ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "ИҶРОИ ИН ВАЗИФАИ МУҚАДДАС АЗ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ, ҚОБИЛИЯТУ МАҲОРАТИ КАСБИИ ҲАР ЯКИ ШУМО ВА МУҲИМТАР АЗ ҲАМА, АЗ САДОҚАТИ ШУМО БА ХАЛҚ, ВАТАН ВА ДАВЛАТИ ХУД ВОБАСТАГӢ ДОРАД".

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи милитсия дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ

Муҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ!

Дар ибтидо ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ, собиқадорон ва ҳар яки шумо – ҳозирини гиромиро, ки дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузошта истодаед, ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик мегӯям.

Хоразм дар сарчашмаҳои исломӣ

Паёми табрикотии директори Маркази исломшиносӣ ба муносибати Рӯзи Милитсияи тоҷик

Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Милитсияи тоҷик, ки ҳамасола он 10 ноябр дар кишвар таҷлил мегардад, табрик менамояд.

Воқеан саҳми мақомоти милитсия дар пойдории оромиву суботи кишвар, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон муассир арзёбӣ гардида, хизматҳои фарзандони барӯманди меҳан ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти Давлат ва Ҳукумат қарор дорад.

Иштирок дар Нишасти 16-уми сарони давлатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ

9 ноябр дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон – шаҳри Тошканд саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд. Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима карданд.

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон

9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 08.11.2023

8 ноябр дар Қасри миллат дар доираи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.

Дидору гуфтугуҳо аз мулоқоти хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо идома ёфтанд.

Оғози сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ

8 ноябр Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Страницы

Яндекс.Метрика