Бойгонии матолиб

08 February 2023

Аз насиҳат ноқисон комил шаванд

⚠️Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд!

⚠️Аз насиҳат ноқисон комил шаванд,
В-аз насиҳат мудбирон муқбил шаванд.
В-аз насиҳат тоза гардад ҳар диле,
В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар мушкиле!

⚠️Аз Худо ҷӯем тавфиқи адаб,
Беадаб маҳрум гашт аз лутфи Ҳақ.
Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ дар ҳама офоқ зад!
✍️Ҷалолиддини Балхӣ-Румӣ.

Аз саҳифаи Марвориди тоҷику форс

Дунявияти Абӯҳанифа

Қобили зикр аст, ки таълимоти Имоми Аъзам дар баробари ҷанбаи таҳаммулпазирӣ аз талаботҳои принсипи дунявият низ баҳраманд мебошад. Дар робита ба матлаби баёнгардида бояд ёдовар шуд, ки тибқи ақидаи муҳаққиқон дар мавриди аҳкоми шаръӣ дар ислом аз рӯзи аввал ду ақида вуҷуд доштааст. Тибқи ақидаи аввал аҳком ҳама аҳкоми тааббудиянд, яъне дар он ҳеҷ гуна асрор ва маслиҳат (ба маънои манфиат) вуҷуд надорад.

Яндекс.Метрика