Бойгонии матолиб

28 February 2023

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст дар бораи масъалаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳисоботи муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Пажӯҳишгарон нусхаи хаттии «Девон»-и Туғрали Аҳрориро пайдо намуданд

Пажӯҳишгарони Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз пайдо кардани нусхаи ягонаи дастнависи «Девон»-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, шоири маъруфи охири асри XIX- аввали асри XX хабар медиҳанд.

Раиси Ҳукумати Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон меояд

Рӯзҳои 2-3 март сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақша  аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Зимни сафар рӯзи 2 март иштироки  Михаил Мишустин дар конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавӣ ва Бизнес-форуми Тоҷикистон ва Русия пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар ҷараёни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди байниҳукуматӣ дар назар аст.

Яндекс.Метрика