Бойгонии матолиб

30 May 2023

«Куллиёти Мавлоно» ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд

Бо қарори Ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО Куллиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин қарор ҳанӯз 24-уми майи соли 2023 содир шудааст.

Бояд гуфт, ки пешбарии “Куллиёти Мавлоно” аз ҷониби Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон, Туркия, Ӯзбекистон муштаракан сурат гирифта, ба баррасии ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд.

Ҳамоиши сарони давлатҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Ата- и (Қирғизистон)

Рӯзҳои 2-3 июн дар шаҳри Чолпон-Ата- и (Қирғизистон) ҳамоиши сарони давлатҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, ки дар он раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла иштироки раисиҷумҳури Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Аз саҳифаи Муҳаммад Аминзода

Қонуни танзим эҳёгари анъанаҳои миллӣ (Ба истиқболи 16-мин солгарди қабули Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”)

8 - уми июни соли 2023 аз қабули Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 16 сол пур мегардад. Андешаи аҳли ҷомеа доир ба амалкарди қонуни мазкур мухталифанд, аксар онро ҷонибдорӣ ва бархе аз он интиқод мегиранд. Қарор додем,  бо истифода аз маълумотҳои боэътимоди пешниҳоднамудаи ваколатдори соҳа Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи дастовардҳои он ибрози андеша намоем, боқи қазоват ба хонандаҳост.

 

Саволи матраҳ чунин аст, ки дар воқеъ қонун ба мардум чӣ дод:

Ҷанги иттиллотӣ - паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, сиёҳкунии рақибон ва ҷалб намудани афкори омма барои пуштибонии хеш аст!

Ҷанги иттилоотӣ чист?
Мафҳуми ҷанги иттилоотӣ аз тарҷумаи истилоҳи “information and psychological warfare” аз забони англисӣ буда, метавонад ҳамчун "муқовимати иттилоотӣ" ё "ҷанги иттилоотӣ - психологӣ" тарҷума шавад, ки он аз матни ҳуҷҷати расмӣ ё нашри илмӣ вобаста мебошад.

Хушхабар!

24 МАЙ БО ҚАРОРИ НИҲОДИ ИҶРОИЯИ ЮНЕСКО КУЛЛИЁТИ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ ҲАМЧУН МЕРОСИ ҲУҶҶАТӢ РАСМАН БА ФЕҲРИСТИ ХОТИРОТИ ҶАҲОНИИ ЮНЕСКО ВОРИД КАРДА ШУД. Пешбарии «Куллиёти Мавлоно» аз ҷониби Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон, Туркия ва Узбекистон муштаракан барои баррасӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд.

ИҚТИБОС АЗ СУХАНРОНИИ ПРОФЕССОР - Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов

“Дар мамлакат шароити воқеӣ барои рушди маорифи миллӣ, асосан, омода шудааст. Аммо омили инсонӣ, масъулияти мудирият дар соҳаи мафкурасозӣ ҷавобгӯи талаботи замон нест. Натиҷаҳои фоҷеабори адами тафаккури миллӣ дар ҷаҳонбинии теъдоди ҳангуфти ҷавонон, пайвастани онҳо ба созмонҳои ифротиву зиддимиллӣ камбуди ниҳоят ҷиддӣ дар муносибатҳои ҷамъиятии ҷомеаи тоҷик – оила, мактаб, донишгоҳ, корхонаҳо ва муҳит зуҳур меёбад.

Яндекс.Метрика