Бойгонии матолиб

06 June 2023

НАҚШИ МЕҲВАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАРҚАРОРИИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Солҳои 90-уми асри ХХ, барои Тоҷикистон давраи мураккаби бунёд ва таҳкими давлатдории миллӣ маҳсуб мегардад. Дар ин давра, аз як тараф мухолифату муборизаҳои шадид байни неруҳои сиёсӣ дар кишвар идома дошт. Аз тарафи дигар бошад, ғояи ризоияти миллӣ байни қувваҳои мухолиф дастгирӣ меёфт.

Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»

Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қ а р о р м е к у н а м:
Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 16 июни соли 2023, соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

Ривоят!

Абуалӣ Ибни Сино дар сафаре буд. Ҳангоми убур аз шаҳре назди работе аспашро ба дарахте басту миқдоре коҳу юнучқа пеши аспаш рехт. Ва худаш ҳам руйи кати назди меҳмонхона нишаст, то ғизое хурад. Харсаворе ҳам ба он ҷо расид, аз хар фуруд омаду харашро дар паҳлӯи аспи Абуалӣ баст, то дар хурдани коҳ шарики ӯ шавад ва худаш ҳам дар хони Абӯалӣ Сино шарик шуд.
Шайх гуфт:

АШК ЯК ЛАҲЗА БА МИЖГОН БОР АСТ

❗Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.
Зиндагӣ олами осоиш нест,
Нафас оинаи ин асрор аст.
Баски гарм аст ҳавои гулшан,
Ғунча ин ҷо сари бедастор аст.
Шишасози нами ашке нашавӣ,
Олам аз сангдилон, кӯҳсор аст.
Хишти доғест иморатгари дил,
Хонаи ойина як девор аст.
Майкашӣ сурмаи ирфон нашавад,
Биниш аз чашми қадаҳ душвор аст.
Ҳамчу ойина, агар соф шавӣ,
Ҳама ҷо анҷумани дидор аст.
Гўш, гӯ, то шавад ойинаи роз,
Нолаи мо нафаси бемор аст.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия дар доираи шарикии стратегии ду давлат баррасӣ гардиданд.

Маҷмӯи масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорат, иқтисод ва гуманитарӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Зарурати афкори ислоҳгаронаи мутафаккирони Ҳиндустон барои дингароёни ҷомеаҳои мусалмоннишин

Ҳама гуна ҷомеа аз шахсиятҳо ташаккул меёбад. Ҳар қадаре аҳли ҷомеа соҳибилм, бофарҳанг, равшанфикр ва ҳамқадами замон бошад, ба ҳамон андоза ҷомеаи мазкур пешрафт намуда, осудагию хушбахтиро барои мардуми худ таъмин менамояд. 

**КУРСҲОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ ИМОМХАТИБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН **

**Имрӯз дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмонибни Собит бо ташаббуси Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии имомхатибони вилояти Хатлон бо ҷалби кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.**

Нахуст, Холиқзода Абдураҳим, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи меҳмононро хайра мақдам гуфта, дар мавзӯи:“Роҳҳои муқовимат бо ифротгароӣ дар шароити муосир” суҳбат намуд.

Қурбонӣ дар масири таърих

Қурбонӣ - василаи наздик шудан бо пешкаш ва ҳадя кардани чизе ба мақоми болоӣ аст. Таърихи Иди Қурбон аз замони Одам (ъ) вуҷуд дошта, чузъи мукаррароти динҳои гузашта низ ба шумор мерафт. Қурбонии фарзандони Одам (ъ) ки нахустин қурбонӣ дар олам ба шумор меравад, дар оёти 27-30 сураи моида тасреҳ шудааст. 

Яндекс.Метрика