Бойгонии матолиб

23 August 2022

ЁЗДАҲ ҲИКМАТИ БУЗУРГОН АЗ «БАҲОРИСТОН»-И АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ – РОҲНАМОИ БУЗУРГИЮ ХИРАДМАНДӢ

ҲИКМАТИ ЯКУМ.Афридун (Фаридун, яке аз подшоҳони асотирии «Шоҳнома»), ки дар замини шафқат ҷуз тухми насиҳат накишт, ба фарзандони худ ин тавқеъ (фармон) навишт, ки сафаҳоти айём сафҳаи эъмор (бино кардан, эҷод намудан) аст, дар он манависед ҷуз он чӣ беҳтарини аъмол ва осор аст.
Қитъа
Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,
Инчунин гуфт хирадманд, чу андеша гумошт.
Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф,
Рақами хайр кашиду асари хайр гузошгт [1, С. 47].
 

ШОДБОШӢ

22 августи соли равон Рустам Азизӣ муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби илмӣ Марамбек Марамбеков ҷашни фархундаи зодрӯз доранд.

Роҳбарият ва иттифоқи касабаи кормандони Маркази исломшиносӣ Азизӣ Рустам ва Марамбек Марамбековро ба муносибати рӯзи мавлудашон самимона табрику таҳният гуфта, барояшон тани сиҳат, хотири ҷамъ, бахту саодати абадӣ ва хушнудию хушрӯзгорӣ таманно менамояд. 

Ғурури миллиро бояд ҳифз кард!

Ба андешаи аксари муҳаққиқони илмҳои ҷомеашиносӣ, бегонопарастӣ ҳамчун зуҳуроти манфӣ решаҳои таърихӣ дорад. Агар ба таърихи миллати мо нигоҳ намоем, пас саҳифаҳои қаҳрамонию далерӣ, инсондўстию хоксорӣ ва меҳмоннавозӣ аз зумраи сифатҳои зотии миллати мо будаанд. Дуруст аст, ки таърих нисбат ба халқи мо беадолатиҳои зиёдро раво дидааст ва дар байни фарзандони миллати мо баъзе аз бегонапарастию хидматгузории бегонагон мушоҳида шудааст, вале ин ба ҳеҷ сурат аз унсурҳои миллии мо набуда, балки дигар хислатҳои ҳамидаи тоҷикро ҳамеша дар маркази муносибатҳои илмию адабӣ қарор додааст. 

Яндекс.Метрика