Бойгонии матолиб

27 August 2022

Аз ҳакиме пурсиданд: то биҳиш чиқадар роҳ аст?

Аз ҳакиме пурсиданд: то биҳиш чиқадар роҳ аст?
Гуфт як қадам.
Гуфтанд: чи тавр ?
Гуфт: як пойятонро рӯйи нафси шайтонӣ бигзоред пойи дигаратон дар биҳишт аст...

Фахр дорад хоки Балх имруз бар баҳри Адан!

❗Барги бебаргӣ надорӣ, лофи дарвешӣ мазан,
Рух чу айёрон надорӣ, ҷон чу номардон макан.
Ё бирав ҳамчун занон рангею бўе пеш гир,
Ё чу мардон андар ою гўй дар майдон фиган.
Ҳар чӣ бинӣ ҷуз ҳаво, он дин бувад, бар ҷон нишон,
Ҳар чӣ ёбӣ ҷуз худо, он бут бувад, дарҳам шикан.
Умрҳо бояд ки то як кўдаке аз рўи табъ
Олиме гардад накў ё шоире ширинсухан.
То ту дар банди ҳавоӣ аз зару зан чора нест,
Ошиқе шав, то ҳам аз зар фориғ ойӣ ҳам зи зан.
Нафси ту ҷўёи куфр асту хирад ҷўёи дин,

Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъона ва шанбегӣ дар Маркази исломшиносӣ

Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъона ва шанбегӣ дар Маркази исломшиносӣ ва ташкилоти ибтидоии ҳизбиии ҲХДТ ба истиқболи 31- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, РАИСИ МУАЗЗАМИ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР АМАЛ

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сафари корӣ анҷом дода 12.08.2022 дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карда буданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи мураккаби ҷаҳон оид ба таъмин намудани рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ, раванди корҳои ободкориву созандагӣ дар назди фаъолони вилоят вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар шанбегӣ кормандони Маркази исломшиносӣ гирду атрофи муассиса ва дохили биноро тоза намуданд!

Имрӯз, 27 августи 2022 бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари дастҷамъона баргузор гардид.
Дар шанбегӣ кормандони Марказ гирду атрофи муассиса ва дохили биноро тоза намуданд.

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Андеша кун, эй ҷони ман, фардо пушаймон мешавӣ!

❗Андеша кун, эй ҷони ман, дар хок яксон мешавӣ,
Кун тавба пеш аз вақти марг, фардо пушаймон мешавӣ.
Ин макри шайтони залил, олуда кард моро ба гил,
Гӯш деҳ бар амри Ҷалил, шодону хандон мешавӣ.
Бош ошики шайдои Ӯ, фармонбари фармони Ӯ,
Поят макан аз роҳи Ӯ, маҳбуби Раҳмон мешавӣ.
Имрӯз вақти бандагист, на фурсати шармандагист,
Занҷири шайтонро шикан, вориди даргоҳ мешавӣ.
Роҳе кушо дар зиндагӣ, бахри адои бандагӣ,
Таслими даргоҳаш бишав, бо нури имон мешавӣ.
Дар роҳи поки Мустафо, бош устувору бо вафо,

Яндекс.Метрика