَعَلَ بَيْنَهُمَا بَرْزَخًا وَحِجْرًا مَّحْجُورًا )

ترجمه: (و او کسی است که دو دریا را به هم آمیخت، این یکی گوارا وشیرین، و آن شور تلخ است، و در میان آن دو حائل و مانعی استوار قرار داد).

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ, Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ!

⚠️Забонро барои сухани нек бояд кушод ва барои ҳафт чиз бубаст!

⚠️Забонро аз чунин гуфтор мебояд баст:
➡️Аз гуфтани дурўғ, ки дурўғгўй душман аст!
➡️Аз ваъдаи хилоф, ки сифати дурўягон аст!
➡️Аз ғайбат ва туҳмат, ки амали бадахлоқон аст!
➡️Аз муноқиша, душманӣ, суханчинӣ ва айбгўйӣ, ки онҳо аз васвасаи шайтонанд!
➡️Аз таърифи худ, ки нишонаи худписандист!
➡️Аз дуои бад ва ҳақорат, ки бадлафзист!
➡️Аз мазоҳу масхара ва ҳазле, ки боиси ранҷиш бошад!

ДИГАР ОМӮЗ!

❗Монанди сабо хезу вазидан дигар омӯз,
Домони гулу лола кашидан дигар омӯз,
Андар дилаки ғунча хазидан дигар омӯз!
Мӯйина ба бар кардиву бе завқ тапидӣ,
Он гуна тапидӣ, ки ба ҷое нарасидӣ,
Дар анҷумани шавқ тапидан дигар омӯз!
Кофир дили овора дигарбора ба ӯ банд,
Бар хеш кушо дидаву аз ғайр фурӯ банд,
Дидан дигар омӯзу надидан дигар омӯз!
Дам чист? Паём аст! Шунидӣ? Нашунидӣ!
Дар хоки ту як ҷилваи ом аст, надидӣ!
Дидан дигар омӯзу шунидан дигар омӯз!
Мо чашми уқобу дили шаҳбоз надорем,

Аз куҷо омадаам? Омаданам баҳри чӣ буд?

❗Рӯзҳо фикри ман ин асту ҳама шаб суханам,
Ки чаро ғофил аз аҳволи дили хештанам.
Аз куҷо омадаам? Омаданам баҳри чӣ буд?
Ба куҷо меравам, охир нанамоӣ Ватанам.
Мондаам сахт аҷаб, к-аз чӣ сабаб сохт маро?
Ё чӣ будаст муроди Вай аз ин сохтанам?!
Ҷон, ки аз олами улвист, яқин медонам,
Рахти худ боз бар онам, ки ҳамонҷо фиканам.
Мурғи боғи малакутам, наям аз олами хок,
Ду-се рӯзе қафасе сохтаанд аз баданам.
Эй хуш он рӯз, ки парвоз кунам то бари дӯст,
Ба ҳавои сари кӯяш пару боле бизанам.

Чаро ҷоми маро бишкаст Лайлӣ?

Мегӯянд, ки Лайлӣ барои расидан ба Маҷнун назр карда буд ва ба мардуми фақир таъом медод.
Маҷнун аз ӯ пурсид: Назрат барои чист?
Лайлӣ гуфт: Барои расидан ба висоли ту.
Пурсид: Вале мо бо ҳам нарасидем.
Лайлӣ хашмгин шуд ва гуфт: Магар ҳамин, ки ту барои таъом омадаӣ ва ман туро мебинам, расидан бу ту нест? Бирав ва дар саф қарор гир.
Маҷнун дар саф истод, ки аз дасти Лайлӣ таъом гирад.
Ҳангоме, навбати таъом додан ба Маҷнун расид, Лайлӣ бо баҳонае зарфи ӯро аз дасти худ андохт ва шикаст.

Ҳикояти кӯтоҳ

Шоҳе дарвешеро ба зиндон андохт...
Ними шаб хоб дид, ки ӯро гуноҳе нест...
Сипас ӯро озод кард.
Шоҳ ба дарвеш гуфт ҳоҷате бихоҳ...
Дарвеш гуфт:
Вақте Худое дорам, ки ними шаб туро бедор мекунад, то маро аз зиндон раҳо кунӣ, номардист ки аз дигаре ҳоҷат биталабам...!(?)

Аз саҳифаи фейсбукии Равшане дар шаби тор

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд:

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд:
- Кадом талхӣ бошад, ки оқибат ширин шавад?
Гуфт: - Сабр
Боз гуфтанд:
- Кадом шириние бошад, ки охир талх гардад?
Гуфт: - Шитоб
Ва боз гуфтанд:
-Кадом пероҳанест, ки ҳаргиз кӯҳна нагардад?
Гуфт: - Номи нек.

Бознашр аз саҳифаи Хазинаи маърифат дар (Телеграм )

Страницы

Яндекс.Метрика