ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ДАВЛАТ АСТ ВА ЭҲТИРОМИ ОН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯКИ МОСТ

Таҳти вожаи «рамз»  ашё, тасвир ё калимаҳое дар  назар дошта мешаванд, ки ҳамчун аломати шартии ягон мафхум, ходиса, идея хизмат мекунанд. Масалан, ҳамаи мо нагз медонем, ки расми кабўтар тимсоли сулҳ,  тасвири дил – рамзи ишқу муҳаббат  аст. Давлатҳо  низ чунин рамзҳо – аломату нишонаҳои худро доранд. Рамзҳои давлат (нишони миллӣ, суруди миллӣ, парчами давлатӣ) ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа буда, донистани онҳо ва муносибат ба онҳо мавқеи шаҳрвандии шахсро инъикос мекунанд.

Ифодаи ҳувияти миллат ва давлат дар Парчами миллӣ

Ҳар гоҳ, ки ба Парчами миллӣ назар меандозем, як ҷаҳон маълумот доир ба таърих ва фарҳанги миллату давлат пеши назарамон ҷилвагар мегардад. Ба ин маънӣ Парчами миллӣ таърихи пӯшидаи миллат аст. Дар он тамоми бурду бохти миллат, ҳусну қубҳи он, хусусиятҳои фарҳангии он нуҳуфта аст. Дарки он нуҳуфтаҳо аз сатҳи донишу маълумоти ҳар фарде вобаста аст, ки ба он назар меандозад. Шахси соҳибмаълумоту соҳибмаърифат бо назар андохтан ба парчами миллат ва давлат тамоми таърихи гузаштаи миллатро пеши назар оварда, маҷозан ба он муносибати худро муайян менамояд. 

 

Мазҳаби ҳанафӣ ва интишори он (қисми ҳафтум)

Ихтилофи қавлҳои Имом:

Гоҳе дар як масъала Абўҳанифа дорои ду қавл мешавад ва қавли пешин аз қавли минбаъда сарчашма мегирад, ки дар ин сурат қавли дуюм паси қавли якум ё қавли якум таркшуда аз он рўйтофта ҳисоб мешавад. Гоҳе қавли минбаъда дониста намешавад ва ҳар ду қавл ривоят гашта, матрук аз қабулшуда ноаён мемонад. Вақте, ки ҳар ду қавл дар як масъала ривоят мешавад, кори мураҷҷиҳон ба он равона мешавад, ки қавли дурустаро пайдо намоянд, зеро он андешаест, ки бо он аз олам рафта, аз он нагаштааст.

ТАЪРИХИ ЯК РӮЗ

Шурӯъ аз соли 2009 санаи 24 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Маҳз ҳамин рӯзи соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол тасдиқ карда шуд.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар поягоҳи баландтарини ҷаҳон бо баландии 165 метр парчами миллии Тоҷикистон барафрохта шуд, ки он дар китоби рекордҳои Гиннес сабт гардид. Дарозии парчам 50 ва паҳноиаш ба 30 метр баробар аст.

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Арманистон мераванд

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки пагоҳ, 23-юми ноябр дар кишвари Арманистон баргузор мегардад, ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора роҳбари хадамоти матбуоти Президенти кишвар Абдуфаттоҳ Шарифзода ба радиои “Овози тоҷик” хабар дод.

Ба зикри Шарифзода, Сарвари давлат 23-юми ноябр барои ширкат дар ин чорабинӣ ба Арманистон сафар мекунанд.

НИГОРИ ПАРЧАМИ КИШВАР

Манори барқаду боло, манори Парчами кишвар,
Навори ҷилва зебо дар навори Парчами кишвар.
Ба арзу тӯли он ғунҷида олам бо ҳама рангаш,
Намои рамзу роз андар нигори Парчами кишвар.
Бибахшад нур бар чашмон, ба дил нерӯ физояд он,
Мадори ҷисму ҷони мо, мадори Парчами кишвар.
Дар эъҷозаш шафақ гулгунсаро тасвир гардида,
Сиришта хуни мо дар рангу бори Парчами кишвар.
Марому мақсади фардо аён дар ранги испедаш,
Мизон адл асту озодӣ шиори Парчами кишвар.
Навои сабзи боронию файзи сабзи домонаш,

Мулоқот бо Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия Сергей Наришкинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот дар доираи шарикии стратегии ду давлат маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният баррасӣ гардид.

ПАРЧАМ - ИФТИХОРИ МИЛЛАТ АСТ !

Чист парчам? Ифтихори миллат аст,

Чист парчам? Иқтидори миллат аст

Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,

Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.

 

Страницы

Яндекс.Метрика