Оғози сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф 02.07.2024

2 июл Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони воломақом дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шарифро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Мафкураи ҷамъиятӣ таҷассумгари ҳолати маънавӣ ва муайянкунандаи хатти рушди иҷтимоӣ

Роҳбари давлат ба тамоми ҷузъу томи ҳастии ватан, қирраҳои рушду мушкилиҳои раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо пайомади таъсирҳои дохилию хориҷӣ ҳамчун «иттилооти маҷмўии гўёи ҳолат»  назар намуда, решаи ибтидоии бўҳрони маънавӣ ва иллатҳои иҷтимоию эътиқодиро дар каҷрафтории мафкуравӣ ва муносибати нодурусти ақлу дониш ба воқеият ошкор карданд. Навгониҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва дониши таҳлилкунандаи он ҳамчун иттилооти фарогир  вазъи воқеӣ ва мафкуравии ҷомеаро рўшан намуданд.
 

Вижагиҳои мафкураи динии шарқиён ва мушкилии шикасти девори хурофоту таассуб

Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард !

❗Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард,
К-аз он шаш бувад марди озода фард,
Ҳасад бурдану сифлагию дурўғ,
Намудан ниёзу заъифию дард.
Чу неъмат бувад, даст бар дўстон
Бибояд кушудан ба доду ба х(в)ард.
Чу шиддат бувад, роз пайдо макун,
Биҳил, то шавад рўят аз дард зард.
Саволе наярзад саросар чаҳон,
Чу фарҷом бошад яке... оҳи сард.
Аҷал нардбоз асту мо мўҳраем,
Фалак каъбатайну ҷаҳон тахти нард!
✍️Абу Али ибни Сино.

Гирдоваранда: Абдуллоҳи Қодирӣ

Конференсияи илмӣ - амалӣ дар мавзуи муқовимат бо ифротгароӣ

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 дар самти тарғиби арзишҳои миллӣ, пешгирӣ аз ифротишавии мафкураи ҷомеа баён гардиданд, инчунин иҷрои Нақшаи амали «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» якҷоя бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Асо

Конференсияи Ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзуи " Асосҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодии муқовимат бо ифротгароӣ дар Тоҷикистони муосир : пешгирӣ ва тавонбахшӣ"

Суратгузориш аз ҷараёни Конференсияи Ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзуи " Асосҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодии муқовимат бо ифротгароӣ дар Тоҷикистони муосир : пешгирӣ ва тавонбахшӣ", ки бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони 38 вазорату идораҳо баргузор гардида истодааст...

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ 26.06.2024

Ҳамватанони азиз!

Рӯзи ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо – сокинони Тоҷикистон санаи муборак ва таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Таҷлили ин ҷашни сарнавиштсоз нишонаи возеҳи арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва амнияту осоиш мебошад.

Тамоми шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бистуҳафтумин солгарди ин санаи таърихсоз самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як сокини Тоҷикистон амнияту оромӣ ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям.

Страницы

Яндекс.Метрика