Бойгонии матолиб

20 September 2022

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқуловро сохтакорӣ, таҳрифи воқеият ва баёни далелҳои қалбакӣ хонд

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқуловро сохтакорӣ, таҳрифи воқеият ва баёни далелҳои қалбакӣ хонд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат натиҷаҳои нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар Самарқанд баррасӣ намуданд. Дар ин замина Пешвои миллат ба ҷанбаҳои ташкилӣ ва мундариҷавии ин рӯйдоди муҳими минтақавӣ баҳои баланд доданд.

Изҳори ҳамдардӣ!

Бо ғаму андӯҳи фаровон Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи аҳли оила, хешу табор ва дӯстону наздикони қаҳрамонон - шаҳидони шуҷои Ватан, ки барои ҳимояи марзу буми кишвар ҷони худро дареғ надоштанд, изҳори ҳамдардӣ баён менамояд.

Кормандони Маркази исломшиносӣ дар ғаму андӯҳи шумо хонаводаҳои муҳтарам ғамшарик мебошанд.

Аз даргоҳи Худованди мутаъол барои шуҳадо раҳмату мағфират, Биҳишти ҷовидон ва барои бозмондагону маъюбон сабри ҷамил хоҳонем.

Фарзандони далеру шуҷои Ватан, руҳатон шод ва манзили охирататон обод бод!

Яндекс.Метрика